Научная статья на тему 'ЗАМИНАИ СОЗИШНОМАВИЮ ҲУҚУҚИИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА ПОКИСТОН (С. 1992-2004)'

ЗАМИНАИ СОЗИШНОМАВИЮ ҲУҚУҚИИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА ПОКИСТОН (С. 1992-2004) Текст научной статьи по специальности «Социальная и экономическая география»

CC BY
42
4
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ҷАҲОНИШАВӢ / СОЗИШНОМА / ҲАМКОРИҲОИ ДУҷОНИБА / САРМОЯГУЗОРӢ / БАРНОМАҲОИ РУШД / ТИҷОРАТ

Аннотация научной статьи по социальной и экономической географии, автор научной работы — Турсунов Турсунмурод Худоймуродович, Сафаров Усмон Шаҳобиддинович

Дар ҷаҳони муосир ҷаҳонишавӣ ва минтақавишавии муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ махсусан муҳим аст. Дар байни масъалаҳои мубрами муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ масъалаи ҳамкориҳои иқтисодии байнидавлатӣ мақоми махсус дорад. Ҳамкориҳои иқтисодӣ ба рушди иқтисоди ҳар як кишвар мусоидат мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз истиқлолияти миллӣ ҳамкориҳои иқтисодии худро бо кишварҳои ҷаҳон дар заминаи созишномаҳои байнидавлатӣ ба роҳ монд ва яке аз ин кишварҳо Ҷумҳурии Исломии Покистон буд. Муносибатҳои Тоҷикистону Покистон имрӯз ба қадри кофӣ устувор буда, барои рушд иқтидори назаррас доранд. Дар ҳоли ҳозир ҳузури Покистон дар Тоҷикистон дар қиёс бо Чин, Русия ва ҳатто бо Эрону Туркия ба маротиб камтар аст, аммо ин кишвар дар рушди иқтисодӣ тамоюли мусбат нишон медиҳад ва имкони рушди пайвастаи шарикии иқтисодиву тиҷорӣ бо Тоҷикистонро дорад. Қайди ин нуқта муҳим аст, ки дар доираи як мақолаи илмӣ наметавон ҳама ҷузъиёти заминаҳои созишномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои иқтисодии ду кишварро таҳлил намуд. Аз ин рӯ, дар мақолаи мазкур ҳамкориҳои дуҷониба аз барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ то соли 2004 баррасӣ ва хулоса шудааст. Идомаи мантиқии он дар мақолаҳои баъдӣ мавриди таҳлил қарор хоҳад гирифт.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

CONTRACTUAL AND LEGAL BASIS FOR ECONOMIC COOPERATION BETWEEN TAJIKISTAN AND PAKISTAN (1992-2004)

Globalization and regionalization of international economic relations are especially important in the modern world. Among the most important issues of international economic relations, the issue of interstate economic cooperation has a special status. Economic cooperation contributes to the development of the economy of each country. After gaining state independence, the Republic of Tajikistan established its economic cooperation with the countries of the world on the basis of interstate agreements, and one of these countries was the Islamic Republic of Pakistan. Relations between Tajikistan and Pakistan today are quite stable and have significant potential for development. At the moment, the presence of Pakistan in Tajikistan is much smaller compared to China, Russia and even Iran and Turkey, but this country shows a positive trend in economic development and has the opportunity to constantly develop trade and economic partnership with Tajikistan. It is important to note this point that it is not possible to analyze all the details of the legal framework for economic cooperation between the two countries within the framework of a scientific article. Therefore, this article discusses and concludes bilateral cooperation since the restoration of diplomatic relations until 2004. Its logical continuation will be analyzed in subsequent articles.

Текст научной работы на тему «ЗАМИНАИ СОЗИШНОМАВИЮ ҲУҚУҚИИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА ПОКИСТОН (С. 1992-2004)»

ЗАМИНАИ СОЗИШНОМАВИЮ ^УЦУЩИ ^АМКОРЩОИ ЩТИСОДИИ ТОЧИКИСТОН ВА ПОКИСТОН (с. 1992-2004)

Турсунов Т. Х., Сафаров У. Ш.

Институти омузиши масъала^ои Осиё ва Аврупои АМИТ

Myносибатнои иктисодии байналхалкй (1ER) мyносибатнои иктисодии байни давлатно, гурунно, корпоратсиянои трансмиллй ва дигар сyбъектнои иктисоди чанонй мебошад ва ба он мyносибатнои пулй, молиявй, савдо, истенсолй, меннатй ва Fайра дохил мешавад. Шакли пешбари муносибатнои иктисодии байналхалкй мyносибатнои пулию молй мебошанд. Дар чанони муосир чанонишавй ва минтакавишавии муносибатнои иктисодии байналмилалй махсусан муним аст. Дар байни масъаланои мубрами муносибатнои иктисодии байналхалкй масъалаи намкоринои иктисодии байнидавлатй макоми махсус дорад. Хамкоринои иктисодй ба рушди иктисоди нар як кишвар мусоидат мекунад. Чумнурии Точикистон пас аз истиклолияти миллй намкоринои иктисодии худро бо кишварнои чанон дар заминаи созишноманои байнидавлатй ба рон монд ва яке аз ин кишварно Чумнурии Исломии Покистон буд. Дар аввали соли 1990 масъалаи муносибатнои иктисодиву тичоратй миёни Точикистон ва Покистон мавриди баррасй карор гирифт ва дар рушди муносибатнои иктисодиву тичоратй нузури найати намояндагони нукумати Покистон дар таърихи 2 декабри соли 1991 бо сарварии вазири иктисоди Покистон О. А. Сардор ва 28 марти соли 1992 ташрифи найати намояндагии нукумати Покистон бо сарварии вазири молия ва алоканои иктисодй Сарточ Азиз такони нав бахшид [3, с. 10].

