ТАШАККУЛИ ТАРБИЯИ ЭСТЕТИКИИ ХОНАНДАГОН ДАР ШАРОИТИ
МАКТАБ^ОИ МУОСИР
ЗОИДОВА САБОАТ АБДУМАНОНОВНА
унвончуи кафедраи педагогикаи ичтимой ва касбии МДТ "Донишгохи давлатии Хучанд ба
номи академик Гафуров"
Вожщои калидй: педагогика, психология, инкишоф, тарбия, этика, эстетика, фар^анг, ца^онбини, рушд, метод.
Рушди эстетикии шахсият дар зери таъсири тарбия ба амал омада, кисми таркибии рушди умумии равонй мебошад, мазмуни сифатхои эстетикии шахсиятро бой менамояд. Дар мавриди донишчуёни хурдсол рушди эстетикй хамчун раванди ташаккули сифатхои эстетикии шахсияти хонандаи хурдсол баррасй карда мешавад. Муваффакияти тарбияи эстетикй дар раванди ташаккули шахсияти хонандаи хурдсол бештар ба омилхои ичтимой (микро- ва макрочамъият), илмй ва психологй (сохтори шахсият, ташаккули шахсият, таъсири сохаи ниёзмандй-хавасмандии шахсият вобаста аст тарбияи эстетикй), назариётшинос -педагогй ва фархангй - миллй (фарханги миллй, вижагии мактабхои миллй). Тарбияи эстетикй, аз чумла ташаккули муносибати эстетикй ба вокеият ва фаъолияти эстетикй, самти тарбияи мактаббачагонро ба арзишхои умумиинсонй тавассути фарханги миллй пешбинй мекунад. Дар ин шароит, бояд ба ташкили таълим бо забони модарй, дар барномаи таълимии мактаб ворид кардани як чузъи миллй - минтакавй, муносибати муштарак ба шахсият бо хонандагон хдмчун манбаи шиносоии онхо бо арзишхои фарханги миллй. Фарханг хамчун сатхи муайяни таърихии рушди чомеаи нерухои созанда ва хусусиятхои инсонй яке аз омилхои тарбияи эстетикй хисобида мешавад.
Дар мархилаи ибтидоии рушди эстетикии шахсият накши халкунанда ба муаллим-мураббй тааллук дорад. Бисёр чиз аз он муайян карда мешавад, ки омузгор то чй андоза барои ичрои як рисолати фавкулодда мухим омода аст: худи у сарвати эстетикиро то чй андоза азхуд кардааст, кобилияти у барои дарки нозуки эстетикй то чй андоза рушд ёфтааст. Дар нихоят, хеч кас бо кобилияти омодаи дарки зебой ё зиштй ба дунё таваллуд намешавад.
Дар чараёни тарбияи эстетикии насли наврас яке аз масъалахои мухим ва умдаи педагогй дар он аст, ки тавассути эхсосоти инфиродй ва мушаххаси эстетикй наврасону чавонон метавонанд бо гояхои ватандустй, башардустй, инсонигарой ва гайра ошно гарданд.
Эхсоси эстетикй ба ташаккули аклии наврасону чавонон, ташаккули зехни онхо, инчунин ба раванди пайдоиш ва инкишофи чунин кобилиятхои эчодии инсон, ба монанди хаёлот, ки тахайюлоти эчодиро дубора эчод мекунад, таъсири назаррас мерасонад. Бояд гуфт, ки интуитсия (биниш ва хиссиёти ботинии шахс, ки табиаташ то хануз кашф нашудааст) инчунин бо олами эхсосоти эстетикй робитаи зич дорад.
Х,амин тарик, маълум мешавад, ки эхсосот ва тачрибахои эстетикй бо тамоми мачмуи муносибатхои ичтимоии инсонхо яке аз чойгоххои мухимро дар хаёти эхсосии одамон ва дар сохтори шуури эстетикй ва фарханги эстетикии инсон ишгол мекунанд. Ва тааччубовар нест, ки эхсосоти эстетикй сабаби пайдоиши дигар унсурхои педагогй мегардад, ки хамчун манбаъхои дарк, рафтор, гуфтор ва кирдори шахс хамчун неруи самарабахшй хидмат мекунад.
