Научная статья на тему 'Идейно-художественный и стилистический анализ поэмы Гулрухсор «Рухи урён» («Неприкрытая душа»)'

Идейно-художественный и стилистический анализ поэмы Гулрухсор «Рухи урён» («Неприкрытая душа») Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
264
45
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СОВРЕМЕННАЯ ТАДЖИКСКАЯ ПОЭМА / ПОЭМА ГУЛРУХСОР «РУХИ УРЁН» («НЕПРИКРЫТАЯ ДУША») / НАЦИОНАЛЬНОЕ САМОПОЗНАНИЕ / СЮЖЕТ ПОЭМЫ / ХУДОЖЕСТВЕННОЕ ОТРАЖЕНИЕ ИСТОРИИ / ПОЛИТИЧЕСКИЕ И СОЦИАЛЬНЫЕ ВОЗЗРЕНИЯ / ИСТОРИЧЕСКАЯ И НАЦИОНАЛЬНАЯ ЦЕННОСТЬ / СВЯЗЬ ПРОШЛОГО И НАСТОЯЩЕГО / ТРАГЕДИЯ ЖИЗНИ И СМЕРТИ РОБИИ / GULRUKHSOR AND HER POEM «UNCOVERED SOUL» / MODERN TAJIK POETRY / NATIONAL PECULIARITIES / POETICAL PLOT / IMAGINATIVE DESCRIPTION OF HISTORY

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Абдурашидова Умедахон Рахимджоновна, Abdurashidova U.

Статья посвящена идейно-художественному и стилистическому анализу поэмы Гулрухсор «Рухи урён» («Неприкрытая душа»). Поэма занимает особое место в современной таджикской поэзии с точки зрения охвата исторической темы и отражения трагических страниц исторического прошлого таджикского народа на примере жизни и творческой деятельности одной из выдающихся поэтесс эпохи Саманидов Робии Балхи. Автор статьи исчерпывающе раскрывает идейно-художественные и стилистические особенности поэмы, определяя её место в современной таджикской поэзии.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The article dwells on the ideological belles-lettres and stylistic analysis of Gulruksor Safiyeva's poem «Uncovered Soul». From the point of view of the scope of the historical theme and the reflection of the tragic pages of the Tajik nation's historic past the literary production in question occupies an especial place in modern Tajik poetry. The historical background frames the vividly portrayed image of Robiya Balkhi, one the outstanding poetesses who lived in the Samanids' epoch. The author of the article reveals in all the particulars ideological belles-lettres peculiarities of the poem, stylistic ones inclusive, thus the place of the versified work in modern Tajik poetry being assessed.

Текст научной работы на тему «Идейно-художественный и стилистический анализ поэмы Гулрухсор «Рухи урён» («Неприкрытая душа»)»

Абдурашидова Умедахон Ра^имцоновна,

унвонцуи кафедраи адабиёти муосири тоцики ДДХ ба номи акад. Б. Гафуров

МУХТАССОТИ FОЯBИЮ БАДЕЙ ВА УСЛУБИИ ДОСТОНИ «РУ^И УРЁН»-И ГУЛРУХСОР

Гулрухсор xамчyн шоираи соxибистеъдод ва нозyкхаёл бо сабки хос ва pÿxи исёнгару саркаш дар мачрои кори эчодии худ ба навиштани достонxое низ тавфик ёфтааст, ки xаpчанд микдоран зиёд нестанд, аммо дар таърихи достоннависии муосири точик накши мyxим доранд. Жанри достон дар эчодиёти шоира асосан аз миёнаxои солxои 70-уми асри ХХ чои намоён пайдо кардааст. «Шабдарав»-ро дар ин чода аз нахустин достонxои шоира метавон ба шумор овард. Асари дигари Гулрухсор дар достоннависии муосири точик, ки як маpxалаи тозаро дар эчодиёти у OFOЗ мекунад, достони «Мотами сафед» мебошад, ки бори аввал соли 1983 дар 3 шумораи мачаллаи «Садои Шарк» (№7-9) ба табъ расидааст.

