Научная статья на тему 'Современные направления экологического и патриотического воспитания учашихся'

Современные направления экологического и патриотического воспитания учашихся Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
208
111
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ЭКОЛОГИЯ / ТАРБИЯИ ЭКОЛОГӣ / ВАТАНДУСТӣ / СИҳАТИИ ӌОМЕА / БОИГАРИИ ТАБИАТ / МУҳИТИ ЗИСТ / ӯҳДАДОРИИ ШАҳРВАНДӣ / ТАБИАТДӯСТӣ / ЭКОЛОГИЧЕСКОЕ ВОСПИТАНИЕ / ПАТРИОТИЗМ / ЗДОРОВЬЕ НАСЕЛЕНИЯ / БОГАТСТВО ПРИРОДЫ / ОКРУЖАЮЩАЯ СРЕДА / ГРАЖДАНСКОЕ ОБЯЗАТЕЛЬСТВО / ПРИРОДОЛЮБИЕ / ECOLOGY / ENVIRONMENTAL EDUCATION / PATRIOTISM / HEALTH / POPULATION / NATURAL WEALTH / ENVIRONMENT / CIVIC ENGAGEMENT / NATURE-LOVING

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Туронов Султонмурод Шарофович

В статье на основе подробного анализа Государственной программы по экологии Республики Таджикистан на 2009-2019 годы рассматриваются современные направления экологического и патриотического воспитания подрастающего поколения, определяются важнейшие задачи деятельности педагогических коллективов в осуществлении этой Программы в практике учебно-воспитательного процесса общеобразовательной школы.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

MODERN APPROACHES OF ENVIRONMENTAL AND PATRIOTIC EDUCATION OF TEACHERS

The paper reviews modern approaches of environmental and patriotic upbringing of younger generation and identifies critical tasks of teaching staff in the implementation of this program in the practice of educational process in secondary schools on the basis of a detailed analysis of the State Program on Ecology of the Republic of Tajikistan for 2009-2019.

Текст научной работы на тему «Современные направления экологического и патриотического воспитания учашихся»

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№4(41) 2014

УДК 57.026

С.Ш.ТУРОНОВ

САМТҲОИ МУОСИРИ ТАРБИЯИ ЭКОЛОГИ ВА ВАТАНПАРВАРИИ ХОНАНДАГОН

Вожаҳои калидй: экология, тарбияи экологӣ,ватандустӣ,сиҳатии цомеа, боигарии

табиат,муҳити зист, ӯҳдадории шаҳрвандӣ, табиатдӯстӣ

Тарбияи экологию ватанпарастии хонандагон вазифаи ҳар як омӯзгор аст. Ҳар як ҷавонмард бояд ватану табиати зебои онро дӯст дорад. Муҳаббат ба табиати кишвар ва Ватан маънои онро дорад, ки ҳар фард барои ободу зебо гардонидани он ҷидду ҷаҳд намояд. Тарбияи экологию ватанпарварй яке аз самтҳои аввалиндараҷа дар соҳаи маориф мебошад ва дар назди омӯзгорони мактабҳо вазифаҳои басо муҳимро мегузорад.

Ин намуди тарбия фаъолияти бисёрсамта, бонизом, бомақсад ва бо ҳам мувофиқи идораҳои давлатӣ, сохтор ва муассисаҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки ба ташаккули шуури баланди экологию ватанпарварй, ҳисси баланди садоқат ба Ватани худ равона шудаст.

Дар мамлакат Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 амал мекунад.

Барномаи мазкур рушди устувори кишварро аз ҷиҳати иқтисодӣ ва экологӣ, нигоҳ доштани мувозинати табиат ва ҷомеа, ки ба омилҳои экологӣ (нарасидани замин, ифлосшавии муҳити зист, таьминот бо захираҳои об, тақсимот ва нигоҳ доштани ҳолати ҳосилнокии чарогоҳ ва ҷангалзорҳо, тозагии ҳавои атмосфера, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, беҳдошти саломатии аҳолӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ, бахусус навъҳои нодири аз байн рафтаистодаи наботот ва ҳайвонот) вобаста аст, таъмин менамояд.

