Научная статья на тему 'CHINGHIZ AYTMATOV AS SEEN BY TAJIK WRITERS AND RESEARCHERS IN THE JOURNAL "SADOI SHARQ"'

CHINGHIZ AYTMATOV AS SEEN BY TAJIK WRITERS AND RESEARCHERS IN THE JOURNAL "SADOI SHARQ" Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
46
13
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
РОМАН / ПОВЕСТЬ / ИССЛЕДОВАНИЕ / ЖИЗНЬ И ЛИТЕРАТУРНАЯ ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Хасанова Бунафша Насриддиновна

Вопросы стиля, своеобразие формы произведений, а также жизнь и творческая деятельность известного киргизского писателя Чингиза Айтматова, всегда были и остаются в центре внимания таджикского литературоведения. Таджикскими литературоведами и журналистами было опубликовано много научных и публицистических статей, воспоминаний, которые указывают на значительную роль киргизского писателя в художественной мысли таджиков. Статья содержит анализ критических исследований таджикских учёных, писателей и журналистов, посвящённых творчеству Чингиза Айтматова. Новизна излагаемых сведений состоит в том, что автором собраны все материалы о Чингизе Айтматове, выходившие на таджикском языке начиная с 60-х годов ХХ столетия и до настоящего времени. Внимание таджикских критиков и учёных привлекали мастерство и писательский талант Айтматова. Фундаментальные научные статьи были посвящены повестям “Джамиля”, “Белый пароход” и роману “Буранный полустанок”.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ЧИНГИЗ АЙТМАТОВ ГЛАЗАМИ ТАДЖИКСКИХ ПИСАТЕЛЕЙ И ИССЛЕДОВАТЕЛЕЙ В ЖУРНАЛЕ "САДОИ ШАРК"

The issues of style, peculiarity of the form of literary production, life and literary activity of the renowned Kyrgyz writer Chinghiz Aytmatov always were and remain in the focus of attention of the Tajik Literary criticism. Tajik literary crities and journalists published a lot of scientific and publicistic articles and reminiscences which testify to the considerable role of the Kyrgyz writer in imaginative ideas of Tajiks. The article contains the analysis of critical researches of Tajik scholars, writers and journalists devoted to the creation of Chinghiz Aytmatov. The novelty of the data presented lies in the fact that the author collected all the materials about Chinghiz Aytmatov published in Tajik since the 60-ies of the XX-th century up to nowadays. The attention of Tajik critics and scientists is drawn with the mastership and literary talent of Aytmatov. Fundamental scientific articles dwell on the narratives “Djamilya”, “The White Ship” and the novel “And Last a Day more than an Age”.

Текст научной работы на тему «CHINGHIZ AYTMATOV AS SEEN BY TAJIK WRITERS AND RESEARCHERS IN THE JOURNAL "SADOI SHARQ"»

некоторые вопросы, связанные с тематической классификацией рассказов, автор распределил рассказы по их тематике и родам на группы и подгруппы.

Ключевые слова: рассказ, род, тема, классификация, рассказы, шутка, легенда, миф.

ON THE THEMATIC CLASSIFICATION OF THE STORIES IN PERSIAN LITERATURE

Studying and analyzing the small literary genres are nowadays paid great attention in Tajik literary studies. This article considers some problems relating to the thematic classification of the short stories, and the author divided the stories according to their thematic and types features into the classes and subclasses.

Keywords: story, type, theme, classification, stories, joke, legend, myth.

Сведения об авторе: Турсунов Голиб Абдусобирович, соискатель кафедры таджикского языка и литературы Таджикского государственного института языков имени С. Улугзода, email: dilkhasta@mail.ru

About author: Tursunov Gholib, researcher of the chair of Tajik language and literature, Tajik State Institute of Languages named after S. Ulugzoda

ЧИНГИЗ АЙТМАТОВ АЗ НИГО^И АДИБОН ВА МУ^АКЦИЦОНИ ТО^ИК ДАР МАЧДЛЛАИ «САДОИ ШАРЦ»

^асанова Б. Н.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни

Дар адабиётшиносии точик муаррифй, тахлил ва тафсиру тарчумаи осори нависандаи машхури киргиз Чингиз Айтматов аз нимаи аввали солхои 60-уми асри ХХ шуруъ гардида, дар мачаллаи «Садои Шарк» маколахои илмй, публисистй, ёддоштхо ва гузоришоти мухтасар аз чониби рузноманигорону нависандагон, адабиётшиносону мухаккикон ва олимон аз чоп баромаданд. Баъд аз нашри киссаи "Чдмила" перомуни муаррифии шахсияти адабй, шинохти асархои бадей ва публисистии Чингиз Айтматов дар адабиётшиносии точик андешахои кобили таваччух баён шудаанд, ки баъзе аз онхо дар шинохти масоили мазкур хукми мукаддимотиро доранд.

