Научная статья на тему 'Проблемы истории института права налога в ранней истории зороастрийской государственности таджиков'

Проблемы истории института права налога в ранней истории зороастрийской государственности таджиков Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
425
63
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИСТОРИЯ ПРАВА / ИНСТИТУТ НАЛОГОВ / ЗЕМЕЛЬНЫЙ НАЛОГ / ПОНЯТИЕ НАЛОГА

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Буриев Имомкул Бозорович, Давлатов Исмоил Раҳимович

Проблемы, связанные с определением, сущностью, задачами налога, виды и вопросы его установления являются особо актуальными в юридической науке. Налог является одним из признаков государства и основой его существования. Институт налога наряду с другими факторами во многом предопределил переход от первобытнообщинных отношений к государственно образованному обществу. В статье проведено исследование истории возникновения понятия «налог», налоговых органов государства.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

On the Issue of Tax Institute in Early History of Tajiks'' Zoroastrian Statehood Key words: history of law, tax institute, land tax, tax notion

The problems related to tax are especially actual in the juridical science embracing such items as definition, essence, goals, types, enforcement. Tax is one of the hallmarks of state being the ground of its existence. Alongside with other factors the tax institute predetermined a transition of primeval relations in the frames of a community to an educated society in the term of a state. The authors trace back to the history of the Zoroastrian state focusing on the issue of tax, they disclose the meaning of its notion, explore the types of tax bodies.

Текст научной работы на тему «Проблемы истории института права налога в ранней истории зороастрийской государственности таджиков»

ЮРИСПРУДЕНЦИЯ ХУфК'ШИНОСЙ

Буриев Имомкул Бозорович,

мудири шуъбаи таърихи давлат ва ^уцуци Институти фалсафа, сиёсатшиносй ва ^уцуци ба номи А.Ба^оваддинови АИ ЦТ, доктори илмуои ^уцуц Давлатов Исмоил Расимович, унвощуй Институти фалсафа, сиёсатшиносй ва ^уцуци ба номи А. Ба^оваддинови АИ ЦТ

МАСОИЛИ ТАЪРИХИ ПАДИДАИ ^УЦУЦИ АНДОЗ ДАР МАР^АЛАИ АВВАЛИ ДАВЛАТДОРИИ ЗАРДУШТИИ ТО^ИКОН

Масоили вобаста ба мафхуми андоз, мохият ва таъйиноти он, намудхо ва махсусан муаммохои пайдоиши он дар илми муосири хукукшиносй актуалй буда, то имруз мухаккикони худро интизор мебошад.

Андоз яке аз нишонахои асосии давлат ва заминаи мавчудияти он буда, танхо дарёфти хамин падида ба инсоният рохро барои гузариш аз сохтори ичтимоии баробар ба сохтори нав - давлатдорй кушод. Сухан на танхо дар бораи ошкор гардидани заминаи моддии рушди сохтори нав меравад, балки маблаги дар натичаи андоз чамъшуда заминаи иктисодии сиёсати давлати навтаъсис, асос барои таъмину таъмири рох, сохтмони бинохои умумй ва корхои чамъиятй мегардад.

Дар маколаи мазкур масоили вобаста ба таърихи пайдоиш ва ташаккули падидаи андоз ва намудхои он, мохият ва таъйиноти андоз дар мархалаи мушаххаси таърихй - мархалаи зардуштии ташаккули давлатдории точикон меравад.

Даврабандии таърихи давлат ва хукуки Точикистонро дар адабиёти илмии бахшида ба таърихи хукук аввалин маротиба Г. С. Азизкулова анчом додаст (1, 11-12). Даврабандии пешниходгардида таърихи давлат ва хукуки точиконро ба

