Научная статья на тему 'Новаторство Бедиля в сфере словообразования'

Новаторство Бедиля в сфере словообразования Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
199
22
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
НОВАТОРСТВО / INNOVATION / БЕДИЛЬ / BEDIL / СЛОВООБРАЗОВАНИЕ / WORD-BUILDING / СЛОЖЕНИЕ ОСНОВ / STEM ADDITION / СЛОЖНЫЕ СЛОВА С ТРЕМЯ КОМПОНЕНТАМИ / COMPLEX WORDS WITH THREE COMPONENTS

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Олимджонов Мусо Обидович

Бедиль считается одним из великих поэтов персидско-таджикской литературы XVII века. Оказывается, что его во всех тезкире и литературоведческих источниках считают поэтом-новатором, который создал в языке новые слова, способы словообразования и поэтические формы. Автор статьи раскрывает новаторство поэта на основе производных и сложных слов, которые в основном имеют по три основы. Автор далее рассматривает структурные характеристики сложных слов, которые состоят из трёх основ, и доказывает, что эти слова действительно по своей структуре новы в таджикском литературном языке.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Bedil's Innovation in the Sphere of Word-Building

Bedil is considered to be one of the great poets of the Persian-Tajik literature of the XVII-th century. In all tezkires and sources on literary criticism he is looked upon as a poet-innovator who created new words, ways of word-building and poetical forms. The

Текст научной работы на тему «Новаторство Бедиля в сфере словообразования»

Олимцонов Мусо Обидович,

докторанти ДДХ ба номи акад. Б.Fафуров

СУХАНЕ ЧАНД АЗ ИХТИРООТИ БЕДИЛ ДАР КАЛИМАСОЗЙ

Бедил, ашъори ман аз фауми касон пушида монд, Чун иборат нозук афтад, ранг мазмун мешавад.

Мирзо Абдулкодири Бедил аз суханвару суханофарони баргузидаи точик аст, ки бо навгуиву навпардозии худ наздик ба чахорсад сол мешавад, ки ахли завкро дар хайрату тахайюр гузоштааст. Рузгору осори ин «шоири бузурги пурбаракати дарозумр» (таъбир аз устод Айнй) аз замони зиндагй то ба имруз диккати ахли сухан ва бахусус тазки-ранигорону мухаккиконро ба худ чалб намуда омадааст. Ин аст, ки алла-кай дар рузгори Бедил як катор хамасронаш доир ба Бедилу ашъори у изхори назар намуда буданд. Дар ин радиф метавон аз Сирочиддин Али-хони Орзу («Мачмаъ-ун-нафоис»), Шерхони Лудй («Мирот-ул-хаёл»), Сархуш («Калимот-уш-шуаро»), Волаи Догистонй («Риёз-ул-шуаро»), Fуломалй Озоди Балгиромй («Сарви озод»), Озод («Хазонаи Омира»), Андалеб («Нолаи андалеб»), Fуломи Хдмадонии Мусхафй («Укди су-райё»), Дусайнкулихони Азимободй («Наштари ишк»), Шакик («Чама-нистони шуаро»), Хушгу («Сафинат-ул-шуаро») ва даххо дигарон ёд кард, ки дар нигоштахои худ аз Мирзо Бедил ба эхтирому эътикод ёд кардаанд. Аз зикри нигоштахои онон худдорй намуда, ба як нукта диккати ахли завкро чалб кардан мехохем, ки махсусан вакти мутолиаи таълифоти онхо диккати моро хам сахт ба худ машгул дошт. Ин нукта аз он иборат аст, ки дар аксари нигоштахо Мирзо Бедилро аз шоирони ихтироъкор муаррифй намудаанд. Чунончи, Сирочиддин Алихони Орзу дар «Мачмаъ-ун-нафоис» менависад: «Ва чун аз рохи кудрат тасарруфоти намоён дар форсй намуда...» (18,103) ё худ Сархуш дар «Калимот-уш-шуаро» менависад: «Дар ин ахд шоире гарро чун у нест» (18,106). Fуломалй Озоди Балгиромй менависад: «Табъи даррокаш чй кадар маънии тоза ба хам расонида ва чй самарахои наврас, ки нихоли калам афшонда» (18, 109). Ч,ои дигар хамин муаллиф гуяд: «Мирзо маънио-фарини беназир аст, аммо иборат ба таври худ дорад ва ба таври чумхур низ фаровон чавхари сухан дар риштаи нутк кашид» (18, 110).

