Научная статья на тему 'Ташаккули робита бо ҷомеа дар ҷаҳони муосир'

Ташаккули робита бо ҷомеа дар ҷаҳони муосир Текст научной статьи по специальности «СМИ (медиа) и массовые коммуникации»

CC BY
563
119
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
PR / робита бо чомеа / мухобирот / пиармен / таъсиррасонй / Айви Ли / Эдвард Бернейс / ташаккулинуфуз / имич / маҳсулот / одам / ширкат / воқеа ва хизматрасонй / PR / связь с общественностью / коммуникация / пиармен / влияние / Айви Ли / Эдвард Бернейс / развитие / влияние / имидж / продукт / человек / событие и обслуживание / PR / public relations / communication / PRman / influence / Ivy Li / Edward Bernays / development / image / product / person / event and service

Аннотация научной статьи по СМИ (медиа) и массовым коммуникациям, автор научной работы — Ҳамидов Илҳомцон Иномцонович

Анализируется становление и формирование нового и интересного сегмента общественных отношений - связей с общественностью. Принимая во внимание то, что за последние 60 лет появилось большое количество толкований данного термина, автором делается попытка дать ответ на вопрос - что же такое PR?На примере деятельности весьма известного и авторитетного специалиста в данной области, основоположника современного PR Айви Ли, автор рассуждает о путях и методах влияния на общественное мнение и поведение.При исследовании была изучена книга знаменитого теоретика и первого преподавателя PR Нью-Йоркского университета Эдверда Бернейса «Кристаллизация общественного мнения». Указывается, что в область PR входят такие распространенные в журналистике специальности, как пресс-секретари, создатели рекламы, имиджмейкеры, копирайтеры и другие.Специфические особенности деятельности пресс-служб и специалистов по связям с общественностью также входят в рамки анализа данной научной теоретической статьи.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

FORMATION OF PUBLIC RELATIONS IN THE WORLD

Article analyzes formation and formation of a new and interesting segment of the public relations public relations. In view of what for the last 60 years there were a large number of interpretations of this term, the author attempt to give the answer to a question that is PR? On the example of activity of very famous and authoritative expert in the field, the founder of modern Ivy Li, the author argues on ways and methods of influence on public opinion and behavior. At research the book of the well-known theorist and the first teacher of PR of the New York University Edward Bernays "Crystallization of public opinion" were studied. The author specifies that in the PR are such specialties, widespread in journalism, as press secretaries, founders of advertizing, copywriters and others. Specific features of activity of the press services and specialists in public relations are also included into a frame of the analysis of this scientific theoretical article. Article is intended to a wide range of readers, the interested questions of public relations.

Текст научной работы на тему «Ташаккули робита бо ҷомеа дар ҷаҳони муосир»

10.01.10. ЖУРНАЛИСТИКА

10.01.10. JOURNALISM

УКД 07(575.3) И.И.ҲАМИДОВ

ББК 76.12 (2 т)

ТАШАККУЛИ РОБИТА БО ҶОМЕА ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

Вожаҳои калидй: PR, робита бо чомеа, мухобирот, пиармен, таъсиррасонй, Айви Ли, Эдвард Бернейс, ташаккулинуфуз, имич, маҳсулот, одам, ширкат, воқеа ва хизматрасонй

Истилоҳи «Робита бо ҷомеа» - тарчумаи истилоҳи маъмули англисии «Public Relations» (паблик рилейшнз), дар шакли кӯтоҳшуда PR (Пи-Ар) аввалин маротиба аз чониби президенти ИМА Томас Ҷефферсон соли 1807 зимни ироаи паём ба конгресс (мақомоти олии қонунбарори Амрико) истифода шудааст, вале таърифи мушаххас оид ба мафҳуми PR то ҳанӯз вучуд надорад. Танҳо дар зарфи 60 соли охир тафсирҳои гуногуне перомуни ин истилоҳ ба миён омадаанд.

Таърифи классикй далолат мекунад: PR - вазифаи идоракунанда аст, ки чиҳати ба роҳ мондан ва нигоҳ доштани муносибатҳои судманд миёни корхона ва чомеа мусоидат намуда, вобаста аз истифодаи он муваффақият ё нобарории фаъолияти ширкат маънидод карда мешавад.

