ВОСИТАХРИ АСОСИИ ОФАРИНИШИ СИМОИ БАДЕЙ ДАР РОМАНИ «ДАР ОРЗУИ ПАДАР»-И КАРОМАТУЛЛО МИРЗОЕВ
Зулфиев Г.
Донишгоуи давлатии Кулоб ба номи А. Рудакй
Кароматулло Мирзоев аз зумраи нависандагони муваффаки адабиёти навини точик аст, ки офаридахои тахайюли эчодияш хануз аз овони чавонй мухлис ва хаводорони хешро пайдо намудааст. Ин шаходат аз истеъдоди фитрии нависандаи сохибзавк медихад, ки махорати суханофариниаш вокеан хам бунёдист. Табиист, ки Кароматулло Мирзоев якбора ба таври ногахонй ба майдони адабиёт наомадаву чун нависандаи баркамол эътироф нагардидааст. У дар чодаи эчод тадричан, зина ба зина кадамфарсой намуда, эчоди бадеиро аз хикоянависй огоз карда, сипас киссахои у «Ситораи умед», «Шабе дар Кабудчар», «Дар орзуи падар» ва дигар осори калонхачмаш таълиф гардидаанд. Устод аз замони дар мактаби миёна тахсил кардан ба хикоянависй шугл меварзид ва тадричан бо гузашти сол, бо васеъ шудани домони омузишу мутолиа дар Донишгохи омузгорй тири хадафи эчодаш росту нишонрас гардид ва имруз метавон гуфт, ки нависанда Кароматулло Мирзоев дар сафи мувффактарин нависандагони кишварамон карор дорад. Яке аз самарахои эчоди Кароматулло Мирзоев романи «Дар орзуи падар» мебошад. Хддафи мо дар ин макола назаре ба хунари офариниши симохои бадей дар ин роман аст. Мехохем бо такя ба маводи китоб ва гуфтахои мунаккидон ба ин пахлуи хунари эчодии адиб диккати ахли назарро чалб намоем.
Симои бадей - тасвири дакик ва дар айни замон умумиятдодашудаи манзарахои хаёти инсонист, ки тавассути тахайюл эчод шуда, дорои арзиши эстетикй мебошад [11]. Тавре ки дар «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати точик» баён шудааст: «симои бадей хакикатро ба воситаи тафаккури образнок мечуяд, ба он аз хамин нуктаи назари тасвир наздик шуда, худуди таърихй ва ичтимоии онро кушода, мохияти хаёт, вокеахои чамъиятй, манзарахои табиат ва махсусан хислатхои фарккунандаи инсонро дар шакли эхсосотй инъикос менамояд ва макоми асари нависандаро муайян менамояд» [14]. Макому манзалати асархои Кароматулло Мирзоев низ аз офариниши чунин симохои бадей хосил мешавад, зеро устод барои офариниши симохои бадей аз хаёти даххо нафар шахсони вокей хулоса бароварда, хулку хую кисматашонро омухта, симохои кахрамонхои асархояшро офаридааст. Устод дар як мусохибааш бо Фируза Сатторй ин маъниро чунин иброз намудааст: «Як нафар дар адабиёт хеч гох кахрамон намешавад. Нависанда сарнавишту сирату сурати чандин нафарро омухтаву бо хам омезиш дода, кахрамон меофарад» [3, с. 370-371].
Мо ин андешахоро дар романи «Дар орзуи падар» ба хубй эхсос мекунем. Нависанда дар китоби якуми роман ишорае дорад, ки вокеахои асар аз аввалхои мохи октябри соли 1974 ибтидо мегиранд ва то бархам задани гуруххои силохдор дар Точикистон, яъне соли 1994 ривоч меёбанд ва каму беш баъд аз он хам идома меёбанд. Вале чуноне аз мутолиаи роман бармеояд, баъзе ручуъхои лирикй хонандаро ба чанд соли кафотар мебаранд ва ба ин далел метавон гуфт, ки вокеахои романи «Дар орзуи падар» аз огози соли 1970 сар шуда, то соли 1995 анчом мепазиранд.
