Научная статья на тему 'The causes and factors of the establishment of the second and third Academies of language'

The causes and factors of the establishment of the second and third Academies of language Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
65
18
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ОЧИЩЕНИЕ ЯЗЫКА / ИНОРОДНОЕ СЛОВО / ВТОРАЯ АКАДЕМИЯ ЯЗЫКА / ЛЕКСИКА / СЛОВООБРАЗОВАТЕЛЬНЫЙ ПРОЦЕСС / МЕСТНЫЕ ДИАЛЕКТЫ / СЛОВООБРАЗОВАНИЕ / ДРЕВНЫЙ ПЕРСИДСКИЙ ЯЗЫК / ЯЗЫК АВЕСТА / ПЕХЛЕВИЙСКИЙ ЯЗЫК / LANGUAGE PURIFICATION / FOREIGN WORD / SECOND LANGUAGE ACADEMY / VOCABULARY / WORD-FORMING PROCESS / LOCAL DIALECTS / WORD FORMATION / ANCIENT PERSIAN LANGUAGE / AVESTA LANGUAGE / PAHLAVI LANGUAGE

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Мухаббатов Абулфазл

В статы рассматриваются причины и фактори создания второй и третый академии языка в Иране. Изложено, что первая Академия была распущена в 1941 году, основной задачой которой была полное очищение персидского языка от инородных слов. В тот период развитие языка, т.е. впериод создания Первый Академии влияние арабских заимствований на столько была сильна, что в некоторых текстах этих заимствование составили 93% процентов от общих лексиконов текста. Подчеркивается, что хотя с распадом первый академии процесс словообразования и терминотворения не была прекращена, но возникла острая необходимость в создании второй Академии. Эта необходимость вызвана тем что в этот период европейские слова как селевой поток входила в персидский язык. Исходя из этого королевским приказом в 1970 году была создана вторая академия под названием «Академия языка Ирана» и действовала в течении 8 лет. За время восьмилетное деятельности второй академией было опубликовано ряд исследования в различных областях языкознания. Исследования в области грамматики персидского языка, местных диалектов, словообразование, изучения языка иранских языков и связи персидского языка с другими языками были частью деятельности этой академии. За это время Академией было предложено около 9000 слов и около 2000 из низ были утверждены Верховным советом Академии.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Причин и факторы создания второй и третьей Академии языка

The First Academy was dissolved in 1941, the main task of which was the complete purification of the Persian language from foreign words. At that time the development of language, i.e. during the establishment of the First Academy, the influence of Arabic borrowing was so strong, which in some texts for these borrowings accounted for 93% of the total lexicons of the text. Although with the collapse of the first academy the process of word formation and terminology had not been stopped, but there was an urgent need for the establishment of a second Academy. During this period European words as a village stream entered the Persian language. Proceeding from this, the royal order in 1970 established the second academy called "The Iranian Language Academy" and operated for 8 years. The second academy was a series of studies in various fields of linguistics. Studies in the field of grammar of the Persian language, local dialects, word formation, learning the languages of Iranian languages and the connection of the Persian language with other languages were part of the activities of this academy. During this time, the Academy was offered about 9,000 words and about 2000 from the bottom were approved by the Supreme Council of the Academy.

Текст научной работы на тему «The causes and factors of the establishment of the second and third Academies of language»

УДК 8-222.1

ББК 81.2-4(Э) А. МУ^АББАТОВ

САБАБ^О ВА ОМИЛ^ОИ ТАЪСИСИ ФАРХАНГИСТОНИ ДУВУМ ВА СЕВУМ

Содик Киё як тан аз донишманди варзида ва раиси Фархангистони дувум мавсум ба «Фархангистони забони Эрон» дар бораи сабабхо ва омилхои таъсиси ин Фархангистон, яъне Фархднгистони аввал натичаи кори нихоии он дар тамоми давраи фаъолият сухан ронда, фикру мулохизахои чолиберо матрах намудааст. У аз чумла дар бораи сабабхои ифтитох ва фаъолияти Фархангистон чунин менигорад:

«Эронинён низ дар огоз осеберо, ки аз ин бархурд (яъне вуруди иктибосоти хоричй) ба забони форсй мерасид, дарнамеёфтанд. Барои бархе аз вожахои бегона баробархое гузиданд ва бархе дигарро ба забони худ рох доданд. Аммо чун шумораи ин гурухи дувум фузунй гирифт ва нохамохангии онхо бо вожахои форсй ошкор гардид, бими фуру афтодани ин забон аз пойгохи волои фархангии дерин ва аз даст рафтани хамохангй ва расоии он ва хамчунин падид омадани сустй дар бунёди фарханги густурдаи миллй дар дили онон рох ёфт. Чанд тане аз донишмандон ба чорачуй бархостанд ва ба ёфтан ё сохтани вожахои форсй дар баробари вожахои бегона пардохтанд. Аммо кор ба ин сурат на дуруст буд, на анчом гирифтанй, зеро ки ниёз ба андозае набуд, ки чанд тан он хам так-так (ба танхой) битавонанд онро бароваранд. Ва агар вожагузинй бо завку саликаи фардй давом меёфт, забон дастхуши ошуфтагй ва нобасомонии дигаре мегардид. Чунин буд, ки дар соли 1314 хуршедй (1935 мелодй) ба хост ва фармони Аълохазрат Ризошохи Пахлавй Фархангистони Эрон бунёд нихода шуд ва дар чанд соле, ки ба кор пардохт беш аз хазору панчсад вожаро тасвиби он шоханшох гардонид, ки бештари онхо хамакнун дар навиштахои илмй, фаннй, фархангй, омузишй ва созмонхои идории кишвар ба кор меравад. Афсус, ки он созмон дар соли 1320 (1941) аз кушиш бозистод, дар холе ки тозиши вожахои бегона идома дошт ва балки фузунй мегирифт (10, 157). Дар ин чо мехостем таваччухро ба сабки нигориши донишманди мазкур чалб намоем. Бубинед, дар як иктибоси нисбатан калон хамагй аз 9 калимаи арабй истифода кардааст ва бо чи забони шевову равон фикру назархои худро ба забони форсй иброз доштааст.

