Научная статья на тему 'Падидањои инноватсионии таълим дар системаи маорифи тољикистон'

Падидањои инноватсионии таълим дар системаи маорифи тољикистон Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
943
221
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
методҳои инноватсионї / инноватсия / технологияи иттилоотию коммуникатсионї / маълумот / усулњои интерактивии таълим / инновационные методы / инновация / информационно-коммуникативная технология / образование / инновационные явления / факторы инновационного процесса / innovative methods / the Department of methodology of teaching of Tajik language and literature / innovation phenomenon / the factors of innovation process
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Innovative teaching in the System of Education of Tajikistan

The article speaks about the innovation of teachers of higher and secondary educational institutions. The main objective of innovation is preparation of personality of students and pupils to life, which is always in development and in training of qualified personnel. Just for this, every teacher must know about the theory of innovation and introduce it into practice. To do this, one should always creatively approach to the method of teaching of each lesson, and be able to use every innovation in the field. The author focuses on some specific aspects of innovation education in the system of education of Tajikistan. Each structural component is described in detail, and its current treatment in the innovation process is shown. The author offers an approach about projection and assessment of innovations of educational institutions.

Текст научной работы на тему «Падидањои инноватсионии таълим дар системаи маорифи тољикистон»

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2(43) 2015

УДК 4Т(075) Ш.И.ҲАКИМОВА

ББК 81.2 тя72

ПАДИДАҲОИ ИННОВАТСИОНИИ ТАЪЛИМ ДАР СИСТЕМАИ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН

Вожаҳои калидӣ: методҳои инноватсионй, инноватсия, технологиям иттилоотию

коммуникатсионй, маълумот, усулҳоиинтерактивии таълим.

Марҳалаи ҳозираи инкишофи ҷомеа дар назди системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор масъалаи ҷиддиро гузоштааст, ки омилҳои сиёсй, иҷтимоию иқтисодй, шомил шудан ба фазои умумиҷаҳонии илмию таълимй, ташкили низомҳои таълимии ба шароити иқтисодии муосир созгор, баланд бардоштани сатҳи ташаккули шахсиятҳои ҷомеа ва таҳкими робитаҳо байни сатҳҳои мухталифи низоми маориф аз ҷумлаи чунин масоиланд.

Яке аз роҳҳои самарабахши ҳалли масоили зикршуда иттилоотонидани низоми маориф ба шумор меравад. Такмили воситаҳои техникии мухобиравй барои пешрафти назаррас дар самти мубодилаи иттилоот мусоидат хоҳад намуд. Пайдоиши технологияҳои нави иттилоотй, ки ба инкишофи воситаҳои компютерй ва шабакаҳои телекоммуникатсионй алоқаманд мебошад, имкони ташкили муҳити мухобиравию таълимии сифатан наверо ҳамчун асос барои инкишоф ва такмили низоми маориф ба миён овардааст (1, 28-30).

Вазифаи технология дар низоми маориф муайян намудан ва дар амалия истифода бурдани амалҳои пайдарҳами таълимии самарабахш аст, ки барои ба даст овардани ягон натиҷа сарфи ками вақт ва захираҳои моддию ақлониро талаб менамояд.

Инноватсияҳо (англ: Innovation -навоварй) - ҷорй намудани усул, шакл, восита ва малакаҳои нав дар соҳаи таълим, маориф ва илм мебошад. Инноватсия - навоварй дар соҳаи илм, техника, технология, кор, хизматрасонй ё идоракунй буда, ба истифодаи комёбиҳои илм ва технологияи пешқадаме асос ёфтааст, ки самаранокии баланди истеҳсолй ва ҷамъиятй дорад (3).

