Научная статья на тему 'The XVI-th session as a fateful sitting'

The XVI-th session as a fateful sitting Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
768
55
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИЦЛОСИЯИ XVI / АНҷУМАНИ НАҷОТБАХШ / ВАҳДАТИ МИЛЛЙ / ИСТИқРОРИ СУЛҳ / ҚАСРИ АРБОБ / ИСТИқЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӣ / XVI СЕССИЯ / СУДЬБОНОСНОЕ ЗАСЕДАНИЕ / НАЦИОНАЛЬНОЕ ЕДИНСТВО / УСТАНОВЛЕНИЕ МИРА / ДВОРЕЦ АРБОБ / ГОСУДАРСТВЕННАЯ НЕЗАВИСИМОСТЬ / THE XVI-TH SESSION / FATEFUL SITTING / NATIONAL UNITY / ESTABLISHMENT OF PEACE / ARBOB PALACE / STATE INDEPENDENCE

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Чӯразода Ҷамшед Ҳабибулло

Дар мақола аҳамияти таърихӣ ва тақдирсози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоцикистон(даъвати дувоздаҳум) мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Бо санаду далелҳои таърихӣ собит шудааст, ки анҷумани мазкур огози таърихи истиқлолияти воқеии миллати тоҷикон мебошад. Тазаккур меравад, ки маҳз дар Иҷлосия XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоцикистон асосу пояи ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳи тоҷикон бино ниҳода шудааст. Ба ҷуз ин муаллиф, дар асоси таҳлилҳои илмӣ муҳимтарин омилҳои раванди мусолиҳаи тоциконро даврабандӣ намуда, дар такя бар натиҷаҳои марҳалаҳои сипаришуда, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ягона роҳи берун шудани кишвар аз буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ баён доштааст.В статье рассмотрены историческое и судьбоносное значение XVI Сессии Верховного Совета Республики Таджикистан (двенадцатого созыва). На основе достоверных исторических фактов доказывается, что эта сессия положила начало истинной независимости таджикского народа. Подчеркивается, что XVI сессия Верховного Совета Республики Таджикистан заложила создана основы национального единства и установления мира. Подчеркивается, что сессия стала знаковым событием серьезно повлиявшим на современную историю Таджикистана. Кроме того, автор на основе научного анализа классифицирует важнейшие факторы процесса таджикского примирения и излагает, что политика государства и правительства Республики Таджикистан является единственным правильным путём для вывода страны из экономического и социального кризиса в одностороннем порядке

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The article dwells on the historical and fateful significance of the XVI-th Session of the Supreme Council of Tajikistan Republic (the twelfth convocation). Designing on the premise of reliable historical facts, the author of the article proves that the relevant session is considered to be as the beginning of the history of true independence of the Tajik people. It is underscored that at the XVI-th Session of the Supreme Council of Tajikistan Republic there were created the foundations of national unity and establishment of peace. The author lays an emphasis upon the idea that the session became a landmark event that seriously affected the contemporary history of Tajikistan. Into the bargain, proceeding from scientific analysis, the author of the article classifies the most important factors of the process of Tajik reconciliation and, on the grounds of the above-mentioned results, he expounds the fact that the policy adopted by the both state and the government of the Republic of Tajikistan turned out to be the only way for the country to be withdrawn from the economic and social crisis unilaterally.

Текст научной работы на тему «The XVI-th session as a fateful sitting»

07.00.00.ИЛМ^ОИ ТАЪРИХ ВА БОСТОНШИНОСИ О7.ОО.ОО.ИСТОРИЧЕСКИЕ НАУКИ И АРХЕОЛОГИЯ 07.00.00.HIST0RICAL SCIENCES AND ARCHEOLOGY

07.00.02. ТАЪРИХИ ВАТАН 07.00.02. ОТЕЧЕСТВЕННАЯ ИСТОРИЯ 07.00.02. HOME HISTORY

УДК 930.85 (100) Ч- Х-ЧУРАЗОДА

ББК 63,2 -1

ИЧЛОСИЯИ XVI - АНЧУМАНИ НАЧОТБАХШ

Дар таърихи навини миллат ва давлати точикон баргузор гардидани Ичлосияи XVI Шурои Олии Чумхурии Точикистон хамчун падидаи сарнавиштсоз сабт гардидааст, ки арзишхои таърихии он аз чониби мухаккикон пайваста мавриди омузиш ва тахкик карор мегирад. Дар чанд соли охир рочеъ ба ахамияти сиёсй ва таърихии ичлосияи мазкур чандин рисолаву таърихномахо ва силсилаи маколоти илмиву оммавй ба табъ расидаанд ва аз чониби мухаккикон аз чандин дидгох ба ин падидаи нодири таърихй изхори назар шудааст. Ручуъ намудани муаррихони таърихи навини Точикистон ба тахкики хаматарафаи ин падидаи таърихй гувох бар он аст, ки ин ичлосия хамчун мукаддимаи таърихи истиклолияти вокеии давлат ва саодатномаи сарнавишти ояндаи миллати точик арзиши баланд дорад, зеро хама комёбихо ва пешрафти имрузии давлату миллат аз хамин мукаддима огоз ёфтаанд.

