Научная статья на тему 'S. AINI, AS A CONTINUER OF TAJIK-UZBEK LITERATURE AND CULTURAL RELATIONSHIPS'

S. AINI, AS A CONTINUER OF TAJIK-UZBEK LITERATURE AND CULTURAL RELATIONSHIPS Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
22
8
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
С.АЙНИ / ЛИТЕРАТУРА / КУЛЬТУРА / ЛИТЕРАТУРНЫЕ СВЯЗИ / ЛИТЕРАТУРОВЕДЕНИЕ / НОВЫЕ ТЕНДЕНЦИИ / УЗБЕКСКАЯ ЛИТЕРАТУРА / S.AINI / LITERATURE / CULTURE / LITERATURE RELATIONS / LITERARY / A NEW TENDENCY / UZBEK LITERATURE

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Рахмонзода Абдуджабор Азиз

В статье подробно рассматривается роль С. Айни в развитии литературных и культурных связей между таджикским и узбекским народам в 20 веке. Действительно, многие писатели и поэты Узбекистана считали С. Айни своим устодом и учителем. Великий устод Айни внёс огромный вклад в формировании и развитии новых тенденций в литературе народов Средней Азии начала ХХ века. Кроме того, он как литературовед заложил основу современного литературоведения в регионе. Устод С. Айни отлично знал таджикский и узбекский языки, которые помогли ему активно участвовать в литературной жизни таджикского и узбекского народов. В целом, можно считать С. Айни основоположником новых тенденций в узбекско-таджикских литературных связей.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

С. АЙНИ - ПРОДОЛЖАТЕЛЬ ТАДЖИКСКО-УЗБЕКСКИХ ЛИТЕРАТУРНЫХ И КУЛЬТУРНЫХ СВЯЗЕЙ

This article deals with the role of S. Aini in development of literature and cultural relations between Tajik and Uzbek people in XX century. Actually, most of the writers and poets of Uzbekistan considered S. Aini their ustod and teachers. The distinguished ustod Aini brought great contribution to formation and development of new tendency in the literature of the people of Central of Asia from the beginning of XX century. In addition to it, he as a philologist put a foundation of modern literature in the region. Ustod S. Aini knew Tajik and Uzbek languages excellent which helped him actively to participate literature life of Tajik and Uzbek people. In general, it can be considered S. Aini as a founder of new tendency Tajik and Uzbek literature relations.

Текст научной работы на тему «S. AINI, AS A CONTINUER OF TAJIK-UZBEK LITERATURE AND CULTURAL RELATIONSHIPS»

AДAБИЁТШИНОСЙ / ЛИТЕРAТУРОВЕДЕНИЕ

УСТОД AЙНИ ИДОМAДИX,AНДAИ РAВОБИТИ AДAБИЮ ФAР^AНГИИ ТОЧИКОН BA УЗБЕК^О

Ра^монзода А.

Академияи илмуои Цум^урии Тоцикистон

Точикон аз чумлаи халкхои кадимаи оpиёй бyда, бо таъpих, фаpханг ва адабиёти худ машхyp гаpдидаанд. Онхо бо осоpи шиФохиву хаттй, ёдгоpихои бyзypги таъpихй ва катибахои нодиpи худ даp тамаддyни башаpй сахми бyзypг гузошта, бо ин pох шyхpати бештаp касб каpдаанд. Даp аксаpи ин катибаву осоpи гаpонбахои хаттй андеша ва оpзyю омоли халк ифода шуда, таассypоти ибтидоии маpдyм бо шакли содаву pавон ифода шудаанд. Решахои ин фаpханги ганй тайи хазоpсолахо ташаккул ёфта, як кисми таpкибии он бо шаклу шеваи хос то замони мо pасидаанд. Бунёди ин меpоси гаpонбахоpо дустию pафокат, хайpхохй, некию накyкоpй ва дигаp хислатхои хамидаи инсонй ташкил медиханд. Точикон даp хама давpy замонхо бо ин хислатхои инсондустонаашон махбубият пайдо каpда, даp бисёpе аз саpчашмахои хаттй ин сифати неку писандидаашон ситоиш гаpдидаанд.

