Научная статья на тему 'ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҳОИ ТАЪЛИМИ ШАХСИЯТГАРО ДАР ПЕДАГОГИКАИ ХОРИҷӣ'

ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҳОИ ТАЪЛИМИ ШАХСИЯТГАРО ДАР ПЕДАГОГИКАИ ХОРИҷӣ Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
63
6
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ЛИЧНОСТЬ / ОБУЧЕНИЕ / ПСИХОЛОГИЧЕСКИЙ ГУМАНИЗМ / ПРИНЦИПЫ / КОМПЛЕКС ЗАЩИТЫ / СУБЪЕКТ УЧЕБНОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ / INDIVIDUAL / TUITION / PSYCHOLOGICAL HUMANISM / PRINCIPLES / PROTECTION COMPLEX / SUBJECT OF EDUCATIONAL ACTIVITY / ШАХСИЯТ / ТАЪЛИМ / ПСИХОЛОГИЯИ ИНСОНПАРВАРОНА / ПРИНСИПҳО / КОМПЛЕКСИ МУҳОФИЗАТ / СУБЪЕКТИ ТАЪЛИМ

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Каримова Д. А., Азизова М. М.

Дар мақола дидгоҳҳои психологҳои инсонпарвар аз нуқтаи назари татбиқи онҳо дар раванди таълиме,ки дар маркази он шахсияти таълимгиранда қарор дорад, тадциц шудаанд. Қайд карда мешавад,ки муносибати шахсиятгаро дар психологияи инсонгароёнаи хориҷӣ таҷассум ёфтааст,ки яке аз сарварони ин равия К.Роҷерс -бунёдгузори таълими гайридастурӣ мебошад.Таъкид мегардад, ки зимни татбщи гояҳои К.Роҷерс дар омӯзишу таълими забони хориҷӣ ба усули муоширати озод ва бидуни «комплекси муҳофизат»-и хонандагон такя бояд кард.Хулоса мешавад, ки назарияи шахсиятгаро, ки дар назария ва амалияти педагогии хориҷӣ инъикос ёфтааст, хонандаро ҳамчун субъекти фаъолияти таълимӣ дар маркази таълим қарор дода, ҳаддалимкон ба назар гирифтан ва ташаккул додани хусусиятҳои инфиродию равонии ӯро таъкид менамояд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ELUCIDATION OF THE ISSUES CONCERNED WITH PERSONALLY-ORIENTED TUITION IN FOREIGN PEDAGOGY

The article reviews the process of formation and development of humane pedagogy and defines the aim of personally-oriented approach in education at the present time. The author notes that personal approach in foreign pedagogy is reflected in humanistic psychology, one of the leaders of which is C. Rogers, the founder of non-directive education and upbringing. Rogers’ emphasis on student-oriented tuition has influenced the educational process. To order to adapt the ideas of C. Rogers in relation to the study and teaching of foreign language, it is necessary to take into account what students understand themselves and that they can communicate freely and without a “protection complex”. The author concludes that personal approach has founded its reflection in foreign pedagogical theory and practice when a student as a subject of educational activity is at the center of teaching, into the bargain his individual psychological characteristics are taken into account being formed as process of training.

Текст научной работы на тему «ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҳОИ ТАЪЛИМИ ШАХСИЯТГАРО ДАР ПЕДАГОГИКАИ ХОРИҷӣ»

УДК 373.01 ББК 74.202.2

Каримова Дильбар Абдуллаевна, н.и.п, сармуаллимаи кафедраи умумидонишго%ии забон%ои хорицй;Азизова Ма^инахон Мансуровна,

магистранти курси якуми кафедраи умумидонишго%ии забощои хориции МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Гафуров»(Тоцикистон, Хуцанд)

Каримова Дильбар Абдуллаевна, к.п.н., старший преподаватель общеуниверситетской кафедры иностранных языков; Азизова Махинахон

Мансуровна, магистрант первого курса общеуниверситетской кафедры иностранных языков ГОУ "ХГУимени акад. Б.Гафурова" (Таджикистан, Худжанд)

