Научная статья на тему 'Особенности использования пословиц, поговорок и фразеологизмов в романах Сорбона «Поэма о Божьем сыне» и «Туграл»'

Особенности использования пословиц, поговорок и фразеологизмов в романах Сорбона «Поэма о Божьем сыне» и «Туграл» Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
2258
221
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СОВРЕМЕННАЯ ТАДЖИКСКАЯ ПРОЗА / РОМАНЫ СОРБОНА «ПОЭМА О БОЖЬЕМ СЫНЕ» И «ТУГРАЛ» / СТИЛИСТИКА / ПОСЛОВИЦЫ И ПОГОВОРКИ / ФРАЗЕОЛОГИЧЕСКИЕ ЕДИНИЦЫ / SORBON’S NOVELS “THE POEM ABOUT GOD’S SON” / MODERN TAJIK PROSE / STYLISTICS / PROVERBS AND SAYINGS / PHRASEOLOGICAL UNITS

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Ульмасова Замирахон Хабибуллоевна

Автор статьи на основе анализа богатого фактического материала выявляет следующие особенности использования пословиц, поговорок и фразеологических единиц в романе Сорбона: 1. Поговорки, пословицы и фразеологические единицы, использованные писателем без изменения или с незначительными изменениями. 2. Использование разных вариантов пословиц и поговорок. 3. Использование основной, образной, наиболее соответствующей данному контексту части пословиц, поговорок и фразеологизмов.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Peculiarities of Usage of Proverbs, Sayings and Phraseologisms in Sorbon’s Novels “The Poem about God’s Son” and “Tygral”

The author of the article, having analyzed the rich factual material, elicits the following peculiarities of usage of proverbs, sayings and phraseological units in Sorbon’s novel: 1. Sayings, proverbs and phraseologisms used by the writer without change or with insignificant changes. 2. Usage of different variants of proverbs and sayings. 3. Usage of a principal, imagery part of proverbs, sayings and phraseologisms being in the most complete correspondence with the context in question.

Текст научной работы на тему «Особенности использования пословиц, поговорок и фразеологизмов в романах Сорбона «Поэма о Божьем сыне» и «Туграл»»

Улмасова Замирахон %абибуллоевна,

докторанти ДДХ ба номи акад. Б. Гафуров

ВИЖАГИХ,ОИ КОРБАСТИ ЗАРБУЛМАСАЛУ МА^ОЛ ВА ИБОРАХ,ОИ РЕХТА ДАР Э^ОДИЁТИ СОРБОН ДАР МИСОЛИ

РОМАЩОИ «ДОСТОНИ ПИСАРИ ХУДО» ВА «ТУГРАЛ»

Зарбулмасалу макол ва иборахои рехта инъикосгари тарзи хаёту рухияи одамон, орзую ормони онхо мебошанд. Бино ба таъкиди забон-шиноси маъруфи точик Р.Еаффоров «Ахамияти истеъмоли зарбулмасал ва маколхо чун яке аз воситахои пуркуввати тасвир дар адабиёти бадей багоят бузург аст. Агар онхо дар мавкеи худ истеъмол шаванд, забони нависанда пуробуранг ва салису таъсирбахш шуда, хусусияти миллии он барчастатар мегардад» (1, 89).

Дар роман^ои «Достони писари Худо» ва «Туграл»-и Сорбон зарбулмасалу макол ва иборахои рехта асосан дар нутки кахрамонони мар-казй, аз чумла Искандар, Ох, Дорои Кудумон, Олимпиада, Бохуй, Мо-хуй, Бесус, Туграл, Шатенин ва персонажх,ои дигар чой дода шудаанд. Сорбон маколу зарбулмасалхо ва фразеологизмхоро мувофики предмети баён ва мароми эчодй, мавкеъшиносона мавриди истифода карор дода, бо ин рох ба забони асари худ обуранги махсус ва фасохату салосат бахшидааст.

