Научная статья на тему 'МУНОСИБАТҲОИ ТИҶОРАТИИ ЧИН БО ВИЛОЯТҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ (аҳди қадим ва асрҳои миёна)'

МУНОСИБАТҲОИ ТИҶОРАТИИ ЧИН БО ВИЛОЯТҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ (аҳди қадим ва асрҳои миёна) Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
16
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Великий шелковый путь / Китай / Средняя Азия / Чжан Цзянь / торговые отношения / торговые лавки. / The Great Silk Road / China / Central Asia / Zhang Jian / trade relations / trade shops.

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Аюбов Абдусалом Рауфович

Статья посвящена торговым отношениям между Китаем и областями Средней Азии через Великий шелковый путь. Великий шелковый путь соединял страны Востока и Запада. Две его ветви проходили через Среднюю Азию. По этому маршруту Чжан Сянь впервые попал в Фергану, Согд и Тахористан. Эта поездка способствовала установлению связей Китая с областями Средней Азии, такими как Согд, Фергана, Чоч, Бактрия-Тахористан. Особое внимание китайцев привлекла Фергана и ее лошади. В областях Средней Азии были сотни малых и больших городов и деревень. На их территории находились торговые лавки, рынки, кварталы ремесленников и купцов, караван-сараи и комнаты отдыха купцов и караванной прислуги. В зависимости от географических условий ответвления дороги проходили через различные участки плоских, труднопроходимых гор. Несмотря на это, китайцы привозили изделия из шелка и обменивали в Средней Азии лошадей, зеленый нефрит и кораллы. Купцы и ремесленники Средней Азии также продавали свои товары, в том числе железо и железные изделия. Камень лазурит был популярен в Китае под названием «Хутанский камень». Много согдийских товаров от драгоценных камней и изделий из них, до прекрасных тканей и сукна вывозили и продавали в Китай.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

TRADE RELATIONS OF CHINA WITH REGIONS CENTRAL ASIA ON THE GREAT SILK ROAD (antiquity and middle ages)

The article is devoted to trade relations between China and the regions of Central Asia through the Great Silk Road. The Great Silk Road connected the countries of East and West. Two of its branches passed through Central Asia. Zhang Xian traveled this route for the first time to Fergana, Sogd and Takhoristan. This trip contributed to the establishment of China's ties with the regions of Central Asia, such as Sogd, Fergana, Choch, Bactria-Takhoristan. Ferghana and her horses attracted the special attention of the Chinese. In the regions of Central Asia there were hundreds of small and large cities and villages. On their territory there were trade shops, markets, quarters of artisans and merchants, caravanserais and rest rooms for merchants and caravan servants. Depending on the geographical conditions, the branches of the road passed through various sections of flat, difficult mountains. Despite this, the Chinese brought silk products and exchanged horses, green jade and corals in Central Asia. The merchants and artisans of Central Asia also sold their goods, including iron and iron products. Lapis lazuli stone was popular in China under the name «Hutang stone». Many Sogdian goods from precious stones and products from them, to fine fabrics and cloth were exported and sold to China.

Текст научной работы на тему «МУНОСИБАТҲОИ ТИҶОРАТИИ ЧИН БО ВИЛОЯТҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ (аҳди қадим ва асрҳои миёна)»

28-34.

УДК 338. 45:323 (5/9) "-04"

МУНОСИБАТҲОИ ТИҶОРАТИИ ЧИН БО ВИЛОЯТҲОИ

ОСИЁИ МИЁНА ДАР ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ (аҳди қадим ва асрҳои миёна)

АЮБОВ А.Р., Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Шоҳроҳи бузурги абрешим мамлакатҳои Шарқу Ғарбро бо ҳам мепайваст. Роҳи корвонгузар байни Шарқи Наздик ва Чин аз Мовароуннаҳр мегузашт. Ин роҳ аз кишварҳои соҳили баҳри Миёназамин сар шуда, аз Бағдод, Ҳамадон, Нишопур, Марв, Омул гузашта, ба Бухоро меомад ва аз ин ҷо давом ёфта, аз Самарқанд мегузашту Шом, Тароз, Балосоғун, Суйоб ва соҳили ҷанубии Иссиқкӯлро тай намуда, ба Муғулистон ва аз он ҷо ба Чин мерафт. Ду роҳи бузурги тиҷоратӣ дар замони қадим бо ҳам пайваст гардида буданд.

