Научная статья на тему 'ИНТЕРАКТИВНЫЕ МЕТОДЫ - ФАКТОР ЭФФЕКТИВНОСТИ ОБУЧЕНИЯ'

ИНТЕРАКТИВНЫЕ МЕТОДЫ - ФАКТОР ЭФФЕКТИВНОСТИ ОБУЧЕНИЯ Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
387
43
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ОБУЧЕНИЕ / МЕТОД / ИНТЕРАКТИВНЫЙ МЕТОД / МЕТОДИКА ОБУЧЕНИЯ / ИГРА / ДИДАКТИЧЕСКАЯ ИГРА / УМСТВЕННОЕ СТИМУЛИРОВАНИЕ / ЗАНЯТИЕ / TRAINING / METHOD / INTERACTIVE METHOD / METHODS OF TEACHING / GAME / DIDACTIC GAME / MENTAL STIMULATION / OCCUPATION / ТАЪЛИМ / МЕТОДИ ИНТЕРАКТИВӣ / МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМ / БОЗӣ / БОЗИИ ДИДАКТИКӣ / АНГЕЗИШИ ЗЕҳН / МАШУЛИЯТ

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Отаева Мубина Абдусидиковна

Статья посвящена эффективности внедрения интерактивных методов в учебный процесс. Отмечено, что в то время, когда глобализация информации неизбежна и существуют разные способы ее достижения, важно обратить внимание на новые и эффективные методы обучения. Для того, чтобы подготовить учеников к соревнованиям неспокойного времени, учителю требуются высокие профессиональные навыки. Использование интерактивного метода является одной из возможностей для достижения успеха в этой области, что было проанализировано экспериментально. В статье предлагается совместный, или интерактивный, метод эффективного ведения учебного процесса, позволяющего плодотворно достигать поставленных целей.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

INTERACTIVE METHODS BEING A FACTOR AIMED AT EFFECTIVE LEARNING

The article dwells on the effectiveness aimed at introduction for interactive methods in the educational process. It is underscored that at that time, when globalization of information is inevitable and there are different ways to achieve it, it is worth paying attention to new and effective methods of teaching. In order to prepare students for competitions in troubled times, teachers need high professional skills. The usage of the interactive method is considered to be one of the possibilities beset with achievement of success in the relevant area, which was analyzed experimentally. The article of the article offers a joint, or interactive, method of effective conduct of the educational process, allowing the fruitful achievement of the intended objectives.

Текст научной работы на тему «ИНТЕРАКТИВНЫЕ МЕТОДЫ - ФАКТОР ЭФФЕКТИВНОСТИ ОБУЧЕНИЯ»

УДК 37.0 ББК 74.202

Отаева Мубина Абдусидицовна, докторанти (Phd) курси аввали ихтисоси санъати тасвири ва нацшакашии МДТ "ДДХ ба номи акад. Б. Fафуров"(Тоцикисmон, Хуцанд)

Отаева Мубина Абдусидиковна, докторант первого курса специальности изобразительного искусства и дизайна ГОУ "ХГУимени академика. Б. Гафурова" (Таджикистан, Худжанд)

Otaeva Mubina Abdusidikovna, first-year PhD doctoral student on the specialty of fine arts and design under the SEI "KSU named after acad. B. Gafurov" (Tajikistan, Khujand), E-mail: [email protected]

Вожа^ои калиди: таълим, метод, методи интерактиви, методикаи таълим, бози, бозии дидактики, ангезиши зеун, машгулият

Мацола ба баррасии масъалаи самаранокии татбици методуои интерактиви дар раванди таълим ихтисос ёфтааст. Цайд гардидааст, ки дар замоне, ки цауонишавии маълумот ногузир асту рощои ба он муваффац гаштан уам мухталиф мебошад, диццат додан ба усулуои тозаи манфиатбахши таълим ащмияти калон дорад. Барои тайёр кардан шогирдони ба рацобатуои айёми пурцушу хуруш тобовар аз омузгор майорату малакаи баланди касби металабад. Корбурди методи интерактиви яке аз имкониятуои дастёфта ба комёбщои соуаи мазкур маусуб меёбад, ки он ба тарици озмоиш таулил карда шудааст. Дар мацола методи уамкори ё худ интерактиви барои босамар роуандози намудани раванди таълим пешниуод шудааст.