Имрӯз PR маънои зиёд дорад. Ҳанӯз соли 1975 хазинаи амрикоии «Foundation for Public Relations Research and Education» таҳқиқоти мукаммал гузаронд, ки дар он аз саросари дунё 65 олим

ширкат 600 мафҳуми PR-ро ҳосил намуданд.

Пажӯҳишгоҳи муносибатҳои чамъиятии Британияи Кабир (IPR) зери мафҳуми PR тадбирҳои нақшавй ва давомдорро мефаҳмад, ки ба бунёд ва дастгирии муносибати хайрхоҳона нисбат ба чомеа равона гардидааст.

Мутахассиси машҳури англис Сэм Блэк зери ин мафҳум «санъат ва илми бамувофиқатрасй тавассути ҳамдигарфаҳмии дар пояи ҳақиқат ва иттилоотонй бунёдёфтан»-ро мефаҳмад (1, 17).

Шарҳи ин мафҳум дар лугати Уэбстер (Webster. New International Dictionary) чунин омадааст: «PR-ин мусоидат чиҳати ба роҳ мондани ҳусни тафоҳум ва хайрхоҳй миёни шахсият, ширкат ва одамони дигар, гурӯҳи одамон ва ё дар мачмӯъ чамъият тавассути пахши маводи тавзеҳотй, инкишофи табодули ахбор ва баҳодиҳии аксуламали чамъиятй аст» (2, 478).

Муаллифони китоби «Связи с общественностью» А.Чумиков ва М.Бочаров се роҳи муайянкунии мафҳуми PR-ро нишон медиҳанд: алтуристй, созишкорона ва паргматикй (3, 24-26).

Соли 1978 дар Мехико аввалин чаласаи чаҳонии ассотсиатсияи PR баргузор гардид, ки дар он намояндагони беш аз 30 миллат ширкат дошта, чунин тавсифи истилоҳро пешниҳод намуданд: «Тачрибаи паблик рилейшнз - ин санъат ва илми ичтимоиест, ки гояро бунёд ва баҳо медиҳад, оқибати амалишавии онҳоро пешгӯй мекунад, ба роҳбарони ширкатҳо машварат дода, барои дар амал татбиқ намудани ин афкори созанда, ки ҳам ба манфиати чамъият ва ширкат аст, кӯшиш менамояд».

Яке аз куҳансолтарин мутахассисони PR-и чаҳонй, асосгузор ва раиси Шӯрои директорони очонсии «Burson Marsteller X.» М.Берсон робита бо чомеаро ҳамчун методологияи таъсир ба афкор ва рафтори чамъиятй мепиндорад.

Ба андешаи мо, PR - ин идоракунии тафаккур, андешаронии бомақсад, тарҳи лоиҳаҳои нав ба воситаи мухобироти иттилоотй аст.

Шарҳи профессори Донишгоҳи Санкт-Петербург М.А.Шишкина низ метавонад қобили таваччӯҳ бошад: «Робита бо чомеа - фаъолияти идорашавандаи мухобиротии бозориест, ки ба ташаккули низоми мубодилавии ичтимой равона гардидааст» (8, 91).

Таърифи пешниҳодкардаи профессорон Лоуренс Лонги ва Винсент Ҳазелтон истилоҳи «Робита бо чомеа»-ро ҳамчун «вазифаи иртиботии идоракунй, ки ба воситаи он созмонҳо ё ташкилот ба муҳит мувофиқ мешавад, онро баҳри ҳадафҳи худ тагйир (ё ҳифз мекунанд) медиҳанд» тафсир мекунад.

Ин таъриф аз назарияи навтарини марбут ба иртибот сарчашма гирифта, робита бо чомеаро ҳамчун амали васеътар аз ташаккули ин ва ё он ақдиа дар чомеа тавсиф медиҳад.