Дигар аз достони Гулрухсор «Рÿxи урён» низ дар xавзаи офариниши достони муосир чойгоxи мyxиме пайдо кардааст, соли 1986 таълиф шуда, аввалин маротиба соли 1987 дар шумораи сеюми мачаллаи «Садои Шарк» ба табъ расид. Ин достон аз лщози фарогирии мавзуи таърих ва ба намоиш овардани саxифаxои фачеъи миллати точик дар мисоли руз-гори пурихтилофи яке аз шоиpаxои чавонмарги аxди сомонй дар достоннависии муосири точик арзишманд аст. Достони мазкур фарогири анде-шаxои сиёсиву ичтимоии замон дар як давраи мyxими эчодии шоира ба шумор меравад. Ч,уръати фитрй ва часорати эчодии шоира Гулрухсор имкон додааст, ки дар арсаи достоннависии xамосии муосир асаре бо фарогирии андешаxои пурдарди сиёсиву ичтимоие ба вучуд оварад. Си-мои гуянда дар паси ин достонxо xамчyн зани xакгÿвy xакпаpаст ва та-лошгар, суханваре бо рисолати пурмасъулияти равшангарй намоён ме-шавад. Офарида шудани ин достон дар давраи худшиносии миллии сол-XOи 80-уми асри ХХ аxамияти таърихии асарро боз xам устувортар намоён мекунад. Гулрухсор дар маркази диккати достони «Рÿxи урён» образи яке аз шоиpаxои тавоно ва чавонмарги асри Х Робиаи Балхиро гузошта, ба ин восита кушидааст, ки ба пypсишxои мyxими замон ва рузгори худ посухи заруре бичуяд. Ч,олиб аст, ки дар адабиёти муосири

точикии солх,ои 80-уми асри ХХ чех,раи Робиаи Балхй ба сифати яке аз симох,ои пурнури таърих ва чун образи барчастаи адабиёти форсу точик шинохта шуда, зиндагиномаи у чун сабами омузанда ба насли чомеа муаррифй гардид. Мусалламан, сарчашмаи асосй ва мух,ими офаридани образи Робиа дар адабиёти ин солх,о достони «Илох,инома»-и шоири мутасаввифи асри Х11 Фаридаддини Аттор аст, ки тах,ти таъсири он дар адабиёти форсу точик вариантх,ои гуногуни Робианома ба вучуд омаданд. Масалан, «Гулистони Ирам»-и шоир ва тазкиранависи асри Х1Х Ризокулихони Х,идоят маншаи худро бевосита аз асари Аттор гирифтааст. Дар адабиёти давраи шуравии точик ин мавзуъро нависан-даи хушсалика Точй Усмон пайгирй кардааст, ки х,осили он таълиф ва нашри повести «Духтари никобдор» (1965) мебошад. Аввали солх,ои 70-уми асри ХХ драмаи дигаре бо номи «Суруди нотамом» (1971) аз хдёти фочиавии Робиа дастраси хдводорони каломи бадеъ гардид, ки ба калами драматурги номй Абдусалом Атобоев тааллук дорад. Тах,рири нав ва чандбораи ин асар дар нимаи аввали солх,ои 80-ум ба вучуд омад.

Хдмин тавр, чолиб аст, ки таваччух, ба образи Робиаи Балхй дар адабиёти точикии солх,ои 80-ум макоми намоёне пайдо кард. Ду нашри такмилаи «Суруди нотамом»-и А. Атобоев (1982, 1984), ба чоп расидани достони «Рух,и урён»-и Гулрухсор (1986) ва навиштаи нависандаи форсизабон Носири Начмй «Робиа, духтари Каъб» (Садои Шарк, 1990, №5) далели котеи арзиши таърихиву миллй пайдо кардани образи мазкур дар назди хдмзамонон мебошад. Аввалан, бо ин осори таърихй образи шоираи карни Х густариш ёфт, ва, сониян, тафаккури хонандаи муосир дар маърифати зиндагиномаи яке аз занони суханвари форсизабон бою рангин гардид ва ин худ нишонаи дарки густурдаи сах,ифах,ои таърихи фочиавии халки точик ба шумор мерафт.

Чй навъе ки бармеояд, майлу таваччухи Гулрухсор ба образи Робиа заминах,ои чиддй дорад. Ташаккули худшиносии миллй ва таваччухи пайвастаи адибони солх,ои 80-ум ба мавзуи таърих ва образи симох,ои намоёни гузашта пас аз эъломи бозсозии М.С.Горбачёв шоираро водор кард, ки кудрату кобилияти эчодиашро дар офаридани достонх,ое бо дарку фарогирии мавзуоти таърихиву миллй бисанчад. Омодагии шоира ба тасвири барчастаи сах,ифах,ои таърих аз солх,ои 70-уми асри ХХ дар ашъораш кобили таваччух, буд.