Халки точик баpобаpи pyшди фаpхангy адабиёт аз давpахои бостон бо маpдyмони гуногун pобитахои зичи дустона баpкаpоp намуда, хамеша кушиш ба хаpч медод, ки даp фазои сулху салох ва якдиливу баpодаpй yмp ба саp баpад. Дамин андешаи хамзистии дyстонаpо аввалин маpотиба Кypyши Кабиp даp Эъломияи худ чой дода, маpдyмpо ба хамдилию баpодаpй даъват намуда буд. Ин пиндоpи башаpдyстонаpо минбаъд гузаштагони мо идома дода, бо аксаpи кавму кабилахо, дину мазхабхо бо эхтиpом муносибат менамуданд ва pафокатpо хамчун намунаи неки хамбастагй азизу мукаддас медонистанд. Даp хамин асос точикон бо хамсоягони наздики худ, бахусус бо халки баpодаpи узбек, дустии мустахкам баpпо намудаанд, ки он аз имтихони таъpих саpбаландона гузаштааст.

Даp хакикат, точикон ва узбекон даp бисёp лахзахои гаму шодй, баpоpy нобаpобаpй, нокомию пиpyзихо бо хам буданд ва даp хама холат дустию баpодаpиpо пос дошта, якдигаppо иззату эхтиpом ва кадpдонй менамуданд. Дамин муносибат ба шаpофати шахсиятхои баpчастаи таъpих даp каpни XV боз хам yстyвоp гаpдид ва даp мисоли хамкоpихои адабию дустонаи Мавлоно Aбдypахмони Ч,омй ва Миp Aлишеp Навой сифатхои навpо сохиб гаpдид. Дустию pафокат, эхтиpомy мухаббат миёни ин шахсиятхои эчодй ба даpачае самимй будааст, ки мyосиpонашон аз ин хусни тафохум ва мyошиpати бyзypг боpхо ба некй ёдоваpй каpдаанд.

Махсусан, Миp Aлишеp Навой даp бештаpи осоpаш, аз чумла даp асаpхои худ "Xамсат-yл-мyтахаййиpин", "Мачолис-ун-нафоис", касидаи "Тyхфат-yл-афкоp" ва як ^TOp достонхои "Хамса" бyзypгй ва фазилати устодаш Aбдypахмони Ч,омиpо зи^ намуда, ба y ихлосмандии зиёд доштанашpо бо исpоp таъкид каpдааст. Дамчунин, даp пайpавии устодаш даp дах газал назиpаи чавобия навишта, аз таpафи Мавлоно Ч,омй бахои баланд гиpифтааст. Махсусан, даp pисолаи «Хамсат - ул - мyтахаййиpин» Aлишеp Навой панч пахлуи хамкоpии хyдpо бо устодаш Aбдypахмони Ч,омй бо мухаббат баён каpда, даp хаp як фасл маком ва маpтабаи yстодашpо баланд баpдошта, накши ypо даp pyшди адабиёт, фалсафа ва назаpияи иpфон беназиp донистааст. Бавежа, мyошиpат ва муносибати некбинона ва хайpхохонаи yстодашpо боpхо таъкид каpда, хислатхои хамида ва бемисли ypо даp мактаби одамият беназиp донистааст.

Саpдафтаpи адабиёти классикии узбек Миp Aлишеpи Навой, инчунин, бо таъсиpи осоpи устодаш Мавлоно Ч,омй бо садокате, ки ба забони точикй доштааст, бо тахаллуси Фонй газалхои ноби точикй эчод каpда, онхоpо даp шакли девони алохида мypаттаб сохтааст. Ин газалхои шypангез чанбаи баланди лиpикй дошта, эхсосоти амики шоиppо ифода менамоянд. Мавзуи асосии газалхои шоиppо ишк ташкил намуда, даp баъзе аз онхо масъалахои ичтимой ва иpфонй низ ифода гаpдидаанд.

Минбаъд аз Алишери Навой огоз карда, чи дар назми узбек ва чи дар назми точик падидаи зуллисонайнй, яъне бо ду забон эчод кардан, ба таври васеъ ривоч пайдо намуда, аксари адибон бо як махорати хос шеърхое таълиф кардаанд, ки ними он ба забони точикй ва нимаш ба забони узбекй мебошанд. Пас аз он, ин анъана дар эчодиёти шоирони асрхои XVI- ХХ Махмур, Маъдан, Нодира, Анбар - Отун, Адо Гулханй, Дозик, Ачзй, Туграл, Айнй ва дигарон макоми махсус пайдо карда, бо ин сабк шеърхои чолиб арзи хастй намуд.

