Научная статья на тему 'Сессия, открывшая путь к миру и согласию'

Сессия, открывшая путь к миру и согласию Текст научной статьи по специальности «Политологические науки»

CC BY
634
57
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СУДЬБОНОСНОЕ ЯВЛЕНИЕ / FATEFUL PHENOMENON / ХVI СЕССИЯ ВЕРХОВНОГО СОВЕТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН / THE XVI-TH SESSION OF THE SUPREME COUNCIL OF TAJIKISTAN REPUBLIC / КОЛЛЕКТИВНЫЙ ДОГОВОР О МИРЕ И НАЦИОНАЛЬНОМ СОГЛАСИИ / COLLECTIVE AGREEMENT ON PEACE AND NATIONAL CONCORD / НАЦИОНАЛЬНЫЕ ПРАЗДНИКИ / NATIONAL HOLIDAYS / НЕЗАВИСИМОСТЬ / INDEPENDENCE / НАЦИОНАЛЬНОЕ ПЕРЕМИРИЕ / NATIONAL RECONCILIATION

Аннотация научной статьи по политологическим наукам, автор научной работы — Джурабаев Джамшед Хабибуллоевич

Статья посвящена XVI сессии Верховного Совета Республики Таджикистан (ноябрь 1992г.), открывшей таджикам дорогу к миру и согласию. Автор на конкретном фактическом материале показывает, что данная сессия заложила основы национального согласия и взаимопонимания. Кроме того, в статье дан всесторонний научный анализ факта национального примирения таджиков как наглядного примера решения внутринационального конфликта. В статье подчеркивается, что политика, проводимая государством и правительством Республики Таджикистан, всесторонне способствует преодолению политического, социальноэкономического и духовного кризиса в стране.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The Sessions which Opened the Way to Peace and Concordance

The article dwells on the XVI-th session of the Supreme Council of Tajikistan Republic (November 1992) which opened the way to peace and consent for Tajiks. Designing on the premise of concrete factual material the author shows that this session has laid the grounds of national concord and mutual understanding. Into the bargain, the article presents a versatile scientific analysis of the national reconciliation of Tajiks as a visual example for a settlement of an inner national conflict. It is emphasized that the policy conducted by the state and the Government of Tajikistan Republic promotes widely an overcoming of political, social-economic and spiritual crisis in the country.

Текст научной работы на тему «Сессия, открывшая путь к миру и согласию»

Цурабоев Цамшед \абибуллоевич,,

номзади илмуои таърих, дотсент, ректори ДД^БСТ

РА^КУШОИ РАВАНДИ СУЛ^У САЛО^

Дар таърихи хар як халку давлат лахзахое фаро мерасанд, ки сарна-вишти ояндаи мардумашро тархи устувор гузошта, дар бунёду пешрафти мамлакат накши хаётан мухим мебозанд. Ичлосияи XVI Шурои Олии Ч,умхурии Точикистон (даъвати дувоздахум) аз кабили хамин гуна руйдо-ди сарнавиштсози таърихи навтарини Точикистони сохибистиклол мах-суб мегардад, ки роху самтхои инкишофи ояндаи ичтимоию иктисодй, сиёсй ва маънавии Ватани моро равшан муайян намуд. Дар айёми пур-хатар, ки бакои давлату давлатдории точикон ва хамчун миллати вохид бокй мондани миллати точик дар арсаи сиёсй тахдиди чиддй дошт, бо иб-тикори фарзандони бедордилу ватанпараст дар шахри бостонии Хучанд Ичлосияи XVI Шурои Олии Ч,умхурии Точикистон баргузор гашт.

Президенти Ч,умхурии Точикистон Чдноби Олй мухтарам Эмомалй Рахмон дар Паёмашон ба Мачлиси Олии Ч,умх,урии Точикистон (20. 04. 2012) ба накши Ичлосияи XVI Шурои Олии Ч,умх,урии Точикистон хам-чун заминаи нахустини хамдигарфахмию ризоияти миллй ва сулхи точикон бахои баланд дода, зикр мекунанд: «Махз ба шарофати ин руйдоди мухими таърихи мо тавонистем, ки аркони давлатдори ва шохахои фалач-шудаи хокимиятро дар мамлакат баркарор гардонида, пояхои истикло-лияти давлатии Точикистонро кави намоем. Мухимтар аз хама ин аст, ки дар Ватани азизамон вахдати милли, сулхи пойдору суботи сиёсиву ичтимои ва фазои озоди бунёдкориву созандаги фарохам оварда шуд».1

Имруз баъди 20 соли баргузории анчумани саодати миллат доир ба накши он дар таърихи мамлакат андеша ронда, кабл аз хама хизматхои барчастаи Президенти Ч,умх,урии Точикистон Чдноби Олй мухтарам Эмомалй Рахмонро дар чодаи баркарор намудани сулху Вахдати миллй дар кишвар ва ба андешаи миллй табдил додани ин мафхум кайд кардан хатмист.