Ключевые слова: обучение, метод, интерактивный метод, методика обучения, игра, дидактическая игра, умственное стимулирование, занятие

Статья посвящена эффективности внедрения интерактивных методов в учебный процесс. Отмечено, что в то время, когда глобализация информации неизбежна и существуют разные способы ее достижения, важно обратить внимание на новые и эффективные методы обучения. Для того, чтобы подготовить учеников к соревнованиям неспокойного времени, учителю требуются высокие профессиональные навыки. Использование интерактивного метода является одной из возможностей для достижения успеха в этой области, что было проанализировано экспериментально. В статье предлагается совместный, или интерактивный, метод эффективного ведения учебного процесса, позволяющего плодотворно достигать поставленных целей.

Key words: training, method, interactive method, methods of teaching, game, didactic game, mental stimulation, occupation

The article dwells on the effectiveness aimed at introduction for interactive methods in the educational process. It is underscored that at that time, when globalization of information is inevitable and there are different ways to achieve it, it is worth paying attention to new and effective methods of teaching. In order to prepare students for competitions in troubled times, teachers need high professional skills. The usage of the interactive method is considered to be one of the possibilities beset with achievement of success in the relevant area, which was analyzed experimentally. The article of the article offers a joint, or interactive, method of effective conduct of the educational process, allowing the fruitful achievement of the intended objectives.

Ч,омеаи муосир та;озо дорад, ки мутахассисони оянда бояд босавод, худомуз ва дарккунандаи масъалахои чахони имруза, фарогири донишхои мукаммал ва омода ба халли масъалахои мубрами хаёт бошанд. Онхо бояд дорои майорат ва малакахои робитавй бошанд, на;ши хешро дар таъмини талаботи мухталифи ичтимой ба ичро расонанд, дар дунёи мураккаб мав;еи худро муайян карда тавонанд.

Яке аз нишондихандахои инкишофи шахсияти мутахассиси оянда дарачаи ташаккулёбии салохиятнокии ичтимоии у махсуб меёбад. Хдмчунин яке аз хислатхои мухими узви чамъияти шахрвандии инсонгаро бисёркасбй мебошад, ки инро мардуми донишманди мо дар ;аъри асрхо бо ифодаи "ба як мард чил хунар кам аст" ифода намудаанд. Дар шахс ташаккул ёфтани махорат, зуддарккунии касбй, саъю кушиши эчодй, аз руйи зав;у шав; омода

МЕТОД^ОИ ИНТЕРАКТИВИ- ОМИЛИ САМАРАНОКИИ ТАЪЛИМ

ИНТЕРАКТИВНЫЕ МЕТОДЫ - ФАКТОР ЭФФЕКТИВНОСТИ ОБУЧЕНИЯ

INTERA CTIVE METHODS BEING A FACTOR AIMED AT EFFECTIVE LEARNING

намудани чои кор, худамалкунй - нишонахои сохибихтисос будани мутахассис махсуб меёбад.

Маълум аст, ки методхои таълим гуногунанд. Истифодаи бамаврид ва самарабахши онхо метавонад ба рушди сохаи маориф мусоидат намояд. Барои муаллим хангоми тайёрй ба дарс интихоби роххои дурусти таълим ахамияти калон дорад. Барои ин ба назар гирифтани ало;амандии якчанд омил зарур аст, монанди ма;сади дидактикй, мазмуни таълим, имкони азхудкунии хонандагон, махорати омузгор, аёният ва воситахои техникй. Методхои таълимро дар ало;амандии байни якдигар ва мазмуни таълим интихоб кардан ба ма;сад мувофи; аст. Методхои фаъоли таълим, яъне методхои интерактивй дар фаъолияти устодон чорй гашта, натичахои хубро хам додааст.