Дар хакикат, ин ду адиб дар замони худ барои мардумонашон хидмати шоиста карда, ба хазинаи бекарони шеъру шоирй, хикмату фалсафа, шариату тарикат, одаму одамгарй осори гаронбахоро ба мерос мондаанд, ки аз онхо ахли башар истифода намуда, ба хираду дониш ва рафокату дустии онхо тахсин хондаанд. Ба кавли адабиётшинос А. Афсахзод "осори илмй ва адабии Абдурахмони Ч,омй ва Алишери Навой чун ситорахои рахшони осмон фурузон буд ва то холо анвори он кам нашуда меояд.

Дамин хислатхои неки дустонаи адибони номбурдаро шоирони баъдй идома дода, ба он сифатхои нав хамрох кардаанд. Махсусан, адибони узбек, аз кабили Турдй, Машраб, Махмур, Гулханй, Увайсй, Нодира, Мукимй, Фуркат, Убайдуллои Завкй дар пайравии адибони точик Камоли Хучандй, Мавлоно Ч,омй, Дилолй, Восифй, Бедил, Зебуннисо, Ахмади Дониш, Шамсиддини Шохин ва дигарон газалу касида, достону маснавй ва асархои насриро ба забонхои точикй ва узбекй таълиф кардаанд.

Дар садаи XX устод Садриддин Айнй идомадихандаи анъанахои неки чандасраи равобити дустонаи точикон ва узбекон буда, дар ин рох хидмати шоистаеро ба анчом расондааст.

Устод Айнй бо адибони узбек - Дамза Дакимзода Ниёзй, Абдулло Крдирй ва Гафур Гулом хамкории наздики эчодй баркарор карда, дар тарбияи онхо накши назаррас дорад. Вай аз аввали карни XX бо ду забон - точикй ва узбекй асар эчод карда, ба такдири халки узбек ва сарнавишти фарзандони он бахои вокей додааст. Махсусан, дар тазкираи "Намунаи адабиёти точик" дар катори адибони барчастаи точик аз сухансароёни тоинкилобии узбек, ки дар каламрави Мовароуннахр умр ба сар бурдаанд, ёд карда, нахустин шуда, доир ба шархи хол ва осори онхо маълумот додааст. Вай дар ин тазкираи комили худ доир ба осори гаронбахои Мир Алишер Навой ва эчодиёти Лутфй, Мухаммад Солех, Акмал, Гулшанй, Нодира, Машраб ва дигарон бахои баланд дода, намунахои ашъори точикй ва узбекии онхоро оварда, накшашонро дар рушди адабиёти харду халк таъкид намудааст. Масалан, вай дар бораи Машраб маълумот дода, аз чумла менависад: "Машраби Намангонй - исмаш Боборахим аст. Дар соли 1123 хичрй дар Кундуз ба фатвои уламо ва хукми Махмудбии Катаган шахид карда шуд. Девони туркии Машраб мавчуд аст. Уламо ва зухходро сахт танкид мекунад..."[ ]1 .

Дар баробари ин, устод Айнй ду асари бунёдии дигар дар бораи ду адиби узбек -Мукимй ва Алишер Навой таълиф карда, накши онхоро барои адабиёт ва фарханги точику узбек рушану барчаста муайян кардааст. Вай соли 1943 рисолаи "Мукимй ва давраи у" ва соли 1948 рисолаи "Мир Алишер Навой" - ро ба забони узбекй ба табъ расондааст. Пасон вай асари дуюмашро ба забони точикй низ аз нашр баровардааст.

Дамзамон, устод Айнй соли 1940 "Xамса"-и Навоиро ба забони узбекй чоп намуда, ба "Xамса"-и талхискардааш мукаддимаи муфассал навишта, накши Мир Алишер Навой ва Мавлоно Ч,омиро дар рушди адабиёт ва ирфон, инчунин, дустии ин ду халк возех шарх медихад.

Дар ин макола, устод Айнй ба сифати адабиётшинос мухимтарин пахлухои эчодиёти Алишер Навоиро шарх дода, махсусан хунари уро дар достонсарой васеъ тахлил менамояд. Донишманди барчастаи точик ба хар як достони адиби узбек таваччух зохир карда, махорат ва камолоти хунарии шоирро амикбинона бозгу месозад ва накши уро дар адабиёти узбек ва рушди назми хамосию лирикй беназир медонад.

