Научная статья на тему 'МЕТОДҳОИ РУШДИ қОБИЛИЯТИ ЗЕҳНИИ ХОНАНДАГОНИ ХУРДСОЛ'

МЕТОДҳОИ РУШДИ қОБИЛИЯТИ ЗЕҳНИИ ХОНАНДАГОНИ ХУРДСОЛ Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
609
49
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИНТЕЛЛЕКТУАЛЬНЫЕ СПОСОБНОСТИ / ПОЗНАВАТЕЛЬНЫЙ ПРОЦЕСС / ВОСПРИЯТИЕ / НАБЛЮДАТЕЛЬНОСТЬ / СРАВНЕНИЕ / АНАЛИЗ / ЛОГИКА НАУЧНЫХ ЗНАНИЙ / МОТИВАЦИЯ ОБУЧЕНИЯ / ТЕОРЕТИЧЕСКИЕ ЗНАНИЯ / ДОСТИЖЕНИЯ УЧЕНИКА / УМСТВЕННЫЙ ТРУД / РАЗВИТИЕ ВНУТРЕННЕГО ПОТЕНЦИАЛА / INTELLECTUAL ABILITIES / COGNITIVE PROCESS / PERCEPTION / OBSERVANCE / COMPARISON / ANALYSIS / LOGIC OF SCIENTIFIC KNOWLEDGE / MOTIVATION FOR LEARNING / THEORETICAL KNOWLEDGE / STUDENT'S ACHIEVEMENTS / MENTAL WORK / DEVELOPMENT OF INTERNAL POTENTIAL / қОБИЛИЯТИ ЗЕҳНӣ / РАВАНДИ МАЪРИФАТ / ДАРККУНӣ / МУШОҳИДАКОРӣ / МУқОИСА / ТАҳЛИЛ / МАНТИқИ ДОНИШҳОИ ИЛМӣ / ВАҷҳИ ТАЪЛИМ / ДОНИШҳОИ НАЗАРИЯВӣ / МУВАФФАқИЯТИ ХОНАНДА / МЕҳНАТИ ФИКРӣ / РУШДИ ИМКОНИЯТҳОИ ДОХИЛӣ

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Раҳмонова Д. З., Ғафорова С.

Дар мақолаи мазкур оид ба методҳои рушди қобилияти зеҳнии хонандагони хурдсол маълумот дода шудаааст. Қайд карда мешавад, ки дар ҷаҳони муосири зудтагйирёбанда ва пур аз тазодҳо бояд мутахассисоне тарбия шаванд, ки дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварию амалигардонӣ, тагйирпазирӣ, ӯҳдабароӣ, масъулияти созандагиву бунёдкориро дошта бошанд. Онҳо бояд шахсони бомаърифат, аз ҷиҳати маънавӣ-ахлоқӣ устувор ва кордоне бошанд, ки роҳҳои дастрас кардани ахборро тавассути воситаҳои гуногун интихоб намуда, онро таҳлил, таркиб ва арзёбӣ карда, масъалаҳои мураккаби олами атрофро дарк кунанд, мушкилиҳои гуногуни таълимию ҳаётиро пешгӯӣ ва ҳал карда тавонанд. Зеро инсон талаботҳои моддиву маънавие дорад, ки барои қонеъ гардонидани онҳо аз олами воқеӣ истифода мебаранд. Самтҳои асосӣ дар ҳалли вазифаҳои дар хонандагон ташаккул додани маҳорати омӯхтану таҳсил намудан, фикр рондан, амалӣ намудани алоқаҳои байнифаннии ҳалли муаммоҳои умдаи фаъолияти таълимӣ таҳлил карда шудаанд. Барои ташаккул додани қобилияти таълимӣ - маърифатии хонандагон якчанд методикаҳои кор нишон дода шудаанд, ки аз тарафи муаллимони синфҳои ибтидоӣ истифода шуда метавонанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Похожие темы научных работ по наукам об образовании , автор научной работы — Раҳмонова Д. З., Ғафорова С.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

METHODS OF INTELLECTUAL ABILITIES DEVELOPMENT WITH JUNIOR SCHOOL CHILDREN

At the contemporary rapidly changing society there increases a need for upbringing of such individual who would have the following qualities: initiative, organization, into the bargain, he/she should be able to bear responsibility for the bright future of his/her country. They must be intellectually developed, cultural, well-mannered and own the skills of communication, studies, analysis and evaluation of information correctly and comprehensively perceiving the complex tasks that the social environment offers them. A human-being has needs that are met by the environment.The article under consideration adduces information concerning the methods of development and intellectual abilities of primary school students. Knowledge is interpreted as a result of cognitive process, as a product of cognitive activity and as a means of changing reality. The quotation is cited from the book of academician M. Lutfulloev.Into the bargain, the author indicates the main streamlines targeted at a solution of such problems as the development of cognition and learning skills, decision of tasks connected with educational activities.In order to develop the intellectual abilities of students the author proposes several methods that can be successfully resorted to in primary school teacher's activities.