Кори нависанда дар офаридани сурату сирати чавони эчодкор дар адабиёти мо нахустин набошад хам, вижагихои худро дорад. Вай ба хонанда гуфтанист, ки кобилият ин маънои одамиятро надорад. Одамият баландтар аст аз кобилият. «Агар ту аз одамият дур шави, цобилияти ту зуд маув мегардад» [7]. Бинобар он кобилиятро бояд бо одамият зебу зиннат дод ва парвариш кард. Адиб Нозимиро то ба хадде фош мекунад, ки падар писарро барои конеъ гардонидани нафси аммораи худ истифода мебарад. Мехрубон барои аракхурии падараш пули тагояш Шохназарро дуздида бурд ва дар зери шаллоку шатта монд.
Дар мухити чудой аз зану фарзандон ва бар асари зиндагй бо Шахнозаи таннозу такдирсуз Нозимии як вактхо баобруву боиззат ба коми бадмастиву халокати маънавй фуру рафт. Шафеии ночавонмарду бадтинат муваффак шуд, ки у то ба дарачаи рондашавй аз редаксия расад. Бадмастиву беиродагй ва хавову хавасхои Нозимй барои ниятхои нопоки Шафей имкон фарохам оварданд. Нозимй як вактхо муаллими сохиби маълумоти олй, рузноманигор, нависандаи умедбахш аз идораи рузнома ронда шуд, ба
бадбахтии маънавй дyчоp омад, овоpагаpдy бадмасти ашшадй шуд. Аз вазифавy обpy маxpyм, аз оила pонда, аз Шадноза xам монда шуд Нозимй [13].
Даp pоман Нозимй хаpактеpи мypаккаб аст. Шyxpат ypо аз чомеа ба суи хyдхоxй мекашад, атpофиёни нотавонбин мисли Шафей ин худситоии ypо афзун каpдан мехоxанд. Даp натича Нозимй ба pоxи бад pафта, на танxо хонавайpон ва аз фаpзандони дилбандаш чудо мегаpдад, балки аз аxли pyзнома танбеxи зиёд шунида, майпаpаст ва тащо мемонад. Чунин сypат гиpифтани вокеаxо ва дигаp шудани хаpактеpи Нозимиpо нависанда хеле васеъ, бо xама сабабxои асосй ва Fайpиасосй ба тасвиp мекашад. Инчунин, адиб амали неку бади ниxоди каxpамононpо даp муносибати y бо Мавлонзода, нависанда Кугосй, xамкоpонаш Шафей ва дигаpон тачассум мегаpдонад. Адиб даp ин гуна xолатxо аз pyи низоъxои коpй ба суи низоъxои хонаводагй амал каpдани pафтоpxои неку бадpо даp мисоли такдиpи Нозимй инъикос месозад.
Нозимй даp асаp одами босавод, даp байни xамкоpон обpyманд, даp xyсни зоxиpй низ даp катоpи маpдони хyшсypат аст ва чинси латифpо ба худ чалб каpда метавонад. Мyшаppаф xам, аз нахустин мулокоташон даp долони мактаб ба xамин xyсни зоxиpии у дил бохта буд. Мyшаppаф ба тамоми азияту зиндагии xамаpyзаи шавxаpаш шаpик аст. Ана таваччyx кунед ба ин сатpxо:
- Боз чй алам pасид?- шухй каpд Мyшаppаф.
- Напypс, занак, имpyз маpо ба чанд идоpа кашиданд, дyFy пуписа шунидам, FавFO
хест.
- Баpои чй?
- Баpои маколаи xаминpyза.
- «Бyлxавас?» О, вайpо xамин pyз то бегоx маpдyм таъpиф каpданд. Даp миёни xамсояxо, даp куча даp xама чо гапи xамин макола.
- Ба xама маъкул, ба вай маpдаки зану бачадоp маъкул не, девона шудааст. Редаксия омада пуписа каpд, дyF зад...
- Худо занадаш, эxтиёт шавед, маpдак, ин хел одамxо гандаанд, заpаp меpасонанд, аз дасташон xама коp меояд, - Мyшаppаф аз боиси шавxаp ба ташвиш афтод.
- ДypyF нанавиштаам, занак, xамааш pост. Вай xаннот, фиpебгаp, маишатпаpаст.
- Рост xам бошад, шумо наменавиштед беxтаp, саpатонpо ба чанчол мондед [4].
