Научная статья на тему 'Роҷеъ ба табақабандии иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосир'

Роҷеъ ба табақабандии иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосир Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
2044
431
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
стратификация общества / социальная прослойка / класс / рыночная экономика / социальные новообразования / stratification of society‚ social layer‚ class‚ market economy‚ social new-formations

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Авазматов Ниматулло

В условиях коренных социальных изменений на основе бурного технологического и информационного развития и их влияния на стратификацию (деление общества на прослойки) общества, данный вопрос становится особо важным аспектом исследования. Предметом нашего исследования является процесс социального деления общества в периоды 80-90 годов XX века и в постсоветском Таджикистане. Особое внимание уделено социальным новообразованиям, которые формируются в условиях рыночной экономики под влиянием инновационных процессов и потребности рынка в новых профессиях и специальностях. Особое внимание уделено образованию среднего класса в Таджикистане, основу которого составляет предпринимательство во всех его формах. Данный класс является образованием, обеспечивающим стабильное развитие общества без социальных взрывов, способствующим устойчивому развитию экономики, поддерживающим национальные традициии и ценности, являющихся показателем высокой гражданственности и суверенности.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

SOME ASPECTS OF SOCIAL STRATIFICATION OF CONTEMPORARY SOCIETY

The issue in question becomes an important aspect of exploration under the conditions of social changes caused by technological and informational development and its sway over a social stratification. The subject of our research is a process of social division of the society in the period of the 80-ies – 90-ies of the XX century and in the post-Soviet – sovereign Tajikistan. Special attention is paid to new social formations which are shaped under the conditions of market economy under the sway over innovational processes and market demands for new professions and specialties. The author dwells on the issue of middle class formation in Tajikistan whose basis is entrepreneurship of all types. This class is a formation which provides a stable development of society without social explosions‚ promotes a sustainable development of economy‚ supports national traditions and values being an indicator of high civil consciousness and sovereignty.

Текст научной работы на тему «Роҷеъ ба табақабандии иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосир»

23 00 00 ИЛМҲОИ СИЁСАТШИНОСӢ 23 00 00 ПОЛИТИЧЕСКИЕ НАУКИ 23 00 00 POLITICS SCIENCES

23 00 01 ТЕОРИЯ И ФИЛОСОФИЯ ПОЛИТИКИ, ИСТОРИЯ И МЕТОДОЛОГИЯ ПОЛИТИЧЕСКОЙ НАУКИ

23 00 01 THEORY AND PHILOSOPHY OF POLITICS, HISTORY AND METHODOLOGY OF POLITICAL SCIENCE

УДК 33 Т ББК 65.9 (4/8)

РОҶЕЪ БА ТАБАҚАБАНДИИ ИҶТИМОӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР

Авазматов Ниматулло,

муаллими калони кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи щтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

НЕКОТОРЫЕ АСПЕКТЫ СОЦИАЛЬНОЙ СТРАТИ Ф ИКАЦИ И СОВРЕМЕННОГО ОБЩЕСТВА

SOME ASPECTS OF SOCIAL STRATIFICATION OF CONTEMPORARY SOCIETY

Авазматов Ниматулло,

старший преподаватель кафедры социологии Института экономики и торговли Таджикского государственного университета коммерции

Avazmatov Nematullo,

senior teacher of the department of social sciences of the Institute of Economics and Trade under the Tajik State University of Commerce; Tajikistan, Khujand E-MAIL- gulnoz@mail. ru

Ключевые слова: стратификация общества, социальная прослойка, класс, рыночная

экономика, социальные новообразования

В условиях коренных социальных изменений на основе бурного технологического и информационного развития и их влияния на стратификацию (деление общества на прослойки) общества, данный вопрос становится особо важным аспектом исследования. Предметом нашего исследования является процесс социального деления общества в периоды 80-90 годов XX века и в постсоветском Таджикистане. Особое внимание уделено социальным новообразованиям, которые формируются в условиях рыночной экономики под влиянием инновационных процессов и потребности рынка в новых профессиях и специальностях. Особое внимание уделено образованию среднего класса в Таджикистане, основу которого составляет предпринимательство во всех его формах. Данный класс является образованием, обеспечивающим стабильное развитие общества без социальных взрывов, способствующим устойчивому развитию экономики, поддержи-

- 172 -

Avazmatov N. Some Aspects of Social Stratification of Contemporary Society

вающим национальные традициии и ценности, являющихся показателем высокой гражданственности и суверенности.