Вазифаи Барнома аз иҷрои тадбирҳои зерин иборат аст:

- ҷалби ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат;

- тарбияи табақаҳои ҷамъиятӣ, сарфи назар аз ақоиди сиёсӣ ва динӣ баҳри солимгардонии вазъи экологии мамлакат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ;

- доир намудани чорабиниҳо оид ба пешгирӣ намудани равандҳои бодхӯрдашавии (эрозия) замин;

- пешгирии истифодаи замин бо мақсади кишти зироатҳои каммаҳсул;

- васеъ намудани майдони ҷангалзорҳо, богҳо, минтақаҳои сабз ва таблиготи истифодаи мақсадноки онҳо;

-ташкил ва васеъ намудани масоҳати минтақаҳои махсуси муҳофизатшаванда;

- ҷорӣ намудани кишти навъҳои зироатҳои сермаҳсул ва ба касалиҳо тобовар дар хоҷагиҳо;

- таъмин намудани тозагии ҳавои атмосфера, об ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ;

- ба истифодаи ашёи хоми маҳаллии аз ҷиҳати экологӣ бехавф ва аз ҷиҳати иқтисодӣ камхарҷ гузаронидани саноат;

- мусоидат намудан ба истифода ва рушди технологияи кампартов;

- пурзӯр намудани назорат ҷиҳати кам намудани партовҳо то сатҳи меъёрӣ ва аз меъёр кам;

-ҷалби вазорату идораҳо, истифодабарандагони табиат ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати

маблаггузорӣ намудани барномаҳои экологӣ;

- бунёди фазои аз ҷиҳати экологӣ тоза ҷиҳати беҳтар намудани солимии аҳолӣ.

Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини иҷрои Барнома ба зиммаи ҳамаи вазорату идора, муассиса, ташкилоту корхона ва хоҷагиҳо, аз ҷумла корхонаҳои муштарак, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон, ки фаъолияташон ба истифодаи табиат алоқаманд буда, ба вазъи экологии ҷумҳурӣ таъсир мерасонад, гузошта шудааст. Ҳамоҳангсозӣ ва таъмини назорат аз болои иҷрои Барномаи мазкур ба зиммаи мақомоти ҳифзи муҳити зист гузошта шудааст.

НОМАИ ДОНИШГОҲ* УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ* SCIENTIFIC NOTES*

№4(41) 2014

Барнома танзимкунандаи вазъияти экологй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷати ухдадоркунанда барои истифодабарандагони табиат ҷиҳати ҳалли масъалаҳои экологй дар фаъолияти онҳо буда, барои иҷрои масъалаҳои зерин равона шудааст:

- истифодаи васеъ, пурсамар ва оқилонаи сарватҳои табий;

- ташкили истеҳсолоти аз ҷиҳати экологй бехатар;

- татбиқ ва истифодаи технологияи аз ҷиҳати экологй бехавф;

- метод ва қоидаҳои судманди истифодаи табиат, ки ба шаклҳои гуногуни моликият (давлатй, шахсй, иҷоравй, муштарак ва гайра) асос ёфтаанд.

Бо дарназардошти масъалаҳои зикршуда Барнома имконият медиҳад, ки:

- механизми фаъолият дар бахши ҳифзи муҳити зист мустаҳкам карда шуда, масъулияти мақомоти давлатй ва ҷомеа барои рушди устувори экологй баланд бардошта шавад;

- диққати истифодабарандагони табиат ба масъалаҳои афзалиятноки ҳифзи табиат, истифодаи оқилонаи сарватҳои табий, устувории экологй, ки ба ҳуҷҷатҳои дастурию методй асос ёфтаанд, ҷалб карда шавад;

- бунёди фаъолияти устувори истифодаи табиат дар сатҳи миллй, минтақавй ва ҷаҳонй таъмин карда шавад;

-механизми сиёсати экологй ва идоракунй (низоми додани иҷозатномаҳо, тартиб ва тарзи арзёбии таъсир ба муҳити зист), механизмҳои иқтисодии истифодаи табиат таҳия карда шавад;

- сиёсати пешгирифтаи давлат дар бахши ҳифзи муҳити зист бо фаъолияти ҷомеа ҳамоҳанг сохта шавад;

- муассиса ва ҷамъиятҳои нави экологй ташкил карда шаванд;

- тадқиқоти илмии соҳавй анҷом дода шавад;

- оид ба ҳолати муҳити зист маърӯзаҳо, лоиҳаҳо ва иттилоот омода карда шаванд.