Аслан, ҳама гуна навовариро таълим дар соҳаи иҷтимоиёт иқтисодиёт, ва гайра то вақти хусусияти оммавй пайдо намуданаш инноватсия ҳисоб намудан мумкин аст. Калимаи «инноватсия» дар миёнаи асри 17 пайдо шуда, ба маънои воридшавии чизи нав ба ягон соҳа, пайвастшавй ва ба ин васила боиси бавуҷудоии як қатор дигаргунй дар соҳаи муайян истифода мешавад. Инноватсия аз як тараф ҷараёни ташаккул, татбиқ, воридшавй, аз сӯи дигар -фаъолияти ворид кардани навоварй ба амалиёти иҷтимоии муайян аст, на ин ки фан. Мафҳуми «инноватсия» навгонй, навигарй, тагйиротро ифода менамояд. Он ҳамчун восита ва раванд татбиқу амалй кардани ягон чизи навро тақозо дорад. Аз дидгоҳи татбиқи он дар раванди педагогй, инноватсия ҷорй намудани навоварй дар ҳадаф, мундариҷа, усулҳо ва шаклҳои таълиму тарбия, ташкили фаъолияти якҷояи омӯзгор ва хонанда ифода менамояд.

Махсусияти соҳаи маориф дар огози ҳазорсолаи сеюм дар мавриди истифодаи технологияҳои гуногун талаботи хосро пеш меорад, зеро фаъолияти он ба одамон нигаронида шуда, сатҳи шаклгирй ва пайдарҳамии амалиёти усулҳои таълимй гумон аст, ки ягон вақт бо истеҳсолоти саноатй қиёспазир гардад. Вобаста ба ин, дар баробари ҷорй намудани технология дар фаъолияти таълимй ташаккули раванди инсонгароёнаи он низ ногузир аст, ки алҳол дар доираи муносибати шахсии фаъолона васеъ паҳн шуда истодааст. Равандҳои амиқе, ки дар низоми маорифи ҳам кишвари мо ва ҳам хориҷ аз он рӯй дода истодаанд, ба шаклгирии афкор ва усулҳои нав дар соҳаи маориф оварда мерасонанд. Технологияҳои инноватсионии таълимро бояд ҳамчун воситаи татбиқу ҷорй намудани усулҳои нави таълим баррасй намуд (4, 67-69).

Ҳадафи асосии технологияҳои инноватсионии маълумот омода кардани инсон барои зиндагй дар олами доимотагйирёбанда мебошад. Моҳияти чунин тарзи таълимро мутобиқ намудани раванди таълим ба имкониятҳои инсон ва амалй гардонидани онҳо ташкил медиҳад. Низоми маориф ва маълумот бояд сохтори фаъолияти инноватсиониро инкишоф диҳад, роҳу усулҳои эҷодкоронаи ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, мусоидат барои табдил додани муносибати эҷодкорона ба меъёр ва шакли мавҷудияти инсонро амалй созад.

Ҳадафи фаъолияти инноватсионй тагйироти сифатии шахсияти донишҷӯй ҳам аз лиҳози дониш ва ҳам аз лиҳози ташаккули шахсияти ӯ дар муқоиса бо низоми анъанавй мебошад. Иҷрои иқдоми мазкур ба шарофати ба фаъолияти касбй ворид намудани барномаҳои то ҳол дар амал татбиқнашудаи тарбиявй ва дидактикй, ки роҳҳои бартараф намудани бӯҳрони педагогиро

245

НОМАИ ДОНИШГОХ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2(43) 2015

пешниҳод менамоянд, имконпазир мегардад. Инкишоф додани малакаи асоснок намудани амалҳо, мустақилона муайян ва тавонои коркарди иттилооти бадастомада, ташаккули тафаккури эҷодии гайриқолабӣ, бо истифодаи дастовардҳои навтарини илм инкишоф додани донишҷӯён аз ҳисоби то ҳадди ақалл кушодани қобилияти фитрии онҳо ҳадафҳои асосии фаъолияти инноватсионӣ мебошанд. Фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи маориф ба сифати амалияи аз дидгоҳи иҷтимоӣ муҳим, аз он сабаб дорои аҳамият аст, ки азнавсозии тамоми навъҳои амалиётро дар ҷомеа таъмин карда метавонад.