Мантики pафтоpи Нозимй даp OFOЗи pоман каму беш pавшан бошад xам, даp
охиp тамоман хиpа мегаpдад. Истеъдоди мyхбиpивy нависандагии вай бо rapy амалиёташ даp саxифаxои асаp намоён намешавад. Нозимй манфиати чамъиятиpо даp даpачаи дуюм мегyзоpад. Тамоми pафтоpy амалиёти даp аввал хуби у оxиста-оxиста зишту манфyp мегаpдад. Худаш хyдашpо ба дом мекашад, вале касе начоташ намедщад. Аввал ба май, баъдтаp шефтаи xyсни зоxиpии Шаxноза шуданаш ва ypо ба ботлоки фасодй мекашад. Ба чисму чон ва тафаккypи у таxдид мекунад, иpодаашpо суст мегаpдонад. Нозимй зану фаpзандонашpо таpк мекунад, баъдтаp Шаxноза xам ypо ба куча меpонад. Агаp пештаp бо устодаш Шафий танxо даp идоpаи газета менушида бошад, баъдxо тамоман майзада мешавад.
Чй Нозимиpо ба ин pоxи хато оваpд? Чаpо xамкоpон баpои ислоxи вай накушиданд? Пеш аз xама набудани дустиву хамpаъйй даp миёни коpмандони идоpаи pyзнома, маFpypй, xавобаландй, худнамоишдщй, ки хонанда аз нахустин шиносой бо Нозимию коpгаpони pyзномаи ноxиявй инpо xис мекунад. Инpо мо xангоми нахустин вохypии Нозимй xамчyн мyхбиpи pyзномаи ноxиявй бо толибагони мактаби деxа мебинем. У бо толибаxои мактаб, махсусан бо Мyшаppаф яку якбоpа аз ишку маxаббат сухан меpонад, ба коидаxои ахлок pиоя намекунад. Мyxаppиp, мyдиpони шyъбаxо, котиби масъул, кумитаи маxаллй, xама даp фикpи мансабу киссаи худанд. Дусни дустиву pафокат даp коллектив нест. Нависанда чунин манзаpаxоpо, ки пештаp даp зиндагии мо xy™ меpонданд, вокеъбинона ба калам додааст.
Максади нависанда каxpамони асаppо даp мyxити носолим месанчад ва ошкоp мешавад, ки y - Нозимй xанyз даp он сатxи маъpифат нест, ки аз ин мyxит pаxо ёбад. Мачpои таFЙиpпазиpи хислати Нозимй тезу тунд ва мyтафаppик аст. Чунон ки тасвиpxо шаxодат медиxанд, нависанда боpи чypми каxpамонашpо ба зиммаи Шафий гузоштанй аст. Шафий даp таъсиp ба Нозимй макоме доpад, вале ноодамиxои Нозимй факат натичаи таъсиpи Шафий нест. Нозимиpо чанд омил (даp якчоягй метавон онpо шаpоит номид) ба чаpй тела додаанд. Нозимй аввалан ба обpyи муфт сазовоp шудааст. Набудани коpмандони соxибистеъдод даp pедаксия даст додааст, ки у бо вучуди
жypналисти миёна будан саpy боpи коллектив шинохта шудааст. У натанxо xамкоpонpо эxтиpом намекунад, балки мyxаppиpи газетаpо низ ба pоxи Fалат xидоят менамояд. Дигаp, дастгиpии мyxаppиp бетамаъ нест. Нозимиpо Кутосй - нависандаи баобpyи пойтахт муттако ва Мавлонзода аз Fазаби у xаpос доpад. Саввум, маpдyми мо xанyз ба маънои макоми матбуот пyppа саpфаxм наpафтааст. Даp дафтаpи коp Афзалшоxy Мyшаppафи толибаpо танxо гузоштани мyдиpи мактаб, бе ичозаву бепаpда чустучу каpданxои Нозимй даp Гули Хайpй ва атpофy акнофи деxа далели он аст, ки деxотиён ба матбуот xамеша чун як воситаи таъpифxои бечо муносибат мекунанд. Ва нщоят, даp идоpаи газета ба исpоpи Шафий Нозимй факат як боp аpак мехypад, вале даp кyтоxтаpин муддат у ба майзадаи ашаддй табдил меёбад. Дамаи гyфтаxои боло моpо ба хулосае меоpад, ки фитpати азалии Афзалшоx даp даpачаи ниxоят паст каpоp доштааст. Хушгущои ибтидоии вай як навъ дypбинии зоxиpист ва даp хypдтаpин имкон чиxатxои бади шахсияти вай ч^ати некpо маFлyб месозанд. Аввалу охиpи обpази Низомй ибpатбахш аст. Меxнати сидкй xатто камистеъдодтаpин шахсpо xам байни яку ду баобypy мегаpдонанд. Чунин аст яке аз паxлyxои назаpи нависанда ба пеpсонажxо.