Яке аз ин роҳҳо аз Ғарб, аз давлатҳои Баҳри Миёназамин ба Осиёи Миёна меомад, ки ҳанӯз дар давраи омадани эллинҳо дар вақти юришҳои Искандари Мақдунӣ кушода шуда буд.

Роҳи дуюм аз Шарқ, аз империяи Хани Чин ба Осиёи Миёна мебаромад. Ин роҳҳои алоҳидаро Чжан Сзян нахустин маротиба тай карда, то Фарғона, Суғд ва Бохтар омада буд. Ташкилшавии Шоҳроҳи бузурги абрешимро таърихнигорон ба давраи ҳукмронии сулолаи Хан дар Чин, ки ба асри III-и то мелод рост меояд, нисбат додаанд.

Сайёҳи Чини қадим Чжан Сзян ду маротиба ба вилоятҳои Осиёи Миёна сафар намудааст. Бори аввал ӯ бо супориши махсуси давлатӣ соли 138-и пеш аз мелод ба самти Ғарб роҳ пеш мегирад, ки бо худ зиёда аз сад нафар ҳамроҳ дошт, аммо пас аз гузашти 13 сол ҳамагӣ ду нафар ба ватан баргаштанд. Роҳи пешгирифтаи ӯ аз шаҳри Чанъан (ҳозира шаҳри Сиан) оғоз гардида, дар давлате, ки дар болооби Амударё буд - Даючҷи (ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон) анҷом ёфтааст [4, 98]. Аммо дар натиҷаи саёҳати худ сафир аз тарафи қабилаҳои гуннҳо асир гирифта шуд ва 10 сол дар асорати онҳо монд. Ба вай муяссар гардид, ки баъд аз 10 соли асорат тавассути ағбаҳои баланди кӯҳҳои Тиён-Шон ба Иссиқкӯл ояд ва қад-қади соҳилҳои дарёи Норин то ба водии Фарғона омада расад.

Дар ин ҷо ӯ фаҳмид, ки молҳои чинӣ дар Осиёи Миёна чӣ қадар арзиши баланд доштаанд ва молҳоеро дид, ки чиниҳо ҳатто дар бораи онҳо тасаввурот надоштанд. Ҳокими Фарғона кайҳо дар бораи дороии сулолаи Хан шунида буд ва хоҳиш дошт, ки бо он робита барқарор намояд, аммо ҳеҷ ба ин кор муваффақ нашуд. Бо дидани ЧжанТсян ӯ чӣ гуна ба мақсади худ расиданро аз ӯ пурсон мешавад [1, 148].

Соли 126-и пеш аз милод Чжан Сзян ба Чин баргашта, ба шоҳи худ У-ди дар бораи Осиёи Миёна маълумот медиҳад. «Фарғона», - қайд менамояд Н.Я. Бичурин, - тақрибан дар 10000 ли дуртар дар ғарбии қабилаҳои хунҳо ҷойгир мебошад. Онҳо зиндагии муқимӣ намуда, як қисми аҳолии он ба савдо ва қисмати дигараш ба кишоварзӣ машғул буданд, биринҷ ва ғалладона кишт менамоянд. Дар Фарғона то 70 шаҳри хурду калон мавҷуд буд, ки аҳолии он чандсад ҳазорро ташкил медод. Ғайр аз ин, дар онҳо аспҳои хуб низ мавҷуд мебошад, ки бо гуфтаи онҳо ин аспҳо аз қабили аспҳои осмонӣ буда, ҳатто арақи онҳо хунин аст» [1, 149]. Ба шоҳ барои муносибатҳои тиҷоратӣ барқарор намудан ба ин давлатҳо пешниҳод карда шуд. В.А. Радкевич навиштааст, ки гуфтаҳои ӯ таваҷҷуҳи шоҳро нисбат ба Осиёи Миёна хеле зиёд намуд ва ӯ барои маротибаи дуюм ба самти Ғарб сафар кардан, аз шоҳ фармон мегирад. Соли 126-и пеш аз милод бо мақсади кушодани роҳҳои тиҷоратӣ ва бо давлатҳои Ғарб барқарор намудани муносибатҳои тиҷоратӣ бори дуюм сафар намуд, ки он дар оянда барои ташкилшавии Шоҳроҳи бузурги абрешим замина гузошт [7, 59].