Нахустин маротиба устод Айнй доир ба хаёту эчодиёти Навой дар «Намунаи адабиёти точик» маълумот чамъ оварда, дар адабиётшиносии нави садаи XX Навоиро ба доираи адибони классики форсу точик дохил намудааст. Доир ба ин масъала устод Айнй дар асари худ чунин ишора кардааст: «Дарчанд амир Алишерро дар зайли

шуарои форсу точик навиштан мувофики ризои худаш нест, аз он чо ки дар форсй хам ба бисёртарин шуарои форс баробарй, балки фузунй мекард, дил нахост, ки ин мачмуа аз намунаи ашъори обдори у бебахра бимонад» 2 .

Устод бо ин таъкиди худ бартарй доштани ашъори Навоиро аз баъзе шоирони точик махсус таъкид карда, ба фаъолияти эчодии у ва ашъори баландмазмуни ин мутафаккир бахои вокей медихад ва номи уро дар катори адибони точик кайд карда, оид ба зиндагй ва махорати шоирии Алишер Навой дар тазкираи худ маълумоти сахех ворид менамояд.

Айнй баъди нашри «Намунаи адабиёти точик» дар маколаи худ тахти унвони «Чдвоб ё ин ки мусохаба» дар катори хафт масъалаи пурахамияти адабй инчунин оид ба тахаллуси Навой бахс карда, доир ба ин масъала дар асоси сарчашмахои муътамади илмй изхори назар менамояд.

Дамин андешахои устодро адабиётшинос Д. Шодикулов нихоят арзишманд дониста, кайд мекунад, ки «аз чавоби Айнй ба Б. Азизй дар гирди тахаллуси точикии Навой асосан, ду хулоса пеши назар меояд: устод хамон вакт дар чараёни омузиши дакиккорона ва хаматарафаи таърихи адабиёти узбек буда, ба тадкики фундаменталии мухимтарин масоили ин мероси гаронбахо тайёрй медидааст»3 .

Яъне, солхои бистум як давраи тайёрй буд, барои устод Айнй, то ин ки солхои баъд фаъолияти илмии худро дар навоишиносй ривоч бидихад.

Устод Айнй ба тахкики амики хаёту эчодиёти Навой аз соли 1938 дар арафаи омодагихо ба чашни панчсадсолагии шоир шугл варзидааст. Баъдан, соли 1941 монографияи худ «Алишери Навой»-ро таълиф намудааст, ки ба сабаби чанг танхо соли 1948 ба шакли китоби алохида чоп шудааст. Дар маколаи нахустин - «Мир Алишери Навой» (1938), ки аз чор кисмат иборат аст, устод Айнй ба таври мухтасар оид ба тарчумаи хол, авзои ичтимоиву сиёсии замони шоир маълумот дода андаке хусусиятхои мухталифи эчодиёт ва вежагихои гоявию эстетики ашъори Навоиро тахлил намудааст. У дар ин макола, бахусус робитаи Навоиро5 ба адабиёти точикй ба мулохиза гирифта, махсус таъкид намудаастб, ки «Мир Алишери Навой бо адабиёти точикй (форсй) тарбия ёфт, Фирдавсй, Аттор, Низомй, Саъдй ва дигар классикхои адабиёти точикиро омухт ва аз Ч,омй барин классики давраи охирини адабиёти точикй шахсан, тарбия ва таълим гирифт. Дар натича яке аз бехтарин шоирони замони худ гардид»4.