Ба тоpy пуди асаp Нозимй бетакаллуф дохил шудааст. Рафтанаш низ бидуни xаp мочаpост. Датто Мyшаpаф, ки даp забонаш гуё аз аввал то охиp Fайp аз номи у калимае маъмyлтаp ёфтан дyшвоp аст, даp охиp тащо писаpашpо ёд мекунаду бас. Ва xол он ки Афзалшоx мавчудест сахт ба мyxит вобаста. Бахусус, Мавлонзода баpин шахс ypо набояд фаpомyш кунад, зеpо Нозимй xам бypд ва xам бохташон аст [9].
Дyхтаpи деxотй Мyшаpаф низ аз камбудщо оpй нест. Олами маънавии у маxдyд аст, зоxиpбинй мекунад ва гоxе бемyлоxизагивy тyндpавй зоxиp менамояд. Мyшаppаф баpкасд ва аз саpи чаxл коpxое мекунад, ки окибатxои нохуш ба боp меоваpанд. Рашку кинахоxии у низ баpояш мyшкилиxо эчод мекунанд. Даpчанд баъдтаp Мyшаppаф аз баъзе pафтоpxои худ пушаймон гашта, каму беш баpои баpкаpоp намудани xаёти оилавй бо Нозимй ме^шад, ба натичае намеpасад. У бо фаpзандонаш ба деxа, ба зодгоxаш баpмегаpдад ва падаpи пypFазабаш аз саpи нангу номус деpе нагузашта, ypо ба маpди дигаp ба шавxаp медщад ва табиист, ки Мyшаppаф аз ин хушбахт намешавад.
Шикасти маънавии оила ва фочиаи xyзнангези он xанyз аз OFOЗи китоби аввал ба вукуъ мепайвандад ва сабабгоpи асосии он ду нафаpанд - яке Мyшаppафи маFpypy худбин ва кинаваpy кyтоxандеш ва дигаpе Нозимии хyдхоxy сyстиpода ва масти xавовy xавасxо. Дyнаpи нигоpандагии муаллиф даp ин асаp ва тамоми таълифоти у кабл аз xама даp он зоxиp мегаpдад, ки чаpаёни вокеот даp навиштаxояш вокеъбинона инъикос меёбанд, инкишофи ощо тибки коидаxои худи зиндагй сypат мегиpад ва даp онxо тасвиpоти сохтаву колабй pOx намеёбад. Чунин таpзи нигоpишpо мо даp китобxои якуму дуюми pоман низ мyшоxида менамоем.
Мyшаppаф - модаpи Меxpyбон, як хатои Нозимй бо Шаxноза алока доштанашpо баxона каpда, ypO аз хона пеш мекунад. Сабабгоpи бепадаp мондани фаpзандонаш маxз xамин бемyлоxизагй мегаpдад. Ин амал xамчyнон мучиби дyбоpа ба Абдyшyкypи сиёxдонагй ба шавxаp баpомадан, сабаби дyюминбоpа саpсонy саpгаpдон каpдани нypи чашмаш Меxpyбон шудааст. Ин xама вазниниxои зиёди маънавй доpанд. Баpои xаp кадоми ощо нависанда далелxоеpо тасвиp месозад, ки аз як чониб сабабгоpи кушода шудани хаpактеpи Мyшаppаф мегаpдад, аз чониби дигаp боиси даp назди такдиp чавоб гуфтани ypO инъикос менамоянд. Долати pyxии модаpе, ки бахти фаpзандаш, саодату хушбахтии ypO бо андак хато xамpоxи падаpи беандешааш нобуд сохтааст, аз мантики хаpактеpи каxpамон баpмеояд. «Нависанда даp нишон додани мочаpоxои хонаводагй бypд каpдааст ва xакикатpо хеле нуктасанчона ба тасвиp оваpдааст» [8].
