Научная статья на тему 'Заволи сулолаи Сафавиён ва ба сари ҳокимият омадани Нодиршоҳи афшор'

Заволи сулолаи Сафавиён ва ба сари ҳокимият омадани Нодиршоҳи афшор Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
409
70
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
история Ирана / династия Сефевидов / падение Сефевидов / приход к власти Афшаридов / военно-политическая ситуация / Хорасан / Средняя Азия / первая половина XVIII в. / таърихи Эрон / сулолаи Сафавиён / таназзули давлати Сафавиён / ба сари ќудрат омадани Афшориён / вазъи њарбиву сиёсии Хуросон / Осиёи Миёна дар нимаи аввали асри XVIII / history of Iran / Sefevids` dynasty / decline of Sefevids / rising to power of Afsharids / military-political situation / Khoroson / Central Asia / the first half of the XVIII-th century

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Назаров Довуд Алиевич

Целью статьи является показ истории смены правящей династии в Иране в первойполовине XVIII века. В работе раскрыта сложная история Ирана, и в особенностиХорасана исследуемого периода, когда произошли важные военно-политические события,связанные с падением династиии Сефевидов и приходом к власти представителя племениАфшаридов – Надир-шаха. Автор статьи, используя письменные источники, всестороннеобобщил кризисные явления, феодальные и религиозные распри, которые происходили припоследних правителях-Сефевидах, раскрыл причины и последствия нашествия афганцев иосманских тюрков на территорию Ирана, проанализировал геополитические интересыРоссии в Прикаспийском регионе, всесоронне обобщил сведения о борьбе иранского народапротив иноземных захватчиков. В статье особое внимание уделено вопросамполитической борьбы за центральную власть в Иране.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

DECLINE OF SEFEVIDS` DYNASTY AND RISING TO POWER OF NODIRSHOKHI AFSHOR

The author highlights the history of changes which took place within the ruling dynasty in Iran in the first half of the XVIII-th century. In his article the author discloses the complicated history of Iran; in particular, Khuroson referring to the period in question when an important military-political events connected with the decline of the dynasty of the Sefevids took place and rising to power of the representative of the tribe of Afsharids – Nodirshakh. Resorting to written sources he summarizes comprehensively crisis phenomena, feudal and religious dissensions which took place under the last governors of the Sefevids. The author reveals reasons and consequences of Afghans` and Ottoman Turks` innovasion into Turbs invasijn the territory of Iran. D. Nazarov analyzes geopolitical interests of Russia in the coastal region of Caspiy; he summarizes the information concerned with the struggle of the Iranian people against foreigner invaders. Special attention is paid to the issues of political struggle for central power in Iran.

Текст научной работы на тему «Заволи сулолаи Сафавиён ва ба сари ҳокимият омадани Нодиршоҳи афшор»

УДК 94 (3)

ББК 63.3 (5 Ирон)

Назаров Довуд Алиевич,

сармутахассиси хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф (Тоцикистон, Душанбе)

Назаров Довуд Алиевич,

ведущий специалист государственной службы надзора в области образования (Таджикистан, Душанбе)

Nazarov Dovud Aliyevich,

chief expert of the Statal Service on Surveillance in the sphere of education (Tajikistan Republic, Dushanbe), E-MAIL:vestnik-tsulbp@mail. ru

Ключевые слова: история Ирана, династия Сефевидов, падение Сефевидов, приход к власти Афшаридов, военно-политическая ситуация, Хорасан, Средняя Азия, первая половина XVTTT в.

Целью статьи является показ истории смены правящей династии в Иране в первой половине XVTII века. В работе раскрыта сложная история Ирана, и в особенности Хорасана исследуемого периода, когда произошли важные военно-политические события, связанные с падением династиии Сефевидов и приходом к власти представителя племени Афшаридов - Надир-шаха. Автор статьи, используя письменные источники, всесторонне обобщил кризисные явления, феодальные и религиозные распри, которые происходили при последних правителях-Сефевидах, раскрыл причины и последствия нашествия афганцев и османских тюрков на территорию Ирана, проанализировал геополитические интересы России в Прикаспийском регионе, всесоронне обобщил сведения о борьбе иранского народа против иноземных захватчиков. В статье особое внимание уделено вопросам политической борьбы за центральную власть в Иране.

