Научная статья на тему 'The formation of Islamic science and culture and the role of Iranians in their development'

The formation of Islamic science and culture and the role of Iranians in their development Текст научной статьи по специальности «Философия, этика, религиоведение»

CC BY
191
47
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИСЛАМСКАЯ КУЛЬТУРА / КЛАССИФИКАЦИЯ НАУК / РЕЛИГИОЗНЫЕ НАУКИ / ТОЛКОВАНИЕ КОРАНА / ВКЛАД ИРАНЦЕВ В РАЗВИТИЕ ИСЛАМА / фарҳаиги исломй / таснифи у лум / улуми динй / илми тафсир / иаҳши эроииёи дар иикишофи ислом / Islamic culture / classification of sciences / religious sciences / interpretation of Koran / contribution of Iranians into Islam development

Аннотация научной статьи по философии, этике, религиоведению, автор научной работы — Рачабова М.

В данной статье автором затронуты вопросы, касающиеся образования и развития науки и культуры в исламском государстве -Халифате и роли иранских народов в их развитии. Автор, опираясь на достоверные сведения средневековых источников и труды современных исследований, отмечает огромный вклад иранцев в создание и развитие исламской цивилизации. В частности, подчеркивается тот факт, что представители иранских и других покоренных народов, потерпевшие поражение от арабов, не только не потеряли свой духовный облик, но и смогли внести свои доисламские литературно-культурные ценности в арабо-мусульманскую литературу и культуру и, в конечном итоге, возродить литературу на своём родном персидско-таджикском языке. Более того, в условиях арабского господства иранцы сыграли важную роль в придании арабской литературе VIII-1X ее. культурного типа, отличающего её от литературы джахилийского периода, а также в приобретении арабо-мусульманской цивилизацией средних веков мирового значения. Так, выдающийся арабский историк и фшософ XIV века Ибн Халдун особо подчеркивает, что во всех науках, как религиозных, так и рациональных, пальма первенства принадлежит представителям Аджама.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The article dwells on the issues touching upon the formation and development of science and culture in the Islamic state of Khalifat and the role of Iranians people in their development. Leaning on the authentic data of medieval sources and modern investigations the author marks the great contribution of Iranians into the creation and development of Islamic civilization. In particular, she lays an emphasis upon the fact that the representatives of Iranians and other conquered peoples who had sustained defeat from Arabs not only didn't lose their spiritual image but managed to bring their pre-Islamic literary-cultural values into the Arabic literature and culture of Moslemic slant, and finally, to revive their native Persian-Tajik literature either. Moreover, in the atmosphere of Arabic dominance Iranians played an important role in imparting that cultural type to the Arabic literature of the VIII-IX c.c. which distinguished it from the literature of the Djakhil period; Iranians promoted also in gaining world significance by the Moslemic-Arabic civilization of the Middle Ages. Thus, the outstanding Arabic historian and philosopher of the XIV-th century ibn Khaldun stresses especially that the palm of priority in all the sciences, both rational and religious, belongs to the representatives of Adjam.

Текст научной работы на тему «The formation of Islamic science and culture and the role of Iranians in their development»

M. Рацабова

УЛУМУ ФАРХДНГИ ИСЛОМЙ ВА НАКД1И ЭРОНИЁН ДАР ТАШАККУЛИ ОНХ.О

Вожатой калидй: фар^аиги исломй, таснифи улум, улуми динй, илми тафсир, иацши эроииёи дар иикишофи ислом

Таърихи тамаддуни башарй гувох, аст, ки ягон падидаи бузур-ги илмиву фарх,ангй дар 4011 холй ва бидуни фарох,ам омадани замииах,ои мусоиди сиёсиву пятимой ва маънавй ба вучуд наомадааст. Гузашта аз индамоми падидах,ои бузурги адабу фарх,аиг, пеш аз х,ама, дар заминай анъанаву суннатх,ои гузаштаи худ зухур мекунанд ва такомул меёбанд. Бад - ин маънй нашъу намо ва равняли улуму фарх,анги исломй дар масири мавчудияти хеш ба патина ва мах,сули чараёии цаблин он дар байни халцият-х,ои мусалмон иртибот дорад. Донишманди эронй Забехулло Сафо улумро аз назари муслимин х,амчун ма^муан иттилооту дониттт-х,ое, ки дар умури диниву дунявй бах,су га х,к, и к, гардида,масоили шаръиву адабй ва ацлиро фаро гирад, маънидод кардааст.

