Научная статья на тему 'Оид ба масъалаи таълими модулї-проблемавї дар шароити мактабҳои таҳсилоти миёнаи љумҳурии тољикистон'

Оид ба масъалаи таълими модулї-проблемавї дар шароити мактабҳои таҳсилоти миёнаи љумҳурии тољикистон Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
840
318
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
таьлими модулї-проблемавї / технология / усул / модул / таълим / проблемно-модульное обучение / технология / метод / модул / обучение
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The objectives of problem and modular education in conditions of secondary schools of the Republic of Tajikistan

The article reviews and studies the theory and practice of the technology of problem-modular education, one of the pedagogic trends on professional training of future specialists. It is revealed that the problem-modular education technology as a combined didactic system can be successfully used in a variety of pedagogical educational structures of secondary schools, and that it’s certain elements can be used for school-leavers. A list of concrete tasks, crucial from the point of view of problem and modular education in secondary schools of Tajikistan, is presented. It is mentioned that the problem and modular education is one of the ways of solution of the challenging issue of the development of the system of education.

Текст научной работы на тему «Оид ба масъалаи таълими модулї-проблемавї дар шароити мактабҳои таҳсилоти миёнаи љумҳурии тољикистон»

13.00. 02. НАЗАРИЯ ВА УСУЛҲОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

13.00. 02. ТЕОРИЯ И МЕТОДИКА ОБУЧЕНИЯ И ВОСПИТАНИЯ

13.00. 02. THEORY AND METHOD OF TRAINING AND EDUCATION

УДК 159.9 А.А. АЗИЗОВ

ББК 74.58

ОИД БА МАСЪАЛАИ ТАЪЛИМИ МОДУЛЙ-ПРОБЛЕМАВЙ ДАР ШАРОИТИ МАКТАБҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вожаҳои калидй: таьлими модулй-проблемавй, технология, усул, модул, таълим.

Инкишофи устувори ҷамъияти муосир аз низоми маориф тайёрии мутахассисони баландихтисосро, ки ба фаъолияти мустақилона ва фаъоли инноватсионй қобиланд, талаб мекунад. Маориф, барои иҷрои вазифаҳои нав дар шароити дигаргуншавии инкишофи иҷтимою иқтисодии ҷамъият қудрат надорад.

Дар нимаи асри ХХ дидактика, зери таъсири пешрафти илму техника санҷида, диққати худро ба ногузирии намуди нави таълим таваҷҷӯҳ зоҳир кард, ки бояд як қатор масоил, аз ҷумла тамоюл ба намуди таълими репродуктивй, омӯхта нашудани ангезаҳои фаъолияти таълим, имконпазирии ташхиси таҷрибаи фаъолияти эҷодй, зиёд умед бастан ба ҳофизаи хонандагон, ки одатҳои тарзи дохилии ҳаётро ташаккул медиҳад, маҳорат ва малакаҳои нав, худинкишофёбии эҷодии шахсият, инноватсия, рақобатпазирй ва пешгӯишавандагиро ҳал мекард.

Бо назардошти принсипи мақсаднокй раванди таълим ба қонунҳои айнии инкишофи табиат итоат мекунад. Дар иртибот бо ин нукта ҳини баррасии раванди ташаккули шахсияти хонанда қонунияте возеҳу равшан мегардид, ки ба ин мақсад вазифаҳои нисбатан сода кофиянд, ки дар онҳо усулҳои ба маҷбурсозй асосёфта, самарбахш мебошанд. Лекин, баробари рушди хиради инсон самарбахшии водоркунй паст мегардад. Аз ҳама зиёдтар ин ба ташаккули шахсияти мутахассиси касбҳои гуманитарй дахл дорад, бо дониши онҳо аз лиҳози сохтор мураккаб ва зоҳиршавиаш дар шароити иҷтимою иқтисодии фаъолияти ҷамъкят ноустувор мебошад. Маҳз ҳамин нукта зарурати ташаккули идроки ботинй ва эътимод ба дониши андӯхта, омодагии муҳофизат ва ба ҳаёт татбиқ кардани онро тезу тунд мекунонад. Дар робита ба ин алҳол истилоҳи «модул», ки солҳои 70-уми асри ХХ ба низоми маориф ворид шуда буд, аз лиҳози баррасию коркарди мӯҳтавои худи мафҳум, ташкили сохтории он, мухтасот (характеристика) ва ғайра мавриди таҳқиқи ҷиддй қарор гирифтааст. Истилоҳи модул (аз лотинй modulus-ченак) дар соҳаи математика, илмҳои дақик ва меъморй мазмунҳои гуногун дорад, вале, умум, воҳиди ченак, бузургй ё коэффисиентро мефаҳмонад.

