Научная статья на тему 'Navruz contribution into Iranian-Arabic cultural synthesis of the first centuries of Islam'

Navruz contribution into Iranian-Arabic cultural synthesis of the first centuries of Islam Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
406
159
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
НАВРўЗ / ИСТИЛОИ АРАБ / МАДАНИЯТИ ФОРСӣ-ТОҷИКӣ ТО ДАВРАИ ИСЛОМ / ИРАНО-АРАБСКИЙ КУЛЬТУРНЫЙ СИНТЕЗ / НАВРУЗ / АРАБСКОЕ ЗАВОЕВАНИЕ / ДОИСЛАМСКАЯ ПЕРСИДСКО-ТАДЖИКСКАЯ КУЛЬТУРА / NAVRUZ / ARABIC CONQUEST / PRE-ISLAMIC PERSIAN-TAJIK CULTURE / IRANIAN-ARABIC CULTURAL SYNTHE SIS

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Зохидов Н.

Статья посвящена рассмотрению факторов сохранения и развития традиций древнейшего доисламского праздника иранских народов Навруз в эпоху завоевания Ирана арабами. Особое внимание уделено также определению вклада Навруза в ирано-арабский культурно-литературный синтез первых веков ислама.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The article dwells on the factors which promoted the preservation and development of the traditions of Navruz the most ancient pre-Islamic holiday of the Iranian peoples in the epoch of the Arabian conquest of Iran. Special attention is paid also to the determination of Navruz contribution into the Iranian-Arabic cultural-literary synthesis which took place in the early ages of Islam.

Текст научной работы на тему «Navruz contribution into Iranian-Arabic cultural synthesis of the first centuries of Islam»

Н. Зо^идов

НАВРУЗ ВА МУКОЛАМАИ ФАРХДНГИИ А^АМУ АРАБ ДАР КДРНДОИ НАХУСТИ ИСЛОМ

Вожатой калидй: Навррз, истилои араб, маданияти форсй-тоцикй то давраи ислом, ирано-арабский культурный синтез

Навруз аз цадимтарин ва бузургтарин ойинх,ои мардуми А^ам мах,суб мешавад, ки урфу одатх,ои бостонй, боварх,ои мазх,абй ва андешах,ои ^ах,оншинохтй, арзишх,ои маънавиву ахлоцй ва андухтах,он таърихиву фарх,ангии толикой ва хялкдои дигари эронинажодро аз замони пайдоишаш то кунун дар бехдарин шакл ва тобноктарин сурат та^ассум кардааст. Ин Чаш ни бостонй дар т^ли таърих, хоссатан дар лах,зах,ое сарна-виштсоз, ки х,яси1 и маънавии хялкдои эронинажод дар дами вартаи фано к,арор гирифта буд, дар х,ифзу идомаи суннатх,ои фарх,ангу тамаддун ва таъмини х,айсияти миллй сах,ми бориз гузоштааст. Чунин рисолати Навруз хоссатан дар царнх,ои нахусти ислом, яъне давраи истилои Эронзамин аз ^ониби аъроб ба таври комил ва бо тамоми абъодаш ба зухур омад.

Интишори ислом дар Эронзамин садде душворгузар дар баробари ойини зардуштй ва падидах,ои марбут ба '(ях.опшипоси и тоисломии эронй, аз чумла ^ашни Навруз э^од намуд. Дар нагиба, дини зардуштй тавони гузаштан аз ин саддро пайдо накард ва ма^бур шуд, ки аз сах,наи бузурги таърих бадар равад. Бар хилофи ин, ^ашни Навруз садди мазкурро убур намуд ва бо мурури муддате ба цашни маъмул дар цисмате бузург аз к;аламрави ислом табдил ёфт, зеро омилх,ое мав^уд буданд, ки ба тадовул ва риво^и Навруз дар бистари ислом мусоидат намуданд.

Омили аввал чанбаи боризи мардумй ва башардустона доштани Навруз аст, ки онро дар назари аъроб чун ойине, ки