Хушгу даp китобе ба номи «Сафинат-yл-шyаpо» эх^^ому эътикоди хyдpо ба Миpзо Бедил, ба таъбиpи Халилуллохи Халилй, «сахт шевову муфассал» ибpоз менамояд:

Бибояд шустан лаб аз мушку гулоб, То бигуем ном он цудсщаноб ва меафзояд: «^иблаи лафзу каъбаи маънй, кадхудои сухан ва худованди сухандонй» (18, 124). Хамин ишоpаxои тазкиpанигоpонy мyосиpони Миpзо Бедил аст, ки даp тахкикоти мyосиpон низ мо бо ибоpаxое, аз кабили шоиpи пypкоp, ихтиpоъкоp ва f. дyчоp меоем. Аз 4умла, устод Айнй (1) низ даp чанд мавpид аз Миpзо Бедил бо эxтиpом ёд намуда, ypо 4ое «сyханваpи донишгyстаp» (1, 57) ва 4ое дигаp «Бедили ихтиpоъкоp» (1, 87) меномад.

Ихтиpоъкоpии Бедил диккати моpо ба худ машFyл дошт ва pаFбате пайдо шуд, ки ихтиpооти ин «шоиpи нозyкхаёл»-pо (таъбиp хамчунин аз устод Айнй) баpои худ пайдо намоем. Хаpчанд таъин ё худ муайян намудани он чизе, ки мо пайдову маълум каpдан мехохем дандоншикан буда, дониш ва маълумоти кофии назму насpи ниёгонpо такозо доpад ё худ ба таъбиpи дигаp, ба хотиpи он ки бигуем ин ифода, ибоpа ва ё калима аз сохтахои Миpзо Бедил аст, бояд баpои ин даъво асоси кофй дошта бошем. Даp xаp сypат бо такя ба «ЛyFатнома»-и Деххудо ва «Фаpxанги фоpсй»-и доктоp Муин, ки аз фаpxангxои 4омеъ ба шyмоp меоянд, мекушем, ки даp ин мавpид чизе pyи коFаз оpем. Ба ин абёти Миpзо Бедил таваччух мекунем:

Чу гул дар субуи пирй мекашй хамёзаи уасрат Макун, эй гунна, сарфи хоб шабуои цавониро (ц.1, 117) Даp ин байт, ба пиндоpи мо, таъбиpоти «субхи пиpй» ва «хамёзаи xасpат кашидан»-pо аз ихтиpооти Бедил шyмоpидан мумкин аст. Х^ча^А таъбиpи аввал даp «Фаpxанги фоpсй»-и доктоp Муин дyчоp меояд (13, 4.2, 2127), аммо шохиди маъно надоpад. Аз ин хотиp, Муин низ шояд бо ибоpаи мазкyp даp осоpи Бедил дyчоp шуда бошад. Ибоpаи «хамёзаи xасpат кашидан» бошад, даp лyFатxои зикpшyда дyчоp нагаpдид. Ба таъбиpи Деххудо, хамёза «xаpакати Fайpииpодй аст» (8, 4.1, 1161), пас «хамёзаи xасpат кашидан» бо иpодаи инсон мешавад, пас ин ибоpа, бегумон, аз ихтиpооти Бедил аст. Аз ин изофа доиp ба таъбиpотy таpкибxои шоиpонаи Бедил сухан накаpда мехохем даp мавpиди ихти-pооти Миpзо Бедил даp самти калимасозй чизе баён намоем. Тахкикоти лyFатшиноси номй В.А.Капpанов собит месозад, ки «даp хамаи забонхо фаpки калимахои нави шоиpона ... аз гунахои умумиистеъмолй коpи мypаккаб, вале даp аксаp мавpид халшаванда аст» (9, 75). Даp ин мавpид низ мо такя ба лyFатномаxои зеpидаст менамоем.

Дар аввал мехохем доир ба калимахои сохта ва ё вижагихои корбур-ди пешванду пасвандхо дар ашъори Мирзо Бедил чизе бигуем.