Мусалламан, адибони ин давра барои такмили худшиносии миллй ва вусъат додани майлу охднги худогохди таърихии миллат ба рузгору осори нафароне руй оварданд, ки сабак гирифтани ах,ли замон аз рузгори онон дар рох,и дарки дардх,ои ичтимоии адибони давраи шуравй созгор буд. Мо аз тах,лилу баррасии муфассали муносибат ва руйоварии адибони муосири точик ба образи човидонаи Робиа худдорй намуда,

андешахои муаллифи силсиларисолаи «Хубони порсигу»-ро дар мавриди сабабхои таваччухи Гулрухсор ба образи Робиа меоварем, ки аз дарки шабохату монандии рухи ин ду суханвари имруза ва гузашта сар задааст: «Гулрухсор бо рухи бешикасту саркашу исёнгари худ, бо оташи ботиние, ки пайваста дар нихонхонаи дилаш забона мезанад, бо табъи худододи шеърофаринаш бо кахрамони худ шабохат дорад. Пайванди рухиву маънавй ин ду нафарро, ки фосилаи зиндагиашон беш аз 10 карн аст, карин гардонидааст» (3,132).

Бархе аз адибон дар оинаи чехраи гузаштагон симои худро диданд, аз чумла, «Г улрухсор дар тасаввури хеш дар ин достон гуё рухи эхёшудаи Робиа аст, ки баъди 1100 сол сабаби марги худро ба тахкик мегирад ва бардоштхое аз ин зиндагию марг барои худу хамзамонон хосил мекунад» (3,132). Офаридани образи Робиа ба Гулрухсор василае дар рохи худого-хиву хештаншиносии миллй ва ифодаи розу ниёзи даврони ба истилох рукуд буд. Андешаи таърихй ва таърихнигарии Гулрухсор дар офаридани симои Робиаи Балхй домани васеъ ва густурда дорад. У дар як маколаи нокидонааш дар мавриди занони суханвари форсизабон оид ба фочиаи умри онон ин гуна нуктаи назар ироа мекунад: «Таърихи мо таърихи курбонихои рухиву чисмист, ки амсолашро олами тамаддун нодидаву ношунида. Андешаамро кисмати фочиавии ду шоираи шахири мо - Робиаи Балхй ва ^урратулъайн таквият медихад. Агар дар таърихи адабиёти олам хамагй ду хунарманди асил, ду зани оташинруху муъчи-закаламро кушта бошанд, хар ду низ, дардо, ки курбони тамаддуни моянд. Хдзор сол пеш Робиаи нобигаро дар гармоба ба макру хила ночавонмардона куштанд...

Анчоми фочианоки зиндагй ва эчоди ду шоираи бехамто гувохи он аст, ки агар рохи хунару эчоди «хубони порсигу» чунин пурсангу пурхор намебуд, оламиён аз санъату хунари эшон дар хама давру замонхо бахра мебардоштанд ва номи шарифи эшон дар китоби тамаддуни олам накши зархалин медошт. Дарего, ки «моро ба дасти мо задан оини додархои мост!» Ва ин «хунар» - худкубиву худкушй решаи амики таърихй дорад.» (1,26).

Хдмин тавр, шоира имкон ёфт, ки бо офаридани «Рухи урён» барои имрузиён фочиаи зиндагиву марги Робиаро бо камоли дарки таърих ба калам оварад ва, ба ин восита, розхои ботиниашро дар шинохти замони худ бозгуй намояд. Бесабаб достон бо ин байте пурмаънй хусни огоз наёфтааст, ки аз матни аслии он берун шудааст:

Асли мо дар насли мо нодон шуда.

Чун замона хунимо вайрон шуда...

Чунин бармеояд, ки мухтавои достон бо таъсирпазирй аз асари Шайх Аттор бо рухи замонашиносй ва сиришти ичтимоъгарии муаллиф