бар арзишх,ои исломй мухолифат надорад, намудор намуд. Воцеан х,ам, ой и их,ои Навруз аз цадимулайём дар тору пуди зиндагии мардум омезиш ёфта, ба онх,о шодиву тараб, покизагиву гармй, мехрубониву накукорй, ^авонмардиву сахо ато мекарданд. Ин арзишх,о дар назди х,амаи цавмх,ову цабилах,о, новобаста аз гааллукоги мазх,абии оих,о, муътабар ва мух,! арам х,астаид. Аъроб низ, чун пойбандй ва шавку алоцан мардуми Хуросони Бузургро ба Навруз диданд ва аз фазилатх,ои он огох, гаштанд, бо вучуди мазх,аре аз хотироти кух,япи устуравиву таърихй ва фтикодоти мазх,абии А^ам будани ойипх,ои навру sfl, дар садри ислом ба манъу ннкорн ин цаши исрор накарданд ва дар х,адди ацалл ба он бо чашми муросо нигаристаанд. Дар таъйиди ин матлаб метавон ба ривояте аз "Осор-ул-боция"-и Абурайх,они Берунй муро^иат кард, ки аз муносибати некбинонаи Паямбари акрам (с) ба Навруз дарак медих,ад. Т и fi к, и ин ривоят «дар Навруз ^оме симин, ки иур аз х,алво буд, барон Пайгамбар х,ядя оварданд ва он х,азрат пурсид, ки ин чист? Гуфтанд: имруз рузи Навруз аст. Пурсид, ки Навруз чист? Гуфтанд: иди бузурги эрониён аст.» Пас аз ин Пайгамбар циссаи дар ин руз аз чониби Худованд зинда гардонидани ь;авми Аскара, боронидани борон ба о их, о ва аз ин руз раем шудани пошидани обро пяк,л карда, аз он х,ялво тановул кард ва гуфт: «Кош х,ар руз барон мо Навруз буд!»(3, 279,556). Дар ахборе дигар, ки нисбатан мутаахиртаранд, ^иссаи ба муносибати Навруз пешкаш шудани х,ялво ба амирулмуъминин х,азрати Алй, ин ойини навру supo писандидани у ва хох,ишаш бар он, ки «Кош х,яр руз барои мо чунин идонаи наврузй пешкаш мешуд», таъкид шудааст (5,11, 248).

Дар осори марбут ба зиндагй ва корномаи фикди и Имоми Аъзам, аз ^умла дар «Хайрот-ул-х,исои фи маио^иби ал-Имом ал-Аъзам»-и Ибни х,а^ари Маккй (1503-1517) бо истинод ба цавли набераи Имоми Аъзам низ пяк,л шуда, ки чадди Имом дар рузи Навруз барои х,азрати Алй фолуда (навъе аз х,ялво) х,ядя овард ва он х,азрат барояш гуфт: «Х,ар руз барои мо наврузона биоваред» (8,с.64-65). Дар ривояти мазкур ва ахбори х,я\пупи онх,о, ки дар сарчашмах,ои арабиву форей зикр ёфтаанд, муносибати иисандомез ва назари гях,сипи сарварони уммати исломй ба Навруз ва ой и их, о и он дар ofo3h густариши ислом ба хубй падидор аст.

Шакке нест, ки мардуми А^ам дар он овони пурх,авли хучуми аъроб низ Наврузро гиромй медоштанд ва бо барпо доштани он яъсу навмедии фарогири замони истилоро ба умеду боварй ба фардои равшани фарх,ангу тамаддуни бостонии хеш табдил медоданд. Фарх,анги башардустонаи Навруз дар он айёми мудх,иш Г)орх,о бар зулму адоват ва кинаву кудурати истилогарон истило ёфта, онх,оро ба сулху салох, ва х,амзистиву мадоро водор мекард. Далели му^ассами чунин фазилати Навруз дар «Таърихи К,ум» зикр шудааст: дастае аз сипох,и истилогарони араб дар рузх,ои Наврузи соли 720 ба остонаи шах,ри К,ум расид. Сардори К,ум сарварони сипох,и арабро ба хони наврузй даъват кард. Мардуми К,ум ба расми маъмули Навруз "ба кадузадон ва лах,ву лаъаб ва гуйбозй маипул буданд. ( инох,иёни араб низ дар гуйбозй ширкат варзиданд"(15, .244-248). Фарх,анги Навруз, ки фарх,анги сулху мадоро аст, бар сииоху силох, голиб омад ва созиш миёни мардумони шах,р ва лашкариёни араб х,осил шуд. Ин сах,на худ бех,тарин бозтоби тавони идомапазирии Навруз дар х,ама гуна шароит аст, ки он аз хусусиятх,ои башардустонаи ин ойини бостонй сарчашма мегирад.

Омили дигаре, ки ба х,ифзу идомаи Навруз ва фарх,анги он дар ахди истилои араб мусоидат намуд, ^анбан тацвимй доштан, яъне 0F03H соли нави хуршедй будани он мах,суб мешавад. Дар А^ами тоисломй ofo3h соли хуршедй дар айни замой ofo3h соли кишоварз й ва молиявй буд. Соли хуршедй нисбат ба соли цамарй ба фаслх,ои сол мутобицати бештар дошт ва барои танзими умури молиёт ва пардохти хнро^ мусоидтар ва мувоф1щтар буд. Бино бар ин, аъроб низ дар ситонидани хиро^ аз кишоварзон ва танзими умури молиявии хилофати навбунёди хеш хох,у похох, ба соли хуршедй такя карданд ва аз шинохти Навруз ба х,айси 0F03H соли молиявй ва кишоварзй ночор буданд. Гузашта аз ин, аъроб дар умури кишвардорй та^рибаи кофй надоштанд ва нахустин девон- сохтори идории масъул бар танзими молиёту хиро^ро бо рох,па\[оии Хурмузон ном марзбони асирафтодаи эронй ва дар иайравй аз дев<шх,ои сосонй дар давраи хилофати Умар (634-644)-ёри дуюм аз чах,орёрони Расули акрам таъсис доданд (12, 76-77).