Текст научной работы на тему «МЕТОДҳОИ РУШДИ қОБИЛИЯТИ ЗЕҳНИИ ХОНАНДАГОНИ ХУРДСОЛ»

УДК 371.9 ББК 74.3

Ра^монова Дилбар Зикриёевна, н.и.п., дотсенти кафедраи педагогикаи ицтимой ва касби; Рафорова Сурайё Пулотцоновна, докторанти ихтисоси таусилоти ибтидоии МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Гафуров» (Тоцикистон, Хуцанд)

Рахманова Дилбар Зикриёевна, к.пн., доцент кафедры социальной и профессиональной педагогики Гафорова Сурайё Пулотджоновна, докторант специальности начальное образование ГОУ "ХГУ имени акад.Б. Гафурова" (Таджикистан, Худжанд)

Rakhmanova Dilbar Zikrievna, candidate of pedagogical sciences, Associate Professor of the department of social and professional pedagogy;Email: [email protected];Gaforova Surayo Pulotdzhonovna,

doctoral student specializing in primary education of the pedagogical faculty under the State Educational Institution "Khujand State University named after acad. Gafurov"

Вожа^ои калиди: цобилияти зеунй, раванди маърифат, дарккунй, мушоуидакорй, муцоиса, таулил, мантици донишуои илмй, вацуи таълим, донишуои назариявй, муваффацияти хонанда, меунати фикрй, рушди имкониятуои дохилй

Дар мацолаи мазкур оид ба методуои рушди цобилияти зеунии хонандагони хурдсол маълумот дода шудаааст. К,айд карда мешавад, ки дар цауони муосири зудтагйирёбанда ва пур аз тазодуо бояд мутахассисоне тарбия шаванд, ки дорои сифатуои ташаббускорй, навоварию амалигардонй, тагйирпазирй, уудабарой, масъулияти созандагиву бунёдкориро дошта бошанд. Онуо бояд шахсони бомаърифат, аз циуати маънавй-ахлоцй устувор ва кордоне бошанд, ки роууои дастрас кардани ахборро тавассути воситауои гуногун интихоб намуда, онро таулил, таркиб ва арзёбй карда, масъалауои мураккаби олами атрофро дарк кунанд, мушкилиуои гуногуни таълимию уаётиро пешгуй ва уал карда тавонанд. Зеро инсон талаботуои моддиву маънавие дорад, ки барои цонеъ гардонидани онуо аз олами воцей истифода мебаранд. Самтуои асосй дар уалли вазифауои дар хонандагон ташаккул додани мауорати омухтану таусил намудан, фикр рондан, амалй намудани алоцауои байнифаннии уалли муаммоуои умдаи фаъолияти таълимй таулил карда шудаанд. Барои ташаккул додани цобилияти таълимй - маърифатии хонандагон якчанд методикауои кор нишон дода шудаанд, ки аз тарафи муаллимони синфуои ибтидой истифода шуда метавонанд.

Ключевые слова: интеллектуальные способности, познавательный процесс, восприятие, наблюдательность, сравнение, анализ, логика научных знаний, мотивация обучения, теоретические знания, достижения ученика,умственный труд,развитие внутреннего потенциала.

В данной статье даётся информация о методах развития и интеллектуальных способностях учащихся начальных классов. Отмечается, что в современном быстроменяющемся обществе возрастает потребность в воспитании такой личности, которая обладала бы такими качествами, как инициативность, организованность, творческими способностями, а также несла ответственность за светлое будущее своей страны. Они должны быть интеллектуально развитыми, культурными и воспитанными, иметь навыки общения, изучения, анализа и оценки информации, правильно и всесторонне воспринимая сложные задачи, которые им предоставляет социальная среда. Человек имеет такие потребности, которые удовлетворяются посредством окружающей среды. Указываются основные направления решения таких задач, как развитие навыков познания и обучения, решение задач, связанных с учебной деятельностью.С целью развития интеллектуальных способностей учащихся авторами предлагаются несколько методик, которые могут успешно использоваться в деятельности учителя начальных классов.