Тавре ки мебинем, Фархангистони нахуст беш аз 1500 вожаи нав сохта ба тасвиб расонидааст, ки аксари онхо имруз на танхо дар забони форсии Эрон, хамчунин дар Точикистону Афгонистон зинда ва фаъол мебошанд.

Вожахое чун «хавопаймо», «омузишгох», «пизишк», «посбон», «вожа», «додситон», «шахрдорй», «ороишгар» ва бисёри дигар, ки махсули эчоди Фархангистони аввал мебошанд, имруз ба таври густурда дар истифода ва истеъмоланд.

Пас, агар бихохем натичаи кори чараёни пуристй ва фаъолияти Фархангистони нахустро, ки хамзамон бо чараёни пуристй кору эчод мекард, чамъбаст намоем, мебинем, ки харчанд чараёни мазкур ва хамчунин Фархангистон ба хадафхои нихоии худ, ки поксозии забони форсй аз вожахои бегона буд, нарасида бошанд хам, вале дар як давраи мушаххаси таърихй, ки пур аз нобасомонихо буд, тавонист истилохоти зиёдеро эчод ва вориди забон кунад. Хидмати дигари бо арзиши ин чараёну Фархангистон боз дар он намоён мегардад, ки онхо муваффак шуданд рухи миллй ва ифтихори миллиро дар миёни ;ишрх,ои мухталифи чомеаи Эрон бедор кунанд. Зеро дар мисли Эрон ва кишвари мисли он хар бархурде бо калима ва таъбироти арабй метавонад оханги динй-мазхабй ба худ касб кунад. Аз ин чост, ки мунаккидони чараёни мазкур ва Фархангистон, ки дар нотавонй ва корношоямй онхоро муттахам менамоянд, дар аглаби маворид аз дидгохи сиёсиву мазхабй фаъолияти чараёни пуристй ва Фархангистонро арзёбй менамоянд.

Донишманди муосири эронй Саид Мухаммад Махдии Ч,аъфарй дар маколае бо номи «Фархангистон ва сарнавишти пажухиш дар Ч,умхурии Исломии Эрон» сабабхо ва далоили ифтитохи Фархангистони аввалро на дар зарурати мубрами ислохоти забону истилохгузинй, балки дар алокамандй бо вокеахои сиёсии он замон, гарбгароии рохбарону донишмандони вакт мебинад:

«Х,ангоме ки Ризохон бар мардуми Эрон мусаллат шуд, на танхо сарнавишти сиёсй ва иктисодии ин кишварро милабои (бозичаи) истеъмори тачовузгар сохт, балки ба дастур ва

таълими арбобаш - Инглистон фарханги ганй ва пурбори ин мардумро хам ба бахонаи миллигарой ва эронпарастй дастхуши тороч карор дод» (10, 154). Ба акидаи ин андешаанд тахаввулоти чиддй ва муфид дар назму насри форсй хануз дар авохири хукмронии ^очориён (яъне, даврахои Инкилоби машрута) ва авоили силсилаи Пахлавй ба вучуд омада буд, ки китобхои илмиву адабй ва тарчумашудаи он даврон барои хосу ом комилан мафхум буд. Аммо ба гуфтаи вай «бозихои Кисравй аз як су ва сиёсати истеъмории Англис аз суи дигар, Ризохонро водор кард то ба дастури арбоб ва бар тибки улгу (намуна)-и Ата турк, ки аз фарки сар то нуки по гарбзада ва худбохта буд, таклид аз тамаддуни гарбиро бо кашфи хичоб ва носиюнолисмро бо таъсиси Фархангистон дар Эрон ба ичро дароварад» (10, 155).

Вале, вакте ки донишманд дар бораи сабабхои пайдоиш ва фаъолияти Фархангистони дувум сухан меронад, ба хонанда иллати ночизу нодида гирифтан ва ба корхои бехуда машгул будани Фархангистон гуфта бахо додани у ба таври равшан маълум мегардад:

«Пас аз солхо фарозу нишеб саранчом писари Ризохон ба василаи арбоби тоза ба даврон расида ва меросхори истеъмор бар тахти салтанат ва хиёнату харочи сарватхои моддиву маънавии мамлакат истикрор пайдо кард, нахуст маск (иваз кардан) ва инхирофи сиёсат, хукумат ва карор додани он дар чихати манофеи Амрико даст дод. Сипас.... У низ дар соли 1369 (1978) ба ин фикр афтод, ки Фархангистони забонро зинда кунад ва илова бар дигар аносири ин фарханг, ки дар чойхои дигар масх ва вайрон мешуд, забони форсиро хам, ки худ забони дуввуми чахони ислом буд, ба инхироф бикашонад» (10, 156). Дар робита ба ин чй метавон гуфт. Мусалламан, вакте ки илм олудаи сиёсат мегардад, тахлилхову натичагирихо хам якчониба, мугризона ва дур аз меъёрхои пазируфташудаи илмй мебошанд.