Бо назардошти гузариш ба ҷомеаи умумиҷаҳонии иттилоотӣ ва ташаккули донишҳо, оид ба ҷавобгӯ будани маориф ба талаботи иҷтимоию иқтисодии ҳозира ва оянда танҳо дар он маврид сухан рондан мумкин аст, ки агар азнавсозии он на танҳо ба навовариҳои хусусияти ташкилӣ дошта, балки ба тагйири моҳият, яъне мундариҷаи он ва технологияҳои омода кардани кадрҳо, инчунин тайёр намудани тадқиқоти илмӣ асос ёбад. Ба сифати институти иҷтимое, ки нерӯи ақлонию зеҳнии мамлакатро истеҳсол менамояд, маориф бояд дорои қобилияти пешоҳангӣ, ба манфиатҳои ҷамъият, шахси алоҳида ва корфармо ҷавобгӯ будан бошад.

Истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ имконияти суръат бахшидани раванди ҷустуҷӯ ва интиқоли иттилоот, дигаргун намудани хусусияти фаъолияти ақлонӣ, автоматӣ кардани меҳнати инсонро фароҳам меорад. Исбот шудааст, ки сатҳи инкишоф ва ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникативӣ дар фаъолияти истеҳсолӣ муваффақияти ҳама гуна ширкату корхонаро муайян менамояд. Асоси технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро низомҳое ташкил медиҳанд, ки бо воситаҳои барномаҳои компютерӣ сохта шуда, захираҳои иттилоотӣ ва воситаҳои дастгоҳиву барномавие мебошанд, ки нигоҳдорӣ, коркард ва интиқоли маълумоту иттилоотро аз ҷое ба ҷои дигар таъмин менамоянд (2, 33-36).

Донишгоҳи муосир бояд аз нуқтаи назари истифодаи технологияҳои иттилоотӣ арсаи пешқадам ва ҷое бошад, ки дар он инсон на танҳо донишҳои зарурӣ мегирад, балки рӯҳияи ҷомеаи муосири иттилоотиро эҳсосу дарк намояд. Бидуни истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) муассисаи таълимӣ дар низоми маориф ба сифати навовар эътироф шуда наметавонад. Ҳамон муассисаи таълимӣ навовар маҳсуб мешавад, ки дар раванди таълим навовариҳои хусусияти ташкилӣ, дидактикӣ, техникӣ ва методӣ доштаро татбиқ намояд ва дар ин замина ба афзоиши воқеии ҳаҷму суръати азхудкунии донишҳо ва бехдошти сифати омода намудани мутахассисон муваффақ гардад.

Маълумот роҳ ва воситаи ташаккули ҷаҳонинии инсон аст. Моҳият ва ҳадафи низоми маорифи нав инкишофи воқеии қобилиятҳои умумӣ ва фитрии инсон, азхудкунии навъҳои мукаммали фаъолият аз ҷониби ӯ мебошад. Дар замони муосир мафҳуми «маориф» бо маънидоди истилоҳҳое аз қабили «таълим», «тарбия», «инкишоф» алоқаманд аст. Аммо аз он замоне, ки калимаи «маълумот» бо маърифат тавъам гардид, он маънои густурдатареро ифода менамуд.

Гузариш ба усулҳои интерактивии таълим ва технологияҳои замонавӣ захираҳои бузурги телекоммуникатсиониеро тақозо дорад, ки онҳо робитаи тарафайни иштирокдорони раванди таълим, дастгирии технологияҳои бисёрҷабҳаи хизматрасон, маҳсулнокии баланди таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ ва имкони гузаронидани шабакаҳои интиқоли маълумотро таъмин карда метавонанд.