Мақсади тарбияи экологию ватанпарварй хонандагон талқин намудани ватанпарварй,

зебопарастй, худогоҳию хештаншиносй, меҳанпарастй ва татбиқи Барномаи зикршудаву масъулияти баланд доштан ба ҳифзи табиат мебошад.

Барои ба даст овардани ин мақсад иҷрои чунин вазифаҳои муҳим талаб карда мешавад:

- фароҳам овардани таҷҳизоти илмию методй, амалй кардани низоми тарбияи экологию ватанпарварй дар мактаб;

- ба роҳ мондани низоми наву пурсамартари тарбияи экологию ватанпарварй, ки масъулияти хонандагонро нисбат ба ҳифзи муҳити зист, Ватан баланд бардорад мусоидат кунад, онҳоро ба хизмати Ватан-модар, аз рӯи виҷдон иҷро намудани уҳдадориҳои хизматй омода созад;

- бедор намудани ҳиссиёти хонандагон нисбат ба табиате, ки моро иҳота кардааст, арзишҳои ватанпарварй, фикру андеша ва эътимоду эҳтиром ба гузаштаи таърихию мадании давлат;

- инкишофи мавқеи фаъоли ҳаётй ва дар ощо ташаккул додани талабот ба тарзи солими ҳаёт.(\. 2-4)

Тартиб ва самтҳои асосии амалигардонии онҳо

Дар тарбияи экологию ватанпарварй нуқтаҳои асосй инҳоянд:

бартарияти мероси таърихию фарҳангй ва арзишу суннатҳои он;

бонизомй ва номуттасилй дар инкишофи хонандагон;

гуногунрангии шакл, усул ва тарз, ки дар таъминоти самаранокии тарбия истифода мешаванд;

самти тарбия дар инкишофи имконият, қобилият ва сифатҳои ҳар як шахс бо усули инфиродй;

алоқамандии зич ва пайваста бо дигар намудҳои тарбия.

Самти равонию ахлокц - аз ҷониби шахс дарк намудани арзиш, сифат ва ормонҳои олй, моҳияти иҷтимой ҷараён ва ҳодисаҳои муҳими ҳаёти воқей

Он дар худ инкишофи маданият ва таълимоти баланд, дарки фикру мулоҳизаро таҷассум мекунад, ки дар асоси он тайёрй ба хизмати Ватан, ташаккули меъёрҳои баланди ахлоқй ва сифатҳои масъулияти ҳарбй, ташаббус ва ҳамкорй ташаккул меёбад.

илмият;

инсондӯстй;

зебопарастй;

табиатдӯстй; муҳофизати муҳити зист; озодй;

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№4(41) 2014

Самти экологи - маърифати сарчашмаҳо, дарки ҳифз ва бехдошти муҳити зист, истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ, ҳамоҳангии корҳои экологию маърифатӣ нақши клубҳои экологӣ, марказҳои экологӣ, лагерҳои мавсимӣ маълумоту донишҳо оид ба парваришгоҳҳо, богҳои миллӣ ва дигар марказҳои истироҳатиро фаро мегирад;

Самти таърихӣ - маърифати сарчашмаҳо, дарки моҳияти Ватан, тақдири он, алоқаи зич бо он, ифтихор аз гузаштагон ва шахсони маъруфи муосир ва масъулияти таърихӣ аз барои ҷамъият ва давлат. Он омӯзиши таърихи бисёрасраи Ватан, ҷой ва мавқеи ҷумҳурӣ дар раванди таърихӣ, омодагии дифои ҳарбӣ дар инкишоф ва устувории ҷамъият, ҳимояи он аз хатарҳои берунӣ, фаҳмидани хусусиятҳои миллӣ, урфу одат ва расму русуми халқ ва насли гузаштагони бузург ва соҳибихтиёрии мамлакатро дар бар мегирад.