тавъам омадааст. Достони «Рухи урён» аз чанд чихат ба «Суруди нота-мом»-и А.Атобоев шабохат дорад. Дар ду хам дар таълифи асар факат як пораи зиндагии пурфочиаи Робиаро хадафи тадкик карор додаанд. Гул-рухсор кушидааст, ки дар колабсозии образ асосан ба сужети асари А.Атобоев истинод намояд. Ба ин маънй, ин ду асар фосилаи умри куто-хи фочиавии шоираи карни Х-ро дар бар мегирад. Агар А.Атобоев номи асарро «Суруди нотамом» гузошта, тархрезии руйдодхоро дар хафт пар-да анчом дода бошад, Гулрухсор низ достонашро «Дафт суруди носуру-даи Робиа» ном ниходааст, ки пайванди аввалини андешахои ин ду адиб аст. Дар достон чанд накши мухим - шаханшохи сомонй, хокими адолаткимоби Балх - Дорис (бародари Робиа), ромишгари хунарманд Озар - ошику дилбастаи Робиа, Дояи хирадманди набзшиноси дарбор хеле равшану хоно офарида шудаанд. Вокеа аз Бухорои карни Х огоз мешавад. Шохи адолатпарвар ва хакпарасти сомонй арзномаи пурдарди шоираи некназару хакикатхохро аз бародари худ дар мавриди бедодгарй ва поймол шудани хакку хукуки мардуми Балх - бочу хирочи афзун ва бенавоиву муфлисй мешунавад. Нуктаи дигар дар ин арзнома поймол шудани ишки Робиа ва гуломи дарбор Озари хунарманди ромишгар мебошад, ки дар амри руи сафха овардани он шоира махорати волое пеш кардааст. Бояд гуфт, ки номи ин гулом дар маъхазхои гузашта ва бархе аз осори муосирон дар шакли Яктош ва ё Бектош омадааст. Дар драмаи «Суруди нотамом» ва дар пайгирй аз он дар достони «Рухи урён» ошики Робиа Озар ном гирифтааст, ки асосан маънии «оташ»-ро дорад ва ин ном якчоя бо нукоти дигари марбут ба ситоиши оташ ва ручуъ ба оташ дар достон назари кахрамон ва муаллифро ба гузаштахои дур - огози сиришти маънавию инсонии халкхои эронинажод собит мекунад. Озари Гулрухсор «ба матлаби шоира хеле мувофик аст» (3,134).

Шоира арзномаи Робиаро аз зумраи руйдоди комилан бесобика ба шумор оварда, муътакид аст, ки «чунин шикояти урёнро ба унвони шоханшох аз хохар алайхи бародар аз аркон касе дар ёд надошт» (2,132).

Ин арзнома мучиб гардид, ки шоханшох хокими Балх - Дорисро даъват кард ва «таъкиду насихаташ кард, ки минбаъд бояд аз ганчури каламраваш чуз мухаббати мардум ганче нахохад. Мисли падари бузургвораш, ки хануз бо мадори обруву эхтироми шодравон мегардад, раиятпарвару адолатпеша бошад» (2,133).

Пас аз ин шаханшохи раиятпарвар фармон дод, ки дархол фотехаи издивочи хамшираашро дихад. Ин дастури шохи батадбир сабаб шуд, ки «хокими тахкиршуда захри гурурашро бо азоб фуру бурда, даст руи дил итоаткорона аркро тарк» намояд. Вай ба худ ахд мекунад, ки Робиаро аз байн бубарад: «Робиа бояд бимирад!... Робиаро бояд ба оташ дод!... Робиа бояд бисузад!... »

Гулрухсор дар тасвири холати шадиди рухии хокими Балх кушиши зиёд ба харч дода, бандубасти психологии уро ба насли имруз бо каламе рангин кушоданй шудааст:

Аз тахти зин то арки худ,

Мири газаб н-омад фуруд.

Метохт суи хонааш,

Бо нияти гургонааш.

Месухт магзи кинааш,

Мемурд рауми синааш.

Пои шитобаш дар рикоб,

Дар дил ницор,

Дар ру ницоб,

Табларза дар авзои мард,

Фармонраворо амр кард.

Сипас Дорис зохиран барои итоати амри шаханшох ва ботинан барои назарфиребй дар назди мардум дари «лутфу мархамат»-ро боз мекунад ва аз бенавоёну ошикон пуштибонй ба амал оварданй мешавад: Тоци фарау бар сар кунед,

Зарцомауо дар бар кунед.

Бар бенавоён зар диуед,

Бар ошицон согар диуед,

Хусни зару зевар кунед,

Базми тарабро сар кунед!

Шикваи хокими дар асл газабманд аз хохар аз пурсузтарин лахзаи тасвири набарди ботинии хоким дар достон махсуб мешавад:

Аз хоуари худ шиква кард,

Бо шеваи бегонадард:

- Беууда, хасми дилхуши,

Заури уалоуил мечаши.

Дар мисраъхои зерин назари хоким ба дунё, ба таъбири дигар дунёшиносиву дунёнигарии хоким шоирона ба тасвир омадаанд:

Дунё анори хурданист,

Аблау зи уасрат мурданист.

Инсофро баруам задан,

Бо гайр сирру дам задан,

Чанголи тоцат тофтан,

Руи инобат тофтан,

Худхурдану худхостан,

Аз шау каромат хостан,

На хоси уокимзода аст?

Кори гуломи сода аст!

Майли гуломе кардаи?

Олимацоми кардаи!

Гул хор дорад,

Ганци мор,

Дуд аст хешованди нор,

Эй пой то сар меуру хашм,

Нозу ниёзат, нури чашм.

Эй нур аз нори падар,

Хамшира, уамцону цигар,

Амри ту армони ман аст,

Бахти ту сомони ман аст...