Karimova Dilbar Abdulloevna, candidate of pedagogical sciences, senior teacher of the all-dniversity Department of foreign languages, E-mail: [email protected]; Azizova Mahinakhon Mansurovna, graduate student of the first year of the all-university department of foreign languages under the SEI "KhSU named after acad.B.Gafurov" (Tajikistan, Khujand)

Вожа^ои калиди: шахсият, таълим, психологияи инсонпарварона, принсищо, комплекси му%офизат, субъекти таълим

Дар мацола дидго%%ои психолог%ои инсонпарвар аз нуцтаи назари татбици ощо дар раванди таълиме,ки дар маркази он шахсияти таълимгиранда царор дорад, тадциц шудаанд. Кайд карда мешавад,ки муносибати шахсиятгаро дар психологияи инсонгароёнаи хорицй тацассум ёфтааст,ки яке аз сарварони ин равия К.Роцерс -бунёдгузори таълими гайридастурй мебошад.Таъкид мегардад, ки зимни татбици гояуои К.Роцерс дар омузишу таълими забони хорицй ба усули муоширати озод ва бидуни «комплекси му%офизат»-и хонандагон такя бояд кард.Хулоса мешавад, ки назарияи шахсиятгаро, ки дар назария ва амалияти педагогии хорицй инъикос ёфтааст, хонандаро %амчун субъекти фаъолияти таълимй дар маркази таълим царор дода, %аддалимкон ба назар гирифтан ва ташаккул додани хусусият%ои инфиродию равонии уро таъкид менамояд.

Ключевые слова: личность, обучение, психологический гуманизм, принципы, комплекс защиты, субъект учебной деятельности

В статье рассматривается процесс становления и развития педагогики по пути гуманности и определяется цель, которой служит формируемое в настоящее время в педагогике личностно-ориентированное обучение.Авторы отмечают, что личностный подход в зарубежной педагогике нашел свое отражение в гуманистической психологии, одним из лидеров которой является К.Роджерс - основатель недирективного обучения и воспитания.Упор Роджерса на обучение, ориентированное на студента, оказало влияние на образовательный процесс. Для адаптации идей Роджерса применительно к изучению и обучению иностранному языку необходимо учесть, что учащиеся при этом понимают сами и могут общаться свободно и без «комплекса защиты». Автор приходит к выводу,что личностный подход нашел свое отражение в зарубежной педагогической теории и практике, где в центре обучения находится учащийся как субъект учебной деятельности, при этом максимально учитываются и формируются в процессе обучения его индивидуально-психологические особенности.

Key words: individual, tuition, psychological humanism, principles, protection complex, subject of educational activity

The article reviews the process of formation and development of humane pedagogy and defines the aim of personally-oriented approach in education at the present time. The author notes that personal approach in foreign pedagogy is reflected in humanistic psychology, one of the leaders of which is C. Rogers, the founder of non-directive education and upbringing. Rogers' emphasis on student-oriented tuition has influenced the educational process. To order to adapt the ideas of C. Rogers in relation to the study and teaching of foreign language, it is necessary to take into account what students understand themselves and

ИНЪИКОСИ МАСЪАЛА^ОИ ТАЪЛИМИ ШАХСИЯТГАРО ДАР ПЕДАГОГИКАИ ХОРЩИ

ОСВЕЩЕНИЕ ВОПРОСОВ ЛИЧНОСТНО-ОРИЕНТИРОВАННОГО ОБУЧЕНИЯ В ЗАРУБЕЖНОЙ ПЕДАГОГИКЕ

ELUCIDATIONOF THE ISSUES CONCERNED WITH PERSONALL Y-ORIENTED TUITION IN FOREIGN PEDAGOGY

that they can communicate freely and without a "protection complex". The author concludes that personal approach has founded its reflection in foreign pedagogical theory and practice when a student as a subject of educational activity is at the center of teaching, into the bargain his individual psychological characteristics are taken into account being formed as process of training.