Дар х,ак;ив;аi х,ам, х,ангоме ки дар тамаддуни исломй сухан аз илм меравад, набояд аз рун расми муосирои ганх,о ба илмх,ои исботиву та^рибавй гава^чух, куием,балки муроди мо бояд х,амаи айвой ахбори башарй бошад. Бо гава^чух, ба ин матлаб, метавон гацсимбандии олими мавсуфро сах,ех, арзёбй иамуд, ки оиро ба тарной зайл мушаххас кардааст:

1. Улуми шаръй

2. Улуми ак,лп

3. Улуми адабй (5, 85).

Лозим батаъкид аст, ки илмх,ои шаръй к,ироят, тафсир, х,адис, фикд ва каломро дарбар мегирад, ки х,ар яке аз оих,о дар шинохт ва бозгуи маонии цуръоий пякдпи муассир доранд.

Пас аз истилои араб цавмх,ои эронй исломро пазируфтанд ва аз пайи он забони аъробро ба х,аиси забони расмй цабул карданд. Бар асарн ин, забони арабй дар дарозои цариб дусад сол ба воситаи ягонаи нфодан афкорн адабиву бадей ва нлмнву фарх,ангии эрониён табдил ёфт. Чоиш к,айд аст, ки фарзандони Эронзамин, ки х,омилони фарх,анги бузургн тонсломни гузаштагонн худ буданд, забони арабиро дар тяти камол омухта, дар поягузорй ва тах,аввули тамаддуни исломй накопи бориз гузоштанд. Аз мадорике, ки дар кутуби адабиву таърихй омадааст, метавон истинбот кард, ки хдп о дар улуми хоси арабй, махсусан илмх,ои шаръиву лугавии арабй маволй пешдаст ва пешох,анг будаанд. Мусаллам аст, ки калимаи мавло ва шумораи Чамъи он маволй дар ахди Умавиён ва Аббосиён ба маънии мардумони Faiipiiapa6 истифода мешуд,ки аксари эшонро ах,л и форс ташкил менамуданд. Дар идомаи ин матлаб бояд аз он низ ёдовар шуд, ки а^амиён пас аз цабули дини ислом барон рутттду нумуи он садоцатмандона хндмат карданд. Пас аз сах,обагоии иайгамбари ислом бузургтарин цориёне, ки бо номи "К.урроъуссабъа" (кориёни х,афтгоиа) маъруфият пайдо карданду тарзуусули хонишн "К,уръон"-и ма^идро таъйнн сохтанд, х,амагй аз миёни маволй бархоста буданд, ки онх,о Нофеъ ибни Абдуррах,мои ибни Абинуайм, Абдуллох, ибни Касир, Абуамр ибн ал-Алоъ, Абдуллох, ибни Омир, Осим ибни Абинначуд, Х,амза ибни Х,абиб, Абулх,асан Алй ибни Х,амза ал-Кисой мебошанд. Фузун бар ин, яке аз бузургмардони илми тафсир, муарриху адиб ва (|)ацех,и забардасти исломй Мух,аммад ибни Ч,арир ат-Табарй мебошад, ки тавассути асарн худ "Чоме-ул-баён фи тафсир-ил-К,уръон", ки х,амчун тафсири кабир маъруфият дорад, дар раъси муфассирон ь;арор дошта, худ эрониасл буд. Гузашта аз ин, илми х,адис, ки ба ёрии он ацволу афъол ва ах,воли расулуллох, (с) шинохта мешавад, яке аз рукпх,ои мух,ими улуми шаръиро ташкил дода, дорой ах,амияти вижае мебошад, зеро баъд аз К,уръон мух,имтарин василаи иттилоъ аз ах,коми дин мах,суб меёбад. Таъкид х,аст, ки дар царнх,ои аввали исломй бар асарн кашокашх,ои шадиди сиёсиву мазх,абй ва дар нати^аи мудавван набудани ах,одис бисёр х,адисх,ои мадъул ба миён омаданд ва шумораи опх,<) ончунон зиёд гардид, ки 1ах,к,ик, дар ах,одис ва х,атто истинод ба онх,оро душвор сохт. Аз ин хотир, дар асри IX