Хоуони марги уацпараст,

Бахши дуо бардошт даст...

Ин гуна лутфу инояти якборагии шохони «дар сангдиливу берахмй шухра» ахли хирадро андешаманд кард. Ба дили Доя оташ афтод:

Дар шаури шодинописанд,

Гардид шури даф баланд.

Пас аз ин бо фиребу тазвир катли Робиа матрах гардид. Уро дар либоси арусй таронахонону ракскунон то гармобаи занона мебаранд ва Озари ромишгарро ба сартарошхона. Дар тасвири адиб яке «аз хастагии бахти мушкил мадори рохкашияш намонда», дигаре «ба бахташ мачоли бовар кардан надошт». Арус дар гармоба бо муроди худ танхо монд, бехабар аз хилаи бародар. У дар хучраи аввали хаммом то ба дарачае гарку гирифтори лутфу мехрубонии бародар - пораи падар аст, ки уро ба андешаи фалсафй водор мекунад:

Хакимии ду дилро хост уоким?-Сано гуям ба лутфи уокими худ!

Намегунцам дигар дар арзу олам,

Намегунцам зи бас дар олами худ!

Робиа ба «вориси хуршеду умед» паёме дод, «аз хаёли ёр, беёру боёр тамаъи бахтро дар комаш эхсос кард. Бахташ маззаи асали бахорй дошт; ширины талх» (2, 135-136), ки ишорахои парадоксиро ба хотир меоранд.

Махз дар хамин бахши достон тасвирхои чолибе ба кор рафтаанд: «Ч,исми нимчони домод андар халтаи сиёх метапид» (2,136). Дар хучраи дувум низ Робиа «аз бахт сархуш буду чуз сафедии боли он чизеро эхсос намекард» ва сахт боварманд аст, ки ба васли махбуб мерасад. Шоира дар хамин чо бовариву азми ду дилдодаро бо камоли сарохат ба калам овардааст. Тасвири мунозираи ботинии ду дилдода дар ин бахш чолиб аст. Ба бовари онон хатто ачал кудрати чудоии ин дуро надорад:

Сафои ишцу озоди муборак,

Шарори зиндасузам,

Озари ман!

Зиуи,

Умеди аз ду даур навмед,

Зиуи,

Боли Хумо

Чатри сари ман! (2,140).

Гулрухсор дар ин бахши сурудаи Робиа аслу мохияти мухаббатро хакимона маънидод мекунад:

Мууаббат чист?-Пурсидам зи хуршед,

Ба сузи поктар сузандатар шуд.

Мууаббат чист?-Пурсидам зи маутоб,

Ба фарци деви шаб тобандатар шуд.

Мууаббат чист?-Пурсидам зи шайтон,

Бигуфто: Нафрати уар ду цауон аст,

Малак бо лафзи Озар посухам дод:

- Мууаббат аз илоуи достон аст!

- Манаш, - гуфтам, -

- Мууаббат нест чизе, -Валекин нестияш уастии мост.

Кадау баури шаробаш дидаву дил,

Зи бас уушёриву сармастии мост

Дар нигориши Гулрухсор Робиа дар хучраи севум хохони нафаси тоза аст ва хилъати фирузарангашро зери кадам меафканад. Аммо дар ин чо бори аввал зарбаи ногахоние уро сахт такон медихад ва у мохияти зин-дагиву маргро хис мекунад. Суоли зиёд андешаи уро фаро мегирад, ки гуё бечавобанд. Дарки маънии танхой бори аввал уро ба нихонхонаи ан-деша фаро мебарад. Ин танхой танхоии бидуни волидон, танхоии бидуни дояву канизон буд. Дар тасвири холату вазъи рухии Робиа ин хулоса чолиб аст: «Боли суруру фарахаш сухт, харири умедаш пора-пора шуд» (2, 141). Яке аз вежагии асосии достон офаридани симои кахрамони тавъам бо андешахои хоси башарие аст, ки дар рохи шинохти пайванди замонхо ва аслу наслу насабхо аз чониби хамзамонон мухим мебошад. ^ахрамон бо суоли зиёд ба худ ручуъ мекунад ва мехохад мохияти аслии инсонй ва инсоншиносии худро дарк намояд:

Аз чи сон нахл бувад хадраи ман,

Насабамро ки ба ман нисбат кард?

Асли ман кисту фасли ман чист? -Мазуабамро ки ба ман исмат кард?