Key words: history of Iran, Sefevids' dynasty, decline of Sefevids, rising to power of Afsharids, military-political situation, Khoroson, Central Asia, the first half of the XVIII-th century

The author highlights the history of changes which took place within the ruling dynasty in Iran in the first half of the XVIII-th century. In his article the author discloses the complicated history of Iran; in particular, Khuroson referring to the period in question when an important military-political events connected with the decline of the dynasty of the Sefevids took place and rising to power of the representative of the tribe of Afsharids - Nodirshakh. Resorting to written sources he summarizes comprehensively crisis phenomena, feudal and religious dissensions which took place under the last governors of the Sefevids. The author reveals reasons and consequences of Afghans' and Ottoman Turks' innovasion into Turbs invasijn the territory of Iran. D. Nazarov analyzes geopolitical interests of Russia in the coastal region of Caspiy; he summarizes the information concerned with the struggle of the Iranian people against foreigner invaders. Special attention is paid to the issues of political struggle for central power in Iran.

ЗАВОЛИ СУЛОЛАИ САФАВИЁН ВА БА САРИ ҲОКИМИЯТ ОМАДАНИ НОДИРШОҲИ АФШОР

ЗАКАТ ДИНАСТИИ СЕФЕВИДОВ И ПРИХОД К ВЛАСТИ НАДИР-ШАХА

АФШАРА

DECLINE OF SEFEVIDS' DYNASTY AND RISING TO POWER OF NODIRSHOKHIAFSHOR

60

Назаров Д.А. Заволи сулолаи Сафавиён ва ба сари ҳокимият омадани Нодиршоҳи Афшор

Сафавиён аз давлатҳои феодалии Эрон ба шумор рафта, аз ибтидои асри XVI то охири чоряки аввали асри XVIII дар ҳудудҳои Эрон, Озарбойҷон ва Арманистон ҳукмронӣ кардаанд. Тамоми заминҳои қаламрави давлатро шоҳ дар ихтиёри худ дошт.

Сиёсати шоҳони сафавӣ ба таҳкими ҳукумати марказӣ ва мубориза бар зидди нифоқҳои феодалӣ равона гардида, давлат дар замони шоҳ Аббоси I муваффақиятҳои фавқулодаи бузургеро ба даст овард. Фишори бераҳмонаи шоҳ нисбат ба ашрофи муқтадири феодалӣ-низомии қабилаҳои қизилбош ба хотима додани балвоҳои муқаррарии феодалҳо оварда расонид ва шароити нисбатан мусоидро барои тавсеаи иқтисодӣ фароҳам овард.

Вазъияти бӯҳронии давлати Сафавӣ аз замони ҳукмронии шоҳ Сулаймон (16661694) огоз гардид ва ин ҷараён дар замони шоҳ Султон Ҳусайни Сафавӣ (1694 — 1722) авҷ гирифт. Суқути давлати Сафавӣ аз зиддиятҳои дохилии табақаи феодал ва рӯ гардонидани қисме аз онҳо аз шоҳони сафавӣ вобастагӣ дошт.

Ашрофони маҳаллии сарзаминҳои тасхиршуда ва вассалӣ монанди Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон ба сафи мухолифон пайвастанд (1, с.52).

Ҳатто рӯҳониёни суннимазҳаби Озарбойҷон, Афгонистон ва дигар ҷойҳо бар зидди Сафавиён бархестанд. Таъқиби сунниён сабаби норизоии онҳо шуд. Дар шароити зулму ситами мазҳабӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ феодалҳои Арманистон, Догистон, Гурҷистон, Қарабоги Шарвон ва Афгонистон ба муборизоти истиқлолхоҳонаи халқ ҳамроҳ мешуданд.

Оид ба инқирози давлати Сафавиён Дурӣ Афандӣ сафири султонии Туркияи Усмонӣ дар Эрон соли 1720 ҳангоми бозгашт ба ватанаш гузориш дода мегӯяд: «Давлате, ки замоне «шукуфону обод» буд, акнун умраш наздик ба поён аст» (5, с.51).

Яке аз музофотҳои шарқии давлати Сафавиён шаҳри Қандаҳор буда, он аз аввалинҳо шуда, аз ҳайати давлати Сафавиён баромад. Дар ин маҳал соли 1709 яке аз нерӯмандтарин қабилаи афгон, қабилаи гилзой шӯриш бардошт. Дар натиҷаи ин шӯриш Қандаҳор аз давлати Сафавиён чудо гардид ва дар соли 1717 амир Маҳмуд ҳокими он чо шуд. Дар охири соли 1721 гилзоиён, ки гурӯҳҳои чудогонаи қабилаҳои дигари афгон ба онҳо пайваста буданд, дар якчоягӣ бо қабилаҳои гайриафгон бо сарварии Мир Маҳмуд ба самти гарб лашкар кашиданд. Моҳи марти соли 1722 онҳо пойтахти давлати Сафавиён шаҳри Исфаҳонро муҳосира намуданд. Дар натича, санаи 22 октябри ҳамон сол шоҳ Султон Ҳусайн ба урдуи амир Маҳмуд омада, маглубияти худро эътироф намуд. Инчунин, точи шоҳиро ба сари Маҳмуд гузошт. Аз он замон афгонон дар Форс ва Кирмону Ироқи Ачам паҳн шуданд.

