Научная статья на тему 'Ҷанбаҳои минтақавии воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо: муаммоҳо ва дурнамо'

Ҷанбаҳои минтақавии воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо: муаммоҳо ва дурнамо Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
507
137
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Всемирная Торговая Организация / конкурентоспособность / таможенная пошлина / защита отечественных производителей / региональная экономика / внешнеэкономическая деятельность / World Trade Organization / competitiveness / customs` duties / protection of home producers / regional economy / outward economic activities

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Њошимов Њомидљон Њасанович

В статье рассматриваются региональные аспекты вступления Республики Таджикистан во Всемирную Торговую Организацию и обоснована целесообразность присоединения к ВТО, а также предложены методологические подходы и исследованы вопросыфункционирования ВТО, её особенности, проблемы и перспективы. Отмечено, что вусловиях ускорения глобализации и интернационализации производства, необходимостиэффективного регулирования внешнеторговых операций, осуществляемых субъектамирегиональной экономики, значительно возрастают роль и значение ВТО. Но опыт стран –членов ВТО свидетельствует, что в условиях связанного таможенного тарифа усложняется процесс защиты отечественного производителя. Это требует четкой организации работы, умения использовать инструменты защиты внутреннего рынка, разрешенные правилами ВТО. Речь идет об отраслях национальной экономики и её отдельныхпроизводствах, обеспечивающих экономическую безопасность Республики Таджикистан,а также сохраняющих потенциал производителей экспортной продукции.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

REGIONAL ASPECTS OF TAJIKISTAN REPUBLIC ENTERING INTO THE WORLD TRADE ORGANIZATION: PROBLEMS AND PROSPECTS

The article dwells on the regional aspects in reference to Tajikistan Republic entrance into the World Trade Organization and the author`s substantiation of the expediency of joining WTO; methodological approaches are suggested and the issues of WTO functioning‚ its peculiarities, problems and prospects have been studied. The author of the article marks that under the conditions of acceleration‚ globalization and internationalization of manufacture a necessity of effective regulation in regard to outward trade operations carrying out by the subjects of regional economy‚ the role and value of WTO increases considerably. However‚ the experience of the countries being WTO member testifies that under the conditions of the bound customs` duties the process of protection of homeproducers is complicated. It demands accurate organization of work‚ abilities of using the tools of protection of the home market, permitted by the rules WTO. Here the problem lies in the branches of national economy and its separate productions ensuring economic safety of Tajikistan Republic preserving a potential of manufacturers of exported produce.

Текст научной работы на тему «Ҷанбаҳои минтақавии воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо: муаммоҳо ва дурнамо»

ББК 67.99 (2т)

ҶАНБАҲОИ МИНТАҚАВИИ ВОРИДШАВИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА СОЗМОНИ УМУМИҶАҲОНИИ САВДО: МУАММОҲО ВА ДУРНАМО

REGIONAL ASPECTS OF TAJIKISTAN REPUBLIC ENTERING INTO THE WORLD TRADE ORGANIZATION: PROBLEMS AND PROSPECTS

Ҳошимов Ҳомидцон Ҳасанович,

н. и. и, сармуаллими кафедраи молшиносй ва фаъолияти гумрукии ДИСДДТТ (Тоцикистон, Хуцанд)

Хошимов Хомиджон Хасанович,

к.э.н, ст.преп. кафедры товароведения и таможенного дела Института экономики и торговли Таджикского государственного университета коммерции (Таджикистан, Худжанд)

Hoshimov Homidjon Hasanovich,

Candidate of Economics Science, senior teacher of the Department of Merchandising and Customs of the Institute of Economy and Trade under the Tajik State University of Commerce (Tajikistan, Khujand) E-MAIL: [email protected]

РЕГИОНАЛЬНЫЕ АСПЕКТЫ ВСТУПЛЕНИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ВО ВСЕМИРНУЮ ТОРГОВУЮ ОРГАНИЗАЦИЮ: ПРОБЛЕМЫ И ПЕРСПЕКТИВЫ

