Научная статья на тему 'Marriage and divorce under the angle of shariat (based on the information of sources and documentary monuments)'

Marriage and divorce under the angle of shariat (based on the information of sources and documentary monuments) Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
331
15
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
БРАК / ШАРИАТ / ДОКУМЕНТАЛЬНЫЕ ПАМЯТНИКИ / МУСУЛЬМАНСКОЕ ПРАВО / СРЕДНЕВЕКОВЫЕ АКТОВЫЕ ДОКУМЕНТЫ / МАХР (ДЕНЕЖНОЕ И ДРУГОЕ СРЕДСТВО ДЛЯ НЕВЕСТЫ) / РАСТОРЖЕНИЕ БРАКА / НАСЛЕДСТВО / НАУКА О ПРАВЕ / MARRIAGE / SHARIA / DOCUMENTARY MONUMENTS / MUSLIM LAW / MEDIEVAL ACTS / MAHR (MONETARY AND OTHER MEANS FOR THE BRIDE) / DIVORCE / INHERITANCE / SCIENCE OF LAW / НИКОҳ / ОСОРИ МУСТАНАД / ҳУқУқИ МУСУЛМОНӣ / ВАСИқАҳОИ АСРИМИЁНАГӣ / МАҳР / ТАЛОқ / МЕРОС / ФИқҳ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Шарифов Шавкат, Джабборов Иброхим Рахматович

В статье анализируется процедура заключения и расторжения брака с точки зрения шариата (мусульманское право), условия заключения брака, виды расторжения брака, права и обязанности супругов. Подчеркивается, что для изучения условий заключения брака и его расторжения важными представляются историко-юридические источники и документальные памятники. Отмечается, что шариат устанавливал условия, нормы и требования для заключения и расторжения брака и, согласно шариату, супруги при заключении брака, создании семьи имели соответсвующие обязанности, должны были соблюдать определённые правила и требования.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Заключение и расторжение брака с точки зрения шариата (на основе сведений источников и документальных памятников)

The article dwells on the procedure beset with marriage and divorce under the angle of shariat (Muslim law); the condition of marriage, types of divorce, rights and obligations of the spouse being taken into account as well. The authors of the article lay an emphasis upon the idea that for the study of the conditions of marriage and its dissolution, the important sources are considered to be historical-legal ones and documentary monuments. One can assert that the conditions, norms and requirements for the conclusion and dissolution of marriage are established by Shariat. In conformity with the Shariah, a spouse, at marriage, the formation of a family must comply with certain rules, duties and requirements.

Текст научной работы на тему «Marriage and divorce under the angle of shariat (based on the information of sources and documentary monuments)»

07.00.00.илм^0и ТАЪРИХ ВА БОСТОНШИНОСИ 07.00.00.ИСТ0РИЧЕСКИЕ НАУКИ И АРХЕОЛОГИЯ 07.00.00.HIST0RICAL SCIENCES AND ARCHEOLOGY

07.00.02. ТАЪРИХИ ВАТАН 07.00.02. ОТЕЧЕСТВЕННАЯ ИСТОРИЯ 07.00.02. HOME HISTORY

УДК 34с45 ББК 67.99

НИКОХ ВА ТАЛОК, Шарифов Шавкат, н.и.т.,дотсенти кафедраи АЗ НИГОХИ АХКОМИ таърихи Ватан ва археология; Цабборов Ибро^им ШАРИАТ (АЗРУИМАЪЛУМОТИ Ра^матович, н.и.т., дотсенти кафедраи МАЪХАЗХО ВА ОСОРИ ууцуцшиносии МДТ "ДДХ ба номи акад.

МУСТАНАД) Б. Гафуров" (Тоцикистон, Хуцанд)

ЗАКЛЮЧЕНИЕ И Шарифов Шавкат, к.и.н., доцент кафедры

РАСТОРЖЕНИЕ БРАКА С ТОЧКИ отечественной истории и археологии;

ЗРЕНИЯ ШАРИАТА (НА ОСНОВЕ Джабборов Иброхим Рахматович, к.и.н., доцент

СВЕДЕНИЙ ИСТОЧНИКОВ И кафедры правоведения ГОУ "ХГУ имени

ДОКУМЕНТАЛЬНЫХ акад. Б. Гафурова"

ПАМЯТНИКОВ) (Таджикистан, Худжанд)