Таъсиси нахустин девони исломй зарурат ва ах,амияти иайравй ба низоми тоисломии Эронро ба х,укмронони навкори араб

ошкор кард ва рох,ро барои вуруди суннатх,ои кишвардории тоисломии Ачам ба сохтори идории Хилофати исломй х,амвор иамуд. Дар ахди Умавиёи (661-750) ва хоссатаи баъди ба сари х,окимият омадаии Аббосиёи (соли 750) дар Хилофат на танх,о девонх,ои зиёде ба тацлид аз девонх,ои сосонй таъсис ёфтаанд, балки дабирон ва коргузорони ин девопх,о низ аксаран намоян-дагони мардуми Адам буданд. Ин амр боне шуд, ки маком ва нацши суинатх,ои кишвардории Адам дар сохтори давлатии Хилофат густариши тамом иайдо кунад. Бад- ин васила, Навруз, ки ба х,аиси сари соли молиявй ва кишоварзй суннате мух,им аз суинатх,ои давлатдории тоисломии Адам ба шумор меомад, дар Хилофати царнх,ои нахусти исломй х,як,к,и бако ва заминай эх,ёи худро иайдо иамуд.

Баъзе аз русуми Навруз, бавижа расми пешкаш кардани х,адях,ои павруш, ки аз чанбаи башардустонаи ин чаши сарчашма шрифта, баъдан ба дузве аз ойиих,ои дарборй дар Адами тоисломй табдил ёфта буданд, дар Хилофати исломй мавриди иепщбол ва пайравй rçapop гирифтаид. К,аблан ба мавридх,ои пешиих,оди х,адях,ои навру sfl ба Пайгамбари акрам ва х,азрати Алй ишора рафт. Мардуми Адам дар давраи истилои араб бо иос доштани ойипх,ои Навруз ба х,амдигар ва ба "мех,моноии нохонда"-и худ арабх,о низ х,ядях,ои навру sfl пешкаш мекарданд. Дар ибтидо, ин амр бештар чаибаи отифй дошт ва дар рух,иян эх,тиром ба ой и их, о и Навруз сурат мегирифт. Вале дар ях,ди Умавиёи баъзе аз х,окимоим араб дар ин расми навру sfl василаи дамъ овардани молиёт ва пур кардани хазинаро дидаид. Дар натича, чанбаи отифиву инсоиии х,ядях,ои naispyiñ кох,иш ёфта, баръакс чанбаи молиявии ин ойини навру sfl дар ахди мазкур боло гирифт. Ба шах,одати "Субх, ул-аъшо"-и К,ал^ап1андй, иахустии касе, ки дар ислом х,ядях,ои I laBpyspo расмаи маъмул кард, волии умавии Ироц Х,ачч°Ч ибни Юсуф аст (10, 2,420), ки номаш дар таърих ба саффокиву хунхорй ипп их,ор дорад.

Ба х,яр ойнн, Навруз дар ях,ди Умавиён ба тадрид дар цалам-рави Хилофат роич гашта, ба дунболи худ як идда арзишх,ои таърихиву маънавии Адами тоисломиро ба ч»меаи мусалмонй кашид, зеро Навруз дузъе аз таърих, фарх,анг ва тамаддуии Адам буд ва х,ар ки ин чаши барио мешуд, он до ёде аз олами устурах,ои бостон ва зикре аз Ч,амшеду Фаридуни Каён мерафт;

к, и сую аз таърихи шох,ону пайкори онон бозг^ мешуд ва фазое иайваид бо рух,оиияту маъиавияти Адами бостонй дар мух,ити исломй эх,ё мегардид. Х,амин фазо буд, ки шоири арабиг^и эронинажод Исмоил ибни Ясор (ваф. с. 749) дар овони ав^и таассуби арабигароии Умавиён ручуь ба гузаштаи пуршукух,и Адам ва ёдоварй аз воцеах,ои хотирнавози таърихи онро мухдавои аслии ашъори адамгароёнаи худ царордода, бавуруди маонй варухрнияти адамй ба шеъри арабии исломй рохро х,амвор кард, чунончи:

Кист, öiirfn, бо Хусраву Шоиури лашкаркашу Хурмузон дар нацобату бузургиву пфтпхор \амовардй мекунад?!

()пх,о \ангоми сптез шабещ шерони лашкаранд, х,я\юп шероне, ки Турку Рум аз дасти ощо хор гашта буданд (1,4,423) Ин х,амон фазое буд, ки бо талошх,ои фарзонагони Адам нахустин осори тоисломии пахдавй, аз думла китоби бузурге дойр ба таърихи шох,они сосонй, ки тасвири 27 тан аз шох,они дудмони мазкур, корнома ва панду андарзх,ои эшонро дар бар мегирифт, дар соли 731 барои халифаи умавй Хрипом ибни Абдулмалик (724743) тардума шуданд ва аз дониби f х,успи истицбол иайдо карданд (11, 99).