Татби;и методхои интерактивй дар таълим яке аз самтхои асосии такмилдихй ва тайёрии донишчуён дар мактаби олии муосир ва шарти хатмии амалй гардонидани муносибати салохиятнокй махсуб меёбад. Ташаккули салохиятнокй истифодаи технология ва шаклхои нави амалй гардонидани корхои такмилиро талаб мекунад.

Дар навбати аввал - ин зарурияти гузариш аз шакл ва методхои маълумотии таълим ба фаъол, дигар маълумоти ба фаъолияти чустучуи имкониятхо ало;аманд намудани дониши донишчуён ба талаботи амалии онхо мебошад. Интихоби технологияи нави тахсилот, методхои фаъол ва интерактивй бояд ба ташаккули салохиятнокй мувофи;ат намояд.

Метод, яъне усул мачмуи роху равиш ва тарзу методи омухтан, донистан, фахмидан, дарк кардан буда, барои самарабахш гардонидани чараёни таълим мунтазам истифода мешавад. То имруз дар дидактика таснифоти ягонаи методхои таълим вучуд надорад. Вале, бо вучуди он, имруз методхоро шартан ба се гурухи калон чудо кардан мумкин аст: методи гайрифаъоли (пассив) таълим, методи фаъоли (актив) таълим, методи хамкории (интерактив) таълим (1, 353-354).

Методи гайрифаъоли (пассив) таълим - ин муносибати байни хонандагон ва омузгор мебошад, ки дар он омузгор на;ши асосиро бозида, раванди таълимро идора мекунад. Хонандагон бошанд дар на;ши шунавандаи гайрифаъол буда, дар зери назорати омузгор ;арор мегиранд. Аз ну;таи назари мутахассисони сохаи педагогикаи муосир методи гайрифаъоли таълим методи нисбатан бе махсул ба хисоб меравад, вале бо баробари ин пахлухои мусбии худро низ дорад. Ин усулро ба ма;сади дар ва;ти кутох маводи зиёди таълимиро пешкаш кардан истифода кардан мумкин аст.

Методи фаъоли таълим - ин шакли хамкории байни хонандагон бо омузгор дар раванди таълим мебошад. Хонандагон бо омузгор хамкорй менамоянд. Дар ин методи таълим хонандагон иштирокчиёни фаъоли дарс мебошанд. Агар дар методи гайрифаъол на;ши асосиро омузгор бозад, дар ин методи таълим омузгор ва хонанда баробар мебошанд.

Методи хамкории (интерактив) таълим - дар му;оиса бо методи фаъоли таълим ба хамкории васеътари хонандагон нигаронида шудааст. Яъне хонандагон на танхо бо омузгор, балки бо якдигар низ хамкорй мекунанд. Дар ин усул хонандагон дар раванди дарс нисбат ба омузгор фаъолтаранд. Омузгор танхо барои ба ма;сади дарс расидан рохнамой мекунад.

Калимаи «интераксия» (аз хоричй interaction-хамкорй) аввалин маротиба дар чамъиятшиносй ва психологияи ичтимой ба вучуд омадааст (2, 4-5). Барои назарияи интераксионии рамзй (асосгузор файласуфи амрикой Дис Мид) дида баромадани инкишоф ва фаъоли хаёти шахсият, офариниши одам ба «Ман»-и худ дар вазъияти робита ва хамкории «интераксия»-ин раванди хамкорй, муколама, гуфтугу бо ягон чиз (масалан бо компутер) ё ягон кас (одам) фахмида мешавад.

Мафхуми «интерактивй» аз забони англисй «interact» («inter-дутарафа, тарафайн, мута;обила», «acto-кор (рафтор, амал) мебошад. Хдмин тавр методхои интерактивиро мумкин аст чунин тарчума кунанд, яъне «методхое, ки ба донишчуён имкон медихад то байни худ хамкорй намоянд».

«Таълими интерактивй» хамчун «тарзи дарккунй ва дар шакли якчоя, хамрох, муштарак фаъолият бурдани хонандагон» дида баромада мешавад. Ин аст мохияти методи интерактивй, ки аз раванди таълими якчоя амал кардани донишчуён ва муаллим иборат аст.