Албатта, дар мавриди ахамияти таърихии баргузории ичлосияи мазкур, ки ба бисёр аз масоили мухими давлатдории миллии мо асос гузошт, муаррихону коршиносон, донишварону мухаккикони ватаниву хоричй бахои сазовор додаанд. Афзуда бар ин, дар чараёни тачлили чашнхои 15-солагй, 20-солагй ва дар арафаи чашни 25-солагии Ичлосияи таърихй нашри чандин асар илмй рочеъ ба ахамияти баргузории он ва натичахои бадастомада, пажухишхои донишваронае ба анчом расиданд, ки чойгохи таърихии ин руйдоди бузургро то андозае мукаррар намудаанд. Аммо хануз нуктахои зиёде дар мавриди макоми таърихии ин ичлосияи ояндасоз мавчуданд, ки аз нигохи имруз ва бо назардошти тагйироти бузург дар чомеаи чахонй, ниёзхои кишвархои олам ба таъмини сулху субот бояд ин тачрибаи нодири сулхофарй мавриди тахкику тахлил ва хулосабарории мухаккикон карор гиранд.

Дар таърихи хар як халку давлат лахзахое фаро мерасанд, ки сарнавишти ояндаи мардумашро тархи устувор гузошта, дар бунёду пешрафти мамлакат накши хаётан мухим мебозанд. Ичлосияи XVI Шурои Олии Чумхурии Точикистон (даъвати дувоздахум) аз кабили хамин гуна руйдоди сарнавиштсози таърихи навтарини Точикистони сохибистиклол махсуб мегардад, ки роху самтхои инкишофи ояндаи ичтимоию иктисодй, сиёсй ва маънавии Ватани моро равшан муайян намуд. Дар айёми пурхатар, ки бакои давлату давлатдории точикон ва хамчун миллати вохид бокй мондани миллати точик дар арсаи сиёсй тахдиди чиддй дошт, бо ибтикори фарзандони бедордилу ватанпараст дар Хучанд Ичлосияи XVI Шурои Олии Чумхурии Точикистон баргузор гашт. Президента Чумхурии Точикистон Чаноби Олй мухтарам Эмомалй Рахмон дар маколаву рисолахо, гузоришу паёмхои худ рочеъ ба арзишхои ин падидаи нодири таърихй изхори назар кардаанд. Аз чумла, дар Паём ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар санаи 20-уми апрели соли 2012 ба накши Ичлосияи XVI Шурои Олии Чумхурии Точикистон хамчун заминаи нахустини хамдигарфахмию ризоияти миллй ва сулхи точикон бахои баланд дода, зикр кардаанд: "Махз ба шарофати ин руйдоди мухими таърихй мо тавонистем, ки аркони давлатдорй ва шохахои фалачшудаи хокимиятро дар мамлакат баркарор гардонида, пояхои истиклолияти давлатии Точикистонро кавй намоем. Мухимтар аз хама ин аст, ки дар Ватани азизамон вахдати миллй, сулхи пойдору суботи сиёсиву ичтимой ва фазои озоди бунёдкориву созандагй фарохам оварда шуд" (5, 3).

Як нуктаи мухимро бояд таъкид намуд, ки ба таърихи баргузорй ва накши Иклосияи XVI дар асархо, суханронихо, паёмхо ва мулокотхои Сарвари давлат Э.Рахмон бахои вокей ва арзишманд дода шудааст. Зимни суханронихо ва нигоштани андешахои худ Э.Рахмон хамчун муаррихи

варзида ба во^еахои марбут ба мушкилоти чараёни баргузорй, ахамияти таърихй, натичахо ва пайомадхои кори ичлосияи мазкур ба таври муназзам изхори назар намудаанд. Масалан, дар китоби "Точикон дар оинаи таърих" Эмомалй Рахмон навиштаанд, ки "Ичлосияи XVI Шурои Олй, ки дар шахри бостонии Хучанд ноябри соли 1992 барпо гашт ва холо берун аз кишвар машхур аст, ба хукумати конунй ва хокимияти давлатии Точикистони нав асос гузошт. Х,амон замон рохбарияти давлат интихоб гардид, ки ба боздоштани чанги хамватанй ва баркарор намудани сулх дар сарзамини точик ноил гашт" (7,114).