Дар х,а\[оп фазо буд, ки нависандаи бузурги арабизабони эронинажод Абдулх,амиди Котиб (мак/гул дар с.750) бо ворид кардани упсурх,ои маънавиву шаклии осори тоисломии Адам ба насри арабй шеваеро дар нависандагй ибдоъ намуд, ки дар он дастовардх,ои ¡а в к, и хунари и адамй бо зарфияту имконоти баёнии забоин арабй ва фикру андешаи исломй дар бехдарин вадх, омезиш ва инсидом ёфт (4,45-91). Ва дар х,амон фазо буд, ки фарзандони асирафтодаи Хуросони Бузург х,ангоми тармими Каъба тарона замзама мекарданд. Бегумой, миёни онх,о х,амон таронах,ои наврузй низ буданд, ки ба таъйини аллома Ч.ох,изи Басрй, "ба манзалаи шеър дар забони арабй" буданд ва дар замоин Хусрави Парвиз беш аз х,ар вацти дигар ривод доштанд (17,278). Ин таронах,о арабх,оро мафтун карда, мавриди гацлиду иайравй rçapop гирифтанд. Дар иатида, дар Хилофати он даврон чупбипш мусицие руй намуд, ки иайравони он, аз к, а пили Тувайс, Ибни Мисдах,, Ибни Сурайд ва дигарон ашъори арабиро дар колаби мусшдш эронй мехонданд (1, 1-3).

Равандх,ои маънавиву фарх,ангии мазкур, ки дар Хилофати Умавиён арзи вудуд намуданд, дар мадмуъ х,айсият ва хувияти

фарх,ангу тамаддуни тоисломии Эроизамии, аз думла Навруз ва ойиих,ои онро, аз вартаи фаио рах,ой бахшида, замииах,ои нах,зати маъиавии Адамро дар бистари ислом фарох,ам овардаид.

Чунин як иах,заг дар замоии Аббосиён, ки соли 750 дар раъси Хилофат Умавиёиро иваз иамудаид, iax,arçrçyrç иайдо кард. Ба иттифоци ах,л и иазар, бар хилофи давлати Умавиёи, ки них,одаш бар арабгароии таассубомез устувор буд, хилофати Аббосиён ранги комили адамй дошт ва бо дасти хуросониён тахди сарвари Аб^мусли vi бунёд гузошта шуд.

I IaispV iii А^ам низ дар ин марх,ила комилан мх,ё гардид ва аз ахди Мансури Аббосй (754-775) cap карда, дар цаламрави Хилофат расман дойр карда мешуд.

Дар х,амии давра буд, ки заминах,ои огох,ии комили ч«меаи исломй аз Навруз ва фарх,анги он фарох,ам омаданд. Манзури мо ин до пеш аз х,ама, иах,зати пурвусъати тардумаи осори Адами тоисломй ба забони арабй дар давраи мавриди иазар аст, ки дар х,ифзу эх,ёи таърихи Адам ва фарх,аигу тамаддуни он пакдпи бузург бар ухда дошт.

Дар «Китоб ул-фих,рист»-и Ибни Надим ва сарчашмах,ои дигари арабизабои номи 25 тан аз мутардимон зикр шудаст, ки дар он даврон бо тардумаи осори нахдавй ба арабй ва муаррифии осори маънавии Адам ба домеаи исломй машгул буданд. х,амчуиии дар сарчашмах,ои мазкур тардумаи беш аз 60 китоби таърихй, адабй, ахлокД паиднома ва андарзиомах,ои тоисломй ба забони арабй ба цайд омадааид. Мусалламан, мивдори х,ак,и-ции тарчумах,ои осори Адами тоисломй бояд хеле бештар аз ин бошад, зеро муаллифони сарчашмах,о х,аигоми зикри баъзе мутардимон номи китобх,ои иакдкардан оих,оро иаовардаанд ва бо таъкиди «тардумах,ое аз форсй дорад» иктифо кардааид. Дар миёии ин [ ярду\гях,о чунин манбаъх,ои мух,имми огох,й аз таъриху тамаддуни Адам, мисли "Худойнома", "Тоднома", "Ойиниома", "Гох,иома" ва Faiipa буданд, ки яципап ахбори мукаммалеро дойр ба Навруз ва расму русуми он шомил будаанд. Дар ин замина, дар адабиёти арабизабои нахустин китобх,о оид ба Навруз ва Мех,ргои, таърихи иайдоиш ва расму русуми ин ойинх,ои бостонй арзи вучуд карданд, ки голибан аз чониби адибони эронииажод-мутардимоии осори нахдавй ба арабй ба риштаи таълиф кашида шудаанд. Яке аз ин гуна китобх,о тах,ти уивони "Иллату аъйод

ал-фурс" (Сабабх,ои пайдоиши дашнх,ои эрониён) бо ралами Зодуяибни Шохуяи Исфах,онй тааллуц дошт. Берунй дар "Осор ул-боция" дар се маврид аз ин китоб матолиберо родеъ ба р^зу мохдои к, яд и май эронй, дашни Навруз ва мох,и "Шах,ревар"-у рузи "Озардашн" нацл кардааст (3,70,282,289).