Дар Астаробод амалан Фатҳалихони Қочор ҳукумати мустақил дошт. Ин феодали муқтадир ба Таҳмосп Мирзо, писари шоҳ Султон Ҳусайни Сафавӣ (июни соли 1722), ки аз муҳосираи Исфаҳон гурехта буд, паноҳгоҳ дод. Пас аз он ки амир Маҳмуд Исфаҳонро тасарруф намуд, Таҳмосп Мирзо худро шоҳи Эрон эълон намуд.

Дар давоми панч соли баъди аз даст рафтани қудрати сиёсии шоҳ Султон Ҳусайни Сафавӣ дар ин минтақа сиёсати хоричии Туркия ва Русия фаъол гардид. Чӣ тавре, ки академик В.В.Бартолд таъкид мекунад: «Туркияи Усмонӣ аз заволи ҳокимияти форсҳо истифода бурда, мехост бархе аз вилоятҳоро забт намояд ва чун дар асри XVI ҳокимияти худро барпо намояд» (2, с. 762).

Туркияи Усмонӣ кӯшиш менамуд ҳукмронии худро дар Шарвон ва минтақаҳои дигаре, ки аз давлати Сафавиён чудо шуда буданд, мустаҳкам созад.

Русия низ мавқеи худро дар минтақаи назди Каспӣ пурзӯр намуд. Дар он вақт Пётри I ба Эрон лашкар кашид. Қушуни Русия моҳи сентябри соли 1722 Дарбанд ва

61

Nazarov D.A. Decline of Sefevids' Dynasty and Rising to Power of Nodirshokhi Afshor

соли 1723 Бокуро ишғол кард. Туркҳо бошанд баҳори соли 1723 Тифлисро гириф-танд. Ин вазъият шоҳ Таҳмоспро маҷбур мекард, ки бо Русия наздик шавад. Тибқи қарордоде, ки байни давлати Сафавй ва Русия баста шуд (сентябри соли 1723) Русия ваъда дод, ки дар ҷанг бар зидди афгонон ба Таҳмосп ёрй мерасонад. Бар ивази ин, шоҳ Таҳмосп мулкҳои забтнамудаи Русияро эътироф намуда, Гелон, Мозандарон, Астарободро ба ихтиёри Русия вогузошт. Русия ваъда дод, ки Эронро дар мубориза алайҳи қувваҳои марказгурези дохилӣ, таҷовузи афгонҳо ва туркҳо ҷонибдорӣ мекунад (3, с.78, 80-81). Аммо қӯшуни Русия танҳо бо ишголи Гелон қонеъ гардид.

Лашкаркашии Пётри I ба Эрон ва қарордоди соли 1723 муносибати Туркияро бо Русия тезутунд намуд. Бо вуҷуди ин, моҳи июни соли 1724 миёни Русия ва Туркия қарордод баста шуд. Султони турк он заминҳое, ки Русия тибқи қарордоди соли 1723 ба даст оварда буд, эътироф намуд ва Русия низ Кавказ ва шимолу гарбии Эронро ҷузъи таркибии Туркия донист. Вобаста ба ин қарордод қӯшуни султони Усмонӣ тамоми шимолу гарбии Эрон, Озорбойҷон, Курдистон ва ҳатто бархе иёлот (Қазвин, Ардабил)-ро, ки дар қарордоди пешина набуд, ишгол намуд (1, с.57).

Ишголгарони турку афгон ба Эрон харобиҳои зиёде оварданд. Муноқишаҳои байнихудии феодалони маҳаллӣ низ ба вазъияти иқтисодии ин давлат таъсири манфӣ расонид. Дар ин давр афгонони госиб дар миёни мардум такягоҳе надоштанд. Чӣ кӯшишҳои Мир Маҳмуд ва чӣ кӯшишҳои ҷонишин ва писарамаки ӯ Мир Ашраф (соли 1725 баъди кушта шудани Мир Маҳмуд ба сари қудрат омадааст) барои ҷалби ҳимояи маъмурони давлат ва ашрофи қабилаҳои чодарнишин натавонистанд муваффақият ба даст оваранд. Ҳамчунин, шоҳони афгон натавонистанд тоҷирони эрониро (ба ҷуз зардуштиҳо) ба тарафи худ ҷалб кунанд. Шоҳони афгон маҷбур буданд, ки фақат ба қӯшуни худ такя кунанд. Ҳукумати афгонон дар Эрон бо истибдоди зулму зӯрӣ ба роҳ монда шуда буд. Ин ҳукумат танҳо бо фишору зӯроварӣ мавқеи худро нигоҳ медошт.