Ба тамоми мушкилиҳо нигоҳ накарда, Чжан Сзян дар сафар зиёда аз 30 соли ҳаёти худро гузаронидааст. Ба ифодаи чиншиноси рус Н.Я. Бичурин сайёҳатҳои Чжан Сзян барои Чин на камтар аз кашфи қитъаи Америка дар таърихи Аврупо мебошад.

Шоҳроҳи абрешим аз маркази Чин шаҳри Лоян, ки 500 км дуртар дар шимолу ғарбии Чанъон ҷойгир буд, оғоз гардида, дар имтидоди девори бузурги Чин корвонҳои тиҷоратӣ то ба Дунхуан омада мерасид. А.Н. Зелинский нисбат ба Шоҳроҳи бузурги абрешим қайд менамояд: «Аз маркази Чини қадим-шаҳри Чанъон (ҳозира Сиан) роҳ ба самти шимолу ғарбӣ, қад - қади девори бузурги Чин то ба Дунхуан мерасад. Ва баъд он ба ду самт: ҷанубӣ ва шимолӣ ҷудо мешавад». Ӯ фикри худро тақвият бахшида, нисбат ба шохаҳои Шоҳроҳи бузурги абрешим чунин навиштааст: «Аз Юй-Мин-гуан ва Ян-Гуан ду роҳ ба самти ғарб - Туркистони Шарқӣ мебаромад: яке аз Шаншан гузашта, ба тарафи шимолии кӯҳҳои ҷануб, бо маҷрои дарё ба самти ғарб аз Ёрканд мегузашт ва онро роҳи ҷанубӣ меноманд. Роҳи ҷанубӣ кӯҳҳои Луковиро (Помир - Олой) гузашта, бо самти ғарб то йӯҷиҳои бузург (Бохтар) ва Анси (Порт) мерасонд. Роҳи дигар, аз маҳалли истиқомати шоҳ оғоз гардида, аз назди кӯҳҳои шимолӣ бо маҷрои дарё ба самти ғарб то Қошғар тӯл мекашид ва онро роҳи шимолӣ меномиданд. Роҳи шимолӣ аз кӯҳҳои Лукови гузашта, ба самти ғарб то Даван (Фарғона) оварда мерасонд» [10, 101-102].

Роҳи ҷанубӣ даштҳои беоби Такла-Маканро гузашта, ба Хутан, Ёрканд то ба Сарикӯл меомад ва дар ин ҷо ба ҳудуди Бадахшон ворид мегардид. Дар Сарикӯл ин роҳ ба се шохаи асосӣ ҷудо мешавад. Шохаи якуми роҳи ҷанубӣ, ин роҳи Шуғнон буд, ки Ёрканд – Тошқӯрғон - кӯлҳои Аличур ва Яшилкӯл - Ғунт (Шуғнон) - кӯли Шива – Файзободи Афғонистони имрӯза баъд аз ин то Балх омада мерасид. Ин роҳ дар як вақт ҳам роҳи асосӣ ва ҳам шохаи шимолӣ дар роҳи ҷанубӣ ба ҳисоб мерафт. Шохаи дуюм ин роҳи Вахон буд, ки аз Ёрканд, Тошқӯрғон, Вахон, Ишкошим, Зебак, Файзобод ва то Балх мерасид. Шохаи сеюми роҳи ҷанубӣ роҳи Тсзибин (Кашмир) буд, ки тоҷирон тавассути он ба вилоятҳои шимолии Ҳиндустон мерафтанд.

Робитаҳои тиҷоратӣ байни Чин ва Тсзибин ҳанӯз аз давраи Ву-Ди кушода шуда буд. Ин роҳ аз Сарикӯл оғоз гардида, ағбаи Ваҳдҷирро гузашта, ба қалъаи Киз - Курган мерасид ва қад-қади дарёи Қарачуқур ба боло тӯл кашида, ағбаи Мингтекаро гузашта, ба Хунзу Гилгит омада, баъд ба Кашмир мерасид. Ин роҳ қисмати зиёди сол кушода, кӯтоҳ ва хубтар буд, барои робитаи тиҷоратии Шимолии Помир бо Ҳиндустон [5, 115].