Навоварӣ ё инноватсия хоси ҳамагуна навъи фаъолияти инсонанд ва онҳо худ ба худ пайдо намешаванд, онҳо натиҷаи ҷустуҷӯҳои илмӣ, таҷрибаи пешқадами омӯзгорони алоҳида ва ё коллективҳо мебошанд. Раванди мазкур номуташаккилона сурат гирифта наметавонад ва ба идораву низом эҳтиёҷ дорад.

Дар амалисозии раванди томи педагогӣ нақши сарвари муассисаи таълимӣ, мудирони кафедраҳо, ҳайати профессору муаллимон ва мураббиён ҳамчун паҳнкунандагони падидаҳои навоварона аҳамияти бештар касб менамояд. Бо вуҷуди гуногуншаклии усулҳои таълим, аз ҷумла дидактикӣ, компютерӣ, муаммовӣ, модулӣ ва дигарҳо, дар амал татбиқ кардани функсияҳои асосии педагогӣ ба омӯзгор вогузор шудааст. Бо ҷорӣ кардани технологияҳои ҳозиразамон дар ҷараёни таълиму тарбия омӯзгорон торафт бештар вазифаҳои мушовир, маслиҳатчӣ, мураббиро касб менамоянд. Раванди мазкур аз онҳо омодагии махсуси психологию педагогиро талаб менамояд, зеро дар фаъолияти касбии муаллим на танҳо донишҳои махсуси фаннӣ, балки донишҳои ҳозиразамон дар соҳаи информатика, фазои интернетӣ, педагогика ва психология, методикаи таълим ва тарбия амалӣ мешаванд. Дар ҳамин замина омодагӣ ба дарку баҳодиҳӣ ва татбиқи инноватсияҳои педагогӣ ташаккул меёбанд (5,123-125).

Дарки моҳияти равандҳои инноватсионӣ дар соҳаи маориф ба ду масъалаи умдаи педагогика -масъалаи омӯзиш, ҷамъбасту хулоса ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва масъалаи татбиқи дастовардҳои илмҳои психологию педагогӣ дар амалия марбут аст. Аз ин рӯ, объекти

246

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2(43) 2015

инноватсия, мӯҳтаво ва механизми ҷараёнҳои инноватсионй бояд дар сатҳи ба ҳам омадани ду раванди алоқаманд, ки то имрӯз дар алоҳидагӣ баррасӣ мешаванд, қарор гирад. Яъне натиҷаи равандҳои инноватсионй бояд истифодаи навовариҳои, ҳам назариявӣ ва ҳам амалӣ, инчунин навовариҳое бошанд, ки дар нуқтаи ба ҳам омадани назария ва амалия ба вуҷуд меоянд. Ҳамаи ин аҳамияти фаъолияти идоракуниро дар эҷод, азхудкунӣ ва истифодаи навовариҳои педагогӣ исбот мекунад. Бинобарон, сухан дар бораи он меравад, ки муаллим метавонад ба сифати муаллиф, мураттиб, муҳаққиқ, истифодабаранда ва таргибгари технологияҳои нави педагогӣ, назарияҳо ва консепсияҳои навоварона баромад намояд. Идораи чунин раванд интихоби мақсаднок, баҳогузорӣ ва дар фаъолияти худ татбиқ намудани таҷрибаи ҳамкорон ва ё гояву усулҳои навро таъмин менамояд. Зарурати самти инноватсионӣ касб намудани фаъолияти педагогӣ дар шароити имрӯзаи пешрафти ҷомеа, фарҳанг ва маориф ба як қатор омил вобаста мебошад.

Якум, дигаргуниҳои иҷтимою иқтисодӣ зарурати таҷдиди пурраи низоми маориф, методология ва технологияи ташкили раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти гуногунро ба миён оварданд. Самти инноватсионии фаъолияти омӯзгор ва мураббиён, ки ба он эҷод, азхудкунӣ ва истифодаи навовариҳои педагогӣ мансубанд, воситаи таҷдиду азнавсозии сиёсат дар соҳаи маориф мебошад (7, 229-232).