Барои рушди унсурхои сохтории шуури эстетикй ва фарханги эстетикии шахс муттахидии равандхои муайяни равоншиносй ва механизмхои физиологй лозим аст. Дар тафаккури эстетикй ва маданияти шахс хиссиёти махсуси пешбарандае зарур аст, ки онро дар педагогика ва психология хаячон, эхсосот ва хатто фишори рухй (стресс) номидан равост.
Эхсосоти умумй аз мачмуи эхсосоти чузъй ва тачрибахои хар дафъаина шахс муайян карда мешавад. Илова бар ин, эхсосоти умумй аз руи хосиятхои объекти таъсиррасон ё шароити мухити атроф, аз руи хусусиятхои хамкории фард бо субъектхои мушаххас муайян
ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"
карда мешавад. Х,амин тарик, хамаи параметрхои сифатии мавзуъ, то идеали эстетикии дар шахс ташаккулёфта, ба хислати у таъсири халкунанда мерасонад. Агар омузгор дар раванди таълиму тарбияи наврасону чавонон тавонад дар эхсосоти эстетикии онхо таъсири муайян расонад, дар натича хисси зебоипарастии онхо инкишоф ёфта, ахлоку рафтору кирдори онхо комилтар магардад ва дар оянда хангоми мулокот бо шахсони алохида ва ё бархурд бо ашё падидахои эстетикии онхо инкишоф меёбад.
Хонандагони синни хурди мактабй бо кумаки омузгор мулокотхоро бо зебоихои табиат, зиндагй ва хунар мечуянд ва эхсосоти амики шодиро хис мекунанд, лаззат, хайрат, тааччуб ё хашм ва дигар эхсосотро дарк мекунанд. Ин бо он шарх дода мешавад, ки эхсоси муайяни эстетикии дар фард инкишофёфта боз дар шароит ва холатхои наздик ба онхое, ки боиси эхсосот ва тачрибахое мебошанд, ки уро дар гузашта ба дунё овардаанд, ба вучуд меояд. Ин равандро бо тахлили корхои амалй равшантар пай бурдан мумкин аст. Хонандагонро чй касро ба хайрат меорад, ки онхо дар толори музей ё дар намоишгоххо аз байни мусавварахои сершумор ягона ва танхо якеро интихоб намуда, ба он махз наздик мешаванд.
Ч,анбахои методии тарбяи зебопарастй ба максад ва вазифахои тарбия вобаста буда, хеле гуногун ва хамзамон бо якдигар алокаманданд. Х,ар як метод ва восита хусусияти махсуси худро доро мебошад ва имкониятхои махсуси ба бачагон таъсири эстетикй расонданро дорад. Омузгор ба максади инкишофи умумии педагогй ва зебопарастии бачагон аз хар як метод ва восита хеле мохирона ва босалохият истифода мебарад. У воситахои чудогонаи тарбияи эстетикии хонандагонро бо хам алокаманд карда, дар мачмуъ як системаи комили тарбияи ахлокй ва зебопарастй ба вучуд меорад.
Ба сифати воситахои асосии тарбияи зебепарастй рукнхои зеринро номбар кардан ммумкин аст:
• эстетакаи вазъияти гирду атрофи бачагон;
• зебопарастии рузгор;
• таассуроти хаёти гирду атроф;
• таъсир ва дарки табиат;
• муносибати хирадмандонаи чомеа;
• осори санъат;
• таъсири адабиёти бадей;
• фаъолияти тасвирии бачагон;
• чашну маросимхо;
• нишастхои манфиатовар ва дилхушкунанда ва амсоли инхо.
Ба эстетикаи вазъияти гирду атроф, ки фарогири вазъияти моддй, маънавй, симои зохирй ва хулку атвори одамоне, ки бо кудакон сари кор доранд ва алокаманданд,т дохил мешавад ва ин восита яке аз воситахои асосии тарбияи зебопарастй мебошад.