MARRIAGE AND DIVORCE Sharifov Shavkat, candidate of historical sciences, UNDER THE ANGLE OF SHARIA T Associate Professor of the department of home history (BASED ON THE INFORMA TION and archeology; Jabborov Ibrohim Rahmatovich,

OF SOURCES AND candidate of historical sciences, Associate Professor of DOCUMENTAR Y MONUMENTS) the department of jurisprudence under the SEI «KSU

named after acad. B. Gafurov» (Tajikistan, Khujand), E-mail: [email protected]

Вожа^ои калиди: никоу, шариат, осори мустанад, ууцуци мусулмони, васицауои асримиёнагй, маур, талоц, мерос, фицу

Дар мацола тартиби издивоц ва талоц аз нуцтаи назари шариат (цонуни мусулмони), шартуои ацди никоу, намудуои талоц, ууцуц ва уудадориуои зану шавуар таулил карда шудааст. Таъкид мешавад, ки сарчашмауои таърихи, ууцуци ва ёдгориуои ууццати барои омузиши шароити издивоц ва баруам додани он ауамияти мууим доранд. Цайд карда мешавад, ки шариат шароит, меъёр ва талаботро барои издивоц ва талоц муцаррар кардааст. Мувофици шариат, уангоми бастани ацди никоу ва ташкили оила ба зиммаи зану шавуар вазифаи дахлдор гузошта мешуд ва онуо бояд цоида ва талаботи муайянро риоя менамуданд.

Ключевые слова: брак, шариат, документальные памятники, мусульманское право, средневековые актовые документы, махр (денежное и другое средство для невесты), расторжение брака, наследство, наука о праве

В статье анализируется процедура заключения и расторжения брака с точки зрения шариата (мусульманское право), условия заключения брака, виды расторжения брака, права и обязанности супругов. Подчеркивается, что для изучения условий заключения брака и его расторжения важными представляются историко-юридические источники и документальные памятники. Отмечается, что шариат устанавливал условия, нормы и требования для заключения и расторжения брака и, согласно шариату, супруги при заключении брака, создании семьи имели соответсвующие обязанности, должны были соблюдать определённые правила и требования.

Key words: marriage, sharia, documentary monuments, Muslim law, medieval acts, mahr (monetary and other means for the bride), divorce, inheritance, science of law

The article dwells on the procedure beset with marriage and divorce under the angle of shariat (Muslim law); the condition of marriage, types of divorce, rights and obligations of the spouse being taken into account as well. The authors of the article lay an emphasis upon the idea that for the study of the conditions of marriage and its dissolution, the important sources are considered to be historical-legal ones and documentary monuments. One can assert that the conditions, norms and requirements for the

conclusion and dissolution of marriage are established by Shariat. In conformity with the Shariah, a spouse, at marriage, the formation of a family must comply with certain rules, duties and requirements.

Барои омухтани таърихи давлат ва ху;у;и мусулмонй ва шохахои гуногуни он осори мустанад ё ба истилох васи;ахои асримиёнагй сарчашмаи мухим ба хисоб мераванд. Дар ин хуччатхо доир ба ху;у;и оила, мерос, авди никох, тало;, васоят ва гайра маълумоти нодир оварда мешаванд.

Никох ва барпо намудани оила аз руи шариати ислом кору амали нек, хайру савоб ва ха;;у ху;у;и хар як марду зани мусулмон ба хисоб меравад. Дар яке аз хадисхои Пайгамбари ислом Мухаммад (с) гуфта мешавад, ки «никох барои тамоми мусулмононе, ки сохиби моликият ё бисоте мебошанд, хатмист». Аз ин ру хар як инсон, хатто гулом низ барои бастани а;ди никох ва барпо намудани оила ху;у; дорад. Албатта, барои гулом ин ху;у;ро хучаинаш халлу фасл менамуд, яъне ризояти хучаин авло буд.

Масъалаи никох ва тало; яке аз шохахои хеле мухими ху;у;и шахс, инсон, оила ва мерос дар ахкоми шариати ислом, фи;хи мусулмонй махсуб меёбад. Мувофи;и му;аррароти ахкоми шариати мазхаб ё чараёни ханафия а;ди никох, созишномаи никох (авд-ал-завоч) шартномаи дучонибае ба хисоб меравад, ки дар асоси ризоияти тарафайн, яъне мард ва зан баста мешавад. Аммо барои а;ди никох танхо ризоияти мард ва зан басанда нест. Хдм барои авди никохи доимй ва хам никохи мувофи;атй ;ироати тасвият, матни никох хангоми бастани созишномаи никох зарур буд. Маросими авди никох одатан дар манзили падару модари арус, масчид ё ;озиёти махал (дорул-;азои махал) дар хузури ;озй, имом, мулло ва шохидон ба амал бароварда мешуд. Хднгоми а;ди никох аввал ризоияти арус ва сипас ;абули ризоияти арус аз чониби домод шунида мешуд.