11 мархалаи таърихй таксим намуда, давраи тошуравии давлатдории точиконро ба 3 давра (1) давлат ва хукуки гуломдорй, 2) феодалй ва 3) хамрохшавй ба Русия ва ташкили генерал-губернатории Туркистон) ва 6 давраи дигарро ба сохмони давлати шуравию рушди он, 1 давра ба таърихи Точикистони сохибистиклол бахшидааст. Мархалаи аз охири асри XVIII то соли 1864 аз ин даврабандй берун мондааст. Даврабандии пешниходшуда хусу-сиёти рушди давлат ва хукукро дарбар мегирад. Вале дар он бештар ба таърихи навини давлат ва хукуки точикон ахамият дода шуда, таърихи зиёда аз 24 аср (аз асри VI пеш аз мелодй то асри XVIII) танхо ба ду давра таксим карда шудааст. Х,ангоми гузаронидани даврабандй ченаки аввала - равиши формат-сионй дар таърихи навин истифода нагардида, ченаки дигар ва мархалахои хурдтари таксимот ба назар мерасад. Вале омузиши таърихи точикон тибки ин даврабандй наметавонад конуниятхои пайдоиш ва ташаккулу рушди давлат ва падидахои хукукиро ба таври комил ошкор созад. Дастоварди Г.С. Азизкулова мушаххасгардонии давраи нави таърихи давлат ва хукуки точикон мебошад. ^айд кардан зарур аст, ки даврабандии тахлилшуда аввалин даврабандии таърихи давлат ва хукуки Точикистон буда, таваччухи ахли илм ва махсусан мухаккикони таърихи хукукро ба ин масъалаи мубрами илмй чалб намуд, ки ин хизмати бузурги олима мебошад.

Таърихшинос, мархум академик Н. Неъматов даврабандии нави форматсио-ниро асоснок намудааст, ки аз шаш давраи бузург иборат аст: 1. Ч,амоаи ибтидой (8 млн. сол - то хазорсолаи V пеш аз мелод); 2. Сохтори чамоавй-таба-кавй (хазорсолахои IV - II пеш аз мелод); 3. Сохтори давлатй- чамоавй (хазорсолаи 1 пеш аз мелод то асрхои аввали мелодй); 4. Сохтори феодалй (асри IV -то нимаи асри XIX); 5. Давраи гузариш ва чустучуи сохтори бехтарини ичтимой (нимаи дуввуми асри XIX то солхои 90 асри XX); 6. Ташаккули чомеаи демократй (соли 1991 то имруз) (2, 8-11).

Ду давраи бузурги даврабандии пешниходшуда аз доираи омузиши мо берун аст ва баёнгари тафрикаи даврабандии мавзуи таърихи халки точик ва таърихи давлат ва хукуки точикон аст, ки бояд аз даврабандии илми таърихи халки точик фарк дошта бошад. Гайр аз ин, ченаки пешниходшуда мархалахои мухими рушди давлатдории миллй - давлатдории Сомониёнро инъикос намеку-над ва нисбат ба он бетафовут ба назар мерасад, харчанд Н. Неъматов яке аз онхоеанд, ки дар шинохти давлатдории Сомониён хизматхои шоёне кардаанд, монография ва асархои пурарзише оид ба ин мархалаи таърихй таълиф намудаанд.

Ба масъалаи мазкур А.Холиков низ ру оварда, дар китоби дарсии худ як-бора се даврабандии таърихи давлат ва хукуки Точикистонро пешниход наму-дааст: 1. Таърихи давлат ва хукуки тоинкилобии Точикистон. 2. Таърихи давлат ва хукуки баъдазинкилобии Точикистон. Дар ин даврабандй Инкилоби Октябри соли 1917, ки заминасози Инкилоби сентябрии Бухоро ва таъсиси давлатдории шуравй дар худуди Иттиходи Шуравии собик, аз чумла Точикистон гардид, дар назар аст. Давраи баъдазшуравй ба он илова мегардад. Нокисии ин даврабандй аз чониби А.Холиков низ кайд шудааст (3,8).

Даврабандии дуюм танхо мархалаеро дарбар мегирад, ки дар китоби дарсии мyаллифи номбаршуда тахкик шудааст, яъне аз кадим то давлатдории шуравй ва иборат аст аз:

1. Равандхои сиёсй ва хукукии олами Эрону Турони кадим ва тахлили давлатхои нахустини зироатпарварй ва чамоавй.