Аввалин маколаи дар мачаллаи «Садои Шарк» нашршуда "Таронаи ишк, киссаи хаёт"-и Т. Абдучабборов ва Б. Валихучаев мебошад, ки апрели соли 1961 нашр шуд. Дар макола сухан аз таркиби бадей ва композитсионии киссаи "Чдмила" рафта, дар адабиётшиносии точик аввалин бор накди илмии осори нависандаро дар бар гирифтааст. Дар маколаи мазкур муаллифон рочеъ ба махбубият ва шухрати кисса андешахои хешро иброз намуда чунин менависанд: "Дуруст аст, ки ин вокеахо бори аввал дар асари муаллифи чавон инъикос наёфтааст. Дар ин бора бисёр романхо, повестхо, достонхо навишта шудаанд. Аммо Айтматов ба халли ин мавзуъ ба тарзи нав, ба тарзи дигар муносибат намудааст. Масъала дар он аст, ки муаллиф мухаббати оличаноби ду чавони дар шароити чамъияти сотсиалистй тарбияёфтаро ба тарзи тасвири лироэпикй аз санги махаки хаёт гузаронида инъикос менамояд" [2, с. 56].

Дар мачаллаи «Садои Шарк» июни соли 1963, №4 бо эхтимоми А. Кодиров маколаи "Рохи эчодиёти нависанда" нашр мегардад. Нигоранда доир ба сарчашма, омилхо ва сабабхои нигошта шудани киссаи "Чдмила" акидахои бисёр чолиберо иброз намудааст. Бояд гуфт, ки диккати рузафзуни хонандаи точик ба шахсияту хайсияти адабии носири киргиз руз аз руз зиёд гашта, онхо аз пахлухои хаёти шахсию адабии вай маълумоти бештару дакиктареро донистан мехостанд ва омили асосии нигошта шудани ин макола низ хамин будааст. Дар ин макола А. Кодиров оид ба даврони кудакию наврасй ва рузгори Чингиз Айтматов дар шароити сахти чанг маълумот дода, рочеъ ба хонаводаи нависанда низ баъзе ишорахо дорад. Добили зикр аст, ки дар ин навишта баъзе ихтилофу иштибохот мушохида мешавад. Аз чумла, А. Кодиров дар маколааш чунин навиштааст: "Вай акнун сардори оила шуда буд. Бокй се бародари дигар ва хохараш аз вай хам хурдсолтар буданд" [9, с. 34].

Чунонки аз соири сарчашмахо ва ёддоштхои худи адиб огохй дорем, Чингиз Айтматов як бародар бо исми Илгиз ва ду хохар яке бо номи Лютсия (Лютсия бо бародараш Рево дугоник ба дунё меояд, аммо Рево факат шаш мох умр дида

фавтидааст) ва дигаре бо номи Розетта доштааст, на се бародар. Аммо матлаби мухиме, ки аз ин иттилоъ ба даст меорем, ин аст, ки хакикатан хам адиб нахустфарзанди оила махсуб ёфта, бародар ва хохаронаш аз у хурдсоланд.

Маколаи дигар доир ба киссаи "Чдмила" аз чониби адабиётшиноси шинохтаи точик Сохиб Табаров тахти унвони "Киссаи мусаввир" дар мачаллаи «Садои Шарк» соли 1970, № 5 тасниф мегардад. Сохиб Табаров дар бораи мазмун ва мавзуи асар изгори назар намуда, аз чумла чунин менигорад: "Нависанда ба воситаи киссаи "Чдмила" тафаккур, фахмиш, эхсосоти хонандаро бедор мекунад, ба у чигунагии зебоии зиндагии инсониро дар симои Чдмила ва мухаббати поки вай нишон медихад. У бо ин гуфтанй мешавад, ки на танхо чакону зиндагй дигар гаштааст ва муносибати занони саодатманди Шарки Советй, аз чумла занони киргиз, ба хаёт ба куллй тагйир ёфтааст, балки хаётдустии онхо шаклу мазмуни нав пайдо кардааст" [15, с. 19].