Дар педагогикаи хоричй муносибати шахсиятгаро хеле мухим арзёбй мешавад ва дар психологияи инсонгаро, ки яке аз пешохднгони он К.Рочерс - асосгузори таълиму тарбияи гайридастурй (гайридирективй) мебошад, андешахои арзишманде дар ин маврид руйи кор омадаанд. Дар яке аз таълифоти бунёдии худ "Client - Centered Therapy" (1951), ки классикй эътироф гардидааст, мухаккик дар мачмуъ, рафтори инсон, аз чумла, раванди омузиш (таълим)-ро мавриди тахлил карор дода, 19 принсипи онро муаррифй менамояд. Х,амаи онхо ба андозае бо таълим алокаманданд. У «шахсиятро дар яклухтй», хамчун махлуки дорои чисм ва маърифаткунанда, аммо пеш аз хама, сохиби эхсосот меомузад. Принсипхои у ба рушди худшиносии фард, ба эхсоси вокеият, ба нерухои ботиние, ки инсонро ба амал водор мекунанд, нигаронида шудаанд. К.Рочерс чунин мешуморид, ки яке аз принсипхои асосии рафтори инсон -кобилияти у ба мутобикшавй ва «инкишоф» ба самтест, ки уро бехтар месозад. Агар мухит хатарнок набошад, шахсият манзараи вокеияти ба вокеияти аслй мувофикро ташаккул дода, рушд менамояд ва меомузад (3,200).

«Шахсияти пурра амалкунанда» (The "fully functioning person") мувофики фахмиши Рочерс бо хиссиёту вокунишхояш зиндагй мекунад, у метавонад хамоне бошад, ки имконпазир аст ва дар чараёни хастй ва ташаккули худ вучуд дорад. «Шахсияти пурра амалкунанда» дар худшиносиаш барои тачрибаи худ, бидуни мачмуи (комплекси) мухофизат, озод аст ва худро дар хама гуна лахзаи ичрои ягон амал хангоми кабули карорхо меофарад (3,202).

Дидгохи Рочерс нисбат ба тахсилот низ татбикшаванда аст, харчанд хулосахои у дар заминаи амалияи психотерапевтй бароварда шудаанд. Дар он кори асосй аз «таълим» ба «омухтан» гузаштан аст. Хддафи таълим фарохам овардани шароити мусоид барои тагйирёбй ва омузиш аст. Чй тавр омухтанро ёд додан - мухимтар аз таълим гирифтани он чизхоест, ки омузиши онхоро пурра омузгор хал мекунад. Низоми имрузаи тахсилот барномахои таълимро интишор намуда, чизхои барои омухтан зарурро талкин мекунад, ки чунин муносибат хам озодй ва хам манзалати инсонро рад месозад. Ба акидаи Рочерс, дар раванди таълим ёрирасонхо (фасилитаторхо)-и хакикие заруранд, ки дар ташкили муносибатхои байнишахсй бо хонандагон муваффак гашта метавонанд. Барои ёрирасони хакикй шудан ба омузгор лозим аст, ки пеш аз хама, аз никоби бартарият ва хамадонй даст кашида, табий ва самимй бошад; дувум, ба омузгор боварии хакикй, пазируфтани инсони дигар - донишчуй хамчун шахси нотакрор зарур аст; севум, муоширати кушоду эмотсионалй бо донишчуён ва баръакс, донишчуён бо омузгор хатмист. Омузгороне, ки чунин сифатхоро доранд, на танхо худашонро хуб мешиносанд, балки вокеан омузгороне хоханд шуд, ки каринаи мувофиктарини омузишро интихоб намуда, дар расидани хонандагон ба хадафхои таълим муваффак мегарданд (3,201).

Х,амин тарик, К.Рочерс ба раванди маърифатии омузиш таваччухи махсус зохир намекунад, зеро чунин мешуморад, ки агар «карина»-и таълим/омузиш ба тарзи мувофик фарохам оварда шавад, шахсият вокеан он чизеро меомузад, ки барояш даркор аст.

Назарияи Рочерс дар айни замон баъзе норасоихо дорад: омузгор дар истифодаи дидгохи гайридастурй метавонад «аз хад гузарад», яъне вакти кимат барои раванде сарф шавад, ки зимни он ба донишчуён имкони «дарёфтани» далелу принсипхо фарохам оварда мешавад.