Пасванди -й аз пасвандхои муштараквазифае ба шумор меояд, ки дар сохтани исму сифат фаъолона иштирок мекунад ва махсусан дар исмсозй, ба акидаи ахли тахкик, сермахсул мебошад (ниг. 11, 19; 15,43; 16, 136; 7, ч.1, 115). Дар исмсозй ихтирои Бедил бо ин пасванд аз он иборат аст, ки имконияти ин пасвандро вусъат дода:

1. Тавассути шуморахо исм сохтааст, ки то ин дам маъмул набуд, чун яки, дуй ва г.:

Ба саъйи гайр мушкил буд з-ошуби дуй растан,

Саре дар цайби худ дуздидаму бурдам паноу он цо (ц.1, 5).

Агар мавцем ё баурем, агар обем ё гавуар,

Дуй нацше намебандад, ки моро аз ту во дорад (ц. 4, 36).

2. Аз чонишинхо тавассути ин пасванд исм сохтааст, чун туй, манй ва г.:

Яки рафт дар арзи чандин дуй,

Манй маув шуд дар ууцуми туй (ц.5, 237)

Пасванди дигар, ки дар коргохи эчодии Мирзо Бедил таъбироти нав офаридааст, -зор мебошад. Пасванди мазкур аз пасвандхои маконсоз буда, тавассути он исмхое сурат мегиранд, ки макон ва фаровонии асосро ифода мекунанд. Як вежагии ин пасвандро ахли тахкик дар он медонанд, ки асосан бо исмхои ифодакунандаи рустанию наботот меояд (ниг. 11, 21; 16, 133; 7, ч.1, 114). Мушохидахо нишон медиханд, ки дар назми Мирзо Бедил низ ин пасванд хеле сермахсул аст. Ба дарачае сермахсул аст, ки чанд калимаи уро метавон аз ихтирооти шоир ба шумор овард, чун оиназор, обилазор, гиребонзор, цилвазор, цунунзор, шубуазор ва г. Асосхое, ки бо онхо Мирзо Бедил тавассути пасванди -зор калимаи нав сохтааст, вокеан бо рустанию наботот алокае надошта, калимахои навсохт ихтирои шоир буда, то ин дам истифода намешуданд. Ин аст, ки дар фархангхои зеридаст ба назар намерасанд. Ачобат дар он аст, ки Мирзо Бедил пасанди мазкурро бо ду навъи калимахо:

1. Исмхои мушаххас, чун оина, обила, гиребон...;

Ба гурури ману мо кулфати дилуо маписанд, Зи цунунтози нафас оиназор аст ин цо (ц.1, 29); Сацда уам аз араци шарм рауе пеш набурд, Аз цадам то ба цабин обилазор аст ин цо (ц.1, 30); Катраи мо нашуд огоуи тааммул, варна Мавци ин баури гууархез гиребонзор аст (ц.2, 47).

2. Исмхои маънй, чун цунун, цилва, шубуа корбаст намудааст. Махсусан, бо исми маънй омадани пасванди -зор нодиракорихои шоир ба шумор меояд:

Хаёли цилвазори rncmü уам оламе дорад,

Зи нацши по саре бояд кашидан гоу-гоу он цо (ц.1, 5);

Хар нй бинй дар yyHymopu адам пар мезанад,

Гарди мо уам бол мерезад ба саурое, ки не^ (ц.2, 37);

Дар шyбx;азори уа^й mазвир меmарошем,

Обе, ки мо надорем, уар цо^, зери коу а^ (ц.2, 67).

Пасванди -rap ба гypyxи пасвандхое дохил мешавад, ки исми шахс месозанд (11, 17; 16, 128-129; 7, ч.1, 111). Даp ашъоpи Бедил пасванди мазкyp бо исмхои маънй омадааст, чун камингар, ки ин калима даp лyFатномаxо дyчоp нагаpдид. Бо асоси мазкyp омадани пасванди -гох маъмул аст, аммо бо -rap ходисаи нодиp ба шyмоp меояд: Хар шевае камингари эцоди рymбаесm, Шакле губор нашуда, кай бар уаво расад (ц.2, 162).