Гузашта аз ин яке аз маъноҳои истилоҳи дар «модул» маънои «гиреҳи функсоналй» муайян карда шудааст (7, 325). Дар илми педагогика модулро ҳамчун қисми муҳим баррасй мекунанд, ки дар сурати надонистани он низоми дидактикй «кор намекунад».

Модул ин низомест, ки дар раванди инкишофи худ ба томият тамоюл дорад. Айни замон, ба назари мо, бояд истилоҳи «проблема» (масъала, муаммо) низ мавриди баррасй қарор гирад, зеро дар амалия татбиқ кардани ғояи робитаи мутақобилаи таълим бо ҷустуҷӯи илмй низоми дидактикии ба худ хосеро ба миён овардааст, ки онро таълими проблемавй номидаанд.

Таҳлили таҷрибаи педагогй нишон медиҳад, ки сохтори проблемавии машғулият ташкили махсусро талаб мекунад, кт он дар интихоби тарзу услубҳои таълим инъикос меёбад, инчунин ба сохтор ва то андозаи муайян ба худи мӯҳтавои маводи мавриди баён таъсир мерасонад. Бинобар ин таълими проблемавиро чун низоми дидактикии муосир шарҳ додан мумкин аст, ки технологияи ба худ хос дорад.

Вазъияти проблемавй бояд ҳатман аз се ҷузъи асосй иборат мебошад:

а) талабот ба навигарй, дониши номаълум ё тарзи амалиёт, ки асоси онро номумкин будан ё мураккабии иҷрои вазифаи матлуб ташкил мекунад;

б) муқарароти номаълуми мавриди омӯзиш, тарзи амалиёт ё шарти амалиёт, ки дар вазъияти проблемавй зоҳир мегардад;

в) имкони иштироки хонандагон дар таҳлили шартҳои вазифаи гузошташуда ва ҳолати (кашфи) дониши нави гирифташуда дар натиҷаи вазъияти проблемавии ба даст омадааст.

231

НОМАИ ДОНИШГОХ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2(43) 2015

Муттаҳидкунии унсурҳои беҳтарини таълими проблемавӣ ва модулӣ ва дуруст сохтани силсилаи технологӣ барои муайян намудани технологияи проблемавӣ-модулии таълим чун системаи ташаккулёбии эҷодкорона омӯзиши дониш ва тарзҳои фаъолияти касбӣ имкон медиҳад. Ҳамин тавр, технологияи проблемавӣ-модулии таълим панҷ давраи асосиро дарбар мегирад:

1. Ба вуҷуд овардани вазъияти проблемавӣ;

2. Муайян кардан тарҳрезӣ ва тавсия проблема дар модул;

3. Қабул кардан, таҳлил ва таҷдиди проблема, муайян намудани доираи дониши нокифоя ва роҳҳои ба даст овардани онҳо, пешниҳоди фарзияҳо;

4. Исбот ё рад кардани фарзияҳо ва тавсияи ҳалли проблемаҳо дар асоси таҷдиди донишҳои мавҷудбуда ва ташаккулёбии мукаррар;

5. Интихоб ва тавсияи ниҳоии ҳалли проблема дар курси модулӣ, арзёбии ҳаматарафаи ин қарор, ба таҷрибаи ташаккулёфта дохил намудани иттилои азхурдкардаи проблемавӣ ҳангоми ҳалли проблема (6, 16-17).

Дар технологияи проблемавӣ-модулии таълим хусусиятҳои психологии раванди азхудкунии дониш, ки онҳоро дар назарияи ташаккули давра ба давраи амалҳои зеҳнӣ П.Я.Галперин шарҳ медиҳад, муҳим ба ҳисоб меравад.

