Научная статья на тему 'Общие положения o преступлениях в сфере экономической деятельности'

Общие положения o преступлениях в сфере экономической деятельности Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
560
159
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
преступления в экономической деятельности / классификация преступлений / объект преступления / субъект преступления / объективная сторона преступления / субъективная сторона преступления / crimes in economic activity / crime classification / object of crime / subject of crime objective aspect of crime / subjective aspect of crime

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Саидов Шохин Нурович, Сафаров Анвар Исломович

В статье анализируются общие положения о классификации преступлений в сфере экономической деятельности, раскрывается современное состояние уголовного законодательства в области защиты экономики, изложены точки зрения ученых о класификации преступлений в сфере экономической деятельности. С учётом общепризнанных теоретических основ и в зависимости от непосредственных объектов предложена новая классификация подобных преступлений в соответствии с уголовным законодательством Республики Таджикистан. Это преступления против предпринимательской деятельности и другой экономиической деятельности; преступления в сфере денежно-кредитной и финансовой деятельности государства; преступления против внешнеэкономической деятельности и налогово-таможенных отношений; преступления против законного порядка банкротства; преступления против интересов коммерческих предприятий и других организаций.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

GENERAL PROVISIONS OF CRIME IN THE SPHERE OF ECONOMIC ACTIVITY

The article dwells on general provisions concerned with crime classification in the sphere of economic activity, the authors elucidate the modern state of the legislation on felony in the sphere of economy advocacy, they expound the scientists` viewpoints in reference to crime classification in the sphere of economic activity. With taking into concideration the commonly acknowledged theoretical grounds and respective of immediate objects the authors suggest a new legislation on felony of Tajikistan Republic. These are the crimes versus entrepreneurship activity and other types of the latter, crimes in the sphere of monetary-crediting and financial activity of the state, crimes versus outward economic activity and tax-custom`s relations, crimes versus a legal order of bankruptcy, crimes versus the interests of commercial enterprises and other organizations.

Текст научной работы на тему «Общие положения o преступлениях в сфере экономической деятельности»

12 00 08 УГОЛОВНОЕ ПРАВО И КРИМИНОЛОГИЯ; УГОЛОВНО-ИСПОЛНИТЕЛЬНОЕ ПРАВО

12 00 08 LAW ON CRIME AND CRIMINOLOGY; EXECUTION OF THE LAW ON FELONY

УДК 336:34 ББК 67.408.12 (Т)

Саидов Шоҳин Нурович, н. и. ҳ.,

дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сафаров Анвар Исломович, н.и.ҳ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Саидов Шохин Нурович, к.ю.н., доцент кафедры уголовного право ТНУ Сафаров Анвар Исломович, к.ю.н.,, доцент кафедры уголовного право ТНУ (Таджикистан, Душанбе)

Saidov Shokhin Nurovich,

Safarov Anvar Islomovich, Candidates of juridical sciences, Associate Professors of the department of the law on felony under the Tajik National University (Tajikistan, Dushanbe)

E-MAIL: Anvar-safarov85@mail.ru

Ключевые слова: преступления в экономической деятельности, классификация

преступлений, объект преступления, субъект преступления, объективная сторона преступления, субъективная сторона преступления

В статье анализируются общие положения о классификации преступлений в сфере экономической деятельности, раскрывается современное состояние уголовного законодательства в области защиты экономики, изложены точки зрения ученых о класификации преступлений в сфере экономической деятельности. С учётом общепризнанных теоретических основ и в зависимости от непосредственных объектов предложена новая классификация подобных преступлений в соответствии с уголовным законодательством Республики Таджикистан. Это преступления против предпринимательской деятельности и другой экономиической деятельности; преступления в сфере денежно-кредитной и финансовой деятельности государства; преступления против внешнеэкономической деятельности и налогово-таможенных отношений; преступления

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ҶИНОЯТҲО ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДӢ

ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ O ПРЕСТУПЛЕНИЯХ В СФЕРЕ ЭКОНОМИ ЧЕСКО Й ДЕЯТЕЛЬНОСТИ

GENERAL PROVISIONS OF CRIME IN THE SPHERE OF ECONOMIC ACTIVITY

- 115 -

Саидов Ш.Н., Сафаров А.И. Муқаррароти умуми дар бораи ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ

против законного порядка банкротства; преступления против интересов коммерческих предприятий и других организаций.

