УДК 4Т(075) ББК 81.2 тя72
ТАХСИЛОТИ Хакимова Шоира Исломовна, номзади илмуои филология,
ФОСИЛАВЙ ВА дотсент, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва
УСУЛХОИ ТАХИЯИ адабиёти тоцики МДТ "ДДХ ба номи академик Б.Гафуров "
МАВОДИ ТА ЪЛИМЙ (Тоцикистон, Хуцанд)
ДИСТАНЦИОННОЕ Хакимова Шоира Исломовна, кандидат филологических
ОБУЧЕНИЕ И МЕТОДЫ наук, доцент, заведущая кафедрой методики преподавания
РАЗРАБОТКИ таджикского языка и литературы ГОУ "ХГУ имени
УЧЕБНЫХМАТЕРИАЛОВ академика Б.Гафурова" (Таджикистан, Худжанд)
DISTANCE TUITION AND Hakimova Shoira Islomovna, candidate of philological sciences,
METHODS FOR Associate Professor, head of the department of the Tajik
DEVELOPMENT OF language and its methods of teaching under the SEI «KSU
EDUCATIONAL named after acad. B.Gafurov» (Tajikistan, Khujand)
MATERIALS Е-мail: [email protected]
Вожа^ои калиди: таусилоти фосилави, цомеаи иттилооти, воситауои мултимеди, маводи мултимедии таълим, китобуои электроны
Мацола ба баррасии масъалауои таусилоти фосилави, хусусият ва моуияти он, бартарии он аз низоми анъанавии таълим, роуу усулуои таълими, мавод барои таусилоти фосилави бахшида шудааст. Тазаккур гардидааст, ки таусилоти фосилави як тарзи амалигардонии раванди таълим буда, дар он раванди таълим дар масофа бе иштироки бевоситаи шахсии омузгор ва таълимгиранда тавассути технологияуои муосири иттилооти ва телекоммуникатсиони имконпазир мегардад. Кайд шудааст, ки барои таъмини донишцуёни таусилоти фосилави бо маводи таълим истифодаи густардаи фановариуои нави таълим ногузир аст. Дар мацола роуу усулуои тауияи маводи таълим, аз цабили китобуои электрони, дастурамали электрони, тестуои таълими, маводи мултимедии таълими (матни, садои, навори), фиттауои таълими ва гайра нишон дода шудааст.
Ключевые слова: дистанционное обучение, информационное общество, мультимедиа, мультимедийные учебные материалы, электронные книги
В статье рассматриваются вопросы дистанционного образования и методы разработки учебных материалов для удаленной системы обучения. Описываются сущность и значение дистанционного обучения, его преимущества перед традиционными системами образования, методы обучения и подача учебных материалов участникам дистанционного обучения. Отмечается, что дистанционное обучение является способом реализации процесса обучения, которое становится возможным благодаря прямым информационным и телекоммуникационным технологиям без непосредственного личного участия преподавателей и учащихся. Подчеркивается, что новые технологии необходимы для обучения студентов, находящихся вне учебных аудиторий, и их обеспечения учебным материалом. Предлагаются способы разработки учебных материалов, таких как электронные книги, электронные ученые пособии, учебные тесты, мультимедийные учебные материалы (презентации, текст, звук, видео), учебные диски и многое другое.
Key words: distance tuition, informational society, multimedia, multimedia educational materials, electronic books
The article dwells on the issues concerning distance tuition and methods for development of educational materials for the remote system of education. The essence and significance of the former, its advantages over traditional education systems, teaching methods and the supply of training material for distance tuition participants are described in the article. It is underscored that distance tuition is considered to be as a way of implementation of the educational process in which the latter is made possible thanks to direct informational and tele-communicational technologies without the direct personal involvement of both teachers and students. It is emphasized that new technologies are necessary to provide students with distance tuition with educational materials. Methods are proposed for development of educational materials such as e-books, e-books, educational tests, multimedia educational materials (presentations, text, sound, video), educational discs and much more.
