Научная статья на тему 'МУЛОҲИЗАҲО ПЕРОМУНИ ТАРЗИ ТАЪЛИМИ ИБОРА'

МУЛОҲИЗАҲО ПЕРОМУНИ ТАРЗИ ТАЪЛИМИ ИБОРА Текст научной статьи по специальности «Науки о Земле и смежные экологические науки»

303
14
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
сарф / наҳв / иборасозӣ / тобеъкунанда / зарб / муайяншаванда / калимаи асосӣ / камонак / изофӣ / пешоянд / пасоянд / оҳанг. / adverb / grammar / phrase / subordinate / multiplicative / definite / main word / arrow / adverb / prefix / suffix / melody

Аннотация научной статьи по наукам о Земле и смежным экологическим наукам, автор научной работы — Ҳикмат Султонович Ҳикматов

Ибора яке аз воҳидҳои наҳвии забон буда,омӯзиши он дар мактабҳои таълимоташон умумӣ тавассути фанни “Забони тоҷикӣ” амалӣ мегардад. Таълими ибора дар мактаб ҳанӯз аз синфҳои ибтидоӣ ба тарзи соддаю оддӣ оғоз мегардад. Омӯзиши пурратар ва комилтари он дар синфи 5 аз фанни “Забони тоҷикӣ” ба роҳ монда шудааст. Ин мавзӯъ баробари хондани фанни мазкур қариб дар ҳамаи синфҳо тибқи салоҳдиди омӯзгор гаштаву баргашта ѐдрас карда мешавад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

CONSIDERATIONS ON TEACHING OF EXPRESSION

The phrase is one of the grammatical units of the language, and its teaching is carried out in schools with the subject "Tajik language". Teaching phrases in school starts from the elementary grades in a simple and straightforward way. The most complete and complete study of the subject "Tajik language" is conducted in the 5th grade. This topic is mentioned again and again in almost all classes at the discretion of the teacher.

Текст научной работы на тему «МУЛОҲИЗАҲО ПЕРОМУНИ ТАРЗИ ТАЪЛИМИ ИБОРА»

Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 12 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-12-307-314

МУЛОХИЗАХО ПЕРОМУНИ ТАРЗИ ТАЪЛИМИ ИБОРА

^икмат Султонович Хикматов

устоди кафедраи адабиётшиносии узбеки Донишкадаи давлатии педагогии Чирчики вилояти Тошканд

АННОТАТСИЯ

Ибора яке аз вохидхои нахвии забон буда,омузиши он дар мактабхои таълимоташон умумй тавассути фанни "Забони точикй" амалй мегардад. Таълими ибора дар мактаб хануз аз синфхои ибтидой ба тарзи соддаю оддй OFOЗ мегардад. Омузиши пурратар ва комилтари он дар синфи 5 аз фанни "Забони точикй" ба рох монда шудааст. Ин мавзуъ баробари хондани фанни мазкур кариб дар хамаи синфхо тибки салохдиди омузгор гаштаву баргашта ёдрас карда мешавад.

Калимахои такяго^й: сарф, нахв, иборасозй, тобеъкунанда, зарб, муайяншаванда, калимаи асосй, камонак, изофй, пешоянд, пасоянд, оханг.

CONSIDERATIONS ON TEACHING OF EXPRESSION

ABSTRACT

The phrase is one of the grammatical units of the language, and its teaching is carried out in schools with the subject "Tajik language". Teaching phrases in school starts from the elementary grades in a simple and straightforward way. The most complete and complete study of the subject "Tajik language" is conducted in the 5th grade. This topic is mentioned again and again in almost all classes at the discretion of the teacher.

Keywords: adverb, grammar, phrase, subordinate, multiplicative, definite, main word, arrow, adverb, prefix, suffix, melody.