1 Паёми Президенти Ч^умхурии Точикистон ба Мачлиси Олии Ч^умхурии Точикистон, аз 20 апрели соли 2012.- Душанбе: Шарки озод, 2012, с.3.

Тавpе Саpваpи давлат даp сyханpониашон ба мyносибати 20- сола-гии Истиклолияти давлатии Ч^мх^ии Точикистон (08.09.2011) таъкид доштанд, ичpои нак;шах,ое, ки даp Ичлосияи таъpихй ба хотиpи оштии миллй ва таъмини сулх,и деpинтизоp кашида шyданд, Fайpиимкон мена-муд, зеpо даp кишваp хднуз оташи чанг аланга мезад ва шах£у дех,от хаpобазоp гашта, садх,о x,азоp ша^вандони мо дyp аз Ватан ва саpсонy саpгаpдон yмp ба саp мебypданд. Вазъият боз аз он сабаб печидаву мypаккаб буд, ки сохтоpx,ои асосии х,окимияти давлатй пyppа фалач гашта буданд.

Вале маpдyми кишваpи азиз аз имтих,они сангини таъpих бо мато-нату саpбаландй гузашт. Бо вучуди х,ама монеаву мушкилот кулли он вазифах,ои асосие, ки даp Ичлосияи XVI Ш^ои Олии мамлакат муайян гаpдида буданд, ичpои хyдpо ёфтанд. Созишномаи умумии истик;pоpи сулх, ва pизоияти миллй даp кишваp ба имзо pасид, як миллион гypезаx,ои ичбоpй ба Ватан баpгаштанд, волоияти конун даp мамлакат баpк;аpоp гаpдид, pоx,и бyнёдкоpивy созандагй пеш гиpифта шуд.

Даp Номаи шодбошиашон Саpваpи давлат ба иштиpокчиёни Х,а-моиши байналмилалй бахшида ба 10-солагии Ичлосияи XVI Ш^ои Олии Ч^мх^ии Точикистон, ки pyзx,ои 1-2 ноябpи соли 2002 даp шах£и Душанбе баpгyзоp гаpдид, ба анчумани саодати миллат хдмчун pаx,о-бахшандаи чомеа бах,о дода, таъкид менамоянд: «Sapo» хaлrç, xyKyMaT Ba дaвлaти мо Ичлосияи XVI Шуpoи Олии Ч^х^ии Точикистон ax,aMHHTH бyзypги тaъpихй дopaд. Он чoмеapo aз мyrçoвимaти сиёсии фшиишбо!), aз чaнги тax,милии бapoдapкyш, aз oвopaгию дapбaдapй нaчoт дод».

Ичлосия ба pаванди баpк;аpоpшавии давлатдоpии навини миллй иб-тидо гузошт. Бо OFOЗи гузошта шудани аpкони давлатдоpии миллй бево-сита маpx,илаи мух,ими омузиши амику таpFиби гyстypдаи таъpихy фаp-хднги миллй, баx,огyзоpии он аз pyи меъёpx,ои yмдатаpини умумимиллй ва yмyмибашаpй шypyъ шуда, мyx,имтаpин ангезах,ои ташаккули андешаи миллй таpx,pезй гаpдиданд. Мисоли боpизи ин гуфтахо тачлили бошуку-х,и чашн^ои мyбоpакy мукаддаси миллй ба монанди 1100-солагии таъсис-ёбии давлати Сомониён, 675-солагии Камоли Хучандй, 1000-солагии Но-сиpи Хyсpави ^убодиёнй, Соли тамаддуни Op^ï, 800-солагии Мавлоно Чдлолуддини Балхй, Соли бyзypгдошти забони точикй, 1150-солагии Абуабдуллохд Рудакй, Чдшни x,азоpаи «Шохдома», 2700-солагии Авасто, тачлили бошах,омати 2500 - солагии Истаpавшан, 2700-солагии Кулоб ва дигаpон ба х,исоб меpаванд. Даp ин замина номгyзоpй гаpдидани баpхе шах£у нох,иях,о бо номх,ои асилу таъpихии саpзамини точикон, бо фаpмо-ни Пpезиденти мамлакат ба беx,таpин фаpзандони халку ватан аз кдбили устод Садpиддин Айнй, Бобочон Fафypов, Миpзо Тypсyнзода, Ш^ин-шох, Шоx,темyp, Нyсpатyлло Махсум дода шудани унвони олии ^ах£а-

мони Точикистон аз авомиле махсуб мегарданд, ки гояхои асили милли-ро таргиб намуда, дар рушду такомули хуввияти миллй истехкоми беназир гузоштанд.

