Научная статья на тему 'ЖИЗНЬ ИМАДА КАТИБА ИСФАХАНИ ПОД ПОКРОВИТЕЛЬСТВОМ АББАСИДСКИХ ХАЛИФОВ'

ЖИЗНЬ ИМАДА КАТИБА ИСФАХАНИ ПОД ПОКРОВИТЕЛЬСТВОМ АББАСИДСКИХ ХАЛИФОВ Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
10
5
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
АВТОР / СТАТЬЕ / ЖИЗНЬ / УЧЕНОГО

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Раджабова Мархабо Тухтасуновна

В данной статье автором описана жизнь выдающегося государственного деятеля, историка, ученого и писателя Имодуддина Исфахани под покровительством Аббасидских халифов, в лице ал-Муктафи и ал-Мустанджида. Автор приходит к такому выводу, что именно благодаря своему большому таланту и поддержки высокопоставленных покровителей он достиг вершины успехов в своем поприще.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

LIFE OF IMADA KATIBA ISFAHONI UNDER THE PROTECTION OF ABBASIDS KHALIFAT

In this article the author considers the life of the outstanding statesman, the historian, the scientist and writer Imoduddina Isfahani under the protection of Abbasidsky Caliphs, in the person of al-Muktafi and al-Mustandzhida. The author comes to such conclusion what exactly thanks to the big talent and supports of the high-ranking patrons it has reached tops of successes in the field.

Текст научной работы на тему «ЖИЗНЬ ИМАДА КАТИБА ИСФАХАНИ ПОД ПОКРОВИТЕЛЬСТВОМ АББАСИДСКИХ ХАЛИФОВ»

РУЗГОРИ ИМОДИ КОТИБИ ИСФАХ,ОНИ ДАР СОЯИ ХИЛОФАТИ

АББОСИ ДАР БАFДОД

Рацабова М. Т.

Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б. Fафyров

Имодуддини Котиби Исфахонй (519/1125 - 597/1201) аз зyмpаи саpомадонy мyтафаккиpони баpчастаи садаи XII мебошад, ки тавассути осоpи адабиву таъpиxии хеш таъсиpи мондагоpе баp адабиёт ва таъpиxнигоpии исломй, бавижа даp Эpонy Шом гузоштааст.

Механи Имод Исфахон яке аз шахpхои ободи ин минтака махсуб меёфт, ки даp ахди Умаp ибни Хаттоб аз чониби аъpоб фатх гаpдид [10]. Даp шаъни ин шахpи бостонии Эpонзамин метавон тазаккyp сохт, ки он баъди футухот ба яке аз маpокизи мyхимтаpини илм даp хилофати бyзypги исломй табдил ёфт. Даp он чо чандин китобхои бyзypги таъpиxй нигошта шудаанд ва аз хоки адабпаpваpи он уламову пешвоён даp тамоми фанхо баpxостаанд, ки мисоли онpо даp ягон шахрт дигаp наметавон даpёфт. Носиpи Хyсpав замони воpид шуданаш ба хоки ин саpзамин ба вачд омада, даp васфи он гуфта буд: "Ман даp хамаи замини поpсигyён шахpе некyтаp аз Исфахон надидам!" [26, с. 138].

Абу Мансypас-Саолибй даp тавсифи он гуфтааст: "Исфахон миёни соиpи шахpхо бо иxpочи фузалову удабо ва нависандагону шоиpони забаpдаст имтиёз доpад" [11, с. 124].

Имод xотиpахои овони навpасиашpо пеpомyни Исфахон бо зи^и киссахои киблагохаш чунин ибpоз доштааст: "Шодpавон падаpам Сафиуддин, pахмати Худованд баp y бод, хамеша баpоям аз фазоили Исфахон накл мекаpд ва даp тавсифи он тамоми хyнаpи сyxанваpиашpо ба коp мебypд ва мегуфт: '^raëp мехохам, ки пеpомyни он китобе тасниф намоям ва онpо ба чанд боб таксимбандй намуда, доиp ба бyзypгонy фозилони он аз ахди Искандаp то ба имpyз маълумот дихам. То бидонанд, ки Исфахон бо акобиpе шаpафёб гаpдидааст, ки даp таъpиxи олам ягон шахpи дигаpе баp он мyшаppаф нашудааст" [21, с. 42].

Аммо аз авоxиpи садаи шашуми хичpй (XII м.) даp ин шахpи обод ва навохии гиpдy атpофи он баp асаpи фитнаву таассуб миёни шофеъиёну ханафиён ва чангхои пайваста байни хизбхо даpгиpихо саp заданд. Баp асаpи он даp ин маpз xаpобихои зиёде pyx дода, зиёиёну донишмандон мавpиди озоpy таъкиб каpоp гиpифтанд. Баp мабнои маълумоти Ёкут ал-Х,амавй хаводиси мазкyp мучиби заиф гаpдидани давлат ва ба ин васила py оваpдани куввахои Fайp ба ин минтака гаpдид, то чое, ки кушуни тотоpхо аз сах^о^ои Осиёи Миёна ба он чо хучум каpданд [13, с. 209]. Даp натичаи ин xаpобихо теъдоди зиёди осоpи гаpонбахои тамаддуну фаpханги исломй аз байн pафт, ки манзаpаи хузнангези онpо худи Имод низ даp пайвастагй ба хаводиси Оли Салчук ба силки тасвиp кашидааст [22].