Ишголгарони афгон таҳти сарварии Мир Ашраф маҷбур буданд, аз як сӯ бо шоҳ Таҳмосп ва Фатҳалихони Қоҷор (ҳокими Астаробод) ва, аз тарафи дигар, бо қӯшуни Русия дар Гелон ва ишголгарони Туркия низову кашмакаш намоянд.

Мир Ашраф дар ҷанг бо русҳо шикаст хӯрд. Инчунин тазйиқи Туркияи Усмонӣ торафт вусъат меёфт. Дар натиҷа, тибқи қарордоди 13 октябри соли 1727 Мир Ашрафи афгон ҳукумати султони Усмониро дар Озарбойҷон, Курдистон, Хузистон ва қисмате аз Эрони марказӣ ба расмият шинохт. Ин шикастҳо аз заифии қӯшуни аф-гонон гувоҳӣ медод ва заминаро барои талоши баъдии он омода менамуд. Дар замо-ни ҳукмронии Мир Ашраф дар натиҷаи ихтилофи гилзоиёни қандаҳорӣ ва афгонони дар Эрон мустақар буда, нерӯи низомии афгонон хеле заиф гардид. Мир Ашрафро дар қатли Маҳмуд, бародари Ҳусейнхон, ҳокими Қандаҳор муттаҳам карданд.

Инчунин, ба суст гаштани мавқеи афгонон дар Эрон муборизаҳои озодихоҳонаи гурӯҳҳои васеъ, шӯришҳои пай дар пайи халқӣ, чӣ кишоварзон ва чӣ аҳолии шаҳрҳо сабаб шуданд.

Халқи Эрон ватани худро дар мубориза ба муқобили ишголгарони бегона дифоъ мекард. Оид ба масъала Шайх Муҳаммад Алии Ҳазин мегӯяд: «Бисёр тааҷҷубовар аст, ки бархе қароъа дар арзи 7 соли фармонравоии афгонон мартабан барои истиқлоли худ мубориза мекунанд ва бо вуҷуди он ҳама кӯшишҳои ишголгарони афгон мардум ҳаргиз ба онон таслим нашуданд. Ба таври куллӣ афгонон ҳарчанд пирӯзиҳое ба даст оваранд, вале ҳаргиз оромиш надоштанд ва пайваста дар ваҳшати ҳуҷуми раъоё буданд (9, с.126).

62

Назаров Д.А. Заволи сулолаи Сафавиён ва ба сари ҳокимият омадани Нодиршоҳи Афшор

Сарчашмаҳои хаттӣ далолат медиҳанд: қабл аз он, ки табақаи феодалони Эрон муборизаро бар зидди ишголгарони бегона огоз намоянд, мардуми одӣ мустақилона ба мубориза зидди аҷнабиён пардохтанд. Муборизаи халқ голибан дар либоси «иддаоҳои дурӯгӣ» зоҳир мешуд (6. с.129). Масалан, дар миёни бахтиёриён шахсе бо номи Сайид Ҳусайн иддао кард, ки бародари шоҳ Султон Ҳусайн аст. Ӯ амалиёти худро дар минтақаи Исфаҳон огоз кард. Сайид Ҳусайн дар ҷанг бо афгонон кушта шуд ва қӯшунаш торумор гардид. Ҷунбиши дигари зиддиафгонӣ бо номи Маҳдии дуругин ва ҳаракати дигар бошад ба номи Саид Аҳмад Ҳамроҳ ба вуқӯъ пайваст. Сайид Аҳмад соли 1727 худро шоҳ хонд ва феодалону аъёну ашроф ба номи ӯ ҳам хутба хонда, сикка заданд. Ӯ бо афгонон задухӯрдҳои зиёд намуд, натавонист Табрез, Кирмон ва Доробро тасарруф кунад, дар Шероз бо нокомиҳо рӯ ба рӯ шуд. Ӯ дар қалъаи Ҳасанобод ба муҳосираи қӯшуни сеҳазораи Мир Ашраф афтода, асир гардид ва дар Исфаҳон ба қатл расонида шуд.

Дар ҳамон замон Сӯфӣ Мирзо ном шахс низ худро писари шоҳ Султон Ҳусайн хонда, бахтиёриҳоро ба мубориза бар зидди асоратгарони турку афгон даъват намуд. Қариб 20 000 нафар ҷамъ кард. Ӯ Шуштар, кӯҳи Гелуя, Хурамобод ва дигар шаҳрҳоро тасарруф кард ва сипас худро шоҳ хонд. Фаъолиятҳои Сӯфӣ Мирзо Нодирқулиро ба ташвиш овард. Нодирқулӣ номае ба хони бахтиёрии кӯҳи Гелуя навишт ва ёдовар шуд, ки иддаои Сӯфӣ Мирзо дурӯг аст. Хонҳои бахтиёрӣ аз тавсеаи ин ҳаракат ба ҳарос афтоданд ва ӯро ба қатл расониданд.