Ключевые слова: Всемирная Торговая Организация, конкурентоспособность, таможенная пошлина, защита отечественных производителей, региональная экономика, внешнеэкономическая деятельность

В статье рассматриваются региональные аспекты вступления Республики Таджикистан во Всемирную Торговую Организацию и обоснована целесообразность присоединения к ВТО, а также предложены методологические подходы и исследованы вопросы функционирования ВТО, её особенности, проблемы и перспективы. Отмечено, что в условиях ускорения глобализации и интернационализации производства, необходимости эффективного регулирования внешнеторговых операций, осуществляемых субъектами региональной экономики, значительно возрастают роль и значение ВТО. Но опыт стран -членов ВТО свидетельствует, что в условиях связанного таможенного тарифа усложняется процесс защиты отечественного производителя. Это требует четкой организации работы, умения использовать инструменты защиты внутреннего рынка, разрешенные правилами ВТО. Речь идет об отраслях национальной экономики и её отдельных производствах, обеспечивающих экономическую безопасность Республики Таджикистан, а также сохраняющих потенциал производителей экспортной продукции.

Key words: World Trade Organization, competitiveness, customs' duties, protection of home producers, regional economy, outward economic activities

- 45 -

Ҳошимов Ҳ.Ҳ. Ҷанбаҳои минтақавии воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созмони умумиҷаҳонии савдо: муаммоҳо ва дурнамо

The article dwells on the regional aspects in reference to Tajikistan Republic entrance into the World Trade Organization and the author's substantiation of the expediency of joining WTO; methodological approaches are suggested and the issues of WTO functioning, its peculiarities, problems and prospects have been studied.

The author of the article marks that under the conditions of acceleration, globalization and internationalization of manufacture a necessity of effective regulation in regard to outward trade operations carrying out by the subjects of regional economy, the role and value of WTO increases considerably. However, the experience of the countries being WTO member testifies that under the conditions of the bound customs' duties the process of protection of home-producers is complicated. It demands accurate organization of work, abilities of using the tools of protection of the home market, permitted by the rules WTO. Here the problem lies in the branches of national economy and its separate productions ensuring economic safety of Tajikistan Republic preserving a potential of manufacturers of exported produce.

Воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо тақозои замон аст ва омили мусбати тараққиёти иқтисодиёти миллй ба шумор меравад. Пеш аз ҳама, воридшавии мамлакат ба сафи Созмон шаҳодати мустаҳкамии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзёбии мусбати суръати баланди инкишофи он аз ҷониби мутахассисони Созмон аст. Акнун ҷумҳурии мо метавонад, ба дараҷаи баланди савдои беруна расида, мисли дигар мамлакатҳои пешрафтаи аъзои Созмон, савдои молу хидматро бо онҳо ташкил намояд. Ин бошад, дар навбати худ, ба боз ҳам васеътар ва мустаҳкамтар намудани раванди ҳамгироии корхонаҳо ва сохторҳои соҳибкории ватанӣ бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ имкон медиҳад.

Ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон нати-ҷаи раванди дурударозу мураккаби мувофиқгардонии шароити воқеии иқтисодиёт ва қоидаю қонунҳои амалкунандаи фаъолияти гумрукӣ, сохторҳои он ба талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо мебошад.

Дар шароити суръатафзоии раванди ҷаҳонишавӣ ва абармиллӣ гардидани истеҳсолот зарурати танзими самараноки фаъолияти савдои хориҷӣ, ки аз тарафи субъектҳои иқтисодиёти минтақавӣ амалӣ карда мешавад, пеш омада, нақш ва аҳамияти Созишномаи кулл оид ба тарифҳо ва савдо, ки баъдан ба Созмони умумиҷаҳонии савдо мубаддал гардид, беш аз пеш зиёд мешавад.

Асоси фаъолияти Созмонро афзалиятҳои муқоисавии мамлакатҳое ташкил мекунанд, ки аз ҷониби классикони назарияи иқтисод таҳлил ва пешниҳод шуда буданд.