Дар му;оиса бо дигар усулхо методи интерактивй ба хамкории васеи донишчуён на фа;ат бо муаллим, балки байни хамдигар ва ба бартарии фаъолнокии донишчуён дар раванди таълим нигаронида шудааст.

Фаъолнокии муаллим назар ба фаъолнокии донишчуён сусттар мегардад, вазифаи муаллим дар барпо намудани шароити ташаббуси онхо бо;й мемонад.

Муаллим раванди таълиму тарбияро ба танзим медарорад ва ташкили умумии онро тахлил намуда, самти умумиро муайян мекунад (пешакй вазифахои заруриро тайёр мекунад ва саволхоро ба тасниф медарорад ё мавзуъро барои мухокима дар гурух тайёр мекунад), ва;т ва тартиби ичрои на;шаи кори ;айдшударо назорат мекунад, машварат медихад, мафхумхои душворфахмро фахмонида медихад, дар холати ба амал омадани мушкилй ёрй мерасонад.

Пеш аз хама методи интерактивй ин вазифахоро ичро менамояд:

1. Шав;и хонандагонро бедор мекунад;

2. Барои иштироки фаъоли хар як хонанда дар раванди таълиму тарбия мусоидат

менамояд;

3. Ба хиссиёти хар як хонанда равона мегардад;

4. Ба азхудкунии самараноки маводи таълимй мусоидат менамояд;

5. Ба хонандагон таъсири гуногунчониба дорад;

6. Робитаи аксуламалро таъмин менамояд (аксуламали чавобии хонандагон);

7. Афкор ва муносибати хонандагонро ташаккул медихад;

8. Малакахои хаётиро ташаккул медихад;

9. Ба тагйир ёфтани рафтор мусоидат мекунад.

Дар ин замон дар сохаи педагогика таснифоти ягонаи ;абулшудаи методхои интерактивй вучуд надорад, олимон ба ин масъала нигоххои гуногун доранд. Вале дар баробари ин, мав;еъхои монанд оид ба ин масъала вучуд доранд, ки аз байни онхо методхои зеринро чудо кардан мумкин аст:

• Корхои эчодй;

• Кор дар гуруххои хурд;

• Бозихои таълимй;

• Истифодаи захирахои чамъиятй;

• Лоихахои ичтимой ва дигар методхои таълими беруназсинфй (озмунхо, мусохибахо,

намоишгоххо);

• Омузиш ва тахкими маводи нав;

• Санчиш (тест);

• Ало;аи баргарданда;

• Таълими фосилавй;

• Баррасии масъалахои мураккаб ва мушкилоту масъалахои бахсбарангез;

• Омузишхо.

Аз ин лихоз, ба усулхои фаъол ва интерактивй танхо он методхо, ки дар асоси механизмхои психологии та;виятии нуфузи гурух ба раванди азхудкунии хар як иштирокчй ба хамкорй ва хамрох таълимгирй тачрибадошта сохта мешавад. Чунин усулхо технологияи инноватсионии тахсилотй ба хисоб мераванд.

Раванди таълим ба истифодаи усулхои интерактивй такякунанда бо назардошти ба раванди дарккунй дохил намудани хамаи донишчуёни гурух бе истиснои баъзе донишчуён ташкил карда мешавад. Фаъолияти муштарак чунин маъно дорад, ки хар як иштирокчй сахми шахсии махсуси худро пешниход мекунад, дар рафти кор ивази донишхо, гояхо, тарзхои фаъолият сурат мегирад. Корхои фардй, дукаса, гурухй, ташкил карда шуда, кори лоихавй, бозихои на;шй, кор бо хуччатхо ва гирифтани маълумот аз сарчашмахои гуногун ба амал оварда мешавад. Усулхои интерактивй ба асосхои хамкорй, фаъолнокии хонандагон, ба тачрибаи гурухй, ало;аи баръаксии хатмй нигаронида шудааст. Мухити муносибати маърифатй бунёд карда мешавад, ки самимй будан, хамкории иштирокчиён, баробар будани далелхои онхо, чамъ намудани донишхои муштарак, имконияти ба хамдигар баходихй ва назорат тавсиф карда мешавад.