Муҳаққиқи дигар А.Б.Зверинсев гумон мекунад, ки PR - ин мутобиқкунии ҳадафҳои фалсафй ё ба истилоҳ прагматикии ширкат ба манфиати сиёсати чамъиятии чомеа мебошад (7, 91). У вазифаҳои асосии «паблик рилейшнз»-ро чунин медонад:

135

НОМАИ ДОНИШГОХ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 3(44)2015

♦ таҳлилию маърифатпарварӣ (таҳлил, пажӯҳиш ва пешгӯйии тамоюлҳо);

♦ ташкилию идоракунанда (таъминоти ҳадафҳои корхона, коркарди амалҳои ҷавобӣ);

♦ алоқавию иттилоотӣ (ноил гардидан ба ҳамдигарфаҳмӣ, мувофиқат, таъминоти роҳбарият бо иттилоот);

♦ машваратию методӣ (вазифаи мушовир).

Бо назардошти ин пешниҳод, А.Б.Зелманов вазифаи асосии PR-ро алоқавӣ (мухобиротӣ) медонад (5, 35).

Мавриди зикр аст, ки таҷрибаи PR дар ибтидои асри ХХ дар ИМА пайдо шуда, бо журналистика иртиботи бевосита дорад. Маҳз ҳамон вақт, дар соли 1902, Ида Тарбелл силсилаи мақолаҳои худро бо номи умумии «Таърихи «Стандарт-Ойл Компани» ба нашр расонд, ки дар онҳо перомуни истифода аз усулҳои гайрисолими рақобатпазирии роҳбари ин ширкат Ҷон Рокфеллер сухан мерафт. Ҷ. Рокфеллер яке магнатҳои хеле бузурги нафтии Амрико буд ва ин силсиламавод ба нуфуз ва тиҷорати ӯ таъсири манфӣ расонданд: бо шарикон мушкил эҷод шуд ва дар дохили корхона муносибат сард гардид. Дар оилааш ҳам пайваста нофаҳмӣ ба амал меомад. Конгресси ИМА (мақомоти олии қонунбарор) қонунҳое қабул кард, ки дар натиҷа як қатор ширкат ҷаримабандӣ шуданд.

Асосгузори PR-и муосир бошад, Айви Ли эътироф шудааст. Ӯ соҳибкор ва рӯзноманигор буд, ки ба таҷрибаи PR соли 1903 рӯ овард. Бо ҳамроҳии дӯсти худ Дж.Паркер онҳо оҷонсии бунёд ва ташкили имиҷ (нуфуз) барои лидерони сиёсӣ, ширкатҳо ва муассисаҳои давлатӣ ифтитоҳ намуданд. Ҳадафи онҳо пахшу нашри иттилооти бештар дар воситаҳои ахбори омма ва гузаронидани чорабиниҳои ба ин монанд оид ба чеҳраи худ буд. Бо истифода аз ин усул, Айви Ли мехост ба соҳибкорон исбот намояд, ки ахбори дақиқ, дуруст ва саривақтӣ - маҳаки асосии рушди на танҳо фаъолият, балки ҳаёти онҳо низ метавонад бошад ва ҳам дар ҷамъият ва ҳам дар доираҳои муайяни сиёсӣ гоя, афкор, мол ва хизматрасонии ин соҳибкорон ҳатман дастгирӣ хоҳад ёфт. Айви Ли навишт: «Идораи мо бюрои махфии матбуотӣ нест. Ҳама кор ошкоро сурат мегирад. Маводи мо дақиқанд. Оид ба ҳамагуна саволҳо имкон дорад маълумоти бештар гирифт» (4, 244-245).

Баъд аз гузашти солҳои зиёд Айви Ли «Баёнияи принсипҳо»-ро мунташир намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешуд: «Ҳадафи мо дар он аст, ки самимона ва ошкоро аз номи доираҳои корӣ ва институтҳои ҷамъиятӣ ба матбуот ва ҷомеаи амрикоӣ иттилооти саривақтӣ ва дақиқро оид ба масъалаҳои барои ҷомеа арзишманд ва манфиатовар расонем».

Дар натиҷа, Айви Ли хеле шӯҳратманд ва сарватманд шуд. Ин ҳама дар сурате даст дод, ки ӯ ба манфиати тиҷорат кор мекард ва аз як ҷониб робитаро бо ширкатҳои бузургу институтҳои давлатӣ ба роҳ мемонд ва аз ҷониби дигар - бо ҷомеа.