Фаъолияти Созмон дар асоси қоидаҳо (принсипҳо), ки борҳо бартарии худро тасдиқ кардаанд, ташкил карда мешавад. Аз ҷумла:

1. Баробарҳуқуқии ҳамаи аъзои ташкилот, яъне муҳайё кардани шароити мусоид барои савдо дар ҳамаи мамлакатҳои аъзои Созмон мебошад. Дар амал, агар мамлакате ба яке аз узви Созмон имтиёзи савдоӣ диҳад ва ё содироту воридотро аз боҷситонӣ озод намояд, ин имтиёз ба таври автоматикӣ ба ҳамаи аъзои Созмон паҳн мешавад.

2. Ба эътибор гирифтани манфиатҳои тарафайн қоидаи асосӣ буда, мамлакатҳо барои кам намудани маблаги боҷҳои гумрукӣ, ё тамоман аз байн бурдани онҳо ҳаракат менамоянд, инчунин, чораҳои гайритарифии танзими робитаҳои содироту воридотро тамоман истифода намебаранд.

- 46 -

Hoshimov H.H. Regional Aspects of Tajikistan Republic Entering into the World Trade Organization: Problems and Prospects

3. Шаффофияти муносибатҳои савдои хориҷии аъзои Созмон ва аланан чоп намудани натиҷаи савдо, пешкаш намудани маълумоти пурра ба аъзои Созмон таъмин карда мешавад.

Дар Созмон давлатҳои мутараққӣ - Аврупою Амрико ва Ҷопон, дар даҳсолаи охир бошад, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Сингапур, Куриё, Г онконг ва дигарҳо нақши муҳим мебозанд, зеро онҳо қисми асосии хароҷоти ин ташкилотро ба дӯш доранд. Қайд бояд кард, ки аз ҳисоби ҳаққулузвияти онҳо захираҳои қарзии ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил мешаванд. Иқтидории иқтисодӣ ва афзалияти технологии давлатҳои мазкур ба онҳо имкон медиҳад, ки амри худро ба дигар давлатҳо таҳмил намоянд [4, с. 287].

Аз ҳамин нуқтаи назар давлатҳои мутараққие, ки сатҳи иқтисодиёт ва имконияти рақобатпазирашон баланд аст ба озодии робитаҳои хоҷагии ҷаҳонӣ манфиатдоранд. Онҳо сиёсати савдои озод ва маҳдудкунии дахолати ҳукуматҳои миллиро ба фаъолияти иқтисоди хориҷӣ пеш мебаранд. Ба манфиатҳои онҳо, ҳамчунин, ҳадди аксар кушода будани бозорҳои давлатҳои дигар, алалхусус, давлатҳои рӯ ба тараққӣ ва кишварҳои дорои иқтисодиёти давраи гузариш мутобиқат мекунад. Чӣ қадаре ки иқтисодиёти давлатҳо бештар кушода бошад, ҳамон қадар дастрасии давлатҳои мутараққӣ ба захираҳо меафзояд, ширкатҳои онҳо бошанд, бе мамониат ба бозорҳои кишварҳои дигар ворид мегарданд.

Рақобатпазирии иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва давлатҳое, ки дар марҳилаи гузариш ба сохти иқтисоди бозорӣ қарор доранд, сусттар буда, барои ҳимоя аз тарафи давлат, аз ҷумла бо ёрии муқарраркунии боҷҳои гумрукии ба-ландтар ба молҳои воридотӣ эҳтиёҷ доранд.