Калимасозии калимахои мypаккаб даp забони точикй хеле pyшд намуда, таъpихи тулониву заминахои зиёди таъpихй доpад (ниг. 17, 143148; 12, 99-106). Хамин аст, ки ихтиpооти забонии Бедил даp колаби калимахои мypаккаб зиёдтаp аз калимахои сохта ба назаp меpасад. Ин навъи ихтиpооти Миpзо Бедилpо хам даp сатхи калимахои мypаккаби пайваст ва хам тобеъ мушохида каpдан мумкин аст. Чунончи, як навъи калимахои мypаккаби пайваст тавассути миёнванди -y- ташаккул меёбанд. Даp дастypxои забоншиносй аз асосхои гуногун сохта шудани калимахои мypаккаб тавассути ин миёнванд кайд шудааст (16, 172-175; 7, 4.1, 120-121), аммо тавассути чонишинхои шахсй, чун ма^мо сохта шудани калимаи мypаккаб ходисаи нодиp ба хисоб меpавад, ки хоси забони Миpзо Бедил аст:

На дй гyзашmy на фардо ба пеш меояд, Тацаддуди ма^мо mо циёмаmогозисm (ц.2, 13).

Даp мавpиде Миpзо Бедил даp калимаи мазкyp чои асосxоpо иваз намудааст, яъне «манумо» ба «мовуман» табдил ёфтааст ва, аз дигаp таpаф, тавассути пасванди -й калимаи «мовуманй» сохтааст: Шауодаm хуни исбоmи дуй рехm, Ки аз мовyманü ранги myï рехm Зи мовyман my пайдой, дигар уен Бувад дар корвони мо хабар уен (ц. 5, 28).

Миpзо Бедил имконияти калимасозии шyмоpаxоpо васеъ намуда, тавассути онхо калимахои нав (заpф) месозад, чун дyболо, якшуъла, якцалам, дyбинй ва f.

Шавц mо гардад дyболо хешро аувал кунед,

Ними рух кам уайраm аоина мужацбал кунед (ц.З, 174);

Чу гавуар хоби нашмаш цавуари саув,

Фаромушй зи ёдаш якцалам маув (ц. 5, 65) ;

Шабистони Баданро шамъи Турам,

Чу барци огауи якшуъла нурам (ц.5, 86)

Дубиниуост, аммо дар шуууди гайр аувалро,

Ба худ гар мекушояд чашм, аз ваудат хабар дорад (ц.4, 42).

Аз калимахои мавриди тахлил ба истиснои калимаи «дубинихо» бокимонда як зинаи калимасозиро гузаштаанд. Аммо калимаи «дуби-нихо» се зинаи калимасозиро гузаштааст: нахуст аз ду асос: «ду» ва «бин» калимаи (сифати) «дубин» ва пасон тавассути пасванди -й вожаи нави «дубинй» ва тавассути пасванди чамъбандии -хо шакли чамъи калима сохта шудааст. Аз гурухи калимахои мазкур аз хама бештар вожаи «яккалам» зиёдтар дар ашъори Мирзо Бедил мавриди корбурд карор гирифтааст.

Ихтирооти Мирзо Бедил аз хама бештар дар сохтани калимахои мураккаби сечузъа мушохида мешавад. Ин аст, ки мураттибони «Осор»-и Бедил низ вакти тахияи ашъори у, махсусан мучаллади панчуми он, ки маснавихои шоирро дар бар мегирад, таъкид мекунанд, ки «хангоми мутолиаи осори Бедил хонанда ба падидахои забоние бармехурад, ки назири онхоро дар осори шоирони дигар камтар метавон дид. Корбурди калимахои мураккаби сечузъа, калимахое, ки аз се ва чахортогй калимахои сода иборатанд, аз чумлаи хамин гуна падидахо мебошанд» (ниг. 6,ч.5, 10). Баъдан дуруст таъин намудаанд, ки «ин навъи калимахо дар маснавихои шоир бештар ба назар мерасанд» (Хдмон чо).

Дуруст аст, ки дар забони адабй калимахои сечузъа дучор мешаванд ва инкишоф хам ёфтаанд (ниг. 16, 163; 7, ч.1, 125, 148), лекин калимахои сечузъаи Мирзо Бедил аз колабхои мазкури забони адабии муосир ба куллй фарк мекунанд. Чунончи, исмхои сечузъаи забони адабии муосир ба ду тарз ташаккул меёбанд: а) дар колаби исмхои дучузъа, ки яке аз чузъхо сода (асосан дуюм) ва дигаре мураккаб, чун шашмакомхон; б) ибора низ ба сифати чузъи тобеи исми мураккаб омаданаш мумкин аст, чун намадисиёхпушон (16, 163; 7, ч. 1, 125).