Самти сиёсию ҳуқуқӣ - ташаккули дарки амиқи уҳдадориҳои конститутсионӣ ва ҳарбӣ, ҳодиса ва равандҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар ҷамъият ва давлат, сиёсати ҳарбӣ, дастурамали асосии консепсияи бехатарии мамлакат ва ақоиди ҳарбӣ, мавқеъ ва нақши Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, ташаккули самтҳои ҳарбӣ дар низоми сиёсии ҷамъият ва давлат ба ҳисоб мераванд.

Инчунин бо қонунҳои давлат, махсусан бо ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ, бо вазифа ва асосҳои ҳуқуқии фаъолияти муассисаи ҳарбӣ бо низомномаи савганди ҳарбӣ, низомномаҳои дигари ҳарбӣ, талаботи сардор, роҳбар ва дигар шахсони вазифадор шинос шаванд.

Самти байналмилалӣ - тарбияи арзишҳои равонию-ахлоқӣ ва маданию-таърихӣ, ки хусусиятҳои ташаккул ва инкишофи ҷамъияту давлат, инчунин руҳи миллӣ, тарзи ҳаёт, сулҳпарастӣ ва тақдири шаҳрвандонро инъикос мекунад. Он муҳаббати фидокорона ва садоқат нисбат ба Ватан, ифтихор аз шахсони бузург, тайёрӣ ба хизмати фидокорона барои дамъият ва давлат таргиби ифтихори миллӣ, дӯстии халқҳо, тарбияи мактаббачагон дар муҳити солимро дар бар мегирад.

Самти фаъолияти касбӣ - ташаккули муносибати содиқона ва ҷиддӣ нисбат ба кор, меҳнат, хизмат ба Ватан, кӯшиши зуҳуроти фаъоли сифатҳои касбию меҳнатӣ дар шавқу рагбатҳои иҷроиши бомуваффақияти ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва супоришҳои гузошташуда. Он соҳиби маром, мақсад ва вазифаҳо, ҷанбаҳои арзишноки фаъолияти касбию меҳнатии шахс, иддаои касбӣ ва мақсаднокӣ барои ба даст овардани натиҷаҳои баланди фаъолият, бо масъулияти баланд иҷро кардани ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва ба даст овардани мақсадҳои мушаххас, пешбинӣ карда тавонистан ва амалӣ кардани нақшаҳои касбии худ аст.

Самти психологӣ - дар хонандагон ташаккул додани устувории баланди психологӣ, тайёрӣ ба иҷроиши супоришҳои мураккаб ва масъулиятнок дар шароитҳои гуногун, ташаккули сифатҳои муҳимтарини психологии барои ҳаёт ва фаъолияти бомуваффақияти ҷамъият зарур. Ин самт дорои омӯзиш ва пешгӯии ҷараёнҳои иҷтимоию психологӣ дар мактаб, пешгирии зуҳурот ва ҳодисаҳои манфии рафтор, бартараф кардани шиддатнокии психологӣ ва стресс мебошад.

Самти ҷисмонию варзишӣ - таргиби тарзи ҳаёти солим мебошад. Самтҳои мазкур бо меъёрҳои синнусолии мактаббачагон мутобиқ гардонида шудаанд: синфҳои ибтидоӣ дар зинаи якуми ташаккули тарбияи ватанпарастӣ кор мекунанд, баъдан кор дар зинаи дуюм ва сеюм ботартиб идома дода мешавад. Тамоми ин самтҳо байни худ алоқаманд ҳастанд, дар рафти фаъолияти амалӣ аз рӯи мақсад, вазифа, асосҳои равонию ахлоқӣ ва ҷаҳонбинӣ, тартибот, шакл ва усул тарбияи экологию ватанпарастӣ бо ҳам пайваст мегарданд.