Key words: stratification of society, social layer, class, market economy, social new-formations

The issue in question becomes an important aspect of exploration under the conditions of social changes caused by technological and informational development and its sway over a social stratification. The subject of our research is a process of social division of the society in the period of the 80-ies - 90-ies of the XX century and in the post-Soviet - sovereign Tajikistan. Special attention is paid to new social formations which are shaped under the conditions of market economy under the sway over innovational processes and market demands for new professions and specialties. The author dwells on the issue of middle class formation in Tajikistan whose basis is entrepreneurship of all types. This class is a formation which provides a stable development of society without social explosions, promotes a sustainable development of economy, supports national traditions and values being an indicator of high civil consciousness and sovereignty.

Дар шароити тагйирёбии куллии ҷамъияти муосир мавзӯи табақабандии иҷтимоӣ аз масъалаҳои муҳими ҷомеашиносӣ маҳсуб меёбад. Вазъи воқеии табақабандии ҷомеаи муосир чӣ гуна аст ва дар шароити суръатафзои инкишоф кадом омилҳоро бояд ба инобат гирифт, зарурати табақабандӣ, нақши табақабандӣ дар субот ва пойдории давлат, тараққиёти ҷомеаи нав дар чист ва гайраҳо масъалаҳои хело муҳим ва айни замон хело мураккаб мебошанд. Бояд тазаккур дод, ки ба саволҳои дар боло зикршуда якранг ва қатъан ҷавоб гуфтан душвор аст, вале ба қадри имкон мекӯшем дар доираи мақолаи мазкур ба баъзе паҳлӯҳои баҳсталаби ин муаммо рӯшанӣ андозем. Қаблан бояд дар назар дошт, ки муаммои табақабандии ҷомеа падидаи таърихист ва решаҳои чуқури иҷтимоӣ ва сиёсӣ дорад.

Аввалин кӯшишҳои табақабандии иҷтимоиро (табақа, қишр - гурӯҳи иҷтимоии майда, ки барои муайян намудани қабати аз синф хурдтари иҷтимоӣ мавриди истифода қарор дорад) дар афкори динию фалсафии ҳиндуҳо, хоса дар китоби қади-маи онҳо «Ригведа» мушоҳида мекунем. Дар китоби муқаддаси ниёгон Авесто бошад гурӯҳҳои иҷтимоӣ-касбӣ ба монанди рӯҳониён, сарбозон, кадхудоён (деҳқонони бои чорводор), ҳунармандон, табақаҳои болотари родмардон (ашроф), асилзодагон ба таври мушаххас нишон дода шудааст. Дар ин хусус академик Б. Ғафуров таъкид ме-намояд, ки «мувофиқи матнҳои «Авесто» дар давраи гузариш аз ҷомеаи ибтидоӣ ба гуломдорӣ тафриқаи иҷтимоию молумулкӣ хеле васеъ инкишоф ёфта буд. Дар қисмати мухталифи Авесто ба кадхудоён ва шахсоне ишора мешавад, ки галаву рамаи фаровонро соҳибанд» [1, с. 74-75].

Дар асарҳои мутафаккирони машҳуртарини Шарқу Ғарб Конфутсий, Афлотун, Арасту, Форобӣ, Насируддини Тӯсӣ, Ибни Халдун баробари масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ, сиришти иҷтимоии инсон, сабабҳои пайдоиш ва таназзули ҷамъият ва гайра мавзӯи сохтори иҷтимоии ҷомеа низ мавриди баррасӣ қарор ёфтааст.

Форобӣ дар асари машҳури худ «Орои аҳли Мадинаи фозила» дар бораи сиришти иҷтимоии инсон чунин гуфтааст: «Ҳар як одам чунон сиришта шудааст, ки барои мавҷудияти худ ва расидан ба камолоти олитарин ӯ ниёзманди бисёр чизҳоест, ки онҳоро худ ба танҳоӣ ба даст оварда наметавонад ва барои ба даст оварданаш

- 173 -

Авазматов Н. Роҷеъ бо табақабандии ичтимои дар чрмеаи муосир

ниёз ба як навъ ҷомеаи одамон дорад. Дар ин маврид ҳар як одам дар муносибат ба дигаре амиқан дар чунин мақоме қарор дорад. [5, с. 156].

