Научная статья на тему 'Некоторые правовые проблемы применения меры пресечения в виде залога'

Некоторые правовые проблемы применения меры пресечения в виде залога Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
485
132
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
меры пресечения / залог / подозреваемый / обвиняемый / судебное разбирательство / offcutting measures / bail / suspect / the accused / court hearing

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Кабилов Ботурходжа Кабилходжаевич

Представляется, что залог как мера пресечения эффективен на судебных стадиях уголовного процесса, и ему должно отдаваться предпочтение перед заключением под стражу. Мы разделяем точку зрения о том, что должна быть установлена минимальная сумма залога для различных категорий преступлений. При совершении обвиняемым (подозреваемым) преступлений в сфере экономики, как нам кажется, обязательно следует рассмотреть возможность применения залога. В ст.109 УПК РТ целесообразно внести дополнение с указанием о том, что предметом залога могут быть не только денежные средства, а также имущество и другие ценности. При совершении обвиняемым (подозреваемым) тяжких и особо тяжких преступлений, залог в качестве меры пресечения применять лишь в крайних случаях. Хотелось бы также порекомендовать законодателю отразить в нормах о залоге положения, которые дают возможность установить легальность происхождения закладываемых денег и ценностей. Следует отметить, что роль суда в применении этой меры пресечения достаточно велика. Статья 109 УПК РТ также обязывает суд при вынесении приговора, а также определения, постановления о прекращении уголовного дела решать вопрос о возвращении залога залогодателю.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

CERTAIN LEGAL PROBLEMS CONCERNED WITH APPLICATION OF OFFCUTTING MEASURES IN TERM OF BAIL

We proceed from the assumption that bail as a measure of offcutting is effective at criminal stages of a criminal process and it should be preferred to taking into custody. We share the viewpoint that there should be established a minimal sum of bail for different categories of crimes. If an indictee (a suspect) perpetrates a crime in the sphere of economy it is obligatory, as we presume, to resort to an application of bail. It would be expedient to include an addendum into article 109 of RT PC with the indication that not only monetary means, but property and other valuable things can serve as subjects of bail either. But incases with especially heavy crimes bail as an offcutting measure may be applied only under extreme situations. We`d like to recommend to legislators that they should reflect such provisions in the norms concerned with bail which enable to ascertain a legality of an origin of the money and valuables pawned. It is worth remarking that the role of courts in an application of this offcutting measure is great enough. Article 109 of RT PC binds the court when passing a sentence or an enactment to consider the question of about a cessation of a criminal affrair.

Текст научной работы на тему «Некоторые правовые проблемы применения меры пресечения в виде залога»

УДК 34 С5 ББК 67.410.207

БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ ҲУҚУҚИИ ТАТБИҚ НАМУДАНИ ЧОРАИ ПЕШГИРӢ ДАР НАМУДИ ГАРАВ

НЕКОТОРЫЕ ПРАВОВЫЕ ПРОБЛЕМЫ ПРИМЕНЕНИЯ МЕРЫ ПРЕСЕЧЕНИЯ В ВИДЕ ЗАЛОГА

CERTAIN LEGAL PROBLEMS CONCERNED WITH APPLICATION OF OFFCUTTING MEASURES IN TERM OF BAIL

Қобилое Ботурхоца Қобилхоцаевич,

номзади иямҳои ҳуқуқ, сармуаллими кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва кримина-листикаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (Тоҷикистон, Хуҷанд)

Кабилов Ботурходжа Кабилходжаевич,

к.ю.н., ст. преподаватель кафедры угодовного права и криминалистики Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики (Таджикистан, Худжанд)

Kabilov Boturkhoja Kabilkhojayevich,

candidate of juridical sciences, senior professor of the department of criminal law and the science of crime detection under the Tajik State University of Law, Business and Politics (Tajikistan, Khujand)

Ключевые слова: меры пресечения, залог, подозреваемый, обвиняемый, судебное разбирательство

Представляется, что залог как мера пресечения эффективен на судебных стадиях уголовного процесса, и ему должно отдаваться предпочтение перед заключением под стражу. Мы разделяем точку зрения о том, что должна быть установлена минимальная сумма залога для различных категорий преступлений. При совершении обвиняемым (подозреваемым) преступлений в сфере экономики, как нам кажется, обязательно следует рассмотреть возможность применения залога. В ст.109 УПК РТ целесообразно внести дополнение с указанием о том, что предметом залога могут быть не только денежные средства, а также имущество и другие ценности. При совершении обвиняемым (подозреваемым) тяжких и особо тяжких преступлений, залог в качестве меры пресечения применять лишь в крайних случаях. Хотелось бы также порекомендовать законодателю отразить в нормах о залоге положения, которые дают возможность установить легальность происхождения закладываемых денег и ценностей.