Давлати Салчукиён, ки даp сояи он хонадони Имод паpваpиш ёфтааст, давpаи пypизтиpоб ва пypтyFёни хаводиси таъpиxй ба шyмоp меpафт. Даp сypати аз маносиб баpканоp гаpдидани нафаpе аз вyзаpовy хуккоми замон даp баpобаpи тасаppyфи молу амвол ба хонадони y ва наздиконаш низ тааppyз мекаpданд. Мисоли pавшани он катли амуи Имод^аису саpдоpи азимyлкадp, сохиби маносибу манокиби баланди давлатй ва вазиpи бyзypги замон Абу Насp Ахмад ибни Х,омид ал-Муставфй маъpyф ба ал-Азиз (472-527/1080-1133) мебошад, ки думболаи он соиpи маpдони ин хонавода низ мавpиди таъкиб каpоp гиpифтавy ба хабс махкум шуданд. Даp ин боpа худи Имод даp "Нyсpат ал-фатpа" чунин тазаккyp сохтааст: "Вазиp ад-Даpкизинй ба БаFдод даppасидy падаpам Сафиуддин ва амуям Зиёyддинpо бо банду занчиp даp калъаи Исфахон хабс каpд. Пас ба яFмовy тоpочи амволи онон даст зад. Баp амлоку амволи мо мусаллат гаpдид ва хамаpо бибypд [22, с. 181]. Сипас Сафиуддин баъди озод шуданаш пешомади талxеpо хис намуда, хамpохи оилааш Исфахонpо таpк гуфтанд. Онхо бо максади амну саломат

мондан даp сояи халифаи Аббосй ба Иpок pаxсипоp гаpдиданд. Мyаллифи "ан-Нучум аз-зоxиpа" низ таъкид доштааст, ки Имод xамpоxи падаpаш даp пайгиpй аз xадафи амну саломат мондан ва пайдо каpдани муттакову пуштибонии хулафои Аббосй озими Багдод гаpдиданд [3, с. 159].

Имод соли 534/1138 воpиди Багдод гаpдид, ки нуктаи мазкyppо зимни шаpxи xоли Ибни Афлаx даp кисми иpокии "Хаpидат ал-касp" чунин сабт каpдааст: "Чун даp ватани худ бокй мондани мо кобили кабул набуду даp тангии маишй каpоp доштем ва амнияту саломат, хушбахтиву каpоматpо даp он чо даpнаёфтем, xамpоxи падаpам аз Исфаxон ба Багдод интикол гаpдидем, бо умеди он ки даp сояи давлати набавии имомияи ал-Муктадия паноx ёбем. Пас даp Багдод маскан гузидем ва он даp таъpихи 534 x. ба вукуъ пайваст, ки синнам ба понздаx pасида буд" [19, с. 53-54].

Аз миёни мyаppихон Салоxyддин ас-Сафадй даp китоби худ "ал-Вофй би -л-вафайот" иштибоxан зикp намудааст, ки Имод та^ибан даp бистсолагиаш ба Багдод омадааст [18, с. 133]. Шамсуддин аз-Заxабй низ такpибан даp синни бистсолагй воpиди Багдод гаpдидани Имодpо тасбит намудааст [14, с. 1121]. Даp каноpи ин, баpхе аз таъpихнигоpон даp овони навpасй [6; 3] ва баpхе дигаp даp чавонй воpиди Багдод гаpдидани Имодpо бе ишоpа ба синну соли y таъйид сохтаанд [12; 7]. Мyxаккики баpчастаи аpаб Шавкй Зайф низ даp мукаддимаи кисми мисpии "Хаpидат" иштибоxан даp синни бистсолагй ба Багдод омадани Имодpо тасдик намудааст [20].

Пас аз вypyд ба ин саpзамини кyxанбyнёд мyxити наве ин чавони ташнаи илмpо ба огуш гиpифт, ки аз Иpок то ба Шому Мисp доман паxн каpда буд.

Хонаводаи Имод даp маxаллаи ал-Муктадияи Багдод, ки аз маxаллаxои шаpкии шаxp маxсyб меёфту онpо халифа ал- Муктадй бунёд ниxода буд, маскан гузиданд. Чунин иттифок афтод, ки даp xамчавоpй бо онxо хонаи забоншиноси машxyp -Абдyллоx ибни Абдуссамад ибни Абдyppаззок, Абу Мyxаммад ибн ад-Даxxон ан-Наxвй ал-Багдодй (494/1102-569/1173) каpоp дошт. Имод ypо даpёи хушкнашаванда, Сибавайxии давpон ва ваxиди асp хонда, xамзамон таъкид доштааст, ки аз фазлу хиpади y нафъи вофиp баpдоштааст [19, с. 19]. Бино ба ахбоpи ал-^ифтй он замон даp Багдод мегуфтанд, ки наxвиён чаxоp нафаpанд: Ибн ал-Ч,аволикй (465/1073-540/1146), Ибн аш-Шачаpй (450/1059-542/1148), Ибн ал-Хашшоб ва Ибн ад-Даxxон [24, с. 51].