Дуюм, тақвият ёфтани ҷанбаи башардӯстонаи мундариҷаи соҳаи маориф, тагйироти пайвастаи ҳаҷм, таркиби фанҳои таълимӣ, ворид намудани фанҳои нави таълимӣ, ҷустуҷӯи шаклҳои нав ва технологияҳои нави таълимро тақозо дорад. Дар ин маврид нақш ва мақоми донишҳои педагогӣ дар муҳити омӯзгорон аҳамияти бештаре касб менамояд.

Сеюм, тагйир ёфтани хусусияти муносибати омӯзгорон ба худи далели азхудкунӣ ва татбиқи навовариҳои педагогӣ. Дар шароити тартиби қатъии мундариҷаи раванди таълиму тарбия муаллим на танҳо дар интихоби мустақилонаи барномаҳо, китобҳои дарсии нав, балки дар истифодаи роҳу воситаҳои нави фаъолияти педагогӣ маҳдуд карда мешуд. Агар пештар мӯҳтавои фаъолияти инноватсионро асосан истифодаи навовариҳое, ки аз боло тавсия мешуданд, ташкил диҳад, имрӯз он торафт бештар хусусияти интихобӣ ва таҳқиқиро касб менамояд. Бинобар ин, самти муҳими кори роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, мақомоти идоракунандаи маориф таҳлил ва баҳогузории инноватсияҳои педагогии аз ҷониби муаллимон татбиқшаванда, фароҳам овардани шароит барои коркарду истифодаи бомуваффақияти онҳо маҳсуб мешавад.

Чорум, ворид шудани муассисаҳои таълимӣ ба муносибатҳои бозоргонӣ, ташкил шудани шаклҳои нави муассисаҳои таълимӣ, аз он ҷумла муассисаҳои таълимии гайридавлатӣ, шароити воқеиро барои рақобатпазирии онҳо ба миён меорад.

Ҳамин тариқ, гузариши маориф ба низоми сезинагии таҳсилот моҳиятан аллакай инноватсия маҳсуб мешавад. Бо татбиқи технологияҳои мазкур дар таълими инноватсионӣ муаллим раванди таълимро мукаммалтару ҷолибтар ва пурмазмун мегардонад. Дар нуқтаи ба ҳам омадани соҳаҳои алоҳидаи илмҳои забоншиносӣ, методикаи таълими забони тоҷикӣ чунин якҷояшавӣ барои ташаккули ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносии том яке аз инноватсияҳои татбиқи раванди навоварӣ дар раванди таълиму тарбия, таъминоти барномавии тахтаҳои электронии интерактивӣ, истифодаи пурмаҳсул аз слайдҳои омӯзишӣ, сомонаҳои интернетӣ, шаклҳои гуногуни тестҳои таълимӣ, анвои дарсҳое, ки ба гурӯҳҳои интерактивӣ чудо карда шудаанд, лоиҳаҳои навоварона мебошанд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Алексеева, Л.Н. Инновационные технологии как ресурс эксперимента / Л.Н. Алексеева// Учитель. - 2004. - № 3. - С. 78.

2. Бабанский, Ю.К. Проблемы повышения эффективности педагогических исследований / Ю.К. Бабансикй//Дидактический аспект.- М., 1982.- С. 151

3. Қонуни Ҷумҳурии Точикистон Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ //Ахбори Мачлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон .-2012.- №4

4. Солодухина, О.А. Классификация инновационных процессов в образовании / О.А. Солодухина// Среднее профессиональное образование.- № 10.- 2011.- С. 12 - 13.

5. Скрипко, Л.Е. Внедрение инновационных методов обучения: перспективные возможности или непреодолимые проблемы? / Л.Е.Скрипко// Менеджмент качества. - 2012. - № 1. - С. 76-84

6. Симоненко, Н.Н. Управление образовательными услугами с применением инновационных методов обучения / Н.Н. Симаненко// Вестник Тихоокеанского государственного университета. -2012. - № 2. - С. 201-206.

