Научная статья на тему 'ИСТОРИЯ ВОССТАНОВЛЕНИЯ ДИПЛОМАТИЧЕСКИХ И ПОЛИТИЧЕСКИХ ТНОШЕНИЙ ГОСУДАРСТВ ЦЕНТРАЛЬНОЙ АЗИИ С ОРГАНИЗАЦИЕЙ ИСЛАМСКОГО СОТРУДНИЧЕСТВА'

ИСТОРИЯ ВОССТАНОВЛЕНИЯ ДИПЛОМАТИЧЕСКИХ И ПОЛИТИЧЕСКИХ ТНОШЕНИЙ ГОСУДАРСТВ ЦЕНТРАЛЬНОЙ АЗИИ С ОРГАНИЗАЦИЕЙ ИСЛАМСКОГО СОТРУДНИЧЕСТВА Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
направление взаимоотношение / соглашение / сотрудничество / борьба с терроризмом / солидар-ность / отношения / политика / экономика / образование / direction relationship / agreement / cooperation / fight against terrorism / solidarity / relations / politics / economics / education

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Ибрагимова Гавхар Саймудиновна

Данная статья посвящена исследованию и выявлению особенностей отношение Новых Не-зависимых Государств Центральной Азии (ННГ ЦА) и Организации исламского сотрудничества. Автор проанализировал базовые направления сотрудничества между странами Цен-тральной Азии и ОИС. Важным показателем активное участие стран Центральной Азии в деятельности ОИС связан с вопросами привлечение внимания мирового сообщества к многочисленным проблемам региона Центральной Азии; участие в разработке проектов, связанных с укреплением торгово-экономического сотрудничества государств-членов ОИС с Центральной Азией; подписание заинтересованными странами членами ОИС Общего меморандума о взаимоотношении по развитию транспортных связей; расширению связей между учебными заведениями; сохранения культурного наследия прошлого. Страны Центральной Азии как светские правовые государства, полностью поддерживают глобальный процесс, направленный на развитие диалога между цивилизациями и религиями и в своей деятельности в составе Организация исламского сотрудничества твердо придерживаются принципов содействия конструктивному диалогу в отношениях, поисков возможного консенсуса и неприменения военной силы в сфере безопасности. Исходя из указанного, преимущества и перспектив участия ННГ ЦА в ОИС видят для реализации своих региональных интересов; противостоять угрозе и вызову современности; обеспечить реализации региональных и глобальных инициатив и др.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Похожие темы научных работ по истории и археологии , автор научной работы — Ибрагимова Гавхар Саймудиновна

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

HISTORY OF THE RESTORATION OF DIPLOMATIC AND POLITICAL RELATIONS OF THE CENTRAL ASIAN STATES WITH THE ORGANIZATION OF ISLAMIC COOPERATION

This academic article delves into the dynamics of the relationship between the Newly Independ-ent States of Central Asia (NIS CA) and the Organization of Islamic Cooperation (OIC). It provides a comprehensive analysis of the key areas of collaboration between the Central Asian countries and the OIC. Noteworthy indicators of the active engagement of Central Asian nations within the OIC involve drawing international attention to the multifaceted issues of the region, joint efforts towards enhanc-ing trade and economic ties between OIC member states and Central Asia, endorsement of the Gen-eral Memorandum of Relationship by concerned OIC members to foster transport connectivity, aca-demic institutions' partnerships, and preservation of cultural heritage. The Central Asian countries, as secular legal entities, staunchly support global endeavors fostering dialogue among civilizations and religions. Within the framework of the OIC, they consistently uphold principles conducive to promoting constructive dialogues, seeking consensus, and advocating for non-military security approaches. Consequently, the participation of NIS CA within the OIC is perceived as instrumental in advancing regional interests, mitigating contemporary threats and challenges, and real-izing both regional and global initiatives. This study underscores the significance of NIS CA's involvement in the OIC towards achieving their strategic regional objectives, countering emerging threats, and championing regional and global initiatives.

Текст научной работы на тему «ИСТОРИЯ ВОССТАНОВЛЕНИЯ ДИПЛОМАТИЧЕСКИХ И ПОЛИТИЧЕСКИХ ТНОШЕНИЙ ГОСУДАРСТВ ЦЕНТРАЛЬНОЙ АЗИИ С ОРГАНИЗАЦИЕЙ ИСЛАМСКОГО СОТРУДНИЧЕСТВА»

ТАЪРИХИ РОБИТАХ.ОИ БАЙНАЛМИЛАЛЙ ВА СИЁСАТИ ХОРИ^Й - ИСТОРИЯ МЕЖДУНАРОДНЫХ ОТНОШЕНИЙ И ВНЕШНЕЙ ПОЛИТИКИ - HISTORY OF

INTERNATIONAL RELATIONS AND FOREIGN POLICY -♦

УДК 327 (574/578): 061.1

ТАЪРИХИ БАРЦАРОРИИ РАВОБИТИ ДИПЛОМАТИЮ СИЁСИИ ДАВЛАТХОИ ОСИЁИ МАРКАЗЙ БО СОЗМОНИ Х,АМКОРИХ,ОИ ИСЛОМЙ

ИБРОГИМОВА Г. С.,

Донишгохи миллии Точикистон

Дар шароити муосири рушди муносибатхои байналмилалй давлатхои тозаис-тиклоли Осиёи Марказй хамчун субъекти мустакил дар низоми муносибатхои байналмилалй шинохта шуда, хамохангии фаъолияти онхо дар доираи хамкорихо бо со-змонхои байналмилалй ва минтакавй боиси боло рафтани маком ва накши онхо дар сиёсати чахонй гардидааст.