Тарбияи ватанпарастӣ бояд яклухт ва мукаммал бошад. Усули яклухт хусусияти муҳимтарини тарбияро инъикос мекунад, ҳадафи он ба ташаккули яклухт ва ҳамаҷониба инкишоф додани шахсият равона шудааст. Педагогикаи муосир қайд мекунад, ки цараёни тарбия бояд ҳам алоцаи мутақобилаи бомацсадонаи тарбиятдиҳандагону тарбиягирандагон ва ҳам ташкили муносибатҳои муайяни байни хонандагон, омузгоронро дар бар гирад (3,85). Бинобар ин, мо қайд карда метавонем, ки усули яклухт хусусияти қонуниро дошта, яке аз принсипҳои тарбияи хонандагон мебошад. Он ба таври воқеӣ мувофиқати тамоми тарафҳои шахсияти инкишофёфтаро талаб мекунад:

- алоқаи байни супоришҳо, мундариҷа, шакл ва усул ташкили дараёни тарбия;

- алоқаи бамувофиқарасидаи мактаб, оила, коллективҳои истеҳсолӣ ва домеа;

- ягонагии тарбия ва худтарбиякунии мактаббачагон.

Танҳо ҳангоми қайди дурусти вобастагии равишмандии усули яклухт мо метавонем сифатҳои мавдудаи онро ҳамчун принсипи тарбия ошкор кунем. Дар рафти омӯзиш ба таври айнӣ имконият ва омилҳои таъсири тарбиявӣ вудуд доранд, вале воқеигардонии онҳо ба таври сунъӣ, бе идрои амалҳо ва диққати махсуси муаллим ба вудуд омада наметавонад.

НОМАИ ДОНИШГОҲ* УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ* SCIENTIFIC NOTES*

№4(41) 2014

Сарчашмаи асосии таъсири тарбиявии цараёни таълим мундарицаи он мебошад. Моҳияти фаъолияти худро муаллим дар инкишофи ҳамацонибаи шахсияти хонанда амалй намуда, дар мундарицаи таълимот фикру мулоҳизаҳои пешбаранда, қонун ва назарияҳо зарурбударо нишон медиҳад (3,101). Таъсири тарбиявии ҷараёни таълим бештар аз хусусияти фаъолияти таълимии хонандагон вобаста аст, аз ин рӯ, ба сифати омилҳои воқеигардонии тарбия дар раванди таълим инчунин усулҳои таълим низ дохил мешаванд. Мундариҷаи равиши таълим ба инкишофи тафаккури диалектикии мактаббачагон таъсир мерасонад. Инкишофи маърифати хонанда, аз интихоби дуруст ва истифодаи оқилонаи равишҳои таълим ва азхуд намудани донишҳои зарурй вобаста мебошад.

Фаъолияти пурсамари таълимии хонандагон дар дарсҳо, лексияҳо, машгулиятҳои амалй, экскурсияҳо ва дигар шаклҳои ташкили ҷараёни таълим зоҳир мегардад. Бинобар ин, барои баланд бардоштани таъсири тарбиявии таълим нақши пешбарандаи таълим ва мувофиқати шаклҳои бисёрсамтаи онро таъмин намудан зарур аст.

Тавассути истифодаи шаклҳои гуногуни ташкили ҷараёни таълим доираи муоширати кории хонандагон бо рафиқонашон ва муаллимонашон дар шароитҳои фаъолияти фаъоли маърифатй бой мегардад. Заминаи ҷаҳонбинии илмй донишҳое мебошанд, ки онҳоро мактаби таҳсилоти ҳамагонй медиҳад. Махсусан, дар ин ҷо одам бо илмҳои табиатшиносй ва ҷамъиятшиносй ошно мегардад ва ба ҳаёт ва таълимоти минбаъда тайёр мешавад. Ҷаҳонбинии одам ҳақиқати доираи муносибатҳои ҷамъиятй, ҳадафҳои ҳаётии шахсиятро инъикос мекунад ва олами инсон инчунин тафаккур ҳиссиёт ва рафтори ӯро дар бар мегирад. Шуури табиатдӯстй ва ватанпарастии инсон он вақт ташаккул меёбад, ки агар донишҳои гирифташуда барои муайян намудани мавқеи ҳаётии ӯ кӯмак расонанд ва ин мавқеъ ба боварй табдил ёфта бошад, то ин ки тамоми роҳи зиндагии ӯро равшан созад.

