Научная статья на тему 'Improvement of ecology situation of natural environment and of the production of ecologically pure agroindustrial products'

Improvement of ecology situation of natural environment and of the production of ecologically pure agroindustrial products Текст научной статьи по специальности «Сельское хозяйство, лесное хозяйство, рыбное хозяйство»

CC BY
2824
184
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
НЕЗДОРОВАЯ ЭКОЛОГИЧЕСКАЯ ОБСТАНОВКА / РЫНОЧНАЯ ЭКОНОМИКА / ТРЕБОВАНИЯ НОРМ ГОССТАНДАРТА / ИМПОРТ ПРОДУКЦИИ / МИКРОЭЛЕМЕНТЫ / PEJORATIVE ENVIRONMENTAL SITUATION / REQUIREMENTS TO STANDARDIZED NORMS / IMPORT OF PRODUCED COMMODITIES / MICROELEMENTS / MARKET ECONOMY

Аннотация научной статьи по сельскому хозяйству, лесному хозяйству, рыбному хозяйству, автор научной работы — Азимов Абдурахим Джалолович, Исоков Муроджон Толибджонович

В данной статье рассматривается вопрос улучшения состояния окружающей среды путем повышения производства сельскохозяйственных продуктов. Установлено, что использование различных плодоносных и декоративных растений вокруг сельскохозяйственных угодий и вдоль дорог улучшает экологическую ситуацию местности. В статье также приводятся статистические данные за 2011 год по Согдийской области, а также указаны пути улучшения обеспечения населения продуктами питания.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The article dwells on an improvement of natural environment by means of agricultural produce being increased. It is established that utilization of various fruit-bearing and ornamental plants around arable lands and along roads improves an ecology situation of a locality. The authors adduce also the statistical data of 2011 over Sughd viloyat (the larget administrative-territorial unit in Tajikistan); she indicates the ways of perfection in reference to a procurement of population with food stuffs.

Текст научной работы на тему «Improvement of ecology situation of natural environment and of the production of ecologically pure agroindustrial products»

Азимов Абдура^им Цалолович,

номзади илмуои щтисодй, дотсенти кафедраи маркетинг-агробизнес

ДДХБСТ

Исок,ов Муродцон Толибцонович,

омузгори кафедраи щтисодиёти корхона^о ва соуибкории ДД^БСТ

БЕ^ТАР НАМУДАНИ ВАЗЪИ ЭКОЛОГИИ МУ^ИТИ ЗИСТ ВА ИСТЕ^СОЛИ МА^СУЛОТИ АГРОСАНОАТИИ АЗ ЧИДАТИ ЭКОЛОГИ

ТОЗА

Бунёди богистону гулистонхо дар баробари ривочи дигар сохахои кишо-варзй яке аз рукнхои таркибии фарханги зиндагии мардуми куханбунёдамон мебошад, ки мо имрузхо ин суннати кадимаи ниёгонамонро идомаи нек мебахшем. Махз натичаи захмати наслхои гузашта аст, ки дар кишварамон навъхои гуногуни мевахои шахдбору лазиз ва серхосилу хушсифат парвариш меёбанд. Дар баробари ин гиёххои шифобахш, гулхои рангорангу буттахои ороишй ва обхои софу зулоли Точикистони азизамон низ аз сарватхои бебахои миллии мо махсуб мешаванд. Ин сарватхои табий ба кишвари кухсор ва зебоманзари мо шукуху чилои камназиру хос бахшида, мухити сарсабзу хавои тоза ба хаёти ичтимоии мо ва тарзи зиндагии мардумамон таъсири нек мерасонад. Дар кучаву хиёбонхо, шохроххо ва хочагихои дехкониву заминхои наздихавлигии мардум дарахтони мевадихандаву ороишй зиёд парвариш меё-банд, ки худ шохиди аз насл ба насл гузаштани анъанаи писандидаи халкамон, яъне маданияти кадимаи заминдорй ва фарханги деринаи ободкорй мебошад. Дарахтони сояафкан ва буттаву гулхои ороиши имкон медиханд, ки мухити атроф тоза нигох дошта шавад. Солхои охир шумораи зиёди наклиётхои гуногун дар сохахои хочагии халкамон истифода мешаванд, ки мухити хавои кишварамонро аз нигохи экологй солим нигох намедоранд.