Аз ин лиҳоз, ба омӯзгоре, ки ба таълими проблемавӣ-модулӣ сарукор дорад бояд илми психологияро хуб донад, чунки дар асоси ин таълимот принсипҳои бунёдии психология, эътироф кардани якҷоягии психика бо фаъолияти амалии беруна, фаҳмидани табиати иҷтимоии фаъолияти психикии одам, гузошта шудааст. Принсипи проблемавӣ асоси дигари таълими проблемавию модулиро ташкил мекунад. Татбиқи ин принсип ба омӯзгор имкон медиҳад, ки вазъияти проблемавиро ба вуҷуд орад, дар мавридхои зарурӣ мӯҳтавои мафҳуму санадҳои хеле мкраккабро шарҳ диҳад, фаъолияти таълимию тадқиқотии хонандагонро ташкил кунад. Дар асоси таҳлили супоришу иттилои пешниҳодкардаи омӯзгор, ҳамчунин бо ёрии таҷрибаи андӯхта дар фаъолияти таълими донишҷӯён мустақилона хулоса мебардоранду ҷамъбаст мекунанд, мафҳумо теоремаҳо, қонунҳо, қоидаҳои муайянро бо ёрии омӯзгор ташаккул медиҳанд, онро дар ҳалли вазифаҳо ва проблемаҳои нав мавриди истифода қарор медиҳанд. Ҳамин тавр, ҳангоми таълими проблемавӣ-модулӣ худи донишҷӯён донишро ба даст меоваранд, тарзҳои нави амалро бо роҳи пешниҳоди фарзияҳо, асосноккунӣ ва истифодаи онҳо меёбанд. Дар ин ҳолат дар донишҷӯён тахайюли созандагӣ ва фиросат ташаккул меёбад, таҷрибаи фаъолияти эҷодии инноватсионӣ инкишоф меёбад. Фаъолияти таълимии донишҷӯён дар технологияи проблемавӣ-модулии таълим боиси тагйир ёфтани фаъолнокии фикрии мутахассисони оянда оварда мегардад.

«Хусусияти асосии функсияи технологии таълими проблемавӣ-модулӣ дар инкишофи нерӯи эҷодӣ ва ба амалия нигаронидашудаи донишҷӯён зоҳир меёбад. Чунин инкишоф маъмулан нуктаҳои зеринро дарбар мегирад:

-ҳосил кардани малакаи эҷодкорона азхудкунии дониш;

-ташаккули шакл ва усулҳои эҷодкорона истифода бурда тавонистани дониши мазкур, инкишофи маҳорати мустақилона ҳал кардани проблемаҳои касбӣ, ахлоқӣ, илмӣ ва дигар масоили иҷтимоию иқтисодӣ;

-андӯхтани таҷрибаи фаъолияти эҷодӣ, касбӣ ва иҷтимоӣ;

-ташаккули ангезаҳои таҳсил, шавқу завқ ба фаъолияти касбии дар пешистода, талаботҳои ҷаҳоншиносии илмию маърифатӣ» (6, 38).

Вазифаи технологияи таълими проблемавӣ-модулӣ бештар фаъол кардани донишҷӯ мебошад. Омӯзгор бояд нақши роҳбаладро бояд иҷро кунад. Бидуни ин дар тайёрӣ ба фаъолияти касбӣ мавқеи роҳнамоиро бояд нишондоди методӣ, к ибо тарзи махсус таҳия шудааст ва онро мо курси таълими проблемавӣ меномем, иҷро кунад.

Вижагии ин курс дар он аст, ки нуктаҳои зеринро дар худ муттаҳид месозад:

-тавсифи мухтасари фан (донишҷӯ чиро бояд баъди омӯхтани курс донад, иҷро карда тавонад,дорои кадом сифатҳо бошад);

-барномаи илмию таълимии фан;

-нақшаи мавзӯии фан;

-вазифаҳои проблемавӣ, ки асоси курси проблемавӣ-модулиро дар намуди идеограмма*, нақша, ҷадвал ва ғайра ташкил мекунанд;

-рӯйхати адабиёти таълимию «Идеограмма-аломати хаттӣ, ки шартан мафҳумро тасвир мекунад, ва дар тафовут аз ҳарф, ки овозро ифода мекунад) (3, 219), илмӣ (беҳтараш обзори мухтасари он, агар зарур бошад обзори нисатан пурраи он, то ки дар донишҷӯ малакаи кори илмии ҷустуҷӯи сарчашмаҳо ташаккул ёбад);

232

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2(43) 2015

-ҷадвалҳои дидактикӣ дар намуди идеограмма оид ба ҳамин мавзӯъ зер ҷадвалҳои мавзӯи;

-тест-тренинг;

-баргаҳо (бланкҳо ) бо ҷавобҳои назоратӣ ва ва барои пур кадани ҷадвали дидактикӣ;

-сенарияи бозии корӣ;

-саволҳо барои тафтиши инфиродии дониши аз худ шуда;

-луғати кӯтоҳ аз рӯи фанни таълимӣ;

-саҳифа барои конспект ё ҷавоби кӯтоҳи хонанда доир ба проблемаи дар курси модулӣ гузошташуда.

Алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври озмоиш бо методи нави таълимии модулӣ бо ҳамҷоягии мутахассисони фанни технология (таълими меҳнат) ва бо ҳамкории олимони Олмон аз рӯи барномаи минтақавии «Ислоҳоти соҳаи маориф дар Осиёи Марказӣ» барои муаллими пешқадами фанни технология (таълими меҳнат)-и муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе машғулият гузаронида шуд. Дар семинар-машварати панҷрӯза 21 нафар муаллимони фанни технология (таълими меҳнат)-и мактабҳои шаҳри Душанбе иштирок карданд. Методи дарсгузаронӣ бо таълими проблемавӣ-модулӣ ба муаллимон писанд омад. Муаллимони дар семинар-машварат ширкат варзида чунин мешуморанд, ки тарзи усули нави машғулият ба хонандагон фаҳмо буда, барои мустақилона дарёфт намудани маводи нав бо истифода аз Интернет ва ба инкишоф ёфтани ташаккули эҷодии хонандагон мусоидат мекунад.

Барои намуна як дарси модулиро ин ҷо зикр менамоем.

Дарси 1

Сохтор ва сохти маҳсулоти чӯб (дарахтҳо)

Мақсади дарс:

Баъди аз худ кардани мавзӯъ хонандагон бояд ба чунин малакаҳо соҳиб шаванд ва аз ӯҳдаи иҷрои амалҳои зерин бароянд:

» Фарқ карда тавонистани ҷинси дарахт;

» Донистани истифодаи дурусти ҷинси дарахт ва қисмҳои он;

» Донистани сохти чӯб ва намудҳои буриш;

» Донистани фарқи байни буришҳои тана;

» Муайян карда тавонистани анвои қубҳи чӯб;

» Донистани чойгиршавии нахҳо ва халқаҳои солона;

» Муайян карда тавонистани анвои маводи ҷангал;

» Муайян карда тавонистани синни дарахт аз рӯи ҳалқаҳои солона;

» Донистани таърихи истифодаи чӯбу тахта дар Осиёи Миёна;

» Хелҳои арра кардани маҳсулоти чӯб.

Рафти дарс:

1.Фаҳмонидани мавзӯъ бо мисолҳои сода, ҳаётӣ ё аз дигар фанҳои барномаи таълимии мактабӣ (ботаника, физика), ки меъёри танзимкунанда доранд. Барои ин мисолҳои зеринро овардан мумкин аст:

-Намуд ва қисмҳои дарахт;

-Фарқи дарахтон аз лиҳози сахтӣ, ранг бӯй.

Дар раванди пурсиши хонандагон, якҷоя бо дигар ҳолатҳо, намудҳои дарахтони маҳаллӣ, қисмҳо ва фарқиятҳои онҳоро қайд кардан мумкин аст.

Бо вуҷуди гуногунй дарахтон сохти ягона доранд. Ҳар як дарахт аз се қисм иборат аст. (расми

1) реша, тана, шоху барг. Ҳамаи қисмҳои дарахтро дар истеҳсолот истифода мебаранд: аз шоха, параха, лок, к,атрон, нах, лентаи синамо истеҳсол мекунанд; аз реша скипидар ва навори синамо ҳосил мешаванд; танаро барои чубу тахта истифода мебаранд. Маводи сахтро, ки асосан аз реша, тана ва шоха иборат аст, чуб меноманд. Чуб асосан дар танаи дарахт мебошад. Онро аз танаи дарахти аз шоха ва гурмҳо буридашуда ва тозашуда тайёр мекунанд.

233

НОМАИ ДОНИШГОХ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2(43) 2015

Расми 1. Қисмҳои дарахт.

Расми 2. Чуб.

2. Дар асоси мисолҳои овардашуда хонандагон бо номи дарахт, ҷинс, таркиб ва истифодабарии онҳо шинос мешаванд.