МУЦАДДИМА

Вобаста ба стандарти давлатии таълим боби ибора ва хелхои он зина ба зина омузонида мешавад. Дар тахлили боби "Ибора" калимахои сарф, нахв, иборасозй, тобеъкунанда, тобеъшаванда, зарб, муайянкунанда, муайяншаванда, калимаи асосй, камонак, изофй, пешоянд, пасоянд, оханг, хамчунин калимахои такягохй мавриди истифода карор мегиранд.

Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 12 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-12-307-314

Мавриди омузондани боби "Ибора" омузгор бо мисолхои оддй ба таври содда бояд мавзуъро ба талабагон кушода дихад. Зеро машFулиятхо доир ба ибора барои аз худ кардани кисми сарф (морфология) чихати омузиши шаклу сохти калимахои алохида ва барои омухтани сохти чумлахо дар илми нахв (синтаксис) замина мухайё менамояд...

Х,амин аст, ки хангоми омузондани ин мавзуъ ба чандин масъалахо, монанди фарки ибора аз калима, чузъхою хелхои он аз чихати маъно ва таркиб чудо кардани ибора аз байни чумла, воситаи алокаи чузъхои он, сохти ибора эътибори чиддй додани омузгорон шарт ва зарур аст. Бинобар ин раванди мазкур аз омузгор дониши амику мукаммал ва масъулияти бештарро талаб менамояд. Зеро дар назари аввал омузондани боби ибора хеле содда менамояд. Вале хамин ки аз тарики илмиву методй дакиктар назар афканем, чараёнест, ки мушкилихои печ дар печ дорад.

ТАХЛИЛИ АДАБИЁТ ВА МЕТОДОЛОГИЯ

Ба мо маълум аст, ки дар каламрави Ч,умхурии Узбекистон дар мактабхое, ки таълим ба забони точикй сурат мегирад, омузиши бевоситаи ибора аз синфи 5 оFоз меёбад. Ва айнан ин мавзуъ дар боби "Нахв ва аломатхои китобат" дар дарсхои 6-7 бо номи "Ибора ва калимахои асосй" аз сахифаи 12 -ум то сахифаи 15-уми китоби дарсй (Т.Чориев, "Забони точикй,нашр."Узбекистон",2020) омузонда мешавад. Айни муддаост, ки он бо таърифи ибора сар мешавад. Омузгор бояд коидаи онро тавре, ки дар китоби дарсй омадааст, яъне "ду ва ё зиёда калимахои мустакилмаъное, ки аз чихати маъно ва муносибати грамматикй ба хамдигар алокаманд шуда, мафхуми мураккабро ифода мекунанд, ибора номида мешаванд", баррасй кунад. Ва айнан дар худи хамин чо аз омузгор талаб карда мешавад, ки ба масъалаи сохта шудани иборахо эътибор дихад. Зарур аст, ки омузаи коидаро як бори дигар ба талабагон хотиррасон намуда, аз онхо пурсад, ки чаро коидаи ибора бо ифодаи "ду ва ё зиёда..." OFOЗ ёфт.Бо максади мукоиса водор кунад, ки аз синфхои поёнй коидаи дар бораи чумла аз ёд карданашонро ба хотир оранд. Яъне, "ду ва ё зиёда калимахои ба хам алокаманд, ва ё калимахои чудогонае, ки фикри тамомшударо мефахмонад, чумла номида мешавад".(Т.Чориев, Забони модарй, синфи 4, Сах. 111, Нашр. "Узбекистон", 2015). Пас аз он омузгор саволхои зеринро ба донишомузон медихад: "Фарки коидахо дар чист, чаро дар коидаи чумла калимахои чудогона оварда шудааст, барои чй чумла фикри

Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 12 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-12-307-314

тамомшударо мефахмонад ва ибора бошад фикри мураккабро ва монанди инхо? Мукоисаи онхоро ба худи хонандагон хавола менамояд. Шояд талабагон дар фахми саволхои боло очизй кашанд, аммо аник аст, ки онхо дар пайи дарёфтани чавоби саволхо хотирахои худро ба ангезиш медароранд. Метавон дар ин бахш якчанд мисолхо дар тахтаи синф нависта, фаркияти онхоро гаштаю баргашта талабагон пурсад.