Исмхои мураккаби сечузъаи ашъори Бедил колаби дигар доранд ва дар як колаб хам нестанд. Онхоро аз руи колаб ба чунин гуруххо чудо намудан мумкин аст:

1. Исмхои сечузъае, ки колабашон исм+исм+исм аст: кудурат-хонатаъмир; туфонсарангушт; сувайдонасабкавкаб ва г.: Касби огоуи кудуратхонатаъмир асту бас, Хар цадар оина шуд дил, зери машци занг шуд (ц.4, 31); Кушоду басти дил чун гунча дар мушт, Чу мижгони бутон туфонсарангушт (ц.5, 174); Сипеурам сувайдонасабкавкаб аст, Гули домани субуи бахтам шаб аст (ц.5, 313)

2. Исмхои сечузъае, ки колабашон исм+исм+асоси замони xозиpаи феъл аст: мутлакинонтоз; таваxxyмдонаpез; гyxаpпайдокyн; киёмат-баpкpез ва f.:

Тасарруфмояи аукоми уар кас, Тавау^мдонарези доми уар кас (ц.5, 64); Ки эй оmашбауори гулшани ууш, Циёматбаркрези хирмани ууш (ц.5, 161).

3. Исмхои сечузъае, ки колабашон исм+сифат+асоси замони xозиpаи феъл аст: хонаpавшанкyн ва f.:

Шаби моро нароги фyрсаm ку? Хонаравшан^н а^ равзани мо (ц. 1, 254).

4. Исмхои сечузъае, ки колабашон исм+заpф+асоси замони xозиpаи феъл аст: садобеpyндеx ва f.:

Гууарпайдокун аз цайби садафуо, Садобeрyндex; аз огуши кафуо (ц. 5, 68).

5. Исмхои сечузъае, ки колабашон ибоpаи изофй+исм аст: мавчимайизxоp ва f.:

Хамон myхм мавцимайиз^ор шуд,

Зи бас субуа бигдохm, зуннор шуд (ц.5, 280).

Даp мукоиса бо исмхо даp забони адабии мyосиpи точикй сифатхои сечузъа хеле pyшд намудаанд (6, 163; 7, ч.1, 125). Даp ашъоpи Бедил низ навъхои гуногуни сифатхои сечyзъаpо пайдо намудан мумкин аст, ки аз pyи колаб чунин тасниф мешаванд:

1.Сифатхои сечузъае, ки колабашон шyмоpа+исм+исм аст: садpанч-даpбоp; садFyссадаpбоp, садчаманиззат; садбаxоpасpоp; ва f.:

Набудаш кас аниси mабъи бемор

Ба гайр аз Сиууаmи садранцдарбор (ц.5, 123);

Надорад беmамизй охири кор

Ба цуз нокомии садгyссадарбор (ц.5, 192);

Касе гар уа^ ин цо, нокасиуо

Бауори садчаманиззат хасиуо^ (ц.5, 164);

Дар ин оинаи садбауорасрор,

Зи софй умцаш аз берун намудор (ц.5, 179);

2. Сифатхои сечузъае, ки колабашон шyмоpа+сифат+исм аст: садфyзyнизxоp ва f.:

Забони садфyзyнизx;ор во кард,

Лаби садмавцихундарбор во кард (ц.5,152).

3. Сифатхои сечузъае, ки колабашон исм+исм+исм аст: мyxаббатномаиpшод ва f.:

Кунун килки мyxlаббаmномаиршод Зи уацрафсурдагонаш медиуад ёд (ц.5,134).

4. Сифатхои сечузъае, ки колабашон исм+сифати феълии замони гузашта+исм аст: хунгаштаминкор ва г.:

Биё, эй булбули хунгаштаминцор, Гудозолуда оуанге бурун ор (ц.5, 132). Аз баррасии ичмолии калимахои сечузъаи назми Мирзо Бедил аён мегардад, ки, аввалан, шоир дар ашъори худ навъи мазкури калимахои мураккабро фаровон истифода намуда, дар исмхо асосан колаби исм+исм+исм ва дар сифат колаби шумора+исм+исмро фаровон ба кор бурдааст, сониян, колабхои мазкури калимасозй хоси назми Бедиланд.

Мурур ба ихтирооти Бедил дар забон моро ба бардоште мерасонад, ки вокеан хам Мирзо Бедил, ба таъбири Мухаммадкозими Козимй, «до-нишмандтарин шоири форсизабони асри хеш аст ва шеъраш низ анде-шамандтарин шеър аст» (10,29) ва тавониста, ки имконияти калимасозии забони точикиро васеъ намуда, мафхуму мазмунхои олиро дар колабхои нодири калимасозй гунчоиш дихад.