Дар идома Сохиб Табаров хусну кубхи тарчумаи точикии киссаро баён намуда, ахамияти онро дар афкори бадеии эстетикии точик таъкид кардааст, ки яке аз нахустин кори мунаккидона перомуни накду баррасии тарчумаи киссаи "Чдмила" махсуб меёбад. Сохиб Табаров назари мунаккидонаи хешро нисбати тарчумаи кисса ба забони точикй ва мутарчими он Ф. Мухаммадиев ичро намуда, оид ба тарчумаи асар менависад: "Тарчимаи "Чдмила" аз бисёр асархои бадеии тарчимашудаи солхои охир ба куллй фарк мекунад, чунки Фазлиддин Мухдммадиев, ки худаш нависандаи сохибзавк мебошад, ба аксарияти хусусият ва нозукихои асари бадей ва конунхои эчодию тарчима сарфахм рафта, онхоро дар матни точикии асар нигох дошта тавонистааст" [15, с. 56]. Ба андешаи донишманд, тарчумаи асар дорои комёбй ва камбудихо буда, дар кул мутарчим муваффак гардидааст, ки хусусиятхои миллии асарро нигох дорад.

Боиси тазаккур аст, ки оид ба фаъолияти эчодй ва тафсири шахсияти носири киргиз дар адабиётшиносии точик айни замон микдоре аз таткикотхо анчом пазируфтаанд, аммо дар бораи масъалаи тарчумаи осори нависанда ба забони точикй корхои хеле кам сомон ёфтаанд. Дар ин самт корхои шоёни таваччух маколаи мазкури Сохиб Табаров ва такризи «Окибати сахлангорй»-и Абдурахмон Абдуманнонов аст, ки дар асоси мактуби ирсол намудаи яке аз хонандагон ба мачаллаи «Садои Шарк», ки соли 1985, № 6 нигошта мешавад.

Тарчумаи киссаи "Киштии сафед", ки ба точикй ба калами нависанда Сорбон тааллук дорад, натавонистааст хонандаи хушсаликаро конеъ кунад ва муаллифи такриз тарчумаи асарро накд намуда, аз чумла таъкид кардааст, ки: "Дар тарчума тахрифи мазмуни калимаву чумлахо, галат истифода бурдани калимаву таъбирот, чумлаву иборахои аз лихози сохт вайрон ба таври фаровон ба назар мерасанд" [3, с. 76].

Дар такризи мазкур Абдурахмон Абдуманнонов матлаби чолиберо оид ба масъалаи тарчумаи асархои Чингиз Айтматов ба забони точикй зикр намудааст: «...тадкики сифати тарчумахои точикии осори Чингиз Айтматов ки аз чониби мархум Хабиб Ахрор (повестхои "Нахустин устод", "Чашми шутур", "Нихолаки руймолсурхаки ман", "Рубарушавй"), Фазлиддин Мухаммадиев (повестхои "Чдмила", "Ал-видоъ, Гулсара!" ва романи "Дурохаи Буронй"), Сорбон (повести "Киштии сафед"), Т. Ботиркулов ва Б. Муртазоев (повести "Рохи кахкашон") анчом пазируфтаанд, як кисми таркибии тадкики протссеси инкишофи насри имрузаи точик низ мебошад. Ин корест, ки вакту имконияти муносибро такозо дорад ва агар амалй шавад, хам барои бехбудии ташкилу танзими кори тарчума ва хам барои баланд бардоштани сифати он ахамияти калон касб хохад кард» [3, с. 78].

Зимнан, дар сиёсати хукумати шурой анъанае вучуд дошт, ки рузхои маданияти давлатхои аъзои ин понздахгона дар чумхурихои якдигар баргузор мегардид, ки ин анъана то кунун роич аст. Бахшида ба чунин санахо, ки хусусияти таквимй доранд, китобхо ва маколахои зиёде таълиф гардидаанд. Салимшо Д. дар арафаи Рузхои маданияти РСС Киргизистон дар Точикистон, соли 1976 мачаллаи «Садои Шарк» мусохибаи "Мархабо, муштоки дидорем"-ро нашр менамояд. Рузноманигор бо устод Мирзо Турсунзода ва Чингиз Айтматов хамсухбат гардидааст. Маколаи мазкур аз муаррифй намудани ин ду шахсияти шинохта, макому мансаб ва мукофотхои онхо шуруъ гардидааст, ки барои шинохти шахсияти адабии Мирзо Турсунзода ва Чингиз Айтматов метавон онро ба хайси як маъхази вокеан дакик пазируфт.