Даp алокамандй ба ин, миёни шоиpи маъpyфи замон Абулкосим Алй ибн ал-Афлаx ва падаpи y каpобатy дустй пайдо шуд. Имод даp тазкиpаи худ ахбоpи ypо чунин зи^ каpдааст: "Шоиp Чдмол ал-мулк Абулкосим Алй ибн ал-Афлаx ал-Абсй ал-Багдодй (ваф. 535/1141) аз аxли Багдод ва асли y аз ал-Х,илла ас-Сайфиййя (шаxpи калоне миёни Багдоду Куфа, муассисаш Сайф ад-давла ас-Садака ибни Мансyp ибни Мазид) маxсyб мешавад. У даp xама анвои шеъpй дасти тавоно дошту даp шеъpи xичо забонаш тезу бyppон буд. Чун касеpо xачв каpданй мешуд, баpояш фаpке надошт, ки y мyxсин аст ё саййид, душман аст ва ё xоким" [19, с. 52-54]. Гyфтаxои фавкуззи^и Имодpо Ибн ал-Ч,авзй даp "ал-Мунтазам" [5, с. 338-341] ва Сибти Ибн ал-Ч,авзй даp "Миpъот аз-замон" [16, с. 169] тасдик намудаву киссаи халифа ал-Мyстаpшидpо xачв каpданашpо накл каpдааст. Имод каpобати ин шоиpи бебокpо бо падаpаш бозгу намуда, даp мавpиди поёни зиндагй ва такдиpи ашъоpи y чунин оваpдааст: "Пас аз ду ва ё се сол y вафот ёфт. Он чй аз ашъоpаш гиpдоваpй шуда буд, мутолиа каpдам. Бояд кайд намуд, ки теъдоди он ашъоpи бокимонда хеле кам буд, зеpо ки халифа аз хонаи y xамаи ашъоpашpо баpгиpифта буд. Пас аз миёни ощо ду касидаpо даp мадxи амуям интихоб каpда, баpои худ сабт намудам..." [19, с. 54]. Ибн ал-Ч,авзй ва Ибни ^rap таъpихи вафоти Ибн ал-Афлаxpо соли 533/ 1139 ба кайд оваpдаанд [5; 8]. Аммо Ибнал-Асиp вафоти Ибн ал-Афлаxpо даp xаводиси соли 535/1141 ба кайд оваpдааст [4].

Пас аз нахустин намояндагони аxли илму адабе, ки Имод бо эшон даp Багдод шиносой пайдо намуд, xамин ду нафаp буданд.

Добили зикp аст, ки Имод даp Багдод ба тадpисy таxсили илм фаpо гиpифта шуда, даp шyмоpи толибилмони мадpасаи Низомия каpоp гиpифт. У даp наxвy лугат ва адабиёти аpаб табаxxypи комил пайдо намуда, даp як вакт бо омузиши пайваста даp

илмxои xадис, фикx, акида ва усул дониши амик xосил каpд. Дамчунин вай пайгиpона илми pиёзиётpо xам андухта, даp ин илм низ ба нишоту тавфик даст ёфт. Бо xамин вусъату булуг y дониши хешpо сайкал бахшид ва даp ин муддат баp пояи устодони худ даp Низомия ва соиpи донишмандони хоpич аз он каpоp гиpифт. Фузун баp ин, y даp xалкаxои мyнозиpоти донишмандон, мачолиси ваъз шиpкат ваpзида, ба василаи мyбоxисотy мyнозиpот низ маъpифати хешpо сайкал медод. Зимни баёни таpчyмаи xоли имоми машxypи xанбалй Абулвафо Алй ибн ал-Акил даp "Хаpидат" Имод маxфилxои мyнозаpоти ypо ба силки тасвиp кашида, xамзамон накши ин маxофилpо даp ташаккули шахсияти хеш изxоp доштааст [19, с. 30].

Сипас Имод баъди мукаммал сохтани донишу маъpифати хеш ва хатми мадpасаи Низомия xамpоxи падаpаш соли 543/1149 pавонаи ватани ачдодиаш Исфаxон гаpдид, ки ин матолиб даp гyфтаxои Имод мисдоки хyдpо пайдо каpдааст. Даp мукаддимаи кисми шyаpои Ачам ва Фоpс муаллиф ба ин нукта ишоpа каpда гуфтааст: "Ба Исфаxон соли 543 x. воpид шудам ва ба маxофили баxсy мyнозиpоти фузало ва муфозилати кyбpо XOзиp шуда, аз баxpи беканоpи онxо xавзе аз фаxмpо шодоб каpдам ва бустони фазлpо аз катpаxои он саpшоp намудам" [21, с. 45].