7. Юсуфбекова, Н.Р. Общие основы педагогических инноваций: Опыт разработки теории инновационного процесса образования/ Н.Р. Юсуфбекова.- М., 1991.- 216 с.

247

НОМАИ ДОНИШГОХ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2(43) 2015

REFERENCES:

1. Alekseeva, L.N. Innovative Technologies as a Resource of Experiment // Uchitel. - 2004. - № 3. - p. 78.

2. Babanskiy, Yu.K. The issues of increase of efficiency of educational research: // Didactic aspects. M .., 1982, p.151.

3. The Law of the republic of Tajikistan “On Innovative Technologies Acitivies” //Bulletin of Majlisi Oli (Supreme soviet) of the republic of Tajikistan.- 2012.- №4.

4. Solodukhina, O.A.. The Classification of innovative processes in education. Vocational education, №

10.- 2011.- Р. 12 - 13.

5. Skripko, L.E. The introduction of innovative teaching methods: promising opportunities or insurmountable problems? // Quality Management. - 2012. - № 1. - pp. 76-84.

6. Simonenko N.N. The Management of educational services with the use of innovative teaching methods // Bulletin of Pacific State University. - 2012. - № 2. - PP. 201-206.

7. Yusufbekova, N.R. General principles of pedagogical innovation: Experience in development of the theory of innovation process of education. M., 1991.-216 p.

Инновационные явления обучения в системе образования Таджикистана

Ключевые слова: инновационные методы, инновация, информационно-коммуникативная технология, образование, инновационные явления, факторы инновационного процесса.

В статье речь идет об инновационной деятельности преподавателей высших и средних учебных заведений Республики Таджикистан. Автор статьи излагает, что главная задача инновационных технологий в системе образования заключается в подготовке личности студентов и школьников к жизни, которая всегда находится в развитии, и в подготовке высококвалифицированных кадров.

Автор считает, что для достижения этой цели каждый педагог должен знать о теории инноватики и внедрять её в практику. В своём исследовании автор останавливается на некоторых частных аспектах инновационных явлений обучения в системе образования Таджикистана. Каждый структурный элемент подробно описан, указана также его современная трактовка в инновационном процессе. Дано описание образовательного, творческого и исследовательского потенциалов как составляющих общую структуру инновационного потенциала. Автором предложен подход к прогнозированию и к оценке инновационной деятельности учреждений образования.

Innovative teaching in the System of Education of Tajikistan

Keywords: innovative methods, the Department of methodology of teaching of Tajik language and literature, innovation phenomenon, the factors of innovation process.

The article speaks about the innovation of teachers of higher and secondary educational institutions. The main objective of innovation is preparation of personality of students and pupils to life, which is always in development and in training of qualified personnel. Just for this, every teacher must know about the theory of innovation and introduce it into practice. To do this, one should always creatively approach to the method of teaching of each lesson, and be able to use every innovation in the field. The author focuses on some specific aspects of innovation education in the system of education of Tajikistan. Each structural component is described in detail, and its current treatment in the innovation process is shown. The author offers an approach about projection and assessment of innovations of educational institutions.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Ҳакимова Шоира Исломовна, номзади илмҳои филологй, дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғ.Ғафуров (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд), E-mail: xakimova.shoira@mail.ru Сведения об авторе:

Хакимова Шоира Исломовна, кандидат филологических наук, доцент кафедры методики преподавания таджикского языка и литературы Худжандского государственного университета имени академика Б.Г.Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд),

E-mail: xakimova.shoira@mail.ru Information about the author:

Hakimova Shoira Islomovna, Associate Professor, the Department of Methods of Teaching of Tajik Language and Literature, Khujand State University named after academician B.G.Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand), E-mail: xakimova.shoira@mail.ru

248

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.