МУХОКИМА

Айнан дар худи хамин чо омузгорро зарур аст, ки сари хар як калимаи коидаи ибора, фаразан доири истилохи "грамматика" ва "мураккаб" ист намуда, онхоро тавзех дихад. Калимаи "грамматика"-ро ба тарики умумй шарх дода, мачмуи сарфу нахвро хотиррасон намояд ва ба сохти калимахо тааллук доштани мафхуми "мураккаб"-ро гуфта гузарад. Хдмчунин вай метавонад, чихати комилтар фахмондани мавзуи ибора, дар тахтаи синф чумлаи соддаи машки 25-ро аз китоби дарсй пурра карда дар тахтаи синф нависад. Ва аз онхо талаб намояд, ки чумлаи "Дили модар аз мехру вафо лабрез гардид" -ро ба хиссахои хурду калон чудо намояд ва ракамгузорй кунонад. Масалан, "дили модар" (1), "аз мехру вафо" (2), "лабрез гардад" (3). Сипас, воситаи алокаи байни калимахоро ба тарзи оддй шарх дода гузарад. Дар ифодаи "дили модар" пайвандшавии ду калимаи мустакили "дил" ва " модар"-ро фахмонда, воситаи алокаи изофй (и)-ро эзох дихад. Аз пайванди ду калимаи соддаи мустакил ба воситаи алокаи изофй (и) ба вучуд омадани ибораро фахмонад. Дар ифодаи дуюм бошад, мураккабтар шудани чараёни сохта шудани ибора ва истифода шудани пешоянду пайвандакро хам ба тарзи содда гуфта гузарад. Ва зиёд шудани чузъхои ибораро хотиррасон намояд. Дар ифодаи сеюми "лабрез гардид" ба воситаи чй ба хам алокаманд шудани калимахоро аз талабагон тавассути савол талаб мекунад. Айнан, дар хамин чо муаллим вазифадор аст, ки воситаи алокаи ибораи якумро , ки худаш пештарак фахмонда буд, аз талабагон пурсад, ибораи дуюмро, ки пешоянду пайвандак дорад, бори дигар ба ёд орад ва ибораи сеюмро ба худи хонандагон хавола кунад. Дар сурати ёфтани онхо раFбатнок менамояд, вагарна оханг воситаи алокаи маъмули иборахо буданашро мефахмонад.

Пас аз ин ба шархи иборахои дар китоби дарсй, ки тарики мисол баробари коидаи он оварда шудаанд, мепардозад. Ногуфта намонад, ки машкхои 22 ва 23-юми китоби дарсиро ба худи хонандагон вогузор кардан мумкин аст, зеро

Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 12 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-12-307-314

тибки талаби машки 22, ки чунин аст: "Калима ва иборахоро дар алохидагй номбар кунед", онхо чандон мушкилй намекашанд. Талаби машки 23-юми китоб низ "Аз калимахо ибора созед ва фарки онхоро гуед"аст,доири мавзуъ мавриди кабул аст. Аммо хангоми ичрои машки 24, ки матлаби он чунин аст: "Порчаи шеъриро хонед, иборахоро муайян намуда, ба дафтар руйбардор кунед:

Сарчашмаи хаёти чахонанд модарон,

Зиннатфизои давру замонанд модарон.

Сидку сафои оламиёнанд модарон,

Бахту саодати дилу чонанд модарон. (Боцй Рауимзода).