Бино бар ин, кишварҳои мутараққӣ саъю кӯшиш мекунанд, ки ба манфиати худ боҷҳои гумрукии содиротӣ ва воридотии молҳои мамлакатҳои рӯ ба тараққиро кам намоянд ва ҳатто агар имконаш бошад, онҳоро тамоман бекор кунанд. Вале, зимнан, бекоркунии боҷҳои содиротии гумрукӣ ба ашёи хом ва ҳомилони энергетикӣ аксар вақт бо манфиатҳои миллии кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва давлатҳои дорои иқтисодиёти даври гузариш мухолифат мекунад, зеро онҳо таҳвилкунандагони асосии ин молҳо ба бозори ҷаҳонӣ мебошанд. Бекоркунии боҷҳои гумрукӣ аз тарафи ҳуку-мати миллӣ тибқи талаботи давлатҳои мутараққӣ метавонад, ба паст шудани нархҳои ҷаҳонӣ ба ашёи хом ва ҳомилони энергетикӣ мусоидат намояд. Вале ин фоидаи бево-сита барои давлатҳои мутараққӣ буда, ба гарон шудани нархи ашёи хом ва ҳомилони энергетикӣ дар бозори миллӣ ва ниҳоят ба суст гардидани дараҷаи рақобатпазирии истеҳсолоти миллӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва давлатҳое, ки дар марҳилаи гузариш ба сохти иқтисоди бозорӣ қарор доранд, оварда мерасонад [1, с. 73].

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло мӯҳлатҳои рақобатноки воридшавиро муайян накардааст ва раванди қабули Тоҷикистонро ба Созмони умумиҷаҳонии савдо наметезонад. Ба ҳар сурат, ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони уму-миҷаҳонии савдо барои давлат, аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагӣ муфид аст, вале боиси баъзе хароҷоти иловагӣ ҳам мегардад.

Дар марҳилаи муосири рушди хоҷагии ҷаҳонӣ раванди баробаркунӣ, яъне ҳамвор намудани сатҳҳои рушди иқтисодии давлатҳои дунё сурат мегирад, ки дар натиҷаи он фарқи рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ тадриҷан кам мешавад. Минбаъд ин тамоюл хеле таҳким меёбад, ки барои ташкили фаъолияти озоди иқтисоди хориҷӣ бо ҳамаи давлатҳои дунё, кам шудани меъёрҳои боҷҳои воридотии гумрукӣ ё бекор

- 47 -

Ҳошимов Ҳ.Ҳ. Ҷанбаҳои минтақавии воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созмони умумиҷаҳонии савдо: муаммоҳо ва дурнамо

кардани онҳо, дар оянда бошад, маҳдудкунии усулҳои маъмурии танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шароит фароҳам меорад.

Таҳлили тагйироти даҳсолаҳои охири хоҷагии ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки раванди рутттди иқтисодиёти миллӣ комилан номутаносиб аст. Баъзе давлатҳое, ки қаблан қафомонда буданд, дар натиҷаи рушди иҷбории иқтисодӣ ба сатҳи давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққикардаи дунё наздик мешаванд. Дигар кишварҳое, ки бо сабабҳои гуногун дар ҳолати бӯҳронӣ қарор доранд, дар қатори давлатҳои қафомонда ҷойгир мешаванд. Дар байни онҳо бисёр давлатҳои собиқ дар ҳудуди Шӯрои ҳамкории иқтисодии мамлакатҳои сотсиалистӣ ва Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ҳастанд. Бино бар ин, дар ин кишварҳо дар муддати тӯлонӣ раванди бемайлони кам шудани самаранокии истеҳсолот ва рақобатпазирии иқтисодиёт сурат мегирад, зарурати объективии таҳкими ҳимояи истеҳсолоти ватанӣ аз тарафи ҳукуматҳои миллӣ пайдо мешавад. Баръакс, давлатҳои мутараққӣ самтгирии бемайлонро ба озодии минбаъдаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар шароити бӯҳрони молиявӣ-иқтисодӣ дастгирӣ мекунанд, ки он метавонад, ба иқтисодиёти ин кишварҳо зарари иловагӣ расонад.

Ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо аз мақо-моти ҳокимияти давлатӣ ворид кардани тагйироти муайянро ба ташкили идоракунии минтақавии гумрукӣ ва системаи гумрукӣ талаб мекунад. Пеш аз ҳама, як қисми меъёрҳои боҷҳои воридотии гумрукӣ бо ҳамон сатҳе, ки давлатҳои мутараққӣ (то 99%) ва давлатҳои дорои иқтисодиёти даври гузариш (то 96-98%) расидаанд, бояд мутобиқ гардонида шаванд. Чунин ҳамоҳангии меъёрҳои боҷҳои гумрукӣ метавонад, ба нақши системаи гумрукӣ дар танзими савдои хориҷӣ таъсири бузург расонад, имкониятҳои тагйир додани тарифи воридотӣ бошанд, хеле маҳдуд мегарданд. Мо чунин меҳисобем, ки дар раванди ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо бояд як қатор тадбирҳо андешида шаванд, ки барои ташкили фаъолияти самараноки механизми тарифи гумрукӣ имкон медиҳанд. Ҳамзамон, бояд ба такмили механизме, ки хусусияти иқтисодиёти минтақаҳо ва мамлакат, инчунин, вазъияти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иқтисодиёти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба эътибор мегирад, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шавад. Дар марҳилаи омодагӣ бо мақсади иҷрои талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо сатҳи ниҳоии меъёри боҷҳои гумрукӣ таҳия гардида, амалӣ намудани онҳо таъмин карда шавад ва минбаъд ин меъёрҳо набояд кам шаванд. Сухан дар бораи соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ё истеҳ-солоти алоҳидаи он меравад, ки амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин мекунанд ва иқтидори истеҳсолкунандагони маҳсулоти содиротиро нигоҳ медоранд.

Таҷрибаи давлатҳои узви Созмони умумиҷаҳонии савдо нишон медиҳад, ки дар шароити истифодаи «тарифи пайваста»-и гумрукӣ раванди ҳимояи истеҳсолкунандаи ватанӣ мураккаб мегардад [3, с. 272]. Ин аз низоми гумрукии амалкунанда ва салоҳияту маҳорати кормандони он вобаста буда, ташкил ва истифодаи олоти муосири ҳимояи бозори дохилиро, ки бо қоидаҳои Созмони умумиҷаҳонии савдо мувофиқат мекунад, талаб менамояд. Зимнан, ин вазифаи душвор аст, зеро хадамоти гумрук, ки бо воридкунандагон робитаи бевосита дорад, бояд дар бораи онҳо маълумоти пурра дошта бошад. Чораи мазкур имкон медиҳад, ки баҳри онҳо ҳимояи молистеҳсолкунандагони ватанӣ андешида шавад ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо оиди зарурати гузаронидани тадқиқот бо мақсади ҷорӣ

- 48 -

Hoshimov H.H. Regional Aspects of Tajikistan Republic Entering into the World Trade Organization: Problems and Prospects

кардани боҷҳои махсус, зиддидемпингӣ, ҷубронӣ ё дигар тадбирҳои ҳимояи истеҳ-солкунандаи ватанӣ манзур карда шавад.

Барвақт ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо (тақрибан панҷ сол пеш) мувофиқи мақсад набуд, зеро кишвар зери таъсири бӯҳрони дунболадори молию молиявии ҷаҳонӣ ба соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ қарор дошт. Вале айни замон, имконият ва зарурати ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдоро истифода бурда, манфиатҳои миллии Тоҷикис-тонро пурра ҳимоя намудан лозим аст. Ҳамаи ҷиҳатҳои мусбат ва манфии ворид-шавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Созмони умумиҷаҳонии савдо бояд ба таври да-қиқ омӯхта, тавозуни мусбати манфиатҳоро барои давлат ва дигар иштироккунанда-гони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ таъмин намудан мувофиқи мақсад аст. Бо ибораи дигар, манфиати аз воридшавӣ ба Созмон ба дастоянда аз зарари он зиёдтар мебошад. Раванди гуфтушунидҳоро оид ба татбиқи ҳуқуқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз қоидаҳои Созмони умумиҷаҳонии савдо бармеоянд, ба мақсади ба даст овардани натиҷаҳои манфиатбахш ва ҳалли мусбати масъалаҳои асосии барои давлати мо аҳамияти истисноӣ дошта, истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст.