Форобӣ баробари таҳқиқи бисёр масъалаҳои муҳими ҳикмати амалӣ, инчунин ба муайян кардани сохтори иҷтимоии ҷомеа низ таваҷҷӯҳ зоҳир намудааст. Ба ақидаи мутафаккир сохтори иҷтимоии Мадинаи фозила чунин аст: бузургони Мадина, яъне файласуфон, донишмандон, соҳибназарони корҳои муҳим; суханварон, руҳониён, санъаткорон ва дигар аҳли зиё; иқтисоддонҳо, риёзидонҳо, табибон ва мунаҷҷимон; ҳарбиён ва посбонон; сарватмандон.

Дар ҳамаи марҳалаҳои тараққиёти афкори иҷтимоӣ мутафаккирон ба таҳқиқи сохтори иҷтимоӣ эътибори махсус медоданд. Хусусан, дар давраи нав файласуфон доир ба табақабандӣ ақидаҳои ҷолиб баён кардаанд. Аз ҷумлаи он мутафаккирон Ф.Бекон, Г.Гоббс, Ҷ. Локк, Б. Спиноза, Ф. Волтер, Ш. Монтеске, Ж. Руссо ва дига-рон мебошанд. Хусусан, иқтисоддонони англис А. Смит, Д. Риккардо доир ба омилҳои иқтисодии ташаккули табақа ва синфҳои иҷтимоӣ андешаҳои мушаххас баён кардаанд. Дар заминаи афкори иҷтимоии файласуфони Фаронса ва назарияи иқтисоддонони англис роҷеъ ба пайдоиши синфҳо асосгузорони марксизм К.Маркс ва Ф. Энгелс таълимоти худро оид ба сохтори иҷтимоӣ, омилҳои ташаккулу такомули гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва синфҳо бунёд гузоштанд.

К. Маркс заминаи табақабандии иҷтимоиро дар ҳаёти моддии ҷомеа ва таҳаввулоти тарзи истеҳсолот мебинад ва ишора мекунад ки «сармоядор ҳокимиятро на бо туфайли хислатҳои шахсӣ ё инсонии хуб, балки ҳамчун соҳиби моликият соҳибӣ мекунад» [3, с. 59]. В. И. Ленин минбаъд таълимоти марксистии синфҳоро ривоҷ додааст. Хусусан, вай дар асараш «Ташаббуси бузург» таърифи классики синфҳоро додааст: «Синфҳо гуфта, гурӯҳи калони одамонеро меноманд, ки аз рӯи мақоми ишголкардаашон дар системаи муайяни таърихӣ, истеҳсолоти ҷамъиятӣ, аз рӯи муносибаташон ба воситаҳои истеҳсолот, аз рӯи роле, ки дар тақсимоти ҷамъиятии меҳнат мебозанд ва аз рӯи азхудкуниҳои ҳаҷми боигарии ҷамъиятӣ, ки дар ихтиёри худ доранд аз дигарҳо фарқ макунанд» [2, с. 449].

Назарияи марксистӣ ба ҳаёти моддӣ ва ба таҳаввулоти тарзи истеҳсолот вобаста будани табақабандии ҷомеаро ҳамаҷониба исбот кардааст. Маълум, ки ҳар як мар-ҳилаи таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ нақши худро гузошта, хусусиятҳои хоси муно-сибатҳои нави ҷамъиятиро тавлид мекунад. Дар ин ҷо бояд тазаккур дод, ки назарияи табақабандии марксистӣ ба давраи муайяни таърихӣ, яъне зинаҳои инкишофи ҷамъияти гуломдорӣ, феодалӣ ва капиталистӣ мувофиқ меояд.

Дар зинаҳои минбаъдаи рушди ҷомеа зинаи пасосаноатӣ дар заминаи ҷорӣ гаш-тани техника ва технологияи нави истеҳсолӣ ва тагйироти куллӣ дар ҷаҳонбинӣ ва маърифати инсонӣ, ташаккули муносибатҳои нави истеҳсолӣ ва истеъмолӣ дар сохтори иҷтимоӣ тагйироти назаррас ба амал омаданд. Дар ҷамъияти пасосаноатӣ синфҳои калон ба гурӯҳу табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ чудо шуданд. Минбаъд таълимоти марксистии синфҳо ба воқеияти нави сохтори ичтимоӣ пурра мувофиқ наомад. Ин воқеият зарурати эчоди назарияҳои навро доир ба табақабандӣ ба миён овард.