Маъмулан тасвияти (матни) авди никох дар хузури ;озй, имом, мулло, яъне донандаи шариати ислом ва шохидон ба забони арабй аввал аз чониби арус ва сипас домод талаффуз мегардид. Ин суханон аввал аз чониби арус гуфта мешуданд: «Заввачтука нафси ала(х) сиддик ал-маълум» («худро аз руи махри (бисот, чихоз, маблаг) муайян хамсари (зани) ту мехисобам») (5, 132). Домод бо чунин суханон ризоияти завчаи худро ;абул ва тасди; менамуд: «^абилту ат-тазвич» («авди никохро ;абул кардам») (5, 132).

Дар байни точикон ин кор - яъне ичоб (пешниход) ва кабул (ризоият) ба забони точикй аз чониби шахсоне, ки авди никохро ба амал мебароранд, гуфта мешуд: Шумо Фирузабону бинти Абдувохид нафси шарифаи худро ба бадали махри маълум (маблаги махр ё бисоту чихози он номбар мешуд) ба Мухаммадсидик валади Мирзорахим бахшидед?

Агар арус дафъатан ё фавран чавоби тасди;и худро надихад, ин пурсиш то се маротиба такрор мешуд. Арус ризоияти худро бо суханони «бахшидам», «бале», «ха» ё сарчунбонидан баён менамуд. Одатан шохидон, ки аз чониби арус ва домод дар маросими авди никох ширкат меварзиданд, арусро барои тезтар ризоият додан хидоят мекарданд. Сукут ё табассуми арус ба ичоб (пешниход) низ аломати ризо хисобида мешуд. Баъзе фа;ехони ислом чунин мешуморанд, ки гиряи арус чун аломати норизой набояд ;абул шавад, агар он ба доду фарёд ва шикоят баён нашавад. Сипас тасди;и домод пурсида мешуд: «Шумо Мухаммадсиддик валади Мирзорахим нафаси шарифаи Фирузабону бинти Абдулвохидро ба бадали махри маълум (маблаг ё чихозу бисоти махр гуфта мешуд) кабул кардед?» Домод бо суханони «кабул кардам», «бале», «ха» ризоияти худро тасди; менамуд.

Барои бастан ва ;онунй шудани шартномаи никох, авди никох шариати ислом риоя ва ичрои чанд шартро хатмй мехисобад ва онро талаб менамояд:

Якум, мавчудияти ичоб (пешниход) ва кабул (ризоият) - ризоияти тарафайни шахсоне, ки а;ди никох мебанданд ва оила барпо менамоянд, ба таври дигар гуем пешниходи ризоияти арус ва ;абули домод; Дуюм, расидан ба синну соли никох (балогат), ки дар мазхабхои суннатй ва чамоат барои домод - 12 солагй, барои арус - 9 солагй муайян гардидааст; Сеюм, пардохти махри арус, - васила ё воситаи риз;у рузй, маблаг ё молу бисоти муайян барои таъмини хамсар; Чорум, мавчуд набудани ягон монеа, ихтилоф дар бастани авди никох (хешутабории наздики хунй ё ширй барои хар ду чониб, барои мардхо - доштани на зиёда аз чор зан, бемории рухй ё дигар сабабхо), ки хилофи шариати ислом хангоми бастани авди никох аст; Панчум, риояи маросими му;аррароти а;ди никох (дар шохидй ва хузури ;озй, имом ё мулло) (3, 33).

Х^у;у;и мусулмонй, шариати ислом ва фа;ехони ислом барои тах;и;у танзим ва риояи ху;у;и оила, никох, тало;, мерос панч ;исматхои муста;или онро чудо менамоянд, ки дар

мачмуи ;онунхои ин масъалахоро ба танзиморанда ё танзимкунанда инъикос ва гирд оварда шудаанд: "Китаб-ал-никох" - китоб оид ба никох; "Китоб-ал-ризоъ" - китоб оид ба ризоъ; "Китоб-ал-тала;" - китоб оид ба тало;; "Китоб-ал-васийя (васият)" - китоб оид ба васият; "Китоб-ал-фароиз (мерос)" - китоб оид ба мерос (5, 132).