Аз лихози тарзи истифода зарбулмасалу макол ва фразеологизм-хоеро, ки дар романх,ои «Достони писари Худо» ва «Туграл» ба чашм ме-расанд, ба гуруххои зерин таксим кардан мумкин аст:

1. Зарбулмасалу макол ва иборахои рехтае, ки бе тагйир ва ё бо тагйири чузъй ба кор рафтаанд. Масалан, «мазза аз кайла гузаштан» (4, 4.1,165); «гусфандро ба пои худ овезанд, бузро низ» (4, ч.2,15) «хар киро гур чудо, аъмол чудо: бузро хам бо пои худаш кашол кунанд, гусфандро хам» (4,ч.2, 27); «то сухани шумо шикастана, гардани шайтон шиканад» (4,ч.1,168); «сари хамро шамшер набурад»(4,ч.1,69); нияти нек- ними дав-лат (4,1, 230), «бо собуни касе чома шустан»(4,ч.1,462; 4, ч.2, 34;), «харфи бисёр- харба бор» (4,ч.1, 173), «хар кас ба мурдаи худ мегиряд» (4,ч.2,3б); «мурдаро монда тутхурй» (4,ч.1, 213; 4,ч.1, 215), «душманро ба шакар куштан» (4,ч.1, 244; 4, ч. 1, 518), «чизеро об карда хурдан» (4,ч. 1,176) «тир

аз камон часта ва мург аз кафас раста» (4, ч.2, 81), «ба кайк ситеза карда, пустинро сухтан (4, ч. 2, 147; 4, ч.2, 176), «кирми дарахт - аз худи дарахт» (4;ч. 2,150; 4, ч.2, 244), «хам ба лаъл задану хам ба пошно» (4, ч.1, 326), «гови пир кунчола хоб бинад» (4, ч.1, 294), «кафши касеро пеш гузоштан» (4, ч.1, 227), «кадри зарр заргар донад» (4, ч.1, 228), «чучаро дар тирамох мешуморанд» (4, ч.2, 430), «танобро дароз андохтан» (4, ч.1, 163), «гусола мурад хам алоии чашмаш мемонад» (4, ч.2, 435) «аз нуги хамир фатир» (4,

ч.1, 282; 4, ч.1, 410), «гурги борондида»(4, ч.1, 273, 277, 416; 4, ч.2, 465) «ба курпа ниго^ карда по ёзонидан» (5, №3, 13); «сутуни миёни замину осмон шудан» (5, №3, 13), «тушбераро хом шумурдан» (5, №4, 32), «ду понзда^ як сй» (5,№3, 30) ва гайра, ки микдори онхо дар роман хеле зиёд аст. Та-биист, ки ин гурух кисми асосии зарбулмасалу макол ва иборахои рехтаи романро ташкил мекунад.

2. Маълум аст, ки дар забони точикй оид ба вокеа ва ходисахои гу-ногуни зиндагй, дар як мавзуъ маколу зарбулмасалхои гуногун гуфта шудаанд. Ва ё чузъхои гунахои мухталифи маколу зарбулмасалхо аз хамдигар фарк мекунанд. Сорбон баъзан дар чойхои гуногун вариантхои мухталифи онхоро корбаст кардааст. Масалан, «барраи танхоро гург ху-рад» (4, ч.2, 14), «сутури танхоро гург хурад» (4, 34), «магар надонй, моли аз рама мондаро гург мехурад» (4, ч.1, 422). Х,ар се зарбулмасал дар матн ба маънои «неру дар якчоягиву муттахидист» омадааст. Ё мисоли дигар: «Сар кафад зери кулох»(4, ч.2, 162), «сар кафад зери каллапуш» (4, ч.1, 229). Ибораи «бо думи шер бозй кардан» байни точикон хеле маъруф аст, он ба маънои «1. Кори хавфнок кардан, 2. Ч,они худро ба тах,лука андохтан, 3. Мукобилат бо кувваи «нобаробар» (6, ч.1, 430) ба кор меравад. Сорбон дар романи «Туграл» варианти зеринро мавриди истифода карор додааст:

- Х,аас... Ба китики паланги хуфта расидй, халос нест. Аз гулуяш ме-гирад. Зинда-зинда хунатро мемакад (5, №4, 31). Вале аксаран он вариан-теро интихоб мекунад, ки гайри ихчаму пурмазмун будан ба матни асар мутобикату мувофикати том дошта бошад.