Следует отметить, что роль суда в применении этой меры пресечения достаточно велика. Статья 109 УПК РТ также обязывает суд при вынесении приговора, а также определения, постановления о прекращении уголовного дела решать вопрос о возвращении залога залогодателю.

- 124 -

Kabilov B.K. Certain Legal Problems Concerned with Application of Offcutting Measures in Term of Bail

Key words: offcutting measures, bail, suspect, the accused, court hearing

We proceed from the assumption that bail as a measure of offcutting is effective at criminal stages of a criminal process and it should be preferred to taking into custody. We share the viewpoint that there should be established a minimal sum of bail for different categories of crimes. If an indictee (a suspect) perpetrates a crime in the sphere of economy it is obligatory, as we presume, to resort to an application of bail. It would be expedient to include an addendum into article 109 of RT PC with the indication that not only monetary means, but property and other valuable things can serve as subjects of bail either. But incases with especially heavy crimes bail as an offcutting measure may be applied only under extreme situations. We'd like to recommend to legislators that they should reflect such provisions in the norms concerned with bail which enable to ascertain a legality of an origin of the money and valuables pawned.

It is worth remarking that the role of courts in an application of this offcutting measure is great enough. Article 109 of RT PC binds the court when passing a sentence or an enactment to consider the question of about a cessation of a criminal affrair.

Дар мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти вожаи «гарав» чораи маҷбурии (пешгирии) молу мулкӣ фаҳмида мешавад, ки ба суратҳисоби мақомотҳои судӣ-тафтишотӣ гузаронидани маблагҳои пулӣ, моликият ва чизҳои қимматнок барои таъмини ҳозир шудан ба мақомоти тафтишот ва рафтори дахлдори айбдоршаванда ва судшавандаро ифода мекунад.

Дар Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТТТС Тоҷикистон (с. 1961, м. 94) ба гарав меъёри алоҳида муайян шуда буд, ки тибқи он гаравро маблагҳои пулӣ ва ё чизҳои қимматнок, ки ба суратҳисоби суд аз ҷониби айбдоршаванда (гумонбаршаванда) ва ё дигар шахсон, ташкилотҳо барои таъмини ҳозиршавии айбдоршаванда, гумонбаршаванда бо даъвати шахси таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд гузаронида мешавад, ташкил медод. Қарор дар бораи татбиқи ин намуди чораи пешгирӣ аз ҷониби прокурор иҷозат дода мешуд. Андозаи гаравро мақомоти татбиқкунандаи ин чораи пешгирӣ вобаста аз ҳолатҳои парвандаи ҷиноятӣ муайян менамуд. Онро ба гайр аз айбдоршаванда (гумонбаршаванда) ҳамчунин хешовандони ӯ, дӯстон, ташкилотҳо супорида метавонистанд. Ҳангоми пардохти гарав, гаравсупоранда ба моҳияти парванда, ки аз рӯи он ин чораи пешгирӣ татбиқ карда шудааст, шинос карда мешуд. Оид ба татбиқи гарав протокол тартиб дода шуда, нусхаи он ба гаравсупоранда дода мешуд. Дар ҳолати саркашӣ кардани айбдоршаванда (гумонбаршаванда) аз ҳозир шудан бо даъвати шахси тахқиқбарандаи ибтидоӣ, муфаттиш, прокурор ва суд маблаги ба гарав гузошташуда бо таъиноти суд ба фоидаи давлат гузаронида мешуд.

Дар кодекси мурофиавии ҷиноятии амалкунанда низ ба гарав як модда бахшида шудааст, ки дар он чунин омадааст: гарав аз супоридани маблаг ба депозити мақомоти тафтишот ё судӣ аз тарафи худи гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои таъмини ҳозир шудани гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда бо даъвати мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва суд иборат аст. Намуд ва андозаи гаравро мақомот ва ё шахсе, ки ин чораи пешгириро татбиқ намудааст, вобаста ба характери ҷинояти содиршуда, маълумотҳо дар бораи шахсияти гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва вазъи молумулкии гаравгузор муайян менамояд.