Соли 548/1154 даp пайгиpй аз xадафи зиёpати хонаи Каъба ва ба чо оваpдани xач Имод pаxсипоpи Маккаи мyкаppама гаpдид ва баъди адои xач дyбоpа ба меxанаш Исфаxон бозгашт. Пеpомyни ин сафаpи хеш Имод даp пешгyфтоpи кисми шyаpои Ачам ва Фоpс чунин гуфтааст: "Дамpоxи Имом Саид Чдмолуддин Маxмyд ибни Абдуллатиф баpодаpи Садpyддин Мyxаммад ал-Хучандй соли 548 x. pавонаи xач шудем ва баъди адои фаpиза якчоя ба Исфаxон баpгаштем" [21, с. 45].

Таъкид чоиз аст, ки соли 549/1155 Имод бо xамpоxии падаpаш дyбоpа таpки хоки Исфаxон намуда, pавонаи Багдод гаpдиданд. Даp pобита ин, худи муаллифи тазкиpа чунин оваpдааст: "Пас аз як соли бозгаштам аз зиёpати Каъба xамpоxи падаpамчониби Иpок pаxсипоp гаpдидем" [21, с. 45]. Даp ин айём y ба эчоди шеъp ва насp паpдохта, даp ин замина осоpи мутааддиде таълиф намуд. Бо иншои таснифоташ Имод иштиxоp ёфта, аз саpомадони замони хеш гаpдид. Чун даp тамоми улуми замонаш баpоати комил пайдо каpд, саъй намуд, ки ба даpбоpи хилофат pоx ёбад ва макоми хешpо пайдо намояд. Даp мукаддимаи кисми иpокии "Хаpидат" вобаста ба ин давpаи xаёташ мусанниф чунин андешаpонй намудааст: "Ман даp аxди халифа ал-Муктафй воpиди Багдод гаpдидам ва даp сояи ин давлат нуму ёфтам, аз фазли он таpбият ёфтам, даp он амну саломат мондам ва бyзypгй ёфтам, аз неъмати он баxpаманд гаpдидам. Пас нахустин нафаpе, ки аз миёни хулафо мадx каpдам, халифа ал-Муктафй буд. Соли 552 /1157 ба хидмати y pасидам ва касидаи даpозеpо даp мадxаш саpоидам" [19, с. 36]. ^асидаи мазкyp бо чунин абёт огоз меёбад:

Лабони нyсpат бо зафаp табассум намуд, Тавсани нyсpат pавшан бypyз намуд [19, с. 36].

Байти дигаpе аз ин касида чунин омадааст:

Эй фаpзанди бyзypгманишон аз насли Дошим, Асилзодагоне, ки манокиби нахусти худ аз мyзаp доpанд... Ту писаpи амуи Мустафову xамноми y xастй,

Башоpат бидеx! Вокеан xам ту пас аз y некyтаpини инсонxо xастй [19, с. 36].

Даp касидаи дигаp муаллифи тазкиpа халифа ал-Мyктафиpо ба шамси тобон ташбеx додаву чунин мадx каpдааст:

Ту чу шамси тобон баpои насли одамй бypyз намудй,

Ки он нypи бyзypгвоpиат нигоxи нозиpонpо аз ту пинxон медоpад [19, с. 37].

Байти дигаpе аз ин касида чунин аст:

Гуё ки он соябон монандаи точ асту

Рyхсоpаи Имом даp он мисли камаp медypахшад [19, с. 38].

Даp мачмуъ, Имод ба тавpи интихобй танxо 75 байтpо аз касоиди мухталифи даp ситоиши халифа ал-Муктафй (ваф. 555/1161) сypyдааш бозгу намудаву ибpоз доштааст, ки баъзе аз ощо хеле тулонй xастанд.

Добили таваччух аст, ки Абу Абдуллох Мухаммад ибн ал-Мyстазхиp Биллох (530/1136-555/1161) соли 489/1096 чашм ба олами хастй кушода, даp синни 65 солагй вафот каpдааст. Имод муддати хилофати ypо 24 солу се моху шонздах pyз таъйин сохтааст [19]. ^иссаи ба саpи хилофат омадани ал-Муктафй ва вазъи билоди исломиpо даp он ахд Имод даp "Нyсpат ал-фатpа" низ бозгу намудааст [23, с. 290]. Муаллифи тазкиpа аз донишу маъpифати баланди халифаи мазкyp хаpф зада, хамзамон ypо даp pасоил ва тавкеъот мумтоз шyмоpидааст [19, с. 35]. ал-Муктафй Биллох баpодаpи ал-Мyстаpшид Биллох буда, пас аз вафоти y даp соли 530/1136 ба саpи хилофат омадааст. Таъpиxнигоpон низ ypо донишманду сохибфазилат ва адабпаpваpy боадолат тасвиp намудаанд [5; 17].