Хдр падидаи таърихй барои дар оянда ба вукуъ пайвастани падидаи нисбатан муфид замина мегузорад. Чдраёни амалй гардидани хадафхо вак;ти муайянро та^озо мекунад, ки дар он мархала ба мархала накщахои тархрезишуда амалй мегарданд. Баъзе хадафхо ба таври фаврй, баъзеи дигар дар тули мох ва ё солхо халли худро меёбанд. Бе хеч тардид, метавон гуфт, ки заминаи хаёти осудаи имрузаи мо махз 25 сол пеш дар чараёни Ичлосияи XVI гузошта шуда буд. Аз хамин чост, ки Ичлосияи 16-ум заминаи мустахкаме барои бунёди чомеаи демократй дар кишвари мо гузошт. Э.Рахмон дар зимни яке аз Паёмхои худ (17.04.2000) ба ин нукта ишора карда, таъкид намуданд: "Ин икдоми чиддй дар рохи бунёди чомеаи демократй махсули талошхои якруза нест. Балки ин равандест, ки аз сиёсати пешгирифтаи рохбарияти давлати Точикистон бо дарназардошти тачрибаи пеш^адами чахонй бармеояд. Асоси ин раванд хеле бармахал, хангоми барпо шудани Ичлосияи таърихии XVI Шурои Олй мохи ноябри соли 1992 дар шахри бостонии Хучанд ва ^абули Конститутсия ба тарщи раъйпурсии умумй аз чониби хал^и Точикистон нихода шуда буд. Пайдархамй дар ичрои накщахои азими кашидашуда аз он шаходат медихад, ки неруи чомеаи мо бузург аст ва мо ба халли масъалахои аз ин хам мураккаб омода хастем" (4,8).

Имруз баъди 25 соли баргузории Ичлосияи начотбахш ва ояндасоз доир ба накши он дар таърихи мамлакат андеша ронда, кабл аз хама хизматхои барчастаи Пешваои миллат, Асосгузори сулху вахдати миллй, Президенти Ч,умхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмонро дар чодаи баркарор намудани сулху Вахдати миллй дар кишвар ва ба андешаи миллй табдил додани ин мафхум кайд кардан хатмист.

Таърих гувох аст, ки дар чомеаи инсонй хамеша маншаъи низоъу нифо^ ва чангу хунрезихо ба хамдигар ситез кардани гуруххои чудогона будааст. Дар солхои нахустини истщлолият мардуми точик низ бо таъсири нерухои бадхохи дохиливу хоричй ба чанд гурухи ситезанда та^сим шуда, байни хамдигар барои ба даст овардани хокимият ва сарватхои миллй даст ба чанги бародаркушй заданд, ки ин амали ношоиста мардуми сарчамъи кишварро парокандаву ранчур сохт. Ин чо як байти Ч,алолиддини Балхиро ёдовар мешавем, ки дар он шархи хам хушбахтй ва хам бадбахтии чомеаи инсонй маънидод шудааст:

Паркандаги аз нифоц хезад, Пирузи аз иттифоц хезад.

Во^еъан хам, сабаби аслии парокандагии миллат нифо^ ва омили асосии пирузихо иттифоц -яъне вахдати миллй мебошад. Нахустин икдоми Хукумати Точикистон бо сарварии Эмомалй Рахмон пас аз Ичлосияи саодатбахш дар фазои кишвар тахким бахшидани вахдати миллй ва истщрори сулх буд. Тавре Пешвои миллат дар суханрониашон ба муносибати 20-солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон (08.09.2011) таъкид доштанд, ичрои накшахое, ки дар Ичлосияи таърихй ба хотири оштии миллй ва таъмини сулхи деринтизор кашида шуданд, гайриимкон менамуд, зеро дар кишвар хануз оташи чанг аланга мезад ва шахру дехот харобазор гашта, садхо хазор шахрванди мо дур аз Ватан ва сарсону саргардон умр ба сар мебурданд.

Дар шархи вазъи мушкили сиёсиву и^тисодй ва ичтимоии хамон давраи кишварамон Пешвои миллат Эмомалй Рахмон зимни сухаронй дар мачлиси бошукух бахшида ба 10-солагии Рузи вахдати миллй, 26-уми июни соли 2007 таъкид намуда буданд, ки "барои пеши рохи ин селоби фалокатборро гирифтан ва начот додани миллат аз парокандагй афроди солимфикр ва фарзандони ватандуст муттахид шуданд, зеро вазъият андешидани чорахои катъй, фаврй ва таърихнопазирро такозо мекард... Ташкил ва баргузор намудани Ичлосия дар шахри Хучанд низ кори осон набуд... Дар он лахзахои бисёр хассос мо ташаббус кардем, ки кумондонхои харду чониби даргир дар як толор чамъ оварда шаванд. Ин аввалин кушиши хамдигарфахмй ва мусолиха буд. Зеро он рузхо барои хама маълум буд, ки агар пеши рохи хунрезй гирифта нашавад, миллат пароканда гардида, давлати чавони точикон аз байн меравад" (4, 66-67).

Вазъият боз аз он сабаб печидаву мураккаб буд, ки сохторхои асосии хокимияти давлатй пурра фалач гашта буданд. Вале мардуми кишвари азиз аз имтихони сангини таърих бо матонату сарбаландй гузашт. Бо вучуди хама монеаву мушкилот кулли он вазифахои асосие, ки дар

Ичлосияи XVI Шурои Олии мамлакат муайян гардида буданд, ичрои худро ёфтанд. Созишномаи умумии истикрори сулх ва ризоияти миллй дар кишвар ба имзо расид, як миллион гурезаи ичборй ба Ватан баргаштанд, волоияти конун дар мамлакат баркарор гардид, рохи бунёдкориву созандагй пеш гирифта шуд. Дар Номаи шодбошиашон Сарвари давлат ба иштирокчиёни Х,амоиши байналмилалй бахшида ба 10-солагии Ичлосияи XVI Шурои Олии Чумхурии Точикистон, ки рузхои 1-2-юми ноябри соли 2002 дар шахри Душанбе баргузор гардид, ба ин анчумани саодатпайгом хамчун рахобахшандаи чомеа бахо дода, таъкид намуда буданд: "Барои халк, хукумат ва давлати мо Ичлосияи XVI Шурои Олии Чумхурии Точикистон ахамияти бузурги таърихй дорад. Он чомеаро аз муковимати сиёсии фочиабор, аз чанги тахмилии бародаркуш, аз оворагию дарбадарй начот дод"(4,66-67).