Педагоги маъруфи рус А.С.Макаренко ташкили эстетикаи хаёти маиширо шартии зарури халли масъалахои тарбияи эстетикй шуморида, чунин акида дошт, ки кувваи таъсирбахши ин восита дар он аст, ки бачагон вайро хар руз хис мекунанд ва ин восита номаълум, вале муттасил ба онхо таъсир мерасонад. Асосхои эстетикаи вазъияти гирду атрофи бачагон инхо мебошанд:
а) тозагй ва тартиб;
б) соддагй ва салох:
в) мувофикатаи ороиш ба талабхои педагогию бадей[6].
Тозагй ва тартиби вазъият натанхо бо талабхои гигена, инчунин бо талабхои тарбияи зебопарастй низ вобаста аст. Тозагй ва покизакорй тартиби хаётро дилкаш карда, маишатро бохаловат ва зебо мекунанд.
Салоху соддагй заминахои мухимми эстетика ба шумор мераванд. Махз бад-ин сабаб дар ташаккули тарбияи эстетикии хонандагон дар мактаб бояд хеч як ороиши игрокй (аз хад
зиёд), касдан назаррабо ва ба назар намоён, яъне ороиши нодаркори ба тарбияи наворасон таъсири манфирасонанда вучуд надошта бошад.
Ранги деворхои хонаи бачагон бояд равшану зебо, на торику дилгиркунанда, чузъхояш шинам ва дилчасп бошад. Дар чунин холат, ки чашми кас аз он халовати махсус мебарад, дар акси хол корхои зиёдати бачагонро хаста ва бепарво мекунанд ва аз максад дур месозад.
Барои тарбияи зебопарастй киёфаи одамони гирду атроф ба кудакону наврасон ахмияти калон дорад. Дар киёс ва таклид либоси бачагон бояд ба синну соли худашон мувофик, покиза ва озода бошад. Маълуми хамагон аст, ки бачае, ки дасту руяш тозаву озода, либосхояш шустагиву дарзмолкардагй, муйхояш бо тпртиб ва шона кардагй ба дилхох кас хуш меояд.
Бачагонро аз хурдсолиашон чунон одат кунонидан лозим аст, ки ба намуди зохирии худ ахамият дишанд ва аз нигохубини зихирии худ ва либоси худ бетараф набошанд. Дар баробари ин, дар тарбияи эстетикии хонандагони хурдсол чунон ахамияти чиддй додан лозим аст, ки онхо ба зохири худ ахамияти лозима доданро ба зохирпарастй махлут насозанд ва аз игрок дурй чуянд.
Вокеан, киёфаи одамони калонсоли гирду атрофи кудакон ба инкишофи тарбияи эстетикии бачагон таъсири хоса мерасонад. Масалан, либосхои содаву хушдухт ва хамеша тозаи омузгорон, рафтори муаддабонаи онхо, тарзи гуфтору кирдори бомаданияташон, ки хар руз ба чашми хонандагон меафтад, ба ташаккулу инкишофи муносибати зебопарастии онхо бе таъсир намемонад.
Омузгоронро месазад чунон рафтору гуфтору кирдор дошта бошанд, ки хонандагон аз онхо сабак гиранд. Дар ин холат онхо хамеша ва дар хама чой зебоии тартибро хис мекунанд ва мустакилона хулосабарорй мекунанд, ки бетартибй ва ифлосй зидди тартибу хусну зарофат буда, аз чихатхои манфии шахс махсуб мегарданд.
Сарчашмаи асосии идрок ва таассуроти эстетикии шахс худи рузгор мебошад ва бехуда Одам-уш-шуарои порсигуён, устод Абуабдуллохи Рудакй 1150 сол кабл аз рузгори мо нафармуда буд, ки: Х,ар кй н-омухт аз гузашти рузгор, Х,еч н-омузад зи хеч омузгор. Ё худ:
Бирав, зи тачрибаи рузгор бахра бигир, Ки бахри дафъи хаводис туро ба кор ояд. Ё худ:
Ин чахонро нигар бо чашми хирад, Не бад-он чашм, к-андар у нигарй. Х,амчу дарёст, аз накукорй, Киштие соз то бад-он бигзарй. [8].