Солхои охир таъгир ёфтани иклим ва вазъи носолими экологй ба яке аз мушкилоти чиддии сатхи чахонй табдил ёфтааст. Махсусан гармшавии хаво ба иклими минтакаи Осиёи Марказй, аз чумла Точикистон таъсири манфии худро расонида истодааст. Бо максади бехбуд бахшидани мухити зист ва бехтар гардонидани вазъи экологй Президенти кишвар Эмомалй Рахмон дар созмону конфронсхои сатхи чахонй баромаду суханронихо намуданд ва дар натича як силсила таклифу пешниходхои Точикистон дар сатхи чахонй кабул ва тасдик гардиданд: аз кабили барномаи дахсолаи об - барои хаёт, Иди байналмилалии Навруз ва гайрахо. Дар доираи он карордодхо дар сайёра, аз чумла дар кишвари мо низ корхои зиёде суръати тоза гирифтанд (1,2,3).

Дар мархалаи кунунй барои бехтар сохтани вазъи экологй ва хифзи мусити зист бояд дар атрофи шахру дехот, теппахо, канори роххои мошингард аз чониби сокинон сабзонидани богу дарахтони мевадиханда ва ороишй ба рох монда шуда, ба ин кор суръати тоза бахшидан зарур аст. Ин омили бисёр мухим буда, ба ин васила мухит аз ифлосшавй хифз мегардад ва ин икдом барои харчй нармтар шудани хавои махалхои ахолинишин мусоидат менамояд. ^айд намудан лозим аст, ки аз беахамиятй кисми муайяни нихолхои кади роху кучахо хар сол хушк мешаванд. Барои як нихоли арчае, ки бо арзиши 12-20 сомонй фурухта мешавад, 4-5 сол лозим аст, ки онро аз тухм то нихоли чавон сабзо-нанд. Аз ин лихоз зарур аст, баъди шинонидани нихолхои гуногун, ки барои он маблагхои зиёди давлатй сарф мешаванд, барои парвариш ва нигохубини мунтазами онхо тадбирхои лозимй андешида шаванд, яъне ба шахсони алохида ё худ муассисахову ташкилотхо нигохубини нихолхо вобаста карда шаванд. Танхо дар ин сурат мо метавонем хам мухити зистро мусоид гардонем ва хам маблагхоро сарфа намуда, барои эхтиёчоти дигар самтхои зиндагии ичтимоии мардум ва сарсабзиву ободонии кишвар истифода барем. Аз тарафи дигар, ин имкон медихад, ки насли чавон дар рухияи хифз намудани табиату мухити зист ва эхсоси зебоипарастй тарбия ёбад.

Ба хамагон маълум аст, ки муаммои оби ошомиданй дар сатхи чахонй руз аз руз вазнин шуда истодааст. Бар замми ин офатхои гуногуни табий, аз чумла хушксолй ва камобй, заминларза ва обхезихои фасли бахор, нобудшавии китъахои замини хосилхез бисёр кишвархои чахонро ба мушкилоти сангин ру ба ру сохтааст. Дар чунин шароит, харчанд ки Чумхурии Точикистон дар саргахи захирахои об карор дораду, яъне 70 дар сади обхои Осиёи Марказиро дар худуди худ дорад, истифодаи окилонаи об ва харчй бештар манфиат бардоштан аз ин неъмати бебахои худодод, пешгирии шуршавии замин, таъмини ахолй бо оби тозаи ошомиданй, татбики технологияхои пешрафтаи обёрии зироатхо вазифаи мукаддаси хар як мутахассиси сохаи кишоварзй мебошад (4,5).