3. Дар баъзе мавридхо дар роман як кисми асосй образнок ва ба матлаби муаллиф дар хамин контекст мувофики зарбулмасал оварда ме-шавад. Ва кобили зикр аст, ки ин намуди истифодаи маколу зарбулмасал дар романх,ои «Достони писари Худо» ва «Туграл» ба накши услубии онхо, яъне муъчаз ва буррову таъсирбахш баромадани тасвири нависан-да, пурра ва равшантар тасвир ёфтани характери персонажхои асар таъсири манфй намерасонад:

«Обро нодида муза кашидан хуб нест, Мино» (4, ч.1,153)

«Обро дида бояд муза кашид» (4, ч.1,636).

Асли ин зарбулмасал: «Обро бину муза каш, хаворо бину гуза каш»

аст.

«Рузе гургзода гург шавад» (4, ч.1, 48) Нусхаи комили ин зарбул-масал бешубха байти маъруфи Саъдист:

Оцибат гургзода гург шавад,

Гарчи бо одами бузург шавад.

Ё шохзода Ох дар сухбат бо Бохуй мегуяд: «Бо мох шинй мох шавй» (4, ч.1, 210).

Мисраи дувуми ин зарбулмасал «Бо дег шинй сиёх шавй» дар ин контекст ба матлаби нависанда мувофикат намекунад, бинобар ин Сор-бон онро хазф кардааст.

Ибораи «Пул чирки даст» дар романи «Туграл» ба тарики зайл кор-баст гардидааст:

- Гами чонро хуред, гами пулро нахуред. Ин чирки даст аз сари хдма мемонад (5, №4, 42).

Дар чои дигар Искандар мегуяд: «Шаф-шаф магу, Эвмен» (4, ч.1, 366). Шакли дигари ин макол «шаф-шаф нагую шафтолу гу»аст.

Ибораи рехтаи маъруфи «аз бом тароша афтодан» ба маънои суха-ни бехудаю бемавкеъ гуфтанро Сорбон ба тарики зайл корбаст кардааст:

-Падарро дуст доштед бону? - аз бом тароша пурсид Искандар (му-хотаби шох Гулгун -духтари шохи Эрон аст -З.У.) (4, ч.1, 347).

- Хдмаи занхойи Шарк якрав ва шахгардан хастанд? - тарошае аз бом пурсид Искандар ва Барзин ба чашми шох нигариста китф дархам кашид... (4, ч.1, 453).

Маколи «Ч,ав корй чав даравй, гандум корй-гандум»-ро низ Сорбон дар шакли ихтисор мавриди истифода карор додааст: «Ч,ав корй, чав даравй» (4, ч.1, 490)

Вобаста ба максаду мароми эчодй ва мавкеи сухан баъзе калимахои маколу зарбулмасалро тагйир дода, ба ин восита таъсири матнро зиёд ва ходисаро барчаста тасвир кардан як равиши услуби Сорбон дар романх,ои «Достони писари Худо» ва «Туграл» аст:

«... Шох ба давлатдорй машгул бошад. Хирман кубидан на кори хар буз аст.

- Кори барзагов аст. - кафид шох Доро ва гуш дод» (4,ч.1, 325)

Гунаи комили манзуми зарбулмасал чунин аст:

Кори хар буз нест хирман куфтан,

Гови нар мехохаду марди кухан.

Шакли мансури зарбулмасал «Буз агар хирман мекуфт, хочат ба барзагов набуд» аст.

Ё зарбулмасали «зери коса нимкоса»-ро Сорбон хам дар ин гуна (4,

ч.1, 169; 4, ч.1, 273; 5, №3,30) ва хам дар гунахои «зери косаро, ки намедо-

нист, чизе ногуфта хомуш монд» (4, ч.2, 209), «ба андеша рафт. То зери коса чй нимкосае бошад» (4, ч.1, 169), «нимкосаи зери косаро надонис-та...» (4, ч.1, 203), «таги коса нимкосае хаст» (4, ч.1, 378) корбаст карда-аст.

Дар романи «Туграл» ахёнан зарбулмасалу маколхои камистеъмолу камичро мавриди истифода карор мегирад.

- Тири замона хунрез аст. Гап занам мезананд, гап назанам, деги мазорро мебаранд. Лаб духтаву хомуш будан авлотар аст, рузе хоханд фахмид ё донист, ки чаро ин кадар забон мегазидаам» (5, №3, 80).

Дар байни халк бештар варианти «Гап занам, мезанамо, гап назанам, деги мазора мебарано»(2, 261) интишор ёфтааст, ки ба маънои «... гуфта наметавонам аз биму харос, вале ба хомуш будан, вичдонам рох намедихад» ба кор меравад. Вале умуман, ин зарбулмасал камистеъмол аст.