Барои тах;и;у омузиши масъалахои ху;у;ии оила, никох ва тало;, баробари сарчашмахои ху;у;и мусулмонй - «Куръон», хадис, ояат, осори уламои ислом, фа;ехони ислом осори мустанад - никохнома, тало;нома, васиятнома, ;арорхои ;озиёт оид ба бастани а;ди никох, бекор кардани он, та;сими мерос сарчашмахои мухим ба хисоб мераванд.

Барои дуруст ва равшан дарк намудани баъзе масъалахои институт ва субинститутхои ху;у;и оила, никох, тало; ва мерос, яъне мазмуну мохияти ин мафхумхоро фахмидан, сарфахм рафтан ин мафхумхоро бояд шарху тафсир намуд.

Мафхуми «никох» ва «а;д» аз чониби фа;ехони мусулмонй чунин маънидод ва шарху тафсир шудааст: никох - ин бастани шартнома, созишномае, ки аз руи он зан барои шахсе, ки бо у а;ди никох мебандад, бегона ва номахрам ба хисоб намеравад (5, 132).

Яъне баъди бастани а;ди никох зану шавхар метавонад байни худ муносибатхои зану шавхарй ё махрамона дошта бошанд, насл оранд, фарзандони худро тарбия намоянд ва дигар ху;у;у ухдадорихои зану шавхарро, ки шариати ислом муайян намудааст, риоя ва ичро намоянд. Бо ибораи дигар, а;ди никох муносибати зану шавхарро дар чахорчубаи ;онун, ахло;, одоб, масъулият ва дигар арзишхои маънавию ахло;й дар назди якдигар, фарзандон, хешу табор, чомеа, давлат ба танзим медарорад.

Барои ;онунй будани а;ди никох хар ду чониб - яъне арус ва домод бояд мусулмон бошанд. Дуруст аст, ки баъзе мактабхои фи;хи мусулмонй а;ди никохи марди мусулмонро ба зани насронй ичозат медиханд, аммо а;ди никохи зани мусулмонро бо марди насронй ё пайрави дини яхудй ичозат намедихад (5, 133).

Шарти дуюми а;ди никох, пас аз шарти аввал, яъне мавчудияти ичоб (пешниход) ва ;абул (ризоият) ин расидан ба синни балогат, ба синни а;ди никох аст. Аз ин ру аз руйи меъёрхои ху;у;и мусулмонй синну соли а;ди никох (балогат) да;и; муайян нест, аз ин ру дар байни фа;ехони ислом доир ба ин масъала фикру а;идаи гуногун вучуд дорад. Баъзе фа;ехони ислом синну соли а;ди никох бастанро барои домод аз 12 солагй, барои арус аз 9 солагй, гурухи дуюм барои чавон аз 10 солагй, барои арус аз 7 солагй, гурухи сеюм барои домод аз 15 то 20 солагй ва барои арус аз 12-13 солагй мехисобанд (5, 134).

Шарти сеюми а;ди никох бастан ин пардохти махр, яъне васила ё воситаи таъмини хамсар (арус) буд. Махр хануз пеш аз ислом мавчуд ва маълум буд (5, 134).

Масалан, дар байни хуччатхои ;алъаи Муг ё бойгонии Деваштич ахднома ё а;ди никохи сугдидухтар Дугдгонча бо Уттегин ном шахс мавчуд аст ва аз он чунин бармеояд, ки марду зан дар никоху тало; ху;у;и якхела доштанд, мард бояд хангоми никох махр месупорид, на мард ва на зан ба чинояти содир кардаи якдигар чавобгар набуданд (6, 432).

Дар баъзе адабиёти илмй истилохи «махр» ва «;алин»-ро зумрае аз муаллифон ба як маъно фахмидаанд ва шарху эзох додаанд, ки ин дуруст нест.

^алим (ё баъзан калин талаффуз карда мешавад) - ин пул, маблаги муайян, чихозу бисот, молу ашё, сару либос, ки ба падару модари арус, хешовандони у аз чониби падару модари домод, домодшаванда пеш аз туй ва бастани а;ди никох пардохта мешавад. Дар баъзе нохияхои Точикистони чанубй онро ха;;и шир мегуянд.