Key words: crimes in economic activity, crime classification, object of crime, subject of crime

objective aspect of crime, subjective aspect of crime

The article dwells on general provisions concerned with crime classification in the sphere of economic activity, the authors elucidate the modern state of the legislation on felony in the sphere of economy advocacy, they expound the scientists' viewpoints in reference to crime classification in the sphere of economic activity. With taking into concideration the commonly acknowledged theoretical grounds and respective of immediate objects the authors suggest a new legislation on felony of Tajikistan Republic. These are the crimes versus entrepreneurship activity and other types of the latter, crimes in the sphere of monetary-crediting and financial activity of the state, crimes versus outward economic activity and tax-custom's relations, crimes versus a legal order of bankruptcy, crimes versus the interests of commercial enterprises and other organizations.

Мутобиқи моддаи 12 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкориро барои ҳар як шахс дар ҳудуди Тоҷикистон кафолат медиҳад. Ҳар як кас дар доираи қобилияти шахсӣ ва молиявӣ метавонад ба ҳама гуна фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, ки қонунгузории кишвар иҷозат додааст ё манъ накардааст, машгул шавад. Аммо ин маънои онро надорад, ки соҳибкорон ҳангоми ба амал баровардани озодии иқтисодӣ аз роҳу усулҳои гайриқонунӣ истифода кунанд. Чунки ба татбиқи фаъолияти иқтисодии дар доираи қонун муқарраргашта аз як тараф давлат манфиатдор буда, аз тарафи дигар шаҳрвандон чун истеъмолкунандагони хизматрасонии соҳибкорон ба он ниёз доранд. Танзими муносибатҳои иқтисодӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат буда, онро бо роҳҳои гуногун ба амал бароварда, дар ҳолатҳои зарурӣ ҳифз менамояд. Яке аз воситаҳои ҳифзи муносибатҳои иқтисодӣ аз ҷониби давлат тавассути қонунгузории ҷиноятӣ сурат мегирад. Вобаста ба ин, фасли XI-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон ба ҷиноятҳо дар соҳаи иқтисодиёт бахшида шудааст, ки он ду боб - боби 26 -ҷиноятҳо ба муқобили моликият ва боби 27-ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодиро дар бар мегирад.

Ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ - ин маҷмӯи ҷиноятҳои дар боби 27 ва дигар бобҳои КҶ пешбинигардида мебошанд, ки манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шахсони алоҳидаро ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти иқтисодӣ халалдор месозанд. Ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ аз ҳама боби калонтарини Кодекси ҷиноятии ҳозирамалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки аз 39 моддаи мустақил иборат аст. Ҳар як моддаи ин боб дорои хусусиятҳои ба худ хос буда, вобаста ба дараҷаи хавфнокиаш ба ҷамъият ва тарафи объективӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Барои пурра муайян намудани моҳияти ҷинояти дилхоҳ бояд таҳлилро аз объекти он огоз намуд. Объекти ҷиноят - ин муносибатҳои муҳими ҷамъиятие мебошанд, ки аз ҷониби қонунгузории ҷиноятӣ мавриди ҳифз қарор гирифтаанд. Аввалин бор ақидаи муносибатҳои ҷамъиятиро чун объекти ҷиноят соли 1924 олими намоёни

- 116 -

Saidov Sh. N., Safarov А.И. General Provisions on Crime in the Sphere of Economic Activity

Иттифоқи Шӯравӣ А.А. Пиантковский пешниҳод намуд [9, с. 129-130]. Ӯ таъкид намуда буд, ки «...вобаста ба таълимоти умумии марксистӣ-ленинӣ оид ба ҷиноят, объекти ҳама гуна кирдорҳои ҷиноӣ муносибатҳои ҷамъиятие баромад мекунанд, ки аз ҷониби дастгоҳи маҷбурсозии ҳуқуқи ҷиноятӣ ҳифз карда мешавад» [13, с. 130]. Баъдан ин ақидаро олимони дигар, ба монанди Н. Д. Дурманов [4], А.Н. Трайнин [11], Б.С. Никифиров [8], Н.И. Коржанский [5], В.Я. Татсий [10] дар асарҳои худ инкишоф доданд ва он то барҳамхурии Иттиҳоди Шӯравӣ бетагйир боқӣ монд.