Раванди ташаккули ҷаҳонбинй аз муаллим талаб мекунад, ки ӯ аз доираи дарс, мактаб берун рафта, фанни худро бо ҳаёт, амалия алоқаманд намояд. Таълим тавре бояд сурат гирад, ки хонанда дарк кунад, ки он барои ӯ муҳим аст ва бидуни азхуд кардани дониш ояндасозй имконнопазир аст.

Дар корҳои тарбиявй диққати бештар ба муносибати хонанда нисбат ба табиат, омӯзиши муҳити зист дода мешавад. Ин корро тамоми омӯзгорон бомақсад пеш мебаранд, ки дорои якчанд ҷиҳат аст. Дар дарсҳои биология, ҷугрофия, кимиё ва физика муаллим нишон медиҳад, ки фаъолияти инсон дар табиат бояд ба қонунҳои он сахт мувофиқат кунад. Ин дарсҳо малакаҳои аввалиндараҷаи пешбинии илмии тагйироти табиатро ҳангоми фаъолияти хоҷагидорй медиҳанд. Ҷанбаи иқтисодии ҳифзи табиат беаҳамият нест. Маҳз сарвати мамлакат низ ба он вобастагй дорад. Аз ин рӯ, барои ҳифзи табиат, самаранок истифода бурдани сарватҳои табий шаҳрвандонро соҳиби маълумот кардаву маърифати экологиашонро баланд бардоштан лозим аст.

Мундариҷаи масъалаҳои математикй бо ҳаёт ва пешрафти илму техника, инкишофи истеҳсолот ва баланд бардоштани истеҳсолоти меҳнат алоқаманд мебошад. Барои ҳамин дар тамоми дарсҳо хонандагони мактаб дар бораи ҳаёт ва эҷодиёт, дар бораи корҳои илмии шахсони бузург маърӯзаҳо тайёр мекунанд.

Ҷиҳати асосии мундариҷаи барномаи фанни суруд ва мусиқй маданияти мусиқавй мебошад. Фолклор, мероси классикй, самтҳои муосири санъати мусиқй дар хонандагон хештаншиносии миллй, муносибати эҳтиёткорона ба сарчашмаҳо, ба урфу одатҳои халқро ташаккул медиҳанд. Дар дарсҳои мусиқй муаллим ба хонандагон маънии амиқи мафҳуми «Ватан»-ро дар алоқамандии калимаҳои модар, муҳаббат, хушбахтй, дӯстй, уҳдадорй ва гайра кушода медиҳад. Муносибат бо мусиқии классикй, халқй ва муосири хусусияти ватанпарастидошта ҷаҳонбинии кӯдаконро васеъ мекунад ва онҳо ҳаёти воқеиро дурусту амиқ дарк карда метавонанд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 .- URL http://www.aot.tj/public/userfiles/Sentory/барномаи%20давлатии%20экологи%2034.doc (охирин бознигар: 4.12.2014).

2. Волков, Г.Н. Этнопедагогика: учебное пособие для студентов средних и высших педагогических учебных заведений/Г. Н. Волков. -М.: Академия, 1999. -168с.

3. Матвеева, C.B. Педагогические условия формирования патриотизма у старшеклассников:учеб. метод, пособие/C.B. Матвеева. - H. Новгород, 2003. -20 с.

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№4(41) 2014

4. Захлебный, А.Н. Экологическое образование школьников во внеклассной работе: пособие для учителя/А.Н. Захлебный, И.Т. Суравегина .-М.: Просвещение, 1984. -160 с.