Тахкики хаёту эчодиёти Навой, дустии Ч,омиву Навой, мухити адабй ва авзои сиёсиву ичтимоии карни XV махсусан, дар рисолаи «Алишери Навой» хеле вусъат ёфтааст. Рисола аз дах боб, хотима ва эзохот иборат аст. Дар боби нух намунаи ашъори форсй-точикии Навой оварда шуд, пас аз он тахлили арзишхои он аз чониби муаллифи рисола анчом дода шудааст. Устод Айнй, чунонки худ хулоса кардааст, дар рисолааш масоили марбут ба «замони зиндагй, тарчумаи хол, фаъолияти сиёсиву чамъиятй ва эчодиёти адабии» Навоиро5 хеле муфассал тахкик намудааст. Яке аз чихатхои мухимми рисолаи Айнй дар он аст, ки у махсусан ба таргибу тахлил ва муайян намудани сифату мазмуни ашъори форсиву точикии Навой диккат дода, бори дигар ба забони точикиву арабй тахсил дидани уро таъкид намудаастб. Бояд тазаккур дод, ки махз ба василаи ин намунахо нахустин маротиба оммаи хонандагон, махсусан чавонон бо ашъори точикии Навой шинос шуданд. Аз чумла, устод Айнй ба казияхои марбут ба жанри муаммо фасли махсус чудо карда, махз барои чавонон тарзи муаммогуй ва равиши посух додан ба онро тахлил намуда, ахамияти ичтимоии вайро дар он замон нишон додааст.

Устод Айнй тамоми пахлухои эчодиёти Навоиро бо тартиби муайян дар асоси меъёру талаботи илми адабиётшиносй тахлил карда, ба осори ин чехраи бузурги адабй бо диди отифонаи худ бахогузорй менамояд. Махсусан, устод Айнй диккати асосиро ба тахлили «Xамса»-и Навой равона карда, ба ин асари панчгона бахои баланд дода, онро ба сифати аввалин хамсаи туркй-узбекй муаррифй кардааст.

Устод Айнй доир ба ахамияти ин асар ва накши он дар рушди адабиёти узбек махсус ишора карда, «Xамса» -и Навоиро, ки дар равияи хамсасароии Низомию Амир Xусрав таълиф ёфта буд, дар мисоли достони «Фарходу Ширин» шарх дода, бахои нобигаи аср - Мавлоно Абдурахмони Ч,омиро барои таквияти фикраш иктибос кардааст7.

Пасон, устод Айнй таъсири Мавлоно Ч,омй ба Мир Алишер Навоиро дар достонсарой махсус ишора карда, накши уро дар эчоди ин асархо мухим арзёбй кардааст. Бешак, Мавлоно Ч,омй ба вай неру бахшида, барои офаридани ин асархои баландмазмун мусоидат кардааст ва онхоро намунаи бехтарини назми туркию узбекй дониста, накши муаллифи онро дар рушди хамсасарой беназир донистааст. Дамин чихати масъаларо устод Айнй низ ишора карда, ба махорати достонсароии Мир Алишер Навой бахои баланд додаааст. Мухаккики гавхаршинос -устод Айнй ба хар як достон таваччух зохир намуда, ба махорати эчодии шоир бахои баланд додааст. Агар ба таърихи робитахои адабиву дустии деринаи точикону узбекхо назар афганем, мебинем, ки дар ин маврид устод Айнй бештар ба масъалаи дустии Навой ва Ч,омй чун тачассуми дустии ду халки бародар таваччух зохир кардааст.

Устод Айнй дар хамаи навиштахояш оид ба хаёту эчодиёти Навой ба масъалаи дустиву хамкории Чрмиву Навой диккат дода, онро рамзи дустиву рафокати точикону узбекхо чи дар гузашта ва чи замони кунунй донистааст. Гузашта аз ин, тибки ахбори рузномаи «Ленинский путь» аз якуми январи соли 1941 С. Айнй таълифи рисолаеро оид ба хдёту эчодиёти Абдурахмони Ч,омй - ин симои марказии адабиёти асри XV ба накша гузошта будааст. Лекин бо сабабхое ин накша амалй нагардида, китобе, ки дар тафаккури у тайёр буд, нонавишта мондааст. Вале новобаста ба ин хидмате, ки устод аз тарики мухталиф ва бахусус дар дохили таълифоташ оид ба Навой дар боби омузиши Ч,омй кардааст, сазовори такдир буда, ба тадкики махсус ниёз дорад.

Устод Садриддин Айнй дар кулли асархое, ки ба Мир Алишер Навой бахшидааст, хамеша аз муносибатхои хуби устоду шогирд - Мавлоно Ч,омй ва Навой ёд карда, дустии онхоро дар рисолааш бо чунин суханони эхсонпарвар хулоса кардааст:

«Алишер ба Ч,омй дар вакти 18-19 сола будани худ шогирд шуда будааст. Ин алока рафта-рафта аз дарачаи алокаи устодй ва шогирдй гузашта, ба дарачаи падарй ва фарзандй расид. Дар вакти вафоти Абдурахмони Ч,омй бо вучуди он ки у фарзанди калон ва хешовандони наздик дошт, аз подшох гирифта, то оммаи халк Навоиро сохиби мурдаи Ч,омй медонистанд ва ба у таъзия мерасониданд»8.