Дар сохтори ичтимоии мамлакатҳои мутараққии Аврупои Ғарбӣ ва ИМА ҳанӯз дар нимаи дуюми қарни XIX тагйироти назаррас ба миён омаданд. Мамлакатҳои саноатии Аврупои Ғарбӣ ва ИМА аз ҳисоби маблагҳои аз мустамликаҳо гораткарда, милитаризатсияи иқтисодӣ ва фурӯши аслиҳа, чорӣ намудани техника ва технологияи нави истеҳсолӣ ба тараққиёти баланди иқтисодӣ ва молиявӣ муваффақ гардиданд. Ин

- 174 -

Avazmatov N. Some Aspects of Social Stratification of Contemporary Society

болоравӣ ба маълумот, ихтисос, афзалияти касбӣ, даромади пулӣ ва инчунин ба аҳволи маишӣ-мадании синфу табақаҳои иҷтимоӣ таъсир расонда, таркиби иҷтимоии онро ба куллӣ тагйир дод. Ҷомеашиносони Ғарб ин тагйиротро ба назар гирифта, баробари мафҳуми синф истилоҳи страта (табақа)-ро низ ба илм ворид карданд.

Дар байни онҳо назарияи функсионалии ҷомеашиноси фаронса Э. Дюркгейм ва назарияи ҷомеашиноси олмонӣ М. Вебер дар хусуси низои синфӣ аҳамияти хоса дорад. Э.Дюркгейм ба хулоса омадааст, ки дар ҳар як ҷомеа баъзе намудҳои фаъолият муҳимтар ҳисобида мешавад ва фардҳои аз ҳама истеъдоднок дар ҷомеаи мутараққӣ вазифаҳои аз ҳама муҳимро бояд иҷро кунанд. Ба ақидаи функсионалис-тон нобаробарии иҷтимоӣ ин падидаи функсионалӣ ва универсалӣ буда, страти-фикатсияи иҷтимоӣ дар кулли ҷомеаҳо ногузир аст.

М. Вебер чунин мешуморад, ки тааллуқ доштан ба синфе нафақат аз рӯи назорат ба воситаҳои истеҳсолот, балки бо назардошти фарқиятҳои тахассусӣ, касбӣ ва салоҳияти аъзои ҷамъият муайян карда мешавад.

Хулоса, дар маркази таълимоти ҷомеашиносон Э. Дюркгейм, М. Вебер, Парсонс, Метрон, Мур, Девис ва дигарон, ки дар нимаи дуюми қарни XIX пешниҳод карда буданд, ақидаи ягонаи консенсуси гражданӣ бо роҳи ба эътибор гирифтан ва ба танзим даровардани манфиатҳои иҷтимоии қишрҳои гуногуни ҷомеаи инсонӣ гузошта шуда аст. Онҳо инқилоби сиёсиро рад карда, бо роҳи ислоҳот ва мусолиҳа ҳал кардани мушкилоти иҷтимоиро таргиб кардаанд.

Сохтори иҷтимоии ҷамъияти тоҷикон, Тоҷикистони таърихӣ вобаста ба марҳи-лаҳои тараққиёти таърихӣ тагйиру таҳаввул ёфтааст.

Солҳои 80-90-уми асри XIX Русияи подшоҳӣ сарзамини Осиёи Миёнаро забт кард. Дар зери таъсири русия шаҳру деҳот ба фазои муносибатҳои сармоядорӣ ворид гаштанд. Синфи коргар, буржуазияи миллӣ, кулакҳо ва деҳқонони миёнаҳоле, ки ба муносибатҳои молию пулӣ кашида шуда буданд, ташаккул ёфтаанд. Вале ин раванди табиии ташаккулу такомули сохтори иҷтимоии ҷомеаи тоҷикон солҳои 20-уми асри бист қатъ гардид, ки ба ин Инқилоби Октябр сабаб шуд.

Баъд аз галабаи Инқилоби Октябр (1917) ва барпо гардидани ҳокимияти шӯравӣ раванди табақабандии иҷтимоӣ дар Тоҷикистони таърихӣ куллан тагйир ёфт. Барқарор гардидани давлати шӯравӣ мазмун ва моҳияти табақабандии иҷтимоии гӯшаву канорҳои собиқ мустамликаи русияи подшоҳиро ба куллӣ тагйир дод, тазодҳои азалии байни собиқ табақаҳои истисморкунанда (маглубшуда) ва истисмор-шаванда (голиб)-ро равшантар ошкор намуд.