Аз ин лихоз, яке аз созмонхое, ки доираи хамкорихои кишвархои Осиёи Марка-зиро бо хамдигар наздик месозад, Созмони хамкорихои исломй (СХ,И) мебошад, ки дар айни замон дар халли масоили чахонй мавкеи пешсафро касб мекунад.

Агар ба таърихи пайдоиши созмонхои исломй руй оварем, маълум мешавад, ки пас аз Чднги якуми чахон дар низоми кишвархои исломй дигаргунихои куллй ба амал омада, барои пайдоиши созмонхои хусусияти динй дошта шароит фарохам омад. Аз тарафи дигар фурупошии Империяи Усмонй (1918), таъсиси Лигаи мил-латхо (1919) ва бархам хурдани Хилофати турк (1924) боиси авч гирифтани тундга-роии динй дар минтака гардид. Аз ин лихоз, равишхои тундгарой такозо мекард ис-тиклол дар доираи марзхои миллй ба вучуд оварда шуда, мустахкамшавии давлат барои ахолии мусулмон дар заминаи созмони ягонаи сиёсиву иктисодй бо хам оварда шавад.

Бо назардошти тахаввулоти ба вучуд омада, Абдулазиз ибн - Сауд, (асосгузори давлати Арабистони Саудй) мохи июни соли 1926 сарваронии чахони исломро ба Конгресси умумичахонии исломй ба шахри Макка даъват намуд, ки инро метавон кадамхои амалй дар сатхи байналхалкй дар масири хамгироии чахони ислом номид. Инчунин бояд зикр кард, ки чунин равишхо солхои 20-уми асри гузашта дар Ши-моли Африко ба вукуъ пайваста буд ва маркази харакат барои баркарории вахдати сиёсй дар чахони мусулмонй шахри ^охира шинохта мешуд.

Мохи майи соли 1926 дар ^охира Конгресси намояндагони давлатхои исломй доир гардида, ба хамаи давлатхои мусулмонй барои нигох доштани хилофат му-рочиат карда шуд. Аммо кори Конгресс натичахои дилхох надод. Инро бо он шарх медиханд, ки хохиши хукуматхои миллии давлатхои мухталифи олами ислом, ки пас аз Чднги якуми чахон дар он замон ба вучуд омада буданд, на хамгирой, балки бештар барои ба даст овардани истиклоли сиёсй нигаронида шуда буд [17].

Дар ин замина солхои 1949 ва 1951 ичлосияхои 3 ва 4-уми Конгресси умуми-чахонии исломй баргузор гардид ва идораи марказии он шахри ^арочии Покистон

карор гирифт. Дар кори он Оинномаи созмон тахия ва изворот дар бораи даъвати кишвархои чахон дар бораи дахолат накардан ба корхои Конгресси умумичахонии исломй баррасй гардид.

Ба ин тартиб, бо мавкеъ пайдо кардани кишвархои исломй дар сиёсати чахонй, соли 1969 барои эчоди механизми нави муттахидсозии давлатхои арзишхои умумии динй дошта як нуктаи гардиш ба вучуд омад. Яке аз сабабхои он бори сеюм ба оташ кашидани макони мазхабй ва мукаддаси тамоми мусалмонон, масчиди Ал-Аксо дар Байтулмукаддас аз чониби як ифротии исроилй, тамоми чахони исломро ба тахлука овард ва боиси эътирози шадиди мардуми мусулмон гардид.

Чахор руз пас аз ин ходиса, дар таърихи 25 августи соли 1969 вазирони корхои хоричии чахордах кишвархои арабй барои тасмимгирй дар мавриди баргузории ни-шасти сарони кишвархои исломй ба хотири хифзи мукаддасоти мусулмонон дар ^охира чамъ омаданд. Дар натичаи хамохангсозй ва мавкеъгирии кишвархои Шарки мусулмон соли 1969 конфаронсхои I ва II-юми вазирони корхои хоричй дар Чидда ва ^арочй доир шуда, масъалаи таъсиси Маркази байнидавлатии хамохангсозй -Конференсияи исломй ба расмият дароварда шуд.

Дар ин хамоиш Котиби генералии созмон ва рохбари он интихоб ва шахри Чвд-даи Арабистони Саудй (то озод шудани Иерусалим) муваккатан ба хайси маркази Созмони конфронси исломй (минбаъд СХД) пазируфта шуд [5, 11-27].