Дар чомеаи иттилоотй талаботи асосй барои сохаи маориф ин дастрасии маводи таълим тавассути низомхои мухобиротй мебошад. Таъмини ин талабот дар мархалаи хозираи рушди чомеа, дар низоми таълими анъанавй имконнопазир аст. Аз ин ру, истифода аз фановарихои нави инноватсионии таълим ба максад мувофик аст. Дар кишвархои Аврупо тахсилоти фосилавй хеле маъмул аст, тибки консепсияи он хама метавонанд ягон раванди таълимро интихоб намуда, дар вакти муайян ва барои худ мувофик ба он шомил шуда, ихтисоси матлуби худ, барнома, курси кутохмуддати таълимиро интихоб намоянд. Тахсилоти фосилавй дар нимаи дуюми асри XIX пайдо шуда, ин низом дар охири солхои 60-уми карни ХХ ташаккул ва ривочу равнак ёфтааст.
Асоси тагйироти сохаи маорифро фановарихои муосир, яъне технологияи мухобиротй ва маводи чандрасонай(мултимедй) ташкил медиханд. Имруз тахсилоти фосилавй фарогири барномахо, маводи чандрасонай ва фановарии мухобиротй мебошад, ки раванди таълим ба тарики бархат(опНпе) ва бурунхат(оШте) сурат гирифта, назорату санчиши донишчуён аз масофа ичро карда мешавад. Вожахои бархат ва бурунхат маънои мушаххасе дар робита ба фановарихои роёнай ва мухобирот доранд. Ба таври куллй бархат нишонгари полати муттасил пайваст ва бурунхат нишондихандаи холати катъ мебошад. Дар низоми таълими фосилавй хар ду воситаи алокаву мубодила ба кор меравад, ки ин ба иштирокчии раванди таълим, хоса ба донишчу хеле муносиб ва мувофик аст.
Телекоммуникатсия, ки аслан ба маънии иртибот аз рохи дур аст, алокаеро фаро мегирад, ки аз тарики воситахои электронй-компютер, модем, телефон, мохвора ва гайра сурат мегирад. Тахкики масъалаи мазкур собит месозад, ки "истифодабарии фановарихои чандрасонай раванди таълимро боз хам самаранок мегардонад. Болоравии шавку хаваси донишчуён, тайёрии эчодкоронаи онхо, эхтиёчоти хосил намудани донишхои нав ва мустакилияти инфиродй ин муваффакияти асосй ва назарраси барнома мебошад. Хднгоми истифодабарии маводи чандрасонай дар раванди дарс тавассути усулхои мухобиравй (интерактивй), сохторй ва аёнияти иттилоот, фаъолнокии амалиёти дарккунии донишчуён ба амал меояд"(2).
Тахсилоти фосилавй асосан имрузхо тарики шабакаи чахонии интернет густариш ёфта истодааст. Имконоти веб-технологияхо хеле фарох буда, захирахои таълимии тамоми чахонро дар худ муттахид мекунад ва ба ин васила таваччухи омузгорони тамоми чахонро чалб сохтааст. Бидуни муболига, интернет чун воситаи алока, фановарии роёнай ва омузиши онро шавковар мегардонад. Тахсилоти фосилавй дар асоси истифодаи пурмахсули фановарихои нави иттилоотй имкони дастрасии маълумоти зарурии чандрасонаиро дар масофахои бехудуд таъмин менамояд. Шакли дастрас намудани маълумот аз истифодаи «экрани хамвори росткунча» вобаста мебошад.
Тавассути истифодаи фановаорихои мухобиротй тахсилоти фосилавй аз усули тахсилоти анъанавй куллан тафовут дорад. Х,ангоми додугирифти маълумот тавассути фановарихои мухобиротии муосир хавфи тахриф ба вучуд меояд. Гум кардан ё тахрифи маълумот, ки ба каналхои алока хос аст, аз тарафи интишоркунанда ва кабулкунанда, хамчунин истифодаи маводи чандрасонай вобастагй дорад. Бинобар он, муваффакияти омузиш, пеш аз хама, ба риояи хусусиятхои муаррифии маълумот хангоми амалисозии тахсилоти фосилавй ва махорати дастрассозй ва кабули маълумот дар доираи алокаи муосир вобаста мебошад.