Табақаҳои кӯҳна - соҳибони молу мулк, ки соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, нигоҳдорандагони касбу ҳунар, урфу одат, анъанаҳои маданӣ буданд, салоҳияту мавқеи худро аз даст доданд. Синфи коргари оддӣ, деҳқони камбагали деҳот ва қисми зиёиёни инқилобӣ, ки дар асл молу мулк ё маърифати қазоӣ надоштанд, мавқеи баланди сиёсиро ишгол намуданд. Кулакҳо (буржуазияи деҳот) ҳамчун душманони синфӣ маҳв гардиданд. Рӯҳониён - ҳомилони фарҳангу ахлоқи динӣ ҳамчун табақа-ҳои зараровар аз муносибатҳои иҷтимоӣ- ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ дур карда шуданд.

Синфи коргар ва қисми аз ҳама инқилобии он ба қувваи асосии давлат - ба хӯҷаини мутлақи моликият табдил ёфт. Деҳқонон бошанд соҳиби замин ва моликияти колхозӣ гаштанд. Онҳоро ҳиссиёти баланди ватандӯстӣ ва фидокорӣ ба иҷрои нақшаҳои тараққиёти хоҷагии халқ сафарбар менамуд.

Бояд гуфт, ки бе таҳқиқу таҳлил, муайян кардани бурду бохт ва кушода додани таркиби иҷтимоии ҷомеаи шӯравӣ то солҳои 80-уми қарни ХХ, ошкор намудани

- 175 -

Авазматов Н. Роҷеъ бо табақабандии ичтимои дар чрмеаи муосир

сохтори иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистони Шӯравӣ то замони соҳибистиқлолӣ ва ҳам-чунин то ба даврони ҳозира аз имкон берун аст. Чи тавре ки маълум аст, табақа-бандии иҷтимоии ҷомеаи шӯравӣ бо назорати сиёсӣ ва маъмурӣ фаро гирифта шуда буд. Дар он нақши асосиро низоми этократӣ - ба ҳам омезиш ёфтани ҳокимият ва моликият (афзалияти моликияти давлатӣ) мебозид. Таркиби иҷтимоиро шакли давла-тӣ-инҳисории тарзи истеҳсолот, бартарияти тақсимоти марказонидашуда, милита-ризатсияи иқтисодиёт, мавқеи фардҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар сохтори ҳокимияти давлатӣ муайян мекард.

Бо вуҷуди ин ноқисиҳо - маҳдудкунии иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фаъолияти истеҳсолӣ ва эҷодкории шаҳрвандон, танқисии истеъмолӣ ва паст будани маош вобаста ба талаботи афзояндаи истеъмолии меҳнаткашон (мансабдорони баландпояи давлатӣ ва табақаҳои доро аз ҳар ҷиҳат таъмин буданд) ва баланд гардидани нақши афзалияти маишӣ боиси ба миён омадани бозорҳои пинҳонӣ (секторҳои махсус) ва иқтисодиёти махфӣ (теневая экономика) гардид. Шароити моддӣ ва маитттии гурӯҳҳое, ки дар раванди тақсимот дар соҳаи савдо, таъминот ва магозаҳои махсуси давлатӣ ва нақлиёт кор мекарданд, беҳтар мегардад. Руҳи соҳибкорӣ қишрҳои поёнии аҳолиро низ фаро мегирад, гурӯҳи тоҷирони хусусӣ истеҳсолкунандагони чапдаст (ловкачӣ), сохтмончиёни хусусӣ (шабашники) ташаккул меёбанд. Ҳамин тавр, дар дохили иқтисодиёти сотсиалистӣ унсурҳои бозоргонӣ аз поён ҳамчун воситаи ягонаи баланд бардоштани сатҳи моддӣ ва маишии ҳаёти мардум ба миён омада буд.

Дар ибтидои солҳои 90 ҷомеаи шӯравӣ аз ҷиҳати сатҳи маълумотнокӣ ва мавқеи касбӣ аз табақаи миёнаи Ғарб тафовут надошт. Чӣ тавре ки сиёсатшиноси инглис Р. Саква қайд намудааст: «Режими коммунистӣ падидаи гайриоддиро тавлид намуд, ки миллионҳо одамон аз ҷиҳати фарҳанг ва хоҳиши худ буржуаз буданд, вале ба низоми иҷтимоӣ - иқтисодие дохил мешуданд, ки онро инкор мекард» (5, с. 154).