Баp мабнои аxбоpи Имод соли 552/1157 y бо даъвати вазиpи хилофат Авнуддин Яхё ибни Дyбайpа ибни Мухаммад ибни Дyбайpа аш-Шайбонй (490/1097-560/1166) ба хидмат даp yмypи давлатй пазиpyфта шуд, ки нигоштахои зеpин шаходати гуфтахои фавканд : "Вазиp Ибни Дyбайpа маpо соли 552 х. даp назди худ хозиp намуд ва чихати ифои вазифа каpданам даp шyFли y пypсон гашт. Ин коp баpоям писанд набуд, аммо ба pаъйи вазиpи хилофат ихтилоф ваpзида наметавонистам" [21, с. 45-46]. Даp "Нyсpат ал-фатpа" низ хамин нyктаpо таъйид сохта, аз чумла чунин оваpдааст: "Аз мадpаса ба коpи девонам оваpд. Аз иштиFOл ба дониш маpо боздошт ва ба хаёли худ бо коpе, ки ба ман дод, маpо аз бекоpй начот бахшид" [23, с. 306]. Даp баpобаpи изхоpи чунин андешот Имод даp тазкиpа теъдоде аз касоидашpо, ки даp мадхи ин вазиpи сохибфазилат сypyдааст, матpах сохтааст. Аз нигоштахои фавкyззикpи Имод баpмеояд, ки y даp давоми ду сол то волии Восит таъйин гаpдиданаш даp назди Ибни Дyбайpа адои хидмат намудааст. Лозим ба таъкид аст, ки вазиpи мавсуф худ аз ахли илму адаб буда, даp илмхои нахву лyFат ва тафсиp муаллафоти мутааддиде аз калам андохтааст. Ахволу осоpи y даp кисми иpокии тазкиpа баppасй гаpдидааст. Имод муддати вазоpати Уpо даp хилофати ду хулафо-ал-Муктафй ва ал-Мустанчид то замони фавташ шонздах солу як моху нух pyз таъйин намудааст [19, с. 96-100].

Бино ба таъйиди Имод y соли 554/1160 ба хайси ноиби вазиp Авнуддин ибни Дyбайpа волии Восит таъйин гаpдид ва даp хамин сол ба мулокоти халифа ал-Муктафй шаpафёб гаpдид [19, с. 39].

Баъди вафоти халифа ал-Муктафй хилофат ба дасти ал-Мустанчид Биллох (555/1161-565/1171) интикол гаpдид. Ба тасpехи Имод y соли 557/1163 даp ситоиши халифа касидае саpоидааст, ки аз чумлаи абёти он чунин аст: Эхсону адл даp замин фаpоxй ёфт,

Чун ба хукми Оллох Имом ба саpи халкаш зyхyp намуд [19, с. 43].

Аз нигоштахои Имод баpмеояд, ки y мохи зулкаъдаи соли 557/1163 ноиби вазиp Авнуддин ибни X,yбайpа даp Басpа таъин гаpдид [19, с. 44].

Вафоти нобахангоми Авнуддин Яхё ибни Дyбайpа баp асаpи захpолyдшавй даp таъpиxи 13 мохи чумодй-юл-аввали соли 560/1166 боиси табохии вазъи пайpавонy наздиконаш гаpдид, ки Имод низ даp шyмоpи онхо каpоp дошт.Шамсуддин аз-Захабй даp "Дувал ал-ислом" таъpиxи вафоти вазиpи мазкyppо чунин ба калам додааст: "Даp ин сол (560 х.) вазиpи одил Авнуддин Яхё ибни Мухаммад ибни Дyбайpа аш-Шайбонй даp синни 61 солагй вафот каpд. У аз аъёни факехони шаpафманд ба шyмоp меомаду тавассути фазоилу xиpад ва адолатмандии хамешагиаш сазовоpи эхтиpоми баланд гаpдида , сохиби таснифот низ буд. Мавсуф баp асаpи захpолyдшавй даp БаFдод шахид гаpдид. Маpдyм ба Авнуддин ибни X,yбайpа мухаббати зиёд доштанду баp маpги вай ашки бисёp pеxтанд ва баp y таассуф xypданд" [15, с. 64]. Нукоти мазкyppо Абу Шома низ тасбит намудаву афзун баp он чунин нигоштааст: " Даp ин сол (560 х.) вазиpи БаFдод Авнуддин Абyлмyзаффаp Яхё ибни Мухаммад ибни Дуба^а аш-Шайбонй аз Бани Зухл ибни Шайбон ибни Саълаба ибн ал-Дисн вафот каpд. У олими ботакво ва пайpави мазхаби ханбалй буд. Ибни Дyбайpa нахуст ба хайси вазиpи ал-Муктафй ва сипас ал-Мустанчид адои вазифа намудааст. У сохиби чанд таснифот мебошад, ки "ал-Ифзох фи шаpх ал-аходис ас-сихох" аз зyмpаи онхо ба шyмоp меpавад. У даp махофили

худ афозили вактро аз миёни аъйони мазохиби чахоргона ва забоншиносони барчаста гирд меовард ва ба он мачолис нуру зиёъ мебахшид. Мавлудаш рузи якшанбеи санаи сенздахуми мохи чумодй-юл-аввали соли 497 х. сурат гирифтааст. У аз он нафаронест, ки русуми салотини Ачам ва шукуху шавкати ононро дар Ирок бо хусни тадбири худ зинда намуд" [9, с. 377-378].

Бино ба ахбори Ибни Асир у дар мадрасае, ки барои ханбалиён бунёд карда буд, дар "Боб ал-Басра" мадфун гардидааст [4, с. 480]. Ибни Касир уро бехтарини вузаро дар донишмандиву хусни сират ва адлу дод ба шумор овардааст [8, с. 415-417].