Усулхои интерактивии таълимро мумкин аст ба бозихо ва методхои дидактикии гайрибозй чудо намоем.

Усулхои таълими интерактивии бозихои дидактикй: бозии таълимии расмй, бозии на;шй, маш;и психологй, тренинг.

Усулхои таълими интерактивии гайрибозй: тахлили вазъияти мушаххас (case-study), мубохисаи гурухй, хучуми аклй, методхои таълими кооперативй. Ба шумораи методхои фаъол ва интерактивии таълим лексияхои интерактивй дохил мешавад.

Лексияи интерактивй дар худ омилхои лексияи анъанавй ва бозии машкиро дар бар мегирад. Ин андоза лексия, истифодаи он дар чунин холатхо маъно дорад, ки сохиби маълумоти нодир Шумо ё дигар эксперти фаннй хастед ва вакте ки захираи вакт ва дигар сарчашмаи маълумот махдуд мебошад (лексия - конфронси матбуотй, лексия - тадкикот бо дукас, лексия - сухбат, лексия - мубохиса, лексия - фитнаангезй, лексия - тадкикот, лексия -муоина (визуалй) ва гайра.

Бозии тасвири омилхои гунонуни фаъолнокии одамро таклид мекунад ва хамкории ичтимой, зиддиятхои байни хусусияти абстрактидоштаи фанни таълимй ва хусусияти хакикии фаъолияти касбиро бархам медихад.

Бозии накшП барои халли мачмуи масъалахои азхудкунии маводи нав, мустахкамкунй ва инкишофи кобилияти эчодй, инчунин барои ташаккули махорати умумифаннй истифода мешавад. Он ба хонандагон имконият медихад, ки маводи навро аз мавкеи гуногун омузанд.

Хучуми ак;лй (англ. Brainstorming) - яке аз методхои машхуртарини хавасманд гардонидани фаъолнокии эчодй мебошад. Он барои дарёфти халли муаммои мураккаб бо рохи истифодаи коидахои махсуси мубохиса имконият медихад ва дар бисёр ташкилотхо барои чустучуи халли масъалахои гуногуни гайримаъмул васеъ истифода бурда мешавад.

Тахлили вазъияти мушаххаси таълимй (методи кейс, англ. case stady)-методи таълим, барои такмили малака ва сохиб шудан ба тачриба дар чунин сохахо таъин шудааст: зохир намудан, интихоб ва халли муаммо; кор бо маълумот-фахмидагирии ахамияти чузъхои дар вазъият навишташуда; тахлил ва синтези маълумот ва далелхо; кор бо тахминхо ва хулоса; баходихй ба хамгун (алтернатива); кабул намудани хулосаи нихой; гуш кардан ва эътирофи фикри дигар одамон; малакаи кор дар гурух.

Коидахои умумии дарси интерактивй:

1. Ба кор бояд хамаи иштирокчиён чалб карда шаванд. Бо ин максад истифода бурдани технологияхое, ки дохил кардани хамаи иштирокчиёнро ба раванди мухокима имкон медиханд, муфид аст;

2. Хонандагонро аз чихати равонй омода намудан зарур аст. Зеро на хама хонандагон аз чихати равонй барои фавран ба ин ё он намуди кор омода хастанд. Дар робита ба ин рухбаланднамоии доимй барои иштироки фаъолона дар кор, таъмини имкониятхо барои худтатбиккунй ба максад мувофик мебошад;

3. Микдори хонандагон дар усули интерактивй набояд бисёр бошад. Шумораи муносиби хонандагон то 25 нафар аст;

4. Синфхона барои ба осонй иваз кардани чои хонандагон хангоми кор дар гуруххои калон ва хурд омода карда шавад;

5. Да;и; кабул намудани тартибу коидахо. Ин коидахоро бояд дар ибтидо кабул намуда, хеле кушиш кардан лозим аст, ки риояи онхо вайрон нашавад. Масалан, хамаи иштирокчиён бояд нисбати нуктаи назари дигарон тахаммулпазир бошанд, хукуки хар як касро барои баёни озоди фикр ва шаъну шарафи уро эхтиром намоянд;

6. Хднгоми таксим намудани иштирокчиён ба гуруххо бо диккат бошед. Бехтар он аст, ки принсипи ихтиёрй хагоми таксимоти гуруххо истифода шавад.