Агарчй Фархангистони аввал дар назди худ вазифаи поксозии забони форсй аз вомвожахоро гузошта буд ва ноил ба ин хадафи худ нашуд, вале забон чун як падидаи ичтимой аз тахаввулу дигаргунихои айём дар канор намонд. Илми забоншиносй аз муддатхо кабл илал ва авомили вуруди вомвожахоро аз як забон ба забони дигар возехан нишон додааст. Агар барои таъсиси Фархангистони аввал ниёзмандии шадид ба истилох ва мафохими забони форсй дар баробари вомвожахои арабй буд, ки ба назари мо дар ин маврид алорагми фикру андешахои бадхохонаи мунакидон Фархангистони аввал дар бисёре аз маворид муваффак ва комёб будааст.

Аммо бо бархам хурдани Фархангистони аввал масоили истилохгузинй ва умуман истилохоти забони форсй ба боди фаромушй супурда нашуд. Баракс, дар тули сй соли баъди пош хурдани Фархангистони аввал истилохоти сохавии забони форсй ба таври густурда рушду такомули наве пайдо кард. Нуктаи чолиб ин чо аст, ки агар дар охири солхои сиюм асосан мубориза алайхи истилохоту таъбироти арабй бошад, пас дар ин солхои пас аз пошхурии Фархангистони аввал мубориза бар зидди вуруди фаровони истилохоти гарбй сурат мегирифт. Албатта, ин як раванди табий аст. Зеро вуруди истилохот ба забони форсй вобаста ба авомили таърихиву замонй ба гунахои мухталиф анчом мепазируфт, ки муфассалан шархи онхо дар бахшхои оянда мавриди баррасй ва омузиш карор мегирад.

Вокеан, вуруди иктибосоти фарангй дар ин солхо селосо буд, ки бо вучуди тартиб додани лугатномаву лугатхои сохавй намешуд пеши рохи онро гирифт. Дуруст дар чунин замоне буд, ки даъватхои эчод намудан ва ё баркарор намудани фаъолияти Фархангистон харчй бештар аз кабл садо медоданд. Зимнан, дар ин амр хам созмонхои чудогона ва хам афроди мухталиф бо чунин даъватхо баромад мекарданд. Гарчи дар мохи апрели соли 1950 дар назди Донишгохи Техрон Анчумани истилохоти илмй созмон дода шуд ва вазоифи он тибки Оиннома мушаххас гардида буд ва корхои зиёде аз суи анчумани мазкур ба анчом расида бошад, масалан чопи мачмуаи дучилдаи истилохоти илмй, ки шомили 20 хазор истилохоти илмй буд, анчумани мазкур наметавонист хамаи ниёзхо ва дархостхои забонро конеъ гардонад.

Бинобар ин эчоди ё таъсиси Фархангистон ба як амри зарурй табдил ёфта буд. Нихоят дар соли 1970 Фархангистони дувум бунёд гардид. Фикру мулохизахои Содики Киё пиромуни ифтитохи Фархангистони дуввум хеле чолиб ва дар айни замон омузонда низ мебошанд. У дар ин бора чунин навишта буд:

«Агар рох бар ин тохту тоз (яъне вуруди калимахои фарангй) баста нашавад, кор ба чое хохад расид, ки хамчунон ки имруз барои фахмидани бештари навиштахо ва сурудахои форсй ба омухтани арабй ниёз дорем, дар ояндаи на бисёр дур ба омухтани он

забонхои бохтарй низ ниёзманд хохем буд ва омухтани забони форсй, ки худ ба танхой бисёр содда ва осон аст, душвор ва пурхазина (пурхарч) хохад гардид ва ба замони бештаре ниёз хохад дошт» (10,155). Сипас, у пешрафти илму фановарй дар кишварро таъкид карда, аз таъсиси Фархангистони забони Эрон дар соли 1349 (1970) изхори хушнудй намуда чунин менависад:

«Ба фармони шохона дар соли 1349 (1970) Фархангистони забони Эрон ба манзури нигохдошти пойгохи волои фархангии забони форсй ва омода доштани он барои баровардани ниёзмандихои рузафзуни илмй, санъатй ва фархангии кишвар бунёд нихода шудааст, равшан аст, ки барои расидан ба ин хадафи бузург кушишхои пайваставу густурда ва доманадор боиста аст» (10, 156).

Устод Мухаммади Мукаддам, ки чун поягузори гуруххои омузишии забоншиносй эътироф шудааст, нух сол пас аз пароканда шудани Фархангистони аввал дар бораи «хузур ва хучуми вожахои бегона хушдор дод. Дар расонахо низ бахшхои бисёре дар бораи лузуми харосат аз забони пурмояи форсй ва парварондани он барои чавобгуй, ба муктазои пешрафтхои илмй ва фаннии чадид, даргирифт» (6, 4).

Аз нуктаи назари масъулони Фархангистони «Забон ва адаби форсй», ки хануз хам машгул ба фаъолият аст, махз хушдори устод Мухаммади Мукаддам дар бораи он хатархое, ки ба забони форсй тахдид мекарданд ва аз суи расонахои гурухй дастгирии густурдае пайдо карданд, мучиб ва сабаби асосии таъсиси «Фархангистони забони Эрон» (дувум) шудаанд. Саранчом дар панчуми мурдоди соли 1347//05 августи соли 1978 «Фархангистони забони Эрон» (Фархангистони дувум) таъсис дода шуд (6, 4).

Дар нахустин фаъолиятхои худ Фархангистони дувум «чахор пажухишкадаи вожагузинй, гирдоварии вожахои форсй, забонхои бостонй ва миёна ва дастур»-ро сармашки кори худ карор дод. Лозим ба зикр аст, ки Фархангистони дувум тахти рахбарии вазири Фарханги вакт ва дах нафар аъзои пайвастаи Фархангистон кору эчод мекард.