Ба замми ин, Айнй ошкор намудааст, ки Абдурахмони Ч,омй ба Навой на танхо устоду шогирд, балки рохнамои сиёсй низ ба хисоб рафта, Навой бо маслихатхои муфиди у маъмурияти давлатии худро пеш мебурдааст.

Дамин дустию рафокат дар мукотибахои рафиконаи Чрмию Навой ва ашъори чавобияи онхо бештар эхсос шуда, хар кадоми он нишонаи эътимод ва садокати ин ду мутафаккир махсуб меёбанд. Дар ин бора устод Айнй низ махсус ишора карда, аз касидаи Мавлоно Ч,омй ёд карда, чавоби Мир Алишер Навоиро намунаи барчастаи дустии ин ду шахсият донистааст. Устод Айнй аз ин тарик ихлосмандии Навоиро нисбат ба Ч,омй таъкид намудааст. Илова бар ин, аз наклу кайдхои устод Айнй хувайдост, ки вай аз афкори фалсафй, гояхои баланди ичтимоию ахлокии касидахои хар ду адиби мазкур муассир шудааст.

Масъалаи ташвику таргиби дустии ^омиву Навой, ки аввалин бор аз чониби устод Айнй ба илми адабиётшиносии муосир ворид шуд, минбаъд доманаи васеъ пайдо карда, ба хайси як мавзуи мукаммали алохида ба риштаи тахкик кашида шуд. Солхои баъдй дар ин мавзуъ

А. Мирзоев, Ш. Дусейнзода М. Шакурй, А. Афсахзод. А. Маниёзов,

Д. Шодикулов, К. Олимов, X. Шарифов, А. Абдуллоев,

А. Сатторзода, С. Начмиев, А. Зухуриддинов, С. Вохидов ва дигарон маколаву рисолахои пурарзиш интишор намуданд.

Гузашта аз ин, устод Айнй ба бисёре аз адибони узбек хакки устодй дошта, аксари онхо дар хотироташон аз мухаббат ва мехрубонии у бо самимият изхори назар кардаанд ва дар ин бора хотироти худашонро ба табъ расондаанд. Дамчунин, дар пайравии устод Айнй асар офарида, мактаби адабии уро тахким бахшидаанд. Махсусан, Дамза Дакимзода Ниёзй, Абдулло ^одирй ва Еафур Гулом аз мактаби устод гузашта, сохиби дастовардхои зиёде гардидаанд. Доир ба ин масъала мухаккики робитахои адабии точику узбек М. К^ушчонов кайд мекунад: "Устод Айнй ва Абдулло Крдирй дустони хеле наздик буданд. Онхо зуд-зуд бо хам мулокоту сухбат мекарданд. Айнй ба Тошканд сафар мекард ва Абдулло Кодирй ба Самарканд меомад. Абдулло

Кодирй дар асаpxояш боpxо аз Aйнй ёд мекyнад ва xамчyнин, устод Aйнй дар асаpxояш номи Aбдyлло Кодириро зуд-зуд зикр кардааст"9 .

Устод Aйнй, инчунин, донандаи хуби забони узбекй буда, анъанаи зуллисонайниро идома додааст. Дар солxои бистуму сиюми асри ХХ бошад, маколаxои зиёди устод Aйнй ба забони узбекй дар рузномаву мачаллаxои Узбекистан чоп шуда, дар онxо адиб халки заxматкаши узбекро барои ба даст овардани саводу дониш ва рушди мактабу маориф даъват кардааст.

Дамин анъанаи неку писандида ва дустиву рафокати ду халки xамсояpо баъдан, ду шахсияти барчастаи фаpxангy сиёсат - Мирзо Турсунзода ва Шароф Рашидов идома дода, ба он мазмущои баланди инсондустона ва башардустона xамpоx намудаанд.