Принсипхои мухими усулхои интерактивй:

1. Омузгор ва хонандагон хангоми мухокима имконияти баробар доранд;

2. Хонандагон ташаббускор ва омузонандаи хамдигаранд;

3. Мухити чустучу ва тахкикот фарохам оварда мешавад;

4. Бо хар як хонанда муносибати хайрхохона ва фардй карда мешавад;

5. Фаъолияти дунафарию гурухй, ки кушишхои якчояро талаб мекунанд, бартарй доранд.

Усули интерактивии таълим аз се мархилаи асосй иборат аст: водоркунй, дарккунй, мулохизаронй (3, 29-30).

Водоркунй - дар ин зина ахли синф ба ин ё он масъала, мавзуъ мутаваччех мешаванд. Омузгор бо роххои гуногун донишхои пештар азхудкардаи хонандагонро бедор намуда, онхоро барои кабули ахбори нав омода менамояд. Вазифахои асосии омузгор дар ин зина

шавкманд ва фаъол гардонидани хонандагон ва ба хисоб гирифтани донишхои мавчудаи онхо доир ба мавзуи нав, ташкили лахзаи чустучу ва бунёд намудани фазои эхсосй мебошад.

Дарккунй - дар ин зина хонанда бо ахбор ва мафхумхои нав тавассути хондани матн, тамошои филм, гуш кардани лексияхо шинос мешавад. Хонанда назорат кардани фахмиши худро меомузад ва чойхои ба худаш нофахморо навишта мегирад. Дар ин зина хонандагон акидахои якдигарро гуш карда, кушиш мекунанд, ки ба умки масъала даррасанд.

Муло^изаронй - ин зинаи истифодабарии эчодии дониш, малака ва кобилиятхои ба дастомада мебошад. Хонандагон хулосахои худро оид ба мавзуъ ва ё масъалаи мавриди тахкик баён мекунанд, фикру акидахои нихоии худро мегуянд.

Кайд кардан бамаврид аст, ки усулхои таълимиро вобаста ба зинахои дарс интихоб намудан лозим аст.

Яке аз усулхои интерактивй ин масъалагузорй мебошад. Ин усул ба гурухи усулхои ахборй дохил мешавад ва он яке аз воситахои фаъол гардонидани амалиёти фикрии хонандагон дар дарс буда, ба азхудкунии мустахками дониш, махорат ва инкишофи кобилияти эчодкории онхо ёрй мерасонад (4, 131).

Дар ин усули таълим дониш ба хонандагон бо намуди тайёр пешниход намешавад, балки дар назди онхо халли якчанд масъала гузошта мешавад. Натичаи ин усули таълим аз дигар усулхо бо он фар; мекунад, ки дар рафти омузиш хонандагон донишро дарк ва ихтироъ мекунанд ва бо хамин онхо на факат дониш меомузанд, балки чустучуи эчодкоронаро ёд мегиранд.

Ин усулро дар хамаи лахзахои дарс истифода бурдан мумкин аст. Методи масъалагузорй чунин коидахоро дорост:

1. дониш ва тасаввуроти хонандагон ба назар гирифта шавад;

2. микдори саволхо кам бошад, чавобхо пурмазмун бошад;

3. дониши такягохии мазмуни таълим ба назар гирифта шавад.

Дар усули интерактивии «Ангезиши зехн» масъала ё саволхои кушода гузошта мешаванд. Яъне хангоми истифодаи усули интерактиви «Ангезиши зехн» масъалагузорй истифода бурда мешавад.