Махр - ин маблаги муайян, молу мулк, чихоз ё бисоте, ки аз чониби марди хонадоршаванда (домод) ба хамсари ба никохи у даромада (арусаш) барои таъмини моддии у дода мешавад. Ин маблаг, молу мулк ё чихозу бисот хангоми зиндагии якчояи зану шавхар дар ухдаи мард аст (вале на моликияти шахсии мард). Аммо хангоми тало; (чудо шудани зану шавхар) аз руи ;онун ба он зан сохиб мешавад. Яъне шариати ислом дар холати бекор карда шудани никох таъмини модии занро аз хисоби махр кафолат медихад, ки он аз хисоби мард буд.

Ми;дори махр метавонист гуногун бошад ва он аз сарвату дороии домод ва падару модари у, ба кадом таба;а мансуб будани домод вобаста буда, аз чанд тангаву динор то сад хазор тангаву динорро ташкил мекард (5, 135).

Андозаи махри духтари бори аввал ба шавхар баромада, аз махри зани бори дуюм ё умуман шавхаркарда, албатта зиёд аст.

Ми;дори махрро чонибхои хешутаборшаванда-падару модари домод ва арус метавонистанд бо маслихат муайян созанд, ки онро махр-ал-мусумма - яъне махри гуфташуда

ё муайяншуда мегуянд. Ё микдори махр аз руи андозаи махри духтароне, ки пештар аз ин хонадон ба шавхар баромада буданд, муайян карда мешуд, ки онро ма^р-ал-мисл - яъне махри мисли пештара меномиданд (5, 135).

Хангоми бастани акди никох дар байни фарзандони оилахои сарватманду доро ва табакаи боло хуччате ба монанди шартнома ё созишнома тартиб дода шуда, маблаги махр, тамоми номгуи молу мулк, чихозу бисот ва ашёи ба сифати махр додашуда, номбар ва сабт карда мешуд.

Масалан, дар хуччати авди никохи миёни эшони Ибодуллохоча (домод) ва духтаре (арус) бо номи Маликабонуойим духтари Хотамбий санаи 1196 хичрй (мутобики соли 1782 милодй) баста шудааст, хачми махри пардохтаи домод ё падару модари у ба арус 90 хазор тангаи нукраро ташкил мекунад (4, 33).

Дар ин хуччат номгу ва арзиши молу мулки гайриманкулаи фоидаовар дар хачми аз се як хиссаи махри аз чониби домод ба арус чудошуда ба сифати таъминоти моддии якдафъаина номбар шудааст: замини обй, манбаи об барои обёрй, ними калъа, ними обчувоз ва гайра, ки арзиши умумии онхо 30000 тангаро ташкил медихад.Ин хуччат бо мухри козй, девонбегй Мухаммад Худоёр, хочй Алоуддин, яъне шохидони машхур ва воломаком тасдик шудааст(4, 33).

Дар хуччате, ки мохи сентябри соли 1594 дар идораи козиёти Самарканд дар хузури шаш нафар шохид тартиб дода шудааст, аз чониби Дустгариб ном шахс (домод) ба хамсараш Фотимасултон (арус) ба сифати ма^р додани канизе, бо номи Сарвиноз, ки аслу насабаш афгондухтар буда, бо баёни синну сол ва аломатхои хоси зохирии у (тавсифи у): 16 сола, сафедчехра, миёнкад, тансолим бо арзиши 200 тангаи нукра, инчунин як деги калони мисй бо арзиши 50 танга, се табаки мисй (гунчоиш ё зарфияти хар як табак нишон дода шудааст) бо арзиши 18 танга маълумот оварда шудааст (4, 13).

Ин далел як вокеаи гайриодй ва камназир аст, ки ба сифати махр моли манкула дода шудааст. Одатан, ба сифати махр (гайр аз гулом ва канизак) моли гайриманкула: китъаи замин, бог манзил, осиё ва дигар иншоот дода мешуд.