Ба омузгор лозим аст,ки талаби машкро бо хамрохии талабагон ичро кунад. Чунки ба иборахо чудо кардани сатрхои шеърй ба талабагон мушкилихо дорад. Дар ин боб зарур аст, ки вай чихати сохти иборахо ёдовар шуда, ба иборахои содда чудо карда навистани онхоро фахмонда дихад. Пас аз навистани иборахои соддаи мисраъхо дар бораи воситаи алокаи онхо саволу чавоб ташкил мекунад. Машки 25, ки аллакай чумлаи якумаш дар боло ба иборахо чудо карда, фахмонда дода шуда буд, айнан давом дода мешавад. Пас аз он аз руйи нишондоди китоби дарсйичрои бахши "саволхо барои санчиши дониш" OFOЗ мегардад. Дар ин бахш кушиш карда мешавад, ки тамоми ахли синф ба саволу чавоб иштирок намуда, ба таври мушаххас чавоби саволхоро аз худ намоянд ва доир доир ба онхо мисолхо оварда фаркиятхоро аник карда тавонанд. Машки 26-уми марбути дарси 6, ки матлаби он чунин аст: "Иборахои зеринро хамчун накша истифода баред ва дар мавзуи "Таътили тобистони ман" баён нависед, баён нависед" ба талабагон вазифаи хонагй супурда мешавад.

Х,амин тавр соати якуми барои бахши "Ибора" чудо кардашуда, омузонда мешавад. Дарси 7, ки дар сахифаи 19-уми китоб оварда шудааст, "Калимахои асосй ва тобеъ дар ибора" ном дорад.

Дар ин соати дарсй омузгор метавонад, ки дар тахтаи синф ибораи содда нависта, аввал аз талабагон аз чанд чузъ ё аз чанд калимаи мустакил сохта шудани онхоро пурсад.

Сипас, ба фахмондани мавзуъ пардохта мегуяд, ки дар ибора яке аз калимахо асосй буда, бокимонда барои шархи он меоянд. Калимаи асосй тобеъкунанда (муайяншаванда), калимаи шарху эзохдиханда-тобеъшаванда (муайянкунанда) ба шумор меравад. Дар вакти муайян кардани вазифаи калимахои ибора истилоххои тобеъкунанда, тобеъшаванда ё ин ки

Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 12 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-12-307-314

муайяншаванда, муайянкунанда интихоб карда мешавад. Дар болои калимаи тобеъкунанда аломати зарб (х) ва дар болои калимаи тобеъшаванда аломати камонак гузошта мешавад. Калимаи тобеъкунанда бо калимаи тобеъшаванда бо воситаи бандаки изофй (и) ва бе иштироки он ба хамдигар алокаманд мегарданд. Дар ибора кадом хиссаи нутк асосй - тобеъкунанда бошад, ибора хамон номро мегирад. Агар калимаи асосии ибора исм бошад, онро ибораи исмй, сифат бошад, ибораи сифатй, шумора бошад, ибораи шуморавй, чонишин бошад, ибораи чонишинй, феъл бошад, ибораи феълй, зарф бошад, ибораи зарфй меноманд гуфта, ба хонандагон маълумоти назарй дода мешавад.Факат вакти фахмондани мавзуъ дар болои иборае , ки дар тахтаи синф нависта шуда буд, аломати ишоратиии калимахои асосй ва тобеъкунанда, яъне зарб ва камонакро гузошта нишон медихад.

Пас, биёед, дар ин бахш аз мисолхои худи мавзуъ дур нарафта тарзи фахмондани рохи осонй онро пеш мегирем. Масалан, ба машки 27-уми китоб руй меоварем, ки матлаби он чунин аст: "Калимахои асосй ва тобеи иборахоро муайян кунед: "Парчами давлатй, мактуб навиштан". Дар тахтаи синф ин ду ибораро менависем.

НАТИ^АХО

Чи хеле ки мавриди фахмондани коидаи назарй гуфта гузаштем, дар ибора яке аз калимахо асосй буда, бокимонда ба шархи он меоянд ва агар чунин бошад, кадоми ин калимахоро асосй мехисобем ва барои чй? Дар ин маврид аз руйи савол муайян кардани калимаи асосиро омузондан хубтар аст. Масалан, парчами давлатй - чй хел парчам? Ба хонандагон фахмондан зарур, ки бо аввалин саволи гузошташуда, ки бо он чузъи тобеъ муайян карда мешавад, калимаи тобеъкунанда низ номбар мешавад.