Нависандагони точик Чдлол Икромй, Раxим Чдлил, Пулод Толис, Фотеx Ниёзй, Фазлиддин Мyxаммадиев, Саттор Турсун, Aдаш Истад, Урун Кyxзод, Aбдyлxамид Самад ва дигар адибони точик дар мавзуи дустии халкxои точику узбек очерку xикоя, киссаву роман навишта, бо аксари адибони шинохтаи узбек робитаи дустона ва эчодй доштанд. Махсусан, Чдлол Икромй, Сотим УлyFЗOда, Фотеx Ниёзй, Шавкат Ниёзй, Aдаш Истад ба сафаpxои корй ба шаxpxои Тошкент, Бухоро, Самарканд, Тирмиз ва ФаpFOна рафта, бо хонандагону донишчуён вохурщо доир мекарданд ва ба ощо дар боби дустию бародарй, ваxдатy осоиштагй сухан гуфта, оид ба асаpxои худ маълумот медоданд. Дамзамон, асаpxои адибони узбекро бо забони точикй тарчума карда, хонандагони точикро бо сарнавишти халки узбек, xаётy рузгори онxо ошно менамуданд.

Дар баробари ин, боpxо асаpxои сухансароёни точик ба забони узбекй ва асаpxои шоирону нависандагони узбек ба забони точикй тарчума шуда, ба муносибати pyзxои адабиёт ва санъати Узбекистони бародар солxои 80- уми асри ХХ дар ду мачмуа -"ЧаpоFи фурузон" ва "Чашмаи хурушон" асаpxои адибони узбек ба забони точикй тарчума ва чоп гардидааст.

Дар xакикат, баргузор шудани даxаxои адабиёт ва санъат миёни халвдои точику узбек аз солxои панчоxyми карни гузашта ба xyкми анъана даромада, якчанд маротиба Рyзxои адабиёт ва санъати Ч,yмxypии Узбекистон дар Ч,yмxypии Точикистон ва Ч,yмxypии Точикистон дар Ч,yмxypии Узбекистон баргузор гардидаанд, ки ощо дар таxкими pобитаxои дустонаи халкxои точику узбек накши назаррас бозидаанд. Ин pyзxо ба тантанаи xакикии дустии халвдо табдил ёфта, дар аксари маpказxои илмию адабй ва фаpxангии xаpдy кишвар чоpабиниxо ва вохypиxо доир шуда, мардум аз xyнаpy истеъдоди адибону xyнаpмандони точику узбек завк бурдаанд. Ба шарофати xyсни тафоxyм ва назари некбинонаи xаpдy чониб ин анъана аз нав эxё шуда, соли гузашта Рyзxои фаpxанги ^yмxypии Узбекистон дар Ч,yмxypии Точикистон ва Рyзxои фаpxанги Точикистон дар Узбекистон доир гардиданд, ки он аз чониби шаxpвандони xаpдy кишвар ба хубй истикбол гардиданд.

Ин дустию _бародарй дар давраи ба истиклолияту озодй расидани чyмxypиxои Точикистон ва Узбекистон сатxи сифатан нав касб намуд. Дар фосилаи беш аз чаxоpяк асри Истиклолияти давлатй, ду кишвари дуст pобитаxои xасанаи xамсоягиpо боз xам таxкимy таквият бахшида, дар самтxои мухталифи сиёсиву иктисодй ва ичтимоиву фаpxангй ба дастоваpдxои назаррас ноил шудаанд.

Дар вокеъ, дустии ин ду халк аз кадим на танxо дар анъанаву сyннатxо ифода меёфт, балки дар робш^ои фаpxангию адабияшон низ тачассум гардида, шyxpати беандоза касб мекард. Ба шарофати ташрифи меxмони оликадр Президенти Ч,yмxypии Узбекистон мyxтаpам Шавкат Мирзиёев ва сиёсати адабпарваронаю фаpxангпаpваpонаи Aсосгyзоpи сyлxy ваxдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Ч,yмxypии Точикистон мyxтаpам Эмомалй Раxмон ин дуста боз xам рушд карда, пару боли тоза гирифт ва паЙFOми меxpy мyxаббат ва рафокату бародарии ин халвдоро чун кабутарони сyлx ба дypиxои дур бурда, номи xаpдy халкро дар арсаи чаxонй боз xам бештар машxyp гардонид.