Хдмчунин мухити осудаву бехавф метавонад то дарачае бехавф гардад, ки шиддати «фасилатитавй», ки барои таълим/омузиш зарур аст, аз байн меравад. Тадкикоти сершуморе мавчуданд, ки дар бобати таъсири мусбати фазои мусобика дар синф гувохй медиханд, ба шарте ки худэхтиромкунй ва ангезахои омузишро вайрон насозад.

Бо вучуди ин, таъкиди Рочерс ба таълиме, ки ба донишчуй нигаронида шудааст, дар раванди тахсилот таъсир гузошт. Барои мутобик сохтани гояхои Рочерс ба омузишу таълими забони хоричй дар назар бояд дошт, ки хонандагон худашон мефахманд ва озодона, бидуни «комплекси мухофизат» муошират карда метавонанд. Бинобар ин, ёрирасонхо бояд каринаи омузишро таъмин намуда, вазифаи худро танхо бо интиколи мачмуи донишхо ба таълимгирандагон, ки мутаносибан ин донишхоро бояд аз худ намоянд, махдуд насозанд. Дар ин гуна муносибат ба таълим мухити «мудофиавй»-и омузиш ба вучуд меояд, ки хонандагон кушиш мекунанд, то худро аз нокомихо, танкид, ракобат/мусобика бо хамсинфон ва чазо мухофизат намоянд. Фаъолият дар синф ва маводи таълим хангоми забономузй бояд дар каринаи муоширати вокей бо шахсиятхо сурат гирад, ки ба раванди ташаккули шахсиятхо, яъне омузиш чалб шудаанд.

Дар мачмуъ, психологхои инсонпарвар чунин мешуморанд, ки тачдиди амалияи анъанавии дастурии таълиму тарбия зарур аст, ки дар самтхои зерин амалй гардад:

1. Фарохам овардани мухити психологии боварй байни омузгорон ва хонандагон.

2.Таъмини хамкорй дар кабули карорхо байни омузгорону хонандагон.

3.Таъмини хамкорй дар кабули карорхо байни тамоми иштирокчиёни раванди таълиму тарбия.

4.Ба кор бурдани захирахои барангезандаи омузиш.

5.Дар омузгорон инкишоф додани максадгузорихои шахсие, ки ба таълими инсонпарварона бештар мувофиканд.

6. Мусоидат ба омузгорону хонандагон дар рушди шахсияти онхо (2,27).

Намояндагони психологияи инсонпарварона таълимро хамчун синтези ду фаъолият -фаъолияти омузгор (таълим) ва фаъолияти хонанда (омузиш), хамчун заминае, ки аз ботин сар зада, ба кобилияти фитрй асос ёфтааст, дарк менамоянд.

К.Рочерс ду типи омузишро фарк мекунад - «бешуурона» ва «бошуурона». Типи якуми омузиш хамчун омузиши ичборй, бешахс, зехнй тавсиф меёбад, ки аз берун арзёбй гардида, ба фарогирии донишхо равона шудааст. Типи дувуми омузиш, баръакс - озодона, бо икдоми мустакилонаи шахсият сурат мегирад, таъсироти он фарогир буда, аз чониби худи хонандагон бахогузорй мешавад, ба азхудкунии унсурхои даркшудаи тачрибаи шахсият равона шудааст.

Давраи томактабии хар як инсон пур аз равандхои гуногуни омузиши бошуурона аст. Бачагон пайваста ягон чизро омухта, ба ин васила, донишдустии беинтихои худро конеъ мегардонанд. Аммо бо огози таълим дар мактаб ин манзара ба таври назаррас тагйир меёбад. Тамоми мухити таълими мактабй ба андешаи психологхои инсонпарвар байни ду нуктаи аз хам дур - ду кутб чойгир аст. Як кутби он - таълими анъанавии хукмраво, ки аз рузхои аввалини он кудак мефахмад, ки бояд ба коидахо итоат намуда, ба хатохо рох надихад, ягон чизро пурсидан ва ба омузгор эътироз намудан мумкин нест; у мефахмад, ки китобхои дарсй дилгиркунанда мебошанд, руйбардор кардан айб нест, дар таълим чизи мухимтарин бахохо мебошанд ва мактаб дар мачмуъ, чойи нохуб аст ва г.^утби дигар-таълими инсонпарваронаи ба шахсият нигаронида ё озодона, ки зимни он кудак аз рузхои нахустин дар мактаб огох мешавад, ки донишдустии у эътироф гардида, хавасманд карда мешавад, омузгор хайрхох ва гамхор аст, он чизеро омухтан мумкин аст, ки хохиш дорй ва маъкул аст, раванди таълим лаззат мебахшад, омузгорон бошанд, хисси эхтирому мухаббатро бармеангезанд(3,227).