Ду шохаҳои аввали роҳи ҷанубӣ дар Балх як роҳи асосиро ташкил намуда, то ба Марв омада мерасид. Роҳи шимолӣ бошад, аз захираҳои обӣ бой ва каме ҳамвор буд. Дар назди чоҳҳои обдор ва дарёҳо корвонсаройҳо сохта шуда буданд, ки тоҷирон истироҳат намуда, об гирифта, боз ҳаракат менамуданд. Дар роҳи шимолӣ корвонҳо баъд аз Қошғар, кӯҳҳои Тян-Шанро гузашта, роҳ оҳиста-оҳиста қад-қади Қошғардарё (Қизилсу) ба самти ҷанубу шарқ тӯл кашида, то Иркештам меомад. Аз Иркештам он ба самти ағбаи Тау-Мурун, ки дар баландии 3536 метр ҷойгир буд, ки аз ин баландии кӯҳ сарчашмаҳои дарёҳои Амударё ва Тарим оғоз мегардид, тӯл кашида, то Гулча меомад ва аз Гулча ағбаи Чигирчикро убур намуда, ба водии Фарғона мерасид. Дар ин ҷо шаҳрҳои Ош, Андиҷон, Гуйшан (имрӯза Косонсой), Чуст, Хуқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Самарқанд, Шаҳрисабз, Шеробод, Термизро гузашта, то ба шаҳри Марв мерасид. Аммо дар роҳи шимолӣ баъзан аз Қошғар тоҷирон мустақим ба Ҳиндустон сафар менамуданд.

Роҳи мазкур хеле мушкилгузар буд. Зеро он аз кӯҳҳои Помир мегузашт ва онро Ағбаи Муаллақ меномиданд. Онҳо аз Қошғар ба самти ҷанубу шарқӣ ҳаракат намуда, ба Ёрканд омада, ба шохаи сеюми роҳи ҷанубӣ ба Ҳиндустон мерафтанд. Байни роҳҳои ҷанубӣ ва шимолӣ якчанд роҳҳое мавҷуд буданд, ки онҳоро бо ҳам пайваст менамуд [8, 67].

Дар бораи вуҷуд доштани роҳҳои тиҷоратие, ки аз ҳудуди Бадахшон мегузашт, А.Н. Зелинский чунин қайд намудааст: «Дараҳои танг ва чуқури Помири Ғарбӣ барои гузаштан ба қисматҳои дохилии он халал мерасонид, вале бо ин нигоҳ накарда, алоқа бо Помири Шарқӣ ва вилоятҳои ҳамсоя бо осонӣ сурат мегирифт. Бинобар ҳамин, тасодуфӣ набуд, ки роҳ ба дохили Боми Ҷаҳон ба самти ҷануб ҳанӯз дар асри яки пеш аз милод ба хитоиҳо маълум буд, баъди гузашти сад сол роҳ бо дохили Помир, бо самти Шарқ дар ҷаҳони бостон низ маълум гардид» [10, 99].

Корвони тиҷоратӣ аввалин маротиба аз Чин ба тарафи Ғарб соли 114 пеш аз мелод бо роҳи кушодаи Чжан-Тсян ҳаракат намудаанд. Минбаъд бо ин роҳ то 10-12 корвони тиҷоратӣ ҳар сол бо абрешим мегузашт. Тоҷирон аз давлатҳои дур дар муддати ҳашт - нуҳ сол ва аз давлатҳои наздик бо гузашти якчанд сол бармегаштанд. Оҳиста-оҳиста мансабдорони чинӣ экспедитсияи махсус барои посбонии корвонҳо аз роҳзанҳо ва дигар ҳодисаҳое, ки дар роҳи бузурги абрешим рух медод, равона менамуданд. Шарти асосии ташкилшавии роҳи бузурги абрешим ин ҳимояи молҳо ва ҷони савдогарон буд.

Ба ҳамаи ин шароитҳо нигоҳ накарда, ҷони тоҷирон дар роҳи абрешим ҳама вақт дар хатар буд, чунки роҳ аз шарқии баҳри Миёназамин то Чин ва бозгашт якчанд солро дар бар мегирифт. Молҳои тиҷоратӣ бо занҷираи дарози миёнаравҳо фӯрухта мешуд. Чиниҳо молҳои худро дар нимароҳ аксар вақт дар ҳудуди Осиёи Миёна мубодила менамуданд. Махсусан дар Хоразм, Бухоро ва Самарқанд онҳо молҳои худро ба тоҷирони маҳаллӣ фурӯхта, бармегаштанд. Савдогарони хитойӣ аз Осиёи Миёна дуртар намерафтанд [7, 74].