Махсусан хидмати Президенти Ч,yмxypи Точикистон, Пешвои миллат мyxтаpам Эмомалй Раxмон дар баркарории pобитаxои дустона бебаxс мебошад. Сарварди давлати точикон аз pyзxои аввали ба сари кудрат омадани худ дар бораи дустии ду халк назари некбинона баён карда, то ба имруз дар акидааш устувор мондааст. Дар бисёри

мавридхо дар суханронихои худ Пешвои миллати точикон аз дустию рафокати ин ду халк изхори назар карда, ба таърихи дустиии точикон ва узбекхо бахои баланд додааст. Махсусан, вай дар арафаи чашни 600 - солагии Мавлоно Ч,омй аз дустии бесобикаи ин миллатхо дар мисоли ду мутафаккир - Мавлоно Ч,омй ва Навой ёдовар шуда, навиштааст: «Дустй ва садокати Мавлоно Абдурахмони Ч,омй ва Алишери Навой намунаи барчаста ва ибратомузи дустии халкхои точику узбек ба шумор меравад»10.

Дар дахсолаи дуюми садаи ХХ1 бо эхё шудани робитахои_ фарханию адабй ва хамкорихои дустона миёни Чумхурии Точикистон ва Чумхурии Узбекситон нияти нек буда, ба рушди минбъадаи ин ду кишвар мусоидат хохад намуд. Умедворем, ки дар тахкими робитахои адабии точикону узбекон низ ин руйдоди мухимми таърихй сахифаи наверо боз хохад намуд.

АДАБИЁТ

1. Айнй С. Намунаи адабиёти точик. - Душанбе: Адиб, 2010. - С. 126

2. Айнй С. Намунаи адабиёти точик. - Душанбе: Адиб, 2010. - С. 82

3. Шодикулов Д. Айнй - мухаккики адабиёти узбек. - Точикистони Советй, 18. IX. 1981, № 218

4. Айнй С. Куллиёт. Ч,. 11. Китоби якум. - Душанбе: Нашриёти давлатии Точикистон, 1963. - С. 204.

5. Дамон китоб. - С. 266

6. Дамон китоб. - С. 336, 365.

7. Дамон китоб. - С. 358-359.

8. Айнй С. Куллиёт. Чилди 11. Китоби якум. - Душанбе: Нашриёти давлатии Точикистон, 1963. -С. 280.

9. Кошчанов М. Айни и узбекская литература / Чашнномаи Айнй. Чузъи VII. - Душанбе: «Дониш», 1991. - С. 148

10. Эмомалй Рахмон. Чехрахои мондагор. - Душанбе: «ЭР-граф», 2016. - С. 284.

С. АЙНИ - ПРОДОЛЖАТЕЛЬ ТАДЖИКСКО-УЗБЕКСКИХ ЛИТЕРАТУРНЫХ И КУЛЬТУРНЫХ СВЯЗЕЙ

В статье подробно рассматривается роль С. Айни в развитии литературных и культурных связей между таджикским и узбекским народам в 20 веке. Действительно, многие писатели и поэты Узбекистана считали С. Айни своим устодом и учителем. Великий устод Айни внёс огромный вклад в формировании и развитии новых тенденций в литературе народов Средней Азии начала ХХ века. Кроме того, он как литературовед заложил основу современного литературоведения в регионе. Устод С. Айни отлично знал таджикский и узбекский языки, которые помогли ему активно участвовать в литературной жизни таджикского и узбекского народов. В целом, можно считать С. Айни основоположником новых тенденций в узбекско-таджикских литературных связей.

Ключевые слова: С. Айни, литература, культура, литературные связи, литературоведение, новые тенденции, узбекская литература.

S. AINI, AS A CONTINUER OF TAJIK-UZBEK LITERATURE AND CULTURAL RELATIONSHIPS

This article deals with the role of S. Aini in development of literature and cultural relations between Tajik and Uzbek people in XX century. Actually, most of the writers and poets of Uzbekistan considered S. Aini their ustod and teachers. The distinguished ustod Aini brought great contribution to formation and development of new tendency in the literature of the people of Central of Asia from the beginning of XX century. In addition to it, he as a philologist put a foundation of modern literature in the region. Ustod S. Aini knew Tajik and Uzbek languages excellent which helped him actively to participate literature life of Tajik and Uzbek people. In general, it can be considered S. Aini as a founder of new tendency Tajik and Uzbek literature relations.

Key words: S. Aini, literature, culture, literature relations, literary, a new tendency, Uzbek literature.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.