Хдмчунин дар суханронии худ ба ифтихори 25-солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон соли 2016 Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон бори дигар аз таърихи давраи аввали истиклолият ёдовар шуда, таъкид намуданд: "Ахамияти таърихии Ичлосия барои пойдории сулху субот ва тахкими хокимияти конститутсионй дар мамлакат нихоят калон аст. Ман дар суханронихои худ борхо иброз доштаам, ки сулхи точикон ба осонй ба даст наомадааст. Барои он хазорхо нафар фарзандони миллати точик чони худро нисор карданд ва халки точик дар ин раванд душворихои сахту сангини зиёдеро паси сар намуд" (6).

Илова бар ин, Пешвои миллат дар суханронии худ ба ифтихори Рузи вахдати миллй дар санаи 27-уми июни соли 2016 иброз намуданд, ки "мардуми соуибмаърифату сущцуи мо тщти парчами вщдату ягонагии миллат ба цам омада, вахдати миллиро цамчун шарти асосии пешрафти цомеа пазируфтанд ва барои цифзу тахкими ин арзиши гаронбщо то ба имруз бо камоли гайрату матонат азму талош карда истодаанд. Хотирнишон бояд сохт, ки барои ноил шудан ба чунин дастоварди тацдирсоз Щлосияи шонздщуми Шурои Оли нацши минбаъдаи рушди щёти халцамонро муайян намуд " (8, 4).

Дар вокеъ, Ичлосия ба раванди баркароршавии давлатдории навини миллй ибтидо гузошт. Бо огози гузошта шудани аркони давлатдории миллй бевосита мархилаи мухими омузиши амику таргиби густурдаи таъриху фарханги миллй, бахогузории он аз руи меъёрхои умдатарини умумимиллй ва умумибашарй шуруъ шуда, мухимтарин ангезахои ташаккули андешаи миллй тархрезй гардиданд. Мисоли боризи ин гуфтахо тачлили бошукухи чашнхои мубораку мукаддаси миллй ба монанди 1100-солагии таъсисёбии давлати Сомониён, 675-солагии Камоли Хучандй, 1000-солагии Носири Хусрави К^убодиёнй, Соли тамаддуни Ориёй, 800-солагии Мавлоно Чалолуддини Балхй, Соли бузургдошти забони точикй, 1150-солагии Абуабдуллохи Рудакй, Чашни хазораи "Шохнома", 2700-солагии Авасто, тачлили бошахомати 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кулоб ва гайрахо ба хисоб мераванд. Дар ин замина номгузорй гардидани бархе шахру нохияхо бо номхои асилу таърихии сарзамини точикон, бо фармони Президенти мамлакат ба бехтарин фарзандони халку ватан аз кабили устод Садриддин Айнй, Бобочон Гафуров, Мирзо Турсунзода, Шириншох Шохтемур, Нусратулло Махсум дода шудани унвони олии Кдхрамони Точикистон аз авомиле махсуб мегарданд, ки гояхои асили миллиро таргиб намуда, дар рушду такомули хуввияти миллй истехкоми беназир гузоштанд. Дар робита ба ин таълифи силсилаи осори пурарзиши илмиву адабй ва фархангй, табъу нашри мучаддади мероси миллй асосу бунёди ташаккули андешаи миллиро созмон доданд. Ба ибораи дигар, дар ин мархилаи дар хакикат хассос як рукни умдатарини ташаккули низоми фархангй дар арсаи сиёсати миллй созмон пазируфт. Вокеан хам, бахри ноил гардидан ба ин хадафхо бояд истехком ва заминахои мусоиде созмон дода мешуданд, ки бахри рохандозии самарабахшу боэътимоди хадафхои начибу созанда мусоидат намоянд. Баргузор шудани Ичлосияи таърихии XVI Шурои Олии Чумхурии Точикистон дуюмин падидаи мухими такдирсозест, ки баъди кабул гардидани Эъломияи Истиклолияти давлатии кишвар рохи сулху вахдат ва эъмори давлати тозаистиклолро хамвор сохт. Ба таъбири Сарвари давлат Эмомалй Рахмон "мо аз уамон рузуои аввали Ицлосияи XVI пуштибонии халци азизамонро аз роуи интихобкардаамон, ки таъмини сулуу субот ва муттауидии миллат, уифзу якпорчагии Ватани азизамон буд, эусос намудем. Бинобар ин дар уамон шароити ноором барои ба вуцуд овардани заминауои ууцуции давлати навбунёд ва соуибистицлоламон сайъ намудем. Дар уамон давраи пурошуб рамзуои давлати соуибистицлоли худ Парчами миллй ва Нишони давлатиро цабул кардем " (2,62-63).