Ба хонандагон вобаста ба муҳити табиати атроф чунин супоришҳо додан мумкин аст:

-Ҷинси дарахтони маҳаллиро муайян кунед;

-Ранг, таркиб ва сахтии дарахтро муайян намоед;

-Ҷинси дарахти сӯзанбарг ва паҳнбаргро муайян созед;

Дар раванди пурсиши хонандагон аз ҳаёти ҳаррӯза мисолҳои дигар овардан қобили қабул аст. Ҳангоми муҳокимаи мисолҳо хонандагон бояд чунин маълумотро соҳиб шаванд;

Ҷадвали 1. Тавсифи анвои гуногуни дарахт ва цои истифодаи онҳо

Ном, таркиб Тавсифнома ва истифодабарй

Санавбар (сосна) Мулоим. Таркибаш аз қатрон ва моддаҳои қатронӣ бой а ст. Гурмаш кам аст. Рангаш сурхчатоб. Барои сохтани дару тирезаҳо, вагон, фарши хона, мебел, қуттӣ инчунин пулҳо, ва киштиҳо васеъ истифода мешавад.

Коҷ (ель) Мулоим. Моддаҳои қатронӣ назар ба санавбар камтар буда, гурмдор аст. Ранги сафеди ба зард мойил дорад. Барои сохтани асбобҳои мусиқӣ, ҷузъиёти сохтмон, ги-рифтани тарошаҳои борпечонӣ истифода мебаранд.

Булут (дуб) Сахт.Рангаш зарди равшан бо ҷилои қаҳвагӣ-хокистарӣ аст. Барои сохтан ва ороиши мебел, инчунин маснуоте, ки вазни калон ба он таъсир мерасонад (паркет, конструксияҳои пулҳо, вагон) истифода мебаранд.

Тӯс (берёза) Сахт. Рангаш сафеди бо ҷилои сиёҳтоб. Барои сохтани фанера лавозимоти варзишӣ, мебел, зарф, даста барои асбобҳо, шоҳмот, чӯби милтиқ истифода бурда мешавад.

Зерфун (липа) Мулоим. Рангаш сафеди мойил ба гулобии нафис. Барои сохтани тахтаҳои нақшакашӣ, қалам, зарфҳо, гирифтани тароша барои борпеч, мавод барои кандакории бадеӣ истифода мебаранд.

Сиёҳбед (осина) Мулоим. Сабук, ба пӯсидан майл дорад. Рангаш сафеди бо сабз ҷилодиҳанда.Барои сохтани гӯгирд, бозичаҳо, зарфҳо, гирифтани тароша барои борпеч ба кор меравад.

Роздор(ольха) Мулоим. Рангаш сафед, дар ҳаво тез сурх мешавад. Барои сохтани фанера, қуттӣ, зарфҳо ва гайраҳо истифода бурда мешавад.

3. Дар асоси мисолҳо аз таърихи истифодаи чӯб хонандагон соҳиби маълумоти зерин мешаванд:

Осиёи Миёна аз лиҳози таъминот бо чӯб яке аз минтақаҳои камбагал ба ҳисоб меравад. Лекин, устоҳо-дуредгарҳои халқӣ новобаста аз нарасидани мавод, мунтазам роҳҳои дарёфти онро ҷустуҷӯ мекарданд. Н.М. Бачинский комилан одилона қайд кардааст, ки «...маҳз аз сабаби нисба-тан баланд будани арзиш ва камчинии чӯб муносибат ба он дар сохтмон ва дар зиндагӣ нисбат ба дигар маводи бинокорӣ дигаргун буд ва табиист, ки боиси усулҳои боэҳтиётонаи коркарди он ва бо чидду чаҳд ороиш додани он шуд, ки аз ҳама беҳтар дар кандакории бадеӣ ифода ёфтааст, устоҳо-дуредгарон барои маснуоти ояндаи худ асосан чинсҳои сахти чӯбро интихоб мекарданд.

234

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2(43) 2015

Асосан арча, сада, чинор, чормагз, тут, зардолу ва сафедор мавриди истифодаи восеъ қарор гирифта буд. Барои чӯби интихобшуда технология ва коркарди дурударозии махсус истифода мешуд. Масалан, дуредгарони бухорой маводи лозимиро дар об муддати 15-20 сол нигоҳ ме-доштанд ва фақат баъди ин ба коркард шурӯъ мекарданд. Ҳолатҳое буданд, ки маводи коркардшуда аз насл ба насл дода мешуд» (1, 5).