Бо фурӯпошии Иттифоқи Шӯравӣ, барҳам хӯрдани идеологияи ҳукмрони Ҳизби коммунист ва қабул намудани қонунгузории нави ҷиноятӣ дар назарияи илми ҳуқуқи ҷиноятӣ масъалаи объекти ҷиноят будани муносибати ҷамъиятӣ низ мавриди баҳс қарор гирифт. Масалан, А.В. Наумов қайд менамояд, ки назарияи муносибатҳои ҷамъиятӣ чун объекти ҷиноят дар замони муосир ҷавобгӯи талабот нест. Бинобар ин, бояд дар баробари муносибатҳои ҷамъиятӣ ашёро низ чун объектҳои мустақил эътироф намуд [7, с. 6]. Г. П. Новоселов бошад дар он ақида аст, ки “объекти ҷиноят -он чизе, ки ба муқобили он кирдорҳои ҷиноятӣ равона гаштааст, яъне шахсони алоҳида ё гурӯҳи шахсон, неъматҳои моддӣ ё гайримоддӣ, ки зери ҳимояи ҳуқуқи ҷиноятӣ аз таҷовузи ҷинояткорона қарор дода шудаанд, ба ҳисоб меравад” [15, с. 213]. Аммо ба ақидаи мо, ин гуна фикрронӣ як навъ мудерн намудани масъалаи омӯзиши объекти ҷиноят ва ҷалби диққати муҳаққиқин ба ин самт мебошад. Чунки омӯзиши адабиёти илмии солҳои охир доир ба масъалаи объекти ҷиноят нишон медиҳад, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ чун объекти ҷиноят аҳамияти худро гум накар-даанд ва ҳама гуна неъматҳои муҳими ҷамъиятии муосирро дар бар гирифтааст [2].

Таснифи объектҳои ҷиноят низ мавриди таҳқиқот қарор гирифтааст [10]. Мутобиқи ин тасниф объекти ҷиноят ба амудӣ (аз боло ба поён) ва уфуқӣ (аз чап ба рост) чудо мешавад.

Кодекси чиноятии амалкунандаи Ҷумҳурии Точикистон низоми чорзинагии таснифоти чиноятҳоро муқаррар намудааст. Вобаста ба ин, объекти чиноят аз рӯйи таснифоти амудӣ ба объектҳои умумӣ, хелӣ, намудӣ ва бевосита чудо мешавад.

Объекти умумии чиноят - ин мачмӯи муносибатҳои чамъиятие мебошад, ки аз чониби қонунгузории чиноятӣ мавриди ҳифз қарор гирифтааст. Чун қоида ба ҳайси объекти умумии чиноят гурӯҳи муносибатҳои чамъиятии дар қисми 1-и моддаи 2-и Кодекси чиноятии Точикистон пешбинигардида, эътироф карда мешаванд.

Объекти хели чиноят - гурӯҳи муносибатҳои чамъиятии хусусияти якхеладошта мебошанд, ки аз чониби қонунгузор дар фаслҳои Қисми махсуси КҶ вобаста аз арзиши объект муқаррар карда шудаанд.

Объекти намудии чиноят гурӯҳи мушаххаси муносибати чамъиятие дониста мешавад, ки дар вобаста ба алоқаи байни худ ин ё он намуди манфиатҳоро ифода намуда, дар бобҳои Қисми махсуси КҶ муқаррар шудааст. Объекти намудӣ чун қисми объекти хелӣ баромад намуда, намуди гуногунхели онҳо мебошад [10, с. 58].

Объекти бевосита - ин муносибати чамъиятии мушаххас мебошад, ки тавассути моддаи алоҳидаи Қисми махсуси КҶ ҳифз карда мешавад.

Ба тариқи уфуқӣ дар сатҳи объекти намудӣ объекти ҳатмӣ (асосӣ, иловагӣ) ва факултативиро чудо мекунанд.

- 117 -

Саидов Ш.Н., Сафаров А.И. Муқаррароти умуми дар бораи ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ

Ба сифати объекти асосй он муносибатҳои ҷамъиятие баромад мекунанд, ки моҳияти ҷинояти мушаххасро ифода намуда, барои ҳифзи он дар қисми махсуси КҶ моддаи муайян муқаррар карда шудааст.

Объекти факултативӣ аломати ҳатмии таркиби мушаххас ба ҳисоб намеравад. Мавҷудияти он ба бандубасти ҷиноят таъсир надошта, дараҷаи барои ҷамъият хавфнокиро зиёд нанамуда, танҳо ҳангоми таъйини ҷазо ба инобат гирифта мешавад [10, с. 58].