МЕТОДУОИ РУШДИ ЦОБИЛИЯТИ ЗЕУНИИ ХОНАНДАГОНИ ХУРДСОЛ

МЕТОДЫ РАЗВИТИЯ ИНТЕЛЛЕКТУАЛЬНЫХ СПОСОБНОСТЕЙ МЛАДШИХ ШКОЛЬНИКОВ

METHODS OF INTELLECTUAL ABILITIES DEVELOPMENT WITH JUNIOR SCHOOL CHILDREN

Key words: intellectual abilities, cognitive process, perception, observance, comparison, analysis, logic of scientific knowledge, motivation for learning, theoretical knowledge, studenfs achievements, mental work, development of internal potential

At the contemporary rapidly changing society there increases a need for upbringing of such individual who would have the following qualities: initiative, organization, into the bargain, he/she should be able to bear responsibility for the bright future of his/her country. They must be intellectually developed, cultural, well-mannered and own the skills of communication, studies, analysis and evaluation of information correctly and comprehensively perceiving the complex tasks that the social environment offers them. A human-being has needs that are met by the environment.The article under consideration adduces information concerning the methods of development and intellectual abilities of primary school students. Knowledge is interpreted as a result of cognitive process, as a product of cognitive activity and as a means of changing reality. The quotation is cited from the book of academician M. Lutfulloev.Into the bargain, the author indicates the main streamlines targeted at a solution of such problems as the development of cognition and learning skills, decision of tasks connected with educational activities.In order to develop the intellectual abilities of students the author proposes several methods that can be successfully resorted to in primary school teachers activities.

Дар чахони муосири зудтагйирбанда ва пур аз тазод шахсонеро бояд тарбия намоем, ки дорои сифатхои ташаббускорй, навоварию амалигардонй, тагйирпазирй, ухдабарой, масъулияти созандагиву бунёдкориро дошта бошанд. Онхо бояд шахсони бомаърифат, аз чихати маънавию ахлокй устувор ва кордоне бошанд, ки роххои дастрас кардани ахборро тавассути воситахои гуногун интихоб намуда, онро тахлилу, арзёбй карда, масъалахои мураккаби олами атрофро дарк кунанд, мушкилихои гуногуни таълимию хаётиро пешгуй ва хал карда тавонанд.Зеро инсон талаботи моддиву маънавие дорад, ки барои конеъ гардонидани онхо аз олами вокей истифода мебаранд. Вале на хамаи он чизхое, ки барояш лозиманд, дар табиат бо шакли тайёр вучуд доранд. Барои дигаргун сохтан ва ба талаботи худ мувофик намудани мавчудоти олам ба инсон аввалан дар бораи онхо донишхои кофй лозим мебошанд.

Дониш ин натичаи раванди маърифат, махсули фаъолияти дарккунандаи инсон ва воситаи мухимтарини дигаргунсозии вокеият мебошад. Инсон донишхои андухтаашро дар амалия татбик намуда, боз хам донишхои нав ба нав ва хамзамон махорату малака хосил мекунад, ки барои рушди кобилиятхои зехнии вай хеле мухим аст.

Солхои охир масъалаи чустучуи роххои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва рушди кобилияти зехнии насли наврас дар мадди аввал истодааст. Имруз дар назди мактабхои тахсилоти миёнаи умумй ва олй вазифаи мухими максаднок меистад, ки ин хам бошад баланд бардоштани сатхи донишандузии хонандагон мебошад.

Мактаб ба хонандагон дониш, илм ва маълумоти назариявй медихад. Яке аз вазифахои мухими муаллимони синфхои ибтидой аз он иборат аст, ки дар хонандагон бедор намудани шавку хавас ба хондан, дар онхо ташаккул додани муносибати мусбат ба таълим, баланд бардоштани дарачаи донишазхудкунй ва дар амал татбик кардани дониш хосил карда шавад.

Хонанда бояд дарккунй ва мушохидакорй, мукоиса ва тахлил, чамъбаст ва хулосабарориро аз зинаи аввали таълим омузад ва онро дар амалия татбик карда тавонад. Дониш бояд дар хамкории омузгору хонандагон ва волидону худи хонандагон ба даст оварда шавад.