2. Хукуки авастой ва давлатхои тоисломй (асрхои VII-VIII пеш аз мелодй ва асрхои VI-VII мелодй).

3. Давлат ва хукуки точикон дар давраи тобеият ба Хилофат ва мустакилгардии Хуросону Мовароуннахр (VIII-XII).

4. Давлат ва хукуки точикон дар давраи тобеият ба чодарнишинону Темуриён. Таъсири тачрибаи идоракунии точикона ба ин салтанатхо (XIII-XVII).

5. Таърихи давлат ва хукуки точикон баъд аз хамрохшавй ба Россияи подшохй (XVIII-XIX).

Х,арчанд аз чониби муаллиф ин даврабандй номида шудааст, вале он бештар ба мухтавои китоб ва кадом масъалахоро мавриди бахс карор додани муаллиф шабохат дорад. Дар акси хол хамчун давраи таърихй номбар наму-дани «равандхои сиёсй» ва «тахлили давлатхои нахустини зироатпарварй ва чамоавй» нофахмо аст.

Даврабандии сеюме, ки А.Холиков дар китоби худ пешниход менамояд дар заминаи равиши тамаддунй тартиб дода шудааст ва нокисихои даврабандии форматсиониро бартараф менамояд. Тибки ин даврабандй таърихи давлат ва хукуки точикон ба чунин даврахо таксим гардидааст:

1. Давраи амали тамаддуни хукукии зардуштй ва одатй.

2. Давлат ва хукуки точик дар ахди амали хукуки ислом.

3. Амали хукуки имперй дар сарзамини точикон.

4. Амали хукуки шуравй.

5. Тачдиди низоми нави хукукии Точикистони сохибистиклол.

Ин даврабандй харчанд нокисихои равиши форматсиониро бартараф месо-зад, вале худ нофахмихои навро ба вучуд меорад. Дар адабиёти илмии давраи шуравй оид ба гузариш ва ё амали ин ё он форматсия дар худуди Точикистони таърихй ва умуман дар Шарк бахсхои доманадор бурда шуда, аксари олимони шуравй ва пасошуравй махсусан мавчудияти форматсияи гуломдориро дар Точикистони таърихй инкор менамоянд, чунки дар худуди он шароити нигох доштани гуломон - чун кувваи истехсолкунанда мавчуд набуд. Албатта, инкори гуломдорй хамчун форматсияи ичтимой-иктисодй маънои инкори мавчудияти гуломонро дар чомеаи Точикистони таърихй надорад. Аз сарчашмахои зиёди таърихй ва хукукй бармеояд, ки гуломон аз даврахои кадими таърихй то Инкилоби сентябрии Бухоро дар худуди Точикистони таърихй вучуд доштанд. Ин табакаи хукукхояшон махдуде буд, ки хеч гох дар таърихи давлатдории точикон хамчун синфи асосии истехсолкунанда баромад накардааст.

Даврабандии сеюми таърихи давлат ва хукуки Точикистон, ки муаллифи мазкур пешниход намудааст, на таърихи давлат ва хукук, балки давраи аввалро чун «Давраи амали тамаддуни хукукии зардуштй ва одатй» пешниход менамояд, ки мавриди кабул нест, зеро ки тамаддуни зардуштй ва махсусан

хукуки одатй ва ё тамаддуни одатй на танхо то давраи давлат ва хукуки исломй, балки якчоя бо он амал намуда, то солхои аввали давлатдории шуравй низ мавриди истифода будааст. Мохиятан гирем, меъёрхои хукуки одатй чузъан то имруз амал мекунанд ва кисме аз он меъёрхо хатто дар конуни «Танзими чашну маросим» акс ёфта, ба меъёри хукуки амалкунанда табдил ёфтаанд. Ч,узье аз меъёрхои хукуки шуравй низ дар Точикистони сохибистиклол бештар аз як дахсола мавриди истифода ва амал буданд.