Мyшаppаф яке аз обpазxои маpказии pоман аст. Тамоми вокеаxои асаp аз OFOЗ то анчом аз такдиpи у ва фаpзандонаш - Меxpyбонy Мижгона накл мекунад ва тамоми xаёти сюжети повестpо саpгyзашти ин оила ташкил додааст.
Симои Мyшаppаф ба занони бетачpиба монанд аст. Вай баpои беxбyдии xаёташ мyбоpиза намебаpад. Ба назаp чунин меpасад, ки занxои солxои xафтодyм xеч пешpафти маънавй надидаанд. «Охиp xамон холаи Зеваpмоx ва Сабзагул защои деxа, ки ба Мyшаppаф панд медщанд, аз чиxатии маънавиёт аз у кам фаpк мекунанд. Инкишофи маънавии зани точик даp солxои шастуму xафтодyм даp тамоми соxаxои xаёт мyшоxида мешавад, вале xаминpо даp повест намебинем» -навиштааст Саидов С. [1O].
Даp асаp кypбонии pазолат Мyшаppаф аст. Нависанда каxpамони <фомантикадуст»-и хyдpо деp интизоp намекунад. Афзалшоx Нозимй, ки аxли ноxия бо
Xикoятxoяш ошноянду xаp кадом opзyи py ба py дидани ypo дopанд, ба Гули Хайpй меoядy «бо амpи тасодуф» аз миёни тoлибаxoи мактаб Myшаppафpo каxpамoни маколаю лавxаи худ интихоб менамояд.
Myшаppаф намунаи намоёни тинати як зани точик аст. Аз ин чо мо даp симои Myшаppаф бояд, ки симои умумии инсони замони мо ва вазъи замонии инсoнpo бинем. Нависанда назаpи мopo ба шахсияти инсони азиятдида, чафокашида ва даp кopи худ бечopа чалб менамояд. Такдиpи ин инсон тамоман даp дасти худи y нест; аз xаp чониб y фиpеб мехypад, азият мекашад, нoxакй мебинад ва даp кopи худ чунон бечopаю мазлум аст, ки xеч poxи баpoмадан аз oнpo надopад [12].
Myшаppаф олами маънавии маxдyд Дopад, якpав аст, Fypyp нисбат ба тамкинаш бештаp, камтаp мyлoxиза меpoнад, саpи ^xp ва баpкасд кopxoе мекунад, ки окибати нек надopанд. Яке аз Fаpазxoи ба Нозимй хoнадop шуданаш xам «сузондан»-и янгаи тундзабонаш буд. Падаpи Myшаppаф xам баp касди шиносу xамсoяxoяш Myшаppафpo аз нав ба шавxаp медщад. Даp xаpдy дафъа xам ^p бо pасвoй анчом меёбад.
Хонанда эxсoс мекунад, ки «Даp opзyи падаp» достони меxpи писаpи кобилу сoлеx ба падаpи pаxгyмзадавy нокобил аст ва даp асаp накши Mеxpyбoн чун тимсоли меxpи фаpзандй ба падаp хеле кавиву мyассиp аст. Датто даp xoле ки Нозимй масту аласт ва хандасopи кyдакoн шуда, ба деxаи Сиёxдoна ба сypoFи фаpзанд омад, даp лаxзаи тасвиpи ин вoхypй низ намунаи волои меxpи писаppo ба падаp мебинем: «Падаpy писаp зеpи бopoн. Дасти Mеxpyбoн даp гаpдани падаp. ypo pаxo намедод. Аз афташ меxаpoсид, ки y боз наpавад. Гаpдани падаppo 6уй мекашид, либoсxo, саpy pyяшpo...» [5].