Дар холате, ки хангоми бекор карда шудани акди никох (талок) молу мулк ё боготу бисоту чихозе, ки мард онро ба зан ба сифати махр дода буд, чудо кардан имкон надорад (ё ки онро мард намехохад) дар он сурат аз руи ризоият ва созиши тарафайн мард маблаги ба арзиши махри таъиншуда баробарро чуброн менамуд. Масалан, дар хуччате, ки аз чониби козй халнома бароварда шудааст ва он соли 1827 тартиб дода шудааст, Мирзо Ниёз ном шахс ба чои ду таноб замин (як таноб баробари % га), ки ба сифати махр хангоми никох ба хамсараш дода буд, 80 тангаи тиллои ашрафй чуброн намудааст (4,14).

Чй тавре, ки ишора гардид, яке аз шартхои акди никох ин набудани ягон монеа, ё хилоф барои бастани он мебошад. Чунин монеа ё хилоф барои бастани акди никох хешутабори хунй то насли (авлоди) чорум ва хешутабории ширй то насли дуюм шуда метавонист. Дар оятхои 23 ва 24-и сураи "Нисо"-и Куръон таъкид шудааст, ки «Шумо зане, ки дар никохи падаронатон буданд ба занй нагиред». «Ба Шумо ба занй гирифтани модаронатон, хохаронатон, духтарони хохарону бародаронатон (чиянхоятон), модароне, ки Шуморо шир додаанд (модарандар), хохарони хамшир ва модарони хамсаронатон, духтархондатон, ки дар васояти Шумо мондаанд, манъ аст».

Монеа ва сабабхои дигаре буданд, ки садди рохи бастани акди никох мешуданд. Масалан, аз руи меъёри шариати ислом мард хукук дошт то чор зани никохй (конунй) дошта бошад. Дар ин хусус дар сураи 4, ояти сеюми «Куръон» омадааст: «Ба занй онхоеро, ки дуст медоред, гиред (хох як нафар, хох ду нафар, хох се нафар, хох чор нафар)». Аз ин чо бармеояд, ки меъъёрхои хукуки мусулмонй ба мард аз чор зан зиёд доштанро манъ мекунад.

Дар сураи мазкури «Куръон» масъалахои ичтимой, ки чомеаи мусулмонон ба он ру ба ру гаштаанд, баррасй мегардад. Дар мухорибаи (чанги) Ухуд шумораи зиёди мардони мусулмон кушта ва захмй гаштанд, дар натича ятимон, бекасон, занони бешавхар монда, духтарони ба шавхар набаромада хеле зиёд гардиданд. Масъалаи химояи ичтимой ва моддии занон ба таври хеле ташвишовар ба миён омада, расмй намудани оилаи (бисёрникохй) чун воситаи ягонаи таъмини аксарияти мутлаки занон бо хукуки ахлокии доштани оила ва фарзанд эътироф гардид.

Шарти дигари бастани акди никох ин катъиян риоя кардани маросими никох аст. Маросими акди никох одатан шабона дар манзили падару модари арус ё масчид дар хузури домод, шохидон, хешовандони домод ва арус баргузор мегардид.

Акди никох дар хузури ду нафар шахсони болиг ва солимакл, мардон ё занон, масалан як нафар мард, як нафар зан, дар хузури козй, имом, мулло гузаронида мешуд.

Шохидон бояд хатман мусулмон бошанд ва чи тавре, ки дар боло зикр гардид акди никох бо «ичоб» (пешниход), «кабул» (ризоият) сар шуда, бо дуои козй, имом, мулло, яъне кироати хутбаи никох ба охир мерасид. Дар маросими акди никох дар миён (пеши имом) косаи об гузошта мешуд, ки онро пас аз дуо ва кироати хутбаи никох ба арус ва домод менушонанд. Як нафар зане, ки дар маросими акди никох иштирок менамояд ба китфони домод (чомаи домод) ба таври рамзй сузан мезанад. Бо хамин маросими бастани акди никох ба анчом мерасад.

Талок (бекор кардани акди никох). Дар конуни мусулмонй, ахкоми шариати ислом хукук ва ухдадорихои хамсарон хангоми бекор кардани акди никох пурра ва хамачониба тахкик, коркард ва ба танзим дароварда шудааст. Барои талок додан хам мард ва хам зан хукуки баробар доштанд, вале ин хукукро бештар мардон истифода менамуданд. Мард хукук дошт, ки то се маротиба ба зан талок дихад ва талок бекор карда шуда, аз нав никох намояд.Мувофики хукуки мусулмонй чунин шаклхои талок мавчуд буд:

1. Талоки боин - талоки катъй ва бебозгашт, ки баъди он хукуки аз нав созишномаи никохро баркарор кардан аз байн мерафт.