Меъёрхои асосии СХ,И, ки дар Оинномаи созмон нишон дода шудааст, ба-робархукукии комил, эхтироми хукукии хар як халк барои худмуайянкунй, дахолат накардан ба корхои дохилй, эхтироми сохибихтиёрй, истиклол ва тамомияти арзии давлатхо, бо рохи осоишта халли бахсхои байни давлатхои аъзои Созмони хамкорихои исломй, гуфтушунид, миёнаравй ё хакамй, истифода накардани кувва ё тахдиди истифодаи он мебошад, ки хамаи онхо ба меъёрхои байналмилалй, пеш аз хама Созмони Милали Муттахид комилан мувофик мебошанд [15].

Аз ин лихоз, Созмони хамкорихои исломй хамчун созмони мушаххаси бай-нихукуматй агарчи давлатхоро аз руйи мансубияти динй бо хам муттахид мекунад, вале он созмони динй нест ва пас аз Созмони Милали Муттахид дувумин созмони бузурги минтакавии байналмилалй ба хисоб рафта, 57 давлат аъзои созмони мазкур мебошанд. Ба сифати нозир дар кори созмон Босния, Х,ерсоговина, Руссия (аз соли 2005), Тайланд, Кипри Шимолии Чумхурии Туркия (аз чониби умум эътироф нашудааст), Чумхурии Африкои Марказй, инчунин як катор созмон ва иттиходияхои байнидавлатй, аз кабили СММ, Чунбиши хамрохнашавй, Лигаи давлатхои Араб, Ит-тифоки африкой, Созмони хамкорихои иктисодй, Иттифоки парламентии давлатхои аъзои СХД ва Чабхаи озодхохии миллии моро ширкат менамоянд, ки ин аз маком ва мавкеи СХД дар масири бо хам овардани кишвархо дар халли масъалахои мухимми чахонй ва минтакавй, аз кабили масъалаи сулху амният, кумак расонидан, хамкорихо дар бахшхои мухталиф миёни кишвархои аъзо ва хоказоро нишон медихад.

Ба андешаи мухаккики шинохта В. Мораветский «Созмон (СХД) барандаи ман-фиатхои муайяни умумист ва барои хифзи онхо даъват карда мешавад, ки дар натичаи он худмухториеро сохиб гардид, ки он аз мачмуи иродахои давлатхои узв фарк мекунад. Ин ирода дар раванди амалй гардидани шахсияти хукукй ифодаи худро пайдо мекунад» [7,102].

Дар пасманзари ин агар ба раванди хамрохшавии кишвархои пасошуравй - Ит-тиходи Давлатхои Мустакил (ИДМ) бо СХ,И назар андозем, чуноне аз усули хам-рохшавй ба узвияти созмон бармеояд, пас аз пошхурии Иттиходи абаркудрати Шу-равй барои баъзе чумхурихо имкониятхои мусоид чихати пайдо кардани шарикони нав дар чомеаи чахонй фарохам омад ки он онро метавон мархалаи ташаккули хамкорихои кишвархои тозаистиклоли Осиёи Марказй бо Созмони хамкорихои исломй номид [14].

Дар ин радиф Чумхурии Точикистон рузи 1 - декабри соли 1992 дар чаласаи шашуми гайринавбатии вазирони корхои хоричии созмон ба узвияти ин созмони бо-нуфуз кабул гардид ва дар ин росто соли 2007 ба узвияти Иттиходияи парлумонии созмони мазкур пазируфта шуд ва 8 декабри соли 2009 аз чониби Парлумони Точикистон ба расмият дароварда шуд. Х,амзамон солхои 2010-2011 Чумхурии Точикистон Раисии Шурои вазирони корхои хоричии СХД-ро ба ухда дошт [11, 34]; Чумхурии ^иргизистон 1 - декабри соли 1992 [16]; Чумхурии ^азокистон дар сессияи 23-уми СХ,И, ки аз 9 то 12 - декабри соли 1992 дар Конакри (Чумхурии Гвинея) бар-гузор шуда ба узвияти СХД пазируфта шуд, солхои 2011-2012 рохбарии Шурои вазирони корхои хоричии СХД-ро ба ухда дошт [13, 87]; Чумхурии Узбекистан мохи октябри соли 1995 ба унвони нозир ва аз 2 октябри соли 1996 ба хайси узви ко-милхукуки СХ,И пазируфта шуд [12].

Бо таваччух ба равобити кишвархои Осиёи Марказй бо СХД бояд зикр кард, ки яке аз масъалахои асосие, ки пайваста дар маркази таваччухи созмон карор дорад, таъмини сулх ва амният, хукуки инсон, иктисод ва гайрахо мебошанд. Аз ин лихоз, яке аз бахшхои мухимми хамкорихои кишвархои Осиёи Марказй дар доираи Созмони хамкорихои исломй ин баррасии масъалахои мубрам, ба монанди низоъи Х,инду Покистон, низоъхои дохилии Афгонистон, хусусан бухрони Шарки Наздик мебошад, ки пайваста дар маркази таваччухи давлатхои Осиёи Марказй карор дорад ва дар ин замина баркарор кардани хукукхои миллии фаластинихоро дар марзхои худ аз шартхои мухим дар низои Шарки Наздик медонанд ва чонибдорй бо рохи осоишта хал шудани низои арабу Исроилро пайгирй мекунанд.