Аксари кормандони муассисахои таълимй дар бораи тахсилоти фосилавй маълумот ва ё тасаввуроти возех надоранд. Масъулони курсхои фосилавй (бархат) аксар ба тагйироти накши субъектхо ва объектхо, маводи таълимию методй, ба мазмуну сохтори нави таълим кам ахамият медиханд. Дар низоми тахсилоти анъанавй восита ва усулхои самараноки хосил намудани маълумот аник ва дакик буда, дар адабиёти касбй дар бобати моделхои самарбахши хамачонибаи таълимй ва коидахои он дар раванди тахсилоти фосилавй маълумоти кофй мавчуд нест, зеро он дар мархалаи ташаккулёбй карор дорад. Барои татбики тахсилоти фосилавй чизи мухим ин омодасозии омузгорон ва инчунин шунавандагон низ махсуб меёбад.
Алокаи мухобиравй дар тахсилоти фосилавй аксаран барои иштирокчиён гайримукаррарй буда, он самаранокии тахсилро кам мекунад. Аз ин ру барои пешгирии ин холат дар хар як донишгох барои ташкили тахсилоти фосилавй дар доираи интернет ё фановарии мухобиротй бояд корхои зерин ба сомон расонида шаванд:
1. Шинос намудани омузгорон бо роху усулхои самараноки таълим дар тахсилоти фосилавй;
2. Омодасозии омузгорон ва донишчуён ба фаъолияти пурсамар;
3. Бо воситахои нави фановарй таъмин намудани омузгорон.
Омузгорон одатан барои ташкил ва хондани машгулиятх,ои назариявй аз маводи анъанавй истифода мебаранд ва аксар имкони мусоиди аз фановарихои иттилоотй ва чандрасонай истифода бурдан надоранд. Аммо дар хотир бояд дошт, ки дар тахсилоти фосилавй усули манзур намудани дониш аз тарафи омузгорон ва ;абули маълумот аз чониби донишчуён дигаргун аст. Дар низоми тахсилоти фосилавй фиристодани маълумот дар намуди маводи чандрасонай ва барномахои махсус амалй карда мешавад. Хдмчунин усулхои озмоишие таъсис дода шуданд, ки дар ва;ти ба таври шифохй муаррифй кардани мавод донишчу дар як да;и;а то хазор адади стандартй маълумотро дар хотир нигох, дошта, онро коркард карда метавонад. Албатта, ин аз донишчуён раванди таълимии мазкур азми кавй, а;ли даррок, зехди тезро такозо менамояд. Гап дар сари он аст, ки бидуни тасди;и шунавандагон ташкили раванд ва расидан ба ма;сади мушаххас номумкин аст, зеро чузъи эхсосии тахсил бидуни имову ишора ва аз сабаби норасоии ало;аи муста;им заиф мегарадад.Ин боис мегардад, ки бештари иштирокчиёни раванди тахсилоти фосилавй худро аз раванди таълим дар ва;ти истифодаи воситахои ало;аи электронй дур мебинанд.
Ч,ихати мусбати тахсилоти фосилавй дар он мебошад, ки омузгор метавонад донишчуро бо мивдори зиёди маълумот таъмин кунад ва чунин имкони дар тахсили анъанавй во;еан махдуд аст. Шунавандагон ва иштирокчиёни тахсилоти фосилавй (ба истиснои омузгорон) максад, вазифа, манфиат ва аз масъулон интизорихо доранд.
Имруз дар 15 факултети МДТ "ДДХ ба номи академик Б.Гафуров" зиёда аз 1400 нафар донишчу дар ихтисосхои мухталиф бо тахсилоти фосилавй фаро гирифта шудаанд ва бояд дар назар дошт, ки донишгохе, ки таълимро тавассути тахсилоти фосилавй рохдндозй менамояд, барои таъмини маводи таълим ва ичрои корхои зерин вазифадоранд:
1. Китобхои электронй;
2. Дастурамали электронй;
3. Мачмуи маводи таълим (моделхои компютерй, лоихакашихо ва дастгоххои имконияташон васеъ);
4. Мачмуи вазифахо (супоришот);
5. Озмоишгохи амалии электронй;
6. Низоми тестии компютерй ва гайра.