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

У акнун худро дар лахазоти охири умр ба доираи тасаввур мегирад ва бино бар ин сабаб аз фосилаи умри кутохи хеш андешамандона натича мегирад, мохияти хастии фалсафй ва фалсафаи хастии худро дар чанд нуктаи дардбарангез ифода мекунад. Шоира дар тасвири лахзахои охири умр, заволи зиндагй ва нуктаи охири андешаи инсонй каламе хакимона ба руи сахифа мегузорад:

Хусни ман уамчу гули беоб аст,

Орзуям уаваси маутоб аст.

Шеъри ман дар нафасам метаркад,

Бахти ман дар цафаси асуоб аст!

Кадар аз нур ба нурам набарад,

Сафар аз гур ба гурам бубарад.

Сабр дар нисбати цоуил цаул аст,

Цабр дар цатли шуурам бубарад...

Дар хучраи чахорум манзараи набарди нихоии кахрамон бо махорат ва хунари воло тасвир шудааст, ки аз дарки хоси муаммои хастии фочиаи инсонй сарчашма мегирад. Драматизми тасвир бештар дар навмедии кахрамон, хомушона мадад хостан аз рухи хафтоду хафт пушт, фарёд ба рухи охирин умедгох - падари бузургвор эхсос мешавад. «Бегунох сухтани хун» ин чо бори маънии ичтимой мекашад ва таъбири хосе аст, ки шоира дар ифодаи холати он лахзаи кахрамон ба кор бурдааст. Таносуби ифодаи шоирона дар тасвири вазъи пешомад аз чониби шоира рангин аст. У мегуяд: «- Оне, ки дар зиндагй насибаш сухтан аст, маргаш низ бояд оташин бошад? Сухтани бегунохй сухтани сухтанхост?» Нишонаи сурхй вожахои «хун», «оташ», «сухтан», «бегунохй»-ро ба хам мепайвандад.

Муколамаи рамзии Робия бо Доя аз дигар нукоти сузнок дар лахзаи сакароти уст. Дар ин маврид бештар хикмати фалсафии Доя диккати хонандаро чалб мекунад: «Ба сари сабзат бозй макун!», «Сари зиндаи беор ба дор бод!», «Зихй, сари буридаи номус!», «Забони сурхат сари сабзатро ба бод хохад дод!». Аммо кучост, ки ин гуна андешахо дар амон ёфтани кахрамон ба кор оянд? Ин харфхо танхо ба хотири таскини дил гуфта мешаванд. Нихоят, савганди охирину оташини духтар барои мо як-як конунхои нонавиштаи умри инсониро хикоя мекунад:

Он ки бо бадхоуи меуан май хурад,

Хацци шири тифли бемодар хурад.

Хор сабзонад ба боги цавми худ,

Решаву почи цаламкашро бурад.

Дар тасвири симои гаддори хокими Балх шоири имруз аз харфхои сахту нафратангез истифода ва бахрамандй мекунад, аз чумла, онеро, ки дар гармоба хохарашро сухтааст, «яхмизочу яхниходу яхдил» меномад.

Дар xyчpаи панчум Робиа бо марг дар гуфтугу мешавад, мардона маргро фаро мехонад. Дар ин маврид низ бо гyнаxои мухталифи андешаxои ичтимоии шоира ошно мешавем. У муътакид бар он аст, ки «безабон на ^x xастy на дарё, на гаxвоpа, на тобут, на зот, на бунёд. Бунёди миллат забон аст. Безабонии тифле xyзноваp, безабонии мил-лате марговар аст. Вой бар xоли миллати безабон» (2,148). Агар раванди мyбоpизаxои афроди миллатдусти точики солxои 80-уми асри гузаштаро дар мавриди эxёи дубораи забони точикии форсй ба ёд оварем, моxияти ин андешаxои шоира баръало равшан мешавад. Шоира барои ифодаи ормощои сиёсиву ичтимоии хеш дар он маpxала аз мавзуи таърих ва бозгуи рузгори як нафар шоираи аxди сомонй хеле хуб суд чустааст.

Вай дар ин бахши ичтимоъгаронаи достон ба маънидоди аслу моxияти сиёсат ва дин пардохтанй мешавад, моxияти сиёсат ва ахлоки xамзамонон, pешаxои футури сиёсй ва фосидии ахлоки аxли сиёсатро аз аъмоки таърих бозгуй мекунад ва хеле сахту тунд менависад: «Чун сиёсат беахлокист, дини асил силоxи сиёсат нахоxад буд». Дар ифодаи шеърии матлаб бошад, ба ин хулоса мерасад:

Аз чунин буда набудан авлост,

Аз чунин зиндагü мурдан авлост,

Аз ца6оє, ки намояд баданат,

Тани урён,

Таги мадфан авлост! (2, 149)