Соли 1914 ӯро ба хотири аз нав машҳур ва боз ҳам бонуфузтар намудани чеҳраи Ҷ. Рокфеллер ба сифати мушовири шахсиаш ба кор пазируфтанд. Бо кӯмаки ӯ имкон даст дод, ки масъалаи корпартоиҳо дар вилояти Колорадо бо сабаби марги чанд корманд роҳҳи ҳалли худро ёбанд. Бо тавсияи Айви Ли, Ҷ. Рокфеллер шахсан ба кони ангишт мефаромад, ба шикоятҳои конканҳо гӯш медод, бо завҷаи онҳо дар яке аз идҳои бошукӯҳ рақс мекард... Дар силсилаи мақолаҳои матбуотӣ Айви Ли роҳбари худро бобои меҳрубон, падари мушфиқ, шавҳари дӯстдор, дӯсти вафодор, роҳбари меҳмондӯст ва барнодил, раиси бегараз ва шахси баобрӯ муаррифӣ намуд.

Баъд аз чунин мавод дар матбуот Ҷ. Рокфеллер барои конканҳо «одами худӣ» шуд. Имиҷи ӯ дар чашми кулли амрикоиҳо тагйир ёфт. Бо гузашти даҳсолаҳо Ҷ. Рокфеллер эътироф мекунад, ки ҳалли масъалаи корпартоӣ дар вилояти Колорадо бо истифода аз матбуот яке аз рӯйдодҳои муҳими ҳаёти ӯ маҳсуб мешавад.

Журналист Айви Ли бо ҳавонаварди машҳури амрикоӣ Чарлз Линдберг, ки мехост ба ҷомеа бехавфии парвоз тавассути ҳавопайморо фаҳмонад, кор мекунад. Вай ҳамчунин бо номзад ба вазифаи раиси шаҳри Ню-Йорк, хадамоти матбуотии ҳизби демократ ҳангоми баргузории маъракаи интихоботи президента ва дигарон ҳамкор будааст. Хизматҳои ӯ дар ташаккули PR-журналистикаи муосир хеле бузург арзёбӣ мегардад.

Назарияпардоз ва сарвари гоявии «Паблик рилейшнз» Эдвард Бернейс аст. Соли 1923 ӯ китоби «Булӯршавии афкори ҷамъятӣ»-ро мунташир карда, аввалин омӯзгори PR дар Донишгоҳи Ню-Йорк буд. Ибораи «паблик рилейшнз» қариб дар як вақт номи касб ва фанни донишгоҳӣ гардид. Эдвард Бернейс тамоми умри худро ба омӯзиши рафтори одамон ва имкони таъсиррасонӣ ба ин рафтор бахшидааст. Ӯро ба кор на танҳо президентон, балки диктаторони машҳури ҷаҳонӣ Франко ва Гитлер даъват намуда буданд.

Аввалин фаъолони «Паблик рилейшнз» дар Британияи Кабир котибони матбуотӣ буданд.

136

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 3(44) 2015

Дар ибтидои солҳои 30-юми садои гузашта дар ИМА низоми «Паблик рилейшнз» ҳамчун вазифаи мустақили менеджмент ба вуҷуд омад. Дар ширкатҳои калон вазифаҳои нав - муовини роҳбар оид ба мухобирот ва ё «Паблик рилейшнз» ташкил шуд. Мавқеи худи PR низ ҳамчун вазифаҳои иттиҳодиявии идоракунии афкори ҷамъиятӣ мустаҳкам гардид.

Профессор Г.Г.Почепсов мегӯяд: «Комилан PR дар натиҷаи инқилоби саноатӣ ба вуҷуд омад. Вақте ки монополистҳо нокифоягии усулҳои идоракуниро дар истеҳсолот эҳсос намуданд, онҳо ба PR рӯ оварданд... ИМА аввалин шуда ин роҳи монополизатсияро тай кард ва аз ин рӯ, дар ин ҷо нахустин намунаҳои татбиқи гояҳои PR пайдо шуд» (6, 264).