Дворко Н.И. андеша дорад, ки китобхои дарсй, дастурамалхо ва дигар маводи таълимиеро, ки дар асоси фановарии чандрасонай тахияи гаштаанд, метавон ба якчанд гурух чудо намуд (6):
1. Китобхое, ки дар шакли маводи таълимй, матн ва суратхо тахия карда, онхоро дар корсоз (сервер) чойгир намуда, ба воситаи шабака ва роёна ба истифодабарандагон дастрас сохтан имконпазир аст;
2. Китобхои дорои маводи намоишй, ки ба воситаи DVD-ROM ичро мешаванд.
Ин китобхо дар баробари маводи асосй имкон фарохдм меорад, ки ба маводи мухобиравй, тасвирй дастрасй дошта бошанд. Чунин навъи китобх,о инчунин дар доираи тарз ва усулхои татби;и равандхои алохида аз маводи намоишй низ фарохам меоянд. Ба катори чунин мавод китобх,ои бадеиро низ метавонем шомил намоем. Хдчми зиёди хотираи як диски оптикй имкон медихад, ки дар он мивдори зиёди маълумот (энсиклопедиях,о, китобхо, дастурамалхо, рахнамохо ва f.) чойгир карда шаванд;
> низомхои хозиразамони роёнаии омузишй барои гузаронидани корхои таълимию тад;и;отй.
Тавассути имконоти васеи муосир китобхои электроние, ки дорои маводи намоишй мебошанд, санчишхои амалии лабораторй, на;шхои айёнии равандхои санчиши моделхои назариявй ва монанди инх,оро бо воситаи техникаи роёнай тахия карда мешаванд;
> системаи тахсилоти фосилавй дорои маводи баландсифати чандрасонаии таълимй оид ба фанхои ибтидой, илмй, умумисохавй ва махсус мебошад. Дар доираи ин ;исматхо ва дигар маводи таълимй дар тахсилоти фосилавй истифодаи чунин шаклхои чандрасонай имконпазир аст:
• матнй (тахрирй, хачман калон);
• садой (сухан, муси;й, садо)
• наворй (тасвири иштирокчиёни омузиш, слайд бо маълумоти матнй ё графикй, филмхо (пурра ё лахза), чузъхои тасвирй(дар намуди ;ахрамон ё манзара);
• тахияи унсурхои нав аз тарафи худи донишчу.
Истифодаи воситахои чандрасонай барои тахсилоти фосилавй дар алохидагй низ имконнопазир аст, вале хангоми якчоя намудани онхо дарачаи азхудкунй осонтар мешавад. Яъне, ало;аи матн бо тасвирхои графикй имконияти тезтар аз худ намудани маводи
таълимиро фарохам меорад. Хдмин тавр, воситахои чандрасонаии зикршуда дар доираи таусилоти фосилавй ба истифодабаранда имкон медихад, ки маводи таълимиро дар шакли аёнй дастрас намояд. Имкониятхои чунин воситахо дар тахсилоти фосилавй муайян буда, истифодаи ;исмхои он дар раванди тахсил асосан аз хохиш ва ма;садхои пешниходкунандаи маълумот вобаста аст.