Шахсе бо номи Шомил Каром, ки бо тоҷирӣ машгул буд, худро бародари шоҳ Султон Ҳусайн эълон намуда, зидди афгонҳо дар соҳили халиҷи Уммон ва Балуҷистон амалиётҳои ҷангӣ бурд. Дар Балуҷистон Шомил Каром огаҳӣ ёфт, ки Мир Ашраф қӯшуни нисбатан бузурге барои саркӯб намудани ӯ фиристодааст, маҷбур шуд, ки ба Ҳиндустон фирор намояд.

Аз муборизаи фаъоли халқҳои Эрон бар зидди ишголгарон Нодирқулихон (Нодиршоҳ) - намояндаи авлоди қарқулуи қабилаи афшор истифода бурд. Нодирқулӣ дар ибтидои даҳаи сеюми қарни XVIII дар Хуросон ба хидмати қӯшуни Бобоалибек (ҳокими Абевард) медарояд. Дере нагузашта сарварии қӯшунро ба ихтиёри худ гирифт. Мулкҳои Калот, Дастҷурду Абевард ба итоати ӯ даромаданд. Аммо ӯ натавонист ҳукумати худро дар Хуросон тавсеа бахшад, зеро яке аз муқтадиртарин феодалони он замон - Малик Маҳмуди каёнӣ (Сиистонӣ), ки дар тамоми Хуросон ва Сиистон нуфуз дошт, садди роҳи ӯ гардид. Дар масъалаи зери итоат даровардани Хуросон байни онҳо муборизаи шадид шурӯъ шуд. Кӯшиши Нодирқулӣ барои тасхири Машҳад, пойтахти Малик Маҳмуд бебарор анҷомид. Соли 1726 шоҳ Таҳмосп ва Фатҳалихони Қоҷор бо мақсади сарнагун намудани Малик Маҳмуд бо қӯшун ба Хуросон ворид шуданд. Аз мавриди қулай истифода бурда, Нодиркулӣ бо қӯшуни худ ба хидмати шоҳ Таҳмосп даромад. Ӯ бо ин роҳ мехост бо кӯмаки қӯшуни шоҳ дар мубориза бо Малик Маҳмуди Сиистонӣ пирӯзӣ ба даст орад.

Барои шоҳ Таҳмосп Нодирқулӣ бо сабабҳое зерин лозим буд: якум, аз он сабаб, ки қӯшуни ӯ артиши шоҳро тақвият мебахшид, дуюм ин ки шоҳ Таҳмосп мехост худро аз нуфузи Фатҳалихони Қоҷор муҳофизат намояд (1, с.61).

Ҳангоми муҳосираи Машҳад Фатҳалихон бо фармони шоҳ Таҳмосп кушта шуд (10, с.59). Баъди ин воқеа Нодирқулӣ фармондеҳи кулли қувваҳои мусаллаҳи шоҳ Таҳмосп шуд. Аммо тамоми намояндагони ашрофи қоҷор, ки наздикони Фатҳалихон буданд, дар мақомҳои собиқи худ боқӣ монданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки баъди ба қатл расидани Фатҳалихон шоҳ ва Нодирқулӣ бо нерӯи воқеии қоҷорҳо созиш карданд.

63

Nazarov D.A. Decline of Sefevids' Dynasty and Rising to Power of Nodirshokhi Afshor

Баъд аз ин дар муддати кӯтоҳ Нодирқулӣ Машҳадро ишгол намуд. Аммо Малик Маҳмуди Сиистонӣ аз мубориза даст накашид. Ӯ муваффақ шуд қабилаҳоеро, ки дар атрофи Марв сукунат доштанд, ба муборизаи зидди шоҳ Таҳмосп ва Нодирқулӣ барангезад. Аммо Малик Маҳмуд барои ба даст овардани ҳукумат муваффақ нагашт ва дар охир ӯ ба қатл расонида шуд.