Новобаста аз он ки даврабандии ин ё он илм, масалан таърихи давлатдорй ва хукуки точикон, бо максади шиносой ва дарки комилтари мархалахои чудогонаи таърихй гузаронида мешавад, набояд масоили илмиеро, ки бо он вобаста хастанд ва ё бо гузаронидани ин даврабандй ба вучуд омаданашон мумкин аст, нодида гирифт.

Бояд эътироф намуд, ки даврабандии таърихи давлатдорй ва хукуки точи-кон масъалаи хеле мураккаб аст. Новобаста аз нокисихое, ки дар даврабанди-хои пешниходнамудаи олимон Г.С. Азизкулова, А.Г. Холиков ва аз чумла дав-рабандии яке аз муаллифони ин сатрхо (4) чой доранд, хизмати онхоро низ набояд нодида гирифт. Масоили вобаста ба даврабандй ва тахлили сахифахои таърихи давлат ва хукуки точикон, аз чумла ба таври комил ва хаматарафа тахкик нашудани мархалахои гуногуни рушди давлатдорй, то хол пурра ошкор нагардидани конуниятхои рушди даврахои муайян, пурра омухта нашудани сабаб, натича ва махсусиятхои як катор ислохоти давлатй, маъмурй, низомй, пулию молиявй бо сабабхои айниву зехнй мавзуъро печида мегардонанд. Дар давраи шуравии давлатдорй, мавчудияти ин ё он форматсия масъалаи мубрам буда, имруз зардуштй будан ё набудани чамъияти давлатхои аввалин мавриди бахс аст. Инчунин дар дохили тамаддуни ягона, масалан зардуштй, тагйироти чиддие ба амал омадааст. Масалан, давлатдории Пешдодиён, Х,ахоманишихо, Сосониён ва ё исломй - давлатдории Сомониён, Салчукиён ва Темуриён махсусиятхои хосро сохиб буданд ва хар яки он нисбат ба дигараш фаркиятхое доштанд. Х,ар яке конуниятхои пайдоиш ва рушди махсуси худ ва дар сахнаи таърих чои махсуси худро доранд. Пас, ченаки ягонаи даврабандиро барои омузиши объективии илмии таърихи давлат ва хукуки Точикистон пешниход намудан масъалаи душвори илмй аст.

Дарачаи муосири тахкикоти илмии таърихи давлат ва хукуки Точикистон имруз имконият медихад, ки равиши тамаддуниро хамчун ченаки асосии даврабандии таърихи давлатдорй ва хукук истифода барем, чунки:

1. Пайдоиши давлатдории ориёй ва минбаъд исломй тахти таъсири дин ба вучуд омада, дини зардуштй барои давлатхои ориёй ва дини ислом барои давлатхои мусалмонй накши мафкураи расмиро ичро менамуд. Дар кишвархои ориёй зардуштй шахрванд (ир) ва гайризардуштй бетабаа (анир) шумурда мешуд.

2. Новобаста аз хучуми кабилахои кучй ва дар мархалахои гуногуни таърих устувор шудани хукмронии онхо дар сарзамини точикон, онхо низ ба зудй тахти таъсири мафкура ва мазхаби расмии чомеаи точикон тамаддуни хукмронро кабул мекарданд.

3. Сарвари давлат дар аксари мавориди таърихй худро на танхо пайрави тамаддуну дини расмй нишон медод, балки мучохид (ба маънои донишманд ва пахнкунандаи дин) ва сарвари динии кишвар низ махсуб меёфт, харчанд ин маком пеши рохи амалхои беадолатонаи уро намегирифт.

4. Давлати точикон аз чониби хамсоягон низ хамчун намояндаи мазхаби муайян эътироф мешуд.

5. Давлат дар шахсияти макомоти муайяни худ (масалан, давлати зардуштй: амалдорони баландмартабаи оташомор - раиси оташкада, раиси бунёди рух, давлати исломй - козй, вазири вакф, мазолиму мухтасиб) вазифахои мазхабй, тамаддуниро амалй менамуд.

Ин ва дигар махсусиёти таърихи рушди давлатдории точикон заминаи даврабандии тамаддунии таърихи давлатдорй ва хукуки Точикистон мебошанд.