Обpази Mеxpyбoн бисёp табии тасвиp ёфтааст. Хонанда аз xаёти фочиавии кудак ба xаячoн меояд, бетаpаф истода наметавонад. Аз нигoxи xакикат нависанда сабаби фочиаи зиндагии ypo даp pафти xoдисаxoи poман нишон дода, гушзад мекунад, ки даp натичаи беандешагй, бехиpадии волидайн фаpзандoн азобу машаккат мекашанд. Даp чунин мyxити носолими оилавй фаpзанд бетаpбия мемонад. Аз ч^ати маънавй ва чисмонй камол намеёбад. Доло он ки таpбияи инсони xамачиxата солим вазифаи оила -волидайн аст. Аз ин py, нависанда ин мушкилоти pyзpo даp так;диpи оилаи Нозимй ва махсусан, фаpзанди хонадон Mеxpyбoн даp pафти xoдисаxoи мухталиф ба тавpи сеpxаpакат инъикос намудааст. «Mеxpyбoн падаpашpo бениxoят дуст медошт. Баpoи кyдак зиндагй бе падаp талх аст. Аз ин чост, ки баpoи якчо шудани oнxo Mеxpyбoн ба таpзи худ гуё мyбopиза мебаpад» [б].
Таваллуди Mеxpyбoн ба падаpаш чаxoни шодй ва умед ато каpд, xанyз забон набаpoваpда, буи падаppo гиpифт, дигаp xеч pyзи pавшанpo надид. Вакте y xаp 6op падаpи бадмаст ва аз poxy pавиши инсонй баpoмадаашpo мебинад ва дастакони нoзyкашpo ба гаpдани y xалка меандозад, баpoи y pавзанаи зиё боз гаpдида, ба y сафое ато мефаpмoяд, тамоми азoбxo ва таxкиpxoяш аз хoтиp меpаванд. «Даёти Mеxpyбoн на факат мypyвват ва шавкатpo илко менамояд, балки ба xайси миpъoте намоён мешавад, ки ypo xамчyн кудаки шуданй, Fамхopи падаp ва мушфик нишон медиxад. Аммо аз ин зиёву сафо даp замиpи шoxидoн таассуф ва иFтишoше ба вучуд меояд ва хонанда мебинад, ки сабyксopии волидон фаpзандoнpo ба чй захмxoи pyxoнй мубтало мегаpдoнад. Myшoxидаи Fамy xасpат олами кудакии ypo xам тиpа каpдааст. Хуллас, чеxpаи Mеxpyбoн хеле самимй oфаpида шудааст» [1).
Даp xакикат таъсиpи чонфишонй ва аз худ гузаштани писаp баpoи падаpи хеш, ки Каpoматyллo Mиpзo даp симои Mеxpyбoн ба маъpази тасвиp oваpдааст, ба андешаи мо хеле камназиp аст ва даp адабиёти мyoсиpи точик худ назиp надopад. «Аз суханони Mеxpyбoн, ки мегуяд: «Падаp фаpзандашpo ба дами маpг тела дщад xам, вай бояд py натобад», даp хонандаи orox як навъ шабoxате ба маънии киссаи Ибpoxими Халлилyлox ва фаpзанди аpчманди y Исмоил пайдо мешавад, ки амpи падаppo бо шодмонй пазиpyфта, саpи хешpo баpoи кypбoнй ба зеpи кopди y мениxад» [2].
Минбаъд Mеxpyбoн даp кисмати падаp накши мyxим бозид. Датто номи poман -«Даp opзyи падаp» низ xамбастагии кавй бо oбpази Mеxpyбoн дopад. Ва аз таpафи дигаp, Mеxpyбoн нисбат ба падаp вокеан xам сахт меxpyбoн аст, дypй аз ypo xаpгиз таxаммyл каpда наметавонад ва даp xама xoлат даp саp фикpy зикpи падаppo дopад. Фoчеаxoи оилавии падаpy мoдаpаш Mеxpyбoнpo ба азобу укубати зиёд ва садамаxoи маънавй дyчop oваpда бошад xам, ypo pyxафтoдаю маFлyб каpда наметавонад.