Дар соли 1977 бошад, Рузхои маданияти точик дар Киргизистон баргузор мегардад. Нависандаи маъруфи точик Фазлиддин Мухаммадиев баъд аз ин чорабинй таассуроти хешро дар мачаллаи "Садои Шарк" тахти унвони "Нориниёнем мо, кайдхои

сафар" нашр менамояд, ки дар он кисматеро ба нависанда Чингиз Айтматов бо исми "Чингизи мо" аз чоп бароварданд. Нависанда дар макола оид ба таърихи тарчумаи киссаи "Чдмила" далели мухимеро меорад: "...Инак, дар андеша будам, ки ба воситаи телевизион чй мегуям. Муъмин Каноат ба имдодам расид ва гуфт, ки повестхои Чингиз Айтматовро ба точикй ту тарчума кардай ва забони точикй баъди забони русй дувумин забонест, ки повести машхури "Чдмила" нашр шудааст" [11, с. 56].

Дамчунин, дар ин макола таваччухи моро тавсифе, ки устод Мирзо Турсунзода дар баёни макоми Чингиз Айтматов карда будааст, ба худ чалб намуд ва овардани онро ин чо ба маврид мешуморем: "Лашкаркаши мугул Темурчини Чингизхон нисфи оламро гирифт. Бо зарби шамшер гирифту ба харобазор, макони зогу бум мубаддал кард. Ба хар кишваре мерафт пешопеши кушуни хунхораш лашкари тарсу вахм, гаму андух ва мусибат мешитобид. Ва номи у дар таърих Чингизи золим, Чингизи хунхор сабт гардид. Хушбахтона, хамзамони мо Чингизи дигар аст, ки нисфи олам не, балки калби китобхонхои хамаи оламро фатх кардааст. Ин Чингиз Айтматов, нависандаи номии киргиз аст. Вай хам чахондида ва чахонгашта аст. Лекин ба хар диёре ки сафар накунад, пешопеши вай лашкари сулхофарини китобхояш, филмхояш, киссахои дилнишинаш оид ба мехру мухаббат, дустию садокат ва сулху амонй мешитобанд. Чингизи фируз, Чингизи фотех, махз хамин дусти хамкалами мо - Чингиз Айтматови киргиз аст" [11, с. 87].

Дар адабиётшиносии точик аз ин тавсифи бехтаре наметавон дар макоми адабй ва нависандагии Чингиз Айтматов пайдо намуд.

Каблан ишора шуд, ки маколахои оид ба шахсияту осори адиб аксаран хислати таквимй доштанд. Муаллифон бештар дар асоси санахои таърихй: солномахои зодрузи адиб, дахахои адабиёт, сохиби чоиза гардидани асархо ё худи нависанда ва гайра такя намуда, хунар, ва тавоноии адибро нишон доданд . Дар соли 1978 Чингиз Айтматов 50-сола мешавад. Бахшида ба ин сана дар мачаллаи «Садои Шарк» маколахои гуногун нашр мегардад. Маъмулан, диккати муаллифонро чанбаи бадей дар эчоди асархои адиб чалб намуда, дар бисёр маврид онхо аз ин боб мушохидахои хешро баён намудаанд. Аз ин лихоз, аксари маколахо, ки ба муносибати санахои таърихист, арзиши хунарй ва бадеии осори адибро баррасй намудаанд, аз чумла Р. Кудрат "Шахбози адабиёт" , мусохибаи F. Дотамов бо нависанда "Чингиз Айтматов: Пешаи ман - хакикатнигорй", Б. Абдурахмонов "Суруди зиндагй", А. Рашидов "Рамзи зебой" ва гайра. Вобаста ба иктидори хунари адиб нуктахои чолибро, ки аз чониби Асил Рашидов дар маколаи пажухишии "Рамзи зебой" баён шудааст, яке аз дакиктарин тадкикот нисбат ба маколахои дигар метавон шуморид. Асил Рашидов масоили таркиби бадеии киссаи "Киштии сафед"-и Чингиз Айтматовро ба миён гузошта, кушиш ба харч додааст, ки тахлили илмй ва мухаккиконаро ба сомон расонад. Тафсири масъаларо то мавриди дигар мавкуф гузошта, алхол ба хамин кадар иктифо мекунем, ки муаллиф тавонистааст, ба асархои оламшумули Чингиз Айтматов бахои сазовор бидихад.