Кишвархои Осиёи Марказй равобити Созмони хамкорихои исломиро бо Созмони Милали Муттахид дар самти пешгирии низоъхо, тахкими эътимод, посдории сулх, халли низоъхо ва баркарорсозии пас аз низоъ, аз чумла, вазъияти низое, ки ба кишвархои мусулмоннишин таъсир мерасонад, хамачониба дастгирй мекунанд. ^арорхои мухталифи кабулкардаи харду чонибро дар мавриди идомаи хамкорй дар самти пешгирй ва халли низоъхо, хифзи сулху осоиштагй, дипломатияи пешгирику-нанда, мубориза бо терроризми байналмилалй, инчунин мубориза бо ифротгарой, муковимат ба тахаммулнопазирии динй, хифз ва озодихои баробар бахри хамаи ин-сонхо, расонидани ёрии башардустона ва баланд бардоштани иктидори расонидани кумак дар бораи такмил додани механизми пайгирй, хамкории зичи СММ бо СХ,И дар самти баркарорсозй ва рушди кишвархои чангзадаю ноором ба мисли Афгонистон, Сомалй, Босния ва Х,ерсеговина ва Серра-Леоне далели хамкорихои судманду боэътимод барои сулху суботи тамоми миллатхо ва кишвархои чахонро чониб- дор мебошад.

Яке аз бахшхои мухим дар равобити кишвархои Осиёи Марказй бо Созмони хамкорихои исломй, хамкорихои ицтисодй мебошад. Дар ин маврид мухацциц Ф. Куй-синова ба самаронокии фаъолияти ниходхои молиявию ицтисодии СХ,И ишора намуда, зикр кардаанд: «Созмони хамкории исломй дар низоми равобити байналмилалй яке аз омилхои мухимми тахкими хамкорихои мазхабй, фархангй, сиёсй, ичти-мой, башардустона ва ицтисодии кишвархои мусулмон махсуб мешавад. Самарано-кии фаъолияти созмон дар сохаи ицтисодй боло мебошад, ки он барои рушди муно-сибатхои ицтисодии байни давлатхо заминаи институтсионалиро фарохам оварда-аст» [6, 73-77].

Дар ин замина дар доираи хамкорихои ицтисодй аз 7 то 9 - июни соли 2011 дар шахри Остонаи Чумхурии ^азоцистон Форуми VII Ицтисодии чахонии исломй -Саммити харсолаи ицтисодй ва ё ба истилох «Давоси исломй» дар мавзуи «Рушди ицтисодии чахонй: муносибатхо, рацобат, хамкорихо», рузхои 28-30- июни соли 2011 дар шахри Алмаато (Казоцистон) чаласаи дуюми гурухи машваратй оид ба «Таъсиси стратегияи обии СХИ» ва дар пайи он рузхои 7-9 - сентябр Конфронси илмй - амалй дар мавзуи «Нацши ислом дар кишвархои ИДМ» (дар Остона), аз 29 -сентябр то дуюми октябри соли 2011 чаласаи сеюми вазирони тандурустии кишвархои узви СХИ дар (Остона) ва гайрахо далели амалй гардидани хамкорихои СХ,И бо кишвархои аъзо, аз чумла бо кишвархои Осиёи Марказй мебошад.

Аз ин ру, чумхурихои Осиёи Марказй фаъолияти босамари институтхои моли-явии исломиро дар цонунгузории худ муцаррар намуданд, ки ин боиси кушода шу-дани ширкатхои молиявии исломй, аз чумла Ширкати сугуртаи исломии «Чамъияти сугуртаи мутацобилаи халол «Такафул», «Бонки исломии А1 Hilal», Хазинаи исломии сармоягузории «АИФРИ Хач Фонд ^азоцистон», маблаггузорони исломй бошад ба Бонки фонди миллии «Самрук-Казина», ширкатхои миллии «Атамекен», бо сохибкорони инфиродй ва гайрахо дар кишвархои Осиёи Марказй мебошад [4].

Лозим ба тазаккур аст, ки дар раванди тарацциёти динамикии СХИ нацши бузург ва пешбарро дар сохтори молиявии созмон Бонки исломии рушд (БИР) мебозад. Бонки исломии рушд аз руйи хачми даромад ва фаъолияти молиявию царзии худ яке аз бузургтарин бонкхои чахонй махсуб ёфта, дорои захирахои бузурги нацдй мебо-шад.

Фаъолияти ниходи БИР аз эъломия бараи таъсиси он аз 18 - уми декабри соли 1973 дар Конфронси вазирони молияи кишвархои мусалмонй ба имзо расида буд. ^ароргохаш шахри Чиддаи Арабистони Саудй мебошад. Сахмдорони асосии БИР аз руйи сахм ба сармояи оинномавии он (2019), Шохигарии Арабистони Саудй 23,5%, давлати Ливия 9,4%, Чумхурии исломии Эрон 8,3%, Нигерия 7,7%, Аморати мут-тахидаи Араб 7,5%, ^атар 7,2%, Чумхурии Мисри Араб 7,1%, Кувейт 6,9%, Чумхурии Туркия 6,5 %, Покистон 6,5% ва дигар давлатхои аъзои СХИ мебошанд [1].