Дар баробари масъалахои сиёсй барои тахкими давлату давлатдорй замина гузоштан ба рушди иктисодиёти миллй низ яке аз масъалахои мубраме буд, ки барои хал кардани он чорачуии фаврй зарурат дошт. Аз асноди таърих маълум аст, вазъи иктисодиёти кишвари мо бар асари чанги шахрвандй хеле нигаронкунанда буд. Барои таъмини рушди иктисод низ икдоми нахустин пас аз

баргузории Ичлосияи начотбахш гузошта шуд, ки ба ин нукта Сарвари давлат ишора карда, зимни Паёми худ 16-уми апрели соли 2005 таъкид намуданд: "Давлати соуибистщлоли мо аз цадащои нахустини худ баъди Ицлосияи 16-ум ба таври возеу эълон намуд, ки рушди устувори ицтисоди милли ва беутар кардани сатх;и зиндагии халцро дар заминаи татбщ ва инкишофи механизщои ицтисоди бозори таъмин хощд кард. Гузариш ба ицтисоди бозори дар кишвари мо дар шароити басо душвор огоз ёфт " (4,130).

Яке аз сахифахои равшани таърихи Ичлосияи сарнавиштсоз ин аст, ки дар он фарзанди шарафманди хал^и точик Эмомалй Рахмон аз чониби вакилони мардум сарвари Шурои Олй таъйин гардид. Баробари ба сари хокимият омадани Эмомалй Рахмон ва аз тарики раъйдихии вакилони халк ба хайси Раиси Шурои Олии Чумхурии Точикистон пазируфта шуданаш - ин шахсияти кавииродаву диловар ва фарзанди асили миллат ба тахкими пояи фалачгардидаи давлати миллй, икдомоти чоннисорона ва хирадмандонаву механпарастонае намуда, оташи хонумонсузу фочиабори чанги шахрвандиро хомуш кард. Дар ибтидои фаъолияти худ тачрибаи гании мардумпарварона доштани Эмомалй Рахмон имкон дод, ки баробари Сарвари давлат интихоб шудан, иброз намояд: "Бахри истикрори сулх дар Точикистон ва бозгашти хамаи гурезахо ман тайёрам чони худро нисор кунам".

Барои истикрори сулхи деринтизор бо рахнамоиву кушишу талошхои пайгиронаи ин Кахрамони миллат тайи се солу се мох - аз соли 1994 то 1997 бо мухолифин бисту як маротиба музокироту гуфтушуниди расмй баргузор намуданд. Инчунин, Эмомалй Рахмон шахсан дар 7 музокирот ширкат варзида, дар 15 хуччати тахиягардида бо имзои шахсии худ раъйи хешро изхор дошт. Х,амзамон, тавассути истифода бурдани консенсус ва созиш, эхтироми харифи сиёсй масъалаи хамдигарфахмй ва бахшиши гунохи хамдигар ба вукуъ пайваста, окибат ба сулху вахдати вокей замина фарохам овард. Дар рохи пешгирифтаи хеш Эмомалй Рахмон тавонист тарафхои даргирро ба хадафи умдаву асосй, ки боиси вахдату ифтихори миллист, ба хам пайванд бидихад. Ин гуна тархандозии дурбинонаи созандагй омили ба вучуд омадани мактаби сиёсии Эмомалй Рахмон гашт. Аз ин чост, ки пас аз мусолихаи миллй Сарвари давлат Эмомалй Рахмон яке аз нахустин сиёсатмадоронест, ки бидуни дудилагй 48 вазифаи масъули давлатиро ба собик; мухолифини хеш супурд, ки ин фазилати Президента мамлакат, пеш аз хама, далели Асосгузори сулху вахдати миллй будан, сиёсати инсонпарварона доштан, сарчамъии тамоми мардумро хостан ва давлати миллии моро тахким бахшидани уро собит месозад.

Бояд ин нуктаро таъкид кард, ки дар он рузхои ошуфта ва пурфочеаи чанги шахрвандй, ки рохбарияти чумхурй яке аз паси дигар иваз мешуд, вале дар пешоруи алангаи чанг бечора мемонд, касе аз сиёсатмадорон чуръат намекард, ки масъулияти душвори катъ кардани ин фочеаи миллатро ба зиммаи хеш гирад. Пешвои миллат бидуни дудилагй, бо мардонагй ва бо шучоати фавкулодда бар души худ масъулияти вазнини хотима додан ба чанги бародаркушй, бунёди появу асосхои конститутсионй ва эхёи давлатдориро гирифт. Эмомалй Рахмон ба хубй дарк мекард, ки дар он шароите, ки Точикистон карор гирифта буд, яъне дар вазъияте, ки давлат факат дар руи когаз вучуд дошт ва дар асл бошад, тамоми рукнхои давлатдорй корношояму фалач шуда буданд ва ё умуман вучуд надоштанд, таърих ва сарнавишт барояш рисолати бузург, вале нихоят душвори бунёд намудани давлати навинро гузоштааст.