масъалаи нацди ах,одис, чудо кардани онх,о аз якдигар ва зикри ридоли х,ядис ба миён омада,заминай таълифи кутуби сих,ох, фарох,ам омад. Чунонки Имом Мух,аммад ибни Исмоил ал-Бухорй китоби маъруфи худ "ал-Ч,оме-ус-сахрх,", Абулх,асан Муслим ибн ал-Х,аддоди Нишоиурй китоби "Сах,их,", Абдуллох, Мух,аммад ибни Язид ал-К.азвиий китоби "Сунан", ат-Тирмизй китоби "Чомеь" ва ан- Нисой низ китоби "Сунан"-ро таълиф на-муданд ва ин шаш китоб, ки аркони асосии илми х,адис дар миёни омма аст, бо номи "Кутуб-ус-ситта" ( китобх,ои шашгона) машхур буда, сах,ех,тариии кутуби х,адис шумурда мешаванд, ки муалли-фони оих,о х,амагй эронй буданд.

Чун дар мавриди пакдпи эрониён дар ташаккули илми фик,х, тааммул менамоем, асноди зиёдеро дармеёбем, ки ба нацши адамиён дар гарви^и он далолат мекунанд. Фикд худ илме аст, ки дойр ба яке аз шохах,ои илмии ах,коми шаръй бах,с намуда, ма^суд аз он тах,сили малакаи ицгидор бар идрои амалх,ои шаръй аст. Мабнои ин илм бар истинботи ах,ком аз китобу суннат асос ёфтаву ба х,амин сабаб мах,алли и1п их,од к,арор гирифтааст, ки ин боиси иайдо шудани ихтилофи назар дар байни фак,ех,<ш ва эдоди дастах,ои нав миёни муслимин гардида буд.

Пас аз рехдати расули акрам (с ) фатвои масоили динй ба сах,обагон ва пас аз онх,о ба тобеин ингикол ёфт. Дар тамоми цари» аввали х,и1фй бар асари идтимоъ аксари сах,обагону тобеин дар Мадина, ки маркази мух,ими фатвой мах,суб меёфт, гирд омада буданд,лекин аз аввалх,ои ^арни 8 Иро^ низ дар ин боб марказияту ах,амияте касб карда, гурух,е аз фук,ах,ои сох,ибназар дар он диёр зух,ур намудаид ва х,амин дугонагии марказх,ои илми (|)икд боиси эдоди ду равиши мумтоз дар ин илм гардид,ки яке ба номи тарицаи ах,ли х,адис ва дигар бо номи гарицаи ах,л и раъйу цнёс Hiyx,pai манд гардидаид. Пайравони х,ар яке аз ин ду равиш аз 0F03H зух,урашон то муддатх,ои мадид бо якдигар дар мубох,исоту мушодарот царор доштанд, ки ин амр мундар ба таълифи кутуби мутааддид гардид. Пешвои ах,л и раъй Абух,анш|)а Нуъмон ибни Собит буд, ки дар Куфа дар хонадони эронй ба дунё омада, тавассути кору фаъолият ва осори гароибах,ояш дар '(араспи минбаъдаи улуми шаръй таъсири ам1ще гузоштааст, ки пас аз у шогирдон ва пайравонаш корх,ои огозкардаи уро идомат бахшидааид. Ч,оизн к,айд аст, ки хушбахтона ба шарофати эълон

гардидани соли бузургдошти Имоми Аъзам ва чорабиних,ои зиёде, ки ба ин муносибат дар кишварамон гузаронида шуданд, мардуми то^ик аз зиндагинома ва фаъолияти э^одии ин бузургмарди майдони илм аз наздик ошной пайдо намуданд. Ба вижа таълиф гардидани чанд асарх,ои илмй аз чониби сарвари давлати то^икон Эмомалй Рах,мон иеромуни рузгор ва осори Абух,а1шфа Нуъмон ва дигар китобх,ои илмиву адабии аз тарафи донишмандони го^ик рун кор омада ба пах,лух,оп мухталифи х,аёту э^одиёти ин алломаву фа цех, и то^ик равшанй андохтанд, ки бешак дар шинохт ва таъйин сохтани малому манзалати у ах,амияти калонеро доро мебошанд.