Вобаста ба равиши тамаддун метавон чунин мархалахои рушди давлат ва хукуки Точикистонро номбар кард:

1. Пайдоиши давлатдорй ва хукук дар худуди Точикистони таърихй (хазорсолаи 2 ва 1 пеш аз мелодй);

2. Давлат ва хукуки давраи ориёй - зардуштии точикон (хазорсолаи 1 пеш аз мелодй то ибтидои асри VII);

3. Давлат ва хукуки давраи исломии точикон (асри VII - то солхои 1868 /ибтидои асри XX);

4. Таърихи давлатдории тамаддуни омехтаи империю махаллй (солхои 1868 - 1917/1920 -1929);

5. Давлатдорй ва хукуки Ч,умхурии Шуравии Точикистон 1917/1920-19291991);

6. Давлатдории миллй ва хукуки Точикистони сохибистиклол (аз 1991 то имруз).

Даврабандии тамаддунй ва даврахои пешниходгардида ба таври максималй тамоми мархалаи бузурги амали тамаддунхоро фаро гирифтаанд ва мухаккик метавонад ва бояд онро ба мархалахои кучактари дохилитамаддунй таксим намояд. Масалан, давлатдории ориёй - Пешдодиёну Каёниён, Х,ахоманишихо, Сосониён мархалахо - куллахои баланди рушди ин тамаддуни чахонгирро инъикос намуда, ин сулолахо дастовардхои бузурги чахонй ва чолибе дар таърихи тамаддуни давлатдорй ва рушди меъёр ва падидахои хукукй доранд. Х,амин гуна мархала дар давраи тамаддуни исломии Точикистони таърихй, Хилофати Араб, давлатдорихои Тохириён, Саффориён ва алалхусус Сомониёну Fyриён буда, таксимоти дохилитамаддунй низ метавонад вобаста ба ченакхои гуногун гузаронида шавад. Fайр аз ин, вобаста ба самтхои рушд, ислохот, пешравии сохахои мустакили хукук низ давра - мархалахои мухимро таксим намудан мумкин аст.

Мархалаи зардуштии давлатдории точикон гуфта мо аз огози сарчашмаи хукук эътироф гаштани Авесто ва хамчун омили мухимтарини идеологию динй, чахонбинию сиёсй ва хукукй гаштани онро дар назар дорем. Ин гуна равиш аз даврабандии пешниходнамудаи проф. А.Холиков тафовут дорад, чунки давраи амали тамаддуни хукукии зардуштй ва одатиро чун мархалаи мустакил эътироф намудан душвор аст. Г ап сари он меравад, ки то имруз баъзе коидахои рафтори

тамаддуни зардуштй ва махсусан одатй амал мекунанд. Fайр аз ин, меъёрхои хукуки одатй мунтазам тагйир меёбанд ва дар хама мархалахои таърихи точикон амали хукуки одатиро мушохида намудан мумкин аст.

Давраи дуюми рушди давлатдории ориёй - давлатдории Х,ахомашиниён мебошад, ки зиёда аз ду садсола давом намудааст. Ин давра дар таърихи тамаддуни ориёй-зардуштй ахамияти хосаро доро буда, падидахои хукукй ва давлатдории ориёй на танхо давраи босуръати тараккиёт, балки зинаи баланди кулминатсионии рушди худро тай мекунанд. Хукуки ориёй-зардуштй хамчун оилаи мустакили хукукй ва тамаддуни фарогири хукукй аз таърихи давлатдории Пешдодиён ва Каёниён огоз гирифта бошад, пас дар давраи давлатдории Х,ахомашиниён ба дарачаи баланди рушд расидааст.

Албатта, рушди падидахои давлатдорй ва хукукии ориён дар шароити Дунёи ^адим ва таърихи бостон хамвор ва мунтазам суръат нагирифтааст. Азбаски давлати хахоманишй дар мухити гуломдории гарбию шаркй фаъолият дошт, давлатхои дигаре буданд, ки мехостанд аз дастовардхои он истифода кунанд, тамаддуни пешрафтаи онро азхуд намоянд.