Бархе аз аъзои пайвастаи «Фархангистони забони Эрон» ба карори зеранд:

Забехи Бехруз, махмуди Х,исобй, Ризозода Шафак, рамоли Ризой, Сипахбуд Алии Каримлу, Содики Киё, Хусайни Гули Гулоб, Яхёи Мохёри Навобй, Мухаммади Мукаддам ва Мустафо Мукаррабй.

Фархангистони забони Эрон (Фархангистони дувум) пас аз пирузии Инкилоби исломии Эрон барои муддати кутохе фаъол буд ва баъдан дар соли 1991 бо пайваст ба ёздах марказу созмони тахкикотй, ки Фархангистони дувум чузви онхо буд, «Муассисаи мутолиот ва тахкикоти фархангй (пажухишгохи улуми инсонй ва мутолиоти фархангй)»-ро ташкил дод. Ва иборати дигар фаъолияти худро катъ намуд.

Фархангистони дувум тибки барномаи кории худ дар назар дошт, ки чунин корхоеро ба анчом расонад:

- Барномаи вожагузинй, ки гузиниши муодилхои форсй барои вожагон ва истилохоти бегона ихтисос дошт;

- Баррасй ва мутолиа дар бораи забонхо ва гуишхои эронй.

Тарххои тахкикотии Фархангистони забони Эрон дар нух пажухишгох ба рох андохта шуд. Яке аз корхои бузурги ин Фархангистон дар иртибот бо вожагузинй буд. Гуруххои вожагузинии Фархангистони дувум то соли 1972 мачмуан 6650 вожаи форсй дар баробари вожахои бегона пешниход кард (6, 4).

Гурухи вожагузинй иборат аз нух коммисиюни илмй ва фаннй, пизишкй, кишоварзй ва табий, забон ва адаб, таъриху фалсафа ва улуми ичтимой, тарбиятй, равоншиносй, хунархои зебо, артиш, иктисод ва бозаргонй, хукук ва улуми идориву сиёсй ва чугрофиё.

Аз назари мураттибони «Ошной бо Фархангистони забон ва адаби форсй» Фархангистони дувум дар заминаи вожасозй ва вожагузинй ба нокомй рубару шуд ва сабабро дар «ихтиёр кардани равиши ифротй» (0.4)медонанд. Вале хамзамон бо ин таъкид мекунанд, ки дар «заминаи пажухишхои забонй ва чопи осори гаронсанг, ичрои барномахои судмандеро вичхаи химмати худ сохт» (6, 4).

Дар муддати хаштсоли фаъолият Фархангистон самтхои асосии кори худро мушаххас намуда, як силсила тахкикот ва пужухишхоеро дар риштахои мухталифи илму дониш ба табъ расонид. Тахкик дар дастури забони форсй, гуишхои бумй, гуишхои рустохо, забонхои форсии бостон ва миёна (авасто ва пахлавй), вожагузинй, робитаи забони форсй бо забонхои бегона ва гайра аз самтхои асосии фаъолияти Фархангистон дар муддати кори хаштсолааш ба шумор мераванд. Гузашта аз ин дар назди Фархангистон нух

пажухишгох машгули кору фаъолият буданд, ки дар миёни онхо Пажухишгохи вожагузинй аз хама бузургтар ... буд. Лозим ба тазаккур аст, ки ин Пажухдшгох, ба бисту нух гурухи корй таксимбандй шуда буд, ки дар риштахои мухталифи илмй ва адабй ичрои вазифа менамуданд. Дар охирин соли фаъолияти худ (соли 1978) ин Пажухишгох 75 нафар пажухишгар, пажухишёр ва пажуханда ва 50 нафар кадри идориро дар худ муттахид мекард. Дар муддати фаъолияти худ ин бисту нух гурух ё комиссиюн худуди 9000 (нух хазор) вожа пешниход аз форсй ба англисй ва аз англисй ба форсй ироа намуд. Шурои олии Фархангистон худуди ду хазор вожаи пешниходиро мавриди баррасй ва тасвиб карор дод. Аммо мунаккидон ва хурдагирони Фархангистони дувум ишора ба он мекунанд, ки аз теъдоди болиг аз ду хазор вожа ё истилохи аз тарафи Шурои олии Фархангистон ба тасвиб расида, танхо 125 вожа аз тарафи шох ба тасвиб расидааст (10, 157). Аввалан, ин идао гайри кобили кабул аст. Чунки, дар холе ки худи шох ва атрофиёни наздикаш аз чумлаи сарсахттарин чонибдорони поксозии забони форсй ба шумор мерафтанд ва аъзои Шурои Фархангистон аз чумлаи донишмандони вокеан нируманди он замон таркиб ёфта буд, аз чумла чунин як донишманди маъруф ва саршинос ба мисли Парвиз Нотил Хонларй сарпарастии комиссиюн ва ё гурухи «Фархангистони адаб ва хунар»-ро бар ухда дошт, хеч бовар шуданй нест, ки шох пешниходхои ин донишмандони шинохтаро нодида гирад. Аз суи дигар пешниходи вожахо ва ё истилохот чихати тасвиби нихой ба шох ба замоне дуруст омад, ки вазъи сиёсиву ичтимоии Эрон бинобар хар чи бештар ва густурдатар шудани норозихои умумй чандон имконе ба шох, хатто чихати баррасии сарсарй дар ихтиёр намегузошт. Бинобар ин метавон бо эътимоди комил гуфт, ки хосили ранч ва захматхои ин Фархангистон хеле беш аз он чи ки хасту мегуянд, мебошад. Зеро, хатто сарсахттарин мунаккидони ин Фархангистон худ эътироф мекунанд, ки танхо аз суи «Бунёди фарханги Эрон», ки сарпарастии онро низ Парвиз Нотил Хонларй ба ухда дошт, беш аз 300 чилд китоб мунташир шудааст (10, 158).