Дар маъхазҳои илмӣ оид ба объекти ҷиноят дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ ақидаи ягона вуҷуд надорад. Масалан, баъзе олимон ҷиноятҳои иқтисодиро чунин тафсир мекунанд: Объекти хелии ҷиноятҳои иқтисодӣ - ин маҷмӯи муносибатҳои иқтисодӣ мебошад, ки дар шакли истеҳсол, мубодила, тақсимот ва истеъмол зоҳир мегарданд. Вобаста ба ин объектҳои намудии ҷиноятҳои иқтисодӣ ба чор гурӯҳ чудо мешаванд:

а) чиноятҳое, ки ба муносибатҳои истеҳсолӣ тачовуз мекунанд;

б) чиноятҳое, ки ба муносибатҳои мубодилавӣ тачовуз мекунанд;

в) чиноятҳое, ки ба муносибатҳои тақсимот тачовуз мекунанд;

г) чиноятҳое, ки ба муносибатҳои истеъмолӣ тачовуз мекунанд [1, с. 27-28].

Ба ақидаи мо, маъмулан объекти хелӣ аз рӯи фасл ва объекти намудӣ бошад аз рӯи боби қисми махсуси КҶ муқаррар карда мешавад. Бояд гуфт, ки чиноятҳои таҳлилшавандаи соҳаи иқтисод дар фасли 11 -и КҶ ҶТ «Ҷиноятҳо дар соҳаи иқтисодиёт» ва дар боби 27-и КҶ ҶТ «Ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ» муқаррар карда шудааст. Аз рӯи мантиқи нигоҳи қонунгузор объекти хелии чиноятҳои иқтисодӣ, ки дар фасли 11-и ҚҶ ҶТ муқаррар карда шудааст, иқтисодиёте мебошад, ки ҳамчун мачмӯи муносибатҳои истеҳсолӣ дар раванди истеҳсолӣ, мубодила, тақсимот ва истеъмоли неъматҳои моддиву гайримоддӣ фаҳмида мешавад. Ҳамин тариқ, аз рӯи мантиқи зикршуда, объекти хелии чиноятҳои иқтисодиро бо дарназардошти фасли 11-и КҶ чун муносибатҳои чамъиятӣ дар соҳаи иқтисодиёт фаҳмидан мумкин аст, ки онҳо ба истеҳсолот, мубодилот, тақсимот ва истеъмоли неъматҳои моддию гайримоддӣ равона карда шудаанд.

Вобаста ба объекти намудии чиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ дар байни олимон фикру ақидаҳои гуногун чой доранд. Масалан, Б.В. Ятселенко ақида дорад, ки объекти намудии чиноятҳои иқтисодӣ - ин муносибатҳои чамъиятие мебошад, ки дар вақти муайян кардани фаъолияти муътадили иқтисодӣ ҳангоми истифода, мубодила, тақсимот ва истеъмоли маҳсулот ба миён меояд [12, с. 143].

Аммо чунин муайянкунии объекти намудӣ мазмуни хоси муносибатҳои чамъиятии вайроншавандаро кушода намедиҳад. Аз мафҳуми додашуда муайян нест, ки маҳз кадом манфиатҳо дар чараёни содир намудани чиноятҳои иқтисодӣ мавриди тачовуз қарор дода мешаванд. Ғайр аз ин, мафҳуми «фаъолияти муътадили иқтисодӣ» чӣ маъно дорад ва он кадом паҳлуҳои муносибатҳои иқтисодиро дар бар мегирад, кушода дода нашудааст.

Ба ақидаи Б.М. Леонтйев объекти намудии чинояҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ муносибатҳои чамъиятии таъминкунандаи манфиатҳои давлат ва субъектони алоҳидаро дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ ташкил мекунанд [14, с.246]. Ба ақидаи ӯ то дарачае розӣ шудан мумкин аст, вале аз нигоҳи мо манфиатҳои

- 118 -

Saidov Sh. N., Safarov А.И. General Provisions on Crime in the Sphere of Economic Activity

субъектони алоҳида дар фаъолияти иқтисодӣ метавонанд ба талаботи қонунгузорӣ ба таври ҷиддӣ мухолифат кунанд.

Яке аз мутахассисони омӯзишу таҳлили ҷиноятҳои иқтисодӣ Н.А Лопашенко объекти намудии ҷиноятҳоро дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ муносибатҳои ҷамъиятие меҳисобад, ки дар асоси принсипҳои гуногуни иқтисодиёт амалӣ мегарданд. Ба рӯйхати чунин принсипҳо ӯ принсипҳои зеринро дохил намудааст:

а) принсипи озодии фаъолияти иқтисодӣ;

б) принсипи амалисозии фаъолияти иқтисодӣ дар асоси қонун;

в) принсипи рақобати бовиҷдононаи субъектони фаъолияти иқтисодӣ;

г) принсипи рафтори бовиҷдононаи субъектони фаъолияти иқтисодӣ;

д) принсипи манъи рафтори бармалои ҷиноятӣ ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти иқтисодӣ [6, с. 214-216].