1 июни соли 1992 дар шанри Иломобод бо дарназардошти унсури муним ва зарури будани робитанои иктисодй миёни Покистон ва Точикистон аз тарафи Точикистон И. Давлатов ва тарафи Покистон M. М. Наим Хон мувофикатнома дар бораи намкоринои тичоративу иктисодй ба муддати 10 сол ба имзо расониданд, ки аз 11 модда иборат буд [1]. Тибки моддаи якуми ин мувофикатнома тарафно ундадор шуданд, ки барои инкишофи намкоринои дарозмуддат ва устувори тичоратию икисодй миёни ду кишвар чора андешида, шароити лозимии мусоидро фаронам меоранд. Дар асоси талаботи моддаи 3-юми мувофикатнома тарафно шароитнои лозимаро барои сармоягузорй дар иктисод фаронам оварданд. Пас аз имзои ин мувофикатнома молрасонй ва хизматрасонии мутакобила дар асоси карордоднои байни субъектнои хочагии точикистонй ва покистонй мувофики конуннои амалкунандаи кишварно ба чараён даромад. Дар заминаи ин мувофикатнома бо максади густариши равобити тичоративу иктисодии байни ду кишвар ярмаркано, намоишгонно, симпозиумнои муштаркаи техникиву иктисодй ташкил карда шуданд.

Тибки моддаи 7-уми мувофикатномаи мазкур ва тибки конунгузории ду кишвар барои таъсиси намояндагии доимии ширкатно, корхонано ва ташкилотно, ки ба фаъолияти тичоративу иктисодй миёни ду кишвар машFyланд, барои фаронам овардани шароити мусоиди корй нар ду кишвар муаззаф шуданд. Молнои аз Точикистон ва Покистон содиршаванда бояд тамFаи истенсолй дошта, барои истифода дар Точикистон ва Покистон бошад. Дар нолати рэкспорт ба кишвари дигар ичозатномаи молистенсолкунанда зарур аст.

Барои инкишофи намкоринои тичоративу иктисодй ва анаммияти коммуникатсия сохтмони роннои заминии пайвандгари ду кишвар ва масоили инкишофи алокаи мобилй ва телексй дар моддаи 10-уми мувофикатнома ундадорино дарч гардида буд.

Пас аз баркарор шудани муносибатнои дипломатй аз таърихи 6 июни соли 1992 муносибатнои тичоративу иктисодй ба марнилаи нави инкишоф ворид шуд ва мони июли соли 1992 миёни ду кишвар Созишномаи савдо ва намкоринои иктисодй ба имзо расид [20]. Аммо вазъи сиёсии мураккаби Чумнурии Точикистон ба рушди равобити тичоративу иктисодй монеа эчод мекард.

Баъди каме ба эътидол омадани вазъи сиёсии кишвар аз соли 1995 дар иктисодиёти кишвар равандное OFOЗ гардиданд, ки умедро ба оянда кавитар сохтанд. Х,амкории иктисодии Точикистон ва Покистон баъди ба СХИ ворид гардидани Точикистон дар соли 1996 ру ба инкишоф овард.

14 май соли 1996 Президенти Чумхурии Точикистон Э. Рахмон дар мулокоти 4-уми сарони давлатхои аъзои СХИ дар шахри Ашкобод иштирок ва сyханронй карданд. Дар мулокоти чор рохбари мамлакатхои аъзои СХИ Эъломияи мулокоти сарони чор давлати аъзои СХИ дар Äшкобод ва меморандуми хусни тафохум дар масъалаи тачдид ва бозсозии СХИ кабул гардид [21, с. 33].

Дар заминаи равобити хасана 2 феврали соли 1993 хайати намояндагони Чумхурии Точикистон бо сарварии Вазири алокахои иктисодии хоричй Иззатулло Хаёев ба Чумхурии Исломии Покистон сафар карданд [3, с. 22]. Хайати намояндагон дар кори чаласаи Шурои вазирони СХИ, ки дар маркази музофоти Баллучистон - шахри Кветта доир гардид, ширкат карданд [14, с. 81]. Аз руйи акидаи иштирокчиёни вохурии Кветта ин вохурй хело самарабахш буд ва накшаи фаъолияти СХИ тархрезй карда шуд. Кишвархои иштирокчии чаласа дар хусуси наклиёт, коммуникатсия, хочагии кишлок саноат истифодаи сарватхои табий ва масъалахои молиявй-бонкй ба мувофика расиданд.

Нахустин созишномаи тичоратй пас аз сафари расмии собик Президенти Чумхурии Точикистон Р. Набиев аз таърихи 30 июн то 2 июли соли 1993 ба шахрхои Исломобод ва Лохури Покистон дар катори панч хуччати мухими дигар ба имзо расид [4, с. 60].

4 июли соли 1993 сафари расмии Раиси Шурои Олии Чумхурии Точикистон Э. Рахмон барои вохурй бо намояндагони кишвархои аъзои СХИ ба Чумхурии Туркия сурат гирифт. Дар ин вохурй Вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон Рашид Олимов низ ширкат дошт ва 5 июл Рашид Олимов бо вазири корхои хоричии Покистон Мухаммад Сиддикхон Канчу вохурй анчом дода, масъалахои марбут ба тичорат ва иктисоди байни кишвархоро баррасй намуданд.

6 июли соли 1993 дар мехмонхонаи «Конрад»-и Истамбул вохурии Раиси Шурои Олии Чумхурии Точикистон Э. Рахмон ва сарвазири Покистон Мухаммад Навоз Шариф доир гардида, дар он масъалахои васеъи хамкорихои давлатхои аъзои СХИ мухокима шуд. Тарафхо ба мувофика расиданд, ки пас аз омузиши имкониятхои потенсиалй дар лахзахои наздиктарин лоихахои конкретй дар сохахои саноати иктишофй, нассочй хамкорихои судбахш хоханд кард.

