Научная статья на тему 'СОВРЕМЕННОЕ ПОНИМАНИЕ ПРОБЛЕМНОГО ОБУЧЕНИЯ УЧАЩИХСЯ В СОПОСТАВИТЕЛЬНОМ АНАЛИЗЕ ШКОЛ ИРИ И РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН (НА ТАДЖ.)'

СОВРЕМЕННОЕ ПОНИМАНИЕ ПРОБЛЕМНОГО ОБУЧЕНИЯ УЧАЩИХСЯ В СОПОСТАВИТЕЛЬНОМ АНАЛИЗЕ ШКОЛ ИРИ И РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН (НА ТАДЖ.) Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
52
5
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПРОБЛЕМЫ / ОБУЧЕНИЯ / АКТИВИЗАЦИЯ / ШКОЛА / ЗАДАЧА / УЧАЩИХСЯ / СТЕПЕНЬ / УСВОЕНИЯ ЗНАНИЙ

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Саидов М., Махзумзаде Бушехри

В данной статье авторы отмечают роль школы, педагога и обучения школьников и современного проблемного обучения учащихся. Они считают, что только их словолитная деятельность и сотрудничество приводят к повышению качества знаний в школе.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «СОВРЕМЕННОЕ ПОНИМАНИЕ ПРОБЛЕМНОГО ОБУЧЕНИЯ УЧАЩИХСЯ В СОПОСТАВИТЕЛЬНОМ АНАЛИЗЕ ШКОЛ ИРИ И РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН (НА ТАДЖ.)»

Сведения об авторе: Гараева Альфия Кахировна - кандидат педагогических наук, доцент общеуниверситетской кафедры немецкого и французского языков Таджикского национального университета, тел: (+992 37) 221 7711, e-mail: Garaeva-ru@yandex. ru

Information about the author: Garaeva Alfiya Kahirovna, PhD in pedagogical scoences, associate professor of German and French languages chair in Tajik National University, tel. (+992 37) 221 7711, e-mail: Garaeva-ru@yandex. ru

ФА^МИШИ МУОСИРИ ОМУЗИШИ ПРОБЛЕМАВЙ ДАР ТА^ЛИЛИ МУЦОИСАВИИ МАКТАБХ,ОИ ЧУМ^УРИИ ИСЛОМИИ ИРОН ВА

ТОЧИКИСТОН

М.Саидов, Ф.Махзумзаде Бушеури

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи Садриддин Айни

Имруз зери мафхуми омузиши проблемавй одатан таълимеро мефах,манд, ки дар шакли барканор (хал) кардани вазъиятхои проблемавии пайдархам бо максади омузиши эчодшаванда мегузарад. Ду намуди вазъияти проблемавй вучуд дорад психологи ва педагоги.

Аз нуктаи назари психологй, вазъияти проблемавй фахмиши хонандаро нисбат ба мушкилоти пайдошуда инъикос менамояд. Дар асоси номувофикати дар байни донишхои мавчуда ва донишхои зарурй барои хосил намудани масъалаи додашуда тавлид мешавад. Бидуни чунин фахмиш, эхтиёч барои чустучу пайдо намешавад. Масъалаи нихоят мушкил ё масъалаи нихоят сабук барои хонандагон вазъияти проблемавиро ба миён намеоварад.

Вазъияти проблемавии педагогй бо ёрии амалхо, саволхои муаллим, ки навигарй, ахамият, забон ва дигар сифатхои бевоситаи объективии даркшавандаро таъкид менамояд, ба вучуд оварда мешавад.

Пайдархамии мархилахои фаъолияти дарккунии хонанда дар мухити вазъияти проблемавй чунинанд: вазъияти проблемавй, проблема, чустучуи рохи халли он, халли проблема.

Тахлилхо нишон дод, ки оид ба проблеманокй се зинаи асосй вучуд дорад:

- баёни проблемавие, ки дар он худи муаллим проблемаро пешниход менамояд ва хдлли онро пайдо мекунад;

- баёни проблемавие, ки муаллим проблемаро пешниход мекунад, аммо чустучу пайдо кардани халли он дар якчояги ба хонандагон сурат мегирад;

- омузиши эчодкорона, ки иштироки фаъоли хонандагонро дар пешниход ва чустучуву пайдо намудани рохи халли проблема такозо мекунад.