Дар робита ба ин таълифи силсилаи осори пурарзиши илмиву адабй ва фархангй, табъу нашри мучаддади мероси миллй асосу бунёди ташак-кули андешаи миллиро созмон доданд. Ба ибораи дигар, дар ин мархилаи дар хакикат хассос як рукни умдатарини ташаккули низоми фархангй дар арсаи сиёсати миллй созмон пазируфт.

Вокеан хам, бахри ноил гардидан ба ин хадафхо бояд истехком ва заминахои мусоиде созмон дода мешуданд, ки бахри рохандозии сама-рабахшу боэътимоди хадафхои начибу созанда мусоидат намоянд. Бар-гузор шудани Ичлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ч,умхурии Точикистон дуюмин падидаи мухими такдирсозест, ки баъди кабул гардидани Эъломияи Истиклолияти давлатии кишвар рохи сулху вахдат ва эъмори давлати тозаистиклолро хамвор сохт. Ба ибораи дигар, «Ичлосияи XVI Шурои Олии Ч,умхурии Точикистон ба таъсиси сохтори навини давлат, истикрори сулх ва ризоияти миллй, таъмини амнияти кишвар, бисёр-хизбй, харакати вахдати миллй ва эхёи Точикистон ибтидо гузошт».1

Тазаккур медихем, ки солхои нахустини даврони сохибистиклолй дар чумхурй вазъият нихоят мураккаб буд. Ин раванд на танхо дар киш-вари мо, ки аз чузъи чудонашавандаи Иттиходи Давлатхои Муштаракул-манофеъ ба хисоб мерафт, ба зухур мепайваст, балки тамоми кишвархои нав ба истиклолрасидаи собик Иттиходи Шуравиро оташи чанги шахр-вандию низоъхои бемаънй фарогир буданд. Раванди таърихии огози бар-кароркунй, азнавсозии давлатдории нави точик махз дар хамин солхо шуруъ гардид.

Мухаккикон мухимтарин авомили раванди мусолихаи точиконро хамчун падидаи ибратбахши сиёсии тахкими сулху субот ба тахлили амики илмй гирифта, онро дар иртибот бо вокеахои мухими таърихй мушаххасан ба мархилахои зерин табакабандй намудаанд:

Давраи якум-сентябри соли 1991 то ноябри соли 1992, яъне то Ичлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ч,умхурии Точикистон. Ин давра мах-сусан бо талошу муборизахо байни нерухои сиёсй барои хокимият, огози низоъхои шахрвандй, авчи бесарусомонй дар кишвар иштихор дорад.

Давраи дуюм байни солхои 1992-1993 мушаххас гардида, махз дар ин мархила масоили марбут ба фуру нишонида шудани оташи чанги бародаркуш, ташаккули фазои боварй ва эътимоди шахрвандй, хусни

1 Андешаи миллии точикон (мархилахои асосии ташаккул ва рушд).-Хучанд: Ношир, 2011, с.521.

тафохум ва фарохам оварда шудани заминахои мушками оштии миллй дар доираи тахлилхои илмй карор мегиранд.