Хидмати бузурги Эмомалй Рахмон дар назди миллати шарифи Точикистон ва таърихи миллат дар он аст, ки ин шахси нодир ва сиёсатмадори дурандеш дар шароити печида ва мураккаби мунокишахои хамватанй ва чанги тахмилй давлатдории точикон ва бакои давлатро аз парешонй ва фано шудан хифз намуд. Аз ин ру, бо итминони комил метавон гуфт, ки Эмомалй Рахмон начотбахши миллати точик ва давлати точикон аст. Махз шахсияти Эмомалй Рахмон дар баробари фитнаи душманони миллати точик, ки дар даврахои гуногуни таърихй халки моро борхо ба гирдоби хун кашида буданд, кодир ба истодагарй гардид. Ва ин дафъа бо хости сарнавишт дар садри сарвари давлати мо шахсияте карор гирифт, ки гайричашмдошти бисёрихо тамоми хадафхои бадхохони миллати моро барбод дод.

Асноди таърих далел бар онанд, ки солхои нахустини даврони сохибистикдолй дар чумхурй вазъият нихоят мураккаб буд. Ин раванд на танхо дар кишвари мо, ки аз чузъи чудонашавандаи Иттиходи Давлатхои Муштаракулманофеъ ба хисоб мерафт, ба зухур мепайваст, балки тамоми кишвархои нав ба истикдол расидаи собик, Иттиходи Шуравиро оташи чанги шахрвандию низоъхои бемаънй фарогир буданд. Раванди таърихии огози баркароркунй, азнавсозии давлатдории нави точик махз дар хамин солхо шуруъ гардид. Мухаккикрн мухимтарин авомили раванди мусолихаи точиконро хамчун падидаи ибратбахши сиёсии тахкими сулху субот ба тахлили

амики илмй шрифта, онро дар иртибот бо вокеадои мудими таърихй мушаххасан ба мардиладои зерин табакабандй намудаанд:

Давраи якум - сентябри соли 1991 то ноябри соли 1992, яъне то Ичлосияи таърихии XVI Шурои Олии ^умхурии Точикистон. Ин давра махсусан бо талошу муборизадо байни нерудои сиёсй барои докимият, огози низоъдои шадрвандй, авчи бесарусомонй дар кишвар иштидор дорад.

Давраи дуюм - байни солдои 1992-1993 мушаххас гардида, мадз дар ин мардила масоили марбут ба фуру нишонида шудани оташи чанги бародаркуш, ташаккули фазои боварй ва эътимоди шадрвандй, дусни тафодум ва фародам оварда шудани заминадои мудками оштии миллй дар доираи та^ил^ои илмй карор мегиранд.

Давраи сеюм - соли 1994 - дамчун давраи гузошта шудани поядои низоми нави давлатдорй бо баргузории ислодоти сиёсй, ташаккули поядои докимият, нерудои мусаллади миллй, куввадои сардадй шинохта шуда, дар ин мардила заминадои мустадками ислодоти иктисодй гузошта шуданд. Дар ин мардила дамчунин ба раванди бебозгашти оштии миллй такони чиддй бахшида шуд. Дар ин миён масъалаи бисёр дам му^м, ки адамияти умумимиллй касб намуд, яъне ба макони зист баргардонида шудани фирориёни ичборй далли мусбати худро пайдо намуд. Мадз кушишдои пайвастаи дукумати конунй, талошу субот ва иродаи матини Пешвои миллат мудтарам Эмомалй Радмон дар родандозидои омилдои зикргардида буд, ки тадричан ба ташаккулёбии нуфузи сиёсии Точикистон дар арсаи байналмилалй оварда расонид. Дар робита ба ин фишангдои тавоное бадри рушди равобити байналмилалй ба вучуд омаданд, ки барои комилан ба анчом расонида шудани раванди бозгашти фирориёни ичборй, дар роди расидан ба сулди комил мусоидат намуданд. Даврадои минбаъда дар робита ба вокеаи му^ми баимзорасии Созишномаи умумии истикрори сулд ва ризоияти миллй дар чомеа байни солдои 1997 то имузро фаро мегиранд (1,521).

Тавре маълум мегардад, баргузории Ичлосияи таърихии XVI Шурои Олии Чумдурии Точикистон дар низоми вокеоти сиёсии кишвар дамчун падидаи нодири таърихи навин дар ро^ фуру нишонида шудани оташи чанги бародаркуш, ташаккули фазои боварй ва эътимоди шадрвандй, хусни тафодум ва фародам оварда шудани заминадои мужами оштии миллй накщи муассир мегузорад. Тавре ки дар хдмоиши байналмилалии бахшида ба 10-солагии Ичлосияи XVI Шурои Олии Чумдурии Точикистон тадти унвони «Адамияти байналмилалии Ичлосияи XVI Шурои Олии Чумдурии Точикистон (даъвати дувоздахум) ва макоми он дар такмили назария ва рушди давлатдорй дар Чумяурии Точикистон», ки дар шадри Душанбе, рузхои 1-2-юми ноябри соли 2002 баргузор гардид, кайд мешавад, "Ичлосияи XVI Шурои Олии Точикистон гардиши куллие дар бартарафсозии будрони сиёсй, муста^кам гардонидани давлат мадсуб меёбад. Дар ин муддат оид ба халъи силод, безарар гардонидани гуру^ои гуногуни мусаллад, ки катлу куштор, зуроварй пешаи ондо буд, кордои зиёд ва душворе ба чо оварда шудаанд" (3,35 ).