Барои мукоиса ва татбики усули интерактивии «Ангезиши зехн» дар гуруххои курси дуюми ихтисоси технологияи Коллечи омузгории ДДХ ба номи академик Бобочон Fафуров: гурухи 213 А - гурухи назоратй ва гурухи 213 Б - гурухи озмоишй интихоб карда шуд. Дар хар ду гурух аз фанни «Методикаи таълими технология ва накшакашй» дар мавзуи «Методхои таълими технология (таълими мехнат) ва интихоби он» машгулияти назариявй гузаронида шуд. Дар машгулияти назариявии гурухи назоратй дарс дар шакли анъанавй гузаронида шуд. Дар гурухи озмоишй бошад дарс бо методи интерактивии «Ангезиши зехн» ташкил карда шуд. Дар чараёни машгулиятхои назариявй вобаста ба мавзуъ чунин масъалахо ба миён гузошта шуд:

1. Усул ё методикаи таълим чист?

2. Кадом усулхои таълимро медонед?

3. Дар дарсхои "Усули таълими технология ва накшакашй" кадом усулхоро истифода бурдан бамаврид аст?

4. Усули масъалагузорй аз дигар усулхои ахборй чй афзалият дорад?

Чй хеле ки зикр гардид, ин усул донишчуёнро водор сохт, ки донишхои пештараи худро ба ёд оварда, онро мустахкам кунанд. Онхо халли масъаларо чустучу карда, эчодкорона посухи худро омода карданд. Аз хар донишчу халли масъала пурсида шуд ва дар натича хама донишчуён дар раванди машгулият фаъол гашта, фикру мулохизахои худро мустакилона баён карданд. Инчунин хисси шавкмандии донишчуён бедор шуда, аз тарафи онхо саволхои гуногун оид ба мавзуъ гузошта шуд.

Саволхои донишчуён дар чараёни дарс шавкмандии онхоро нишон медихад. Аз суолоти додашуда дарачаи дониш ва махорати онхо муайян карда мешавад. Барои ташкили усули масъалагузорй фаъолияти донишчуён оид ба саволдихй зарур аст. Савол додани донишчуён дар дарс омузгорро ба гузоштани масъала водор месозад. Аз тарафи дигар, бештари ин усули таълим ба кобилияти саволгузории донишчуён мусоидат мекунад. Барои савол додану масъала гузоштан дониш зарур аст. Донишчуёне, ки коидаву мафхумхои заруриро зиёдтар медонанд, кунчковона саволхои шавковар медиханд. Аз тарафи дигар, онхо бо саволдихй масъаларо азхуд намуда, максад ва халли онро муайян мекунанд. Гузоштани савол натичаи

амали эчодию фикрии донишцуён буда, ба инкишофи тафаккури онхо мусоидат мекунад. Донишцуён дар чунин холатхо савол медиханд:

а) агар дониши мустахкам дошта бошанду коидахои умумии техникию технологиро донанд;

б) агар байни дониши пештара ва нав нофахмй ба вучуд ояд;

в) агар максади асосии мавзуъро муайян карда натавонанд;

г) агар тасаввур кардани рафти технологии сохтани маснуот аз руи накша мушкил бошад. Дар машгулияти амалй дониши нав аз худ кардаи донишцуён, яъне мавзуи нав ба тарики

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

саволномаи тестй сан^ида шуд. Натицаи пурсиш чунин буд:

Цадвали 1. Натицаи пурсиши донишцуён дар гурухи назорати. Дар гурухи 213 А (гурухи назорати) - 25 нафар донишцу

бад миёна хуб аъло

4 - 16% 17 - 68 % 3 - 12 % 1 - 0,4%

Цадвали 2. Натицаи пурсиши донишцуён дар гурухи озмоиши. Дар гурухи 213 Б (гурухи озмоиши) - 24 нафар донишцу

бад миёна хуб аъло

2 - 0,8% 7 - 28 % 10 - 40% 5 - 20%

70 60 50 40 30 20 10 0

16

0,8

28

40

12

20

0,4

.-' А

V У

бад, % миёна, % хуб, % аъло, %

□ 213 А -гурухи назоратй

□ 213 Б -гуру*и озмоишй

Диаграммаи №1. Натицаи пурсишхо дар гуруххои назорати ва озмоиши.

