Научная статья на тему 'ТЕХНОЛОГИЯ ВА МЕТОДҲОИ ТАЪЛИМ ДАР СИНФҲОИ ИБТИДОӢ'

ТЕХНОЛОГИЯ ВА МЕТОДҲОИ ТАЪЛИМ ДАР СИНФҲОИ ИБТИДОӢ Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

2272
195
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
технология / санъат / маҳорат / технологияи омӯзиш / санъати тадрис / луғатҳои дузабона / методика ва мавзуми он / раванд / мутобиқ / муфаттиш / пешоҳанг. / technology / art / skill / learning technologies / intensive art / bilingual dictionaries / methodology and its topics / process / adaptation / investigator / council

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — А Каримҷонов, Д Каримҷонова

Дар ин мақола фикри технология ва усулҳои истифодашаванда дар раванди таълим дар синфҳои ибтидой додашуда аст

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

METHODS AND METHODS OF TEACHING IN PRIMARY CLASSES

This article gives an idea of the technology and methods of use in the learning process in primary schools.

Текст научной работы на тему «ТЕХНОЛОГИЯ ВА МЕТОДҲОИ ТАЪЛИМ ДАР СИНФҲОИ ИБТИДОӢ»

ТЕХНОЛОГИЯ ВА МЕТОДХОИ ТАЪЛИМ ДАР СИНФХОИ ИБТИДОЙ

А. Каримчонов

Доценти донишкадаи давлатии омузгории Чирчик

Д. Каримчонова

Магистранти донишкадаи давлатии омузгории Чирчик

АННОТАЦИЯ

Дар ин макола фикри технология ва усулхои истифодашаванда дар раванди таълим дар синфхои ибтидой додашуда аст.

Калима^ои и^тибосй; технология, санъат, майорат, технологияи омузиш, санъати тадрис, луFатхои дузабона, методика ва мавзуми он, раванд, мутобик, муфаттиш, пешоханг.

METHODS AND METHODS OF TEACHING IN PRIMARY CLASSES

ABSTRACT

This article gives an idea of the technology and methods of use in the learning process in primary schools.

Keywords: technology, art, skill, learning technologies, intensive art, bilingual dictionaries, methodology and its topics, process, adaptation, investigator, council.

ШОМИЛШАВИИ

Мафхуми «технология» юнонй буда, аз калимахои tесhnе - «санъат», «махорат»; lоgоs - «илм» гирифта шудааст. Маънояш «илм дар бораи санъат, махорат» аст.

ТАХЛИЛ ВА МЕТОДОЛОГИЯИ АДАБИЁТ

Дар адабиётхои педагогй мафхумхои «технологияи педагогй», «технологияи таълим», «технологияи омузиш» вомехуранд. Онхо ба хам тавъаманд мисли мафхумхои педагогика, таълим ва омузиш. Вобаста ба чараёни таълиму тарбия мафхуми «технология»-ро хамчун санъати тадрис, таълим маънидод кардан бамаврид аст. Бисёр луFатхои дузабона низ «технология»-ро хамчун мачмуи роху равишхо барои санъаткорона, мохирона ичро кардани коре шарх медиханд.

Технологикунонии чараёни таълим - ин раванди инкишофест, ки бахри баланд бардоштани самарабахшии чараёни таълим, кафолати ба натичахои чашмдошт расидани хонандагон равона шудааст.

Умумият ва фарки технологияи таълим аз методикаи таълим:

1. Технология - ин усули пешакй банакшагирии натичахои таълимиест, ки онро метавон тавассути роху воситахои гуногун ба даст овард.

2. Технология ва методика - баробар хукуканд.

3. Методика - мафхуми васеъ аст. Вай метавонад чанд технологияро дар бар гирад. Дар ин сурат, аксарвакт методика ба сифати системаи педагогии ягона дида мешавад.

4. Дар методикаи анъанавии таълим омузгор бештар накши актёр (хунарманд)- ро мебозад. Вай расонандаи ахбор аз китоб ба шогирд аст. Дар технологияи таълим омузгор асосан ба режиссёрй (коргардонй) машFул аст. Вай намеомузонад, балки рохнамой мекунад, хавасманд мегардонад, фаъолияти таълимии хонандагонро ба танзим медарорад.

НАТИЧАХО

Нишондихандахои технологй будани таълим инхоянд:

- аввал тахия кардани максадхои таълим дар шакли натичахои чашмдошт (интизор шаванда);

- пешниходи мазмуни маводи омухташаванда дар шакли система (пайдарпайии мантикй)-и вазифахои маърифатй. Аз чумла онхоро чунин шарх додан лозим аст.