- 125 -

Қобилов Б.Қ. Баъзе масъалаҳои ҳуқуқии татбиқ намудани чораи пешгири дар намуди гарав

Агар гарав ба чораи пешгирии пештар татбиқшуда дар намуди ба ҳабс гирифтан ва ё ҳабси хонагӣ иваз карда шавад, дар ин ҳолат гумонбаршаванда, айбдоршаванда то ба суратҳисоби депозитии суд гузаронидани маблаги гарав, ки аз ҷониби мақомот ва ё шахси татбиқкунандаи он муайян карда шудааст, дар ҳабс ва ҳабси хонагӣ боқӣ мемонад. Оид ба татбиқи гарав протокол тартиб дода мешавад ва нусхаи он ба гаравгузоранда супорида мешавад. Агар гарав на аз ҷониби гумонбаршаванда ва ё айбдоршаванда, балки аз ҷониби дигар шахсон пардохт карда шавад, дар ин ҳолат ба онҳо моҳияти гумонбарӣ, айбдорӣ, ки вобаста ба он ин чораи пешгирӣ интихоб карда шудааст, ҳамчунин ӯхдадориҳо ва оқибатҳои марбут ба иҷро накардан ва ё вайрон кардани онҳо фаҳмонида дода мешавад. Дар ҳолати аз ҷониби айбдоршаванда ва ё гумонбаршаванда иҷро накардан ва ё вайрон намудани ӯҳдадориҳои вобаста ба гарави супоридашуда, гарав бо қарори суд ба фоидаи давлат гузаронида мешавад [2] (м.109 КМҶ ҶТ).

Ҳамасола нисбати бисёр судшавандаҳо чораҳои пешгирии бо чудо нигоҳ доштан аз чамъият вобаста буда, интихоб карда мешаванд ва онҳоро дар толори суд аз ҳабс озод мекунанд. Аз ин бармеояд, ки ин шахсон ба чамъият ҳеч хавфе надошта, дар ҳабси пешакӣ мунтазири ҳукми суд будаанд. Имкон дошт, ки қисми зиёди онҳо бо татбиқи гарав аз ҳабс озод шаванд. Аз дигар тараф, садҳо чинояткорон дар чустучӯ қарор доранд. Аммо нисбати зиёди онҳо забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат татбиқ карда шуда буд. Агар нисбати қисме аз онҳо гарав татбиқ карда мешуд, бе шубҳа шумораи дар чӯстучӯбудагон камтар мегашт.

Дар қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Точикистон аз 13 ноябри соли 1996, № 2 тавсия дода шуда буд, ки «ба таври қатъӣ шароити дар ҳабс нигоҳ доштан сабук карда шавад, чораи нави пешгирӣ - ҳабси хонагӣ ворид карда шавад ва гарав васеътар ҳамчун чораи пешгирии альтернативии ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шавад» [4].

Зарурати васеъ намудани номгӯи чораҳои пешгирии мавчудбударо аз ҳисоби ҳабси хонагӣ дастгирӣ намуда, натичабахшии гаравро нисбат ба ҳабси хонагӣ, ҳамчунин кафолати амволиро қайд намудан лозим аст. Ҳабси хонагӣ ҳамчун чораи пешгирӣ, амалан ҳатто дар давраи ташаккули мурофиаи чиноятӣ дар давлатҳои Осиёи Миёна, ки дар Низомномаи Судии соли 1864-и Империяи Русия огоз ёфтааст, татбиқ намешуд. Ҳангоми кафолати амволӣ мумкин аст, шахси судшаванда аз сабаби муфлисӣ аз пардохти он саркашӣ намояд, бо роҳи амволи кафилро ба номи дигар шахс гузаронидан, фурӯхтан ва ё пинҳон кардан, кӯчидан ва ё фирор кардани худи кафил ин чораи пешгирӣ амалӣ карда нашавад. Гарав дар аксарияти ҳолатҳо аз чониби худи айбдоршаванда ва ё судшаванда (соҳиби амвол ва ё чизҳои қимматнок) пардохт карда мешавад ва худи айбдоршаванда кафил шуда наметавонад.

Аз ҳисоби гарав барқарор кардани зарари аз чиноят ба миёномада, ба амал баровардани мусодираи минбаъдаи чизҳои ба гаравгузошташуда бо ҳукм ва таъиноти суд ва ё ҳалли дигар масъалаҳои моддӣ, ки дар мурофиаи чиноятӣ ба вучуд омадаанд, манъ аст.