Д.Брандес ва П.Гиннис (Британияи кабир) кушиш намуданд, ки як навъ дастурро оид ба омузиш тартиб диханд, ки дар маркази он хонандагон карор доранд (7,75). Муаллифон низоми воситахоеро созмон додаанд, ки бо истифодаи онхо муносибатхоро дар мактаб инсонпарварона метавон кард: ташаккули ангезиш ба омухтан, ба вучуд овардани боварй байни омузгор ва хонандагон, новобаста ба хусусияташ бечуну чаро ва мусбат «пазируфтани» хонанда, хамдигарфахмй, халли якчояи муаммохои таълимй ва тарбиявй ва г.

Солхои тулонй дар дидактикаи ватанй гояи фаъолгардонии омузиш хукмрон буд, ки мувофики он неруи шахсиятии таълимгиранда барои азхудкунии мундаричаи аз берун мукарараршуда, барои зухури эчодкорй дар чорчубаи катъии барномавй сафарбар шуда буд. Дар ин чо падидаи барои мо маълум - истифодаи шахсият ба сифати воситаи расидан ба «хадафхои олй» ба назар мерасад. Дар ин холат субъективй будан, мазмунофарй, назари танкидй ва дигар сифатхои шахсии инсон хамчун чизхои арзишманд баррасй намегарданд. На шахсият, балки махсулоте, ки аз у ба даст овардан мумкин аст - ичрои вазифахои муайяни ичтимой, татбики амсилахои рафтор ва г. афзалият дорад.

Акидае вучуд дорад, ки муаммои аз чониби мо баррасишаванда ягон нуктаи нав надорад ва маориф маъмулан ба шахсият нигаронида мешуд. Аммо ба таъкиди В.В.Сериков (4,166) ин дидгох аз надидани фарки байни ташаккули сохторхои шахсиятии шуур ва талкини тачрибаи когнитивй, «амалиётй» сар мезанад. Х,атто нигохи сатхй ба низоми тахсилот нишон медихад, ки дар он на шахсият ва манфиатхои рушди он, балки матлабхои тамоман дигар афзалият доштанд. То хол идеология, давлат ва талаботи иктисодии он, низоми бюрократии идоракунии маориф, анъанахо ва одатхои шуури педагогй тамоюлхои асосии маориф мебошанд. Муносибати шахсиятгаро, албатта, таъсири ин омилхои пуркувватро бархам дода наметавонад, аммо ба миён гузоштани савол оид ба мавкеи ин муносибат дар низоми танзимкунандахои фаъолияти тахсилотии чомеа конунй мебошад.Ба акидаи психологхои инсонпарвар, яке аз норасоихои низоми анъанавии таълим аз хад зиёд бахо додан ба накши таълиму омузгор ва сарфи назар кардани накши омузиши бошууронаи хонанда мебошад.

Р.Бернс принсипхои асосиеро ифода намудааст, ки омузгор бояд зимни кушиши инсонпарварона намудани раванди таълим ба инобат гирад (1,112).

1.«Аз огози раванди таълим ва дар тули он омузгор бояд боварии томро ба бачагон нишон дихад.

2.У бояд ба хонандагон дар ифода ва дакик намудани хадафу вазифахое, ки хам дар пеши гурух ва хам дар пеши хар як хонанда истодаанд, ёрй расонад.

3.У бояд хамеша барои дар хонандагон ба вучуд овардани ангезиши ботинй ба омузиш саъй намояд.

4.У бояд барои хонандагон манбаи тачрибаи гуногун бошад, ки дар сурати мушкилй кашидан дар халли ин ё он муаммо аз он хамеша ёрй пурсидан мумкин аст.

5.Мух,им аст, ки омузгор барои хар як хонанда чунин накш дошта бошад.