Калидвожауо: ихтироъ, Бедил, калимасози, калимауои мураккаб, калимауои мураккаби сецузъа.

Пайнавишт:

1. Айни, Садриддин. Мирзо Абдулцодири Бедил. - Сталинобод: Нашрдавтоц, 1954.

2. Бедил, Абдулцодир. Осор. Цилди 1. Газалиёт. Хозиркунандаи чоп Сауобиддин Сиддицов). -Душанбе: Адиб, 1990.

3. Бедил, Абдулцодир. Осор. Цилди 2. Газалиёт. Хозиркунандаи чоп Сауобиддин Сиддицов. -Душанбе: Адиб, 1991.

4. Бедил, Абдулцодир. Осор. Цилди 3. Газалиёт. Хозиркунандаи чоп Сауобиддин Сиддицов. -Душанбе: Адиб, 1991.

5. Бедил, Абдулцодир. Осор. Цилди 4. Газалиёт. Хозиркунандаи чоп Сауобиддин Сиддицов. -Душанбе: Адиб, 2004.

6. Бедил, Абдулцодир. Осор. Цилди 5. Маснавиуо. Бо саъю кушиш ва муцаддимаву тавзеуоти Бобобек Рауими. -Душанбе: Адиб, 1993.

7. Грамматикаи забони адабии уозираи тоцик. Цилди 1. Фонетика ва морфология. -Душанбе: Дониш, 1985.

8. Деухудо, Алиакбар. Фаруанги мутавассити Деухудо. -Теурон: Муассисаи интишорот ва чопи Донишгоуи Теурон, 1385, Ц.1-2.

9. Капранов В.А. Таджикско-персидская лексикография в Индии ХV1-Х1Х вв. -Душанбе: Дониш, 1987.

10. Козими, Мууаммадкозим. Калиди дари боз. Рауёфтуое дар шеъри Бедил. -Теурон, 1387.

11. Ниёзи, Шавкат. Исм ва сифат дар забони тоцики. -Сталинобод: Нашриёти АУ Тоцикистон, 1954.

12. Пейсиков Л.С. Лексикология современного персидского языка. -М.: Изд-во Московского университета, 1975.

13. Муин, Мухаммад. Фарханги форси. Дар шаш муцаллад. - Техрон: Амири Кабир, 1375.

14. Основы иранского языкознания. Новоиранские языки: западная группа, прикаспийские языки. - М.: Наука, 1982.

15. Рустамов Ш. Калимасозии исм дар забони адабии хозираи тоцик. -Душанбе, 1972.

16. Рустамов Ш. Исм. -Душанбе: Дониш, 1981.

17. Саймиддинов Д. Вожашиносии забони форсии миёна. -Душанбе: Пайванд, 2001.

18. Халили, Халилуллох. Файзи цудс. -Техрон: Интишороти байналмилалии ал-Худо, 1383.

19. Хонлари, Парвиз Нотил. Таърихи забони форси.. Ц. 3. -Техрон: Фарханги нашри нав, 1387.

20. Шариат, Мухаммадцавод. Дастури забони форси.. -Техрон: Асотир, 1371.

Олимджонов Мусо Обидович,

докторант ХГУ им. акад. Б.Гафурова

Новаторство Бедиля в сфере словообразования

Ключевые слова: новаторство, Бедиль, словообразование, сложение основ, сложные слова с тремя компонентами

Бедиль считается одним из великих поэтов персидско-таджикской литературы ХVII века. Оказывается, что его во всех тезкире и литературоведческих источниках считают поэтом-новатором, который создал в языке новые слова, способы словообразования и поэтические формы. Автор статьи раскрывает новаторство поэта на основе производных и сложных слов, которые в основном имеют по три основы. Автор далее рассматривает структурные характеристики сложных слов, которые состоят из трёх основ, и доказывает, что эти слова действительно по своей структуре новы в таджикском литературном языке.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

M. O. Olimjonov

BediVs Innovation in the Sphere of Word-Building

Key words: innovation, Bedil, word-building, stem addition, complex words with three components

Bedil is considered to be one of the great poets of the Persian-Tajik literature of the XVll-th century. In all tezkires and sources on literary criticism he is looked upon as a poet-innovator who created new words, ways of word-building and poetical forms. The

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.