Қонунгузории амалкунандаи мурофиавии чиноятӣ асосҳои махсуси татбиқи гарав, тартиби ҳисоб кардани маблаг, номгӯи чиноятҳое, ки барои онҳо гарав татбиқ карда мешавад, мӯҳлати ҳадди аксари татбиқ, кафолати ҳуқуқии гаравгузор, чавобгарӣ барои гайриқонунӣ нигоҳ доштани гарав ва гайраро пешбинӣ намекунад.

- 126 -

Kabilov B.K. Certain Legal Problems Concerned with Application of Offcutting Measures in Term of Bail

Табиатан, ҳамаи ин сабабгори ба таври дахлдор татбиқ накардани гарав ҳамчун чораи пешгирӣ шуда метавонад, қатъи назар аз он, ки борҳо дар сарчашмаҳои илмӣ оид ба зарурати васеъ намудани татбиқи гарав, бо мақсади иваз намудани он бо чораҳои нисбатан вазнинтари пешгирӣ қайд гардида буд [5, с. 244].

Новобаста аз он, ки ин чораи пешгириро ба гайр аз суд, ҳамчунин метавонанд муфаттиш, таҳқиқбаранда, прокурорҳо татбиқ намоянд, нақши суд дар татбиқи ин чораи пешгирӣ калон аст. Мувофиқи Кодекси нави мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (м.109) таҳқиқбаранда ва муфаттиш гаравро бо ризоияти прокурор татбиқ мекунанд. Судя метавонад ҳангоми таъини маҷлиси судӣ ва ҳангоми баровардани ҳукм ин чораи пешгириро татбиқ ва ё бекор намояд. (м. 262, 289, 335 КМҶ ҶТ). Моддаҳои 268 ва 335 КМҶ ҶТ ҳамчунин судро вазифадор менамояд, ки ҳангоми баровардани ҳукм, ҳамчунин таъинот, қарор оид ба қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ масъалаи баргардонидани гаравро ба гаравгузор ҳал кунад.

Чораи пешгирӣ дар намуди гарав мувофиқи барномаи ислоҳоти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳамчун чораи ивазкунандаи ба ҳабс гирифтан баррасӣ шавад. Дархостро оид ба интихоби чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан тартиб дода, шахси мансабдоре, ки тафтишоти пешакиро мебарад, бояд масъалаи интихоби гаравро низ дида барояд.

Дархост оид ба дароз намудани мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани айбдор-шавандаро пешниҳод намуда, муфаттиш, таҳқиқбаранда, прокурор, ҳамчунин суд вазифадоранд, масъалаи ивази ин чораи пешгириро ба гарав баррасӣ намоянд. Агар асосҳо барои бекор кардан ва тагйир додани чораи пешгирии нисбатан сабуктар аз гарав мавҷуд бошад ва агар аз маводи парванда чунин бар ояд, ки мақсади чораи пешгирӣ мумкин аст дар ҳолати дар озодӣ будани айбдоршаванда ба даст меояд, бояд он иваз ва ё бекор карда шавад. Чунин имконият бо сабаби он, ки мақомотҳои тафтишоти пешакӣ ва прокурор наметавонанд чораи пешгирии татбиқ намудаи судро бекор кунанд ва ё тагйир диҳанд, ба миён меояд.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар назди судяҳо ҳангоми интихоби чораи пешгирӣ дар намуди гарав меистад, ин интихоби амволи (предмети) гарав мебошад. Ба сифати гарав метавонад, амволи гуногун ба истиснои амволи аз муомилот бардошташуда баромад намояд (қ.2 м. 141, м. 360 КГ ҶТ) [3]. Гарав метавонад дар шаклҳои зерин баромад кунад: а) маблагҳои пулӣ; б) когазҳои қиматнок; в) дигар чизҳои қиматнок; г) ҳамчунин амволи арзишнок, аз қабили автомобил ва гайра.

Дигар масъалае, ки ҳангоми татбиқи ин чораи пешгирӣ ҳам аз ҷониби суд ва ҳам дигар мақомотҳо ба вуҷуд меояд, ин ба сифати гарав қабул намудани ашёи дигар ба гайр аз воситаҳои пулӣ (қогазҳои қиматнок ва дигар арзишҳо) ба ҳисоб меравад. Гап дар сари он аст, ки ин предметҳо арзиши устувор надоранд. Нархи онҳо мумкин аст, паст шавад, ки дар ин ҳолат маблаги гарав кам мешавад, дар акси ҳол бошад гаравгузор зарар мебинад.