Таваҷҷӯҳи асосӣ, ба андешаи мо, бояд ба ташкили шароит барои ширкатҳои минтақавии молистеҳсолкунанда зоҳир карда, талаботи амалии онҳо ба эътибор гирифта шавад.

Якум, бо назардошти рутттди нокофии инфрасохторҳои гумрукӣ ва вазъи гуногуни онҳо дар раёсатҳои минтақавии гумрукӣ, бояд ба давлати мо муносибати махсусро бояд ҷорӣ намуд, ки моҳияти он дар пешниҳоди муддати бештари вақт барои дигаргунсозии тамоми инфрасохтори гумрукии минтақаҳо мутобиқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо пешниҳод карда шавад. Ба андешаи мо, барои субъект-ҳои хоҷагие, ки ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ машгуланд, бояд низоме муқаррар карда шавад, ки ба шароити инкишофи иқтисодиёти даври гузариш мутобиқат намояд. Ҳамзамон, тарзи амал ва фикрронии соҳибкорони миллӣ ва мавқеи онҳо дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ба дигар кишварҳо хеле фарқ мекунад. Аз ин рӯ, дар даври аввали фаъолият истифодаи таҷрибаи давлатҳои узви Созмони умумиҷаҳонии савдо оид ба ҳимояи бозор аз рақобати хориҷӣ ва дастгирии молистеҳсолкунандагони минтақавӣ ба маврид аст.

Дуюм, бо назардошти вазъи мавҷудаи бозорҳои минтақавии кишвар бояд ба раёсатҳои минтақавии гумрукӣ ҳуқуқи муайян намудани меъёрҳои муваққатӣ ва мавсимии боҷҳои гумрукӣ барои молҳои алоҳида ва механизми татбиқи онҳо дар ҳамоҳангӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдо манзур карда шавад. Инчунин, қабули қарорҳои мутобиқ дар бобати ҳалли баъзе масъалаҳои истифодаи усулҳои маъмурӣ, ё иқтисодии танзими фаъолияти иқтисодии субъектҳои хоҷагии маҳаллӣ, ки ба иқти-содиёти кишвар манфиатбахш мебошанд, амалӣ гардонида шавад. Умуман, мустақи-лона муайянкунии меъёри боҷҳои воридотӣ, маҳдудкунии феҳристи молҳо дар асоси ба эътибор гирифтани вазъияти мавҷуда дар бозори дохилии кишвар тибқи ҳамо-ҳангӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдо ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сеюм, тадбирҳои табъизӣ нисбати содироти молҳои истеҳсоли минтақавӣ, ё воридоти молҳои стратегӣ (аз ҷумла, трубинаҳо барои НБО «Рогун»), ки аз ҷониби давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷаи дур истифода мешаванд, бояд аз ҷониби шӯъбаҳои дахлдори Созмони умумиҷаҳонии савдо бекор карда шаванд.

- 49 -

Ҳошимов Ҳ.Ҳ. Ҷанбаҳои минтақавии воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созмони умумиҷаҳонии савдо: муаммоҳо ва дурнамо

Чаҳорум, дар нахустмарҳилаи узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии савдо бояд тадбирҳои муҳим баҳри васеъ гардонидани фаъолияти содиркунандагони молҳои ватанӣ ба манфиати минтақа ва Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шаванд.

Ғайр аз ин, боз масъалаҳои дигар (омӯзиши қоида ва талаботи Созмони умуми-ҷаҳонии савдо ба тайёр ва содиркунии молҳо, суръати барасмиятдарорӣ, нигоҳдорӣ ва гайра) мавҷуданд, ки ҳаллу фасли онҳо дар нахустмарҳилаи воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо талаб карда мешавад. Асоси назариявию амалии ҳалли масъалаҳои дар боло зикршуда бо консепсияи иқтисодиёти минтақавии кушода зич алоқаманд аст. Ба ақидаи мо, аз консепсияи комилан нодурусти иқтисодиёти минтақавии кушода даст кашидан лозим аст, зеро ҳамин сиёсат ба иқтисодиёти минтақаҳои кишвар зарар расонид. Ба назар чунин мерасад, ки ҳукумати мамлакат дар ҷорӣ кардани озодии мутлақи фаъолияти иқтисодии хориҷии субъектҳои хоҷагидорӣ ба шитобкорӣ роҳ додааст. Бино бар ин, бо назардошти хусусияти иқтисодиёти минтақаҳо ҷорӣ кардани қоидаҳои сахти квотадиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ ба мақсад мувофиқ аст.