Дамин тарик, пас аз фавти вазири мавсуф ба дастури халифа ал-Мустанчид Имодро ба зиндон андохтанд ва дар натичаи он у муддате дар тангии айш карор дошт. Дар иртибот ба ин, Имод дар тазкира чунин гуфтааст: "Вакте ки вазир Ибни Дубайра вафот ёфт, ба сабаби ноиби у буданам дар Воситу Басра маро дар Багдод ба зиндон андохтанд. Пас бо касидае халифаро мадх намудам ва тавассути он мохи шаъбони соли 560 х. дархости шафоат намудам" [19, с. 56]. Пас Имод дар тазкира хаштод абёти он касидаро интихобан бозгу намудаву теъдоди абёташро хеле тулонй хондааст. Дар радифи ин, бино ба тасрехи Имод у касидаи дигаре низ дар ситоиши хонсолори халифа Имодуддин ибни Азудуддин ибни Раис ар-руасо, ки марди фазилатпешаву адабпарвар буд, ирсол намудаву аз у дархости мусоидат кардааст. Сипас бо поймардии ин шахсияти начибу адолатпеша аз гирифторй озод гардид. Бар мабнои нигоштахои Имод чун касида ба сахми халифа расонида шуд, барои озод намудан ва барояш бахшидани атохои зиёд амр намуд [19, с. 63].

Аз рузгори Имоди Котиб дар Багдод бармеояд, ки у дар сояи хилофати Аббосй донишу маърифати хешро сайкал бахшида, дар назди устодони забардасти замон тахсили илм намуд. Махз ин маркази бузурги илму фарханг ва хавзахои илмиву адабии он дар ташаккули шахсият ва камолоти илмии ин донишманди забардаст накши бориз гузоштааст.

Адабиёт:

1. Бартольд В. В. Сочинения. Т. 1. Туркестан в эпоху монгольского нашествия. Москва : Издательство Восточной литературы, 1963. 763 с.

2. Крымский А. Е. История Персии, её литературы и дервишской теософии. Труды по востоковедению издаваемые Лазаревским институтом восточных языков, вып. XVI. Т. III. Москва, 1914-1917. 468 с.

3. .jj^I ^ ИДИ! jj nl^ ^^ a sjaisii j j'a i^jia SjAIjlI .^^jj i^J* jj jj^I i^^jlliVI

344 - 6 '6 H>.VI ^ 1992/1413 ^bVI ä^LUi '¿Ы -^JJjJ 'Äji«JI ^SlI

^ nj^ лд. a j Ax^Jj ^jjijji ^i (J^l^lI ^j^ji jjI jj jj jn^lI jjl jj^lI je 'jjjvi jj^

504-9 ij^JI 'h^Ij^VI ^ 2003/1424 ä*jijji Ä^LlI jUJ -^JJjJ Ä^I ^slI

5. ILt jislI ллс j ÄnIjj .^avi j ^jl^JI ^jj^ ^i .^l^ jj qia^jji \'t ^j^ji jjI '^jj^JI jj) ^j^JI '18-^Ij^VI ^ 1992/1412 Ä^L .¿ы 'Ä^UI ^SlI .ILt ^ ^----j

260 -18 ^j^JI j 348-17

6. .^lljC. рЬп^] jjJ^jll ^aa^.^l^jti ^i yl^VI .Лл^-л Uj U^l ^anl ^ILÄJI jjl Uj]

439- Л1?Л11 i8 <^1Л1?-Л11 ЛЛС. .Uljj^^ljjjj tjjl l ^ jb

7. 'ülje^ Лл^л t<_llSlVl л ^i i_ibVl . UJ jljj^l Jjt J. Uall Jj| UJjll t^ijall jjl

591-2 ^j^ll t6 elj?Vl ЛЛ^1374 jlnjl j ^jÄji ^jljj ^Ijlnojl

8. Aja^nVl j AJJJÄJI '"llnljjll j Дj^jll .Ajl^jll j Ajljjll .jat Uj] Jjtlani] s-ljall jjl ¿¿ЛИ л1л& tjjj£ UJ]

782-16*>ll t20-H>Vl лл^1998/1419 JjVl A*jLll t j^Jl jb

9. jb .Aj^Nill j Äjjjjll Ujjljjll jbi.1 ^i oft» ^jjll ^шлядЧ U^^jll Jjt UJjll ni jjl

384- 1 all t5 -^1л1^л11 ЛЛЬ .jljjl -^jjJJ .Aj^laJl

10. Annja .^Lj^ll ^jjl jat j frllUll ^üjl ^ JJC . üljljll ^jJä .^J^J UJ Лл^1 ^jl t^jj^jll

768-1987/1407 jl^jl -^JJJJ .jnsll j AtljLll

11. .A^J^S Jjia ji»ll jnl^a ^i jÄjll A .jjiia jjl Jjtlfl n] Qj ЛЛ^Л Qj ^lall Jjt

280-3 4-^lj?Vl ЛЛЪ 1983/1403 ^ljVl A^l jlijJ-^j^ A^l L^Sll JIJ

12. j^áll JIJ .ypVl Áij*— ^i <_ujVl Jl^jl jl S-IJJVI — .^jálj Л1 Jjt ^JI jjjll ".t^j^^íl 20 JJt 1980/1400 ÁJUJII Á^Lll í(yjjill j j&ll j ÁtbLll