Нафакат устод Рудакй, балки тамоми ниёгони оламшумули мо дар осори назмиву насрии худ ба тарбияи ахлокии наврасон, дар мавридхои лозима ба тарбияи эстетикии онхо ахамияти хоса додаанд, ки омузишу пажухиш ва тахлилу таргиби он масъалаи дигар буда, сазовори садхо диссертатсияхои хоса ба шумор мераванд, вале дар айни хол берун аз объекти диссертатсияи мазкур ба шумор меравад. Бинобар ин, мо бо овардани баъзе мисолхо аз эчодиёти онхо иктифо мекунем.
Дар ин маврид омузгоронро месазад, ки дар чараёни таълиму тарбия ба хонандагони хурдсол мазмуну мохият ва чихатхои тарбиявии ахлокию эстетикии ашъори ниёгонро тахлил карда, дар шуури бачагон чой созанд.
Рузгори одамони калонсол гуногунчабха буда, дарки на хамаи рафтору кирдор ва хатто гуфтори онхо акли кудакон мерасад. Муаллимони синфхои ибтидой он ходисахоеро интхоб карда, бо кудакон тахлил менамоянд ва таълим медиханд, ки аз чихати мазмуни идеявй ва
ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"
дарккунй дар доираи идроки онхо буда, доираи назари хонаниагонро васеъ мегардонад. Дар натича онхоро шавкманд гардонида, ба чихати эхсосотии (эмосиявии) шахсият таъсири муайян расонида, зебопарастиро пайдо ва афзун месозад. Махз бад -ин васила таассуроти кудакон дар самти зебопарастй ва шинохти зебоипарастй вучуд оварда иркишоф меёбад ва ганитар мегардад.
Х,амаи он ашё ва ходисахои табиату чамъият, ки муаллим диккати хонандагонро ба онхо равона месозад, бояд барон онхо фахмо бошанд ва ба онхо таъсири мусбатеро дар шинохти этика ва эстетика расонида тавонанд. Масалан, чашнхои "Соли нав", "Иди модарон", "Навруз", "Мехргон", "Рузи парчам" ва гайра. Дар чунин чашнхо идхо бачагон сафхои мавзуни намоишчиён, варзишгарон ва намоишхои зебои идонаро мушохида мекунанд, онхо аз парчамхои хушранг, гулдастахо, мусикии дилчасп, раксхои мавзун шоду хурсанд гашта, ба худ сабакхои муайнеро хосил мекунанд.
Тамоми таассурот дар он сурат равшантар, гуногунтар ва аз чихати тарбиявй пуркимматтар махсуб мешаванд, ки агар бачагон дар мактаб барои дар намоиш иштирок кардани аъзоёни калонсол, оила гулдастахо, парчамхои хурдакак тайёр карда бошанд ва ё худи онхо ин сахнахоро дар мактаб хушу хурсандона гузаронанд.
Муаллим дар фаъолияти педагогиаш хар руз гуногунии табиатро хамчун воситаи таъсири эстетикй барои хонандагон метавонад истифода барад. Масалан, зебоии шахрхову дехахо, дарёхову куххо, сахрою чангалхо, инчунин фаровонии рангхо, шаклхо ва садохои табиат, бисёри ва гуногунии олами хайвонот, ивазшавии фаслхои сол ва мехнати оламон дар табиат ва гайра ба бачагон таъсири муайян мебахшад ва онхо бо шавку завк муносибати худро ба онхо зохир карда метавонанд, албатта бо тахлилу тафсир ва шарху эзохи муаллими худ. Дар ин чода муаллим ба хонандагон дарки зебоии табиатро бояд омузонад, зеро дар акси хол, агар муаллим дида тавонистани зебоии табиат ва дуст доштани онро наомузонад ва бо дастони худашон ба вучуд овардани онро ёд надихад, зебоии табиат ба бачагон пурра таъсир карда наметавонад.