Солхои охир дар кишварамон бештар ба бунёди богу токзорхои нав ахамияти хоса дода истодаанд, зеро ки богу токпарварй дар баробари чузъи таомули суннати кадимаи мардуми мо буданаш, инчунин яке аз бахшхои сердаромади сохаи кишоварзй ба хисоб меравад. Баъди 4-5 сол ин нихолхои шинонидашуда ба самар меоянд ва барои конеъ гардонидани талаботи истеъмолии мардум бо мевахои аз чихати экологй тоза ва барои саломатй манфиатбахш, инчунин афзудани иктидори содиротии корхонахои мамлакат кумаки зиёд мерасонанд. Бинобар он, хочагихои нихолпарвари кишварамон нихолхои мевадиханда ва ороишу сояафканро ба талаботи меъёри стандартй мувофик парвариш менамоянд ва хангоми фуруши нихолхо сертификати мувофикат пешниход карда мешавад. Инчунин мувофики тавсияи олимони сохаи кишоварзй навъи ба нохияхои кишварамон тавсияшуда бояд дар хочагихои дехконй ва шахсони алохида богу токзорхо ва дарахтони сояафкану гулзорхо бунёд карда шавад. ^айд намудан ба маврид аст, ки Точикистон дар Осиёи Марказй яке аз кишвархоест, ки меваю сабзавоти аз чихати экологй тоза парваришу истехсол намуда ба бозорхои дохила ва хоричи кишвар харбузаву

тарбуз, каду, себ, нок, бихй, шафтолу, гелос, олуча, зардолу, ангур, сабзй, пиёз, картошка, помидор, карам ва дигар махсулоти ширину шифобахш пешниход менамояд.

Мувофики маълумотхои оморй дар соли 2011-ум дар вилояти Сугд хисоби миёнаи зироатхои галладонагй аз заминхои обй 30 сентнер аз 1 гектарро ташкил намуд ва хамагй 190900 тонна хосил чамъоварй карда шуд.

Хрсилнокии заминхои лалмй бошад 8 сентнер аз 1 гектарро ташкил намуд ва микдори умумии хосили чамъшуда 238900 тоннаро ташкил дод. Инчунин дар соли сипаригардида 345 хазор тонна картошка, хосилнокй аз 1 гектар 230 сентнер, 345 хазор тонна сабзавот, хосилнокй аз 1 гектар 250 сентнер, 100 хазор тонна мевахо ва 60 хазор тонна ангур чамъоварй карда шуд, ки мутаносибан хосилнокй ба хисоби миёна 21,7 ва 47,8 сентнер аз 1 гектарро ташкил намуд. ^айд намудан лозим аст, ки мо ба пуррагй аз замин ва кобилияти потенсиалии дарахтони мевадиханда истифода намебарем ва дар натича ба хосили паст ноил мегардем. Х,ол он, ки бо истифода аз нурихои минералй, микроэлементхо, мубориза бар зидди касалихо ва хашароти зараррасон, усулхои замонавии сарфаи обёрии зироатхо, кам кардани талафот хангоми кашонидан, нигохдорй дар муддати тулонй ва коркарди махсулоти кишоварзй ба нишондихандахои баланд ноил гаштан мумкин аст.

Х,оло кишоварзон бо баъзе сабабхои айнй ва зехнй на хамаи тавсияхои олимони сохаро оиди ичрои корхои саривактй технологияи коркард ва пар-вариши зироатхои кишоварзиро мегузаронанд ва дар натича ба хосили дилхох ноил намегарданд. Мо бояд дар чойхо аз кобилияти боздехи замин, кобилияти потенсиалии навъхои дарахтони мевадиханда, зироатхои полезй истифода бурда ба хосилнокии баланди зироатхои кишоварзй сохиб шавем. Х,оло дар худуди вилояти Сугд 8 корхонаи калони консервбарорй ва 18 корхонаи хурди коркарди махсулоти кишоварзй фаъолият мебаранд, ки аксарияти тачхизоти ин корхонахо фарсуда шуда ба талаботи бозори имруза чавобгу нестанд. Бо вучуди ин, корхонахои хурди коркарди махсулоти кишоварзй бо тачхизоти замонавй мучаххаз гардида, коркарди сабзавоту мева - помидор, бодиринг, зардолу, себ, бихй, олуча ва дигар махсулотро афзун намуда истеъмол-кунандагони бозори дохилии кишвар ва аз давлатхои хорича, асосан ^азо-кистону Русияро таъмин менамоянд. ^айд намудан лозим аст, ки хамаи ин махсулоти номбаршуда бо тарзи замонавй борпеч карда шуда дар куттихои он нишона ва таркиби махсулот нишон дода шудааст, ки онро дар бозорхо ракобатпазир ва харидоргир менамояд. ^айд намудан лозим аст, ки дар кишвари мо имкониятхои зиёд мавчуд аст, аз кабили истифодаи гиёххои табий, тайёр намудани нушобахои шифобахш, ки ба саломатии инсон ва барои пешгирии аксарияти беморихо манфиатбахшанд ва ин махсулот чй дар бозори дохила ва чй дар хоричи кишвар талаботи зиёд дорад.