Дар xyчpаи xафтyм шоира чеxpаи Робиаро бо азму суботу матонати хос ба намоиш меоварад. У акнун аз ачал намеxаpосад, балки pуxаш ба нафрат бо Дорис дар чанг мешавад. Ёди у xамеша ба оташ аст. Оташ рамзи нигариши амик ба рузгори дур, нишонаи пайвастан ба андешаxои волои бостонии халвдои эронинажод, намоди покиву начобати инсонй аст. Дар мачмуъ, ба оташ андешидани Робиа аз мyxимтаpин воситаи пайванди дирузу парерузи миллат мебошад. Ёди Робиа ба гyзаштаxои дур пайванд мехурад, аз гузашта нашъат мебардорад ва низ дар зимн андешаxои ичтимоии шоираи имрузро бозгуй мекунад:

Маро ин сухтан нав жст,

Сузам кам зи машъал нєст! -Ману оташ Ду yамзодeм -Аз хокєму аз афлок.

Ману оташ Ду ху^сузєм Мєсузєму мєм^єм,

Ба yмeдe зи гацдщо бигардад арзу гардун пок (2,151).

Ч,ое ки Робиаи шоираи исёнгар дар авчи хунар аз дасти бародари хилагар дар гармоба, дар хучраи хафтум ба ачал расид, сухани шоира пурэхтирос аст:

Чашмаш сухт.

Лабаш сухт.

Забонаш сухт.

Дилаш сухт.

Цонаш сухт.

Хунаш сухт...

Робиаи Гулрухсор чун Робиаи А.Атобоев дар драмаи «Суруди нотамом» бо охирин катраи хун поёни ин достонро навиштан хостааст:

- Халци ман.

Сантури беовози ман.

Нанги ман, номуси кайуонбуси ман!

Рууи ман,

Парвардигори холицам,

Байти нангу ори ту -Комуси ман...

Ин номаи пурсузу гудоз андаке дароз аст, ки дар рохи дарки вазъи андухбори Робиа маводи чолиб медихад. Номаи Робиаро Гулрухсор номае ба фардо махсуб медонад, ки ин нукта низ башорат аз ногузир будани пайванди замонахо аст. Робитаи замонхоро бо чунин муйшикофй ба тасвир овардани шоира Гулрухсор маъниву мохияти худшиносона дорад, ки дар солхои 80-ум ногузир буд. Чун дар ин солхо зиёиёну рав-шанфикрони точик аз гусастагии дирузу имрузу фардои миллат дар ташвиш буданд, имкон дошт, ки ин гуна осор дар дарки амики маънии гусехтагй ва пайванд, сароиши робитаи ногусастании таърихии имрузу фардо арзиши зиёде пайдо намояд.

Дар анчоми достон Доя бо ранги нуронй дар фазои вокеот хузури шоиста пайдо мекунад. У нахустин касе буд, ки ба дари гармоба расида ва шуру фигонаш ба само мерасад. Дамин фигону гиреви пуртаъсири пиразан мардумро аз ин фочиаи хунин огох кард. Авчи разолат, авчи худбохтагиву бешармии хукком забони хомуши Дояро ба забони сурху чаррор бадал кард. То ин дам тасвири образи Доя чун шахси дар забон хомуш ва дар ботин бохуруш сурат гирифта, аммо акнун мебинем, ки гаддориву касифй уро ба чй касе табдил додааст:

- Бархезед, бешарафуо!

Бархезед, занкушуо!

Бархезед, оци падаруо!

Дамин тавр, вокеаи «сайри» Робиа дар хафт хучраи гармоба дар перомуни хафт боби достони Гулрухсор муаммои зиёди дирузу имрузи

зиндагии сиёсй ва ичтимоии моро дар бар мегирад ва xаp кадоми ин бобxо - бино ба мyшоxидаи профессор М. Мирзоюнус xолати Робиа ва як муаммои замони моро боз мекунад.

Сохтори достони «Руxи урён» аз достощои анъанавии адабиёти муосир тафовути чашмгире дорад. Яке аз аввалин вежагии ин достон ба наср махлут будани назм аст, ки дар тачрибаи адабиёти точик xодисаи камназир ва кобили таваччУx аст. Имконияти табъу саликаи шоира им-кон додааст, ки насрашро дар колаби сачъ, FOлибан сачъи мутавозин руи KOFаз биёварад. Аз ин назар, метавон насри Гулрухсорро «насри шоиро-на» таъбир кард, ки имруз ин имконият дар тачpибаxои эчодии як насли шоиртабъи точик вусъат дорад. Безамина нест, ки профессор А. Сай-фуллоев ин навъи насрро дар эчодиёти Шоири халкии Точикистон Гул-назар ба эътибор гирифта, таxкикоте бурда ва китобе xам ба ин ном таъ-лиф кардааст. Метавон ба натичае расид, ки дар колаби достон банду-баст ёфтани насри дилнишину оxангин яке аз хyсyсиятxои умдаи эчодиёти Гулрухсор дар адабиёти точикии охири асри ХХ ба шумор меравад.