Устоҳои водии Фаргона маводи лозимии чӯбро 3-4 рӯз дар об тар мекарданд. А.К. Писарчук чунин усулро қайд кардааст: «Аз рӯи гуфтаи устои тоҷики хуҷандй, пораи чинорро дар об дар зарфи махсус мечӯшониданд, ин ба чӯб сахтии махсус мебахшидааст» (4, 120).

Маълумоти иловагй

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

1. Барои пухта расидан ва буридани чӯбҳои булут ва санавбар тақрибан 80 - 100 сол, тӯс 60 - 70 сол, сиёҳбед, роздор, зерфун 40 - 60 сол лозим аст. Барои пурра пухта расидан дарахти коҷ 100 -150 сол лозим аст.

2. Чӯби булут, ки сад сол дар об нигоҳ дошта мешавад, боз ҳам сахтар мешавад. Дар соҳилҳои дарёи Днепр ва Припята онро бисёртар нигоҳ медоранд. Тӯсҳои Карелия таркиби зебо доранд ва чунин тасаввурот мавҷуд аст, ки гӯё чӯб аз дарунаш равшанй медиҳад. Дар замонҳои қадим пораҳои ин тӯс чун пули майда хизмат мекард.

3. Истилоҳи «таркиб (текстура)» аз забони лотинй буда, маънояш «бофта, сохт» мебошад.

Хонандагон бояд фаҳманд, ки калон кардани дарахт кори осону содда нест. Ба ин ҷангалбон машгул мебошад. Сараввал онҳо тухмй тайёр мекунанд, баъд дар ҷойҳое, ки дарахтон бурида шудаанд, онро ^ешинонандвадоимониҳолҳоропарваришмекунавд,.^^^^^^^^^^^^^^^^^^^^^^^^^^^^^^

Кори амалй:

Хонандагон мустақилона ё ба зергурӯҳҳо тақсим мешаванд ва дадвали 1-ро, ки аз тарафи муаллим пешниҳод мешавад меомӯзанд.

Шинохтани цинси дарахт

1. Буришҳои барқадии чӯби намунаи динси сӯзанбарг (санавбар, код ) ва динси паҳнбарг(булут, роздор, тӯс, зерфун, сиёҳбед) -ро таҳлил кунед. Бо расми дар китоб буда муқоиса кунед.

2. Натидаи мушоҳидаро дар дафтар аз рӯи шакли додашуда нависед.

Вазифаи хонагй:

1. Мустақилона аз интернет вобаста ба мавзӯи нав мавод дарёфт кунед;

2. Мустақилона ном, таркиб, тавсифнома ва истифодабарии дарахтони маҳаллиро (бед, зардолу, тут, чормагз, сафеддор) омӯзед;

3. Ба саволҳои зерин давоб диҳед;

Саволҳо:

1. Кадом динсҳои дарахтро медонед?

2. Кисмҳои дарахтро номбар кунед. Гӯед, ки аз онҳо чиҳо месозанд?

3. Чӯбҳоро дар кудо истифода мебаранд?

4. Аз рӯи кадом нишонаҳо динсҳои чӯбро муайян мекунанд?

Хулоса, тадриба нишон дод, ки технологияи таълими проблемавй-модулиро ҳамчун системаи дидактикии муштарак бомуваффақият дар сохторҳои гуногуни маориф истифода бурдан мумкин аст. Бартарии истифодабарии технологияи додашуда барои ҳамаи давраҳои таълим ҳисоб карда шудааст ва барои амаликунонии принсипи дарккунии дурнамо, инчунин имкониятҳои амалй будани таълимро дар шакли экстернат (мустақилона тайёрй дида, имтиҳон супоридан) ва фосилавй шароити мусоид муҳайё мекунад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Бачинский, Н.М. Резное дерево в архитектуре Средней Азии / Н.М.Бачинский.-М.: Гос. архитектурное изд-во, 1947.-С.5.

2. Гальперин, П.Я. Умственные действия как основа формирования мысли и образа / П.Я.Гальперин// Вопрсы психологии.-1957.-№6.-С. 58-59.

З.Ожегов, С.И. Словарь русского языка / С.И.Ожегов. - М.: Советская энциклопедия, 1975.- 219 с.