Олимон роҳҳои гуногуни ҳалли ин масъаларо пешниҳод мекунанд. Масалан, Шаповалова Т.Н. чунин ақида дорад, ки «барои кам кардани меҳнати иловагӣ, вақт ва харҷи моддии мақомотҳои мурофиавӣ вобаста ба татбиқи гарав ба сифати чораи пешгирӣ, бояд ба зиммаи айбдоршаванда, гумонбаршаванда, гаравгузор ӯҳдадории муайян намудани арзиши амволи ба гарав гузошташаванда ва ба муфаттиш пешниҳод намудани ҳуҷҷати дахлдори молиявӣ вогузор карда шавад» [10, с. 7].

- 127 -

Қобилов Б.Қ. Баъзе масъалаҳои ҳуқуқии татбиқ намудани чораи пешгири дар намуди гарав

Чунин талабот дар қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон дар қисми 1, моддаи 148 КМҶ мустаҳкам карда шудааст, ки дар он омадааст: «Исбот намудани нархи гарав ба зиммаи гаравгузор гузошта мешавад» [6]. Ба ақидаи мо, шахсоне, ки ӯҳдадории муайян намудани арзиши амволи ба гарав гузошташуда ба зиммаи онҳо вогузор мегардад, ашхоси манфиатдоранд ва метавонанд ба амвол нархи дилхоҳ гузоштанро «ташкил» намоянд. Бинобар ин, ба андешаи мо, бояд барои муайян намудани арзиши воқеии амволи мавриди гарав, дар ҳар як ҳолати муайян экспертизаи молшиносӣ таъин кардан қобили қабул аст. Аз ҷониби дигар, муайянкунии андозаи гарав низ мушкилотро ба вуҷуд меорад. Конунгузории давлатҳои ИДМ бо роҳҳои гуногун ин масъаларо ҳал намудааст. Масалан, дар Ҷумҳурии Белорусия, Молдавия, Қазоқистон андозаи гарав вобаста аз андозаи маоши ҳадди ақалл пасту баланд мешавад. Дар Молдова ҳам андоза ҳадди ақалл ва ҳам андозаи ҳадди аксар муқаррар карда шудааст, ки аз 300-50000 маоши ҳадди ақалл (аз 5400 то 900000 лей) иборат аст [7]. Дар Белорусия танҳо ҳадди ақалли гарав муқаррар карда шудааст, ки камаш панҷсад маоши ҳадди ақаллро ташкил медиҳад (қ.1м. 124 КМҶ ҶБ) [8]. Қонунгузории Федератсия Русия масъалаи андозаи гаравро бо дигар роҳ ҳал намудааст: намуд ва андозаи гарав аз ҷониби мақомот ва ё шахсе, ки онро интихоб намудааст, бо назардошти характери ҷинояти содирнамуда, маълумот дар бораи шахсияти гумон-баршаванда, айбдоршаванда ва ҳолату шароити амволии гаравгузор муайян карда мешавад. Маҳз аз ҳамин сабаб, дар амалияи кунунӣ андозаи гарав аз якчанд ҳазор рубли русӣ то якчанд ҳазор доллари ИМА ҳам барои як модда, ҳам барои ягон парвандаи дигар бе ягон фарқият муайян карда мешавад [9].

Масъалаи дигари нисбатан муҳим, ки дар амалияи татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди гарав ба вуҷуд меояд, ин масъалаи ҳангоми содир намудани кадом намуди ҷиноятҳо ба сифати чораи пешгирӣ татбиқ кардани гарав ва ё баръакс татбиқ накардани он мебошад. Қонунгузории мурофиавӣ- ҷиноятии Русия (м. 106) дар ин хусус чизе намегӯяд. Мувофиқи муқаррароти моддаи мазкур ин чораи пешгириро нисбати намудҳои мухталифи ҷиноят татбиқ намудан мумкин аст. Дар як вақт, қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (м.109 КМҶ ҶТ) нишондодҳои асоснокро ба ҷиноятҳое пешбинӣ мекунад, ки ҳангоми содир намудани онҳо гарав ба сифати чораи пешгирӣ татбиқ карда намешавад.

Бо назардошти ҳолати қонунгузории мамлакатҳои хориҷӣ ва ақидаҳои олимон мехостем нисбат ба татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди гарав баъзе фикрҳоро пешниҳод намоем. Ҳангоми интихоби чораи пешгирӣ дар мавриди аз ҷониби айбдоршаванда (гумонбаршаванда) содир намудани ҷиноят дар соҳаи иқтисодиёт, имконияти татбиқи гарав бояд ҳатман баррасӣ гардад. Дар сурати аз ҷониби айбдоршаванда (гумонбаршаванда) содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин (махсусан, ҷиноятҳо ба муқобили ҳаёт ва саломатӣ, ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии шахсият) гарав ба сифати чораи пешгирӣ танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ татбиқ карда шавад. Ин ҳолат аз он вобаста аст, ки агар маводи парванда зарур набудани аз ҷамъият чудо намудани айбдоршавандаро дар ҳақиқат тасдиқ кунанд.