Ба ақидаи Б.В. Волженкин объекти намудии ҷиноятҳои иқтисодӣ ин муноси-батҳои ҷамъиятии аз тарафи давлат муҳофизатшавандае мебошанд, ки асоси фаъолияти иқтисодиро дар ҷараёни инкишофи иқтисодиёти бозаргонӣ ташкил медиҳанд [3, с. 53].

Объекти намудии ҷиноятҳои иқтисодиро низоми муносибатҳои дар ҷомеа мавҷуда, ки ба инкишофи иқтисоди бозорӣ равона карда шудаанд, ташкил мекунанд. Давлат тавассути қонунҳои соҳавӣ ин ё он намуди муносибатҳои иқтисодиро ба танзим дароварда, қоидаҳоро барои фаъолияти озоди иқтисодӣ муқаррар намуда, шароити мусоидро ҷиҳати инкишофи онҳо дар оянда фароҳам меорад. Дар баробари ин, бо истифода аз қонунгузории ҷиноятӣ муносибатҳои мавҷудаи иқтисодиро дар ҷомеа ҳифз мекунад.

Ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳр-вандон (истеъмолкунандагон)-ро вайрон мекунанд. Баъди қабули КҶ ҶТ соли 1998 оид ба намудҳои ҷиноятҳои дар боби «Ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ» дар байни олимони соҳаи ҳуқуқи ҷиноятӣ то ҳол фикру ақидаҳои ягона вуҷуд надорад.

Ба ақидаи Б.В. Ятселенко, аз сабаби он ки объектҳои бевоситаи ҷиноятҳои иқтисодӣ ин муносибатҳои мушаххаси ҷамъиятии дар рафти ҷараёни баамалбарории фаъолияти иқтисодӣ ба вуҷудоянда мебошанд, ҷиноятҳои иқтисодиро ба намудҳои зерин тақсим намудан мумкин аст: 1) ҷиноятҳо дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ; 2) ҷиноятҳо дар соҳаи пулӣ -молиявӣ ва кредитивӣ; 3) ҷиноятҳо дар соҳаи молиявии давлат ва 4) ҷиноятҳо дар соҳаи савдо ва хизматрасонии давлат (12, с. 143-146]. Ҳамаи намудҳои ҷиноятҳои фаъолияти иқтисодие, ки муаллиф нишон додааст, дар соҳаи соҳибкорӣ ё дигар фаъолияти иқтисодӣ содир мешаванд.

Олими дигар Б.В. Леонтев ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодиро чунин тасниф намудааст:

1) ҷиноятҳо дар соҳаи соҳибкорӣ ва фаъолияти бонкӣ;

2) ҷиноятҳое, ки бо муфлисшавӣ алоқаманданд;

3) ҷиноятҳое, ки ба пул ва қогазҳои қимматнок алоқаманданд;

4) ҷиноятҳо дар соҳаи гумрук;

5) ҷиноятҳое, ки ба асъори миллӣ ва хориҷӣ алоқаманданд;

6) ҷиноятҳо дар соҳаи андоз;

7) ҷиноятҳое, ки ба вайрон кардани манфиатҳои истеъмолкунандагон алоқаманданд [13, с. 247-248].

- 119 -

Саидов Ш.Н., Сафаров А.И. Муқаррароти умуми дар бораи ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ

Вобаста ба объекти бевоситаи ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ олими рус Н.А. Лопушенко онҳоро ба навъҳои зерин тақсим намудааст:

1) Ҷиноятҳое, ки ба принсипи озодии фаъолияти иқтисодӣ таҷовуз мекунанд;

2) Ҷиноятҳое, ки ба принсипи амалисозии фаъолияти қонунии иқтисодӣ таҷовуз мекунанд;

3) Ҷиноятҳое, ки ба принсипи рақобати бовиҷдононаи субъектони фаъолияти иқтисодӣ таҷовуз мекунанд;

4) Ҷиноятҳое, ки ба принсипи рафтори бовиҷдононаи субъектони фаъолияти иқтисодӣ таҷовуз меоваранд;

5) Ҷиноятҳое, ки ба принсипи манъи рафтори бармалои ҷиноятӣ ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти иқтисодӣ таҷовуз меоваранд [6, с. 214-216].