1. Мехонем ва му^окима менамоем

Шарх: Усули мазкур ба хонандагон имкон медихад, ки матнро хонда, хангоми накли мазмун мулохизаронй карда, фикри асосиро муайян карда тавонанд. Инчунин мухокимаи мавзуъ ва маънии матн хангоми хондан барои такмили малакаи хондан хеле муфид аст.

Тартиб:

- Хонандагонро ба гуруххои дунафарй муттахид кунед.

- Матнро интихоб карда, чойхои исти онро муайян созед. Ба хонандагон он кисмхоро нишон дода гуед: «Аввал сархати якуми матнро мустакилона хонед ва сипас, бо шарикатон чизи фахмидаатонро накл кунед. Ба саволхои зерин чавоб гардонед: Чй ба шумо маъкул шуд? Чй нофахмо буд? Муаллиф чй мехохад?

- Хонандагон ба хониши мустакилона шуруъ мекунанд. Шумо дар синф давр зада, ин равандро мушохида кунед.

- Баъди хондани кисми якум аз хонандагон хохиш намоед, ки онро мухокима намоянд. Дар дафтарашон кайдхо кунанд.

- Метавонед аз гурухи дунафарй хохиш намоед, ки инро ба ахли синф намоиш диханд.

- Баъд гуруххо ин амалро бо кисми дигари матн идома медиханд.

- Пас аз хатми матн аз гуруххои дунафарй хохиш намоед, ки фикру акидаашонро оид ба матн ба гурухи дигар гуянд ва мухокима намоянд. (Гуруххои чорнафара).

- Ин амалро якчанд маротиба бо кисмхои дигари матн ичро намоед.

2. Ташкил намудани машFулиятхои ду нафарй ва гурухй

Дар дарсхои тавсиявии стандартхои фанхои "Забони модарй" ва "Математика" шумораи зиёди машкхое, ки дар онхо хонандагон дунафарйё дар гуруххои хурд машFули кор мешаванд, мавчуданд. Сохтани чунин гуруххо хеле осон ва зудан чомаст, агар онро ба тарзе ичро кунед, ки хонандагон аз чойхояш он нахезанд.

Кор дар гуруххои дунафарй

Рохи осони ба чунин гуруххо чудо намудан аз хонанда хохиши бахам пахлуяш машFул шуданаст. Агар хонандагон дар як катор нишаста бошанд, онхоро ба гуруххои дунафарй чудо кунед, яъне хонанда бохамсабаки дарбараш нишаста машFули кор мешавад. Агар хонандае бе рафикмонад, шумо метавонед онхоро сенафарй шинонед ва ё худи шумо хамнишиниу шавед (вале ин амална он кадар хуб аст, зеро шумо дигар онро шунида ва дар вакти зарурй ёрй расонида наметавонед).

Дар аввали машк дунафар коркарда, дигар он баонхо гуш медиханд. Ин навъи машкро машFулияти дунафарии кушода меноманд.

Хднгомеки хонандагон маводи навро пурра аз худ карданд, азонхо хохиш карда мешавад, ки дар гуруххои дунафараи пушида кор кунанд, яъне хамаи хонандагон дар як вакт мустакилона машFули кор мешаванд. Хонандагонро хотиррасон намоед, ки оромона сухбат кунанд.

На^шаи ташкили корхои дунафарй:

Кор дар гурухдо

Одатан гуруххоисе, чор ё панч нафараро тавсия мешаванд. Барои онки гуруххои зиёда аз панч нафар натичахои хуб нахоханд дод: чанде азхонандагон машFули кор намешаванд. Роди осони ташкили машFулиятхои гурухй он аст, ки духонандаи дар мизи пеш нишаста тарафи ду хонандаи дар пасашон нишаста баргашта, бо хам дигар машFули кор мешаванд. Накшаи зерин роххои ташкил намудани гуруххои се-чор нафариро нишон медихад.Нацшаи ташкили кор^ои гурувдои чор нафарй:

Нацшаи ташкили кор^ои гурувдои панч нафарй

3. Идора кунии овоз дар раванди дарс

Бисёр машкхое хастанд, ки дар он хонандагон малакаи гуфтани худро такмил медиханд ва ин боиси каме FалоFула мешавад. Ба хар хол усулхое мавчуданд, ки шумо метавонед FавFоро назорат кунед. Пеш аз хама шумо бо овози паст гап занед, хонандагон низ паст гап заданро ёд мегиранд. Инчунин ба онхо метавонед чунин таълим дихед: дасти худро бардоштанатон чунин маъно дорад, ки машFулият ва гап заданро бас карда, ба шумо гуш диханд.