Зимнан, бояд дигар норасоиҳои моддаи 109 КМҶ ҶТ-ро, ки татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди гаравро мушкил мегардонанд ва ё натичабахшии онро паст мекунанд, гуфта гузарем.

- 128 -

Kabilov B.K. Certain Legal Problems Concerned with Application of Offcutting Measures in Term of Bail

Дар маъхазҳои илмӣ оид ба камбудиҳои қонунгузории мурофиавӣ-ҷиноятии ватанӣ дуруст қайд мекунанд, ки «амалан дар он масъалаи сарчашмаи пайдоиши пул ва ё дигар чизҳои арзишнок, ки ба гарав гузошта мешаванд, беэътибор мондааст. Худсарона ҳал намудани он метавонад, натанҳо барои ба сифати гарав истифода бурдани маблагҳои пулии бо роҳи ҷинояткорӣ ба даст овардашуда, балки барои бо шакли ба худ хос ситонидани он шароит фароҳам орад» [1, с.235]. Дар ин ҳолат қонунгузорро зарур аст, ки дар меъёрҳои марбут ба гарав имконияти муайян кардани қонунӣ будани сарчашмаи даромад, пул ва дигар чизҳои қиматноки ба гарав гузошташударо фароҳам созад.

Ба ақидаи мо, дар қонунгузории амалкунандаи ҶТ қайд карда шавад, ки гаравгузор - шахси сеюм бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад: надоштани доги судӣ; доштани ҷои истиқомат ва кори доимӣ; доштани тавсифномаи мусбат; доштани сарчашмаи маълуми даромад ва гайра. Пешниҳод намудани талаботи муайян ба гаравгузор, агар ӯ айбдоршаванда ва ё судшаванда набошад, кӯшиши гурӯҳҳои ҷинояткорро оид ба пардохт намудани гарав пешгирӣ мекунад.

Агар ҷавобгарии шаҳрвандии айбдоршавандаро (гумонбаршавандаро) дар назди гаравгузор муайян намоем, ин амал дурусттар мебуд.

Қоидаҳои умумии татбиқи чораи пешгириро дар намуди гарав дида баромада, тартиби бевоситаи онро аз ҷониби суд чунин шарҳ медиҳем.

Интихоб ва татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди гарав, моҳиятан бастани созишномаи дутарафа, дар баъзе ҳолатҳо сетарафа мебошад, ки аз як тараф суд ва аз тарафи дигар айбдоршаванда ва гаравгузор баромад мекунанд. Аҳдномаи мазкур дар он ҳолат басташуда эътироф мешавад, ки агар миёни субъектони нишондодашудаи мурофиаи ҷиноятӣ аз рӯи ҳамаи бандҳои моддаи 109 КМҶ ҶТ, ки дар поён зикр мегарданд, созиш ба миён омада бошад:

а) суд дар хусуси татбиқи гарав ба сифати чораи пешгирӣ қарор қабул мекунад ва дар мувофиқа бо гаравгузор андозаи гарав ва предмети онро муайян менамояд;

б) гаравгузор ҳамчун шахси айбдоршаванда ва ё дигар шахс оид ба моҳияти парванда, ки аз рӯи он ин чораи пешгирӣ татбиқ карда шудааст, огоҳ карда мешавад;

в) гаравгузор ӯҳдадор карда мешавад, ки маблаги муайянро ба сифати гарав ба суратҳисоби депозитии суд гузаронад.

г) гаравгузор ба суд розигии худро медиҳад, ки дар ҳолати аз ҷониби айбдоршаванда вайрон кардани ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтааш гарав бо қарори суд ба фоидаи давлат гузаронида шавад.

Ҳангоми ҳал намудани масъала оид ба интихоби чораи пешгирӣ дар намуди гарав бояд нуктаҳои зерин ба назар гирифта шаванд: характери ҷинояти содиршуда; маълумот оид ба шахсияти гумонбаршаванда ва ё айбдоршаванда; синну сол ва ҳолати саломатӣ; намуди машгулият; ҳолати оилавӣ ва амволӣ; мавҷуд будани ҷои истиқомати доимӣ ва гайра. Риоя намудани ин талабот ҳам барои таъмин намудани ҳозир шудани гумонбаршаванда (айбдоршаванда) бо даъвати мақомотҳои тафтишоти ҷиноятӣ ва ҳам барои аз ҷониби суд муайян намудани маблаги муайяни гарав зарур аст.