Ҳамзамон, мавриди тазаккур аст, ки ба сифати «чеҳра»-и пиаркунанда дар ҳамаи давлатҳо ва ширкатҳои калони молиявию саноатӣ котиби матбуотӣ баромад мекунад. Вобаста ба ҳадафҳои сиёсӣ ва манфиати фармоишгар, робита бо ҷомеа баъзан ба таҷрибаи ризоият, табодули афкор, баъзан ба технологияи сафедкунии ягон кирдори ношоистаи ҷамъиятӣ ва баъзан ба боварикунонии ошкоро табдил меёбад.

Далелҳо собит месозанд, ки зарурати истифода аз робита бо ҷомеа дар ибтидои асри ХХ ба хотири бароҳмонӣ ва ҳамоҳанг намудани ризоият миёни соҳибкорон ва ҷомеа пайдо шудааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ҷаҳонӣ технологияи дурусти истифода аз PR ҳосил шуд, ки метавонист натиҷаи ҳама гуна амалиёт анҷомдодаро ҳамеша ба таври мусбат барои ҷомеа арзёбӣ намояд. Ин чунин маъно дорад, ки ҳадаф ва вазифаҳои аз тарафи субъектҳо таъиншуда табиати «Паблик рилейшнз»-ро дар вақти муайяни таърихӣ, вобаста ба ҳолат, метавонад маънидод намояд.

Вижагиҳои касбии пиарменҳо (мутахассисони пиар) аз рӯйи нишондодҳои зерин сарчашма мегиранд:

♦ мутахассисони робита бо ҷомеа тобеи мақсад ва вазифаҳои субъектҳои тиҷоратӣ буда, гояи онҳоро дар симои худ ба таври рамзӣ пуштибонӣ мекунанд;

♦ манфиати онҳо, пеш аз ҳама, дар хизматрасонӣ ба субъекти PR ифода меёбад, онҳо барандаи манфиатҳои ягон гурӯҳи иҷтимоӣ мешаванд;

♦ касбияти мутахассисони робита бо ҷомеа аз рӯйи ризоияти зоҳириашон бо сиёсати ҷамъиятии субъекти PR муайян карда мешавад. Онҳо бояд сиёсат ва фаъолияти рӯзмарраи худро ба сиёсат ва фаъолияти пешгирифтаи ширкате, ки дар он кор мекунанд, монанд ё қисман мутобиқ намоянд.

Агар соддатар гӯем, мақсади тиҷорат ба даст овардани даромад аст. Ягон соҳибкор дар ҷаҳон ба хотири муфлисшавӣ фаъолият намекунад. Мақсади PR дар ин тиҷорат муҳайё намудани шароит ҷиҳати зиёдгардонии даромад буда, он аз рӯйи принсипи «боигарии ҷамъият-боигарии омма» фаъолият мебарад.

Ҳамин тариқ, пиармен аз мавқею манфиати муттаҳидшавӣ амал карда, ба манфиати ҷомеа низ хизмат мерасонад ва барои ободии он пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Дар шароити муосир PR қариб ба ҳамаи соҳаҳо даст дароз кардааст - афкор ва муносибатҳои ҷамъиятиву давлатӣ, истеҳсолӣ, молиявӣ, байналхалқӣ, истеъмолӣ, зиндагии рӯзмарра, пажӯҳиш ва омор, воситаҳои ахбори омма ва гайра. Аз ин усул метавон барои рушд бахшидани фаъолият ва ё баръакс, ноком намудани рақиби худ (аксаран бо истифода аз PR-и сиёҳ) пурсамар истифода бурд, вале дар «паблик рилейшнз»-и ихтисосҳои нисбатан маъмуле ҳам ҳастанд:

^ котиби матбуотӣ - мутахассис оид ба ташкили кор бо воситаҳои ахбори омма.

^ рекламасоз - мутахассис оид ба ташкили реклама.

^ имиҷсоз - мутахассис оид ба сохтани имиҷ.

^ матннигор - таҳиягари матни баромадҳо, суханрониҳо (9, 10).