Зарбулмасалу макол ва ибораи рехта вобаста ба максади дар назди худ гузоштаи гуянда метавонанд дар аввал, мобайн ва дар охири нутк вокеъ шаванд (1, 95). Агар онхо дар аввали нутк вокеъ шаванд, нутки минбаъда мазмуни масал ё ибораи рехтаро шарху тавзех медиханд:

- Аёнро чй хочати баён ... Агар ин кор аз дасти сипахсолор наёяд, такдири маро ба дасти шох биспорад (4, ч.1, 401)

Дар мобайн бошад гуянда дар бораи чизе ё ходисае сухан ронда, дар рафти сухан гуфтахои худро ба воситаи хикмати халкй пуркувват ме-намояд. Сипас, барои он ки мухотаб ба суханонаш эътимод кунад, хикмати халкро шарх, медихад. Масалан, сипахсолор Пармиён чавобан ба андешаи Искандар ки душмани захмй - Дорои III чавзи осоншикан набувад, мегуяд:

- Гумон надорам, шох. Моргазида аз ресмони ало тарсад. Муко-билати у дер напояд. Андаке зур ояд, боз фирор кунад. Хдзимат одат шуд уро (4,ч.1, 384).

- Дидед, Турабек, - ба хамрохаш ру овард Султонбек. - Мардум зада шудагй. Моргазида аз ресмони ало метарсад. Ба шумо дустони уртеппагй, мастчохихойи хузарб бояд хамрох бошанд, ки гапашонро ба ин мардуми кайсар гузаронанд» (5, №4, 36).

Вакте ки муаллиф зарбулмасалу маколро дар охир меорад, ба онхо характери чамъбасткунанда медихад:

- На Барзин! Аз руи кинаю оз касд ситонидан бузургтарин гунох бувад. Ту, ки аз дудмони паст нестй, чаро пастй кунй? Атои уро ба ликояш бубахш... (4, ч.1, 414).

- Андешаманд буд гетери боназокат: «Агар дар Отин будам; назди падари тавоноям будам, гуш надода будам Искандари булхавасро. Бал

дасти Биталамyси бовафоpо гиpифта, бypyн омада бyдам аз чунин дав-pаи дилгиp. Вале холиё биpинч набаpдоpад обpо» (4, ч.1, 515).

- Чунон фахмид ТyFpал ашки чашми ypо ва саp афшонд: «На, хyдpо озоp надех, гyнахкоp маълум мегаpдад! Муй аз хамиp чудо меша-вад»(5,№4, 60).

Соpбон заpбyлмасалy макол ва ибоpахои pехтаpо даp диалогу мо-нологхо низ васеъ истифода мебаpад, баъзан кахpамонон даp диалог бо ёpии хикматхои халкй суол мекунанд ё чавоб медиханд. Масалан, Тоис шабона ба назди Искандаp омада, ба таpафи хайма ишоpа каpда мегуяд:

- Чаpо мyштpо ба тоpикй занад шох? (4, ч.1, 372)

Мисоли дигаp: Модаpи Баpзин жулидамую фypypафтачашм ва бе-мадоpy хаста ба касpи Димишк меояд ва мегуяд, ки дyхтаpам аpyси шох Искандаp аст:

- Духти ман гаpдyнасавоp омада буд. Танхо... зебо... нихоят зебо... Ба хадде зебо, ки забони гyфтоp надоpам.

Х,очиби даpбоp мегуяд:

- ЗоF хам чyчаашpо «сапедакам» гуфтааст (4, ч.1, 438).

Ба мисоли зеpин аз pомани «ТyFpал» таваччух кунед:

- Максаду мypоди шypохо хам хамин, Миpзочон, - тасдик каpд Fафyp оксакол.

- Лекин бо собуни мастчохй чомашуйй накаpдемi - Fypyнгид Бобочон.

- Инpо хама медонад. Лекин ман фи^ накаpда будам, ки сояи Бобочон ин кадаp тунук! - фаpмyд оксакол.

- Х,ааа... Ба китики паланги хуфта pасидй, халосй нест. Аз гулуят мегиpад... (5,№4,31).