Пас аз фахмондани ин ду мисол ба таври киёсй, аллакай донишомузон маълумоти умумии муайян кардани калимаи асосй ва тобеъро ёд мегиранд. Ва хамин тавр, машкхои 27,28-уми китоб аз чониби талабагон ичро карда мешавад. Машки 29-уми китоби дарсй аз чониби омузгор шарх дода мешавад, зеро хануз хонандагони ин синф дар бораи муайян кардани хели иборахо маълумоти казой надоранд. Хдрчанд, омузгор ба иборахои содда ва мураккаб маълумот дода бошад хам, доир ба иборахои нахвию фразеологй, ки онхо дар синфхои болой шинос мешаванд,маълумот намедихад.

Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 12 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-12-307-314

Ичрои машкхои 30 ва 31-уми китоб хам хатман зарур аст, ки бо ёрии омузгорон мавриди тахлил карор бигиранд, зеро дар китоби дарсй бо василаи бандаки изофй сохта шудани иборахо мисолхои фаровон оварда шуда бошад хам, дар хусуси бо пешоянду пасоянд ва оханг сохта шудани иборахо ба таври алохида ягон маълумот оварда нашудааст. Дар хусуси сохта шудани иборахо ба тарзи зайл маълумот оварда мешуд,айни муддао мебуд:

Алокаи калимахо дар ибора

Бо бандаки изофй Бо пешоянду пасоянд Бо оханг

Мани хушбахт Халки мо Шахси бохунар Китоб хонданро Аз шодй сустар Ба дарс омадан Бисёр зебо Охиста омадан Донотарин талаба

Дар поёни машки 31 бахши "саволхо барои санчиши дониш" оварда шудааст, ки ин аз омузгор талаб мекунад, ки чихати мустаккам кардани дарс ин саволхоро байни худи донишомузон ташкил намояд. Диккати хонандагонро пурра ба маводи омухташуда чамъ намуда, аз дарси пешин низ метавонанд саволхо илова намояд. Хдтман, ба диккати донишомузон бояд хатмй будани аз ёд кардани коидаи ибораро расонад. Дар хотимаи дарс машки 32 вазифа супорида мешавад.

ХУЛОСА

Ин чо бамавкеъ аст, ки оид ба бурду бохти мавзуи мазкур дар китоби дарсй баъзе андешахои худро чихати хулоса иброз намоем. Умуман, мавзуи мазкур дар китоби дарсй ба таври зарурй халлу фасл ёфтааст. Овардани машкхо доир ба мавзуъ дар хадди меъёр мебошад. Дархакикат, чузъхои иборахои марбути мавзуъ низ аз калимахои мустакили соддамаъно оварда шудаанд. Яъне, омузгор хам ва худи донишомузон хам барои дарки маънии калимахо ба луFOти иловагй эхтиёч пайдо намекунанд. Бояд гуфт,ки дар таълими мавзуъхои дарсии кариб аксари китобхои дарсй чунин муаммову мушкилихо хам ба омузгору хам ба хонандагон пеш меоянд.

Аз ин ру зарур аст, ки доир ба мавзуи мазкур, яъне иборахо чи хеле ки дар боло тарики мисол накшаро овардем, мебоист, ки барои боз хам пурратару васеътар кушода додани мавзуъ тавассути бо пешоянду пасояндхо ва оханг сохта шудани иборахо хангоми таълими мавзуи дарси 7, яъне "калимахои асосй

Google Scholar Scientific Library of Uzbekistan

Academic Research, Uzbekistan 312 www.ares.uz

Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 12 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-12-307-314

ва тобеъ дар ибора" маълумоти пурра оварда мешуд, нуран аъло нур мегардид. Зеро таълими дуруст ва возехи ибора барои инкишофи нутки мураттаби хонандагон хазинаи бебахост...