Тавре маълум аст, самти асосии фаъолияти БИР царз додани лоихахои мухим дар сохахои илмию техникй, ицтисодй, ичтимой ва гуманитарй миёни кишвархои узви СХИ мебошад. Тибци хисобхои тахминй, тацрибан 30 фисади захирахои царзии Бонки исломии рушд барои рушди инфрасохтори ичтимой, 22,4%, 14,4 % ва 22,3 % - фисади захирахои молиявй ба рушди сохаи нацлиёт ва кишоварзй равона карда шудааст.

Хусусияти хос ва фарккунандаи БИР аз дигар созмонхои байналмилалии бонкй дар он аст, ки Бонки исломии рушд аз карздихии фоизй ба таври куллй даст кашида-аст, ки ин ба конунхои дини ислом комилан мувофик ва мутобик мебошад. Дар ирти-бот бо хамкорихое, ки миёни кишвархои Осиёи Марказй бо Бонки исломии рушд ба рох монда шудааст, дар асоси карордоди карзие, ки соли 2010 миёни намояндагони Чумхурии Киргизистон ва БИР ба имзо расид, ба андозаи 9,5 млн дол. барои азна-всозии фурудгохи Оши Чумхурии Киргизистон чудо карда шуд. Инчунин ташрифи хайатхои СХИ ва БИР бо рохбарии муовини котиби генералии СХ,И Абдул Муиз Бухорй дар масъалаи тадбирхо андешидан дар низои соли 2010 - и Киргизистон ва чудо кардани маблаг ба микдори 250 хазор доллари амрикой ба ахолии зарардида аз чониби БИР ва БХ,И (Бунёди хамбастагии исломй) ва гайрахо далели кумакхо ва хамкорихо СХИ ва ниходхои он бо кишвархои ОМ мебошад.

Бо таъкид ба равобити кишвархои Осиёи Марказй бо Созмони хамкорихои исломй, яке аз руйдодхои мухим дар фаъолияти СХ,И ин ичлосияи 38-уми Шурои вазирони корхои хоричии созмонро метавон ишора кард, ки он соли 2011 дар шахри Остонаи Чумхурии Казокистон баргузор гардида буд ва дар ин чаласа карор дар бораи таб-дили номи Созмони конфронси исломй ба Созмони хамкорихои исломй ва таъсиси Комиссияи доимии хукуки башар вокеан як фазои навро дар фаъолияти СХ,И ба миён овард. Иштироккунандагони мулокот майлу хохиши худро барои гузаштан аз мин-бархои машваратй ба хамкории васеи мутакобилан судманд, муайян кардани рохи нави рушд ва тачдиди СХД-ро мавриду тахлилу баррасй карор доданд. Х,амзамон дар ин чаласа тадбирхои мушаххас барои густариш додани фаъолияти Созмони ис-ломии маориф, илм ва фарханг (ISESCO) дар чумхурихои Осиёи Марказй баррасй гардид, ки дар татбики бахшхои илмй ва технология он накши Саммити 1 -уми СХ,И дар шахри Остона (Казокистон) дар рузхои 10-11 сентябри соли 2017 ахаммияти хо-саи худро дорад [10].

Дар асоси мухтавои Эъломияи Остона чанд самти хамкорихо барои амалй кар-дани барномахо дар бахшхои илм, технология, инноватсия ба хотири азнавсозии чахони ислом дар асри XXI, аз кабили Барномаи рушди илм, технология ва инноват-сияи Созмони хамкории исломй то соли 2026 тавассути татбики як силсила та-шаббусхо ва барномахо дар сохаи маориф, малакахои касбй, илмхои бунёдй ва амалй, давлатхои манфиатдори аъзои СХ,И-ро водор сохт барои тахияи барномаи «Бузург»- и илмй, ки хусусияти байнисохавиро доро мебошад, рохандозй карда шуд. Х,амзамон кишвархои аъзои СХИ барномахои муштараки тахкикотиро дар сохаи ки-шоварзй, амнияти озукаворй, хифзи самтхои экологй, аз чумла мубориза бо хушк-солй, идоракунии самараноки захирахои об, хифзи амнияти ракамй тавассути омухтан ва хамохангсозии конунхо, сиёсат ва посуххои мавчуда вобаста ба амнияти киберй дар кишвархои узв бо дарназардошти окибатхои амики он, пайгирй карда шуд.