Хднгоми воридсозии воситахои чандрасонай дар низоми тахсилоти фосилавй омилхои зеринро бояд ба эътибор гирифт:
- воситауои чандрасонай, ки дар доираи таусилоти фосилавй истифода мешавад, ба истифодабаранда маълумотро ба таври амалй дастрас гардонад ва имконияти онхо дар низоми мавчудаи таусилоти фосилавй фаъолона татби; шуда бошад;
- дар доираи таълими телевизионй ва низоми таълимии радио дар тахсилоти фосилавии муосир ба таври васеъ истифода бурда шавад, зеро садо ва видеонаворхо, фиттахо, барномахои телевизионй дар айни замон дар мактабхои олй хамчун манбаи маълумот ва маводи иловагй истифода бурда мешаванд;
- имкониятхои эчодкоронаи маводи тахсилоти фосилавиро воситаи техникй махдуд намесозад ва он ба дарачаи махорати эчодкорон хам вобастагй дорад, ки ин нукта бояд ба назар гирифта шавад;
- омодагй ба дарсхои тахсилоти фосилавй аз фаъолияти тахсилоти анъанавй ба таври назаррас фар; мекунад, зеро тахсилоти фосилавй дар намуди ало;а ва махсусиятхои технологиаш аз тахсилоти анъанавй тафовут дошта, талабот доир ба ташаккули маводи иловагй ва усулхои тахсил тамоман дигар аст.
Тахияи маводи чандрасонаии таълим ва китобхои электронй бо истифодаи барномахои Snaglt, CamStudio, Wink, BB FlashBack, UVScreenCamera, Crut ва гайра имконпазир аст. Чунин барномахоро метавон ба тарики ройгон ва ё пулакй аз шабакаи интернет дастрас намуд.
^исми асосии ташкили тахсилоти фосилавй ин ташкили курсхои электронй, коркарди асосхои дидактикии тахсилоти фосилавй, омода намудани устодон барои гузаронидани дарсхои фосилавй ба хисоб меравад ва хулоса, таусилоти фосилавй дар замони муосир яке аз рохдои муносиби ба даст овардани маълумот буда, таълим ва рох,у усулуои гуногуни додани дониш дар ин низом аз вобастагони сохд, омузгорон ва донишчуён махорати хоса, дониши мукаммал, тачрибаи бою ганиро такозо менамояд.
ПАЙНАВИШТ:
1. Абдуллаева, М.А. Тахияи видеомаводхои таълимй ва хифзи он аз нусхабардорй Маводи конфронси илмй-амалии чумхуриявии "Сифати таълим дар мактабхои олии Ч,умхурии Точикистон" бахшида ба 25-солагии Исти;лолияти Ч,умхурии Точикистон / М.А. Абдуллаева, Д. Мадиёров, Б.Т. Хучам;улов. - Хучанд, 2016.-С.341-343.
2. Дворко, Н.И. Дистанционное обучение: учебное пособие. / Н.И. Дворко В.Ф. Познин, И.Р.Кузнецов, А.Е. Каурых.- СПб: СПбГУП, 2005. — 313 стр.
3. Преподавание в сети Интернет:учебное пособие /Отв. редактор В.И.Солдаткин.- М.: Высшая школа, 2003.-792 с.
4. Х,акимова,Ш.И.Асосх,ои назариявию методии равандх,ои инноватсионй дар таълим/Ш.ИДакимова//Номаи донишгох. Силсилаи илмх,ои гуманитарй ва чомеашиносй.-2016.-№2 (47).-С. 241-245.
REFERENCES:
1. Abdullaeva, M.A. Materials of scientific-practical republican conference on the topic of "High Qualification of Education in the Universities of Tajikistan Republic" devoted to the 25-th anniversary of Tajikistan Republic Independence / M.A.Abdullaeva, D. Madiyorov, B.T. Kujamkulov.- Preparation of Multimedia Educational Materials and its Safeness from Copywriting. - Khujand, 2016. - P. 341 - 343.
2. Dvorko, N.I. Distance Tuition / N.I. Dvorko, V.F.Poznin, I.R.Kuznetsov, A.E. Kaurykh A.E. // Manual. - SPb: SPbGUP, 2005. - 313 p.
3. Teaching on the Internet: manual / Editor-in-charge: V.I.Soldatkin. - M.: Higher School, 2003. -792 p.
4. Hakimova,Sh.I.Theoretical-Methodical Grounds of Innovative Processes in Education /Scientifc Notes. Series of Humanity and Social sciences.- 2016.-№2 (47).-Р.241-245.