Бар замми ин муайян карда мешавад, ки гаравро кӣ месупорад: худи гу-монбаршаванда (айбдоршаванда) ва ё шахси сеюм - яъне гаравгузор. Вобаста аз ин амал хулосаҳои минбаъда муайян карда мешаванд.

- 129 -

Қобилов Б.Қ. Баъзе масъалаҳои ҳуқуқии татбиқ намудани чораи пешгири дар намуди гарав

Агар гумонбаршаванда (айбдоршаванда) гаравро худаш супорад, дар ин ҳолат суд дар бораи татбиқи гарав қарор (таъинот) қабул мекунад, ки он бояд асоснок бошад ва барои ҳамин ҷиноят татбиқи гарав пешбинӣ шуда бошад. Ҳамчунин дар қарор, бояд асоси интихоби маҳз ҳамин чораи пешгирӣ ва чунин андозаи гарав нишон дода шавад.

Агар гаравро шахси сеюм пардохт намояд, суд бояд муносибати умумии байни айбдоршаванда ва гаравгузорро муайян намояд: то ки муомила гайриқонунӣ набошад; ба кори айбдоршаванда ва шарикони ӯ ва ё аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ мусоидат накунад; ба азонихудкунии воситаҳои пулӣ роҳ надиҳад.

Дар қарор (таъинот) оид ба интихоби гарав ба сифати чораи пешгирӣ, бояд он ӯҳдадориҳое, ки ин чораи пешгирӣ талаб мекунад, қайд карда шавад: ба даъват сари вақт ҳозир шудан; аз тафтишот ва суд пинҳон нашудан; ба тафтишот ва баррасии судӣ мамониат накардан; ҷиноятҳои нав содир накардан: аз иҷрои ҳукм саркашӣ нанамудан. Дар протокол бояд ин ҳолатҳо қайд карда шаванд: айбдоршаванда (гумонбаршаванда) огоҳ карда шудааст, ки дар ҳолати вайрон намудани ин ӯҳдадориҳо дар ҳаққи ӯ чораи нисбатан вазнинтари пешгирӣ татбиқ карда, гарав ба фоидаи давлат гузаронида мешавад.

Оид ба қабули гарав протокол тартиб дода мешавад, ки нусхаи он ба гаравгузор супорида мешавад.

Гарав ба фоидаи давлат бо қарори суд бо тартиби зерин гузаронида мешавад. Мувофиқи моддаи 118 КМҶ ҶТ оид ба вайрон намудани ӯҳдадориҳо протокол тартиб дода мешавад, ки дар он вақт ва ҷои тартиб додани он, маълумот оид ба шахсияти ӯ, ҳолатҳои вайроншуда, моддаи КМҶ ҶТ, ки ҷавобгариро пешбинӣ мекунад, нишон дода мешавад. Дар протокол шахси онро тартибдода ва шахси ӯҳдадориро вайроннамуда имзо мегузоранд. Дар ҳолати аз имзогузорӣ саркашӣ намудани гумонбаршаванда ва ё айбдоршаванда оид ба он дар протокол қайд карда мешавад. Протокол оид ба вайрон намудани ӯҳдадорӣ ба суди шаҳрӣ ва ё ноҳиявӣ фиристонида мешавад, ки он аз ҷониби судя дар алоҳидагӣ дар мӯҳлати панҷ шабонарӯз аз лаҳзаи ворид гардиданаш баррасӣ карда мешавад. Ба маҷлиси судӣ шахси уҳдадориро вайроннамуда ва шахси протоколро тартибдода ва ё прокурор даъват карда мешаванд. Бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани шахси уҳдадориро вайроннамуда ба баррасии протокол монеъ шуда наметавонад. Бояд ба ҳимоятгари гумонбаршаванда ва айбдоршаванда, агар ӯ иштирок дошта бошад, дар бораи ҳамаи ҳолатҳо хабар дода шавад. Баъди хондани протокол, судя баёноти гумонбаршаванда ва айбдоршаванда, ҳамчунин ақидаи шахси протокол тартибдода ва ё прокурорро шунида, дар бораи ба фоидаи давлат гузаронидани гарав ва ё рад кардани он қарори асоснок мебарорад.