Шоистаи тазаккур аст, ки пакдпи эрониён дар тарви^у raparç-к,и и илми калом низ хеле назаррас арзёбй мегардад. Дар ма^муъ, метавон ба чунин нати^а расид, ки новобаста ба он ки улуми шаръии ислом барон навмусалмонони Эронзамин нав буд, вале донишмандони аз ин сарзамини бостонй бархоста аз руи мух,аббату та^рибае, ки дар илм доштанд, х,амаи душворих,оро паси cap намуда, дар офаридани осори гаронцадр дар ин чода х,иммат гумоштанд ва дар ин рох, х,атто аз худи аъроб сабцат варзиданд, ки шах,одати манобеи адабиву таърихй ин нуктаро тасбит месозанд. Дар идомаи ин матлаб бояд аз он низ ёдовар шуд, ки бино бар мабнои ахбори маохизи адабиву таърихй apafix,« ) дар ахди '(ох,!!.!!! аз улуми ак,лй, яъне риёзиёту табииёту мантиц ва сиёсати кишвардорй хабаре надоштанд. Дар ин радиф, тозиён дар садри ислом ва к; и с мат и бузурге аз давраи Банй Умайя мутлацан ба улуми ацлй i аваччух,е надоштанду К.уръони карим ва суннати расулро барон саодати х,ам индунёй ва х,ам ондунёй кофй медонистанд. Ин 40 бемуносибат нест, агар иорае аз суханони муаррих Х,о^й Халифаро дар ин маврид ицтибос намоем:

"Араб дар садри ислом ба х,еч як аз улум, магар ба забоин худ ва маърифати ах,коми ислому фанни тиб, ки бар асари х,о1(я i и умум назди бархе аз афроди он к,авм мав^уд буд, ба чизи дигар i аваччух,е надошт ва ин адами гава^чух, аз боби х,ифзи цавоиди ислом ва дур доштани ацоиди муслимин пеш аз русух ва устувории бунёни имон, аз халале буд, ки натирай нуфузи улуми авоил аст, то он 40 ки ривоят мекунанд, мусалмонон он чй китоб дар футух,оти билод ёфтанд, сухтанд ва х,амчунин назар дар "Таврот"-у "Ин^ил" х,ам мамнуъ буд, то иттих,оду и^тимои

калима дар фах,му амали Китобуллох, ва суннати расул х,осил шавад ва ин х,ол то охири асри тобеин давом дошт ва аз он пас ихтилофи ороъ ва интишори мазох,иб рнвоч ёфт ва тава^^ух, ба тадвин ба миён омад" (10, 1, 33).

Ба ацидаи ах,ли та?дащ арабх,о цувваи х,офизаро аз х,ама бол отар дониста, китобатро эътироф намекарданд, зеро ба назарн эшон он х,офизаро занф намуда, боиси аз байн рафтанн нлмашон мегардид. Аз ин сабаб х,ам х,ангоми футух,оти исломй арабх,о ба х,ар китобе, ки даст меёфтаид, дар сухтану иобуд кардани <шх,о саъй менамуданд. Чунончи х,ангоме, ки Амр ибн ал-Ос Мисрро фатх, карду ба захирах,ои илмии Искандария даст ёфт, бо фармони Умар онх,оро сухт. Дар Эрон низ фотех,они араб аз чунин аъмол худдорй накарданд ва Саъд ибни А би валкое бо фармони халифа хазинах,ои кутуби Эронро аз миён бурд (10, 1, 446; 4, 3, 41- 47).