Тадбирҳои ҳимоявии истеҳсолоти ватанӣ бояд мақсаднок ва бо маҳорати баланд бо назардошти таҷрибаи давлатҳои хориҷи наздику дур истифода шаванд. Ҳамчунин, эҳтимоли ҳимояи истеҳсолкунандагони минтақавӣ аз рақобати беадолатонаи ширкатҳои хориҷӣ низ набояд пурра истисно шавад. Дар марҳилаи ҳозира омӯхтани талабот ба маҳсулоти нав ё роҳ ёфтани онҳо ба бозори ҷаҳонӣ дар мӯҳлати муайян ҷолиби диққат мебошад. Чунин тадбир дар доираи қоидаҳои Созмони умумиҷаҳонии савдо мутобиқгардонии истеҳсолоти минтақавӣ, алалхусус, соҳаҳои навро ба талаботи бозори ҷаҳонӣ осон мегардонад.

Бешубҳа, самаранокии минтақавии механизми гумрукӣ дар нигоҳ доштани муҳити рақобати бозор, инчунин, маҳдудкунии муваққатии рақобати хориҷӣ бо ёрии усулҳои маъмурии квотадиҳӣ ё иҷозатномадиҳӣ зоҳир мегардад.

Ба назари мо, пеш аз ҳама, имконияти ҳимояи истеҳсолоти миллӣ ва бозор, ки дар оинномаи Созмони умумиҷаҳонии савдо сабт шудааст, бояд оқилона истифода бурда шавад. Дар шароити минтақа аз боҷҳои зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ ҳангоми воридоти молҳои шабеҳ, ки бо нархҳои пасттар аз нархҳои дохилӣ харида мешаванд, истифода бояд кард. Субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз тарафи давлат дастгирӣ карда шуда, маблаг барои пӯшонидани зарар аз фарқияти нархҳо дода шавад. Дар сурати бо ҳаҷми зиёд ва дар асоси шартҳои ба манфиатҳои молис-теҳсолкунандагони ватанӣ хатаровар ворид шудани молҳо, Созмони умумиҷаҳонии савдо ба татбиқи боҷҳои махсус иҷозат медиҳад [2, с. 19].

Ҷорӣ кардани боҷҳои баланди воридотӣ ва квотаҳоро ба воридоти маҳсулоти алкоголӣ, ки ба саломатии аҳолӣ зараровар мебошад, дар ҷумҳурии мо бо хусусиятҳои миллӣ, ҳувият ва мамнӯоти мазҳабӣ асоснок кардан мумкин аст. Зимнан бо мақсади маҳдудкунии истеҳсол ва ба аҳолӣ фурӯхтани маҳсулоти алкоголӣ дар миқёси кишвар бо роҳи квотадиҳии воридот ва баланд кардани боҷҳои воридотӣ низоми сахти иҷозатномадиҳӣ ва дигар тадбирҳои маъмурӣ ҷорӣ карда шавад.

Дар марҳилаи ибтидоии гузаронидани ислоҳот дар соҳаи иқтисоди хориҷӣ аксар вақт боҷҳои зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ нисбати молҳои истеҳсоли ватанӣ аз тарафи шарикони савдоии мо истифода бурда мешуданд. Яке аз сабабҳои он бӯҳрони пардохтнопазирӣ буд, ки он дар беқурбшавии пулҳои гайринақдӣ инъикос мегардид.