Х,амчуноне ки зикр гардид фаъолияти Фарханистони дувум дар арафаи пирузии Инкилоби исломй пароканда гардид. Сарфи назар аз он ки бархе аз донишмандони кунунии Эрон, аз кабили Саид Мухаммад Махдии Ч,аъфарй бо назари хеле бадбинона ба кору фаъолияти ду Фархангистони каблй менигаранд, хануз пас аз андак вакти пирузии Инкилоби исломй дар соли 1980 Фархангистон севум тахти унвони «Фархангистони забон ва адаби форсй» таъсис ёфт. Зеро чомеаи илмй ва мадании Эрон хуб дарк мекард, ки пас аз пирузии Инкилоби исломй тахаввулот ва дигаргунихои чиддие ба миён хохад омад. Мусалламан, хар тахаввулу дигаргунсозии хаёти ичтимоиву сиёсии чомеа наметавонад забонро дар канор бигзорад. Аз суи дигар мухолифони режими исломй, бавижа Х,изби тудаи Эрон забони ахли рухониёнро, ки акнун ба сари кудрат расида буданд, хамвора мавриди сарзаниш ва интикоди шадид карор медоданд. Аз як су саъю талоши донишмандон ва аз суи дигар интикодоти шадиди мухолифони режими нав, масъулин ва дастандаркорони режими чадидро водор ба таъсиси Фархангистони севум намуданд.

Аммо мураттибони «Ошной бо Фархангистони забон ва адаб» сабаб ва омилхои таъсиси Фархангистони севумро комилан дар чизи дигар мебинанд:

Назар ба ин ки забони форсй забони дуввуми олами ислом ва калидибахши аъзиме аз захойири арзишманди илмиву адабии тамаддуни исломй ва худ аз аркони хуввияти миллати Эрон аст ва бо таваччух ба асли понздахуми ^онуни асосии Чумхурии Исломии Эрон забони мазкур забони расмй ва муштараки миллати Эрон аст, Шурои олии Инк;илоби фархангй асосономаи Фархангистони забон ва адабиёти форсиро ба тасвиб расонд (6, 5).

Чунон ки аз мураттибони китоби фав;уззикр таъкид мекунанд-«Фархангистони забон ва адаб» дар шонздахум ва хабдахуми мохи январи соли 1979 расман таъсис дода шудааст.

Нахустин чаласаи Шурои Фархангистон дар таърихи бисту нухуми мохи сентябри соли 1980 баргузор гардид. Бояд тазаккур дод, ки дар холи хозир дар Эрон се фархангистонхои дигар: Фархангистони улум, Фархангистони пизишкй, ки метавон гуфт хамзамон бо Фархангистони забон ва адаб шуруъ ба фаъолият кардаанд ва Фархангистони хунар, ки дар соли 1998 таъсис ёфтааст, амал мекунанд.

Нахустин аъзои мунтахаби Фархангистони забон ва адаб ба карори зайл буд:

Устод Ахмади Ором, доктор Насруллохи Пури Ч,аводй, доктор Х,асани Хдбибй, доктор Гуломалии Х,аддоди Одил, устод Баходуддини Хуррамшохй, доктор Мухаммади Хонсорй, доктор Мухаммад Такии Донишпажух, доктор Алии Равокй, доктор Саид Чдъфари Шахидй, доктор Х,амиди Фарзом, доктор Фатхуллои Мучтабой, доктор Махдии

Мухаккик, устод Саид Мухаммади Мухити Таботабой, устод Абулхасани Начафй, доктор Гулом Х,усайни Юсуфй ва ду зан доктор Симини Донишвар ва доктор Тохираи Саффор.

Аз мачмуи аъзои мунтахаби аввалияи Шурои Фархангистон се нафар: доктор Симини Донишвар, доктор Саид Ч,аъфари Шахирй ва д-р Гуломхусайни Юсуфй аз хамон ибтидо ба сабаби гирифторихои шахсй аз узвият дар Фархангистон узрхохй ва истеъфо карданд.

Дар яке аз нахустин корхои амалии Фархангистони севум, ки мавсум ба Фархангистони забон ва адаби форсй аст, раиси Фархангистон Гуломалии Хдддоди Одил дар бораи роххо ва тарзхои истилохгузинй чунин менависад:

«Ин дафтар дувумин мачмуаи луготи бегона аст, ки Фархангистони забон ва адаби форси Чумхурии Исломии Эрон барои онхо муодили форсй ихтиёр кардааст. (манзур -вожахои мусавваби Фархангистони забон ва адаби форсй, вожахои умумй - 2 хамрох бо вожахои марбут ба анвои гирдихамой аст). Дафтари аввал муштамил бар дувисту бисту як вожа дар мурдоди соли 76 (1997) мунташир шуд ва пас аз таъйиди раиси чумхури мухтарами вакт, муовини авали раиси чумхур онро ба муассисоти давлатй иблог намуд. Бисёре аз ин вожахо ба истикболи умумй муваччех шуд ва то кунун теъдоде аз онхо низ ба рохатй чои худро дар забони форсй боз кардааст. Ин мачмуа низ хаммонанди мачмуаи нахуст ба он даста аз вожахои бегона, ки ба забону калами умуми мардум рох ёфта, ихтисос дорад» (7, 3).