Табақабандии иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон дар солҳои 60-70-уми қарни XX ба моҳияти системаи сиёсӣ ва иқтисодии сохти Шӯравӣ ва хусусияти таърихӣ, равонӣ, анъанаву суннатҳои миллӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии асли худ, ки дар меҳнати сарҷамъонаи ҷамъиятӣ инъикоси худро ёфта буд, мувофиқат мекард. Тараққиёти илму техника дар асоси истеҳсолоти ҷамъиятӣ, мактабу маориф, сатҳи мӯътадили фарҳангӣ ба таркиби иҷтимоии ҷомеа таъсири ҳаматарафа расонд. Дар шаҳру русто-ҳо табақаҳои нави иҷтимоӣ - мутахассисони инженер-техникҳо, механизаторон, типи нави зиёиёни бо донишҳои техникӣ мусаллаҳ ташаккул ёфтанд. Комплекси агро-саноатӣ, кооператсияи кишоварзӣ тадриҷан фарқи шаҳру деҳотро аз байн бардошта, ба шаҳракҳои шакли нав асос гузошт. Колхозу совхозҳои пешқадам дар амал ба муассисаҳои аграрӣ - индустриалӣ ва маркази фарҳанги истеҳсолоти пешқадам табдил ёфтанд. Соҳаҳои муҳимтарини саноати вазнин, ки дар ибтидои саноатсозӣ ба мо дастрас набуд, ба монанди истеҳсоли барқ, мошинсозӣ, металлургияи ранга бо суръати тез тараққӣ мекарданд.

Сохтмони умумииттифоқии маҷмааи истеҳсолӣ - территориявии ҷануби Тоҷикис-тон, ки асоси онро нерӯгоҳи барқии Норак ташкил мекард, ба таври куллӣ зерсох-тори хоҷагии халқи Тоҷикистонро тагйир дод.

Тоҷикистон аз ҷумҳурии пурра аграрӣ ба ҷумҳурии индустриалӣ - аграрӣ табдил ёфт. Олимон ва деҳқонони ҷумҳурӣ ва минтақа аз технологияи нави коркарди пахта истифода бурда, ба ҳосили баланди «тиллои сафед» ноил гардиданд. Тоҷикистон дар

- 176 -

Avazmatov N. Some Aspects of Social Stratification of Contemporary Society

қатори ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар кори ҳарчӣ бештар таъмин кардани талаботи Иттиҳоди Шӯравӣ бо пахта ҳиссаи арзандаи худро гузошт.

Стратификатсияи иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳатҳо ба алоқаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дигар ҷумҳуриҳои иттифоқ, аз ҷумла Федератсияи Россия вобаста буд. То пароканда гардидани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон бо 700 корхонаву муассисаҳои Федератсияи Россия алоқаи иқтисодӣ ва савдо дошт. Аз комбинати абрешими ш.Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) ба 30 шаҳри Русия, аз ҷумла Москва, Ленинград, Саратов, Свердловск, Хабаровск, Ивановск ва дигарҳо матоъҳои комбинат равона карда мешуданд. Заводи «Торгмаш»-и ш. Ленинобод ба 560 шаҳр-ҳои мамлакат ба 700 сурога маҳсулоти худро мефиристод.

Мутахассисони миёнаи техникӣ барои заводу фабрикаҳои нав дар омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва техникумҳои Федератсияи Русия тайёр карда мешуданд. Зиёда аз 400 ҳазор тоҷикистониён дар сохтмонҳои умумииттифоқии Федератсияи Русия меҳ-нат мекарданд.

Дар ду ҳафтсола солҳои 1970-1985 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 450 корхонаҳои калон сохта шуда, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 11,6 баробар афзуд. Бояд тазаккур дод, ки таъсири бӯҳрони сиёсӣ, идеологӣ ва иҷтимоии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷум-ҳуриҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири миёншикан надошт. Тараққиё-ти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат дар маҷрои муайяни осоиштагӣ бо дастгирии ҳаматарафаи ҳукумати Иттифоқ бо меҳнати фидокоронаи халқ, ки аз тақдири худ дар оилаи бародаронаи халқи сермиллати шӯравӣ розӣ буданд, пеш мерафт.

Вале бозсозии горбачёвӣ, ки ҳамчун чорабинии аз ҳолати рукуд баровардани мамлакат пешбинӣ шуда буд, бо сабабҳои мувофиқат накардан ба ҳақиқати воқеии системаи сиёсӣ ва идеологӣ шикаст хӯрда, ба омили тезонидани бӯҳрони ҳамагонӣ дар мамлакат мубаддал гардид. Мутаассифона, фурсату имконияти бо роҳи ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ рафъ намудани рукуд ва тараққӣ додани сохти сотсиалистӣ, чунон ки дар Ҷумҳурии мардумии Чин амалӣ гардид, аз даст рафта буд.