Давраи сеюм - соли 1994 - хамчун давраи гузошта шудани пояхои низоми нави давлатдорй бо баргузории ислохоти сиёсй, ташаккули пояхои хокимият, нерухои мусаллахи миллй, куввахои сархадй шинохта шуда, дар ин мархила заминахои мустахками ислохоти иктисодй гузошта шуданд. Дар ин мархила хамчунин ба раванди бебозгашти оштии миллй такони чиддй бахшида шуд. Дар ин миён масъалаи бисёр хам мухим, ки ахамияти умумимиллй касб намуд, яъне ба макони зист баргардонида шудани фирориёни ичборй халли мусбии худро пайдо намуд. Махз кушишхои пайвастаи хукумати конунй, талошу субот ва иродаи матини Сарвари давлат, Чдноби Олй мухтарам Эмомалй Рахмон дар рохан-дозихои омилхои зикргардида буд, ки тадричан ба ташаккулёбии нуфузи сиёсии Точикистон дар арсаи байналмилалй оварда расонид. Дар робита ба ин фишангхои тавоное бахри рушди равобити байналмилалй ба вучуд омаданд, ки барои комилан ба анчом расонида шудани раванди бозгашти фирориёни ичборй, дар рохи расидан ба сулхи комил мусоидат намуданд. Даврахои минбаъда дар робита ба вокеаи мухими баимзо-расии Созишномаи умумии истикрори сулх ва ризоияти миллй дар чомеа байни солхои 1997 то имузро фаро мегиранд.1

Тавре маълум мегардад, баргузории Ичлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ч,умхурии Точикистон дар низоми вокеоти сиёсии кишвар хамчун падидаи нодири таърихи навини дар рохи фуру нишонида шудани оташи чанги бародаркуш, ташаккули фазои боварй ва эътимоди шахрвандй, хусни тафохум ва фарохам оварда шудани заминахои мухками оштии миллй накши муассир мегузорад.

Тавре ки дар Хдмоиши байналмилалии бахшида ба 10-солагии Ичлосияи XVI Шурои Олии Ч,умхурии Точикистон тахти унвони «Ахамияти байналмилалии Ичлосияи XVI Шурои Олии Ч,умхурии Точикистон (даъвати дувоздахум) ва макоми он дар такмили назария ва рушди давлатдорй дар Ч,умхурии Точикистон», ки дар шахри Душанбе, 1-2 ноябри соли 2002 баргузор гардид, кайд мешавад, «Ичлосияи XVI Шурои Олии Точикистон гардиши куллие дар бартарафсозии бухрони сиёсй, мустах-кам гардонидани давлат махсуб меёбад. Дар ин муддат оиди халъи силох, безарар гардонидани гуруххои гуногуни мусаллах, ки катлу куштор, зуроварй пешаи онхо буд, корхои зиёд ва душворе ба чо оварда шудаанд».2

1 Хамон асар, с.520.

2 Маводи Симпозиуми байналмилалй «Ахамияти байналмилалии Ичлосияи XVI Шурои Олии Чумхурии Точикистон (даъвати дувоздахум) ва макоми он дар такмили назария ва рушди давлатдорй дар Чумхурии Точикистон».-Душанбе, 1-2 ноябри соли 2002, с.35.

Ичлосияи XVI Ш^ои Oлии Ч,yмxypии Точикистон на танxo баpoи кишваp, балки баpoи минтакаи Oсиёи Mаpказй аxамияти бyзypги сиёсй, иктисодй ва ичтимой дopад. Mинтакаи Oсиёи Mаpказй, ки аз манотики кобили таваччУx даp баpхypди манфиатxoи тpансмиллист, бо зyxypи ноо-poмии сиёсй, даp кадом кишваpи ин минтака набошад, боиси саp баp за-дани таxдидy хатаpxoи чиддй гаpдиданаш аз эxтимoл дyp набyд. Х,ам-замон таxкими аpкoни давлатдopии навини маpxилаxoи аввали œx^-истиклолй, ки бо баpгyзopии Ичлосия ба зyxyp пайваст ба пешгиpии чанг, теppopизм ва экстpемизм даp каламpави Oсиёи Mаpказй мyсoидат намyд.

Гyзашти замон ва тачpибаи таъpихии даp тули бист соли баъди Ичлосия андyхташyда исбот каpданд, ки poxи пешгиpифтаи давлатy xy^-мати Точикистон бо poxбаpии фаpзанди саpсyпypдаи миллат Чдноби Oлй мyxтаpам Эмомалй Раxмoн аз нyктаи назаpи xам стpатегй ва xам сиёсй дypyст 6уд. Mаxз натичаи татбики сиёсати дypyст ва созанда даp xамаи чабxаxoи фаъолияти кишваp 6уд, ки даp мамлакат маpxилаи та-xияю татбики баpнoмаxoи давлатй, стpатегияи pyшд, консепсияи ташак-кули давлати миллй фаpo pасид. Ин сиёсат ба pаванди аз бyxpoни амики сиёсй, ичтимоию иктисодй ва маънавй pаxo додани мамлакат ва ба вучуд oваpдани асoсxoи давлатдopии навини точикон мусоидати комил намуд.