Номи Зодуя ибни Шохуя ба х,айси мутардими "Худойнома" аз иахдавй ба арабй низ маъруф аст (7,с.305). Мусалламан, Зодуя китобашро дойр ба Навруз ва чашщоп дигари Адам дар заминай матолиби "Худойнома" навиштааст.

Мутардими дигари "Худойнома"- Myco ибни Исои Кисравй (нимаи дуюми асри IX) низ бо номи "ан-Найруз ва-л Мсх.ра^оп" китобе таълиф карда буд, ки муаллифи "Таърихи Табаристон" -Ибни Исфандиёр дар зикри кдссаи Бевараси Захдок ба он истинод кардааст (6, 83). Зох,иран, Myco ибни Исои Кисравй ба шарофати тардумаи "Худойнома" ва таълифи китоби "ан-Найруз ва-л Мехрадон" ба х,айси манбаи муътамади ахбор дойр ба дашнх,ои бостонии Адам эътироф гардидааст, ки муаллифони баъдй, аз цабили аллома Ч,ох,из дар "ал Мах,осин ва-аздод" ва Берунй дар "Осор ул-боция " дар мавриди гуфтор аз Навр^зу Мехргон ба ин муаллиф борх,о истинод кардаанд (17, 231-235; 3, 291).

Дар х,а\шп давра китоби дигаре оид ба Навруз ва дашнх,ои дигари Адам бо номи "Китоб ал-аъйод ва-н-Навориз"(Китоби идх,о ва I Iaispy ix,o) таълиф ёфт, ки ба ралами Абулхусайн Алй ибни Махдии Кисравй ном нависандаи эронинажод тааллуц дошт (7,сс. 163-164).

Бино ба шах,одати Ибни Надим як китоби дигар дар бораи Навруз ва Мехргон аз дониби Алй ибни Х,оруни Мунаддим бо номи "ан-Навруз ва-л-Мех,ргон" (х,амном бо китоби фавцуззикри Myco ибни Исои Кисравй) дар х,амон давра таълиф ёфта будааст (7,161). Мутаассифона, ин чах,ор китоб то замоин мо нарасидаанд, вале дар давраи таълифи худ ва царнх,ои баъдй барои оюх,ии домеаи мусалмонй аз ойипх,ои бостонии Адам ва мх,ёну риводи опх,о дар либоси исломй хидмате бедарег андом додаанд.

Дар заминай таълифи х,а\шп китобх,о ва осори тоисломие, ки дар он даврон бо х,иммати фарзандони мех,анпарасти Адам аз пах,лавй ба арабй баргардон шудаанд, аз нимаи дуюми асри VIII cap карда дар осори мансури арабй зикри Навруз ва дашнх,ои дигари Адам, пакди циссаи пайдоиш ва риводи расму русуми

навру ш ба хукми анъана ворид шуданд. Дар таъйиди ин матлаб ба ду китоби маъруфе, ки то замони мо расида ва ба ралами алломаи араб Ч,ох,из мансубанд, метавон ишора кард. Китоби аввал " ал-Мах,осин ва-л-аздод" (Шоистагих,о ва ношоистагих,о) аст, ки бахши хосеро бо номи "мах,осин ан-Найруз ва-л-Мех,радон"(шоистагих,ои Навруз ва Мех,ргон) шомил аст. Муаллиф ривоёти цадимаро дойр ба иайдоиши Навруз дар замони Ч,амшед ва Мех,ргон дар ахди Фаридун нацл карда, ойипх,ои навру supo шарх, додааст ва бо зикри ахборе дойр ба Борбади хунёгар ва сурудх,ои у ин бахшро хотима бахшидааст (17,.231-235).

Китоби дуюм унвони "ат-Точ фи ахлок, ал-мулук" (Тоднома дар ахлоци шох,он) ном дорад, ки бо истифода аз маъхазх,ои адабиёти ахди сосонй навишта шудааст ва манбаи гаронбах,ое чих,а и га x, к, и к, и тадовуми афкор ва андешаи сиёсиву ах л о к; и и тоисломии A1 (avi дар мух,ити '(ах.опшипосии исломй ба шумор меояд (мутаасифона, то кунун ба ин данбаи китоби мазкур эътибор ва таваччух,н лозим сурат нагирифтааст). Дар ин китоб бахше хос бо номи "Х,адоё ал-Мех,ра^он ва-н-Найруз мин ал-малики ва лаху" (х,адях,ои Навруз ваМех,ргон ба подшох, ва аз у) омадааст, ки дар он расми табодули х,адях,ои наврузй миёни шох,они Адам ва табацах,ои мухталифи домеа тавзех, ёфтааст (16,219-223).