Барои татбики амалии барномахои зикргардида рузхои 16-18- январи соли 2024 дар шахри Ч^идда ичлосияи 44-уми Шурои ичроияи созмони маориф, илм ва фарханги исломй (ISESCO) ва чаласаи дуюми машваратии котибони масъули комис-сияхои миллии ISESCO баргузор гардид. Дар чараёни ин мулокот ташаббусхо ва да-стовардхои муосири ISESCO баррасй шуд ва дар ин замина чанд ёдгории таърихию

фархангии Точикистон ба Фехристи мероси моддии фархангии ISESCO ва ду ёдго-рии дигар - «Боги миллй» ва «Саразм» ба Фехристи махсуси ин созмон шомил шу-данд, ки ин аз боло рафтани мавцеи Чумхурии Точикистон дар СХИ дарак медихад

[9].

Агар ба таърихи хамкорихои Чумхурии Точикистон бо СХИ назар андозем, гар-диши мухим дар муносибатхо миёни Чумхурии Точикистон ва СХИ дар солхои 1994, 1997, 2000, 2005. 2008, 2015, 2019 ва 2020 дар сохахои савдо, ицтисод, маориф, илм, энергетика ва гайрахо махсуб меёбад.

Бо таъкид бо мавцеъ ва нацши Чумхурии Точикистон дар хамкорй бо Созмони хамкорихои исломй, яке аз руйдодхои мухимме, ки дар рушди муносибатхои на танхо Точикистон, балки кишвархои Осиёи Марказй бо Созмони хамкорихои ис-ломй такони нав бахшид, 37-умин ичлосия Шурои вазирони корхои хоричии созмон махсуб меёбад, ки он аз 18 то 20 майи соли 2010 дар шахри Душанбе доир гардида буд ва гуфтан мумкин аст, ки аввалин баргузории ичлосия дар кишвархои ОМ мебо-шад. Дар ин маврид мухаццици цазоц Молдахмед Бидас чунин гуфтааст: «Точикистон дар замоне, ки ^азоцистон дар сохтори Амнияти Аврупо - САХА раисй мекард, кишвари мизбони ин чорабинии мухим гардид. Ин ду ходиса дар Осиёи Марказй далели афзоиши нацши минтаца дар муносибатхои байналмилалии чахонй мебошад» [8, 107].

Дар чаласаи мазкур царорхои зиёде ба тасвиб расид, ки дар онхо ташаббусхои Точикистон дар мубориза алайхи истехсол ва фуруши гайрицонунии маводи мухад-дир ва цочоци маводи мухаддир аз Афгонистон, барцарорсозии минтацахои собиц озмоишгохи низомии Семипалатин ва бахри Арал мавриди тахдил ва цабули кори чаласа царор дода шуданд.

Аз ин лихоз, Чумхурии Точикистон хамчун узви чомеаи Осиёи Марказй дар чахорчуби СХИ бо тамоми кишвархои узв барои ноил шудан ба хадафхои бунёдй, аз цабили: тахкими хамкорихои байни кишвархои узв, решакан кардани хама гуна намуди табъиз, андешидани чорахо барои мухофизат аз сулху суботи саросарй, ёрй расонидан барои барцарор кардани хуцуцу озодихои мардуми Фаластин, мухайё кар-дани шароити зарурй барои мустахкам намудани хамкорй ва хамфикрии байни ки-швархои аъзо ва кишвархои дигар талош мекунад, ки онро метавон аз нацш ва сахми Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои муаззами миллат, Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон дар рушди муносибатхои кишвар бо Созмони хам-корихои исломй донист. Аз чумла, Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон зимни суханронихои хеш бо рохбарони шуъбахои сиёсати хоричии кишвархои узви СХИ иброз намуданд, ки модернизатсия ва ислохот асоси рушди чахони ислом дар хазорсолаи чорй мебошад, ки он ба эъломияи нави ин созмон замина гузошт [3].

Бо таваччух ба раванди хамкорихои давлатхои Осиёи Марказй бо Созмони хам-корихои исломй метавон чунин натичагирй намуд: а) СХИ хамчун созмони мушах-хаси байнидавлатии минтацавй, ки кишвархоро аз руйи мансубиятхои динй мут-тахид мекунад, ба вучуд омадани консепсияи он хамчун формулаи муносиби хам-кории байнидавлатй шинохта шудааст ва зарурияти он дар доираи иттиходияхои ягонагии конфессионалй аз талаботи мухимми замон мебошад б) тахия ва татбици стратегияи сиёсати хоричии кишвархои Осиёи Марказй аз он гувохй медихад, ки муносибатхои кишвархои фавцуззикр бо ин созмони бонуфузи байнидавлатй дар

чахорчубаи Консепсияи хамкорихо дар бахшхои ицтисод, масъалахои ичтимоию сиёсй, илм, маориф, технология, амният, мубориза бо терроризм ва гайрахо ба рох монда шудааст, ки он аз боло рафтани нацш ва мавцеи кишвархои Осиёи Марказй дар хамкорй бо СХИ гувохй медихад в) Созмони хамкорихои исломй дар баробари дигар созмонхои бузурги чахонй ва минтацавй барои рушди кишвархои минтацаи Осиёи Марказй ахаммияти махсусро пайдо кардааст.