Пас аз тасхири Машҳад ва саркӯбии Малик Маҳмуд эътибори Нодиркулӣ фавқулода боло рафт. Дар воқеъ Нодирқулӣ чӣ дар миёни қӯшун ва чӣ дар дастгоҳи ҳукумат ба сурати як шахсияти вафодор ва содиқ маъруф гардид. Аммо дере нагузашта зимистони соли 1727 байни Нодир ва шоҳ Таҳмосп ихтилоф ба миён омад. Лашкаркашиҳои бисёри Нодир ба Хабушон, Дараи Гуз, Марв, Мозандарон ва Аста-робод ба ӯ имконият дод, ки қабилаҳои сершумори курду турки Хуросонро тасхир кунад ва тамоми шимоли ховари Эронро муттаҳид намояд. Муваффақиятҳои Нодир, подшоҳи афгон Мир Ашрафро сахт ба ташвиш овард. Мир Ашраф чанд пойгоҳи низомиро, ки дар Исфаҳон мустақар буданд, бар зидди Нодир ба Хуросон равона сохт. 30 сентябри соли 1729 дар набарде, ки дар соҳили рӯди Меҳмондӯст рух дод, Мир Ашраф маглуб шуд. Мир Ашраф шитобон ба самти Теҳрону Исфаҳон ақибнишинӣ намуд. Бинобар сабаби қисмати зиёди нерӯҳои худро аз даст додан, аз қӯшуни султони Усмонӣ ёрӣ талабид. Набарди қатъӣ байни Мир Ашраф ва Нодир дар таърихи 13 ноябри соли 1729 дар Мурчихурт, 60 километрии Исфаҳон рух дод. Нодир дар мубориза бар зидди Мир Ашрафи афгон бори дуюм голиб омад. Афгонон муҳимот ва урдугоҳро дар майдони ҷанг ба ҷой ниҳода, ба самти Исфаҳон ва аз он ҷо ба самти шарқ фирор намуданд. Баъди се рӯз Нодир ба Исфаҳон ворид шуд ва Таҳмоспро ба тахти шоҳӣ шинонд. Яъне, Нодир тоҷи шоҳии Эронро бо дасти худ ба сари шоҳ Таҳмосп ниҳод. Нодир хуруҷи комили туркону афгононро ҳадафи асосии худ эълом намуд. Ӯ хуб мефаҳмид, ки танҳо ба воситаи мубориза бар зидди истилогарони бегона ба воситаи такя намудан ба халқ метавонад ҳаракати миллиро бедор намуда, мубориза барад. Аз ин сабаб, барои муборизаи пирӯзмандона бо афгонону туркон лозим буд, ки ӯ аз ҳимояти афшор ва сайи мардуми кишвар бархурдор бошад.

Дар муддати кӯтоҳ дар зери парчами Нодирқулӣ ва шоҳ Таҳмосп ҳазорон ҳазор ватанпарастон гирд омаданд. Мардуми кишвар қӯшуни онҳоро фаъолона пуштибонӣ намуданд. Масалан, ҳангоме, ки Нодир ба лашкаркашии Исфаҳон шурӯъ намуд ва аҳолии он ҷо дар замони ҳуҷуми Мир Маҳмуд гурехта, дар кӯҳҳо паноҳ бурда, беозуқа монда буданд, ба назди қушун меомаданд ва барои онҳо озуқа меоварданд. Инчунин, қисми зиёди аҳолии Эрон бо хоҳиши худ ба шоҳ рӯй меоварданд. Мо метавонем чунин гуфтаҳоро дар асарҳои Фрезер (7, с.97), Шайх Ҳазин (6, с. 177-178) ва дигарон мушоҳида намоем. Қӯшуни Нодирқулӣ ва шоҳ Таҳмосп аз ҳисоби оммаи халқи заҳматкаш рӯз ба рӯз зиёд шудан гирифт. Чуноне, ки аз гуфтаҳои сайёҳи Санкт - Петербург бар меояд, шоҳ Таҳмосп бо қӯшуни бисёр аз «3 000 нафар ва бо кӯмаки рустоиён» ба лашкаркашии Хуросон даст зад (1, с.64).

Вақте, ки кӯшуни афгон дар Исфаҳон қарор дошт, мардуми ҳар маҳал яроқ ба даст гирифта бар зидди афгонон ҳуҷум мекарданд. Оиди масъалаи мазкур Шайх Муҳаммад Алии Ҳазин хотирнишон менамояд, ки «дар тамоми тӯли роҳ ҳатто қурси ноне ба дасти онҳо (афгонҳо- Н.Д.) наяфтод». Ҷанговарони афгон маҷбур буданд, ки гӯшти хоми харон ва аспони худро бихӯранд, зеро ки мардуми ҳар маҳал ҳозир буданд ба афгонон ба маблаги гарон низ озуқа нафурӯшанд (9, с. 183-184).