Иттилооти гаронбах,ое, ки дойр ба Навруз ва ойинх,ои он дар китобх,ои фав^уззикр омадааст, дар назари аввал гуё давраи тоисломии таърихи ин дашнро инъикос мекунад, вале амалан он намое аз воцеьияти эх,ёи Навруз дар ахди Аббосиён аст. Ин матлабро ишороте, ки дар сарчашмах,о ба баргузории Навруз ва иосдории ойинх,ои он дар даврони мавриди назар рафтааст, ба куллй тасд1щ мекунад.

Берунй дар "Осор ул-бо^ия" достоин ислох,и замони Наврузро дар к,арпх,ои нахусти ислом иак,л карда ва ин достон худ далели эътибор ва эхдимоме аст, ки халифагони Аббосй ба ин дашни бостонии Адам ^оил буданд. Бино ба нацли ин донишманди фарх,ехта, замони фаро расидани Навруз, ба сабаби дар даврони исломй сарфи назар шудани кабисагирй дар солшумории хуршедй, ох,иста-ох,иста иештар мерафт ва дар ахди Аббосиён цабл аз замони табий ва воценн худ фаро мерасид. Аз

замони аслии худ дур афтодани Навруз ба низоми молиёт ва аидозситоий низ халал ворид карда, боиси муфлисии кишоварзои ва густариши фацру иодорй миёии мардум мешуд.

Бармакиёи дар симои Ях,ё ибни Холиди Бармакй дар садади он шуданд, ки ин вазъро ислох, кунанд ва замони 11авруspo ду мох, ациб биандозанд, вале душманони онх,о дар ин тасмими Ях,ё кушиши эх,ё кардани кеши ниёконаш "мачусият"-ро диданд ва уро ба таассуб бар Адам ва душманй бар Араб муттах,ам карданд. Аз ин 40с i, ки Ях,ёи Бармакй ночор аз тасмимаш даст кашид ва замони Навруз х,амоно мушавваш боцй монд (3, 52).

Баъдан халифаи аббосй Мутаваккил (847-861) барои ислох,и замони Навруз икдом иамуд. Дар ин кор у бо мубаде муътабар аз мубадони зардуштй машварат кард ва дар соли 857 ба адиб, муаррих ва мунаддими маъруф Иброх,им ибни Аббоси Сулй дастур дод, ки як^оя бо мубади мазкур "рузх,оро бишуморад ва к;онуни тапшрноиазире вазъ намояд ва аз тарафи Мутаваккил ба х,ама шах,рх,о бииависад, ки 11авруspo ба таъхир бияидозаид" (3, 52). Ин 1ЩДОМИ Мутаваккил, сарфи иазар аз ангезах,ои молиявию 1ЩТИСОДИИ он, дар раванди эх,ёву таддиди фарх,аиги ^адимаи Навруз амре муассир буд. Ин матлаб аз назари борик-бини шоири бузурги араб Бухдурй иинх,он иамоида ва у дар ситоиш аз ин икдоми халифаи аббосй гуфтааст:

Иди Навруз ба цамон р$зе, ки Ардашер нщода буд, баргашт. Ва ту пи идро, кп пайваста саргардон буд, ба ^олати нахустини худ баргардондй. (3,.52-53; 14, 6069).

Дар ин миён халифа Мутаваккил кушта шуд ва ислох,и замони Навруз ба сомон нарасид. Халифаи баъдии аббосй Муътазид (892-902) низ ба ин кор х,иммат гуморида, бо таъхири рузи Навруз онро ба замони табиии худ наздик овард (3, .53-54). Берунй бо таъкиди он, ки баъдй икдоми Муьтазид низ замони Навруз ниёз ба ислох, дошт, сабабх,ои ин вазъро баён кардааст. Аз зикри ин сабабх,о метавон сарфи иазар кард, зеро ин до худи таваччух,и дарбори аббосй ба Навруз мух,им аст, ки он маънои расмияти сиёсй касб кардани дашни бостонии Адам дар ахди Аббосиёнро дошт.

Дар х,амин ахди Аббосиён буд, ки Навруз дар баробари касби расмияти сиёсй, ба тадрид аз ^ониби доирах,ои расмии диий низ чун дашне, ки ба ты икодоти мусалмонон мухолифат надорад,