- 50 -

Hoshimov H.H. Regional Aspects of Tajikistan Republic Entering into the World Trade Organization: Problems and Prospects

Бино бар ин, истеҳсолкунандагон барои ба даст даровардани пули «зинда» тайёранд, моли худро дар бозори беруна бо нархҳои пасттар нисбат ба нархи ватанӣ ба фурӯш бароранд. Гузашта аз ин, ҳангоми фурӯши накдии мол ба харидорони хориҷӣ ба нархи мол ҷуброни зарари эҳтимолӣ аз пардохти ботаъхири он ва таваккали марбут ба кобилияти пардохтпазир набудани харидор дохил карда намешавад. Дар ин марҳила дар Тоҷикистон ва дар дигар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустакил истифодаи васеи амалиёти мубодилавӣ мушоҳида мешавад, ки дар ҷараёни он арзёбии мол аксар вакт шартӣ ва нархшикаста буда, максад аз он кам кардани андозбандӣ аст. Нархҳое, ки ҳангоми амалиёти мубодилавӣ мукаррар карда меша-ванд, ҳамчунин, метавонанд аз тарафи шарикони савдоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбики боҷҳои зиддидемпингӣ ҳангоми содироти молҳои ватанӣ истифода бурда шаванд. Дар сурати ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо имконияти истифодаи боҷҳои зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ нисбат ба молҳои аз давлатҳои хориҷи дур воридшаванда зиёд хоҳад шуд. Бо вуҷуди ин, дар кишвари мо то ҳол шароити вокеӣ барои татбики боҷҳои зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ ташкил карда нашудааст.

Хулоса, ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо амри объективӣ аст. Субъектҳои хоҷагие, ки ба фаъолияти иктисодии хориҷӣ машгуланд, бояд дакикона талаботу коидаҳои Созмони умумиҷаҳонии савдоро риоя карда, тамоми паҳлӯҳои ҳалли босамари масъаларо ба эътибор гиранд. Зимни ҳаллу фасли ин масъалаи барои кишвар такдирсоз ба шитобкориву бадоҳати бемаврид роҳ надода, босубот амал бояд кард. Ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо дар ҳолате самарабахш мегардад, ки низоми муносибатҳои савдоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустакил, ки дар лаҳзаи гуфтушунидҳо ва ба расмият даровардани шартномаҳои дуҷониба амал мекунад, такмил дода шавад.

Калидвожаҳо: Созмони умумиҷаҳонии савдо, рақобатпазирӣ, ҳимояи истеҳсолкунан-дагони ватанӣ, боҷҳои гумрукӣ, щтисодиёти минтақа, фаъолияти щтисоди хориҷӣ

Пайнавишт:

1. Байматов А.А. Становление и развитие внешнеэкономических связей Республики Таджикистан в условиях глобализации // Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики. Серия гуманитарных наук. Выпуск 1 (57). Худжанд, 2014. 71-78 с.

2. Вазорати рушди щтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маҷмӯи созишномаҳои Созмони умумиҷаҳонии савдо. Душанбе, 2014. - 522 с.

3. Иванова С.В. Всемирная торговая организация: Учебное пособие. М.: Экономистъ - М., 2007. - 318 с.

4. Фаминский И.П. Глобализация - новое качество мировой экономики: Учебное пособие. М.: ИНФРА - М, 2012. - 397 с.

Reference Literature:

1. Boimatov, A.A. Formation and Development of Foreign Economic Relationships of Tajikistan Republic under Conditions of Globalization // Bulletin of the Tajik State University of Law, Business and Politics. Series of Humanitarian Sciences. Issue 1 (57). - Khujand, 2014. -pp. 71-78

2. The Ministry of Economics and Trade Development of Tajikistan Republic. The collection of agreements of the World Trade Organization. - Dushanbe, 2014. - 522 pp.

3. Ivanova, S. V. The World Trade Organization: manual - M.: Economist- M, 2007. - 318pp.

4. Faminskiy, I.P. Globalization as a New Quality of World Economy: manual M.: INFRA-M, 2012. -397pp.

- 51 -

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.