4. Писарчук, А.К. Строительные материалы и конструктивные приемы народных мастеров Ферганской долины в XIX начало ХХ вв. / А.К.Писарчук.-М.: Литература. по строительству, архитектуре и строительным материалам, 1961.- 421 с.

5. Рузиев, М.А. Искусство таджикской резьбы по дереву (конец XIX -начало XX вв.). Автореферат дис.. .канд. искусствоведческих наук/ М.А.Рузиев.-Душанбе, 1967.-С.3-9.

6. Соколов, Е.А. Проблемно-модельное обучение / Е.А.Соколов.- М.: Вузовский учебник, -2012. 390 с.

235

НОМАИ ДОНИШГОХ» УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES» № 2(43) 2015

7. Tarpautiniu sodynas/-V/A Vyr/ enciklope-dilu red/, 1985-528 p.

REFERENCES:

1. Bachinskiy, N.M. Carved wood in architecture of Central Asia / N.M.Bachinskiy.-M., Gos. architectural publishing house, 1947, Р.5.

2. Galperin, P.Y. Mental actions as the basis for the formation of thought and image / P. Galperin //

Issues of Psychology-1957.-№6.-P. 58-59.

3. Ozhegov, S.I. Russian dictionary / S.I. Ozhegov. Publishing house of "Sovetskaya entsiklopediya" M.,

- 1975.- Р.219.

4. Pisarchuk, A.K. Construction materials and structural techniques of folk artists of the Fergana Valley in the nineteenth and early twentieth centuries. / A.K.Pisarchuk.-M., state publishing of literature on Building, Architecture and Building Materials, 1961.- 421 p.

5. Ruziyev, M.A. The art of Tajik wood carving (late nineteenth-early twentieth centuries.) / M.A.Ruziev // Dis ... Abstract of Cand. of Art Sciences. - Dushanbe, 1967, P.3-9.

6.Sokolov, E.A. Problem and modular training/E.A.Sokolov.-M.: Textbook for universities, 2012.-390 p.

7. Tarpautiniusodynas / -V / л Vyr / enciklope-dilured /, 1985-528 p.

Задачи проблемно-модульного обучения в условиях среднеобразовательных школ Республики Таджикистан

Ключевые слова: проблемно-модульное обучение, технология, метод, модул, обучение

В статье автором подвергнуты рассмотрению и изучению теория и практика технологии проблемно-модульного обучения, одного из педагогических направлений в профессиональной подготовке будущих специалистов. Рассмотрено, что проблемно-модульная технология обучения как комбинированная дидактическая система может с успехом применяться в различных педагогических образовательных структурах средней школы, что вполне возможно ввести её отдельные элементы старших классах.

Предлагается перечень конкретных задач, актуальных с точки зрения проблемно-модульного обучения в среднеобразовательных школах Республики Таджикистан. Отмечается что проблемномодульное обучения выступает, одним из способов решения комплексной проблемы на даном этаперазвития системы образования.

The objectives of problem and modular education in conditions of secondary schools of the Republic of Tajikistan

The article reviews and studies the theory and practice of the technology of problem-modular education, one of the pedagogic trends on professional training of future specialists. It is revealed that the problem-modular education technology as a combined didactic system can be successfully used in a variety of pedagogical educational structures of secondary schools, and that it’s certain elements can be used for school-leavers.

A list of concrete tasks, crucial from the point of view of problem and modular education in secondary schools of Tajikistan, is presented. It is mentioned that the problem and modular education is one of the ways of solution of the challenging issue of the development of the system of education.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Азизов Абдулатиф Абдуҳалимович, доктори илмҳои педагога, декани факултаи санъати тасвирй ва технологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғ.Ғафуров (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд), E-mail: abdu_5@mail.ru

Сведения о авторе:

Азизов Абдулатиф Абдухалимович, доктор педагогических наук, декан факультета изобразительного искусство и технологии Худжандского государственного университета имени академика Б.Г.Гафурова (Республика Таджикистан, г.Худжанд), E-mail:

abd u_5@mail. ru

Information about the author:

Azizov Abdulatif Abduhalimovich, Doctor of Pedagogy, the Dean of the Faculty of Graphics and Technology, Khujand State University named after academician B.G.Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand), E-mail: abdu_5@mail.ru

236

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.