Асоси табақабандии нави ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар марҳилаи хеле ҳассосу пуртаҳлукаи мамлакат иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олӣ гузошт. Иҷлосия асосҳои низоми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии Тоҷикистонро дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ ва ягона, ки дар асл ин мафҳумҳо дурнамои ҷомеаи Тоҷикистонро инъикос мекарданд, муайян намуд. Қарорҳои таърихии иҷлосия механизми табақабандии нави иҷтимоии Тоҷикистонро ба куллӣ тагйир дод.

Сиёсати хусусигардонии молу амволи давлат дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳамон марҳила шарти асосии пойдор мондани давлат, заминаи асосии стратификатсияи нави ҷамъиятӣ буд.

Ҳоло табақабандии нави таркиби иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро бо роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии мардуми кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагонӣ, фарҳанг ва маърифатнокии фардҳои алоҳида ва аҳли ҷомеа ба даст овардан мумкин аст. Тагйироти миқдорӣ ва сифатие, ки дар таркиби иҷтимоии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар марҳилаи нави тараққиёт ба миён омад, табақаҳои гуногуни иҷтимоиро аз рӯи салоҳият, манфиатҳои давлатӣ, иқтисодӣ-сиёсӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ, дар маҷмӯъ аз рӯи манфиатҳои моддӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ ба синфҳои болоӣ, миёна ва поёнӣ муттаҳид мегардонад.

Хусусан давр вазъи кунунӣ - тезу тунд гардидани зиддиятҳои иҷтимоии табақа-ҳои гуногуни аҳолӣ ва давлат нақши синфи болоӣ ва миёна дар рафъи зиддиятҳои

- 177 -

Авазматов Н. Роҷеъ бо табақабандии ичтимои дар чрмеаи муосир

иҷтимоӣ - иқтисодӣ аз ҳад калон аст. Синфи болой (сармоядории калону миёна, менеҷерҳои олӣ, сиёсатмадорон, идоракунандагони истеҳсолот) дар мамлакатҳои мутараққии Ғарб ва ИМА субъекти асосии ҳокимияти сиёсӣ буда, тараққиёти устувори ҷомеаро бе таркишҳои иҷтимоӣ таъмин менамояд. Синфи миёна дар пур намудани хазинаи давлат, хусусан дар мамлакатҳои нав ба иқтисоди бозорӣ дохилшуда нақши калон мебозад. Маҳз синфи миёна қодир аст дар назди давлат ҳалли масъалаҳои мубрами моҳияти иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ доштаи дохилӣ, ба монанди, ҳифзи соҳибкорӣ, мубориза ба муқобили фасод, гояҳои маҳалгароӣ, риояи адолати иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва гайраҳоро кӯндаланг гузорад.

Синфи миёнаи нав (соҳиби мулки майда ба воситаҳои истеҳсолот, мутахассисони маълумоти олидор, кормандони меҳнати ақлӣ ва гайра) - маҳсули омезиши аристо-кратияи коргарӣ ва хизматчиён бо табақаи ҳукмрон - соҳибон ва идоракунандагони истеҳсолот мебошад.

Нақши синфи миёна дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа беҳамтост. Синфи миёна кулли талаботи ҷамъиятро, ки барои зиндагии мӯътадил зарур аст, аз он ҷумла, бо ҷои кор, молҳои истеъмолӣ, ёрии тиббӣ, кашфиёти илмӣ таъмин менамояд. Аз ҷиҳати сиёсӣ синфи миёна шарти муҳим ва заминаи иҷтимоӣ барои нигоҳ доштани дараҷаи баланди шаҳрвандӣ ва соҳибихтиёрии сиёсӣ мебошад. Дар сохтори иҷтимоии ҷомеа зиёд будани табақаи миёна омили паст кардани зиддиятҳои иҷтимоӣ ва устувории суботи ҷомеа мебошад.

Ҳоло нуфузи «синфи миёнаи нав» дар мамлакатҳои тараққикардаи Ғарб 30-35%-и аҳолӣ, дар Русияи кунунӣ 25-30%-и аҳолиро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Сугд, ҳоло, фақат дар сохтори таркиби иҷтимоӣ тамоюли ташак-кулу такомули синфи миёна, соҳибкории хурду миёна ба чашм мерасад.