Нусхаи қарор ба шахси протоколро тартибдода ва шахси ӯҳдадориро вайроннамуда фиристонида мешавад. Дар қонун зикр нашудааст, ки агар чораи пешгириро дар намуди гарав суди шаҳрӣ ва ё ноҳиявӣ татбиқ намуда бошад, протокол аз ҷониби кӣ баррасӣ карда мешавад. Ба ақидаи мо, дар ин ҳолат протоколро бояд суди зинаи болоӣ баррасӣ намояд, то ки бегаразӣ таъмин ва манфиатдорӣ аз байн бурда шавад.

Калидвожаҳо: чораи пешгирй, гарав, гумонбаршаванда, айбдоршаванда, баррасии судй

- 130 -

Kabilov B.K. Certain Legal Problems Concerned with Application of Offcutting Measures in Term of Bail

Пайнавишт:

1. Григорьев, В.Н. Совершенствование нормативного регулирования залога в качестве меры пресечения по уголовным делам как одно из направлений в борьбе с отмыванием денежных средств, приобретённых незаконным путём/ Международное сотрудничество в борьбе с отмыванием доходов, полученных незаконным путём: сборник статей. - М., 1991. -С. 234239.

2. Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: матни расмӣ - Душанбе, 2012.

3. Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон: матни расмӣ. - Қ. 1. - Душанбе: Шарқи озод, 1999.

4. Постановление Пленума Верховного Суда Республики Таджикистан от 13 ноября 1996 г. № 2.

5. Петрухин, И.Л. Неприкосновенность личности и принуждение в уголовном процессе. - М., 1989. - 290 с.

6. Уголовно-процессуальный кодекс Республики Казахстан от 13. 12. 1997. № 206-1. /электронный ресурс [режим доступа] м>м>м>.Апапсе.со^^а^п/.(дата обращения: 01.06. 2003)

7. Уголовно-процессуальный кодекс Молдовы. / электронный ресурс [режим доступа] www. vlevonevslti/.by/ru\pravo\ kodeksy7upk. (дата обращения: 02.06. 2003).

8. Уголовно-процессуальный кодекс Республики Беларусь. 16 июля 1999 г. N 295-3 // электронный ресурс: [режим доступа] www.vlevonevski.by.ru/pravo/kodeksy/upky. (дата обращения: 02.06.2003).

9. Уголовно-процессуальный кодекс Российской Федерации (в редакции федеральных законов от 29.05.2002. N58-ФЗ, от 24.07.2002. N98-ФЗ, от 24.07.2002. N103-ФЗ.

10. Шаповалова, Т.И. Залог как мера пресечения в уголовном процессе и его применение следователями органов внутренних дел: автореф. дисс. канд. юрид. наук:12 00 08. - СПб., 2001.

Reference Literature:

1. Grigoryev V.N. Perfection of a Normative Regulation of Bail as an Offcutting Measure in Criminal Affairs as one of the Streamlines in Combat with Offwashing Monetary Media Acquired by Illegitimate Ways// International Collaboration in Combat with Offwashing of Incomes Acquired in Illegitimate Ways: collection of articles. -M., 1991.

2. Criminal-Procedural Code of RT. - Dushanbe, 2011.

3. Civil Code of RT. Section 1. - Dushanbe, 1999.

4. Enactment of the Supreme Court Plenum of Tajikistan Republic from November 13, 1996. -#2.

5. Petrukhin I.L. Immunity of Individual and Coercion in Criminal Process. -M., 1989. - 290pp.

6. Criminal-Procedural Code of Kazakhstan Republic from 13.12.1997. -# 206-1.

www.finance.co.kz/zakon ( 01.06. 2003)

7. Criminal-Procedural Code of Moldova. www. vlevonevslti/.by/ru\pravo\ kodeksy7upk.

(date of addressing: 02.06. 2003)

8. Criminal-Procedural Code of Belarus. July 16, 1999.-#295/3 www.vlevonevski.by.ru/pravo/kodeksy/upky. (date of addressing: 02.06.2003)

9. Criminal-Procedural Code of Russian Federation (in the recension of federal laws from 29.05.2002. #58-F3 from 24.07.2002. #103-ФЗ)

10. Shapovalova T.I. Bail as a Measure of Coercion in Criminal Process and its Application by Investigators of Home Affairs Bodies. Synopsis of Dr.' dissertation in jurisprudence:12 00 08 -Spb, 2001.

- 131 -

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.