Омузгор бояд ба хонандагони худ дар гурух беFавFO ва оромона кор карданро омузонанд. Дар ин усул овоз ба дарачаи лозима бояд истифода шавад.

Инчунин омузгор бояд барои батартиб даровардани кор ва бар тарафкардани мунозирахо ба хонандагон ёрй расонад. Инро бо ичрои якчанд коидахои одй, аз кабили сухани дигар онро гуш кардан, ба навбат гап задан, ичрои амале, ки аксарият кабул кардаанд, хамчунин якчоя бо хонандагон кор кардан ва ба онхо додани вазифахо амалй кардан мумкинаст. Масалан, хар як гурух метавонад баранда, довари вакт ва f. Дошта бошад ва хонандагон бо навбат хар яки ин вазифахоро ичро намоянд.

4. Роху воситахои ташкил намудани муаррифии натичахои кори хонандагон

Хднгоми корхои гурухй ва лоихавй хонандагон дар гуруххои хурд муаррифй омода мекунанд. Хонандагон натичаи кори гурухии худро ба тамоми синф намоиш дода, онро шарх медиханд. Расмхоро ба тахтаи синф овехтан мумкин аст, лекин баъзан ин кор ба осонй муаяссар намегардад. Ба чойи ин шумо метавонед дар синф як ресмонро кашида, варакахоро кат карда, ба он овезед ё ин ки ба ресмон тарзе махкам кунед, ки хар як хонанда онхоро дида тавонад. Агар тахтаи синф васеъ бошад. Барои ичрои машкхелемувофик аст.

5. Тарзи гузаронидани лахзахои дамгирй

Машк ё лахзахои дамгирй фаъолияти кутох ва шавковарест, ки дар лахзахои гуногуни дарс гузаронида мешавад. Лахзаи дамгирй харакати чисмонии хонандагонро талаб мекунад ва ба ин васила онхоро «бедор» карда, хастагиро дафъ ва шавкро ба дарс зиёдтар менамояд. Лахзахои дамгириро дар навбати худ ба мавзуи дарс мутобик 21 сохта, хамчун лахзаи фаъолгардонии дарс истифода бурдан мумкин аст. Лахзаи дамгирй набояд зиёда аз 5 дакикаи дарсро фаро гирад. Барои намуна ду лахзаи дамгириро пешниход менамоем.

Муфаттиш ва пешоханги махфй

Шарх: Ин бозии "чустану ёфтан" буда, малакахои гуш кардан, мушохида ва тахлил карданро такмил медихад. Тартиб:

- Аз хонандагон хохиш кунед, ки дар шакли давра истанд.

- Яке аз хонандагонро хамчун «муфаттиш» интихоб намоед. Аз у хохиш кунед, ки ба муддати кутох аз синф берун барояд.

- Аз хонандагони дигар хохиш намоед, ки якеро хамчун «пешоханги махфй» интихоб намоянд.

- Ба хонандагон фахмонед, ки «пешоханги махфй» ягон ишораеро OFOЗ мекунад ва дигарон ин ишораро бо у ичро мекунанд. Масалан, агар «пешоханги махфй» карсак занад, хама якчоя карсак мезананд ва амсоли он.

- «Муфаттиш» ба синф баргаршта дар марказ ё берун аз давра меистад ва мушохида менамояд. «Муфаттиш» бояд бодиккат мушохида карда, «пешоханги махфй»-ро ёбад.

- Агар «муфаттиш» «пешоханги махфй»-ро ёбад, ба хонандагони дигар хамрох мешавад ва сипас, омузгор хонандаи дигарро хамчун «муфаттиш» ва «пешоханги махфй» интихоб карда, бозиро ба тартиби боло идома медихад.

REFERENCES

1. А.Эшончонов. М.Шукуров. Методикаи таълими забони точикй дар синфхои ибтидой. Душанбе. 1964.

2. Имлои забони точикй. Душанбе. Ирфон. 1999.

3. Р.Курбонов. Мачмуи диктанти санчиши ва наклхои хаттй дар синфхои ибтидой. Т. Телон. 2016.

4. З.Тошматова. Мачмуи машкхои санчишй барои синфхои ибтидои. Тошкент. 2014.сах. 12.

5. А.Каримчонов. БошланFич синфларда таълим тарбия муаммолари. Чирчик. 2020.

6. А.Каримчонов. Инкишофи нутк дар давраи таълими савод. Чирчик 2021.

7. Т.Чориев. Забони модарй. Синфхои 1,2,3,4. Узбекистон 2012.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.