Рузхои 29 март - 1 апрели соли 1994 хайати намояндагони Чумхурии Точикистон бо сарварии Раиси Шурои Олй Э. Рахмон расман ба Чумхурии Покистон сафар карданд ва бо Президенти Покистон Фарук Ахмадхон Легари ва сарвазир Беназир Бхутто вохурй ва як катор хуччатхои мухими хусусияти ичтимой-иктисодидошта ба имзо расониданд [4, с.76 ]. Созишнома байни Чумхурии Точикистон ва Чумхурии Исломии Покистон дар хусуси химояи маблаггузорихо ва созишнома дар бораи карз ба микдори 20 млн. доллар аз зумраи мухтарини онхо буд.

14-15 марти соли 1995 вохурии сарони кишвархои аъзои СХИ дар Исломобод доир гардид ва Президенти кишвар Э. Рахмон бо рохбарияти Покистон дар хусуси равобити хасанаи судманд гуфтушунид анчом доданд, ки масъалахои равобити тичоративу иктисодй мадди назар набуд [19, с. 13].

Ба густариши равобити иктисодиву тичоратй бо Точикистон Покистон хавасмандй дорад. Соли 1996 дар хусуси сохтмони шохрохи автомобилгарди Точикистон-ÄфFOнистон-Покистон гуфтушунид низ сурат гирифта буд. Аммо вазъи ноороми ÄфFOнистон ба ин тарх монеа эчод кард.

Мохи августи соли 1996 хукумати Чумхурии Точикистон дар хусуси кушодани намояндагии тичоратй дар Покистон карор кабул намуд ва намояндагии тичоратии Точикистон дар Покистон ба фаъолият шуруъ кард.

23 марти соли 1997 Президенти Чумхурии Точикистон Э. Рахмон дар чараёни сафар ба Исломобод бо Президенти Чумхурии Исломии Покистон Сардор Форук Ахмадхони ЛаFорй мулокот ва дурнамои равобити дутарафа дар асоси амалй сохтани лоихахои барномаи рушди иктисодй бо иштироки Покистон дар сохтмони рохи автомобилгарди байни ду кишварро мухокима намуданд. Э. Рахмон сулху амнияти Точикистонро омили имконовари хамкорихои самарабахши иктисодй байни ду кишвар донистанд [21, с. 96].

13 май соли 1997 Президенти Чумхурии Точикистон Э. Рахмон дар пойтахти Туркманистон шахри Ашкобод, дар мулокоти Fайринавбатии сарони давлатхои узви СХИ ширкат намуданд ва масоили инкишоф ва тараккиёти шабакахои наклиётй, алока ва хатхои кубургузар дар каламрави кишвархои аъзои созмон мухокима шуда, эъломия кабул гардид,

ки дар он аз чумла омадааст: «Хукуматнои мамлакатнои узви созмон барои анчоми сохтмони ро^^ои мошингард ва рони онан дар минтака тадбирнои зарурй андешида метавонанд, ки Афгонистону Озарбойчон, ^азокистону ^иргизистон, Точикистону Туркманистон ва Узбекистонро ба бандарнои Эрону Покистон ва Туркия пайванд намоянд. Дар ин маврид ба ронное анаммияти аввалиндарача дода мешавад, ки ^иргизистону Точикистон ва Туркманистону узбекистонро бо розигии нукуматнои тарафайн ба воситаи каламрави Афгонистон ба бандарнои ^арочй ва Гвадар пайваст намояд» [21, с. 119].

Дар самти робитанои иктисодии Точикистон ва Покистон мушкилот дар масъалаи карзи гирифтаи Точикистон аз Покистон меистод. Дар ин давра масъалаи пардохти карзи давлатии Хукумати Чумнурии Точикистон ба Хукумати Чумнурии Покистон ба рушди робитано ба таври чиддй таъсири манфй расонд. Чониби Покистон посухи худро ба пешниноди Хукумати Чумнурии Точикистон оид ба баркарорсозии ин карз, ки мони сентябри соли 1997 ба он фиристода буд, ба таъхир гузошт [18, с. 36].

Президенти Чумнурии Точикистон Э. Рахмон дар таърихи 20 июни соли 1997 бо вазири корнои хоричии Чумхурии Исломии Покистон Гавнар Аюбхон вохурй намуда, барноманои муштарак, аз чумла, доир ба анчоми сохтмони неругоннои обии барки Сангтуда ва Рогун машварат карданд. Вазири корнои хоричии Покистон рони пешгирифтаи ронбарияти Точикистонро мусбат арзёбй намуда, гуфт, ки вазъи муътадили чумнурй ба густариши намкоринои иктисодии нарду мамлакат рони васеъ мекушояд [21, с. 135].

Мони октябри соли 2002 комиссияи байнинукуматии Точикистон ва Покистон оид ба намкориноии тичоратй, иктисодй ва илмй-техникй ташкил ва нахустин чаласаи он дар Исломобод баргузор шуд.

12 апрели соли 2002 Президенти Чумнурии Точикистон Э. Ранмон ва вазири корнои хоричии Чумнурии Исломии Покистон Абдул Саттор мулокот карда, вазъияти кунунии минтакаро барои таквият ва густариши намкорй дар сонаи иктисод ва тичорат байни ду кишвар созгор хонданд [22, с. 178]. Дар робита зарурати чоннок намудани фаъолияти Комиссияи байнинукуматии муштарак таъкид карда шуд.

14 октябри соли 2002 Президенти Чумнурии Точикистон Э. Ранмон дар Истамбул, дар Мулокоти нафтуми сарони давлатнои СХИ, дар чараёни мулокотнои алонида бо ронбарияти Покистон дар доираи дучониба ва бисёрчониба масъалаи намкории иктисодиро мунокима намуданд.