Дар муддати беш аз як цари, ки х,укумату сиёсат дар дасти арабх,о буд, аз ^ониби онх,о на танх,о i ава^^ух,е ба илм сурат нагирифт, балки эшон иштигол варзидан ба илмро иешаи маволй ва шугли бандагон медонистанд ва ба он бо карох,ат назар мекарданд. То он даме, ки унсури арабй бар раъси хилофат х,укмфармой дошт, асаре аз равшании чарога илм дар олами ислом ба чашм намерасид. Чои тардид нест, ки бо галабаи унсури эрониву барандохтани хукумати Умавй ва ташкили давлати Аббосй нуфузи давлатх,ои гайриараб дар дастгох,и хулафо шуруъ шуда, raba'í'íyx, ба илм низ ofo3 гашт. Дар тацвияти ин гуфтор метавон ба андешах,ои Ибни Халдун ишора кард, ки мегуяд :

"Аз умури Fapn6 яке ин аст, ки х,омилони илм дар ислом голибан аз А^ам буданд, хох, дар улуми шаръй ва хох, дар улуми а^лй ва агар дар миёни уламо марде дар нисбат арабй буд, дар забону чои тарбият ва парвариш аз А^ам шумурда мешуд ва ин аз он руй буд, ки дар миёни миллати ислом дар ofo3h амр илм ва санъат бино ба муцтазои соддагиву бадовати он вучуд надошт ва ах,коми шариат, авомиру навох,ии Худовандро ри^ол ба сипах,о пяк,л мекарданд ва маъхази онро аз китобу суннат ба пах,ве, ки аз сох,иби шаръ ва асх,оби у шрифта буданд, мешинохтанд. Дар ин рангом гяпх,о iyiBvni мусалмони араб буд, ки аз амри таълиму таълиф ва тадвин иттилое надошт ва х,о^аге ононро ба ин кор барнамеангехт ва дар тамоми муддати сах,обаву тобеин вазъ ба х,я\шп минвол буд.. .Паёмбар (с) гуфта буд, ки ду чиз барои шумо

них,одаам, ки агар ба он пайравй кунед, гумрох, намегардед ва аз он ду яке Китобуллох, ва дигар суннати ман аст. Чун муддати пяк,л г^лоий шуд, jx.inë'i ба вазъи тафосири цуръоий ва забти ах,одис аз бими табох,ии онх,о махсус гардиду ба маърифати санадх,о ва табдили поцилоп барон тамйизи х,адиси сах,ех, аз мансуб х,о^аг афтод ва он гох, истихро^и ах,ком аз китоб ва суннат ofo3 шуд ва бо ин х,ол забони арабй ба габох,й rapo ид ва вазъи цавопипи иахрй лозим шуда, х,амаи улуми шаръия ба истинботу истихроч ва назару к,иёс эхдиёч ёфт ва аз ин 40 ба улуми дигар х,о^ат афтод ва х,амаи ин улум мух,104 ба таълим шуда, дар зумраи фунун даромад ва мо iyiíuan гуфтаем, ки фунун нати^аи х,азоро i аст ва мутамаддинини ин ахд х,ама а^амй ё худ аз касоне буданд, ки дар маънй аз он даста шумурда мешуданд, яъне маволй ва ах,ли шах,рх,ое, ки дар тамаддуну саиъатх,о ва нешах,о иайрави а^амон буданд, зеро эшон бар асари русухи тамаддун дар миёни худ аз х,аигоми давлати иорсиён барон ин кор бехдар ва солехдар будаанд. Олимони нах,ву х,адис ва усули фикду калом ва аксари муфассирон х,ама аз А^ам ё аз касоне буданд, ки тарбияту забони а^амй доштанд ва х,с'( iyiisvic ба х,ифзу тадвини илм циём накард, магар а^амон (эрониён) ва х,ак,ик,яти гуфтори иайгамбари ислом (с) ошкор шуд, он 40 ки гуфт: "Агар илм ба акнофи осмон бозбаста бошад, iyusvie аз ах,л и форс (Эрой) бар он даст хох,анд ёфт..." (3, 543-544).