Ҳамин тариқ, ҷиноятҳои иқтисодиро ба чунин гурӯҳҳо тақсим намудан мумкин

аст:

1. Ҷиноятҳо ба муқобили фаъолияти соҳибкорӣ ва фаъолияти дигари иқтисодӣ. Ба ин гурӯҳ ҷиноятҳои зерин дохил мешавад: монеъ шудан ба фаъолияти қонунии соҳибкорӣ; соҳибкории гайриқонунӣ; истеҳсол, ба даст овардан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ё ба муомилот баровардани мол ва маҳсулоти тамганошуда; соҳибкории сохта; бақайдгирии аҳди гайриқонунӣ бо замин; ба расмият даровардани (қонунӣ гардонидани) маблагҳои пулӣ ё молу мулки дигари гайриқонунӣ ба даст овардашуда; фаъолияти гайриқонунии бонкӣ; истифодаи гайриқонунии нишонаи мол; дидаю дониста додани рекламаи бардурӯг ва фиреб додани истеъмолкунандагон.

2. Ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти пулию кредитӣ ва молиявии давлат. Ба ин гурӯҳ ҷиноятҳои зерин дохил мешаванд: гайриқонунӣ гирифтан ва додани кредит; саркашии бадқасдона аз адои қарзи кредиторӣ; гайриқонунӣ истифода бурдани маблаг; тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё когазҳои қалбакӣ (сохта); тайёр кардан ё ба муомилот баровардани картаҳои сохтаи (қалбакии) кредитӣ ё ҳисоббаробаркунӣ ё дигар асноди пардохт; сӯиистифода ҳангоми баровардани когазҳои қиматнок (эмиссия); бастани аҳди гайриқонунӣ барои металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қимматбаҳои табиӣ ё марворид; вайрон кардани қоидаҳои ба давлат супоридани фулузот ва сангҳои қиматбаҳо.

3. Ҷиноятҳо ба муқобили фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва муносибатҳои андозу гумрук. Ба ин гурӯҳ дохил мешавад: додугирифти гайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ; аз хориҷа барнагардонидани воситаҳо бо асъори хориҷӣ; контрабанда (қочоқ); ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барнагардонидани сарватҳои бадеӣ, таърихӣ ё бостоншиносии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ; саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ; саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ; саркашии шахси воқеӣ аз пардохти андоз.

4. Ҷиноятҳо ба муқобили тартиби қонунии фаъолияти муфлисшавӣ, рақобатӣ ва инҳисорӣ. Ба ин гурӯҳ дохил мешавад: ҳаракати гайриқонунӣ ҳангоми муфлисшавӣ; муфлисии бадқасдона; муфлисии сохта; кирдори инҳисорӣ (монополистӣ) ва маҳдуд кардани рақобат.

5. Ҷиноятҳо ба муқобили манфиатҳои корхонаҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо. Ба ин зергурӯҳ ҷиноятҳои зерин дохил мешаванд: бадқасдона вайрон кардани коидаҳои баргузории тиҷоратии оммавӣ, тендер ё музоядаҳо (ауксион); истифодаи гайриқонунии нишонаи мол; гайриқонунӣ ба даст овардани маълумоти

- 120 -

Saidov Sh. N., Safarov А.И. General Provisions on Crime in the Sphere of Economic Activity

дорои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ; ифшои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ; ришвадиҳии тиҷоратӣ; ришвадиҳӣ ба иштирокчиён ё ташкилотчиёни мусобиқаҳои касбии варзишӣ ва озмунҳои намоишии тиҷоратӣ; сӯиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо; сӯиистифодаи ваколат аз ҷониби аудиторҳо, судяҳои ҳакамӣ (адвокат); аз ҳадди ваколат гузаштани кормандони хадамоти муҳофизати хусусӣ ва детективӣ.

Тарафи объективии ҷиноятҳои иқтисодӣ бештари вақт дар намуди ҳаракат содир мегардад. Масалан, соҳибкории гайриқонунӣ (м. 259 КҶ), соҳибкории сохта (м. 260 КҶ), фаъолияти гайриқонунии бонкӣ (м. 263 КҶ) танҳо дар намуди ҳаракат содир мегарданд. Дар баробари ин боби 27 ҷиноятҳоеро пешбинӣ намудааст, ки мумкин аст дар намуди беҳаракатӣ содир гардад. Чунончи, саркашии барқасдона аз адои қарзи кредиторӣ (м. 266 КҶ), ба ҳудуди Тоҷикистон барнагардонидани сарватҳои бадеӣ, таърихӣ ё бостоншиносии халқҳои Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ (м. 290 КҶ) ва дигар моддаҳо.