4 апрели соли 2003 дар Паёми соланаи худ Президенти Чумнурии Точикистон Э. Ранмон ба Мачлиси Олии Чумнурии Точикистон инкишофи муносибатно бо кишварнои Осиё, бахусус бо Покистонро вазифанои рузмарраи сиёсати хоричии Точикистон дониста, кайд карданд, ки «махсусан намкорино бо ин кишварно дар сонанои иктисоду тичорат назари навро металабанд. Мавкеи мо дар ин бобат аз он иборат аст, ки намкориноямон чавобгуйи талаботи замони нозира бошанд, зеро дар айёми глобализатсия манз пешравии иктисодй, чи дар минтака ва чи дар кишварнои алонида, кафили сулну субот шуда метавонад» [16].

Дар рафти вохурии намояндагони вазорати молияи Покистон 18 сентябри соли 2003 созишнома дар бораи тачдиди сохтори карзи давлатй дар начми 13 млн. доллар ба имзо расид.

Дар соли 2003 матбуоти Покистон бунёди мачмааи васеи наздики бандаргони Гвадар дар сонили банри Арабро зиёд мунокима кард. Гуфта мешуд, ки дар ин минтака зонаи саноатй, коркарди мансулот барои содирот, менмонхона, майдони истикоматй ва фурудгон бунёд карда мешавад. Дар татбики лоина сармояи Чин, Бонки Осиёии Рушд, ки фаъолияти худро бо нукуматнои Туркманистон, Точикистон, узбекистон ва Афгонистон намонанг хонад кард, чалб карда мешавад.

Ширкати чинй дар бунёди як марнилаи хизматрасонии бандарно ба маблаги 250 миллион доллари амрикой фаъолона намрон шуд, ки аз чониби Чин 198 миллион нафар чудо карда шуд. Марналаи дуввум, маблаги 500 миллион доллари ИМА барои огози соли 2005 ба накша гирифта шудааст. Хукумати Уммон дар ташкили бандаргони нав иштирок мекунад, ки дар он аз 100 миллион доллари ИМА беш аз 5 сол чудо карда шуд. Рушди минбаъдаи вилояти Балучистон бо таъсиси пойгони Гвадар, минтакаи коркарди саноатию содиротй ва гайра алокаманд аст [5, с. 230-231].

26 марти соли 2004 дар чаласаи Хукумати Чумнурии Точикистон карор карда шуд, ки дар шанри Исломободи Чумнурии Покистон консулхонаи Чумнурии Точикистон кушода

шавад [71. Кушодани консулхонаи Чумхурии Точикистон дар шахри Исломобод ба рушди равобититичоративу иктисодй таккони нав бахшид.

30 апрели соли 2004 дар Паёми навбатии худ Президенти Чумхурии Точикистон Э. Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон кайд карданд, ки «дар сиёсати хоричии мо бо дарназардошти афзалиятхои миллии Точикистон тахкими муносибатхо бо Покистон мавкеи намоёнро ишгол менамояд. Дар мохи майи соли чорй ба истифода додани гузаргохи марзии Кулма ба рушди босуръати хамкорихои мо бо Покистон мусоидат хохад кард» [17].

12 майи соли 2004 Президенти Чумхурии Точикистон Э. Рахмон ба шахри Исломобод нахустин сафари давлатй анчом доданд. Сарвари давлатро дар катори дигарон вазири иктисод ва савдо Хаким Солиев, вазири молия Сафаралй Начмиддинов хамрохй намуданд [15]. Президенти Чумхурии Точикистон Э. Рахмон ва Президенти Чумхурии Исломии Покистон П. Мушарраф мулокот намуда, изхор доштанд, ки сатх ва мазмуни равобит дар чахони имруз аз чахорчуба ва мундаричаи муносибатхои иктисодй, тичоратй, илмй, техникй вобастагии зич дорад, ки заминаи мусоиди рушди онхо фарохам гардидааст. ^айд гардид, ки Чумхурии Точикистон стратегияи созандагиро муваффакона амалй сохта, инкишофи босуръати сохахои асосии иктисоди миллиро таъмин менамояд, бозори хуби фуруши молхои Покистон аст ва молхои зиёди содиротй низ дорад, ки талабот ба онхо дар бозори чахонй ва минтака зиёд мебошад. Хамзамон кушодашавии гузаргохи ^улма ва ба шохрохи ^арокурум пайвастан ба хамкорихои тичоратии ду кишвар фаъолона мусоидат менамояд.

Дар мулокоти Э. Рахмон ва раиси Сенати Чумхурии Исломии Покистон Миян Мухаммад Сумру дар таърихи 12 майи соли 2004 бунёди иншооти бузург ва фоидаовари иктисодй, корхонахои муштарак, сохтмони роххо ва иншооти дигари инфраструктурй самтхои афзалиятнок хисобида шуданд [12]. Изхори назар шуд, ки мачлисхои болоии парламентхои ду кишвар ба хамкории иктисодй дар сатхи минтака низ мусоидат карда метавонанд. Ба назари тарафхо бояд накши СХИ дар хамкорихои иктисодй, тичоратй, илмй-техникй ва инфраструктурй боло бурда мешуд.

13 майи соли 2004 Президенти Чумхурии Точикистон Э. Рахмон дар кароргохи муваккатии худ дар Исломобод бо вазири молияи Покистон Шавкат Азиз мулокот карданд [9]. Э. Рахмон дар огози сухбат ёдовар шуданд, ки Президенти Чумхурии Исломии Покистон Парвиз Мушарраф бо назардошти робитахои дустона ва мушкилоти мавчудаи кишвари мо карзи каблан гирифта ва истифоданамударо ба маблаги 13 миллион доллар ба грант мубаддал карданд, ки мо аз ин икдоми дустонаи эшон ва Хукумати Покистон сипосгузорем. Тарафхо равобитаи ду кишварро дар бунёди корхонахои муштарак дар Точикистон мухим ва аз нигохи иктисодй фоидаовар дониста, сармоягузорй, тахия ва татбики барномахои инвеститсионй, халли масоили арзй, пардохтй ва масоили дигари молиявиро ба хар ду кишвар муфид маънидод намуданд.