Ба назари мо, дар миёни дигар тадкикотхое, ки аз чониби мунаккидони точик анчом пазируфтаанд, дар баёни шархи хол ва тахлили таълифоти Чингиз Айтматов корхои зиёд аз чониби олими шинохта Акбар Турсун анчом пазируфтааст. Фазилати нависандагии Чингиз Айтматовро Акбар Турсун на танхо чун як мунаккид бахо додааст, хамчунин аз дидгохи як дуст, ки ин пайванд миёни онхо солхои зиёд вучуд доштааст, баён намудааст. Дар як катор мачаллахои "Садои Шарк" аз муносибати дустона ва назари мунаккидонаи худ гуфтор ва навиштахои хешро ба сурати маколлахои ёддоштй, публисистй, илмй ва очерку мусохибахо тасниф намудааст, ки дар шинохти чехраи адабии Чингиз Айтматов ва осори у манбаи арзишманде ба шумор мераванд. Аз чумла, очерки силсилавии "Гурози хафтчуш", маколахои "Насри муосир" ва "Нигорандаи баландахтар" ва гайра, ки дар мачаллаи «Садои Шарк» соли 1980 аз чоп баромаданд.

Акбар Турсун дар офаридани кахрамони чадиду типи нав дар адабиёти муосир бартариро ба Чингиз Айтматов додааст: "Чунон ки ишора рафт, дар майдони адабиёти солхои хафтод кахрамонхои типи нав арзи вучуд карданд, ки сохибназару сохибтараддуданд. Аммо ягонтои онон мисли Едигеи Ч. Айтматов дар масъалахое, ки мавриди андеша ё баррасии эшон карор гирифтаанд, ин кадар амик нарафтааст; гап дар сари масъалаи мавриди бахс ё доираи мавзуъ не, балки дар вусъати тафаккуру тааммуки кахрамон ва дар тарзу тарики проблемагузории уст» [16, с. 98].

Дар мачаллаи " Садои Шарк " июли соли 1982, № 8 такриз ба романи "Дурохаи Буронй" тахти унвони "Силсилаи хотирот" аз чониби файласуф Мухаммадкул Дазраткулов чоп мешавад. Такризи Мухаммадкул Дазраткулов шиносномаи мухтасарест дар бораи романи аввалини Чингиз Айтматов. Дар такризи мазкур муаллиф оид ба услуби истифодабарии носир аз ривояту устурахои халкй дар кулли асархояш, махсусан дар ин роман сухан рондааст: "Нависанда достонхои халкиро барои зинда тасаввур намудани гояхои хаёти ичтимой ва ганй гардонидани чахони ботинии кахрамонони асар мохирона истифода намудааст" [12, с. 107]. М. Дазраткулов аз ин асар махз нуктахоеро бозгу ва ташрех кардааст, ки барои дар замири мардуми точик пайдо намудани худшиносии миллй, худогохй, шинохти асли хеш, гиромидошти анъанот ва расму оини миллй судманд буданд. Зохиран, махз унвон гузоштани такриз "Силсилаи хотирот" дар ду сабаб аст: пайдарпайии андешахои Едигей ва хотироти инсонхо, ки дар ин самт унвони такриз бо таркиби асар хамкофия мешавад. Ба хар хол такризи М. Дазраткулов дар рохи шиносонидан ва тафсири фалсафию илмии романи "Дурохаи Буронй"-и Чингиз Айтматов кадами мухим буд.

Дар мачаллаи "Садои Шарк", №9, соли 1987 аз чониби С. Абдулло ва М. Хочаева маколаи "Набарди инсону табиат" нашр мешавад, ки муаллифон назари хешро оид ба романи дувумини адиб "Зеркунда" ("Плаха") баён намудаанд. Дар макола муллифон оид ба кашфиётхои нависанда, ки дар хар як асари чадидаш хатман дида мешавад, чунин гуфтаанд: "Дар як асари тозаи Чингиз Айтматов аз ягон чихат ибтикоре доштааст ва у имруз, бешак аз он хунармандони нодирест, ки равиши умумии насри муосиро муайян мекунанд ва бо як катор кашфиётхои бадеии худ, аз чумла Модаргизол - аз киссаи "Киштии сафед", Манкурт - аз романи "Дурохаи буронй", кудак аз "Саги алое, ки дар гирди бахр медавад" ва нихоят Модагург Акбара - аз "Зеркунда" дар катори бузургтарин нависандагони аср чой гирифт» [1, с. 101].