Чи тавpе ки мебинем, Соpбон пай даp пай се ибоpаи pехтаpо аз забони кахpамонони асаp оваpдааст.

Даp бисёp мавpидхо хикматхои халкй бевосита даp нутки тасвиpии нависанда чун яке аз воситахои таквиятдихандаи холату вазъият ва аpзё-бии одамону ходисахо истифода мешаванд. Баpои мисол ибоpаи pехтаи «косаи сабp лабpез шyдан»-pо даp нутки Соpбон мавpиди баppасй каpоp медихем:

«Сипахсолоp аз тамкин ва оpомии Баpзин даp шигифт буд, косаи сабp шикаста пypсид»(4, ч.1, 399).

«Поpсиён зypан маpзy бум идоpа кунанд. Косайи сабpи маpдyм лабpез аст. Нигаpон буданд омадани начотбахши хешpо» (4, 1, 542).

Бисёp вакт кахpамонони Соpбон «хикматхои халкиpо... баpои асос-нок каpдани фикp ва собит намудани хакикати гуфтахои худ ба rap меба-pанд» (3, 78). Даp мисоли поён Доpои ^удумон ба сабаби маFлyбият даp

чанг Ориёбарзанро мазаммат мекунад ва дар хакки ую лашкар зарбулмасалу ибораи рехтаи сахту дуруштро мавриди истифода карор медихад:

Ориёбарзан:

- Чднги шадид шуд, вале.

Дорои ^удумон:

- ... вале, шумо эзоратонро тар кардед!? Куни гузинро орди чав бахона !...(4,ч.2,14)

Дар романхои «Достони писари Худо» ва «Туграл»-и Сорбон ахё-нан ходисахои бемавкеъ ва нодуруст омадани зарбулмасалхо низ ба мушохида мерасанд. Ба мисолхои зерин таваччух менамоем:

Дар яке аз махфилхои Искандар дар Макдуниё Антипатри сипах-солор дар рафти суханронй мегуяд:

«Порсиён гуянд: Бе пир марав дар амонй... Сухан барои табрик ба чунин пири хирад ва ботадбир Арастуи Кабир...» (4, ч.1, 73)

Дар хамин чилд дар с.531 мехонем:«Искандар Пармиёни далеру ди-ловарро... сатрапи Димишк хонда буд ва хини зуромади набарди Тир ёд овард: «Бо пир марав, ки дар монй, Хдрчанд Сикандари замонй» борхо шунида буд ин масалро...»

Байни иктибоси аввал ва дувум чанд сол сипарй гаштааст ва хангоми масалро ба хотир овардан Искандар зери итоати худ Осиёи Наз-дику Сагирро дошт. Дар матнхои иктибосшуда чанд нуктаи мавриди тардиду шубха мавчуданд. Аввалан, ба назари муаллифи ин сатрхо, гу-наи дар иктибоси аввал омадаи зарбулмасал хато аст, харчанд хамин шакли он бо тагйироти чузъй дар мачмуахои хикматхои халкй чанд дафъа ба чоп расидааст (2,216; 6,ч.1, 91).

Дувум, дар мисраи аввали масал дар иктибоси дувум, калимаи «дармонй» бояд «дарбимонй» хонда шавад, то халали вазн рафъ гардад: «Бе пир марав, ки дарбимонй, Хдрчанд Сикандари замонй». Ин масал дар байни точикон бо хикояаш, дар бораи сарбозе, ки ба лашкаркашихои Искандар бар хилофи амри катъии шохи чавон пинхонй падари пирашро хамрох гирифта, бо маслихатхои пири хирадманд аз чанд мушкилот Ис-кандар ва лашкариёнашро начот дода буд, маъруфу машхур аст ва хочати дар ин чо такрор кардани он нест. Ва пайдост, ки офаридаи дав-раи баъди юришхои Искандар ба Осиёи Марказй аст.

Савум, дар ин матн ходисаи анахронизм чой дорад. Сорбон масале-ро, ки баъди лашкаркашихои Искандар ба вучуд омадааст, ба давраи зиндагии у ва он хам бошад, ба давраи хануз аз Макдуния ба чанги Эрон нарафтани лашкаркаш нисбат медихад. Агар иктибоси якумро кобили кабул шуморем,тасдик кардан лозим меояд, ки масали мазкур пеш аз ба чахонгирй баромадани Искандар, яъне пеш аз вукуи ходисае, ки асоси

масал аст, аpзи хастй каpдааст. Ин фи^ бошад тамоман хилофи мантик мебошад.