Таткикот нишон дод, ки вазъияти проблемавй дар хамаи фанхои таълими умумй аз навъхои зерин иборат мебошад:

- вазъияти проблемавй дар холате пайдо мешавад, ки агар хонандагон роххои халли масъалаи пешниходшударо надонанд ба саволи проблемавй чавоб гуфта натавонанд ва далели тозаро дар холатхои таълимй ё хаёти фахмонида натавонад;

- вазъияти проблемавй дар холате пайдо мешавад, ки агар хонанда дар шароитхои нав бо зарурияти истифодабарии донишхои каблан азхудкардаи худ ру ба ру шавад;

- вазъияти проблемавй дар холате пайдо мешавад, ки агар дар байни рохи халли эхтимолии назариявй ва амалии масъала бошад;

- вазъияти проблемавй дар холате пайдо мешавад, ки агарнатичахои аз ичрои супориши бадастовардаашро хонандагон илман исбот карда натавонанд. Сохтори вазъияти проблемав аз руи чунин категорияхо дида баромадан ба максад

мувофик аст:

1. Аз руи мундаричаи чизи номаълум

2. Аз pyи сатхи пpоблеманокй

3. Аз pyи хелхои мувофиккунии ахбоp

4. Аз pyи хусусиятхои методй

Даp хаp гуна халли пpоблема (вазифа, масъала), усулхои методй мавчуд аст, ки вазъияти пpоблемавиpо инъикос мекунанд:

- муаллим хонандагонpо ба ихтилоф наздик меоpад ва пешниход менамояд, ки худашон pохи халли онpо пайдо кунанд;

- ихтилофpо ба фаъолияти амалй pавона менамояд;

- ба хамон як савол нуктахои назаpи гyногyнpо баён мекунад;

- ба синф пешниход, ки зyхypотpо аз нигохи шаклхои гуногун баppасй кунанд (баpои мисол аз нигохи фаpмондех, хукукшинос, мухосиб, педагог ва f);

- хонандагонpоба он шавкманд месозад, то мукоиса ва якчоя намоянд, аз вазъият хyлосабаpоpй хелхоpо киёс кунанд;

- саволхои мушаххас мегyзоpад (вобаста ба якчоякунй, (yмyмигаpдонй), асосноккунй, мушаххассозй, мантик ва мyлох,изаpонй);

- сyпоpишхои пpоблемавии назаpиявй ва амалиpо муайян мекунад, (баpои мисол: тадкикот, фаъолияти лохиявй);

- масъалахои пpоблемавиpо пеш мегyзоpад (баpои мисол: додани сyпоpишхои доpои маълумоти нокифоя ё аз худ зиёд, номуайяни даpк каpдан, додани вакти махдуд баpои халли масъала ва f).

Мисоли даpси наклиёти чахонpо, ки даp синфи 9-ум омyзонида мешавад, манзypи Шумо мегаpдонем. Ин даpс даp асоси пpисипхои омузиши пpоблемавй гyзаpонида шудааст.

Муаллим хонандагонpо ба гypyххои хypди 4-5 нафаpа чудо менамояд. Азбаски мавзуъ наклиёти чахонй мебошад омyзгоp пешакй pасмх,ои намудхои наклиёт, хаpитаи сиёсй ва табии чахонpо даp синф овезон каpда буд. Сyпоpиш чунин буд: «Аз pyи хаpита ду нуктаи дилхохатонpо (ду шахp ё ду давлат ё ду китъа) интихоб намуда, баpои сохтмони pохи охани байни онхо лоиха (пpоект) созед. Баpои ичpо намудани ин ^p шумо даp гypyхатон мухокима кунед, ки садои омилхои табий, иктисодй ва сиёсиpо хангоми сохтани ин шо^ох, ба хисоб гиpифтан лозим аст».

Хонандагон бо шаку завк ба коp шypy намудаанд. Онхо шаpтxое, ки хангоми сохтани pоxи охан дyчоp шуданашон мумкин аст, rap каpда баpомаданд. Баъди анхоми ин коp муаллим пешниход мекунад, ки Typy^:^ коpашонpо бо Typy^x^ хамсоя иваз кунанд ва ба натихаи коpи гypyxи хамсоя шинос шаванд. Хонандагон бо таpтиби коpи худ ва хамсоя гypyx шинос шуда, мукоиса мегyзаpонанд. Пас аз мубохисаи кутох муаллим ба хулосае омад, ки баpои гypyxxо коpи pафиконашон шавковаpтаp буд. Пас аз он ба хонандагон пешниход шуд фасли китобpо, ки наклиёт бахшида шудааст, хонанд. Сипас ба гypyxxо сyпоpиш шуд, ки коpи хyдpо бо матни китоб мукосиа каpда мубохиса кунанд. Даp охиpи даpс муаллим бо пypсиш гyзаpонида, аз xаp гypyx хохиш каpд, ки доиp ба пахлухои заиф ва кавии худ бахо диханд. Х,амин вазифаи хонагЬ муаллим ба хонандагон чунин сyпоpиш дод. Бо истифода аз низоми муайян доиp ба pоxи дехаи худатон (ё шаxp) ва пойтахти кишваp лоиха созед.