REFERENCES

1. Таваккал Чориев, Забони модарй, с.5, - Тошканд,"Узбекистон", 2015.

2. С. Шербоев, Таълими баъзе масъалахои синтаксисии забони точикй,

- Душанбе, "Маориф" 1992.

3. Т. Чориев, Забони модарй, с.4, - Тошканд., "Узбекистон" 2020.

4."Фарханги забони точикй", (чилдхои 1,2) - Москва, 1969.

5. Н. Холикова. Узбек мумтоз адабиётида хотин-кизлар образининг бадиий тадрижи (Ширин образи мисолида). Academic Research in Educational Science, 2020. Volume 1, Issue 3, - Pp. 514-519.

6. Н. Холикова. Олам ахли билингизким, иш эмас душманлот. Academic research in educational sciences, Volume 2, Issue 2, 2021. - Pp. 624-631.

7. Н. Холикова. Cho'lpon lirikasida mazlum xalq tasviri. Academic Research In Educational Sciences, Volume 2, Issue 2, 2021. - Pp.10-14.

8. Н. Холикова. Адабиёт дарсида "Уткан кунлар" ва хотин-кизлар образи талкини" мавзусини утишда кластер усулидан фойдаланиш. Pedagogical Education Cluster: Problems and Solutions // International Conference. Uzbekistan, Chirchik, 2021. Pp. 341-345.

9. Н. Холикова. Мерос илмлар маърифат манбаи (Учинчи Ренессанс хакида уйлар). Scientific progress, Volume 1, Issue 1, 2020. - Pp. 120-126.

10. X,. Кучкоров. Мавкеи Чдвдат дар хаёти адабии Самарканд. ALMA MATER.

- Samarqand: SamDCHTI nashri. 2020. 62-65 b.

11. X. Кучкоров. Жавдат уз даври ислохотларининг тарFиботчиси. ИНТЕРНАУКА. Научный журнал. № 12(141), Часть 3. - Москва. 2020. стр. 7980.

12. ХКучкоров. Жавдат ва унинг Самарканд адабий хаётида тутган урни. ИНТЕРНАУКА. Научный журнал. № 13(142), Часть 2. - Москва. 2020. стр. 8990.

13. ХКучкоров. Жавдат ижодида панд-ахлок мавзуси ва унинг ёш авлод тарбиясидаги урни. SCIENCE AND EDUCATION. Scientific journal. Volume 1, Issue 2.- Qo'qon. 2020. pp. 606-612.

Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 12 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-12-307-314

14. X,. Кучкоров. Таълим-тарбия жараёнида миллий кадриятларнинг урни. SCIENCE AND EDUCATION. Scientific journal. Volume 1, Special issue 3. -Qo'qon. November 2020. pp. 158-164.

15. Kh. Kuchkorov. Abdurahmoni Jomi's pedagogical ideas on science, teaching, friendship and people's friendship. ЭКОНОМИКА И СОЦИУМ. Выпуск №4(83) (апрель, 2021) часть 1. 174-177 б.

16. Хикматов, X. С. (2021). МУЛОХИЗАЕ ЧАНД БА НОМИ ЯК ДЕХАИ НУРАТО. Academic Research in Educational Sciences, 2(11), 1466-1470.

17. Хикматов, X. C. (2021). ТАФСИРИ МУХТАСАР МЕБОЯД. Academic Research in Educational Sciences, 2(10), 1008-1013.

18. Kh. Kuchkorov. The Position Of The Band In Persian-Tajik Poetry. INTERNATIONAL JOURNAL OF ACADEMIC MULTIDISCIPLINARY RESEARCH. ISSN: 2643-9670 Vol. 5, Issue 4, April - 2021, Pp. 259-260.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.