Даp аввали чилди дувум монологи Доpои Кудумон оваpда шудааст, ки даp он аз чумла омадааст: «Аз дасти чумла маpдyм коpе наояд, шох айбдоp бошад; акси калла ба шypбо занад: «Шох натавонист, аз дасташ коpе наёмад, гуянд». Долиё чунин шохи ноyхдабаpо манам» (4,2,44). Ба назаp чунин менамояд, ки заpбyлмасал даp ин иктибос нодypyст коpбаст гаpдидааст.

Мypаттиби «Фаpханги ибоpахои pехта» ибоpаи «Акси калла ба шypбо задан»-pо оваpда, чунин тавзех додааст: «таъсиpи бади касе, ба касе задан, ба таъсиpи касе афтодан. Сипас, аз мачаллаи «Хоpпyштак» батаъйиди ин ибоpа мисоли зеpинpо оваpдааст: «Чй шуду чй нашуду як-боpа акси калла ба шypбо зад. Мyдиpи собики анбоp... хам ба монанди у чапаву pоста кадам мемондагй шуд» (6, ч.1, 15)

Дамчунин ибоpаи pехтаи «гyp сузаду дег чушад» даp pоман ноду-pyст истифода шудааст.

Даp китоби «Фаpханги ибоpахои pехта» ин ибоpа даp гунаи «гyp сузаду дег (каландаp) чушад» ба шаpхи зеpин мазкyp аст: «Даp чй ба касон шавад шаваду манфиати шахсе аз даст наpавад; манфиати хyдpо аз заpаpи каси дигаp болотаp донистан» (6, ч.1, 254) Ба таpзи коpбасти ин ибоpа даp pоман диккат медихем :

- Пайк оваpд, шох фаpмyд! Ман гуфтам! Рай шyмоpост. Шох шохи хама.

- На! Шох шохи ту ва чанде дигаpон, ки баpояшон фаpке намеку-над, гyp сузад ё дег чушад. Эpонpо ватан гуянд ё Юнонpо (4, ч.2, 69).

Аввалан, гунаи аслию сахехи ибоpа «гyp сузаду дег чушад» аст, яъне табдили пайвандаки «у» бо пайвандаки «ё» кобили кабул нест, зеpо маънои ибоpаpо дигаp мекунад. Дувум, даp гунаи даp матни китоб ома-даи ибоpа он нукта, ки даp «Фаpханги ибоpахои pехта» таъкид шудааст, яъне «манфиати хyдpо аз заpаpи каси дигаp болотаp донистан» аз байн меpавад . Соpбон хамин заpбyлмасалpо даp pомани «ТyFpал» хеле бо-мавpид истифода бypдааст:

- . Аммо козиpо фаpке нест: Typ сузаду дег чушад» (5,№3,43). Но-гуфта намонад, ки заpбyлмасали мазкyp табиати пеpсонажи манфй ^озй Исохонpо возехтаpy pавшантаp каpда медихад.

Соpбон даp pомани «ТyFpал» даp ду мавpид заpбyлмасали «гушна ба шеp мезанад, ташна ба даpё»-pо истифода бypдааст, ва ба назаpи на-висандаи ин сатpхо даp мавpиди зеpин заpбyлмасал фикpи муаллифи pо-манpо таъйид намекунад:

Соpбон даp боpаи кашшок будани кухистонихо ва кyлвоpтихй ба кухистон омадани босмачиёни Эpгаш кУpбошй сухан pонда мегуяд:

- Онхо ба аскарони шикастхурдаву фирорй монанд буданд. Харобу логар, даридалибос, тихипой; гамзадаву куфта ва пирона миёнашон хамида буд. «Кулворашон тихй ва шикамашон ба пушт часпида буд. «Гуш-на ба шер мезанад»- мегуфтанд кухистонихо. Аммо гуруснагон ба горат ва талаву торочи мардум пардохта, ба суи Фаргар нишеб шуда, курут аз сабади бевазанон ва хаво аз хамайи нодор мебурданд» (5, №4, 47).