Хулоса, даp poмани «Даp opзyи падаp» аз 0F0з то анчом ду масъалаи ахлокй ба xамдигаp алокаманд мебошанд ва xамеша даp давоми сайpи хатти сюжет якдигаppo
пурра менамоянд, ки яке хаёти оилавии Нозимиву Мушарраф ва дигаре муносибати Нозимй бо хамкорон ба хисоб меравад. Нависанда ба воситаи офариниши симохои бадей маърифати инсонхо ва такдири онхоро аз ду пахлуи як масъалаи маънавй - дарки табиати онхо таваччух зохир намуда, мухимтарин хислатхои инсониро бо ин восита зери таджики бадей карор медихад. Ба воситаи симои Нозимй ва бархе аз персонажхои манфии дигар, ки дар чараёни амалиёт иштирок доранд, нависанда ба ахли чомеа хислатхои неки инсонй: дар худ парвариши ахлоки хамида, аз шухрат худдорй намудан, ба фиребгариву суханфурушй машгул нашудан, ба кадри оила, фарзандон расидан ва устувор нигох доштани онро талкин намуда, махз тавассути ин ду пахлуи як масъала дар асар андешахоро тасвир намудааст.
Адабиёт:
1. Афсахзод А. Бозтоби сиришти инсон // Адабиёт ва санъат. - 1992. - № 27. - 2 июн.
2. Абдушукури Абдусаттор. Достони мехри падар // Адабиёт ва санъат. - 1999 31 декабр.
3. Келдй Г. Чароги рахнамо. Пажухишгохи фарханги форсй-точикии Сафорати Чумхурии исломии Эрон дар Точикистон. - Душанбе, 2012, с. 29.
4. Мирзоев К. Дар орзуи падар. Адиб. Соли 1990, с. 76.
5. Мирзоев К. Нишони зиндагй (Киссахо, хикояхо, ёдгомахо) Адиб 1993, с. 224.
6. Мирзод Т. Ру ба зинахои баланди эчодй // Чдвонони Точикистон. - 1 марти соли 1989.
7. Начмиддин М. Муддао хунар аст // Адабиёт ва санъат, №40, 3 октябри соли 1991.
8. Рахмонов А. Такмили тасвирсозй дар шинохти маънавии инсон // Ч,умхурият, №92, 9 ноябри соли 2000.
9. Саъдуллоев А. Мехри падарй кашид домон // Точикистони советй, № 141, 17 июни соли 1989.
10. Саидов С. Сухан аз сиришти инсон // Садои Шарк, 1987, № 10-11.
11. Тимофеев Л.И. Основы теории литературы. - М., 1963, с.55
12. Домид X,. Имтихони хаёт // Чдвонони Точикистон, 29 феврали соли 1992.
13. Шарифов Х., Абдусаттор А. Ч,илои ситорахо, Чароги рахнамо. Душанбе, Пажухишгохи фарханги форсй-точикии Сафорати Чумхурии исломии Эрон дар Точикистон, 2012, сах. 89.
14. Энсиклопедияи адабиёт ва санъати точик, чилди 2. - Душанбе: Сарредаксияи илмии ЭСТ, сах. 496.
ОСНОВНЫЕ СРЕДСТВА СОЗДАНИЯ ХУДОЖЕСТВЕННОГО ПОРТРЕТА В РОМАНЕ «В ТОСКАХ ОБ ОТЦЕ» КАРОМАТУЛЛО МИРЗОЕВА
В данной статье автор акцентирует основное внимание на исследование одной из актуальных проблем современной литературы - искусство создания литературных портретов на примере романа «В тосках об отце» Кароматулло Мирзоева, анализируя мнения критиков по данной проблеме.
Ключевые слова: художественный портрет, исследование, правда, критик, нравственные проблемы, энциклопедия, творчество, особенности.
THE PRIMARY RESOURCES OF CREATION OF ARTISTIC PORTRAIT IN THE NOVEL OF KAROMATULLO MIRZOEV «IN LONGING FOR THE FATHER»
In this article, the author focuses mainly on the study of one of the actual problems of modern literature - art of making literary portraits based on the novel of Karomatullo Mirzoev "In longing for the father" analyzing the views of critics on this issue.
Keywords: artistic portrait, research, truth, critic, moral issues, encyclopedia, creativity, specifics.
Сведения об авторе: Зулфиев Гадомад, аспиранти Донишгохи давлатии Ку лоб ба номи Абу абдуллохи Ру дакй , e-mail: [email protected]
About author: Zulfiev Gadomad, post-graduate student of the Kulob State University named after A. Rudaki