Соли 1988-и садаи бистро метавон давраи нави тахкику тарчумаи осор ва шинохти адиб дар Точикистон хисобид. Ба ифтихори 60-умин солгарди Чингиз Айтматов маколахо ва тарчумаи асархои адиб шуруъ ба нашр намуданд. Дарчанд маводи дар ин давра ба чоп расида, бештар хислати таквимй доштанд, аммо мохиятан аз якдигар фарк мекарданд. Ин тамоили мусбат барои шинохти осори Чингиз Айтматов шароите фарохам овард, то тахкиква тарчумаи асархои адиб умку вусъати бештар пайдо намояд. Аз чумла маколахои зерин: М. Хочаева "Ч,умлаи олам дар у гунчидааст", Ф. Косимов ва Р. Абдурахмон "Таассурот ва мулохизахо", А. Турсун "Нависандаи бузурги замон", Ю. Акобиров "Адиби мумтоз" ва гайра дар мачаллаи «Садои Шарк» нашр мегарданд. Осори безаволи Чингиз Айтматов таваччухи адабиётшиносон, адибон ва мутарчимони точикро баъд аз сохибистиклол гардидани Ч,умхурии Точикистон низ чалб намуда, дар ин зимина маколахо нашр гардида истодаанд. Ато Дамдам ва Истад Косимзода аз осори адиб на танхо кори тарчумониро анчом додаанд, балки хаёт ва фаъолияти нависандаро низ тахкик намудаанд. Дар мачаллаи "Садои Шарк" соли 2004 бахшида ба Рузхои фарханги Киргизистон дар Точикистон ва 75-солагии адиб маколаи онхо тахти унвони "Чингиз-бахр" аз нашр мебарояд. Ин макола хислати ёддоштй дошта, тадкикоте махсуб меёбад, ки дар он доир ба шахсияти инсонии нависандагии Чингиз Айтматов сухан меравад.

Кобили зикр аст, ки Чингиз Айтматов 10-уми июни соли 2008 дар синни 79-солагй аз олам чашм мепушад. Оид ба ин санаи таърихй дар матбуоти даврии точик маколахои сугворй аз чумла маколахои Рустами Ваххоб "Вичдони бедори карн" ва "Чингиз Айтматов даргузашт", изхори хамдардии Раёсати Иттифоки нависандагони Точикистон: "Сугворй. Чингиз Айтматов", Гулрухсор Сафиева "Чингиз Айтматов-шохпуле байни Осиё ва Урупо", М. Юсуфй "Чингиз тасхиргари дилхо", ва дигар маколахо дар мачаллаи «Садои Шарк» аз нашр мебароянд.

Мунаккид ва адабиётшинос, шодравон Давронов А. У. дар бораи осори Айтматов корхои шоёне анчом додааст. У киссаи "Ч,амила"-ро мавриди накди хеш карор дода, маколаи "Дар бораи банду басти повести "Ч,амила"-ро менигорад, ки бо ин макола соли 2009 дар хамоиши байналмилалии «Айтматов ва нависанда», ки дар ватани адиб баргузор гардида буд, суханронй менамояд. Ин маколаи дар мачмуаи ин хамоиш нашр мешавад. Услуби хоси адиб, ки дар рафти накли вокеоти кисса аз ровй, наврас - Саид истифода бурдааст - диккати мунаккидро ба худ чалб кардааст.

Дар асоси тахлил ва баррасие, ки перомуни мавзуи мавриди назар анчом додем, метавон чунин натича гирифт, ки шахсияти Чингиз Айтматов ва мавкеи у дар афкори

адабии точик макоми махсус дорад. Осори пурмухтавои адиб ба тарзи кофй мавриди таджик ва накду баррасии олимони точик карор гирифта, таваччухи мунаккидону донишмандонро бештар хунар ва тавони нависандагии адиб чалб намудааст. Бояд тазаккур дод, ки маколахои фавк ба истиснои чанд маврид, ки дар мачмуаи маколахо ва ё китоби адабиётшиносон чой дода шудаанд, бештар дар рузномаю мачаллахо ба табъ расидаанд ва мо низ аз онхо истифодаи фаровон намудем, ки хамин вижагй ба маколаи мо хислати мукаддимавй, фехрестй ва гузоришотиро додааст.

Боиси зикр аст, ки маколахои мукаммали илмие, ки асархои адибро баррасй ва тахлил намудаанд, аксар перомуни киссаи "Чдмила", "Киштии сафед" ва романи "Дурохаи Буронй" буда, доир ба дигар китобхои адиб муаллифон гузориши ахборй баён намудаанд, ё дар шакли мухтасар назари хешро ироа кардаанд, ки дар шинохти комили масъала хукми мукаддимотиро доранд.