Мутаасифона, хонандагоне хастанд, ки майлу рагбат нисбат ба донишандузй надоранд, дар раванди таълим хамчун субъекти гайрифаъол ширкат меварзанд, бемасъулиятй зохир менамоянд. Барои ин камбудихоро бартараф намудан, бештар истифодаи усулхои бехтар намудани сифати донишазхудкунй, ташаккули кобилияти зехнии хонандагон, таъмини фаъолнокии хонандагон ва мавкеи омузгор накши мухимро мебозад. Чй хеле ки равоншинос Крутетский В.А. гуфтааст: «Хохиши барои ба касе ягон чизро нишон додан, зарур аст, ки дар шаби торик шамъро фурузон намуд.Муаллим низ чунин аст, барои равшанй андохтан ба дили шогирдонаш нисбат ба дониш,бояд шавку хавас ва диккати онхоро чалб намояд» (4,303)

Раванди таълим фаъолияти максадноки пай дар пай ва тагйирёбанда аст, ки амалиёти ба хам алокаманди омузгору хонандагонро дар бар гирифта, дар рафти он тарбия ва инкишофи хамачонибаи хонандагон халли худро меёбад. Чй хеле ки педагоги машхури кишвар Лутфуллоев М.таъкид кардаанд: «Раванди таълим-вазифахои таълимию инкишоф ва тарбияро дар хамгироиву хамохангй бо якдигар хал накунад, самараи хуб дода наметавонад» (5,199)

Дар чомеаи имрузаи мо хамон муаллим босамар фаъолият бурда метавонад, ки агар вай асосхои назариявии педагогикаю психология, илму техника ва технологияи хозиразамон ва

максаду мазмуни таълимро амик донад, мавкеи онхоро дар чараёни такмилу рушди чамъият аник карда тавонад.

Тачриба нишон медихад, ки муаллим хар руз дар раванди хар як дарс даххо вазифаю муаммо ва масъалахои психологию педагогиро халлу фасл менамояд. Муносибати фаъолу эчодкорона ба ташкили раванди таълиму тарбия хамеша бо дарки амики максад ва бо иштироки муайяни амалиёт вобаста аст, ки дар вазъияти мавчуда бахри комёб шудан ва ба максад расидан мусоидат мекунад.

Ташаккули кобилияти фикрии хонанда хам дар раванди таълим ва хам дар рафти корхои беруназдарсии хонандагон ба рох монда мешавад. Самтхои асосй дар халли вазифахои дар хонандагон ташаккул додани махорати омухтану тахсил намудан, фикр рондан, амалй намудани алокахои байнифаннии халли муаммохои умдаи фаъолияти таълимй дар рафти омузиши хамаи фанхои таълимй ва аз тарафи рохбарони синф ташкил намудани сухбатхои тарбиявй оид ба кобилияти зехнй ба шумор меравад.

Гайр аз ин, дар ташаккули махорат ва малакахои мехнати фикрй истифодаи асбобхои аёнй накши мухим мебозанд.

Дар китобхонаи мактаб хонандагон аз воридшавии китобхои нав огахй пайдо намуда, дар ин замина малакахои мехнати зехнии на танхо хонандагон, балки малакахои худомузии муаллимон низ ташаккул дода мешавад.

Барои ташаккул додани кобилияти таълимй - маърифатии хонандагон дар мактабхои тахсилоти миёнаи умумй ташкил намудани махфили доимоамалкунандаи «Дониш аз хониш» ба максад мувофик аст. Дар чунин махфилхо аз чониби хонандагон супоришхо ва машгулиятхои амалй гузаронида мешаванд. Ин чо хонандагон дар мавзуъхои «Шавку кобилиятхои ман чй гуна хастанд?», «Ман кадом шуглхоро меписандам?» иншову накли хаттй менависанд, атрофи шуглхои дустдоштаашон сухбату муошират менамоянд.

Намунаи чорабинихоро оид ба ташаккули кобилияти зехнии хонандагон дар чадвали №1 ба таври аёнй нишон дода шудааст.

Цадвали №1 Чорабини^о оид ба ташаккули зехнии хонандагон

№ Номгуи чорабинП Намуди чорабинП

1. Вакти форигболии хонанда Мачлис - сухбати синфй

2. Омухтан бо максади сохтану офаридан Соати тарбиявй

3. Барои мехнат кардан омухтанро омузед! Дарси тарбиявй

4. Дар омухтан пешсаф - дар зиндагй фаъол! Сухбати тарбиявй

5. Донишу илм нури дидаи мост... Хониши бадей

6. Речаи рузи манн Омода сохтани буклети намоишй

7. Ч,ои кории манн Муаррифии чои корй ва речаи ичрои супориши хонагй

8. Шумо тахсил карда метавонед? Пурсиши афкори умум

9. Алифбои мехнати таълимй Конфронси аълочиёни хониш

10. Мо аълочиёнем Ташкили хафтаи дониш

11. Вачхи таълимгирии шумо Дарс - мухокима

12. Муаллим бояд барои фаъолгардони хонандагон кадом корхоро анчом дихад? Мухокима дар Шурои педагогии мактаб