13 майи соли 2004 дар мулокоти Президенти Чумхурии Точикистон ва Вазири корхои хоричии Чумхурии Исломии Покистон Миян Хуршед Махдуд Касури зикр шуд, ки кишвари Покистон дар сохаи саноати сабук, бахусус, истехсоли матоъхо ва масолехи пахтагин, маснуоти чармин тачрибаи бой ва тулонй дорад ва таъсиси корхонахои муштарак дар ин сохахо манфиатбор хохад буд [8]. Хамзамон дар мулокот ба таквият ва тавсеаи муносибатхои иктисодй ва тичоратй таваччух зохир шуд.

Дар мулокоти Президенти Чухурии Точикистон Э. Рахмон ва Сарвазири Покистон Мир Зафаруллохон Чамолй дар таърихи 13 майи соли 2004 масъалахои гуногунитичоративу иктисодй баррасй гардид. Аз чумла, кайд шуд, ки дар гузашта монеаи асосй авзои Афгонистон буд ва хушбахтона ин монеа то чойе рафъ шудааст. Зикр шуд, ки дар солхои охир бо ташаббуси Точикистон тадбирхое амалй шуданд, ки ба тавсеаи босуръати хамкорихои дучонибаи иктисодй мусоидат намуданд [15]. Дар идомаи сухбат рафти сохтмони пули стратегй байни Точикистон ва Афгонистон ва пулхои дигар, ки ба густариши равобити иктисодиву тичоратй таккон мебахшанд, кайд шуд. Сохтмони шохрохи Душанбе -Кулоб-Хоруг-Кулма-Карокурум, ки шохрохи мухим ва стратегии байналмилалй бояд шавад, дорои ахаммияти мухими иктисодй ва тичоратй байни кишвархои минтака маънидод шуд. Бунёди чунин шохроххо имкон медихад, ки Покистон бо рохи кутох ва бо арзиши кам молхои худро ба Точикистон интикол дихад. Фаъолияти рохи автомобилй ба инкишофи тичорати минтакавй мусоидат намуд. Точикистон ва хамсоягон имкони амалй пайдо

намуданд на факат ба бозорнои Хитой, балки Покистон ва бандарнои укёнуси чанонй рон ёбанд [24, с. 34-35].

Ба андешаи Президенти Чумнурии Точикистон Э. Ранмон ва Сарвазири Покистон Мир Зафаруллохон Чамолй Точикистон ва минтакаи шимолй ва шимолу гарбии Покистон таърихан муносибатнои тичоратй доштанд ва имруз имконияти лозимии намкоринои иктисодй ба вучуд омадааст.

Пас аз анчоми вохурй дар баробари созишноманои дорои хусусияти сиёсй-минтакавй, байни Хукумати Чумнурии Точикистон ва Хукумати Чумнурии Исломии Покистон созишноманои зеринитичоративу иктисодй: созишнома оид ба ташвик ва нимояи мутакобилаи сармоягузорино, созишнома оид ба намкорй дар сонаи туризм, созишнома оид ба канорагирй аз андозбандии дукарата ва пешгирй намудани саркашй аз супоридани андозно аз даромад ба имзо расиданд.

Масалан, созишнома оид ба намкорй дар сонаи туризм бо назардошти анаммияти инкишофи минбаъдаи муносибатнои дустонаи дучониба, ки ба намдигарфанмии байни халкнои ду кишвар ва густариши намкории дучониба дар сонаи туризм дар асоси баробарнукукй ва манфиати мутакобила мусоидат менамояд, 13 майи соли 2004 дар шанри Исломобод, дар 14 модда ба имзо расонида шуд [1].

Точикистон ва Покистон кушиш менамоянд, ки туризм байни нарду кишвар густариш ёбад ва намкориро байни макомоти туристии миллй, корхонанои дахлдор, ассотсиятсияно, ташкилотно, туроператорно, ожонсинои туристй, силсилаи менмонхонано ва муассисанои сонаи туризми ду кишвар ба рон мемонанд.

Тарафно имконияти мубодилаи мутахассисонро барои ташкили тайёр намудани кадрнои сонаи туризм, байни ташкилот ва муассисанои дахлдори ду кишвар дида мебароянд. Онно намчунин мубодилаи накшанои таълимй, гузаронидани тадкикотро барои бентар намудани тайёрии техникй ва махсуси найъати кормандон пешбинй менамоянд.

Тарафно ба чалб намудани сармоягузорй ба сонаи туризм, мувофики конунгузории дохилй, мусоидат менамоянд ва ба осон намудани расмиятнои туристй, мувофики конунгузорй ва коиданои амалкунандаи нарду кишвар, ки ба рушди минбаъдаи мубодилаи туристии байни ду давлат равона гардидаанд, кушиш менамоянд.

Тарафно ба осон намудани воридот ва содироти масолен ва нуччатно, ки барои дар оянда чоп намудан, намчунин мансулоти туристию таблиготй, филмно, масолени намоишгонй мусоидат менамояд ва аз пардохти гумрукй, дар надди бо конунгузории дохилии кишвар пешбинй шуда, ки ба он масолени дар боло зикршуда содир мешавад, озод менамоянд ва ба якдигар маълумотро оид ба ноу-хау ва тачрибаи доштаи захиранои туристй, идоракунии менмонхонано, дигар тачнизоти чобачокунй, коидано ва конунгузорй дар сонаи фаъолияти туристй, лоинанои асосии туристй, намчунин масъаланои мунофизат ва нигондории мунити зист, боигаринои фарнангй, ки намчун чойнои диккатангези туристй ба нисоб мераванд, мубодила менамоянд.

Тарафно мувофикат намуданд, ки меъёрнои аз тарафи Созмони Туристии Умумичанонй оид ба чамъ ва пешнинод намудани маълумоти оморй, дар бораи нолати туризми дохилй ва байналмилалй, бояд нангоми мубодилаи ин маълумот истифода шаванд.

Тарафно ба мубодилаи тачриба, ноу-хау ва маълумот оиди рушд, идоракунй ва пешбарии тамоми намуднои туризм, аз он чумла «пурмочарой ва рони онанй» дар кишварнои худ ба манфиати ду кишвар, мусоидат менамоянд.