Дар тарбияи эстетикии хонандагон муаллим бояд диккати онхоро ба ходисахои табиат равона карда, методу дарки мукоиса кардани ходисахоро бо ходисахои дигар биомузонад. Дар вакти сахарй дидани зебоии бармахалро, ки дар ин вакт офтоб паи хам теппаи дарахтои, руи гулхо ва алафхоро равшан мекунад, ёд медихад ва ё лаззат бурдан аз гуш кардани садои шилдир-шилдири оби чуй, хониши паррандагон ва гайра...
Ч,анбаи дигари методии тайёрии омузгорони синфхои ибтидой дар тарбияи эстетикии онхо дар он зохир мегардад, ки муаллим илхомбахшии табиатро ба шоирону рассомон накл карда фахмонда медихад. Инчунин омузгор дар вайтхои сайру гашти омузишй (педагогй), экскурсияхои накшавию беруназсинфй ба хонандагон васфи табиатро дар назми шоирону насри нависандагон ва эчоди рассомон хамчун воситаи аёнй ёд медихад. Махз дар натичаи чунин машгулиятхо таассуроти зебоипарастии хонандагон афзун ва васеътар мегардад ва онхо дустдории табиатро меомузанд.
Дигар аз воситахои тарбияи зебоипарастй - ин санъати рассомй мебошад, ки рассомон тавассути хунари худ образхои гуногунро аён тасвир карда метавонанд ва вазифаи муаллим диккати бачагонро ба он чалб карда, шарх додани он мебошад. Зеро расм ва сурат неруи махсуси таъсирбахшй дорад, ки дар тарбияи эстетикии хурдсолону бузургсолон бе таъсир намемонад. Дар ин самт хам суратхои хаёти бачагои дар тарбияи зебопарастии худи онхо мавкеи калон дорад, чунки онхо мазмунан ба хонандагон фахмо фахмо буда, шавку завки зебоипарастии онхоро ба вучуд меоварад. Хонандагони синфхои ибтидой суратхои маъкули худро бо шавку завк ва рагбати хоса тамошо карда, таассуроти худро ба якдигар изхор мекунанд ва дар натичаи музораи
байни хамдигарй тахлили хисси зебоипарастиашон зиёда мегардад, чойхои нофахморо аз муаллимони худ мепурсанд ва чахондиниашон афзун мегардад.
Бояд гуфт, ки он суратхое, ки дар китобхои бачагона ва китобхои дарсии синфхои ибтидой чойгир шудаанд, аз тарафи рассмоне ичро карда шудаанд, ки нафакат хунари истеъдоди рассомй доранд, балки дониши махсуси равоншиносию омузгорй (психологию педагогй) доранд, ки ба ин восита ба тарбияи зебопарастии хонандагон таъсири мухим мерасонанд ва бад-ин васила чахонбинии хонандагони хурдсол аз чанд чихат зиёд мегардад: хам табияи зебоипарастй, хам тахлили мантикй, хам дарки чахонбинй ва гайра.
Албатта, хунархои раксу суруд ва мусикй низ аз воситапи мухими тарбияи зебоипарастии хонандагон ба шумор меравад, ки аз чумла методхои муайяни табияи онхо мебошад. Набояд фаромуш кард, ки мусикй ва суруд ба бачагон хануз дар вакти дар гахвора буданашон тавассути "алла"-гуихои модарон фахмотар аст ва бехуда намегуянд, ки "забони кудаконро модарон мефахманд". Вокеан забони кудакони безабон ба модарон махз тавассути аллагуихо ва сурудхои охангдор маълум аст, ки кудакон баъди шунидани он ором мешаванд.