Тамоюли афзоиши нақши меҳнати фикрӣ дар замони муосир ва талаботи доимо-афзояндаи бозори ҷаҳонӣ нисбат ба он аз ҳар як давлат такмили сиёсати маориф-парваронаро тақозо дорад. Мактабҳои олии Тоҷикистон вобаста ба талаботи замон тадриҷан таълиму тарбияи донишҷӯёнро тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ роҳандозӣ карда истодаанд.

Мактабҳои олӣ таълиму тарбияро ба он нигаронидаанд, ки доншҷӯён - мутахас-сисони оянда на танҳо маърифати тахассусии мукаммал ба даст оранд, балки донишҳои хуби гуманитарӣ гиранд, ақаллан як ё ду забонҳои хориҷиро донанд. Ҳоло дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ гурӯҳҳои махсуси омӯзиш ба забони англисӣ низ ташкил ёфта истодааст, дар раванди таълим аз технологияҳои нав, аз шабакаи умуми-ҷаҳонии интернет васеъ истифода бурда мешавад. Робита ва ҳамкории мактабҳои олии ҷумҳурӣ бо донишгоҳҳои бонуфузи Аврупо ва Осиё: Русия, Белоруссия, Олмон, Австрия, Италия, Испания, ИМА, Малайзия, Хитой ва гайра дар тарбияи мутахас-сисон, устодони варзида, номзад ва докторони илм ба ҳукми анъана даромадааст. Роҳандозии ин сиёсати маорифпарваронаи давлати Тоҷикистон бо роҳбарии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гарави рутттди минбаъдаи ҷумҳуриамон, аз ҷумла такомули сохтори ичтимоии чомеа маҳсуб меёбад.

Ҳоло кулли чорабиниҳои иқтисодӣ, ичтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҳуку-мати Точикистон, аз чумла вохӯриҳои Президенти чумҳурӣ бо соҳибкорони ватаниву хоричӣ ва дастгирии ҳуқуқиву молиявии давлат (қарзҳои дарозмуддати камфоиз аз тарафи бонкҳои давлатӣ ва хусусӣ, кӯмаки ташкилотҳои байналхалқӣ ба бизнеси майда), эълон гаштани моратория ба муддати 3 сол нисбат ба фаъолияти соҳиб-

- 178 -

Avazmatov N. Some Aspects of Social Stratification of Contemporary Society

корони миёнаву майда, ба деҳқонон додани зиёда аз 75 ҳазор га замин ва қарзҳои дарозмуддат бо фоизҳои камтарин, ба воситаи шартномаҳои байни давлатй аз нав таҷҳизонидани паркҳои техникаи кишоварзӣ ва гайраҳо ба ташаккулу такомули синфи табақа ва гурӯҳҳои нав дар сохтори иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол равона карда шудааст.

Калидвожаҳо: табақабандии иҷтимоӣ, табақаи иҷтимоӣ, синф, щтисодиёти бозорӣ, низоми этократӣ, навташкилаҳои иҷтимоӣ

Пайнавишт:

1. Гафуров Б. Ғ. Тоҷикон. -Душанбе: Ирфон, 1983.

2. Ленин В. И. Ташаббуси бузург. - Душанбе: Ирфон, 1989.

3. Маркс К., Энгелс Ф. Сочинения. -Т.42. - М.: Политиздат, 1991.

4. Политология (бо заб.русӣ) /таҳти назари М.А. Василик. -М.: Гардарики, 2006.

5. Фараби. Трактат о взглядах жителей добродетельного города// Григорян. С.Н. Из истории философии Средней Азии и Ирана VII-XII вв. -М.: из.АН СССР, 1960.

Reference Literature:

1. Gafurov B.G. Tajiks. - Dushanbe: Cognition, 1983.

2. Lenin V.I. The Great Initiative. - Dushanbe: Cognition, 1989. Compositions. V. 29.

3. Marx К., Engels Ф. -M.: Politizdat, 1991. V. 42.

4. Politology. Text-book. Under the editorship of M.A. Vasilik. - M. : Gardariki, 2006.

5. Farabi. The Treatise on the Views Belonging to Virtuous City Residents // Grigoryan S.N. From the History of the Philosophy of Middle Asia and Iran of the Vll-th - the XII-th Centuries. - M. : SSSR AS edition, 1960.

- 179 -

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.