Чй хеле ки аз натичаи пурсишномаи тестй, ки дар намуди диаграмма оварда шудааст, дида шуд дар гурухи 213 Б - гурухи озмоишй кабули мавзуи нав назар ба гурухи 213 А - гурухи назоратй баландтар аст. Аз ин бармеояд, ки дар раванди машгулиятхо методи «Ангезиши зехн», умуман хамаи намудхои методхои интерактивиро истифода бурдун самаранок аст. Аз ин лихоз дар раванди машгулиятхо - хох лексиониву хох амалй методхои интерактивй истифода бурда шавад, ба талаботи замон мувофик аст.

Хулоса ин метод агар, аз як тараф нутк ба мустахкамкунии дониш ёрй расонад, аз тарафи дигар ба инкишофи нутки донишчу ёрй мерасонад. Максади асосии ин метод аз он иборат аст, ки донишчуён дониши худро чамъбаст намуда, фикрашонро гуфта тавонанд ва он такрор шавад. Дар илми равоншиносй тасдик шудааст, ки хар як амалиёти фикрй ин халли масъала буда, аз саволу чавоб иборат аст, он на хама вакт ёфт мешавад. Онро бояд дар байни саволу чавоб чустучу кард. Максади асосии интихоби ин методи таълим фаъол гардонидани амалиёти донишчуёни алохида набуда, балки ангезиши эхсоси ахли синф мебошад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Азизов, А.А. Методикаи таълими технология (таълими мехнат) дар низоми муносибати босалохият /А.А.Азизов, М.Сайфиддинов, М.Чураев, Ф. Муминов. -Хучанд - Нури маърифат, 2019.- 506 с.

2. Азизов, А.А. Таълими салохиятнок бо истифодаи методхои фаъол ва интерактивй дар муассисахои олии касбй (Дастури методй)/А.А.Азизов, Х.М. Сабуров. -Хучанд -Нури маърифат. -2019.- 48с.

3. Азизов, А.А. Истифодаи бозихои дидактикй дар раванди таълим/А.А.Азизов, Х.М.Сабуров, Ш.Ю.Азизов, Т.Ю.Рачабов. -Хучанд-Нури маърифат, с.2019, 244 с.

4. Азизов, А.А. Методикаи таълими на^шакашй дар низоми муносибати босалохият/А.А. Азизов, К.Чураев, А.Дадочонов. -Хучанд -Нури маърифат.-2019.- 428 с.

5. Сафин, Д. Усулхои таълим ва омузши хамфаъол. Дастури таълимй/Д.Сафин, Р.Мусина, К.Мухторй. - Душанбе, 2007.-376 с.

REFERENCES:

1. Azizov, A.A. Methods of Teaching Technology (Labor Education) in the System of Competent Attitudes / A.A. Azizov, M. Saifiddinov, M. Juraev, F. Muminov. - Khujand: Light of Enlightenment, 2019. - 506 p.

2. Azizov, A.A. Competent Education with the Usage of Active and Interactive Methods in Higher Educational Establishments(Methodological manual) / A.A. Azizov, H.M. Saburov. - Khujand: Light of Enlightenment. -2019. - 48p.

3. Azizov, A.A. The Usage of Didactic Games in the Educational Process / A.A. Azizov, H.M. Saburov, Sh.Yu. Azizov, T.Yu. Rajabov. - Khujand: Light of Enlightenment, 2019, - 244 p.

4. Azizov, A.A. Methods of Teaching Planning in the System of Competent Attitudes / A.A. Azizov, K. Juraev, A. Dadojonov. - Khujand: Light of Enlightenment, -2019. - 428 p.

5. Safin, D. Interactive Teaching and Interactive Methods: manual / D.Safin, R.Musina, K.Mukhtori. - Dushanbe, 2007. - 376 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.