Адабиёт:

1. Абдулло С., Хочаева М. Набарди инсону табиат. //Садои Шарк, №9, 1987. - С. 110-117.

2. Абдучабборов Т., Валихучаев Б. Таронаи ишк, киссаи хаёт // Садои Шарк, №3, 1961.

3. Абдуманнонов, А. Окибати сахлангорй. //Садои Шарк, №6.- 1985.

4. Абдурахмонов Б. Суруди зиндагй. (Ба муносибати 50-солагии зодрузи адиб) // Садои Шарк,1978.- № 5.

5. Айтматов Ч. Ч,амила: Повест, аз русй тарчумаи Ф. Мухаммадиев. - Сталинобод: Нашриёти давлатии Точикистон, 1961.

6. Асил Р. Рамзи зебой // Садои Шарк, 1978. - № 3.

7. Бакозода Асари сазовори аср (Ч. Айтматов сазовори мукофоти Ленини). // Садои Шарк, 1963. - № 4.

8. Боконбоев С. Киштии сафед // Садои Шарк , № 6, 1976.

9. ^одиров А. Рохи эчодиёти нависанда // Садои Шарк, № 2, 1963.

10. ^удрат, Р. Шахбози адабиёт // Садои Шарк, № 12, 1978.

11. Мухаммадиев Ф. Нориниёнем мо. Чингизи мо // Садои Шарк, №4.

12. Дазраткулов М. Силсилаи хотирот // Садои Шарк, № 6, 1982.

13. Дотамов F. Мусохиба бо нависанда Чингиз Айтматов: Пешаи ман -рузноманигорй // Садои Шарк, 1978. - № 3.

14. Саломов F. Рухи ту бар у хаёт аст // Садои Шарк, № 4, 1972.

15. Табаров С. Даёт, адабиёт, реализм. Китоби чорум. Душанбе: Ирфон, 1984.

16. Турсун А. Насри муосир //Садои Шарк, №11, 1982. - С. 94.

17. Турсун А. Нигорандаи баландахтар //Садои Шарк, № 4, 1983.

ЧИНГИЗ АЙТМАТОВ ГЛАЗАМИ ТАДЖИКСКИХ ПИСАТЕЛЕЙ И ИССЛЕДОВАТЕЛЕЙ В

ЖУРНАЛЕ «САДОИ ШАРК»

Вопросы стиля, своеобразие формы произведений, а также жизнь и творческая деятельность известного киргизского писателя Чингиза Айтматова, всегда были и остаются в центре внимания таджикского литературоведения. Таджикскими литературоведами и журналистами было опубликовано много научных и публицистических статей, воспоминаний, которые указывают на значительную роль киргизского писателя в художественной мысли таджиков. Статья содержит анализ критических исследований таджикских учёных, писателей и журналистов, посвящённых творчеству Чингиза Айтматова. Новизна излагаемых сведений состоит в том, что автором собраны все материалы о Чингизе Айтматове, выходившие на таджикском языке начиная с 60-х годов ХХ столетия и до настоящего времени. Внимание таджикских критиков и учёных привлекали мастерство и писательский талант Айтматова. Фундаментальные научные статьи были посвящены повестям "Джамиля", "Белый пароход" и роману "Буранный полустанок".

Ключевые слова: Чингиз Айтматов, повесть, роман, исследование, жизнь и литературная деятельность, художественные произведения.

CHINGHIZ AYTMATOV AS SEEN BY TAJIK WRITERS AND RESEARCHERS IN THE

JOURNAL "SADOI SHARQ"

The issues of style, peculiarity of the form of literary production, life and literary activity of the renowned Kyrgyz writer Chinghiz Aytmatov always were and remain in the focus of attention of the Tajik Literary criticism. Tajik literary crities and journalists published a lot of scientific and publicistic articles and reminiscences which testify to the considerable role of the Kyrgyz writer in imaginative

ideas of Tajiks. The article contains the analysis of critical researches of Tajik scholars, writers and journalists devoted to the creation of Chinghiz Aytmatov. The novelty of the data presented lies in the fact that the author collected all the materials about Chinghiz Aytmatov published in Tajik since the 60-ies of the XX-th century up to nowadays. The attention of Tajik critics and scientists is drawn with the mastership and literary talent of Aytmatov. Fundamental scientific articles dwell on the narratives "Djamilya", "The White Ship" and the novel "And Last a Day more than an Age".

Keywords: Chinghiz Aytmatov, narrative, novel, research, life and literary activity, literary productions.