Мураттибони дастури «Роҳнамо оид ба ҳамкории СҒД ҷавонон бо ВИО» бо такя ба сарчашмаҳои мӯътамад бар он назаранд, ки PR се марҳилаи асосӣ дорад: муқаддимотӣ (озмоиш ва таҳлили ҳадафҳо, таҳлили афкори ҷамъиятӣ, муфассал фаҳмонидани вазифа), асосӣ (коркард ва банақшагирии чорабиниҳои марбут ба PR, ташкили «сабабҳои иттилоотӣ», ба роҳ мондани ротибаҳо бо одамон, гурӯҳҳо ё табақаҳои иҷтимоии аҳолие, ки аз онҳо муваффақияти кор вобастагӣ дорад, гузаронидани чорабиниҳои рекламавӣ, мониторинги ҷории самаранокии фаъолият) ва хотимавӣ (арзёбии натиҷаҳои кор, таҳлили дурнамои рушди робитаҳои ба роҳ мондашуда). Инчунин, дар PR аз технологияҳои зиёде корбаст мекунанд.

Боиси афсӯс аст, ки имрӯз дар шароити бархурди манфиатҳо ва тамаддунҳо дар бисёр сохтори давлативу шахсии баландпоя мутахассисони PR нестанд. Ва агар бошанд ҳам, пас аксаран онҳое кор мекунанд, ки дониши мукаммали соҳавӣ надоранд. Дар баъзе аз корхонаҳо роҳбарият худ фаъолияти иртиботиро ба роҳ мемонанд, ки ин ҳам дар ҳоли надоштани донишу малакаи касбӣ оид ба PR-технологияҳо сурат мегирад. Ин силсилачорабиниҳо дар асоси нақшаи қаблан тарҳрезишуда амалӣ карда мешаванд ва бештарини маврид натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд.

137

НОМАИ ДОНИШГОХ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 3(44)2015

Ҳамин тариқ, робита бо ҷомеа (public relations) - шаклҳои таъсиррасониест, ки онҳоро иртиботсозии ҳирфаӣ барои ташаккули имиҷи мусбат ва муқобилат ба иттилооти манфӣ корбаст кардааст.

Маънои умумии он - фаъолияти идоракунии марбут ба таъмини робитаҳои ба ду тараф манфиатовар ва мутаносиб байни ташкилоту ҷамъият равонашудаест, ки аз татбиқи он муваффақияти кори ин ташкилот вобастагӣ дорад. Маънои мӯъҷазтар - ташаккули афкори ҷамъиятӣ оид ба маҳсулот, одам, ширкат, воқеа ва хизматрасонӣ мебошад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Блэк, С. Паблик рилейшнз. Что это такое?/С.Блэк. - Москва: Новости, 1990. - 240 с.

2. Лугати Уэбстер (Webster. New International Dictionary). - Москва: Пресса, 2010. - 2663 с.

3. Чумиков, А.Н., Бочаров, М.П. Связи с общественностью: Теория и практика/А.Н.Чумиков, М.П.Бочаров. - Москва: Дело АНХ, 2008. -560 с.

4. Ворошилов, В. Современная пресс-служба / В.Ворошилов. - Спб.: Михайлов В.А., 2005. - 256с.

5. Зельманов, А.Б. Социальные функции паблик рилейшнз // Public Relations - наука, образование, профессия: Материалы международной конференции (17 апреля 2003 г.) /А.Б.Зельманов. - Спб, 2003.

6. Почепцов, Г. Паблик рилейшнз, или как успешно управлять общественным мнением/Г.Почепцов. - Москва: Центр, 1998. - 349 с.

7. Зверинцев, А. Коммуникационный менеджмент: Рабочая книга менеджера PR. 2-е издание/А. Зверинцев. - СПб.: Союз, 1997. - 288 с.

8. Шишкина, М. Паблик рилейшнз системе социального управления/М.Шишкина. - СПб.: Паллада-Медиа, 2002. - 444 с.

9. Раҳнамо оид ба ҳамкории СҒД ҷавонон бо ВИО. Академияи иртиботи омма. - Душанбе: Матбаа, 2009. - 118с.