Давлатхои мазкур аз замони шомил шудан ба СХИ равобити худро бо Котиботи генералии СХИ, ниходхои ёрирасон ва мацомоти ин созмон тадричан инкишоф дода истодаанд. Хайатхои вакилони кишвархои Осиёи Марказй дар тамоми чорабинихои асосии СХИ, инчунин дар чаласахои солонаи хамохангсозии вазирони корхои хо-ричии СХИ дар доираи Ассамблеяи Генералии СММ иштирок намуданд.

АДАБИЁТ

1. Андрианов В. Д. Исламский банк развития и особенности исламского банкинга// cyberleninka.ru.

2. Ш. И. Асанова. К вопросу об истории создания Организации исламского сотрудниче-ства/Ш. И. Асанова//Современная молодежь и духовные ценности народов России: сб. материалов VI Респ. студенч. науч.-практ. конф. Казань, 27 мая 2021 г./Духов. упр. мусульман Респ. Татарстан, Рос. ислам. ин-т, Казан. ислам. ун-т; науч. ред.: Р.М. Мухаметшин; отв. ред.: Р. Р. Заки-ров. -Казань, 2021.

3. 2010//http://

4. Исламский банк развития. Документ Национального Банка Таджикистана. Душанбе, 2004.

40 с.

5. Косач Г. Г. Организация Исламская конференция: региональное объединение в современном мире//Региональные организации: современые тенденции развития: сб. ст./Моск. гос. ун-т, Ин-т стран Азии и Африки. - М., 2003. 178 с.

6. Куйсинова Ф. О. Организация исламского сотрудничества как фактор политического сотрудничества мусульманских стран//Актуальные вопросы современного образования: материалы междунар. науч. практ. конф. 12 нояб. 2020 г. Санкт-Петербург. 2020. - 130 с.

7. Моравецкий, В. Функции международной организации. М. 2006. 383 с.

8. Молдахмет Бидас. Организация исламского сотрудничества и Казахстан: состоияние и перспективы сотрудничества (политический анализ) дис.канд. полит, наук. Алматы. 2013. 122 с.

9. Официальные страницы Министерства иностранных дел Республики Таджикистан в социальных сетях. www.twitter.com /MID Tajikistan. (Дата обращ. 03. 02. 2024.).

10. Официальный сайт ОИС. (Дата обращ. 25. 10. 2022.)

11. Саидзода З. Точикистон дар хавзаи чахонй ислом. -Душанбе, 20011. 208 с.

12. Сотрудничество Республики Узбекистан с международными организациями/Министерство иностранных дел Республики Узбекистан//Ы1р://т fa.uz / rus / mej _sotr /uzb_m ejdorg/(Дата обращ. 25.12. 2021.).

13. Султанов B. K. Казахстан и Организация Исламская конференция - Алматы: Казахстанский ин-т стратегических исследований при Президенте Республики Казахстан; Аспект, 2010. 268 с.

14. Правила процедуры получения полного членства в ОИК//Документ ОИК. XXVII Конференция министров иностранных дел государств -членов ОИК. Резолюция № 67/ 27

15. Устав ОИС, OIC ^аПег//Информационный портал ОИС - Режим доступа: www.oic-oci.org. (Дата обраш. 18.25. 2019 г.).

16. Усубалиев Э. Кыргызстан и мусульманский мир: некоторые аспекты внешнеполитического планирования//http://www. analitika. org/kyrgyzstan/kg-foreign-affairs/89-20100-30715321716.hunl. (Дата обращ. 12.04.2020.).

17. Хасанов Р. Организация Исламская Конференция и мусульманские государства СНП/Центральная Азия и Кавказ, №11, 199// [электронный ресурс]. http://www.ca-c.0rg/ i0urnal/l 1-1997/ st 03 hasanov.shtm1 (дата обраш. 16.09.2021).

ТАЪРИХИ БАРЦАРОРИИ РАВОБИТИ ДИПЛОМАТИЮ СИЁСИИ ДАВЛАТХ,ОИ ОСИЁИ МАРКАЗЙ БО СОЗМОНИ ХАМКОРИХОИ ИСЛОМЙ

Маколаи мазкур ба омузиш ва муайян намудани хусусиятхои муносибатхои байни давлатхои сохибистиклоли Осиёи Марказй (ИДМ ОМ) ва Созмони хамкорихои исломй бахшида шудааст. Муаллиф самтхои асосии хамкории кишвархои Осиёи Марказй ва СХИ-ро мавриди тахлилу баррасй карор додааст.

Бо дарназардошти мубрамияти масъалаи мазкур гуфтан мумкин аст, ки иштироки фаъолонаи кишвари Осиёи Марказй дар фаъолияти СХИ вобаста ба масъалахои чалби таваччухи чомеаи чахонй ба мушкилоти сершумори минтакаи Осиёи Марказй равона гардидааст. Тахия ва татбики лоихахои марбут ба тахкими хамкорихои тичоратию иктисодии кишвархои узви СХИ бо Осиёи Марказй, аз тарафи кишвархои манфиатдори аъзои СХИ ба имзо расондани Меморандуми уму-мии муносибатхо оид ба инкишофи робитахои наклиётй; густариши муносибатхо байни муас-сисахои таълимй; илм, техника, нигох доштани мероси фархангию таърихи гузашта мебошад.