13 майи соли 2004 Президенти Чумнурии Точикистон Э. Ранмон дар шанри Лонур бо Нахуствазири музофоти Панчоб Парвиз Илонй вохурданд [10]. Панчоб музофоти бузург ва пешрафтаи Покистон буда, дар тавсеа ва танкими намкоринои ду кишвар мавкеи намоён дорад. Дар Панчоб захирано, инчунин имкониятнои густурдаи намкорй дар сонаи саноат, инфраструктура ва кишоварзй мавчуд аст. Аз ин ру, намкории судманд бо музофоти Панчоб барои ду кишвар дорои анаммияти мунимми иктисодиву тичоратй мебошад.

14 майи соли 2004 дар мулокоти Президенти Чумнурии Точикистон Э. Ранмон ва ронбарияти Палатаи тичоратию саноатии Лонур оид ба мансулоти саноатии Чумнурии Точикистон аз кабили алюминий, трансформаторно, нуринои маъданй таваччун зонир гардида, бунёди корхонанои муштараки маводи алюминй, истенсоли намак, шакар, шарбатно ва обнои мева ва маъданй, ки фоидаи бузурги иктисодй доранд, зарур дониста шуд. Дар чараёни сунбат такмили механизми таъмини намкоринои ду кишвар ва хислати муназзам

касб кардан ва босамар амалй гаштани фаъолияти комиссияи муштараки хамкорй зарур дониста шуд. Хамчунин, рушди бештар касб намудани хамкорихо ва робитахои палатахои савдо ва саноати ду кишвар мухим арзёбй гарид.

7 сентябри соли 2004 дар мулокоти Президенти Чумхурии Точикистон Э. Рахмон ва Сафири Фавкулодда ва Мухтори Чумхурии Исломии Покистон Икромуллохи Максуд зикр гардид, ки ду маротиба афзудани хачми муомилоти тичоратй миёни ду кишвар дар мукосиса бо хамин давраи соли 2003, сафархои хайатхои иктисодй ва ташкили намоиши молхои Покистон дар Чумхурии Точикистон омили пешрафти хамкорихои судманд аст. Ба андешаи Э. Рахмон дар ин минтака ва бозори чахонй ба махсулоти Точикистон талабот зиёд аст. Изхори назар шуд, ки барои воридшавии Покистон ба бозори Осиёи Марказй ва барои бунёди корхонахои муштарак дар сохаи саноати сабук имконият ва шароити мусоид фарохам омадааст. Атрофи омодагй ба вохурии навбатии рохбарияти кишвархои СХИ сухбати судманд доир шуд.

13 сентябри соли 2004 дар шахри Душанбе Президенти Чумхурии Точикистон Э. Рахмон ва Сарвазири Чумхурии Исломии Покистон Шавкат Азиз вохурй анчом дода, дар катори дигар масъалахо мачмуи васеи хамкорихои иктисодию тичоратй, бунёди рохи мошингард байни Точикистон ва Покистон ба воситаи дараи Вахонро баррасй намуданд [2]. Аз густариши хамкорихои иктисодию техникй дар сатхи минтакавй ва ба манфиати хамаи кишвархои хамсоя будани он андеша иброз шуд. Бунёди рохи мошингарди Ишкошим-Читрол ба воситаи долони Вахон рафтуомади точирони точику покистонй осон мгарднад, аммо амалишавии ин лоиха маблаги зиёд талаб мекунад.

14 сентябри соли 2004 дар шахри Душанбе вохурии хаштуми сарони кишвархои аъзои СХИ тахти раёсати Президенти Чумхурии Точикистон Э. Рахмон ва бо иштироки рохбарияти як катор кишвархо, аз чумла сарвазири Чумхурии Исломии Покистон Шавкат Азиз баргузор гардид [6]. Андешахои Э. Рахмон дар хусуси рохсозиро таквият бахшида, Шавкат Азиз иброз намуд, ки бояд рохсозй яке аз се самти мухимми хамкорихои минтакавии СХИ бошад. Дар Эъломияи Душанбе, ки аз тарафи рохбарияти кишвархои аъзои СХИ кабул шуд, дурнамои фаъолияти СХИ, инкишофи тичорат, рушди шабакахои нафт ва газ, афзун гардонидани махсулнокии истехсолот, тартиб додани стратегияи максадноки саноатй ва чалб намудани сармоя тарики муассисахои байналхалкии молиявй муайян карда шуд.

14 сентябри соли 2004 дар шахри Душанбе Сарвари давлати Точикистон Э. Рахмон ва Сарвазири Покистон Шавкат Азиз вохурда, масоили васеи хамкорихои иктисодиву тичоратии байни Точикистон ва Покистонро матрах намуданд [13]. Дар вохурй дар баробари мавзухои мухими хамкорихо бунёди рохи мошингард байни Точикистон ва Покистон хамчун хадафи марказии сарони кишвархо зарур дониста шуд.

5 ноябри соли 2004 дар шахри Душанбе дар мулокоти Президенти Чумхурии Точикистон Э. Рахмон ва Ноиби Президенти Бонки Чахонй Шигео Катсу иброз шуд, ки дар натичаи ислохоти бобарори иктисодй дар Чумхурии Точикистон фаъолияти иктисодии хоричй ва хизматрасонй дар мукоиса бо солхои пешин боло рафтааст ва дар доираи татбики Стратегияи идораи карзхои берунй ва имзои созишномахо бо чанд кишвар, аз чумла бо Чумхурии Исломии Покистон карзхои давлатии Чумхурии Точикистон 330 миллион доллар кам гардидааст [11]. Дастовардхои иктисодиро натичаи муфиди робитахо бо тамоми созмонхои молиявии байналмилалй ва давлатхои сармоядор ба иктисодиёти Точикистон дониста, доир ба инкишофи сохахои ичтимоии Точикистон ва тавсеаи ислохоти иктисодй таваччух зохир шуд.