Муносибатҳои тиҷоратии Осиёи Миёна ва Чин оҳиста-оҳиста таҳким меёфт, ки ҳар сол аз даргоҳи шоҳи Чин то панҷ ҳайати вакилони тиҷоратӣ бо муҳофизон ба самти ғарб равона мегардиданд. Онҳо бо худ абрешим ва маҳсулоти филизиро мебурданд, ки ин молҳоро дар Осиёи Миёна бо аспҳо, яшми сабз ва марҷонҳо мубодила менамуданд. Маҳсулоти Чин на танҳо дар Осиёи Миёна, балки дар Форс ва инчунин дар империяи Рим талабгорони бисёр доштанд.

Дар баробари тоҷирони чинӣ тоҷирон ва ҳунармандони Осиёи Миёна низ маҳсулоти худро, аз ҷумла, оҳан ва маснуоти оҳаниро ба давлатҳои Ғарб ба фурӯш мебароварданд. Ба империяи Рим оҳани одӣ не, балки маснуоти оҳанӣ оварда мешуд [3, 165].

Дар тӯли Шоҳроҳи бузурги абрешим ҳазорҳо шаҳрҳо ва рустоҳои хурду бузург мавҷуд буданд, ки аз ҳудуди онҳо ин роҳ мегузашт. Дар ҳудуди ин шаҳрҳо растаҳои тиҷорат, бозорҳои овозадор, гузарҳои ҳунармандону косибон, корвонсаройҳо ва ҳуҷраҳои истироҳатӣ барои савдогарон ва хизматчиёни корвонҳо мавҷуд буданд. Ғайр аз ин, макони исти шутурон, аспҳо, хачирҳо ва маркабҳо ва хӯроки онҳо мавҷуд буданд. Корвонсаройҳо дар мавқее ҷойгир буданд, ки савдогарон метавонистанд молҳои худро яклухт ва чакана фурӯшанд ва чизҳои барояшон лозимаро харанд. Ҳамчунон, аз охирин навигариҳои тиҷоратӣ ва нарху наво воқиф мегардиданд.

Дар аввали ташкилшавии Шоҳроҳи бузурги абрешим хитоиҳо дар ҳудуди Осиёи Миёна молҳои худро мубодила намуда, боз пас мегаштанд. Бохтари аҳди қадим ва Суғди бостонӣ дар чаҳорсӯйи Шоҳроҳи бузурги абрешим қарор дошта, қофилаи корвонҳои бешумор аз растаҳои хуштарҳу бозорҳои ободи ин сарзамини паҳновари ниёгони тоҷикон ҷониби Машриқу Мағриб мешитофтанд [8, 14].

Тиҷорат шуғли асосии аҳолии бисёри шаҳру деҳаҳои Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт ва дар зиндагии иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии аҳолии Осиёи Миёна ҷои махсусро дошт. Савдогарон дар Суғд баъди озодагон дуюмин табақаи имтиёзнок ба ҳисоб рафта, дар ҷамъият эҳтироми зиёдеро доро буданд. Нақши асосиро дар зиндагии иқтисодии Осиёи Миёна савдои хориҷӣ мебозид.

Дар барпо намудани муносибатҳои тиҷоратии Осиёи Миёна, махсусан, дар савдои хориҷӣ ҷойи махсусро корвонсаройҳо ишғол менамуданд. Дар онҳо шароит на танҳо барои зиндагии тоҷирон бо пешхизматҳояшон, инчунин барои нигоҳ доштани ҳайвонҳои боркаш ва анборҳои калоне барои нигоҳдории озуқавории тоҷирон ва борҳои савдогарон мавҷуд буд.

Дар манбаъҳо омадааст, ки дарҳои корвонсаройе дар Суғд ҳатто зиёда аз сад сол маҳкам нагардида будаанд. Ин корвонсарой ҳаҷман калон буда, 200 нафар савдогаронро бо пешхизматҳо, молҳояшон, аспҳо ва ҳайвонҳои боркаш меғунҷонид. Корвонсаройҳо аз рӯйи қоида дар атрофи дарвозаҳои шаҳрҳо ва дар наздикии бозорҳо ҷойгир буданд. Дар корвонсаройҳо савдои яклухти пуравҷ баргузор мегардид. Тибқи маълумоти Истахрӣ ва Ибни Ҳавкал дар тамоми Мовароуннаҳр зиёда аз 10 ҳазор чунин иншоот мавҷуд будааст.