Имpyз ба дастoваpдxoи бyзypги кишваpамoн xам даp аpсаи сиёсати байналмилал ва xам даp микёси минтака назаp афканда метавон pавшанy вoзеx эxсoс намуд, ки мyxимтаpин ангезаxoи икдoмxoи бyзypги созанда xанyз даp xамoн давpаxoи мyдxиш маxз ба хoтиpи эъмopи кишваp ва саодати миллат таpxpезй гаpдида, бо мyxаббатy самимияти том даp тули солиён то имpyз нияти ^po дopанд. Даp xакикат баxpи pасидан ба ин py-зи фиpyз накши мyниpy баpчастаи фаpзанди фаpзoнаи миллат ^ези-денти кишваpамoн Чдноби Oлй, мyxтаpам Эмомалй Раxмoн хеле бyзypг аст. Хизматxoи аpзандаи Саpваpи давлат аз чониби халк ва макоми олии KOнyнбаpopи кишваp бо унвони олии П^^амони Точикистон кадp-шиносй гаpдид.

Бо гузашти вакт аxамияти таъpихии ичлосияи шoнздаxyми Шypoи Oлии Ч,yмxypии Точикистон бyзypгтаp хoxад гашт, зеpo он ба оламиён нишон дод, ки миллати точик даp дyшвopтаpин лаxзаxo метавонад ба xам ояду ба бунёди давлати сoxибихтиёp, демoкpатй, xyкyкбyнёд ва дунявй ибтидо гyзopад.

Калидвожа^о: pуйдaдu capHaeummca3, Ицлacuяu XVI Шуpau Олш Чум%уpuu Taцuкucmaн, Сaзuшнaмau умумш ucmu^papu cулxl ea pmarnmu мтлй, цaшщau мтлй, ucmщлaлuяm, aшmuu мтлй

Пайнавишт:

1. Паёми Президенти Чумхурии Тоцикистон ба Мацлиси Олии Чумхурии Тоцикистон, аз 20 апрели соли 2012. - Душанбе: Шарци озод, 2012. -63с.

2. Суханронии Президенти Чумхурии Тоцикистон Эмомалй Рахмон ба муносиба-ти 20-солагии Истицлолият.//Рузномаи ««%ацщати Сугд». -№109. -10.09. 2011.

3. Маводи Симпозиуми байналмилалй ««Ахамияти байналмилалии Ицлосияи XVI-уми Шурои Олии Чумхурии Тоцикистон (даъвати дувоздауум) ва мацоми он дар такмили назария ва рушди давлатдорй дар Чумхурии Тоцикистон». -Душанбе, 1-2 ноябри соли 2002.

4. Андешаи миллии тоцикон (маруилауои асосии ташаккул ва рушд).-Хуцанд: Ношир, 2011.

Джурабаев Джамшед Хабибуллоевич,

кандидат исторических наук, доцент, ректор ТГУПБП

Сессия, открывшая путь к миру и согласию

Ключевые слова: судьбоносное явление, ХУ[ сессия Верховного Совета Республики Таджикистан, Коллективный договор о мире и национальном согласии, национальные праздники, независимость, национальное перемирие

Статья посвящена XVI сессии Верховного Совета Республики Таджикистан (ноябрь 1992г.), открывшей таджикам дорогу к миру и согласию. Автор на конкретном фактическом материале показывает, что данная сессия заложила основы национального согласия и взаимопонимания. Кроме того, в статье дан всесторонний научный анализ факта национального примирения таджиков как наглядного примера решения внутринационального конфликта. В статье подчеркивается, что политика, проводимая государством и правительством Республики Таджикистан, всесторонне способствует преодолению политического, социально-экономического и духовного кризиса в стране.

D.Kh. Djurabayev

The Sessions which Opened the Way to Peace and Concordance

Key words: fateful phenomenon, the XVI-th session of the Supreme Council of Tajikistan Republic, collective agreement on peace and national concord, national holidays, independence, national reconciliation

The article dwells on the XVI-th session of the Supreme Council of Tajikistan Republic (November 1992) which opened the way to peace and consent for Tajiks. Designing on the premise of concrete factual material the author shows that this session has laid the grounds of national concord and mutual understanding. Into the bargain, the article presents a versatile scientific analysis of the national reconciliation of Tajiks as a visual example for a settlement of an inner national conflict. It is emphasized that the policy conducted by the state and the Government of Tajikistan Republic promotes widely an overcoming of political, social-economic and spiritual crisis in the country.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.