Дар мачмуъ, метавон чунин хулоса кард, ки дар мархилаи мавриди назар заминахои ахдномавию хукукии хамкорихои иктисодии Точикистон ва Покистон пас аз истиклолияти миллии Точикистон шакл гирифта, дар асоси созишномахои баимзорасида ба мархилаи нави ташаккули худ ворид шуданд ва боис ба он гардиданд, ки дар шароити имруз Покистон ба катори дах шарики асосии тичоратии Точикистон шомил гардидааст.

Муносибатхои Точикистону Покистон имруз ба кадри кофй устувор буда, барои рушд иктидори назаррас доранд. Дар холи хозир хузури Покистон дар Точикистон дар киёс бо Чин, Русия ва хатто бо Эрону Туркия ба маротиб камтар аст, аммо ин кишвар дар рушди иктисодй тамоюли мусбат нишон медихад ва имкони рушди пайвастаи шарикии иктисодиву тичорй бо Точикистонро дорад.

Адабиёт

1. Бойгонии Вазорати корнои хориции Цумуурии Тоцикистон. Раёсати шартномавй-ууцуцй. Папкаи Покистон, №35.

2. Вохуриуои Эмомалй Раумонов // Цумуурият.-2004. -16 сентябр.-№ 105 (20 871).

3. Дипломатия Таджикистана (к 50-летию создания Министерства иностранных дел Республики Таджикистан). - Душанбе, 1994. - 28 с.

4. Дипломатия Таджикистана: вчера и сегодня. В двух томах. Том 1. (Под общей редакцией Хамрохона Зарифи). Серия: Внешняя политика Таджикистана. - Душанбе: «Ирфон», 2009.

5. Жмуйда И.В. Значение промышленных и экспортных зон в экономике Пакистана //Пакистан в современном мире. Сборник статей. Колл, авторов. Институт востоковедения РАН. - М.: Научная книга, 2005. - 360 с.

6. Иштирок дар мулоцоти уаштуми сарони давлат ва уукуматуои кишварнои узви Созмони Х,амкориуои Ицтисодй дар шаури Душанбе [манбаи электронй]. URL:http://www.president.tj (Санаи истифодабарй: 11.02.2019)

7. Мацлиси Хукумати Цумуурии Тоцикистон [Манбаи электронй]. URL: http://www.prezident. tj (санаи истифодабарй: 6.04.2019).

8. Мулоцот бо Вазири коруои хориции Цумуурии Исломии Покистон Миян Хуршед Маудуд Касури [манбаи электронй]. URL: http://www.president.tj (санаи истифодабарй: 2. 05.2023).

9. Мулоцот бо вазири молияи Цумуурии Исломии Покистон Шавкат Азиз [Манбаи электронй]. URL: http://www.president.tj (санаи истифодабарй: 2.04.2023).

10. Мулоцот бо Нахуствазири музофоти Панцоби Цумуурии Исломии Покистон Парвиз Илоуй [Манбаи электронй]. URL: http://www.president.tj (3.03.2019).

11. Мулоцот бо Ноиби Президенти Бонки Цауонй Шигео Катсу [Манбаи электронй]. URL: http://www.president.tj (санаи истифодабарй: 13.02.2019)

12. Мулоцот бо раиси Сенати Цумуурии Исломии Покистон Миян Мууаммад Сумру [Манбаи электронй]. URL: http://www.president.tj (санаи истифодабарй: 11.02.2019).

13. Мулоцоти сецонибаи Тоцикистон, Афгонистон ва Покистон [Манбаи электронй]. URL: http://www.president.tj (санаи истифодабарй: 12.02.2019)

14. Назриев Д., Сатторов И. Республика Таджикистан: история независимости (хроника событий). Год 1993-й. Том Ш.-Душанбе: Ирфон,2006.

15. Х,амкориуои Тоцикистон ва Покистон густариш меёбад //Цумуурият. -2004. -15 май. -№52 (20 818).

16. Паёми Президенти Цумуурии Тоцикистон Эмомалй Раумон ба Мацлиси Олии Цумуурии Тоцикистон [манбаи электронй]. URL: http://www.prezident.tj (Санаи истифодабарй: 4.04.2019).

17. Паёми Президенти Цумуурии Тоцикистон Эмомалй Раумон ба Мацлиси Олии Цумуурии Тоцикистон [манбаи электронй]. URL: http://www.prezident.tj (Санаи истифодабарй: 7.07.2016).

18. Саидов З.С. Основные внешнеполитические интересы Таджикистана на рубеже веков. Душанбе, 2011.

19. Сайидзода З. Внешняя политика Таджикистана в период его становления как суверенного независимого государства (1992-2004). Монография. Душанбе, 2010.

20. Суруди миллии Покистон форсист // Цумуурият. - 2012. - 14 август. - №107 (22 088).

21. Шарипов А., Фаттоев С. Эмомалй Раумон - поягузори Сулу ва Ваудати миллй (Сиёсати дохилй ва хориции Президенти Тоцикистон дар солуои 1996-1999). - Душанбе, 2006.

22. Шарипов А., Фаттоев С. Эмомалй Раумонов: Огози маруалаи созандагй (Сиёсати дохилй ва хориции Президенти Тоцикистон дар солуои 2000-2003). - Китоби 3. - Душанбе: "Деваштич", 2006. - 331 с.

23. Шарипов А., Фаттоев С. Эмомалй Раумон-поягузори Сулу ва Ваудати миллй (Сиёсати дохилй ва хориции Президенти Тоцикистон дар солуои 1996-1999). - Душанбе: «Деваштич», 2006.

24. Эмомалй Раумон. Истицлолияти Тоцикистон ва эуёи миллат. Цилди уафтум. - Душанбе: Ирфон, 2007.