Назарияхои гуногун вучуд дорад, ки хар яке омилхои гуногуни сиёсй, иктисодй, психологй, диниро дар пайдоиши давлат ва хукук муассир мешу-моранд. Вале хеч кадом аз ин назарияхо накши андоз ва молиётро дар мавчудият ва фаъолияти давлат инкор намекунанд. Накши андозу молиёт махсусан дар назарияи моддигарой ба таври возеху ошкор ба назар мерасад. Материализм чамъоварии андозро яке аз нишонахои мухимтарини давлат, дар катори ду нишонаи дигар: хокимияти сиёсй ва таксими худудии ахолй мешуморад (5). Таъкид мегардад, ки бе чамъоварии андоз давлат вучуд дошта наметавонад.

Х,окимият дар чамоаи ибтидой ба андоз ва молиёт эхтиёч надошт, чунки заминаи чамъиятй дошта сарварони чомеа низ дар катори дигарон ба мехнату истехсолот машгул буданд. Махсусан сардори оила, авлод ва кабила, ки вазифаи асосии онхо сафарбаркунии мардум ба мехнат будааст, кушиш доштанд, ки дар баробари дигарон мехнат намуда, натичаи кори хуб ба даст оваранд.

Дар адабиёти илмй шаклхои гуногуни чамъоварии андоз мушохида мегардад. Он намудхои гуногун низ дошта, метавонад дар шакли молй ва ё пулй ситонида шавад.

Тибки конунгузории амалкунандаи Ч,умхурии Точикистон, моддаи 7-уми Кодекси андоз, андоз чунин таъриф дода шудааст: «Андоз пардохти хатмии мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ба бучет ба хисоб рафта, ба андозаи муайян амалй гардида, хусусияти хатмии бебозгашт ва беподош дорад» (6).

Падидаи андоз таърихи тулонй дошта, таърихи он бо мавчудияти давлат тавъам аст. Метавон гуфт, ки андоз аз огози пайдоиши худ падидаи сиёсию хукукй буд. Низоми андоз дар шароити дунёи кадим, асрхои миёнаю нав ва имруз низ хамчун механизми хамгироии миллй ва ичтимой накш бозида, яке аз воситахои сиёсии идора ва махсусан идораи иктисодй бокй мемонад.

Пайдоиши андоз ва бо кадом истилох ифода гаштани он дар давлатхои аввалини точикон маълум нест. Тибки иттилооти дар асари Ю. Якубшох

чойдошта, Кайкубод яке аз подшохони одили каёнй кушиш намудааст, ки аз раийат як намуди андозро ситонад (4, З1). Аз сарчашмахои дигар маълум мегардад, ки андози ягонаи чоришуда барои нигохдорй ва таъмини сипох пешбинй гардида буд. Азбаски хачми пардохти он ба дахяки даромади замин баробар буд, онро андози дахяк низ номидаанд. Бинобар ин, дар асархои таърихии замони тамаддуни исломй муодили арабии он, ба кавли Балъамй -андози ушр, истифода мегардад (7, З10). Тибки ин иттилоот то Кайкубод низ пардохти андоз чорй будааст. Гузашта аз ин, то шохигарии Кайкубод якчанд намуди андоз вучуд доштааст ва чорй намудани танхо як намуди андоз дастоварди ин подшох шумурда мешавад.

Бо пайдоиш ва густариши дини Зардушт дар давлати Каёниён тагйироти чиддй рух дод. Давлати Каёниён, ки муддате тобеи давлати Турон ва ба он боч мепардохт, бо исрори Зардушт аз додани он ба Турон даст мекашад. Дини Зардушт дар ин асос барои муттахид гаштани халку устувор гаштани хокимияти сиёсй низ таъсири бузург дошта, идеологияи расмии давлатдории ориён гаштааст.

Мавчуд будани девони махсуси сохавй дар давраи пайдоиш ва ташаккули давлатдории ориёии точикон шаходати ташаккули андешаи ичтимоию иктисодй ва хукукии миллати мост, ки хануз дар огози таърихи давлатдорй ба умки масоили иктисодию сиёсй сарфахм ва онхоро дуруст дарк намуда, муассисахои созгори сиёсию ичтимоиро таъсис додааст, то идораи чомеа мавриди танзими хаматарафа бошад.