Х,амин тавр муттахассисони соха аз имкониятхои мавчудаи махалхо ба пуррагй истифода бурда, бахри истехсоли махсулоти аз чихати экологй тоза ва озодагии мухити атрофи зист кушиш ба харч дода бахри баланд бардоштани сатхи зиндагии мардум сахм мегузоранд.

Барои таъмини ахолй бо махсулоти кишоварзии аз чихати экологй тоза ба акидаи мо чунин чорабинихо бояд гузаронида шаванд:

- васеъ намудани майдонхои кишти галладонагихо, махсусан заминхои лалмй;

- интихоби навъхои нави растанихои кишоварзии ба шароити кишвар мутобику серхосил;

- кишти тухмихои аълосифати ба зараррасонхо ва касалихо тобовар;

- риояи коидахои агротехникй, гузаронидани киштгардони замин;

- бо сифати баланд гузаронидани коркарди махсулот ва чорй намудани технологияи кампартову бепартов;

- тайёр намудани мутахассисони сохахои гуногуни кишоварзй;

- истехсоли махсулоти хурока, ки ба даври гузариши бозоргонй чавобгуй буда, ракобатпазир аст.

Ичроиши чунин талабот ва чорабинихо бешубха бахри таъмини ахолй бо махсулоти хурокаи кишоварзии аз чихати экологй тоза мусоидат мекунад.

Калидвожа^о: вазъи носолими экологй, щтисодиёти бозоргонй, талаботи меъёри стандартй, содироти корхонауо, микроэлементуо.

Пайнавишт:

1. Эмомалй Раумон. Суханронй дар маросими бунёди боги нав дар ноуияи Цилликул. //Цумуурият. -№24. -17.02. 2011.

2. Азимов А. Ц. Токпарварй ва моуияти ицтисодии он. -Хуцанд, 2007.

3. Азимов А.Ц., Рашидов Н.Д. Содироти мевауои асил аз уисоби бунёд ва барцарорсозии богу токзоруои нав. //Ахбори ДДХБСТ. -№1. - Хуцанд, 2011.

4. Розанов А.Б., Розанов Б.Г. Экологические последствия антропогенных изменений почв. -М., 1990.

5. Арустамов Э.А., Леванова Н.В. Экологические основы природопользования. -М., 2002.

Азимов Абдурахим Джалолович,

к.и.н, доцент кафедры маркетинга-агробизнеса ТГУПБП, Исоков Муроджон Толибджонович,

ассистент кафедры экономики предприятий и предпринимательства ТГУПБП

Улучшение экологической ситуации окружающей среды и производство экологически чистых агропромышленных продуктов

Ключевые слова: нездоровая экологическая обстановка, рыночная экономика, требования норм госстандарта,импорт продукции, микроэлементы

В данной статье рассматривается вопрос улучшения состояния окружающей среды путем повышения производства сельскохозяйственных продуктов.

Установлено, что использование различных плодоносных и декоративных растений вокруг сельскохозяйственных угодий и вдоль дорог улучшает экологическую ситуацию местности.

В статье также приводятся статистические данные за 2011 год по Согдийской области, а также указаны пути улучшения обеспечения населения продуктами питания.

A.D. Azimov, M. T. Isokov

Improvement of Ecology Situation of Natural Environment and of the Production of ecologically Pure Agroindustrial Products

Key words: pejorative environmental situation, requirements to standardized norms, import of

produced commodities, microelements, market economy

The article dwells on an improvement of natural environment by means of agricultural produce being increased.

It is established that utilization of various fruit-bearing and ornamental plants around arable lands and along roads improves an ecology situation of a locality.

The authors adduce also the statistical data of 2011 over Sughd viloyat (the larget administrative-territorial unit in Tajikistan); she indicates the ways of perfection in reference to a procurement of population with food stuffs.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.