Нуктаи дувум дар бандубасти достон истифодаи анвои мухталифи авзони шеърй аст. Ибтикору навоварии шоира дар офаридани достон ба вазщои гуногун имконияти тасвири бадеиро боз xам неру бахшида, барои дарки xамачонибаи моxияти xаводиси сиёсиву ичтимоии карни Х ва пайванди дирузу имрузи миллат мусоидат кардааст. Дар он як вазни собит ба назар намерасад. Ч,ое наклу бозгуи андеша дар авзони суннатй ва гоxе арузи озод, бидуни риояи вазни собитшудаи суннатй зоxиp шудааст. Tox мебинем, ки навъи чаxоpпоpа василаи баёни эxсоси каxpамон ва андешаxои гуянда карор мегирад:

Занонро ганци шарму покии уур,

Ба гулшан уусни цовидон бихоуам.

Ба тифлон сєрш огуши модар,

Ба пирон мурдани осон бихоуам!

Дар мачмуъ, унсури асосии достон накл ва эxсосy андеша аст, ки аввалй ба василаи сухани мансур ва дувумй ба василаи сухани мавзун баён ёфтааст. Ибтикори гуянда дар офаридани ин достон хонандаро бо pоxи пурпечутобу душворгузари зиндагй ва эчод ошно мегардонад. Байни ифодаи шоиронаи Гулрухсор ва содагиву самимияти ифода дар сабки хуросонй пайванди хосе эxсос мешавад.

Калидвожа^о: достоннависии муосири тоцик, Гулрухсор ва достони «Рууи урён», худшиносии миллй, сyжemи достон, тасвири бадeии mаърих,андeшауои сиёсй-ицтимой, арзиши таърихиву миллй, пайванди дирузу имруз, фоциаи зиндагиву марги Робиа.

ПАЙНАВИШТ:

1. Гулрухсор. Мазуари кибриё манам: Нацди шeъри Курратулъайн Тоуира // Фаруанг.-1991.-№7.- С. 26-28.

2. Гулрухсор. Тахти сангин.-Душанбе: Адиб, 1992.-160 с.

3. Мирзоюнус М. Сиришке дар лола (Нигоуе ба зиндагй ва ашъори Робиаи Балхй).-Хуцанд: Нашриёти давлатии ба номи Ра^им Чалил, 1999.-160 с.

Абдурашидова Умедахон Рахимджоновна,

соискатель кафедры современной таджикской литературы ХГУ им. акад.Б.Гафурова

Идейно-художественный и стилистический анализ поэмы Гулрухсор «Рухи урён» («Неприкрытая душа»)

Ключевые слова: современная таджикская поэма, поэма Гулрухсор «Рухи урён» («Неприкрытая душа»), национальное самопознание, сюжет поэмы, художественное отражение истории, политические и социальные воззрения, историческая и национальная ценность, связь прошлого и настоящего, трагедия жизни и смерти Робии.

Статья посвящена идейно-художественному и стилистическому анализу поэмы Гулрухсор «Рухи урён» («Неприкрытая душа»).

Поэма занимает особое место в современной таджикской поэзии с точки зрения охвата исторической темы и отражения трагических страниц исторического прошлого таджикского народа на примере жизни и творческой деятельности одной из выдаюшихся поэтесс эпохи Саманидов - Робии Балхи.

Автор статьи исчерпывающе раскрывает идейно-художественные и стилистические особенности поэмы, определяя её место в современной таджикской поэзии.

U. Abdurashidova

Ideological Belles-Lettres and Stylistic Analysis of Gulruksor Safiyeva's Poem

«Uncovered Soul»

Key words: modern Tajik poetry, Gulrukhsor and her poem «Uncovered Soul», national peculiarities, poetical plot, imaginative description of history

The article dwells on the ideological belles-lettres and stylistic analysis of Gulruksor Safiyeva's poem «UncoveredSoul».

From the point of view of the scope of the historical theme and the reflection of the tragic pages of the Tajik nation's historic past the literary production in question occupies an especial place in modern Tajik poetry. The historical background frames the vividly portrayed image of Robiya Balkhi, one the outstanding poetesses who lived in the Samanids' epoch.

The author of the article reveals in all the particulars ideological belles-lettres peculiarities of the poem, stylistic ones inclusive, thus the place of the versified work in modern Tajik poetry being assessed.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.