Дар имтидоди Роҳи бузурги абрешим суғдиён барои барпо намудани манзилгоҳҳо ва муассисаҳои тиҷоратӣ корҳоро пурзӯр намуданд. Чуноне ки академик Б. Ғ. Ғафуров менависад, «суғдиён: тоҷирон, ҳунармандон, воизон, ҷанговарон лашкаркашон, олимон ва ғайра дар таърихи Осиёи Миёна аз Тибет ва Ладак то Муғулистон мақоми шоиста доштанд» [3, 177].

«Роҳи тиҷоратии лоҷувард, Шоҳроҳи бузурги абрешим ва чандин роҳҳои хурду калон – менависанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - дар аҳди қадиму ҷадид барои аз вартаи касодиву буҳронҳои шадид раҳидани мамлакат, ба пояи баландтар расидани тамаддун ва оинҳои давлатдории мо ва ниҳоят дар ташаккулу пешрафти дастовардҳои фарҳангӣ ва арзишҳои маънавии миллати фарзонаи тоҷик хидмати воқеан таърихӣ доранд» [8, 17].

Ҳамин тариқ, Чин бо давлатҳои дар шимолу ғарбии он ҷойгир буда, робитаро ба роҳ монд. Чжан-Тсян бо якравии худ дарбориёни хориҷиро ба тарафи худ кашида, тавонист ва бо ин сабаб хориҷиён ба ӯ боварӣ ва таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд.

Бо Чин ҳам робитаи савдо буд. Шоҳроҳи абрешим, ки бо воситаи он ба ғарб корвонҳои абрешим мерафт, аз Осиёи Миёна мегузашт. Маълум, ки як қисми он абрешим дар худи Осиёи Миёна фурӯхта мешуд, бинобар ҳамин аллакай дар миёнаҳои асри якуми пеш аз милод портҳо байрақҳои абрешимӣ доштанд. Ғайр аз абрешим аз Чин ба Осиёи Миёна оинаҳои биринҷӣ, ашёи локӣ ва ғайра оварда мешуданд. Аз Осиёи Миёна ҳам ба Чин моли бисёр бурда мешуд [2, 56].

Тахористон яке аз вилоятҳои тараққикардаи Осиёи Миёна буда, бо Чин алоқаи тиҷоратӣ дошт. Аз Тахористон, махсусан аз Хатлон, аспҳои хушзот ба фурӯш мерафт. Инчунин миқдори зиёди сангҳои қиматбаҳо ба фурӯш мерафт, ки як қисми он ба шакли санги носуфта ва қисми дигари он ба шакли маснуоти тайёр, аз ҷумла санги лоҷувард содир мешуд. Санги лоҷувард дар Чин бо номи «санги Хутан» маъмул буд ва дар давраҳои қадим ва асрҳои миёна аз он барои аъёну ашроф ашёи зебу зинат тайёр карда мешуд.

Чин ҳамчунин бо Суғд робита дошт. Ба ақидаи аҷнабиёне, ки аспҳои хушзоти Самарқандро мехариданд, ин аспҳо ба аспҳои Фарғона монанд буданд. Аз Самарқанд, Бухоро, Кеш ва Маймурғ дар солҳои 624, 724, 726, 727, 744, 750 ба Чин барои фурӯш галаи аспҳои хушзоти суғдиро оварда буданд [3, 250].

Афзалияти аслиҳаи суғдиён на фақат дар шакли зебову мукаммали зоҳирии он буд. Аз ин ҳам муҳимтараш ҳамин буд, ки аслиҳаи Суғд корагар буд. Шуҳрати зиреҳу ҷавшани суғдиён дар шарқу ғарб паҳн шуда буд. Соли 718 суғдиён чун туҳфа ба Чин зиреҳ оварданд. Аслиҳасозони Чин дар асоси ҳамин зиреҳи суғдиён зиреҳсозиро ёд гирифтанд ва дере нагузашта дар лашкари хитоиён чунин зиреҳҳо пайдо шуданд. Бисёр молҳои суғдӣ - аз сангҳои қиматбаҳову ашёи он сар карда, то матову газворҳои аҷоиб ба Осиёи Марказӣ ва ба Чин бурда фурӯхта мешуд.