Дар фархангхои зарбулмасалу макол ва иборахои рехтаи ба мо да-страс «лом нагуфтан» ва «лому мим гуфта натавонистан» ба маънои «ба касе эрод гирифта натавонистан; чизе нагуфтан, эроде нагирифтан, хомуш мондан»(6, ч1, 601) зикр шудааст. Вале дар хеч як аз онхо гунаи «ломбаровардан», ки Сорбон дар «Туграл» овардааст, дучор нагардид:

- Бобочон даст бар тани у мерасонад. Боз мегирад. Ба огох гардо-нидани хамрохон гулу равшан мекунад. Аммо онхо лом намебароранд, ки як нафас ором бошад, субх наздик аст (5, №4, 33).

Сорбон дар корбасти маколу зарбулмасал ва иборахои рехта махорату эхсоси баланди сухансанчй зохир менамояд, бинобар ин гунахои мухталифи дар роман мавриди истифода карор гирифтаи онхо, аз кабили «бо як тир ду фохта задан» (4, ч.1, 35), «арзанро гунчишк бихурад, калтакро вартиш» (4, ч.2, 44), «ду вазир дар як девон нагунчад» (4, ч.2, 25), «бардошта нашавад оби рехтаро» (4, ч.2, 5) «чушбарраро хом шумурдан» (4,ч.1, 503), «кабк аз дахони худ тир хурад» (5, 415) ва гайра ба батни матн таркибан омехта шудаанд.

Метавон гуфт, ки яке аз сабабхои чаззобию шевой ва фасохату малохати забону сабки романхои «Достони писари Худо» ва «Туграл»-ро махз корбасти устодонаи хикматхои халк шуморидан мумкин аст.

Калидвожахо: насри муосири тоцик, ромащои «Достони писари Худо» ва «Туг-рал»-и Сорбон, сабкшиноси, мацолу зарбулмасал, иборауои рехта

Пайнавишт:

1. Гаффоров Р. Забон ва услуби Рауим Чалил (Дар асоси материали «Одамони цовид»). - Душанбе: Дониш, 1966. - 224с.

2. Калонтаров Я.И. Мудрость трёх народов. - Душанбе: Адиб, 1989. - 552с.

3. Камолиддинов Б. Забон ва услуби Хаким Карим. -ДушанбеИрфон, 1967. -186с.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

4. Сорбон. Достони писари Худо. Дар 2 ц. - Душанбе: Адиб, 2005. Ц.1 - 704 с.; ц.2

- 627 с.

5. Сорбон. Зарафшон:Туграл//Садои шарц. -2007, -№ 3, С. 12-84; -№4, -С. 13-61.

6. Фаруанги иборауои рехта. Дар ду цилд. Ц.1 Тартибдиуанда М. Фозилов. -Душанбе: Нашриёти давлатии Тоцикистон, 1963. -952с.

Ульмасова Замирахон Хабибуллоевна

докторант ХГУ им. акад. Б. Гафурова

Особенности использования пословиц, поговорок и фразеологизмов в романах Сорбона «Поэма о Божьем сыне» и «Туграл»

Ключевые слова: современная таджикская проза, романы Сорбона «Поэма о Божьем сыне» и «Туграл», стилистика, пословицы и поговорки, фразеологические единицы

Автор статьи на основе анализа богатого фактического материала выявляет следующие особенности использования пословиц, поговорок и фразеологических единиц в романе Сорбона:

1. Поговорки, пословицы и фразеологические единицы, использованные писателем без изменения или с незначительными изменениями.

2. Использование разных вариантов пословиц и поговорок.

3. Использование основной, образной, наиболее соответствующей данному контексту части пословиц, поговорок и фразеологизмов.

Z.H. Ulmasova

Peculiarities of Usage of Proverbs, Sayings and Phraseologisms in Sorbon’s Novels “The Poem about God’s Son” and “Tygral”

Key words: modern Tajik prose, Sorbon’s novels “The Poem about God’s Son”, stylistics, proverbs and sayings, phraseological units

The author of the article, having analyzed the rich factual material, elicits the following peculiarities of usage ofproverbs, sayings and phraseological units in Sorbon’s novel:

1. Sayings, proverbs and phraseologisms used by the writer without change or with insignificant changes.

2. Usage of different variants ofproverbs and sayings.

3. Usage of a principal, imagery part ofproverbs, sayings and phraseologisms being in the most complete correspondence with the context in question.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.