Рафти даpси даp боло тафсиpшyдаpо баpасb намуда, накшаи таpтибивy вактии онpо худо каpдан мумкин аст, ки амалхои асосии даp даpс иxpошаванда ва вакти баpои он xyдошyдаpо инъикос мекунад:

- муайян каpдани нуктахо аз хаpита 5-дакика.

- таpтиб додани лоихаи сохтмони pоxи охан 17-дакика.

- шиносои бо коpи гypyxи хамсоя 5-дакика.

- шиносои бо матни китоб доиp ба наклиёти хахон 10-дакика.

- хyлосабаpоpии хонандагон ба муаллим 5-дакика.

- сyпоpиши вазифаи хонагЬ 3-дакика.

Аз ин хама андешахои дар боло кайдкардашуда, ба чунин хулоса омадан мумкин аст:

1. Дар мархилахои кунунй рушди инсон омузиши праблемавй ногузир аст, зеро он инкишофи мутаносиби шахсияти озодкорро ташаккул медихад, ки у мантикан фикронй карда метавонад. Вобаста ба вазъиятхои праблемахои мухталиф рохи халро пайдо мекунад, кобил ба он аст, ки донишхои худро мураттаб ва обу тоб дихад ва дар сатхи баланд метавонад худро тахлил, танкид ва ислох намояд.

2. Дар назди шахси чавон доимо гузоштани вазъиятхои праблемавй ба он оварда мерасонад, ки вай дар назди мушкилот «сархам» нашуда кушиш ба харч медихад то онхоро х,ал намояд ва дар баробари ин мо ба шахсе сару кор мегирем, ки хамеша дар паи чустучу аст. Илова бар ин хатмкунандаи мактаб ба хаёти мустакил кадам гузошта аз холатхои стресс бештар метавонад худро мухофизат кунад.

3. Ба сифати нишондихандаи самаранокии омузиши проблемавй сифати баландгаштаи азхудкунии маводи таълимй ва имкониятхои дигар фанхо истифодакунии ин донишхо хизмат мекунад. Нишондихандаи самаранокии омузиши проблемавй дар оянда ин ташаккулдихии кобилиятхои эчодй ва ангезахои дарккунй мебошад, ки имконияти худмаърифаткунониро таъмин менамояд.

Чизи дигареро бояд кайд намоям, ки ба максад ноил гаштан ва масъалаи мазкурро халу фасл намоем, бояд ба гузориши проблемавй диккати махсус дихем. Асоси равиши мазкурро принсипе, ки вазъияти проблемавио аз тарафи муаллим ба миён гузошта мешавад, аз тарафи хонандагон хал мешавад, такшил мешавад. Кдйд кардан зарур аст, ки гузориши проблема дар тамоми вакти дарсй дар аввал, байн ва охир ба миён омада метавонад. Чунин сохтани дарс дар асл ягон машгулиятхо омухтани мархилавии аз сода ба мураккабро дар бар мегирад, дар ин маврид халли ягон проблемаи хурд чахишест барои чавобхо ба саволхои аз руи ин мураккабиашон афзудашаванда.

Асбоби асосй барои халли чунин усулхо шуда метавонанд; номувофикати ахбори таълими намудхои гуногуни саволхои проблемавй, инчунин супоришхои проблемавии сатхи мураккабиашон гуногун.

Номувофикатии ахбори таълимй. Принсипи номувофикатии ахбори таълимй ба муаллим имкон медихад, ки сатхи баланди проблеманокии маводи таълимиро ба даст орад. Маводи таълимй ба воситаи унсурхои ночост, номувофик, номуайян ва бисёр ё нопурра ва гайра дода мешавад. Чунин равиши фаъолияти чустучуии максаднокро дар заминаи эхсосоти диккатчалбкунанда, таъмин менамояд.

Саволх,ои проблемавй. Саволхои муаллим асбоби пуркувватест, ки барои фаъолгардонии фикрронии хонандагон хизмат мекунад. Хусусият ва сифати савол аз бисёр чихат сатхи фикрронии хонандаро муайян мекунад. Ба ибораи дигар гуем, агар чавобхои окилона хохед, пас саволхои окилона дихед.

Савол барои та^лил. Саволе, ки хонандагонро ба таксимоти мавзуъ ба кисматх,ои мавзуи азхудшаванда равона мекунаду омузиш ба рохи мукоиса ва монандкунии объектхо, сурат мегирад.