Сипас Гуломалии Хдддоди Одил дар бораи шеваи интихоби вожагузинй изхори назар намуда, менависад, ки ибтидо барои хар вожа парвандае шомили тамоми иттилооти лозим ташкил шуд ва таъриф ва маънои он дар чанд фарханги муътабар ба забонхои арупой бахше аз ин иттилоот буд. У таъкид мекунад, ки хамчунин иттилоот аз манобеи комусии арабй, урду ва форсии точикй гирдоварй шуд, мусаввабот ва пешниходхои Фархангистонхои пешин низ дар мадди назар карор гирифт. Муодилхои мавчудро дар забони форсй аз китобхо ва фархангхо чустучу намуданд. Баъдан хамаи маълумоти гирдовари шударо дар Шурои гурухи вожагузинй баррасй намуда, муодили пешниходии Шуроро муддате дар хабарнома ва аз тарики садову симо ба назархохии умум гузошта мешавад. Пас аз ин парвандаи вожахо хамрох бо назари мардум бори дуввум дар Шурои гурухи вожагузинй мухокима ва муодилхои мусавваби ин гурух барои тасвиби нихой ба Шурои Фархангистон фиристода шуданд. Нихоятан, вожахои мусавваби Фархангистон барои иблог ба созмонхо ва муассисахои давлатй ба хузури раиси чумхур, ки раёсати олии Фархангистонро ба ухда доранд, такдим мегардад.

Ин чо як нукта чолиби таваччух аст, ки чй дар замони салтанати шохй ва чй дар даврони низоми исломй шахсиятхои аввали кишвар раёсати умури вожагузиниро бар ухда доштаанд ва ё доранд, ки ин аз бархурди нихоят чиддии масъулини Эрон нисбат ба сарнавишти забони форсй дарак медихад.

Х,амчуноне ки аз навиштахои Гуломалии Х,аддоди Одил бармеояд, рохбарон ва кормандони Фархангистони севум кору захмати хамтохои гузаштаи худ дар ду Фархангистони каблиро нодида нагирифта, балки вожахои тасвиб намудаи онхоро низ таъйид ва кабул кардаанд.

Пас аз чанд соли фаъолияти Фархангистони забон ва адаби форсй дар соли 1379 хуршедй ва соли 1999 мелодй ба хотири анчом додани харчу марч ва ба низоми мушаххас даровардани вожагузинй «Усул ва завобити вожагузинй»-ро ба тасвиб расонд. Лозим ба зикр аст, ки усулномаи мазкур санади аз чихати илмй нисбатан дар сатхи баланд ва то андозаи хеле зиёд чавобгу ба ниёзмандихои забони форсй дар бахши вожагузинй бар асос ва усули илмй мебошад, ки ба назари мо барои масъулин ва дастандаркорони сохаи вожагузинии забони точикй метавонад то хадде рохнамо бошад.

Дар асли (моддаи) 1 усулномаи мазкур чунин омадааст: «Дар интихоби муодили форсй барои вожахо ва истилохоти бегона вожаи форсй бояд хатталимкон ба забони форсии меъёри имруз, яъне забони мутадовил миёни тахсилкардагон ва ахли илму адаб ва суханронихову навиштахо наздик бошад». Асли ду ё моддаи дуввум таъкид ба риоя шудани коидахои грамматикии забони форсии имруз мекунад: «Дар вожагузинй бояд раванди дастури забони фасех ва мутадовили имруз муроот шавад». Асли се бар коидахои овой-фонетикй тарчех медихад:

«Дар вожагузинй бояд кавоиди овоии забони форсй риоят гардад ва аз ихтиёри вожахои нохушоханг ва дорои танофур пархез шавад ва вожаи баргузида хатталимкон аз муодили бегонаи он кутохтар бошад».

Аммо асли (моддаи) 4 дар интихоби вожахо бартарият бар он вожахоро дар назар гирифтааст, ки таъсирнопазир ва иштикокпазир бошанд ва имкони калимасозй аз онхо вучуд дошта бошад: «Дар интихоби муодил вожахое, ки таъсирнопазир ва иштикокпазир бошанд ва имкони сохти исм, сифат ва феъл аз онхо вучуд дошта бошад, марчаанд».

Моддаи 5 усулнома, ки иборат аз шаш банди тавзехй аст, тартиби интихоби вожагузиниро аз руи силсилаи маротиб, ки ин чо аввалан афзалият бар вожахои форсй дода мешавад, пешбинй кардааст. Моддаи мазкур хамчунин вожагузинй бар асоси калимахои арабие, ки имруз чун истилох кабул шудаанд ва калимахои арабие, ки дар забони форсй ба таври собит чои худро ёфтаанд ва маъмул шудаандро кобили кабул медонад.

Моддаи мазкур хамчунин ичозат медихад, ки муодил аз забонхои точикй ва дарии Афгонистон ва гуишхои забони форсй, аз забонхои эронии миёна ва бостон низ пазируфта шавад:

Асли 5. Дар гузиниши муодилхо бояд силсилаи маротиби ба тартиби зер мелок карор гирад:

5.1. Вожахои форсии мутадовил ва маънус, ки аз дер замоне дар забони форсй вучуд дошта аст;

5.2. Таркибхои навсохта бар тибки шевахои вожасозии форсй бо истифода аз вожахои форсй;

5.3. Вожахои арабии мусталлах, мутадовил ва маънус дар забони форсй;

5.4. Таркибхои навсохта бар тибки шевахои вожасозии забони форсй бо истифода аз вожахои арабии мутадовил дар забони форсй;

5.5. Вожахои баргирифта аз гунахои забони форсй ва гуишхои эронии кунунй;

5.6. Вожахои баргирифта аз забонхои эронии миёна ва бостон.

Моддаи шашум тарчих ба он вожахое медихад, ки аз чихати маънй зуд дарк карда шаванд:

Асли 6. Дар гузиниши муодил вожахое, ки маънии он зудёб ва равшан бошад бар вожахое, ки (маънии)дерёб ва ноошкор дорад, марчаъ аст.