Ҳангоме, ки Мир Ашрафи афгон бародари худро аз Лор ба Басра баҳри дархости кӯмак аз султони Туркия фиристод, кишоварзони навоҳии атроф ба ӯ ҳамла намуда,

64

Назаров Д.А. Заволи сулолаи Сафавиён ва ба сари ҳокимият омадани Нодиршоҳи Афшор

уро ба қатл расониданд ва ҷасадашро ба бародараш Ашраф фиристоданд. Ҳамлаҳои пай дар пайи кишоварзон ба боқимондаи қӯшуни афгонон боиси шикасти онҳо гардид (1, с.65).

Соли 1725 бар асари ҳамлаи қӯшуни Туркия ба Ҳамадон, ҳокими шаҳр ва қӯшун шаҳрро ба ҳоли худ гузошта, фирор намуданд. Дар натиҷа, мардум ба дифои шаҳри худ бархестанд ва қӯшуни туркҳо бо осонӣ натавонистанд шаҳрро ишгол намоянд. Муҳосираи шаҳр наздики 4 моҳ идома ёфт. Мардуми шаҳр ва кишоварзони атрофи он истодагарӣ ва қаҳрамонии фавқулода нишон доданд (9, с.137-138). Ҳокими Хурамобод низ ҳангоми наздик шудани қӯшуни турк фирор намуд, вале мардуми шаҳр намехостанд, ки ба госибони турк таслим шаванд, қисме аз мардум дар кӯҳҳои атроф пинҳон мешуданд. Чуноне, ки Шайх Муҳаммад Алии Ҳазин мегӯяд: «Агарчӣ туркҳо иёлоти зиёдеро, аз қабили Курдистон, Луристон ва гайра ба тобеияти худ дароварданд, аммо кишоварзон намехостанд бо ҳукумати турк оштӣ кунанд ва дар муқобили онҳо ба сахтӣ муқовимат менамуданд. Масалан, дар шаҳри кучаки Баруҷурд дар ҷое, ки туркон ҳоким таъин карда ва подгон мустақар намуда буданд, «авомун нос» ва «бозориён» исён карданд ва наздик ба 4 000 ҷангҷӯи туркро нобуд намуданд. Ин исён саркӯб гардид ва ба мардум гурумотбаста шуд» (9, с.65-66).

Аҳолии Табрез низ шаҳри худро қаҳрамонона мудофиа намуданд. Дар хиёбонҳои шаҳр муҳорибаи хунини тан ба тан сурат гирифтанд. Қувваҳо нобаробар буд. Туркҳо ба табрезиён иҷозат доданд, ки бо зану фарзанд ва як миқдори амвол шаҳрро тарк намоянд. Он гоҳ 5 000 нафар бо яроқу аслиҳа аз Табрез хориҷ шуданд. Ба гувоҳии шоҳид: «аз ҳангоме, ки ҷаҳон ба вуҷуд омад то кунун чунин диловарии бемонанде дар миёни сокинони шаҳрҳо на дар тан иттифоқ афтода» (9, с.106-130).

Ин мисолҳо аз он далолат медиҳанд, ки аҳолии шаҳрҳои Эрон алайҳи госибони турк мубориза бурданд ва нагузоштанд, ки туркон ҳокимияти худро дар қаламрави Эрон барқарор намоянд.

Пас аз берун рафтани қӯшуни афгонон аз мулки Эрон Нодирқулихон ба муборизаи зидди туркон шурӯъ намуд. Ин мубориза то охири соли 1735 давом кард ва ӯ тавонист турконро аз марзи Эрон берун кунад.

Соли 1732 Нодирқулихон аз норозигии мардуми кишвар ва нокомии Сафавиён дар ҷанги зидди Туркия истифода бурда, шоҳ Таҳмоспро аз тахт сарнагун намуд. Ба ҷои Тахмосп Аббоси сеюм, ки ҳамагӣ яксола буд, шоҳи Сафавиён эълон гардид. Аз сабаби хурдсолии шоҳ Нодирқулихон ноибуссалтана шуд ва фармонравои мутлақ гардид. Ӯ соли 1736 дар дашти Мугон дар анҷуман (шӯрои ашроф) ба номи Нодиршоҳ тоҷгузорӣ намуд (11, с.446-458), (10, с.266-269). Аббоси сеюми хурдсол соли 1740 якҷоя бо падараш ба қатл расонида мешавад.