Савол барои таркиб. Саволе, ки хонандагонро бахдмсозии акидахо ба шаклхои нодиру асил водор мекунад.

Савол барои эзох, додан. Саволе, ки хонанадагонро бо кушоданаш муносибати байни хамдигарии акидахо, далелхо ва арзишхо водор менамояд.

Савол барои истифода. Саволе, ки хонандагонро ба халли праблема ва тахлили акида дар вазъияти нав равона мекунад.

Савол барои бах,о. Саволе, ки хонандагонро бо ташаккули фикру акида аз руи ягон мавзуъ ё савол вобаста ба фахмишаш ва системаи арзишхо тела медихад.

Супоришх,ои праблемавй. Спектори ин супоришхо гуногун аст. Самти асосии чунин супоришхо ин истифодаи донишхои азхудшуда барои халли супоришхои гайримукаррарй, инчунин истифодаи донишхои мухталиф, сатх барои халли супоришхои гайри стандартй дар бар мегирад.

Навъх,ои супоришх,о. Намоиши проблемавй, вазъиятхои проблемавии бозй. Корхои тадкикотй - лабораторй, тачриба, фикри проблемавй ва гайра.

Хулоса: Дар тахлили тадкикоти мушахас гардид, ки халли масъалахои омузиши проблемавй дар таълими хонандагони мактабхои Чумхурии Исломии Эрон ва Ч,умх,урии Точикистон якхела халли худро талаб менамояд, чунки таълим дар хар гуна тахсилот максади ягона дорад. Тарбия намудани насли наврас ва баланд бардоштани сифати таълим, фаъол гардонидани дарачаи азхудкунии дониши хонандагон дар фазои мактабхо мебошад. Натичахо нишон дод, ки агар дар вакташ чунин истифодаи методхо, усулхои дар макола иншогардида кобили кабул гардад, илми педагогика боз хам ба пешравихои замони муосир муваффак мегардад.

Адабиёт:

1. М. Лутфуллоев. «Дидактикаи муосир». Душанбе 2003, сах 61-69.

2. П. И. Пидгасистого «Педагогика». Москва 2006 ст. 500-503.

3. Адиб Ниё. «Дар равиши халли праблема». Ирон 1392, сах 89-100.

4. Рахнамо ва Абдумалики. «Мукоисаи таъсири равиши халли масъала бо равиши тадриси суннатй дар дарсхои риёзй». Ирон 1988, сах 59-71.

5. Педагогика Ю. Бабанского «Педагогика» Москва 1988 ст. 339-344.

6. Ф. Шарипов. «Формирование информационной культуры состояние тенденции и перспектив» Душанбе, Ирфон 2013, сах 151-155

СОВРЕМЕННОЕ ПОНИМАНИЕ ПРОБЛЕМНОГО ОБУЧЕНИЯ УЧАЩИХСЯ В СОПОСТАВИТЕЛЬНОМ АНАЛИЗЕ ШКОЛ ИРИ И РЕСПУБЛИКИ

ТАДЖИКИСТАН

М.Саидов, Ф.Махзумзаде Бушехри

В данной статье авторы отмечают роль школы, педагога и обучения школьников и современного проблемного обучения учащихся. Они считают, что только их словолитная деятельность и сотрудничество приводят к повышению качества знаний в школе.

Ключевые слова: проблемы, обучения, активизация, школа, задача, учащихся, предметов, развития, степень, усвоения знаний.

MODERN UNDERSTANDING OF PROBLEM EDUCATION OF STUDENTS IN COMPARATIVE ANALYSIS OF SCHOOLS IN IRAN AND TAJIKISTAN

M.Saidov, F.Mahzumzade Bushehri

In this article, the authors note the role of the school, teacher, student learning and modern problem education of students. The authors believe that only foundry activities of students and cooperation will enhance the quality of knowledge in school.

Key words: problems, training, activation, school, task, students, subjects of development, degree, learning.

Сведения об авторах: Саидов Мухиддин Вайсиддинович - кандидат педагогических наук, доцент кафедры общей педагогики Таджикского государственного педагогического университета имени Садриддина Айни. тел.: (+992) 904 472234

Фотима Махзумзаде Бушехри - аспирант кафедры общей педагогики Таджикского государственного педагогического университета имени Садриддина Айни. тел.: (+992) 919 503831, e-mail: Mahzoun2014@yahoo.com

Information about authors: Saidov Muhiddin Vaysiddinovich, PhD in pedagogical sciences, associate professor of Pedagogy chair in Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini, tel. (+992) 904 472234

Fotima Makhzumzade Bushehri, postgraduate student of Pedagogy chair in Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini, tel. (+992) 919 503831, e-mail: Mahzoun2014@yahoo.com

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.