Аммо моддаи хафтум таъкид ба як маъной ва пархез аз сермаъной ва синоним доштан дар гузиниши вожахо мекунад, ки мусалламан ин яке аз мушаххасоти истилох мебошад:

Асли 7. Дар вожагузинй, ба вижа дар улум барои хар лафзе, ки дорои як маънии хос бошад тарчеан факат як вожа баргузида шавад ва аз тааддуд (бисёрй) ва танавуъи вожахо пархез шавад.

Моддаи хаштум ёфтани муодил ё баробархо барои он гурухи вожахои бегона, ки чанбаи умумичихатй касб кардаандро зарур намешуморад:

«Асли 8. Ёфтани муодил барои он даста аз вожахои бегона, ки чанбаи чахонй ва байналмилалй ёфтаанд, зарур нест». Нихоятан дар моддаи нухум чунин пешбинй шудааст, ки агар дар мавриди зарурати кабули вожа колабхои чории калимасозии забони форсй чунин имконро надошта бошанд ва ниёз ба шевахои нави калимасозй (ё вожагузинй) бошад, пас ин хак ё масъулиятро салохдиди Шурои Фархангистон мешуморад.

«Асли 9. Дар мавриди маъдуде, ки гузиниши вожахои муодил дар колабхои марсуми забонии форсии мутадовил муяссар набошад ва зарурати истифода аз равишхои тоза эхсос шавад бар тибки раъйи Шурои Фархангистон амал хохад шуд» (7, 1-3).

Лозим ба ёдоварй аст, ки Фархангистони амалкунанда то имруз як силсила вожаномахои сохавй ва хирфаиро аз дасти чоп баровардааст, ки такрибан фарогири хамаи илму дониши имруза мебошанд.

Тавре ки аз кироати матбуоти имрузии Эрон ва хамчунин аз пахши барномахои радио ва телевизиони ин кишвар бармеояд, такрибан хамаруза вожахои нав ба нав, ки эчоди Фархангистони забону адаби Эрон мебошад, вориди забони форсй мегардад. Ч,олиби таваччух ин аст, ки вожагузинй на факат марбути истилохоти тоза ба вучуд омада, масалан, истилохоти компютерй мебошад, хамчунин талошхое ба мушохида мерасад, ки бархе аз вожахои арабй, ки дар забони форсй чун истилох тасбит гардида буданд, бо вожахои форсй таъвиз шаванд. Ба назар мерасад, ки дар ин амр то хадде муваффак хам шудаанд. Вожахое аз кабили «рузомад», «рузомад кардан», «коромад», «рохкор», «зиёдаравй», «тундрав», «роёна», «ёрона», «паёмгир», «гирдихамой», «гиромидошт», «гардонанда», (ба маънии созмондех), «нишаст» (ба ивази «чаласа»), «хамоиш», «хамнишаст» ва гайрахо аз махсули эчоди Фархангистони мазкур мебошанд, ки ба тадрич дар таркиби лугавии забони форсй мавкеи устувореро ба худ касб мекунанд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Бертельс, Е.Э. История таджикско-персидской литературы. / Е.Э. Бертельс.- М., 1960.-258С.

2. Назарзода, С. Пояхои густариши забони миллй./ С. Назарзода.- Душанбе, 2016, 271 с.

3. Основы иранского языкознания. Т. III. Новоиранские языки. - М., 1982.-573 с.

4. Пейсиков, Л.С. Лексикология современного персидского языка/ Л.С. Пейсиков. - М., 1975.- 206 с.

5. Рубинчик, Ю.А. Грамматика современного персидского литературного языка/ Ю.А.Рубинчик. - М., 2001.- 601 с.

68 -.1387 'jljfj '^jli j jljj jti^XiAji lj ^JU^I .6 ^ 209 '1378'jljfJ '^jli jbj ji ^Uy/^Uj^ji j ^j^ IJ slj*A sjlj ijlj^ j Jj^l .7

.<^> 271 '1330 'jlj*J ^jli jjj '^jjl 'jl^al .8 185 '1349 'jlj^ '2 '8 Jl^ ^^jli jljj jl jli^XAAji jl£ 'Лл^л '^jhbhb .9

'2 ®JJЛ j^j JЛ 'jljjl JЛ ^Ajjj '" '■""•j'j'- j jljuiXjAji '^Лфл Лли '^ji*^. .10

155 '1361 'jlj^J 311 '1344 'jlj^J .jl jl^il j eJljLia. 'Jbj^ 'jJj^-л .11

REFERENCES:

1. Bertels, E.E. The history of Tajik-Persian literature/ Ю.А. Рубинчик.- M., 1960.-258р.

2. Nazarzoda, S.Fundamentals of the development of the National language/ S.Nazarzoda.-Dushanbe, 2016.- 271 р..

3. Fundamentals of Iranian linguistics. T. III. New Iranian languages. - Moscow, 1982, 573 p.

4. Peysikov, L.S. Lexicology of the modern Persian language/ L.S. Peysikov. - M., 1975, 206 p.

5. Rubinchik Yu.A. Grammar of modern Persian literary language/ Yu.A.Rubinchik. - M., 2001.- 601 p.

6. Familiarity with the Persian Language and Literature Academy, Tehran, 2008, 68p.

7. Principles and rules for word-making, with descriptions and explanations / / Publishing Academy of the Persian language, Tehran, 1999.- 209 p.