Сабаби аслии таъсири эрониёнро дар нацлу тадвин ва нашри улум дар тамаддуни исломй метавон дар чанд авомил баррасй кард. Аввалан, чун ин мардум собирай калоне дар улум доштанд, пас аз он ки давлати Банй Аббосро руи кор оварданд, аз як тараф, бар асари нуфузи ашхоси маъруфи эронй, ки х,ама аз ах,л и илму дониш ва ё аз х,омиёни он буданд ва аз тарафи дигар, дар иати^аи муоширати хулафо бо он он, i аваччух,и давлати Аббосй, ки аз баъзе 1(их,агх,о русуму одоб ва ташкилоти дарбори Сосониро пазируфта буданд, ба улум ofo3 шуд. Сониян, чун эрониён ахди назар буда, дар давраи сосонй вобаста ба риво^и адёну мазох,иби мухталиф ва э^оди бах,сх,ои динй бо чунин масоил ошной пайдо карда буданд, дар ислом низ ба мубох,исот пардохта, дар х,алли масоили динй ширкат чуегапд. Гузашта аз ин, эрониён пеш аз ислом бо улуми мухталиф, аз цабили фалсафаву риёзиёт ва тиб ошио буданду пас аз шуруп иах,зати тарчума дар ахди исломй к, и с маги бузурге аз онх,оро, хох, онх,ое, ки аслан аз юнониву х,индй ба нахдавй нацл

шуда буданд ва хох, онх,ое, ки мустациман худи эрониён ба иахдавиву сурёий иавишта буданд, ба забоин арабй тардума карданд. Х,амзамон бисёре аз донишмандоне, ки дар х,авзах,ои гайриисломии Эрой тарбнят ёфта буданд, дар давраи исломй ба таълнфу тадвннн матолиби нлмй ба забони арабй даст зада, аз ни рох, дар пешрафти улуми исломй с ах, ми калоне гузоштанд.

Бо i аваччук, ба ин матлаб метавон чуннн иати^агирй кард, ки теъдоди зиёде аз бунёдгузорони илмх,ои таърих, дугрофия, фикду х,адис, тафсир, сарфу пях,в, ирфону тасаввуфи ахди исломии араб, чун Мух,аммад Ч,арири Табарй, Истахрй, К.азвинй, Бухорй, Муслим, Нисой, Тирмизй, Си Г) я isa их,, Абуалии Форсй, Розни Ас-тарободй, Абдулкох,ири Ч,урдонй, Фирузободй, Замахшарй, Шиб-лии Нах,овандй, Боязиди Бастомй, Тафтозонй, К.утби Шерозй ва дигарон эрониасл буданду дар таърихи фарх,ангу тамаддуни арабй

- исломй с ах, ми муассир гузоштаанд. Фузун бар ин, дар миёни шоиру нависандагоне, ки дар гули асрх,ои 8-10 осори арзандае ба забони арабй ба вудуд овардаанд ба номх,ое чун Ибни Муцаффаъ, Башшор ибни Бурди Тахористонй, Абунувоси Ахрозй, Абуяъ^уби Хураймии Сугдй, Иброх,им ибни Мамшоди Мутаваккилй, Алй ибни Убайдаи Райх,опй, Мсх,сри Дайламй, Абдулх,амиди Котиб, Ибн ал- Амид, CaXri ибни Х,орун, Сох,иб ибни Аббод ва бисёр дигарон дучор мешавем, ки э^однёташон як чузъи мух,ими адабиёти арабй ба х,исоб меравад ва бе осори онон тасаввури таърихи адабиёти араб, алалхусус адабиёти iyipnx,oii нахустини ахди Аббосиён аз имкон берун аст.

Гуфтах,ои (|)aiiK, ба он далолат мекунанд, ки омухтаии осори дар царнх,ои аввали исломй ба забони арабй таълифкардаи ах,л и илму адабй Эронзамин ба меросбарони он улуму фарх,анги гановатманд амри х,атмй ва ногузир аст, зеро бе шинохтани коми-ли гузаштаи худ ояндаро тарх,резй кардан аз назар дур менамояд.

Аз дониби дигар, имрузх,о, ки дар Тоднкистон раванди худшиносии миллй бовусъат иеш меравад, i ах,к,ик,у бозгуи осори гузаштагонамон ба ташаккулу тах,аввули х,исси ифтихори миллй, тарбияи наели давон дар рух,ияи мех,аниарастй мусоидат менамояд.