Ҷониби субъективии ҷиноятҳои иқтисодӣ аз тарафи олимон баҳои якхела нагирифтааст. Як гурӯҳи олимон ақида доранд, ки ҷиноятҳои иқтисодӣ на танҳо қасдан, балки аз беэҳтиётӣ низ содир мегарданд. Гурӯҳи дигар қайд мекунанд, ки ҷиноятҳои иқтисодӣ танҳо қасдан содир мешаванд. Чунки он аз махсусияти ин гурӯҳ ҷиноятҳо бармеояд. Ақидаи гурӯҳи дуюми олимон ба воқеият наздиктар аст. Чунки дар бисёре аз таркибҳои ҷиноятҳои иқтисодӣ барқасдона содир намудани онҳо бевосита зикр шудааст. Ғайр аз ин, дар таркибҳое, ки чунин муқаррарот вуҷуд надорад, аз беэҳтиётӣ содир гардидани онҳо мутобиқи қ.2 моддаи 27 КҶ номумкин аст.

Ҳамчун субъектони ҷиноятҳои иқтисодӣ соҳибкорон баромад намуда, дигар субъектоне, ки бар зидди манфиатҳои сохибкорон таҷовуз менамоянд, ба чунин сифат эътироф мегарданд. Субъекти ҷиноятҳои иқтисодӣ шахси ҷисмонии ба синни 16 расида мебошад. Аммо дар илми ҳуқуқи ҷиноятӣ ақидае вуҷуд дорад, ки барои баъзе аз ҷиноятҳои иқтисодӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ на аз 16-солагӣ, балки аз 18 ё 14-солагӣ огоз меёбад. Масалан, фаъолияти соҳибкориро шахс аз 18 солагӣ ба роҳ мемонад. Ё ҷавобгарии субъекти моддаи 262 КҶ бояд аз 14 солагӣ муқаррар карда шавад. Ба гайр аз ин бояд шахс дорои қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунӣ бошад. Ин ақидаҳоро дастгирӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки субъекти ҷиноятҳои иқтисодӣ бояд дорои аломатҳои махсус бошад. Масалан, барои сӯиистифода ҳангоми баровардани когазҳои қиматнок (м. 283 КҶ), субъекти он бояд соҳиби ҷамъияти саҳомӣ бошад. Ба гайр аз ин, баъзе аз таркибҳо субъекти махсусро пешбинӣ менамоянд. Масалан, монеъ шудан ба фаъолияти қонунии сохибкорӣ (м.258 КҶ), бақайдгирии аҳди гайриқонунӣ бо замин (м. 261 КҶ) ва муфлисии сохта (м.270 КҶ).

Боби 27-и КҶ - ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ яке аз қисматҳои калони КҶ ҶТ соли 1998 буда, 38 моддаро дар бар мегирад, ки дорои махсусиятҳои зерин мебошад:

- аз 38 модда, 12 таркиб аломатҳои бандубастшаванда надошта, 16 таркиб аломатҳои бандубастшаванда ва 10 таркиб аломати махсуси бандубастшаванда доранд;

- ду модда - моддаҳои 262 ва 279-и КҶ асосҳои махсуси озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамояд;

- 121 -

Саидов Ш.Н., Сафаров А.И. Муқаррароти умуми дар бораи ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ

- як модда - моддаи 295-и КҶ меъёри мурофиавиро оид ба огози парвандаи ҷиноятӣ муқаррар намудааст.

Моддаҳои боби 27-и КҶ чунин сохта шудаанд, ки барои кушодани мафҳумҳои онҳо бояд ба дигар соҳаҳои ҳуқуқ муроҷиат намуд.

Қисмати зиёди мафҳумҳои ҷиноятҳои иқтисодӣ хусусияти бланкетӣ доранд, ки яке аз нишонаҳои фарқкунандаи ин боб аз дигар бобҳои КҶ мебошад. Вобаста ба ин, дар амалияи тафтишотию судӣ зарур аст, ки ба КГ, Кодекси андозу гумрук, Қонуни ҶТ «Дар бораи рақобат ва маҳдуд кардани инҳисор дар бозорҳои мол», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи асъор ва назорати асъор дар бозорҳои мол» ва дигар қонунҳову санадҳои зерқонунӣ муроҷиат намуд.