Х,амин тарик, бачагон аз кудакй ба шунидани мусикии форам омухта мешаванд, аз ин ру дар замони наврасй низ мусикй бояд ба онхо возех ва таъсирбахш (эмотсиявй) бошанд. Муаллимони синфхои ибтидой ва умуман мактабхои тахсилоти хамагонй бад -ин чихати масъала ахамияти махсус дода, завки зебоипрарасии хонандагонро ба мусикиву суруд ва дарки хар гуна мусавварахо такмил медиханд.
Маълуми муаллимони синфхои ибтидой аст, ки бачагон аз хурдсол ба мусикй ва раксу суруд мароки махсус зохир мекунанд. Аз ру месазад, ки муаллимон ба ин чихати масъала диккати хоса зохир намудаБа зохир гаштани он марок зохир намоянд. Вакте ки муаллим, масалан, ба мусикй марок доштани бачаро пай мебарад, бояд ба он кумак расонда, дар тахти рохбарии мутахассисони ботачриба онро инкишоф дихад.
Яке аз воситаи тарбияи зебопарстии бачагон, фаъолияти гуногуни тасвирии онхо мебошад, зеро хонандагон ходисахои гирду атрофи худро дар расм тасвир карда, метавонанд онро мукаммалтар дониста гиранд ва бад-ин минвол муносибати зебопарастиашонро ба ходисахои зиндагй инъикос намоянд. Аз ин ру таълим додани расмкашй ба бачагон ба инкишофи маданияти мушохида, ба кобилияти дида тавонистани чихатхои зебой ёрй мерасонад. Зеро дар фаъолияти тасвирии шахс, шакл, ранг, таносуби чузъхо, мавкеи фазоии предметхо васеъ ба кор бурда мешавад, чунки ин табъи бадеиро мепарваранд.
Бояд гуфт, ки муаллим дар дар хаёт мушохида кардани ходисахои чудогона ва тафсилоти онро ба бачагон ёд медихад, ба онхо ёрй мерасонад, ки чиро ки дар расм инъикос намудан лозим аст ва гайра.
Х,амин тарик, натичагирй кардан мумкин аст, ки методи тарбияи зебопарастии хонандагони синни хурди мактабй аз руи максад, вазифа ва мазмуни тарбияи зебопарастй муайян карда мешавад. Методхои тарбияи зебоипарастиро мувофики характери фаъолияти хонандагон ба кор бурдан лозим аст, зеро дар бораи идроки зебоипарастй тафовутхои калони инфиродй вучуд доранд.
АДАБИЁТ
1. Ахмади Дониш - «Наводир-ул-вакоеъ» - Асархои мунтахаб Сталинобод, 1959, сах. 171 - 236.
2. Азаров Ю.П. Искусство воспитывать.- М.: Просвещение, 1985.- 448с.
3. Апресян Г.З. Эстетическое отношение к природе в социалистическом обществе - М.: Знание, 1981.-96с.
4. Арзянова Г.В. Нравственно - эстетическое воспитание младших школьников средствами искусства // Нач. шк. 1982. № 11. с. 66-70.
5. Артеменко Н.М.Природа и эстетическое воспитание школьников: Из опыта работы сел. учителей // Под ред. А.И. Бурова. - М.: Просвещение, 1978. - 72с.
6. Афзалов Х., Рахимов Б. - «Таърихи педагогикаи халки точик» Душанбе, 1994 сах. 190
7. Кошифи Хусайн Воиз - «Футувватномаи султонй»Душанбе, 1991.
8. Макаренко А. С. Избранные педагогические сочинения: В 2т./ Под ред. А.И. Каирова, Б.Т.Лихачева; Сост. Л. Ю. Гордин - М.: Педагогика, 1977.- Т- 400с.; Т2-320с.
9. Рахимов Саъдулло. Из истории эстетических воззрений таджикского народа. -Душанбе: Ирфон, 2005. - 224 с.
10. Сафронов Б.В. Эстетическое сознание и духовный мир личности. М.: Знание, 1984.-96с.
11. Шарипов Ф. Муаллим кори эчодист. - Душанбе, 1984.