Ичлосияи XVI Шурои Олии Чумдурии Точикистон на тандо барои кишвар, балки барои минтакаи Осиёи Марказй адамияти бузурги сиёсй, иктисодй ва ичтимой дорад. Минтакаи Осиёи Марказй, ки аз манотики кобили таваччуд дар бархурди манфиатдои трансмиллист, бо зудури нооромии сиёсй, дар кадом кишвари ин минтака набошад, боиси сар задани тавдиду хатардои чиддй гардиданаш аз эдтимол дур набуд. Х,амзамон та^кими аркони давлатдории навини мар^иладои аввали сох,ибистиклолй, ки бо баргузории Ичлосия ба зухур пайваст, ба пешгирии чанг, терроризм ва экстремизм дар каламрави Осиёи Марказй мусоидат намуд. Гузашти замон ва тачрибаи таърихии дар тули бист соли баъди Ичлосия андухташуда исбот карданд, ки ро^и пешгирифтаи давлату дукумати Точикистон бо родбарии фарзанди сарсупурдаи миллат, мудтарам Эмомалй Радмон аз нуктаи назари дам стратегй ва дам сиёсй дуруст буд. Мадз натичаи татбики сиёсати дуруст ва созанда дар дамаи чабдадои фаъолияти кишвар буд, ки дар мамлакат мар^илаи та^ияю татбики барномадои давлатй, стратегияи рушд, консепсияи ташаккули давлати миллй фаро расид. Ин сиёсат ба раванди аз будрони амики сиёсй, ичтимоию иктисодй ва маънавй радо додани мамлакат ва ба вучуд овардани асосдои давлатдории навини точикон мусоидати комил намуд. Имруз ба дастоварддои бузурги кишварамон дам дар арсаи сиёсати байналмилал ва дам дар микёси минтака назар афканда, метавон равшану возед эдсос намуд, ки мущмтарин ангезадои икдоми бузурги созанда дануз дар дамон даврадои муд^иш мадз ба хотири эъмори кишвар ва саодати миллат тардрезй гардида, бо мудаббату самимияти том дар тули солиён то имруз нияти ичро доранд. Дар дакикат бадри расидан ба ин рузи фируз накши муниру барчастаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президента кишварамон мудтарам Эмомалй Ра^мон хеле бузург аст. Хизматдои арзандаи Сарвари давлат аз чониби халк ва макоми олии конунбарори кишвар бо унвони олии Кдарамони Точикистон кадршиносй гардид. Бо гузашти вакт адамияти таърихии Ичлосияи шонздадуми Шурои Олии Чумдурии Точикистон бузургтар ходад гашт, зеро он ба оламиён нишон дод, ки миллати точик дар душвортарин ладзадо

метавонад ба хам ояду ба бунёди давлати сохибихтиёр, демократй, хукукбунёд ва дунявй ибтидо гузорад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Андешаи миллии точикон (мархилахои асосии ташаккул ва рушд).-Хучанд: Ношир, 2011. -С.521.

2. Истиклолияти Точикистон ва эхёи миллат. Мураттиб А.О.Асадов. Иборат аз 11 чилд. -Душанбе: Ирфон, 2009. - Ч.8. - С.66-67.

3. Маводи Симпозиуми байналмилалй "Ахамияти байналмилалии Ичлосияи XVI Шурои Олии Чумхурии Точикистон (даъвати дувоздахум) ва макоми он дар такмили назария ва рушди давлатдорй дар Чумхурии Точикистон".-Душанбе, 1-2-юми ноябри соли 2002. - С.35.

4. Паём ва рисолати созандаи он. Мачмуи Паёмхои Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президента Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон (солхои 2000-2016). Мураттибон: В.Набиев, Х.Сабуров, Ш.Шарифов. -Хучанд: Нури маърифат, 2017. - С.8.

5. Паёми Президенти Чумхурии Точикистон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, аз 20-уми апрели соли 2012.- Душанбе: Шарки озод, 2012. - С.3.

6. Суханронии Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон ба ифтихори 25-солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон//Минбари халк. - 2016. - 14 сентябр.

7. Эмомалй Рахмонов. Дируз ва имрузи точикон/ Точикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён. -Лондон, 1999. - С. 114.

8. Эмомалй Рахмон. Ягонагй сарчашмаи бахту икболи миллати точик аст: Суханронии Президента Чумхурии Точикистон, ба ифтихори Рузи вахдати миллй, 27 июни соли 2016 // Вахдат, Давлат, Президент. - Душанбе: Итеъдод, 2017. - Ч.27. - С. 4.

REFERENCES:

1. National Anthem of Tajiks (Fundamental Development and Evolutionary Stages).- Khujand: Publisher,

2011. - P. 521.

2. Independence of Tajikistan and Renaissance of Nationality. Complied by A.Asadov In eleven volumes. -Dushanbe: Cognition, 2009. - V.8. - P. 66-67.