Ч,амоаи зардуштй чамоаи табакавй буда, вобаста ба касб, моликият ва пардохти андоз низ аз хамдигар тафовут доштанд. Табакахои имтиёздори чомеа рухониён ва артиш - сипохиён буда, дар пардохти андоз низ макоми махсус доштанд. Масалан, артишиён дар давраи чангхо аз пардохти андоз озод буданд.

Махсусиятхои ин давраи ташаккули падидаи андоз дар он зохир мегардид, ки 1) ваколат ва масъулияти муайян намудани шумора ва хачми падидаи андоз ба зиммаи шох буд; 2) падидаи андоз заминаи иктисодии давлат ба шумор мерафт, ба тарики мустаким аз чониби макомоти марказию махаллии идорй танзим мегардид ва барои идораю рохбарии ин самти фаъолияти давлатй амалдорони махсус - хазинадор, муассисаи сохавии идорй - девони бож, нафакот таъсис дода шуда буд; З) шумораи андозхо камшумор буда, дар даврахои муайян чамъоварии танхо як намуди андоз маъмул буд.

Андоз аллакай дар давраи пайдоиши худ пардохти хатмии бебозгашт ва беподош буда, барои таъмини мавчудияти давлат, амалй гаштани сиёсати дохилию берунаи он, дастгирии ичтимоии ахолй, сохтмони муассисахои чамъиятй, иншоотхои обёрй ва гайра истифода мегардид.

Калидвожах,о: Таърихи хукук, падидаи андоз, боч, хироч, мазмуни андоз.

Пайнавишт:

1. Азизцулова Г.С. Цикл лекйий по истории государства и права Республики Таджикистан. - Душанбе, 1995.

2. Негматов H.H. О новой концепции формационной истории Центральной Азии //Центральноазиатские гуманитарные исследования. -199S. -№S. -С. 8-11.

3. Холщов А. Таърихи давлат ва хукуки Тоцикистон. -Душанбе, 2002.

4. Буриев И..Б. Таърихи давлат ва хукуки Тоцикистон. Кисми 1. -Душанбе, 2000.

5. Рацабов С.А., Хасанов С. Назарияи давлат ва %укук -Душанбе, 1989.

6. Кодекси андози Чум^урии Тоцикистон. Аз 17сентябри 2012. //mmk.tj.

(таърихи муроциат: 20.06.2013)

7. Балъами. Таърихи Табари. -Душанбе, 1992.

Буриев Имомкул Бозорович,

заведующий отделом истории государства и права Института философии, политологии и права им. А. Баховаддинова АНРТ, доктор юридических наук Давлатов Исмоил Рахимович, соискатель Института философии, политологии и права им. А. Баховаддинова АН РТ

Проблемы истории института права налога в ранней истории зороастрийской

государственности таджиков

Ключевые слова: история права, институт налогов, земельный налог, понятие налога

Проблемы, связанные с определением, сущностью, задачами налога, виды и вопросы его установления являются особо актуальными в юридической науке.

Налог является одним из признаков государства и основой его существования. Институт налога наряду с другими факторами во многом предопределил переход от первобытнообщинных отношений к государственно образованному обществу.

В статье проведено исследование истории возникновения понятия «налог», налоговых органов государства.

I. B. Buriyev, I. Davlatov On the Issue of Tax Institute in Early History of Tajiks' Zoroastrian Statehood Key words: history of law, tax institute, land tax, tax notion

The problems related to tax are especially actual in the juridical science embracing such items as definition, essence, goals, types, enforcement.

Tax is one of the hallmarks of state being the ground of its existence. Alongside with other factors the tax institute predetermined a transition of primeval relations in the frames of a community to an educated society in the term of a state.

The authors trace back to the history of the Zoroastrian state focusing on the issue of tax, they disclose the meaning of its notion, explore the types of tax bodies.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.