Ҳамин тавр, дар қаламрави Эрон, аз ҷумла Хуросон ба сари қудрат Нодиршоҳи Афшор мебарояд ва баҳри бунёди давлати абарқудрат шурӯъ мекунад. Нодиршоҳ дар муддати кӯтоҳ тавонист қабилаҳои туркиро мутамарказ намояд, давлати воҳид бунёд кунад, иқтидори ҳарбии давлатро мустаҳкам намояд ва ихтилофҳои диниву мазҳабиро бартараф созад. Баъди ба сари қудрат омадан Нодиршоҳ ба лашкаркашиҳо шурӯъ намуд. Ӯ бо ин амал (фатҳи кишварҳо) мехост ганиматҳои зиёди ҷангӣ ба даст биёрад, вазъи ҳаёти иқтисодиро беҳтар кунад, дороии табақаҳои ҳокимро афзун намояд ва бо ин роҳ обрӯву эътибори давлатро боло бардорад. Нодиршоҳ то андозае ба устуворӣ ва суботи мамлакат муваффақ гардид.

Калидвожаҳо: таърихи Эрон, сулолаи Сафавиён, таназзули давлати Сафавиён, ба сари кудрат

омадани Афшориён, вазъи ҳарбиву сиёсии Хуросон, Осиёи Миёна дар нимаи аввали асри XVIII.

65

Nazarov D.A. Decline of Sefevids' Dynasty and Rising to Power of Nodirshokhi Afshor

Пайнавишт:

1. Арунова М.Р., Ашрафян К.З. Государство Надир-шаха Афшара. Очерки общественных отношений в Иране 30-40-х годов XVIII века. - М., 1958. - 283 с.

2. Бартольд В.В. Место прикаспийских областей в истории мусульманского мира / Соч. -М., 1963. - Т.2. - Ч.1. - С. 651-772.

3. Гаджиев В.Г. Петербургский договор 1723 г. // Русско-дагестанские взаимоотношения в XVI - начале XX в. Темат.сб. - Махачкала, 1988. -С. 66-83.

4. Гамзатова Д.П. Иран в период свержения власти и распада державы Сефевидов// Омский научный вестник.-№3 (55). -2007.-С.10-12.

5. M.de, Relation de Dourry Effendi, Paris, 1810, P.51.

6. Миклухо -Маклай Н. Д. Афганское нашествие в Иране (канд. диссер). - Ташкент, 1945. - 232 с.

7. Fraser James. The history of Nadir shah, formerly called Thamas Kulikhan, - London, 1742. -234 рр.

8. Синха Н.К., Банерджи А. Ч., История Индии. - М., 1954. - 442 с.

9. Sheikh Hasin. The Life of Sheikh Mohammed Ali Hasin. written by himself. Under editorship of F.S. Beljour. Persian text. With an English translation, - London, 1830-1831. - 309 с.

10. Мирзо Маҳдихони Астарободӣ. Ҷаҳонгушои Нодирӣ. / Бо эҳтимоми Саид Абдуллоҳ Анвор. -Теҳрон, 1377ҳ. - 868 с.

11. Муҳаммад Козими Марвӣ. Оламорои Нодирӣ. Бо тасҳеҳи доктор Муҳаммад Амин Риёҳӣ. - Теҳрон, 1364 ҳ. - 1800 с.

Reference Literature:

1. Arunova, M.R., Ashrafyan K.Z. State ofNodirshah Afshar. Essays of Social Relationships in Iran during the 30-ies - the 40-ies years of the XVIII-th century. - M., 1958. - 283 pp.

2. Bartold V.V. The Place of Caspian Areas in the History of Muslims' World //Compositions. M., 1963. V.2. P.l. - pp. 651 - 772.

3. Gajiyev B.G. Petersburg Agreement of 1723. // Russian-Dagestanian Mutual Relations in the XVth - the Beginning of the XX-th Centuries. Thematic articles. - Makhachkala, 1988. - pp. 66 -83.

4. Gamzatova D.P. Iran in the Period of Power Overthrow and Decline of Sefevids Power //Omsk Scientific Bulletin. - # 3 (55). - 2007. - pp. 10 - 12.

5. M.de, Relation de Dourry Effendi, Paris, 1810, p-51.

6. Miklukho-Maklay N.D. Afghan Invasion in Iran. (Synopsis of candidate dissertation in history), -Tashkent, 1945. - 232 pp.

7. Fraser James. The History of Nadir Shah, formerly Called Thamas Kulikhan, - London. -1742. - 234

рр.

8. Sinkha N.K., Banerdji A. Ch. History of India. -M., 1954.- 442pp.

9. Sheikh Hasin. The Life of Sheikh Mohammed Ali Hasin. Written by himself. Under the editorship of F.S. Beljour. Persian text. With an English translation, -London, 1830-1831. - 309 pp.

10. Mirzo Makhdikhoni Astarobodi. Jahonkushoi Nodiri. / under the editorship of Said Abdulloh Anvar. - Tehran. 1377 hijra. - 868pp.

11. Muhammad Kozimi Marvi. World-Inventor Nodiri. / under the editorship of Muhammad Amin Riyohi. - Tehran, 1364 hijra. - 1800pp.

66

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.