6.У бояд дар худ кобилияти хис кардани рухияи эмотсионалии гурух ва пазируфтани онро инкишоф дихад.

7.Омузгор бояд иштирокчии фаъоли таъсироти мутакобил дар гурух бошад. 8.У бояд дар гурух хиссиёташро кушоду равшан ифода намояд.

9.Омузгор бояд барои ноил гардидан ба эмпатия, ки имкони дарки эхсосоту холати рухии хар як нафарро рушд медихад, кушиш намояд.

10.Нихоят, у бояд худашро ба хубй шиносад» (1,112).

Х,амин тарик, дидгохи ба шахсият нигаронида, ки дар назария ва амалияти педагогии хорицй инъикос ёфтааст, хонандаро хамчун субъекти фаъолияти таълимй дар маркази таълим карор дода, хаддалимкон ба назар гирифтан ва ташаккул додани хусусиятхои инфиродию равонии уро таъкид менамояд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Бернс,Р.Развитие Я - концепции и воспитание / Р. Бернс // Общ. ред. В.Я. Пилиповского. Пер. с англ. - М.: Прогресс, 1986. - 421 с.

2. Зимняя,И.А.Психология обучения иностранным языкам в школе / И.А. Зимняя. - М.: Просвещение, 1991. - 222 с.

3. Роджерс,К.К.науке о личности/К.Роджерс//История зарубежной психологии:30-е-60-е годы XX века:Тексты/Под ред.П.Я.Гальперина,А.Н.Ждан.-М.:Изд-во МГУ,1986.-С.200-230.

4. Сериков, В.В. Образование и личность. Теория и практика проектирования педагогических систем / В.В. Сериков. - М.: Логос, 1999. - 272 с.

5. Шаропов, Ш.А. Муошират ва худшиносй. (Общение и самопознание) / Ш.А. Шаропов. -Худжанд.:Нури маърифат, 2012. - 304 с.

6. Ярошевский,Т.М. Личность и общество. Проблемы личности в современной философии -марксизм, экзистенциализм, структурализм, христианский персонализм / Т.М. Ярошевский /Пер. с польск. Л.И. Мельцера. - М.: Прогресс, 1973. - 543 с.

7. Brown, Н. Douglas. Principles of Language Learning / H Douglas Brown. - New Jersey: Prentice-Hall, Inc., 1987. - 285 P.

8. Rogers,Carl R. / R/ Carl Rogers. - Freedom to Learn for the 80s. - Columbus-Toronto- London-Sydney:Ch. Merrill Publishing Company, 1983. - 312 P.

REFERENCES:

1. Burns, R. Development of the "I" concept and education / General edition of V. Ya Pilipovsky. Translation from English - M. Progress, 1986, - 421 p

2. Zimnyaya, I.A. Psychology of teaching foreign languages at school / I.A. Zimnyaya - M .: Education, 1991 .-222 p.

3. Rogers, C. To the Science of Individual / C. Rogers // History of Foreign Psychology: 30s - 60s of the XX century: Texts / Ed. P.Ya. Galperin, A.N. Zhdan .- M .: Publishing house of Moscow State University, 1986. - P. 200 - 230.

4. Serikov, V.V. Education and Individual. Theory and Practice of Designing Pedagogical Systems / V.V. Serikov.- M .: Logos, 1999. - 272 p.

5. Sharopov,Sh.A.Communication and Self-Knowledge / Sh.A. Sharopov. - Khujand.: Light of Enlightenment, 2012. - 304 p.

6. Yaroshevsky, T.M. Individual and Society. Problems of Individual in Modern Philosophy -Marxism, Existentialism, Structuralism, Christian Personalism / T.M. Yaroshevsky / Translation from Polish L.I. Meltzer. - M .: Progress, 1973. - 543 p.

7. Brown, Н. Douglas. Principles of Language Learning / H Douglas Brown. - New Jersey: Prentice-Hall, Inc., 1987. - 285 P.

8. Rogers, Carl R. / R/ Carl Rogers. - Freedom to Learn for the 80s. - Columbus-Toronto-London-Sydney: Ch. Merrill Publishing Company, 1983. - 312 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.