Сведения об авторе: Хасанова Бунафша Насриддиновна, аспирант кафедры теории и истории таджикской литературы Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, e-mail: bunafshd85@mail.ru

About author: Hasanova Bunafsha, post-graduate student of the chair of theory and history of Tajik literature, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini

ТАДЛИЛИ МУЦОИСАВИИ ЦИССАИ ХОБИ ЮСУФ ПАЁМБАР ДАР ИН^ИЛ, ЦУРЪОН ВА ДОСТОНИ «ЮСУФ ВА ЗУЛАЙХО»-И АБДУРАДМОНИ ^ОМИ

Ширинова Б. Б.

Донишкадаи давлатии забонуои Тоцикистон ба номи С. Айни

Абдурахмони Ч,омй дар таърихи фарханги ориёнажодон яке аз адибони хеле сермахсул махсуб мешавад. У шоир ва мутафаккири бузургест, ки хамаи эчодиёти худ, аз чумла достони «Юсуф ва Зулайхо»-ро ба васфи инсони комил ва ба манфиати мардум бахшида, инсонпарвариву маърифат ва дустиро таргиб намудааст. Бинобар ин табиист, ки осори у дар тули асрхо аксари кишвархои Машрику Магрибро тасхир карда, дар дили мардуми олам маскан гирифтааст. Дар мамлакатхои Шарк бошад, алалхусус дар Точикистон, Эрон, Афгонистон, Диндустон ва Покистон махбубияти Абдурахмони Ч,омй ва эчодиёти манзуму мансури у беандоза бузург аст. Дар пайравии Ч,омй намояндагони бузурги адабиёти узбек, озар, туркман. пашту, урду, турк, казок, курд, Панчобу Кашмир ва гайра, аз кабили Навой, Фузулй, Таймурози I, Хатток, Огохй, Мукимй, Махтумкулй, Абай, Мухаммад Икбол, Халилулохи Халилй ва дигарон асархо эчод карда, анъанахои уро дар адабиёти халки худ идома додаанд. Дамчунин осори Ч,омй то имруз чандин бор бо забонхои Шарку Рарб тарчума шудааст, ки дар байни онхо тарчумахои «Чих,ил хадис» ва «Нафа^от-ул-унс» ба забони узбекй аз чониби шогирдаш Навой аз зумраи аввалинх,о мебошанд.

Дар байни осори таълифкарда ва тарчумашудаи Мавлоно Абдурах,мони ^омй достони «Юсуф ва Зулайхо» чойгохи махсусе дорад. Мувофики ахбороти сарчашмахо, киссаи Юсуфу Зулайхоро аввалин бор Абулмуайяди Балхй ва пас аз он Бахтиёр ном шоир ба риштаи назм кашидаанд. Аммо ин манзумахо, мутаассифона, то замони мо нарасидаанд. Аз нахустин шоироне, ки киссаи Юсуфу Зулайхоро комилан ба риштаи назм кашида, ба шакли достони пурраи хамосй даровардаанд, Абулкосим Фирдавсй мебошад.

Дамчунин ба мо дастнависи хеле кадимаи бо наср навишташуда дар мавзуи ишки Юсуфу Зулайхо дастрас аст, ки нусхаи ягонаи он дар Лондон мавчуд буда, ба Вазорати корхои хоричии Диндустон тааллук дорад. Муаллифии ин дастхатро баъзе мухаккикон ба шайх Абдуллохи Ансорй (1006-1088) нисбат медиханд. Вале, чунонки Е.Э.Бертелс таъкид доштааст, ин нисбатдихй аз хакикат каме дур аст [2, c. 167].

Чунонки маълум аст, киссаи Юсуф ва Зулайхо монанди хикояти Лайлй ва Мачнун диккати шоирони зиёдеро ба худ чалб кардааст. Дар ин бора шоирони зиёди форсу точик, аз чумла Масъуди Диротй, Шохини Шерозй ва дигарон манзумахо навиштаанд. Ва пушида нест, ки дар ин зимн хар шоире аз намояндагони даврони мухталиф, бешак, ба ашъори салафони худ назар доштааст ва яке аз заминахои ашъори у хамоно осори бузургони пешин будааст.

Чунин достонхои шавкангези ду дилдода дар асри XV диккати шоири бузург Абдуррахмони Ч,омиро низ ба худ мекашанд ва у дар соли 888 хичрй (мутобик ба соли 1483 мелодй) «Юсуф ва Зулайхо»-ро ба назм дароварда, як асари човидонае меофарад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.