8. Afshar, Iraj.Modern Persian prose.- Tehran, 1330.- 271 p.

9. Tabatabai, Mohammad.Work of the Academy from Language to Persian Dari// Vahid.-1349.- Vol. 8.- .№ 2.- 185 p.

Mohammad Jafari. Seyyed Mohammad Mehdi, Academy of Sciences and the Fate of .10 Research in the Islamic Republic of Iran// Nashri Danish.- 1361.- Period 2- 155 p. Mehrin, Mehrdad. Jamalzadeh and his thoughts. Tehran, 1344.- 311 p

Сабаб^о ва омищои таъсиси Фар^ангистон^ои дувум ва севум

Вожа^ои калиди: поксозии забон, вожаи бегона, Фаруангистони дувуми вожагон, раванди вожасози, гуишуои буми, вожагузини, забони форсии бостон, забони авастои, забони паулави Дар мацола сабаб ва омилуои таъсис додани Фарщнгистонуои дувуму севум дар Эрон барраси мешавад.

Таъкид мешавад, ки Фаруангистони аввал дар огози соли 1941 лагв гардид, ки яке аз вазифауои асосии ин поксозии забони форси аз вожауои бегона буд. Дар он даврон, яъне дар замони таъсиси Фаруангистони аввал нуфуз ва таъсири забони араби ба забони форси ба андозае расида буд, ки дар бархе аз мутун 93% аз вожагони умумиро вомвожауои араби ташкил медоданд. ^арчанд ки бо пошхурии Фаруангистони аввал раванди вожасози дар Эрон цатъ нагардид, зарурати шадиди таъсиси Фаруангистон уар чи бештар дарк мешуд. Зеро дар ин мацтаи замони вомвожауои фаранги (аврупои) ба сурати селосо вориди забони форси мешуданд.

Зикр мешавад, ки бо фармони шоу дар соли 1349-и уицрй (соли 1970-и мелоди) Фаруангистони дувум таъсис дода шуд ва то соли 1978, яъне муддати уашт сол машгул ба кор буд.

Собит мешавад, ки дар муддати уашт соли фаъолият Фаруангистони дувум, ки унвони «Фаруангистони забони Эрон»-ро ба худ касб карда буд, як силсила тауцицот ва пажууишуоеро дар бахшуои мухталифи илму дониш ба чоп расонид. Пажууиш дар дастури забони форси, гуишуои буми, гуишуои мауалуо, забонуои форсии бостон ва миёна (авасто ва паулави), вожагузини, робитаи забони форси бо забонуои бегона ва гайра аз самтуои асосии

148

фаъолияти Фархангистони дувум дар тули кори хаштсолааш ба шумор меравад. Тайи ин муддат Фархангистони дувум худуди 9000 вожа пешниход ва аз суи Шурои олии Фархангистон наздик ба ду хазор вожа пас аз барраси ва тахлили амиц ба тасвиб расида буд.

Причин и факторы создания второй и третьей Академии языка Ключевые слова: очищение языка, инородное слово, вторая Академия языка, лексика, словообразовательный процесс, местные диалекты, словообразование, древный персидский язык, язык Авеста, пехлевийский язык

В статы рассматриваются причины и фактори создания второй и третый академии языка в Иране.

Изложено, что первая Академия была распущена в 1941 году, основной задачой которой была полное очищение персидского языка от инородных слов. В тот период развитие языка, т.е. впериод создания Первый Академии влияние арабских заимствований на столько была сильна, что в некоторых текстах этих заимствование составили 93% процентов от общих лексиконов текста.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Подчеркивается, что хотя с распадом первый академии процесс словообразования и терминотворения не была прекращена, но возникла острая необходимость в создании второй Академии. Эта необходимость вызвана тем что в этот период европейские слова как селевой поток входила в персидский язык. Исходя из этого королевским приказом в 1970 году была создана вторая академия под названием «Академия языка Ирана» и действовала в течении 8 лет. За время восьмилетное деятельности второй академией было опубликовано ряд исследования в различных областях языкознания. Исследования в области грамматики персидского языка, местных диалектов, словообразование, изучения языка иранских языков и связи персидского языка с другими языками были частью деятельности этой академии. За это время Академией было предложено около 9000 слов и около 2000 из низ были утверждены Верховным советом Академии.

The causes and factors of the establishment of the second and third academies of language Key words: language purification, foreign word, second language Academy, vocabulary, word-forming process, local dialects, word formation, ancient Persian language, Avesta language, Pahlavi language

The First Academy was dissolved in 1941, the main task of which was the complete purification of the Persian language from foreign words. At that time the development of language, i.e. during the establishment of the First Academy, the influence of Arabic borrowing was so strong, which in some texts for these borrowings accounted for 93% of the total lexicons of the text.

Although with the collapse of the first academy the process of word formation and terminology had not been stopped, but there was an urgent need for the establishment of a second Academy. During this period European words as a village stream entered the Persian language. Proceeding from this, the royal order in 1970 established the second academy called "The Iranian Language Academy" and operated for 8 years. The second academy was a series of studies in various fields of linguistics. Studies in the field of grammar of the Persian language, local dialects, word formation, learning the languages of Iranian languages and the connection of the Persian language with other languages were part of the activities of this academy. During this time, the Academy was offered about 9,000 words and about 2000 from the bottom were approved by the Supreme Council of the Academy.

The second academy in 1978 on the eve of the victory of the Islamic revolution was eliminated. Маълумот дар бораи муаллиф:

Му^аббатов Абулфазл, номзади илми филология, дотсенти кафедраи филологияи Эрони Донишгохи миллии Тоцикистон (Цумуурии Тоцикистон,ш. Душанбе),E-mail-usmonova@inbox. ru Сведения об авторе:

Мухаббатов Абулфазл, кандидат филологических наук, доцент кафедры иранской филологии Таджикского национального университета (Республика Таджикистан, г. Душанбе )[email protected] Information about the authors:

Muhabbatov Abulfazl, Ph. D. in philology, docent Department of Iranian Philology, Tadjik national university. (Tajikistan Republic, Dushanbe) [email protected]

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.