13. Накши волидайн дар тарбияи маданияти зехнии фарзанд Хонишхои педагогй, мухокима дар мачлисхои волидайн

Дар ташаккули кобилияти зехнии хонандагон волидон низ бояд фаъолона иштирок намоянд ва дар тарбияи аклии фарзандашон хиссаи босазо гузоранд. Дар мачлисхои волидайн чунин муаммохо, аз кабили «Накши волидайн дар ташаккули кобилияти таълимй-маърифатии фарзандон», «Ба хонандаи аз таълим кафомонда чй гуна кумак расонем?», «Барои чй баъзе хонандагон ба тахсил шавк надоранд?» ва г.мавриди баррасй карор дода мешаванд. Мухим аст, ки хонандаро ба таълими фаннй, ки барои кушода додани мантики донишхои илмй мусоидат менамояд, рахнамун созем. Масалан, сохиби малакаи хондан гардидан, инсонро водор месозад, ки забон омузаду бо дигарон муошират намояд, тафаккури мантикиашро рушд дихад. Сохиби малакаи хисобкунй гардидан бошад, барои омузиши муносибатхои микдорй асос мегузорад. Дувум, ба хонанда бояд омухтанро омузем, яъне фаъолияти таълимии онхоро ташаккул дихем. Дар мархилаи муосири инкишофи чамъият хонандагони синфхои ибтидой бояд мустакилона

сох,иби дониш, майорат ва малака гардиданро омузанд. Сеюм, барои он, ки дар хонандагон вачхи таълим ташаккул дода шавад, кобилияти зеунии онх,о рушд дода шавад, тамоми марх,илах,ои таълими ибтидоиро бояд самаранок истифода намуд.Дар ин самт, накши пешбарандаро принсипх,ои дидактикие мебозанд, ки аз тарафи олим Л.В. Занков пешних,од гардидаанд: (3,260)

- таълим дар дарачаи баланди душворй;

- омузиши босуръати маводи таълимй;

- накши пешбарандаи донишуои назариявй;

- дарки раванди омузиш;

- кор аз болои инкишофи хдмаи хонандагон, бахусус, сустхонх,о.

Мох,ияти асосии фаъолияти муаллими синфх,ои ибтидой аз он иборат аст, ки барои х,ар як хонанда полати ноил гардидан ба комёбй, яъне мачмуи шароитх,оеро, ки муваффакияти хонандаро таъмин менамояд, фарохдм оварда тавонад. Муаллим бояд ба х,ар як хонанда имконияти х,исси каноатмандй аз фаъолияти хеш, хурсанд гардидану болидан аз дастовард^ои хешро дода тавонад, то хонанда имконияти худро дарк намояд, кобилияти зеунии худро боз х,ам рушд дихдд, ба кувваи худ бовар намояд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Бабанский, Ю.К. Оптимизация учебно-воспитательного процесса/Ю.К.Бабанский. -М.: Просвещение, 1972. -192 с.

2. Занков, Л.В. Дидактика и жизнь/Л.В.Занков. -М.: Просвещение, 1968. -176 с.

3. Занков, Л.В. О начальном обучении/Л.В.Занков. -М.: Просвещение, 1963. -260 с.

4. Крутецкий, В.А. Психология обучения и воспитания: Кн. для учителей и классных руководителей/В.А.Крутецкий. - М.: Просвещение, 1976. - 303 с.

5. Лутфуллоев, М. Дастури фаъолияти омузгор/М.Лутфуллоев.-Душанбе, Маориф, 2007.-199с.

REFERENCES:

1. Babansky, Yu.K. Optimization of the Educational Process/Yu.K.Babanskiy.- M.:Enlightenment, 1972. - 192 p.

2. Zankov, L.V. Didactics and Life / L.Vzankov. - M.: Enlightenment, 1968. - 176 p.

3. Zankov, L.V. On Primary Education / L.V. Zankov. - M.: Enlightenment, 1963. -260 p.

4. Krutetsky, V.A. Psychology of Training and Education: Book for teachers and class teachers / V.A. Krutetskiy. - M.: Enlightenment,1976. - 303 p.

5. Lutfulloev, M. Manul for Teacher's Activity / M. Lutfulloev. - Dushanbe: Enlightenment, 2007. -199 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.