Хулоса, нақши Роҳи бузурги абрешим дар тараққиёт ва пешравии шаҳрҳои Осиёи Миёна хеле калон буд, ки дар як муддати кӯтоҳ шаҳрҳои калони Хоразм, Суғд ва Фарғона ба марказҳои бузурги тиҷоратии Осиёи Миёна табдил ёфта буданд. Дар давраи аввали ташкилшавии Роҳи бузурги абрешим аз ҳама халқҳои Шарқ дида суғдиҳо аз ин роҳ хубтар истифода мебурданд. Онҳо вазифаи барояшон нафъовари миёнарави савдои байни Чин ва Империяи Римро ба уҳда доштанд. Шоҳроҳи бузурги абрешим, на ин ки дар тараққиёти муносибатҳои тиҷоратӣ, инчунин дар пешравии системаи сиёсӣ, ҳунармандӣ ва динии Осиёи Миёна нақши бениҳоят калон бозидааст.

АДАБИЁТ

1. Бичурин, Н.Я. Собрание сведений о народах, обитавших в Средней Азии в древние времена. Т.2. – М.-Л.: Изд-во АН СССР, 1953. - 470 с.

2. Васильев, Л.С. Культурные и торговые связи ханского Китая с народами Центральной и Средней Азии // ВИМК. – 1958. - №5. - С.53-61.

3. Ғафуров, Б. Тоҷикон: таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. - Душанбе: Дониш, 2008. - 825 с.

4. Зелинский, А.Н. Древние пути Памира//Страны и народы Востока. Вып.3. - М.: Наука, 1964. –

С.99-120

5. Лубо-Лесниченко, Е.И. Китай на Шелковом пути: шелк и внешние связи древнего и раннесредневекового Китая. - М.: Восточная литература, 1994. - 326 с.

6. Петров, А.М. Великий шелковый путь. О самом простом, но малоизвестном. - М.: Изд. фирма «Вост. лит.», 1995. - 127 с.

7. Радкевич, В.А. Великий шелковый путь. - М.: Агропромиздат, 1990. – 239 с.

8. Раҳмонов, Э. Тоҷикон дар оинаи таърих. - Душанбе: Ирфон, 2006. - 222 с.

9. Ртвеладзе, Э.В. Великий шелковый путь. Энциклопедический словарь. – Ташкент: Ӯзбекистон миллий энциклопедияси, 1999. – 280 с.

10. Юй Дун. Китайская культура. Перевод на русский язык Ю.М. Иляхина. - М.: Издательство литературы на иностранных языках, 2004. – 107 с.

МУНОСИБАТҲОИ ТИҶОРАТИИ ЧИН БО ВИЛОЯТҲОИ

ОСИЁИ МИЁНА ДАР ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ

(аҳди қадим ва асрҳои миёна)

Мақола ба муносибатҳои тиҷоратии байни Чин ва вилоятҳои Осиёи Миёна тавассути Шоҳроҳи бузурги абрешим бахшида шудааст. Шоҳроҳи бузурги абрешим мамлакатҳои Шарқу Ғарбро бо ҳам мепайваст. Ду шохаи он аз Осиёи Миёна ҳам мегузашт. Тавассути ин роҳ Чжан Сзян аввалин маротиба ба Фарғона, Суғд ва Тахористон омада буд. Ин сафар барои равобити Чин бо вилоятҳои Осиёи Миёна, аз қабили Суғд, Фарғона, Чоч, Бохтар-Тахористон мусоидат намуд. Диққати чиниҳоро махсусан, Фарғона ва аспҳои он кашида буд.

Вилоятҳои Осиёи Миёна дорои садҳо шаҳрҳо ва рустоҳои хурду калон буданд. Дар ҳудуди онҳо растаҳои тиҷорату савдо, бозорҳо, гузарҳои ҳунармандону косибон, корвонсаройҳо ва ҳуҷраҳои истироҳатӣ барои савдогарон ва хизматчиёни корвонҳо мавҷуд буданд.