Кишвархои Осиёи Марказй хамчун субъекти мустакил дар муносибатхои байнал-милалй ра-ванди чахониеро, ки ба рушди муколамаи байни тамаддунхо нигаронида шудааст, хамачониба дастгирй намуда, дар доираи хамкорихо бо Созмони хамкорихои исломй принсипхои мусоидат ба муколамаи созанда дар муносибатхоро катъиян риоя мекунанд, кувваи харбй дар сохаи амни-ятро катъиян рад мекунанд ва барои таъмини татбики ташаббусхои минтакавй ва чахонй ва да-рёфти механизми нави хамкорихои судманд миёни кишвархои аъзо ва дигар кишвархои чахон талош карда истодаанд.

Калидвожахо: самти муносибатуо, созишнома, уамкорй, мубориза бо терроризм, уамба-стаги, муносибат, сиёсат, ицтисод, маориф.

ИСТОРИЯ ВОССТАНОВЛЕНИЯ ДИПЛОМАТИЧЕСКИХ И ПОЛИТИЧЕСКИХ ОТНОШЕНИЙ ГОСУДАРСТВ ЦЕНТРАЛЬНОЙ АЗИИ С ОРГАНИЗАЦИЕЙ ИСЛАМСКОГО СОТРУДНИЧЕСТВА

Данная статья посвящена исследованию и выявлению особенностей отношение Новых Независимых Государств Центральной Азии (ННГ ЦА) и Организации исламского сотрудничества. Автор проанализировал базовые направления сотрудничества между странами Центральной Азии и ОИС. Важным показателем активное участие стран Центральной Азии в деятельности ОИС связан с вопросами привлечение внимания мирового сообщества к многочисленным проблемам региона Центральной Азии; участие в разработке проектов, связанных с укреплением торгово-экономического сотрудничества государств-членов ОИС с Центральной Азией; подписание заинтересованными странами - членами ОИС Общего меморандума о взаимоотношении по развитию транспортных свя-зей; расширению связей между учебными заведениями; сохранения культурного наследия прошлого.

Страны Центральной Азии как светские правовые государства, полностью поддер-живают глобальный процесс, направленный на развитие диалога между цивилизациями и религиями и в своей деятельности в составе Организация исламского сотрудничества твердо придерживаются принципов содействия конструктивному диалогу в отношениях, поисков возможного консенсуса

и неприменения военной силы в сфере безопасности. Исходя из указанного, преимущества и перспектив участия ННГ ЦА в ОИС видят для реализации своих региональных интересов; противостоять угрозе и вызову современности; обеспечить реализации региональных и глобальных инициатив и др.

Ключевые слова: направление взаимоотношение, соглашение, сотрудничество, борьба с терроризмом, солидарность, отношения, политика, экономика, образование.

HISTORY OF THE RESTORATION OF DIPLOMATIC AND POLITICAL RELATIONS OF THE CENTRAL ASIAN STATES WITH THE ORGANIZATION OF ISLAMIC COOPERATION

This academic article delves into the dynamics of the relationship between the Newly Independent States of Central Asia (NIS CA) and the Organization of Islamic Cooperation (OIC). It provides a comprehensive analysis of the key areas of collaboration between the Central Asian countries and the OIC. Noteworthy indicators of the active engagement of Central Asian nations within the OIC involve drawing international attention to the multifaceted issues of the region, joint efforts towards enhancing trade and economic ties between OIC member states and Central Asia, endorsement of the General Memorandum of Relationship by concerned OIC members to foster transport connectivity, academic institutions' partnerships, and preservation of cultural heritage.

The Central Asian countries, as secular legal entities, staunchly support global endeavors fostering dialogue among civilizations and religions. Within the framework of the OIC, they consistently uphold principles conducive to promoting constructive dialogues, seeking consensus, and advocating for nonmilitary security approaches. Consequently, the participation of NIS CA within the OIC is perceived as instrumental in advancing regional interests, mitigating contemporary threats and challenges, and realizing both regional and global initiatives.

This study underscores the significance of NIS CA's involvement in the OIC towards achieving their strategic regional objectives, countering emerging threats, and championing regional and global initiatives.

Key word: direction relationship, agreement, cooperation, fight against terrorism, solidarity, relations, politics, economics, education.

Сведения об авторе: Ибрагимова Гавхар Саймудиновна - Таджикский национальный университет, кандидат исторических наук, доцент кафедры новой и новейшей истории зарубежных стран Адрес: 734025, Республика Таджикистан, г. Душанбе, проспект Рудаки, 17. E-mail: gavharibrogimova@mail.ru (+ 992) 918 - 94 - 02 -54.

Information about the author: Ibragimova Gavhar Saimuddinova - Tajik National University, candidate of historical sciences, associate professor, head of the Department of modern and contemporary history of foreign countries. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Rudaki Avenue, 17. E-mail: gavharibrogimova@mail.ru (+ 992) 918 - 94 - 02 - 54.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.