2. Талоки рочй - талок дар мухлати муайян, ки баъди гузаштани мухлати муайян мумкин буд, ки аз нав акди никох, муносибати хамсарй баркарор карда шавад.

3. Талоки муборот - талок бо ташаббус ва ризояти хар ду чониб бо сабаби ба хамдигар мувофик наомадани хислат ва дигар сабабхо (антипатия, безуриётй ва гайра).

4. Талоки хулъ - талоке, ки аз чониби мард ба зан ба ивази пул ё дигар инъоми муайян дода мешуд.

Дар холати талок додани мард ба зан ин амал расман ба кайд гирифта шуда, хуччат дар бораи бекор кардани акди никох - талокнома дода мешуд. Барои ба расмият даровардани талок, додани хуччат андози махсус -талокона гирифта мешуд.

Талок дар асоси ахкоми шариат имруз гарчанде кувваи хукукй надошта бошад хам, вале ин тарзи бекор шудани акди никох хануз дар байни мусулмонони Осиёи Миёна, аз чумла точикон вучуд дорад.

Шакли аз хама пахншудатарини талок ин талоки секарата буд. Мард дар хама лахза бидуни огохии пешакй (эълон) метавонист ба хамсараш талок дихад. Ба у кифоя буд, ки ин шакли содда кардашудаи бекор кардани акди никохро се маротиба ба забон орад (масалан: талок, талок, талок ё якбора се талок гуяд) ва акди никох бекоршуда хисобида мешуд. Дар холати чунин талок хукуки мусулмонй барои аз нав баркарор карда шудани акди никох чунин тартибро мукаррар кардааст, ки зан ба никохи амалй ва хукуки шахси сеюм даромада, муддате бо у зиндагй мекунад ва сипас аз у талок гирифта ба никохи шавхари аввалааш бармегардад, ки онро «халола» мегуянд (5, 136-137).

Зан хам хукуки ба шавхараш талок доданро дошт. Ин дар холате рух медод, ки агар зан баъди издивоч фахмад, ки шавхари у гирифтори бемории рухист, аз чихати чисмонй заиф аст, ахта карда шудааст, ба беморие гирифтор аст, ки барои муносибати махрамонаи зану шавхарй монеъ шуда метавонад, мард безурёт (безурётй бо айбй мард) аст (5, 137).

Зан барои талок додан ба мард бояд маблаги муайян - арзиши харочоти зани навро супорад, ки онро талоки хулъ - меноманд. Дар ин холат акди никох танхо дар козиёт бо карори махкама бекор карда мешуд. Агар мард вазифаи мардии худро ичро карда натавонад, талок баъд аз як сол, баъди исботи он, ки мард дар хакикат ба муносибати махрамона (заношуй) кодир нест, инчунин дар холати 6 мох надодани нафакаи зан, яъне таъмин карда натавонистани зан аз воситаи зиндагй дода мешуд. Инро талоки фасх меноманд.

Дар хуччат ё ривояте, ки соли 1176 х/1762м тартиб дода шудааст, зан аз болои шавхари худ даъво намуда, талок додааст. Ин зан бо номи Бибинур шавхари худро ба назди козй оварда, изхор кардааст, ки хангоми ба хамдигар номзад шудан зан дар бораи шавхари ояндаи худ аз одамон пурсидааст; хама уро чун одами хуб тавсиф кардаанд, зан ба ин суханон бовар карда ба ин мард ба шавхар баромадааст, акнун маълум шудааст, ки шавхари у зинокор, бадахлок ва дузд будааст. Аз ин ру даъвогар талаб менамояд, ки акди никохи онхо бекор карда шуда, махри у баргардонида шавад. Козй бо хукми худ даъвои занро конеъ гардонидааст (4, 41).

Акди никох бидуни талок дар холатхои зерин бекоршуда хисобида мешуд: дар холати марги яке аз хамсарон, ба дину мазхаби дигар гузаштани яке аз чонибхо (мард ё зан), дар холати ба гуломй ё асорат афтодан. Акди никох дар чунин холатхо низ бекоршуда хисобида мешуд: агар мард хамсари худро «зихор», яъне модар, хохар ё хеши худ эълон намояд, ки дар чунин холат у дар акди никох истода наметавонист. Агар мард хохад, ки аз нав акди никохро

баркарор созад, у бояд каффора дихад, яъне аз ин се амал якеро ичро намояд: гуломеро озод намояд, 60 нафар бечорагонро хурок дихад, ё ду мох руза дорад (5, 137).