REFERENCES:

1. Black, S. Public relations. What is it? / S. Black. - Moscow: Novosti publishing house together with ASES, 1990. - 240 p.

2. Webster. New International Dictionary. - Moscow: Press, 2010.- 2663 p.

3. Chumikov, A.N., Bocharov, M.P. Public relations: Theory and practice / A.N.Chumikov, M.P.Bocharov. - Moscow: The publishing house "Delo" ANH, 2008. - 560 p.

4. Voroshilov V. Modern press service / V.Voroshilov. - SPb.: V.A.Mikhaylov publishing house., 2005. -256 p.

5. Zelmanov, A.B. Social functions a public of relations /A.B.Zelmanov //Public Relations - science, education, a profession: Materials of the international conference (on April 17, 2003). - SPb, 2003.

6. Pocheptsov G. Public relations or how successfully to operate public opinion / G.Pocheptsov -Moscow: Center, 1998.- 349 p.

7. Zverinsev A. Communication management: Workbook of the manager of PR. 2nd Edition(s) / A.Zverinsev. - SPb.: Union, 1997. - 288 p.

8. Shishkina, M. Public relations to system of social management / М. Shishkina. - SPb.: Pallada Media, 2002. - 444 p.

9. Guide to cooperation of NGO of youth with mass media. SMK academy. - Dushanbe: Matbaa, 2009.

- 118 p.

Формирование связей с общественностью в современном мире

Ключевые слова: PR, связь с общественностью, коммуникация, пиармен, влияние, Айви Ли, Эдвард Бернейс, развитие, влияние, имидж, продукт, человек, событие и обслуживание.

Анализируется становление и формирование нового и интересного сегмента общественных отношений - связей с общественностью. Принимая во внимание то, что за последние 60 лет появилось большое количество толкований данного термина, автором делается попытка дать ответ на вопрос - что же такое PR?

На примере деятельности весьма известного и авторитетного специалиста в данной области, основоположника современного PR Айви Ли, автор рассуждает о путях и методах влияния на общественное мнение и поведение.

При исследовании была изучена книга знаменитого теоретика и первого преподавателя PR Нью-Йоркского университета Эдверда Бернейса «Кристаллизация общественного мнения».

138

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES» № 3(44) 2015

Указывается, что в область PR входят такие распространенные в журналистике специальности, как пресс-секретари, создатели рекламы, имиджмейкеры, копирайтеры и другие.

Специфические особенности деятельности пресс-служб и специалистов по связям с общественностью также входят в рамки анализа данной научной теоретической статьи.

Formation of public relations in the world

Keywords: PR, public relations, communication, PRman, influence, Ivy Li, Edward Bernays, development, image, product, person, event and service.

Article analyzes formation and formation of a new and interesting segment of the public relations -public relations. In view of what for the last 60 years there were a large number of interpretations of this term, the author attempt to give the answer to a question - that is PR?

On the example of activity of very famous and authoritative expert in the field, the founder of modern Ivy Li, the author argues on ways and methods of influence on public opinion and behavior.

At research the book of the well-known theorist and the first teacher of PR of the New York University Edward Bernays "Crystallization of public opinion" were studied.

The author specifies that in the PR are such specialties, widespread in journalism, as press secretaries, founders of advertizing, copywriters and others.

Specific features of activity of the press services and specialists in public relations are also included into a frame of the analysis of this scientific theoretical article.

Article is intended to a wide range of readers, the interested questions of public relations.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Ҳамидов Илҳомцон Иномцонович, дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Цумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе), E-mail: Oyandasoz@mail.ru.

Сведение об авторе:

Хамидов Илхомджон Иномджонович, доцент кафедры телевидения и радиовещания факультета журналистики Таджикского национального университета (Республика Таджикистан, г. Душанбе), E-mail: Oyandasoz@mail.ru.

Information about the author:

Hamidov Ilhomjon Inomjonovich, Candidate of Philological Sciences, Associate Professor of television and broadcasting Department the Faculty of journalism, Tajik National University (Republic of Tajikistan, Dushanbe), E-mail: Oyandasoz@mail.ru

139

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.