13. JI^ll 5-<^IJV—ll JJt 1977/1397 j1*jl JJI^ JIJ .jljljll — ^ Jjt ^JI jjjll yb

540 -1

14. .^jj*— Jljt ji^ü .»^tVl J JjAln—ll J ¿dJ^J .jl —ÓJ ÓJ Üd^l ^n — ni'^JAUl

1328-12 .13 ^¿Ml ^ ^JjVI 2003/1424 ' ^—^Vl yjill JIJ

15. jj—^* j Sjj* cJjtl—^j ü^^ .^^^yi JjJ .jl—^t ój óJ ^ ^.t ^jI üd^Jl ^'^.Aill

384-2 f>ll 2-fl>Vl J¿t 1999 Jjvi á^ui tpljjS jjjj jji— jij .ujjujVl

16. Ó* Át. j—^* jljtVl ¿djlJ ^i jl*jll sij* .^^^jljS ÜJ ' "jj Jík—Ч ^ji Üd^íl Ц " — "í '^jj^íl Üjj "' 23^1.^1 2013/1434 ájjUi Áll^Jl

17. jü! J—A .SjAlSll j j^ — ¿jj^ ^i .j^ü jü j—^jll Jüt jjjll J^-^ J. uáti jj| t^Ljjrníl

616 -1f>ll 2- fl>Vl JJt 1967/1387J jVl Á*jLlltÁjjj*Jl ySSl JIJ .-¿Aljj Juill

18. j -LjjlijVl J—^I fi*<'tjj .CihíjJb ^iljll .Л1 üj ^."i ÜJ jji^ Üd^íl — '^^¿^all 284-Jjvi f>Jl 29 - fl>Vl J^t.2000/1425 JjVl Á*JL1I .jlijl -^jjjj ¿iljll eUJ JIJ

19. .^J^Vl Л—j .^3ij*]| ^iSll .J^axll ОЛЦ^ J ÓAlJ^ . Vi Üd^ll jl—t

559-Jjvi fj^Jl'4-flj^Vl jjt 1955/1375'^álj«íl ¿^-ll Á^ 'jijíj

20. J ■ ^ 'ÜJ*l ^l OJ^j .J^a* fljA^ .J^axll S^dJ^ J J^asll S^dJ^ . ^Jil^íl ^'l^í^Vl Üd^ll jl—t

322-Jjvi fj^Jl 2-flj^Vl J^t 2005/1426'Sj>líl1j Áj—jSll ¿üJJJI j ySSll jlj.^ljt pl^^l

21. JjjS^ll j .jl^i^j jai f^^á J^axll sjjj^ j J^aSll sjjj^ .^íl^Jl ^jl^i^Vl Üd^ll jl—t

366- 1999/1419'(^ijj1i sij*) ^ijj* f^^d' '^j"^* ^ijj* J^j jjíj .á u ji л—jlj^t

22. .^j'-i-Vi ^jl^jjll л—üj ^It üj ^"¿Jl .^j^i^ Jl ájjj ¿dj^^ .' li ^jl^i^Vl üd^ll j1—t

284-1900/1318 j^* ' ll 'ájjj*ji ^jsii ¿.U á£

23. f^-^JJ '.^jl-i-l ^jl^jj jl^aJ^l .Sj^axjl Á^Lj j SJ^ajll S^Jj j^i^ ¿dJ^J .^Jl^H ^jl^í^Vi Üd^ll jl—t

376-1356 'jljdl ^^jAji jljjj ^ijl^jjl '^iji? üjл—

24. jlj Júill JJI — sl^jll oljjl oljjll oljjJ .^^jj jj jjjjll J^—^ í^LiSll

415-2 fj^Jl JJt 1986/1406 Á*JL1I t^jjjJ-ÁjilSll ^ssll Я^^зл j sj>l5ll-^üj*Jl jSill

25. Jлt 2008/1429 Ájj^l á^.hi 'j^^li 2.."<—4 .^jj*Vl ^jia л^^* ¿js^j .^lálvi J ^jill .^l.^ '^^l

498-2 fj^Jl '3-flj^Vl

26. 1354 'jljj ^ijl^Jjl .^álj^Jjjj aj .A*ljJí^ J^alj

ЖИЗНЬ ИМАДА КАТИБА ИСФАХАНИ ПОД ПОКРОВИТЕЛЬСТВОМ

АББАСИДСКИХ ХАЛИФОВ

Аннотация. В данной статье автором описана жизнь выдающегося государственного деятеля, историка, ученого и писателя Имодуддина Исфахани под покровительством Аббасидских халифов, в лице ал-Муктафи и ал-Мустанджида. Автор приходит к такому выводу, что именно благодаря своему большому таланту и поддержки высокопоставленных покровителей он достиг вершины успехов в своем поприще.