3. The International Symposium on International Accounting of the Supreme Council of the Republic of Tajikistan (Twelfth Anniversary) and its Position in Revolutionary and Statehood Development.-Dushanbe, 1-2 November 2002. - P. 35.

4. Message and Memorandum on Struggle for Peace and National Unity Addressed to the Majlisi Oli of Tajikistan National Leader, President of the Republic of Tajikistan Emomali Rahmon. Compilers: V. Nabiev, H.Saburov, Sh.Sharifov. - Khujand: Light of Enlightenment, 2017 - P. 8.

5. The Message of the President of the Republic of Tajikistan to the Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan from April 20, 2012. - Dushanbe: Freedom of Orient, 2012. S.

6. Speech of the Chairman of National Peace and National Concord, National Leader, President of the Republic of Tajikistan, Emomalii Rahmon, on the occasion of the 25th anniversary of State Independence of Tajikistan Republic // People's Tribune. - 2016, September 14.

7. Rahmonov, Emomalii. Yesterday and today's Tajik / The Tajik History in the Mirror of History. The first book. From Aryans to Samanids. -London, 1999. - P. 114.

8. Emomali Rahmon. Unity as a Source of Inspiration for the Tajik People: Speech of the President of the Republic of Tajikistan on the occasion of the Day of National Unity, June 27, 2016 // Unity, State, President. - Dushanbe: Idiadat, 2017. - V.27. - P. 4.

Ицлосияи XVI - анцумани нацотбахш

Вожа^ои калиди: Ицлосияи XVI, анцумани нацотбахш, вахдати миллй, истицрори сущ, Цасри Арбоб, истицлолияти давлати.

Дар мацола ахамияти таърихи ва тацдирсози Ицлосияи XVI Шурои Олии Чумхурии Тоцикистон(даъвати дувоздахум) мавриди барраси царор гирифтааст. Бо санаду далещои таърихи собит шудааст, ки анцумани мазкур огози таърихи истицлолияти воцеии миллати тоцикон мебошад.

Тазаккур меравад, ки мщз дар Ицлосия XVI Шурои Олии Чумхурии Тоцикистон асосу пояи вахдати милли ва истицрори сущи тоцикон бино нщода шудааст. Ба цуз ин муаллиф, дар асоси тщлищои илми мухимтарин омищои раванди мусолихаи тоциконро даврабанди намуда, дар такя бар натицщои маруалщои сипаришуда, сиёсати пешгирифтаи давлату уукумати Цущурии Тоцикистонро ягона роуи берун шудани кишвар аз буурони ицтисодиву ицтимои баён доштааст.

Судьбоносное значение XVI Сесии

Ключевые слова: XVI Сессия, судьбоносное заседание, национальное единство,установление мира, Дворец Арбоб, государственная независимость.

В статье рассмотрены историческое и судьбоносное значение XVI Сессии Верховного Совета Республики Таджикистан(двенадцатого созыва). На основе достоверных исторических фактов доказывается, что эта сессия положила начало истинной независимости таджикского народа.

Подчеркивается, что XVI сессия Верховного Совета Республики Таджикистан заложила создана основы национального единства и установления мира . Подчеркивается, что сессия стала знаковым событием серьезно повлиявшим на современную историю Таджикистана. Кроме того, автор на основе научного анализа классифицирует важнейшие факторы процесса таджикского примирения и излагает, что политика государства и правительства Республики Таджикистан является единственным правильным путём для вывода страны из экономического и социального кризиса в одностороннем порядке

The XVI-th Session as a Fateful Sitting

Key words: the XVI-th Session, fateful sitting, national unity, establishment of peace, Arbob Palace, state independence.

The article dwells on the historical and fateful significance of the XVI-th Session of the Supreme Council of Tajikistan Republic (the twelfth convocation). Designing on the premise of reliable historical facts, the author of the article proves that the relevant session is considered to be as the beginning of the history of true independence of the Tajik people.

It is underscored that at the XVI-th Session of the Supreme Council of Tajikistan Republic there were created the foundations of national unity and establishment of peace. The author lays an emphasis upon the idea that the session became a landmark event that seriously affected the contemporary history of Tajikistan. Into the bargain, proceeding from scientific analysis, the author of the article classifies the most important factors of the process of Tajik reconciliation and, on the grounds of the above-mentioned results, he expounds the fact that the policy adopted by the both state and the government of the Republic of Tajikistan turned out to be the only way for the country to be withdrawn from the economic and social crisis unilaterally.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Чуразода Цамшед Хабибулло, доктори илмхои таърих, профессор, ректори Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Гафуров(Чущурии Тоцикистон, ш. Хуцанд), E-mail: juraboev.jh@gmail. com.

Сведения об авторе:

Джуразода Джамшед Хабибулло, доктор исторических наук, профессор ректор Худжандского государственного университета имени академика Б.Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), E-mail: juraboev.jh@gmail. com.

Information about the author:

Jurazoda Jamshed Habibullo, Doktor of History, Professor, president of Khujand State University named after academician B. Gafurov (Tajikistan,Khujand), E-mail: juraboev.jh@gmail.com.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.