ПАЙНАВИШТ

1. Абдушукури Абдусаттор. Таърихи адабиёти араб. Аз ах,ди до^илият то давраи Аббосиён.- Душанбе, 2009

2. Ах,мад аз-Зайёт. Таърих-ул-адаб-ал-арабй. -Байрут: Дор-ус-сацофа. 1978

3. Ибн Халдун. Муцаддима ибн Халдун. - Байрут: Дорул-фикр-ал-арабй, 1997

4. Зайдон Ч,ур^й. Таърих-ул-адоб-ил-лугат-ил арабияти. ат-Табъату-с-сония. Ч,. 1-2. - Байрут, 1978

5. Забехулло Сафо. Таърихй адабиёт дар Эрон ва дар цаламрави забони порсй.4,.1. - Тех,рон, 1371

6. Зох,идов Низомиддин. Насри арабизабони адабиёти форсу то^ик дар асрх,ои 8-9. - Ху^анд, 2004

7. Зайф Шавк;й. ал-Фанн ва мазох,ибух,у фи-ш-шеър-ил-арабй. Дорул маъориф Бимиср. - ал-К,ох,ира, 1965

8. Фаррух Умар. Таърих-ул- адаб-ал-арабй. 4,1- 4.- Байрут, 1975

9. Х,анно-ал-Фахурй. Таърихи адабиёти забони арабй. Тарчумаи Абдулмух,аммади Оятй.- Тех,рон, 1368

10. Доч,й Халифа. Кашф-уз- зунун ан асоми - л- кутуби ва-л-фунун. Ч..1-2.- Истамбул, 1941

Образование исламской науки и культуры и роль иранцев в их развитии

М. Раджабова

Ключевые слова: исламская культура, классификация наук, религиозные науки, толкование Корана, вклад иранцев в развитие ислама

В данной статье автором затронуты вопросы, касающиеся образования и развития науки и культуры в исламском государстве -Халифате и роли иранских народов в их развитии. Автор, опираясь на достоверные сведения средневековых источников и труды современных исследований, отмечает огромный вклад иранцев в создание и развитие исламской цивилизации. В частности, подчеркивается тот факт, что представители иранских и других покоренных народов, потерпевшие поражение от арабов, не только не потеряли свой духовный облик, но и смогли внести свои доисламские литературно-культурные ценности в арабо-мусульманскую литературу и культуру и, в конечном итоге, возродить литературу на своём родном персидско-таджикском языке.

— 54 ~С НОМАИ ДОНИШГОХ О

Более того, в условиях арабского господства иранцы сыграли важную роль в придании арабской литературе VIII-IX вв. культурного типа, отличающего её от литературы джахилийского периода, а также в приобретении арабо-мусульманской цивилизацией средних веков мирового значения.

Так, выдающийся арабский историк и философ XIV века Ибн Халдун особо подчеркивает, что во всех науках, как религиозных, так и рациональных, пальма первенства принадлежит представителям Аджама.

The Formation of Islamic Science and Culture and the Role of Iranians in their Development

M.Rajabova

Key words: Islamic culture, classification of sciences, religious sciences, interpretation of Koran, contribution of Iranians into Islam development

The article dwells on the issues touching upon the formation and development of science and culture in the Islamic state of Khalifat and the role of Iranians people in their development. leaning on the authentic data of medieval sources and modern investigations the author marks the great contribution of Iranians into the creation and development of Islamic civilization. In particular, she lays an emphasis upon the fact that the representatives of Iranians and other conquered peoples who had sustained defeat from Arabs not only didn't lose their spiritual image but managed to bring their pre-Islamic literary-cultural values into the Arabic literature and culture ofMoslemic slant, and finally, to revive their native Persian-Tajik literature either

Moreover, in the atmosphere of Arabic dominance Iranians played an important role in imparting that cultural type to the Arabic literature of the VIII-IX с.с. which distinguished it from the literature of the Djakhil period: Iranians promoted also in gaining world significance by the Moslemic-Arabic civilization of the Middle Ages.

Thus, the outstanding Arabic historian and philosopher of the XIV-th century ibn Khaldun stresses especially that the palm of priority in all the sciences, both rational and religious, belongs to the representatives ofAdj am.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.