Ключевые слова: автор, статье, жизнь, благодаря, высокопоставленных, выводу, ученого.

LIFE OF IMADA KATIBA ISFAHONI UNDER THE PROTECTION

OF ABBASIDS KHALIFAT

Abstract. In this article the author considers the life of the outstanding statesman, the historian, the scientist and writer Imoduddina Isfahani under the protection of Abbasidsky Caliphs, in the person of al-Muktafi and al-Mustandzhida. The author comes to such conclusion what exactly thanks to the big talent and supports of the high-ranking patrons it has reached tops of successes in the field.

Key words: author, article, a life, thanking, high-ranking, to a conclusion, the scientist.

Сведения об авторе: Раджабова Мархабо Тухтасуновна - кандидат филологических наук, докторант кафедры арабской филологии Худжандского государственного университета имени академика Б.Гафурова, e-mail: rajabova.marhabo@mail.ru

Information about the author: Rajabova Marhabo Tukhtasunovna - Candidate of philology sciences, chairs of Arabian philology Khujand State University named after academician B. Ghafurov

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

ТАРЧ,УМАХРИ «БАХ,ОРИСТОН»-И АБДУРАДМОНИ ^ОМИ

БА ЗАБОНИ ТУРКИ

Цомии Му%аммадра%им

Институти забон, адабиёт, шарцшиносй ва мероси хаттии Академияи илмуои Цум^урии Тоцикистон

Дар адабиёти форсии точикй чехрахои тобнок ва мондагоре зиёданд, ки осорашон кариб ба тамоми забонхои дунё тарчума, тахкик ва нашр гардида, шухрати чахонй касб кардаанд. Баъзан, бо афкору андешахои намояндагони ин адабиёт, халки адабпарвари чахон чунон муносибат карда арчгузорй менамоянд, ки дигар ба гуфтахои боло шубхае намемонад. Яке аз чунин шахсиятхои чахонишуда Нуриддин Абдурахмони Ч,омй мебошад, ки осорашро мардуми олам хам ба забони асл ва хам ба забони тарчума мутолиа менамоянд. Дар ин миён мардуми турк шояд аз пешгомтарин мардумоне бошад, ки берун аз хавзаи адабии форсии точикй ба осори Ч,омй таваччухи зиёд зохир кардааст. Баъзе асархои ин бузургвор хануз дар замони кайди хаёт буданаш ба забони туркй тарчума гардида, барои иддае аз онхо шарху таъликот навишта шудааст. Яке аз бузургтарин асари Ч,омй "Бахористон" мебошад, ки дар Туркия борхо тарчума ва нашр гардидааст. Чунончи:

1. Тарчумаи Нурй Генчосман (Nuri Gen9osman), ки ду дафъа чоп гаштааст:

А) Дар нашриёти «Меб Яайинлар» (Meb Yayinlari) соли 1945. 185 сах.

Б) Дар нашриёти «Маориф ваколат» -и Анкара, соли 1958. 185 сах.

2. Тарчумаи Якуб Кенан Начефзаде (Yakub Kenan Necefzade), нашриёти «Силсилаи шохасархои Шарк», Истанбул, соли 1967. 192 сах.

3.Тарчумаи Килислй. Рифат Билге (Kilisli Rifat Bilge), нашриёти «Meral Yayinevi», Истанбул соли 1970. 144 сах.

4.Тарчумаи Садик Яалсизучанлар (Sadik Yalsizu9anlar) нашриёти «Tima§ Yayinlari».

5.Аднан Караисмоилоглу (Adnan Karaismoiloglu), нашриёти «Ak9ag Yayinlari», Истанбул соли 2009.

«Бахористон»-и Абдурахмони Ч,омиро бори аввал соли 1836 (1252) Мехмет Шакир (Mehmet Shakir) ба забони туркии усмонй тарчума карда, онро «Х,адят-ул-ирфон дар шархи Бахористон» (Hediyyet-ul-irfan der Sherhi Baharistan) номгузорй намудааст. Ба кавли донишманди турк Асаф Халат ^saf Halat): «Забони тарчума ва шархи он сода ва ширадор буда, одамро ба худаш чалб мекунад» [3, с. 41]. Вале ин шархро мо то хол дастрас накардаем. Аз тарчумахои «Бахористон», ки гуфтем факат ду тарчумаи он дастраси мо гардидааст, ки якеаш ба калами Якуб Кенан Нечефзаде (Yakub Kenan Necefzade) тааллук дорад, ки аз 192 сахифа иборат буда, соли 1967 дар нашриёти Dogu seheserleri serisi (Силсилаи шохасархои Шарк) ба зевари табъ ороста шудааст. Мутарчим дар вакти тарчума кушидааст, ки матлабро фахмо ва орй аз хама гунна зиёдпардозихо ба хонанда бозгу намояд. Равзахои китоби "Бахористон" -ро Якуб Кенан Нечефзаде ''bah9e'' номидааст,ки тарчумааш ба точикй "богча" мешавад. Равзахои "Бахористон" дар ин тарчума чунин номгузорй шудаанд. ilk bah9e: Allah

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.