Калидвожа: ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти щтисодӣ, щтисодиёт, таснифи ҷиноятҳо,

объекти ҷиноят, субъекти ҷиноят, тарафи объективӣ ва субъективии ҷиноят

Пайнавишт:

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

1. Асланханов, А.А. Проблемы борьбы с преступностью в сфере экономики (криминологический и уголовно-правовой аспекты): автореф. дисс. д-ра юрид. наук. -М., 1998.

2. Винокуров, В.Н. Объект преступления: способы конкретизации, установления и закрепления в законе/В.Н. Винокуров. -Красноярск, 2010.

3. Волжекин, Б.В. Экономические преступления /Б.В. Волжекин. -СПб., 1999.

4. Дурманова, Н.Д. Понятие преступления / Н.Д. Дурманова. -М., 1948.

5. Коржанский, Н.И. Объект и предмет уголовно- правовой охраны / Н.И. Коржанский. -

М., 1980.

6. Лопашенко, Н.А. Преспупления в сфере экономики. Авторский комментарий к уголовному

закону (раздел VIII УК РФ). -М., 2006.

7. Наумов, А.В. Практика применения Уголовного кодекса Российской Федерации: комментарий судебной практики и доктринальное толкование /А.В. Наумов. - Волтерс Клувер, 2005.

8. Никифиров, Б.С. Объект преступления по советскому уголовному праву / Б.С. Никифиров. -М., 1960.

9. Пионтковский, А.А. Уголовное право РСФСР: Часть общая./ А.А. Пионтковский. -М.,

1924.

10. Таций, В.Я. Объект и предмет преступления в советском уголовном праве / В.Я. Таций.

- Харьков. 1988.

11. Трайнин, А.Н. Состав преступления по советскому уголовному праву / А.Н. Трайнин. -М., 1951.

12. Уголовное право России. Особенная часть: Учебник /Под ред. А.И. Рарога. -М., 1996.

13. Уголовное право РФ. Особенная часть. /Под ред. Г.Н. Борзенков, В.С. Комиссарова. -М., 1997. -С. 247-248.

14. Уголовное право РФ. Особенная часть. /Подред. В.С. Комиссарова. -М., 1997.

15. Уголовное право. Общая часть: Уч. для вузов/Под ред. И.Я. Козаченко. - М., 2008.

Reference Literature:

1. Aslankhanov A.A. The Problems of Combat with Crime in the Sphere of Economy (criminological and felony-law aspects): Synopsis of Dr.'s dissertation in jurisprudence. -M., 1998

2. Vinokurov V.N. Object of Crime: Ways of Concretization, Establishments and Fortification in Law // V.N. Vinokurov. - Krasnoyarsk, 2010.

- 122 -

Saidov Sh. N., Safarov А.И. General Provisions on Crime in the Sphere of Economic Activity

3. Volzhekin B.V. Economy Crimes // B.V. Volzhekin. - SPb. 1999.

4. Durmanova N.D. Notions of Crime // N.D. Durmanova. - M., 1984

5. Korzhansky N.I. Object and Subject of Protection in Regard to Felony // Korzhansky N.I. - M., 1980

6. Lopashenko N.A. Crimes in the Sphere of Economy. Author's commentary to the law on (section VIII to RFPC). -M, 2006

7. Naumov A.V. Practice of Application in Regard to the Penal Code of Russian Federation: commentary to forensic practice and doctrinal interpretation // A.V. Naumov: Volters Kluver, 2005

8. Nikiforov B.S. Object of Crime according to the Soviet Law on Felony // B.S. Nikiforov. - M., 1960.

9. Piontkovsky A.A. RSFSR Law on Felony: general part // A.A. Piontkovsky. - M., 1924.

10. Tatsiy V.Ya. Object and Subject of Crime in the Soviet Law on Felony // V.Ya. Tatsiy. - Kharkov, 1988.

11. Traynin A.N. Corpus Delecti according to the Soviet Law on Felony //A.N. Traynin. -M., 1951.

12. Law on Felony in Russia. Especial part: text-book / under the editorship of A.I. Rapog. - M., 1996.

13. RF Law on Felony. Especial part // under the editorship of G.N. Borzenkov and V.S. Komissarov. -M., 1997. -pp. 247-248

14. RF Law on Felony. Especial part: manual for higher schools // Under the editorship of V.S. Komissarov. - M., 2008.

15. RF Law on Felony. General part: manual for higher schools // Under the editorship of I.Ya. Kozachenko. -M., 2008.

- 123 -

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.