Вобаста ба шароити ҷуғрофӣ шохаҳои роҳ аз минтақаҳои гуногуни ҳамвор, кӯҳии мушкилгузар мегузашт. Новобаста аз ин чиниҳо маҳсулоти абрешимӣ оварда, дар Осиёи Миёна бо аспҳо, яшми сабз ва марҷонҳо мубодила менамуданд. Тоҷирон ва ҳунармандони Осиёи Миёна низ маҳсулоти худро, аз ҷумла, оҳан ва маснуоти оҳаниро ба фурӯш мебароварданд. Санги лоҷуварди Тахористон дар Чин бо номи «санги Хутан» маъмул буд. Бисёр молҳои суғдӣ - аз сангҳои қиматбаҳову ашёи он сар карда, то матову газворҳои аҷоиб ба Чин фурӯхта мешуд.

Калидвожаҳо: Шоҳроҳи бузурги абрешим, Чин, Осиёи Миёна, Чжан Тсян, муносибатҳои тиҷоратӣ, растаҳои тиҷорату савдо.

ТОРГОВЫЕ ОТНОШЕНИЯ КИТАЯ С ОБЛАСТЯМИ

СРЕДНЕЙ АЗИИ НА ВЕЛИКОМ ШЕЛКОВОМ ПУТИ

(древность и средневековье)

Статья посвящена торговым отношениям между Китаем и областями Средней Азии через Великий шелковый путь. Великий шелковый путь соединял страны Востока и Запада. Две его ветви проходили через Среднюю Азию. По этому маршруту Чжан Сянь впервые попал в Фергану, Согд и Тахористан. Эта поездка способствовала установлению связей Китая с областями Средней Азии, такими как Согд, Фергана, Чоч, Бактрия-Тахористан. Особое внимание китайцев привлекла Фергана и ее лошади.

В областях Средней Азии были сотни малых и больших городов и деревень. На их территории находились торговые лавки, рынки, кварталы ремесленников и купцов, каравансараи и комнаты отдыха купцов и караванной прислуги.

В зависимости от географических условий ответвления дороги проходили через различные участки плоских, труднопроходимых гор. Несмотря на это, китайцы привозили изделия из шелка и обменивали в Средней Азии лошадей, зеленый нефрит и кораллы. Купцы и ремесленники Средней Азии также продавали свои товары, в том числе железо и железные изделия. Камень лазурит был популярен в Китае под названием «Хутанский камень». Много согдийских товаров - от драгоценных камней и изделий из них, до прекрасных тканей и сукна - вывозили и продавали в Китай.

Ключевые слова: Великий шелковый путь, Китай, Средняя Азия, Чжан

Цзянь, торговые отношения, торговые лавки

TRADE RELATIONS OF CHINA WITH REGIONS

CENTRAL ASIA ON THE GREAT SILK ROAD

(antiquity and middle ages)

The article is devoted to trade relations between China and the regions of Central Asia through the Great Silk Road. The Great Silk Road connected the countries of East and West. Two of its branches passed through Central Asia. Zhang Xian traveled this route for the first time to Fergana, Sogd and Takhoristan. This trip contributed to the establishment of China's ties with the regions of Central Asia, such as Sogd, Fergana, Choch, Bactria-Takhoristan. Ferghana and her horses attracted the special attention of the Chinese.

In the regions of Central Asia there were hundreds of small and large cities and villages. On their territory there were trade shops, markets, quarters of artisans and merchants, caravanserais and rest rooms for merchants and caravan servants.

Depending on the geographical conditions, the branches of the road passed through various sections of flat, difficult mountains. Despite this, the Chinese brought silk products and exchanged horses, green jade and corals in Central Asia. The merchants and artisans of Central Asia also sold their goods, including iron and iron products. Lapis lazuli stone was popular in China under the name «Hutang stone». Many Sogdian goods - from precious stones and products from them, to fine fabrics and cloth - were exported and sold to China.

Key words: The Great Silk Road, China, Central Asia, Zhang Jian, trade relations, trade shops.

Сведения об авторе: Аюбов Абдусалом Рауфович - Худжандский государственный университет имени академика Б. Гафурова, доктор исторических наук, профессор, заведующий кафедрой всеобщей истории. Адрес: 735700, Республика Таджикистан, г. Худжанд, проезд Мавлонбекова, 1. E-mail: abdusalom-1@mail.ru. Тел.: 927-09-06-65.

Information about the author: Ayubov Abdusalom Raufovich - Khujand State University named after B. Gafurov, doctor of historical sciences, professor, head of the Department of World History. Address: 735700, Republic of Tajikistan, Khujand, Mavlonbekov Drive, 1. E-mail: abdusalom-1@mail.ru Phone: 927-09-06-65.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.