ЗАМИНАИ СОЗИШНОМАВИЮ ХУ^УЦИИ ХДМКОРИХРИ ЩТИСОДИИ ТОЧИКИСТОН ВА ПОКИСТОН (с. 1992-2004)

Дар чанони муосир чанонишавй ва минтакавишавии муносибатнои иктисодии байналмилалй махсусан муним аст. Дар байни масъаланои мубрами муносибатнои иктисодии байналхалкй масъалаи намкоринои иктисодии байнидавлатй макоми махсус дорад. Хамкоринои иктисодй ба рушди иктисоди нар як кишвар мусоидат мекунад. Чумнурии Точикистон пас аз истиклолияти миллй намкоринои иктисодии худро бо кишварнои чанон дар заминаи созишноманои байнидавлатй ба рон монд ва яке аз ин кишварно Чумнурии Исломии Покистон буд. Муносибатнои Точикистону Покистон имруз ба кадри кофй устувор буда, барои рушд иктидори назаррас доранд. Дар ноли нозир хузури Покистон дар Точикистон дар киёс бо Чин, Русия ва натто бо Эрону Туркия ба маротиб камтар аст, аммо ин кишвар дар рушди иктисодй тамоюли мусбат нишон мединад ва имкони рушди пайвастаи шарикии иктисодиву тичорй бо Точикистонро дорад. Кдйди ин нукта мухдм аст, ки дар доираи як маколаи илмй наметавон нама чузъиёти заминанои созишномавию хукукии намкоринои иктисодии ду кишварро танлил намуд. Аз ин ру, дар маколаи мазкур намкоринои дучониба аз баркарор шудани муносибатнои дипломатй то соли 2004 баррасй ва хулоса шудааст. Идомаи мантикии он дар маколанои баъдй мавриди танлил карор хонад гирифт.

Калидвожахо: чанонишавй, созишнома, намкоринои дучониба, сармоягузорй, барноманои рушд, тичорат.

ДОГОВОРНО-ПРАВОВАЯ ОСНОВА ЭКОНОМИЧЕСКОГО СОТРУДНИЧЕСТВА ТАДЖИКИСТАНА И ПАКИСТАНА (1992-2004 гг.)

Глобализация и регионализация международных экономических отношений особенно важны в современном мире. Среди важнейших вопросов международных экономических отношений особый статус имеет вопрос межгосударственного экономического сотрудничества. Экономическое сотрудничество способствует развитию экономики каждой страны. После обретения государственной независимости Республика Таджикистан наладила свое экономическое сотрудничество со странами мира на основе межгосударственных договоров, и одной из таких стран была Исламская Республика Пакистан. Отношения между Таджикистаном и Пакистаном сегодня достаточно стабильны и имеют значительный потенциал для развития. На данный момент присутствие Пакистана в Таджикистане намного меньше по сравнению с Китаем, Россией и даже Ираном и Турцией, но эта страна показывает положительную динамику экономического развития и имеет возможность постоянного развития торгово-экономического партнерства с Таджикистаном. Важно отметить этот момент, что проанализировать все детали договорно-правовой базы экономического сотрудничества двух стран в рамках научной статьи не представляется возможным. Поэтому в этой статье обсуждается и завершается двустороннее сотрудничество с момента восстановления дипломатических отношений до 2004 года. Его логическое продолжение будет проанализировано в последующих статьях.

Ключевые слова: глобализация, соглашение, двустороннее сотрудничество, инвестиции, программы развития, торговля.

CONTRACTUAL AND LEGAL BASIS FOR ECONOMIC COOPERATION BETWEEN TAJIKISTAN AND PAKISTAN (1992-2004)

Globalization and regionalization of international economic relations are especially important in the modern world. Among the most important issues of international economic relations, the issue of interstate economic cooperation has a special status. Economic cooperation contributes to the development of the economy of each country. After gaining state independence, the Republic of Tajikistan established its economic cooperation with the countries of the world on the basis of interstate agreements, and one of these countries was the Islamic Republic of Pakistan. Relations between Tajikistan and Pakistan today are quite stable and have significant potential for development. At the moment, the presence of Pakistan in Tajikistan is much smaller compared to China, Russia and even Iran and Turkey, but this country shows a positive trend in economic development and has the opportunity to constantly develop trade and economic partnership with Tajikistan. It is important to note this point that it is not possible to analyze all the details of the legal framework for economic cooperation between the two countries within the framework of a scientific article. Therefore, this article discusses and concludes bilateral cooperation since the restoration of diplomatic relations until 2004. Its logical continuation will be analyzed in subsequent articles.

Keywords: globalization, agreement, bilateral cooperation, investments, development programs, trade.

Дар бораи муаллифон

Турсунов Турсунмурод Худоймуродович

Доктори илмхои таърих, дотсент, сарходим Институти омузиши масъалахои Осиё ва Аврупои АМИТ Тел.: (+992) 100 40 40 00 Email: tursunov-murod@mail.ru

Об авторах

Турсунов Турсунмурод Худоймуродович

Доктор исторических наук, доцент, старший сотрудник

Институт изучения проблем стран Азии и Европы НАНТ Тел.: (+992) 100 40 40 00 Email: tursunov-murod@mail.ru

About the authors

Tursunov Tursunmurod Khudoymurodovich

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Doctor of Historical Sciences, Associate Professor, Senior Fellow

Institute of Asian and European Studies NAST Ph.: (+992) 100 40 40 00 Email: tursunov-murod@mail.ru

Сафаров Усмон Шахобиддинович

Унвончу

Институти омузиши масъалахои Осиё ва Аврупои АМИТ Тел.: (+992) 93 406 70 77 E-mail: safarov usmon19@mail.ru

Сафаров Усмон Шахобиддинович

Соискатель

Институт изучения проблем стран Азии и Европы НАНТ Тел.: (+992) 93 406 70 77 E-mail: safarov usmon19@mail.ru

Safarov Usmon Shakhobiddinovich

Applicant

Institute of Asian and European Studies NAST

Ph.: (+992) 93 406 70 77

E-mail: safarov usmon19@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.