5. Ходжаев, М.Х. Водноэкологические проблемы Северного Таджикистана/М.Х.Ходжаев. - М: ИГРАН, 1996. - 163 с.

6. Друянов, Л.А.Законы природы и их познание / Л.А. Друянов. - М. : Просвещение, 1982. - 112 с.

7. Раҳимов, М. Табиат ва сарватҳои табии Тоҷикисгон: китоби дарсӣ барои равияҳои чамъиятию иқтисодӣ/М.Раҳимов. — Душанбе: ПИК Офсет, 2001. -143 с.

8. Чистякова, С.Б. Охрана окружающей среды: учебник для вузов / С.Б. Чистякова. -М.: Стройиздат, 1988. -272 с.

REFERENCES:

1. State ecological program of the Republic of Tajikistan for 2009-2015.-URL http://www.aot.tj/public/userfiles/Sentory/ State Program on Ecology (last edition 4.12.2014).

2. Volkov, G.N. Ethno-pedagogics: a textbook for students of secondary and higher pedagogical institutes / G.N. Volkov. - M.:Academiya, 1999. - 168 p.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

3. Matveeva, S.V. Pedagogical Conditions of development of Patriotism among Senior Pupils: teaching methodical textbook / S.V. Matveeva. - N. Novgorod, 2003. - 20 p.

4. Zakhlebniy, A.N. The Pupils Ecological Education in Extracurricular Activities: A Guide Book for teachers / A.N. Zakhlebnyi, I.T. Suravegina .- M .: Prosveshheniye , 1984. - 160 p.

5. Khojaev, M.Kh. Water and Ecological Problems of the Northern Tajikistan / M.Kh.Hojaev. - M: IGRAN, 1996. - 163 p.

6. Druyanov, L.A. The Laws of Nature and Their Knowledge / L.A. Druyanov. - M.: Prosveshhenie, 1982. - 112 p.

7. Rakhimov, M. The Nature and Natural Resources of Tajikistan: a textbook for social and economic trends / M.Rahimov. - Dushanbe: PIK Ofset, 2001 - 143 p.

8. Chistyakova, S.B. Environmental Protection: a textbook for high institutions / S.B. Chistyakova. -M .: Stroyizdat, 1988. - 272 p.

Современные направления экологического и патриотического воспитания учашихся

С.Ш. Туронов

Ключевые слова: экология, экологическое воспитание, патриотизм, здоровье населения, богатство природы,

окружающая среда, гражданское обязательство, природолюбие

В статье на основе подробного анализа Государственной программы по экологии Республики Таджикистан на 2009-2019 годы рассматриваются современные направления экологического и патриотического воспитания подрастающего поколения, определяются важнейшие задачи деятельности педагогических коллективов в осуществлении этой Программы в практике учебно-воспитательного процесса общеобразовательной школы.

Modern approaches of environmental and patriotic education of teachers

S.Sh. Turonov

Keywords: ecology, environmental education, patriotism, health, population, natural wealth, environment, civic engagement, nature-loving

The paper reviews modern approaches of environmental and patriotic upbringing of younger generation and identifies critical tasks of teaching staff in the implementation of this program in the practice of educational process in secondary schools on the basis of a detailed analysis of the State Program on Ecology of the Republic of Tajikistan for 2009-2019.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Туронов Султонмурод Шарофович, номзади илмҳои педагоги, мудири шӯъбаи илм ва инноватсияи Пажӯҳишгоҳирушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоцикистон (Ҷумҳурии Тоцикистон, ш.Душанбе)

Сведения об авторе:

Туронов Султонмурод Шарофович, кандидат педагогических наук, заведующий отделом по науке и инновации Института развития образования Академии Образования Таджикистана (Республика Таджикистан, г.Душанбе)

Information about the author:

Turonov Sultonmurod Sharofovich, Candidate of Pedagogical Sciences, Head of the Department of Science and Innovation, the Institute of Development of Education, the Academy of Education of Tajikistan (Republic of Tajikistan, Dushanbe).

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.