Акди никох хамон вакт низ бекор хисобида мешуд, ки мард бо ягон далелу исбот хамсари худро ба зинокорй, хиёнат айбдор менамуд ва уро «лаин» эълон мекард. Барои зинокорй ва хиёнат, ба зан чазои сахту мудхиш дода мешуд (5, 137).

Шариат даххо шаклу сабаби талокро мукаррар менамояд, ки боиси бекор шудани акди никох мегардад. Масалан, агар мард дар холати кахру газаб зани худро аз дар ронад ва хатто гуяд, ки аз хонаи ман рав (гум шав) ин холат чун бекор шудани никох хисобида мешуд (1, 113).

Дар холати чудогонаи талок, агар чонибхо (зану шавхар) хохиши аз нав баркарор намудани зиндагии якчояро дошта бошанд, (акди никохро баркарор кардан хоханд) танхо баъди риояи мухлати муайян, ки онро шариат мукаррар сохтааст ва онро идда мегуянд, ичозат дода мешуд. Масалан, барои зани бешавхаре, ки хамл надорад, мухлат 4 моху 10 руз, агар хомила бошад то давраи халосшавй аз хамл; пас аз талок бари зани талокшуда мухлати 3 мох (гузашти се даври хайз). Идда асосан барои муайян кардани холати хомиладорй аз шавхари аввала ва хукуки падарй мукаррар карда мешуд (5, 138).Дар мазхабхои гуногуни ислом мухлати идда аз 4 хафта то бист хафта мукаррар карда мешуд. Дар давоми мухлати мукарраршудаи идда шавхари собик бояд хамсари собики худро таъмин намояд. Агар мард хангоми талок сухани «як талок кардам»-ро ба забон оварда бошад, дар сурати хохиши у аз нав баркарор намудани акди никох ягон монеъ ё хилоф вучуд надошт. Онро баъди гузаштани мухлати идда, тибки мукаррароти шариат аз нав баркарор намудан мумкин буд.

Хамин тавр, васикахои асримиёнагй ё хуччатхои козиёт барои тахкику омузиши яке аз масъалахои хеле мухими хукуки мусулмонй - акди никох, барпо кардани оила, талок ва хукуку вазифа ва ухдадорихои чонибхо манбаи мухим ба хисоб меравад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Азимов, Ш. Государство и право Саманидов/Ш. Азимов. - Душанбе: Ирфон, 1999. - 168 с.

2. Азизкулов, Г.С. Цикл лекций по истории государства и права Республики Таджикистан/Г.С.Азизкулов. - Душанбе, 1995. - 212 с.

3. История государства и права Республики Таджикистан. Юнита 1// Государства и права таджиков в древности и средние века. Разраб. Н. Т. Рахимовым. - Худжанд: РТСГУ, 2001.

4. Казаков, Б.А.Документальные памятники Средней Азии/Б.А.Казаков.-Ташкент: Узбекистан, 1987. - 214 с.

5. Сафаров, И. Правовая система государства Саманидов (IX-X вв.)/И.Сафаров. - Душанбе: Ирфон, 1999. - 198 с.

6. Хуччатхои Калъаи Муг//Энсиклопедияи советии точик. - Душанбе, 1986.- 8ч.- С. 432.

REFERENCES:

1. Azimov, Sh. State and Law of the Samanids / Sh. Asimov. - Dushanbe: Cognition, 1999. - 168 p.

2. Azizkulov, G.S. A Series of Lectures on the History of State and Law of the Republic of Tajikistan / G.S. Azizkulov. - Dushanbe, 1995 .-- 212 p.

3. History of the State and Law of the Republic of Tajikistan. Unit 1 // State and rights of Tajiks in antiquity and the Middle Ages. Developer. N.T. Rakhimov. - Khujand: RTSGU, 2001.

4. Kazakov, B.A. Documentary Monuments of Central Asia / B.A.Kazakov. - Tashkent: Uzbekistan, 1987. - 214 p.

5. Safarov, I. The Legal System of the State of Samanids (IX-X centuries) / I. Safarov. - Dushanbe: Cognition, 1999. - 198 p.

6. Documents of the Mug Fortress // Tajik Soviet Encyclopedia.Vol.8. - Dushanbe, 1986. - P.432.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.