шинохта шуд. Дар осори андешамандони исломй, х,ам аз ахди тасаииуи ва х,ам аз ахди ташаййуъ, ривоятх,ое нацл шудаид, ки аксаран Навр^зро чуй дашии х,амсоз ва мувофик; бо дини ислом нишон додааид. Агааби ин ривоётро мух,авдщи эронй Ризо Шаъбонй дар пажух,иши худ бо номи "Одоб ва русуми Навруз" нацл кардааст (13,158-180). Бо сарфи назар аз такрори онх,о, х,амин нуктаро бояд таъкид кард, ки бар асари эдоди х,амсозй ва тавофуц миёни Навруз ва ойини мух,аммадй ин дашии бостонй дар нигох,и донишмандони ислом ба р^зе табдил ёфт, ки дар он хилцат огоз шуд, Худованд аз бандагонаш паймон гирифт, киштии I Iyx, ба Чуди нишаст, х,азрати Иброх,им бинои Каъбаро них,од, Ч,абраил бар Пайгамбари ислом нозил шуд ва гайра. Фазилатх,ои мазкур ба дашии бостонии Навруз рангу рух,и исломй бахшида, василах,ои х,ифз ва бакои он даши ва фарх,анги онро дар фазой дах,оншиносии нави вахдонй таъмин намуданд. Бад-ин васила, Наврузи Адам машруияти исломй иайдо кард ва на танх,о ба расму русуми вижаи навр^зй, балки ба цисмати аъзами суннатх,ои фарх,ангу тамаддуни тоисломии Адам умри дубора бахшид. Маком ва эътибори Навруз дар он даврон аз доираи як дашии мардумй фаротар буд, зеро дашии мазкур муаррифгари рух,у равони фарх,анги комилиёри Адам дар мух,ити исломй ва дар айни замой омили фаъоли муколамаи фарх,ангии Адаму Араб ба шумор мерафт.

Чунин рисолати Навруз дар адабиёти арабй ахди Аббосиён, хоссатан дар шеъри он даврон дар бехдарин вадх, инъикос ёфтааст. Шоирони бузурги арабизабони давр, мисли Абунувос (ваф.с.815), Волиба ибни хубоб (ваф.с.786), Ибни Румй (836-896), Ибни Муътазз (861-908), Абутаммом (788-845), Бухдурй (821-897), х,асан ибни Вах,б (ваф.тахм.с.850) ва дигарон дар ситоиши Навруз ва гиромидошти суннатх,ои он к,асидах,ои гаррое меофариданд ва онх,оро ба иайравй аз расми кух,ани адамй ба зимомдорони замой х,адя мебурданд. Сурудани ашъори навр^зй дар назми арабизабони он даврон ба х,адде густариш ёфт, ки адиби арабизабони эронинажод Х,амзаи Исфах,онй (883-961) мадмуае аз ин гуна шеърх,оро бо номи "ал-Ашъор ас-соира фи- и Найруз ва-л-Мех,радон" (Шеърх,ои машх,ур дар васфи Навруз ва Мех,ргон) фарох,ам овард. Ин мадмуа аз дастбурди х,аводис то замони мо эмин намондааст, вале дар замонаш ва чанд кдрп баъд

низ хеле ш^х.рат дошта ва мавриди истиноду икдибоси донишмандони асрх,ои миёна, аз чумла ЛГ>Ураих,опи Берунй rçapop гирифтааст (3,.51,79). Ашъоре, ки дар васфи Навруз (ва Мех,ргон низ) ба забони арабй эдод шуданд, пули фарх,ангие барои вуруди матолиб ва маонии адабиёти тоисломии форсу то^ик ба иазму насри араб ва василае муассир барои омезиш ва иайваиди маъиавии Адаму Араб буданд. Бо сарфи назар аз зикри шавохрди зиёд дар тасдици ^нлвах,он Навруз ва суинатх,ои фарх,ангии Адам дар шеъри арабии он даврон (ки худ макулаи вижа аст ва шарху тавзех,аш мацолаи дигар мехох,ад), таих,о ду байти шоири маъруфи араб Кушодимро ба х,айси намуиаи муколамаи шоиронаи а^амиву арабй дар тардумаи тахдуллафз меорем:

Чун Наврузро дарёфтам, аз суннатх,ои он иошидани обу афрухтанп оташро иисандидам.

Ва ман низ аз шури ишц б а танкой Навруз барио кардам бо оташп цалбу оби дидагонам (9,466).

Бар асари чунин муколамаи маънавй дар шеъри араб навъи дадид "навр^знёт" арзи вудуд кард, дар хусниёти шеър тах,аввуле аз тасвири манзарах,ои якнавохту колабии бодияву регзорои ба нигориши табиати афсункори бах,ор ва васфи зебоии богу гулистон руй намуд. Аз дониби дигар, ин муколама ба х,ифзу эх,ёи суинатх,ои фарх,ангу маънавиёти Адам дар колабн дах,оншиносии исломй ва х,амбастагии фарх,аигии Адаму Араб мусоидат намуд. Дар натида, таърих ва апду\1ах,ои сиёсиву маъиавии тоисломии Адам дар баробари арзишх,ои тамаддуни исломй эътибор ва ах,амият иайдо карданд, Рустами Дастон чун рамзи шудоат, Хусрави Анушервон чун рамзи адолат, Бузургмехри Бахтакон чун рамзи х,икмат ва дигар цахрамоноии асотириву таърихии Адам, ки саросар "мадусй" буданд, бо х,укук,и комил ба адабиёти арабй ва форсй-тодикии мусалмоий ворид шуданд, Навруз ва дашнх,ои дигари тоисломии адамй х,ампо ва х,амгом бо идх,ои муцаддаси исломй царор гирифтаид. M и едок, и ин матлабро, дарвоцеъ, дар байти зерин аз як мадх.ияиАб^иувос метавон иайдо кард, ки дар он шоир саховату давонмардии мамдух,ашро мавриди ситоиш царор дода, рузх,ои мех,моииашро дар назди у ба рузх,ои Наврузу Мех,ргои монаид кардааст ва ин дашнх,ои тоисломии адамиро дар як саф бо идх,ои исломии арабй гузоштааст:

...Родмарде, кидуррзамдар \узурп$, грй, ррз^ои иди Фптру иди К,урбон ва ё Навр^зу Ме^ргон буданд (2,654).

Х,амин тарик„ истилои Араб бар Хуросони Бузург бо истилои фарх,ангии Адам бар цаламрави тамаддуни арабй-мусалмонй ба поён расид. Миёни ин ду истило тафовутх,ои куллй мавдуд буданд. Истилои аввал бо зурн силоху сииох, амалй гардид, истилои дуюм бошад, бо нерун фарх,анг ва муколамаву х,амсозии маънавй сурат шрифта, дар равандн он Навруз пакдие хувиятсоз ва х,айсиятзоро бар у^да дошт.

ПАЙНАВИШТ

1. Абулфарад ал-Исфах,онй. Китоб ул-агонй. ^илдх.ои 1-20. ал-К,ох,ира (б.т.)

2. Аб^нувос. Девон. -Бейрут, 1963

3. Берунй, Абурайх,он. Осор-ул-бок;ия. Тардумаи Акбари Доносиришт. -Тех,рон: Ибни Сино, 1352 ш

4. Зох,идов Н. Насри арабизабони адабиёти форсу тодик дар асрх,ои УПЫХ, сс. 45-91).-Худанд: Ношир, 1999

5. Ибни Аби-л-х,адид. Шарх,и «Нахд ул-балога» К,ум, 1961, д. 11.

6. Ибни Исфандиёр. Тарихи Табаристон. Ба тасх,ех,и Аббос Ик;бол. -Тех,рон: Кулолаи Ховар, 1366 ш.

7. Ибни Надым. Китоб-ул-Фихрист. Ба тасх,ех,и Ризо Тададдуд. -Тех,рон, 1973/1393 х,.

8. Ибни Х,адар. Маноциби Имоми Аъзам. Та^ияи А.Риёсов ва А.Амонов. - Худанд, 2011

9. Кушодим, Махмуд ибн-ал-х.асан. Девон. -Бейрут, 1969 Ю.К,алк;ашандй.Субх,-ул-аъшо фй синоат ал-иншо.- ал-К,ох,ира, 1383*,.

11. Масъудй, Алй ибни х,усайн. Ат-Танбих, ва-л-ишроф. Тардумаи Абулцосими Поянда. -Техрон,1365 ш.

12. Му^аммадй М. Фарх,анга эронй пеш аз ислом ва осори он дар тамаддуни исломй . -Техрон: Т$с, 1364 ш.

13. Ризо Шаъбонй. Одоб ва русуми Навруз. -Душанбе, 2008

14. Табарй, Мух,аммад Ч,арир. Таърих ур-русул ва-л-мулук. Ч,. 1-15. Тарфумаи Абулцосими Поянда. -Техрон, 1352-1353 ш.

15. Таърихи Кум. - Техрон, 13357 ш.

16. Ч,ох,из. Китоб ут-Тод фи ахлок; ал-мулук. -Бейрут, 2003

17. Ч,ох,из. ал-Ма^осин ва-л аздод. -Бейрут, 1419/1999.

Вклад Навруза в ирано-арабский культурный синтез первых веков ислама

Н.Зохидов

Ключевые слова: Навруз, арабское завоевание, доисламская персидско-таджикская культура, ирано-арабский культурный синтез

Статья посвящена рассмотрению факторов сохранения и развития традиций древнейшего доисламского праздника иранских народов Навруз в эпоху завоевания Ирана арабами.

Особое внимание уделено также определению вклада Навруза в ирано-арабский культурно-литературный синтез первых веков ислама.

Navruz Contribution into Iranian-Arabic Cultural Synthesis of the first Centuries of Islam

N. Zokhidov

Key words: Navruz, Arabic conquest, pre-Islamic Persian-Tajik culture, Iranian-Arabic cultural synthesis

The article dwells on the factors which promoted the preservation and development of the traditions of Navruz - the most ancient pre-Islamic holiday of the Iranian peoples in the epoch of the Arabian conquest of Iran.

Special attention is paid also to the determination of Navruz contribution into the Iranian-Arabic cultural-literary synthesis which took place in the early ages of Islam.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.