Научная статья на тему 'ВОСИТАҲОИ ТАНЗИМИ САВДОИ ХИЗМАТ ДАР ДОИРАИ НИЗОМИ БИСЁРҶАНБАИ САВДО'

ВОСИТАҲОИ ТАНЗИМИ САВДОИ ХИЗМАТ ДАР ДОИРАИ НИЗОМИ БИСЁРҶАНБАИ САВДО Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
42
2
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
Савдои байналмилалии хизмат / Буҳрони молиявии ҷаҳонӣ / Савдои байналмилалии мол / Воситаҳои сиёсати савдо / Конфронси СММ / Иттиҳоди Аврупо / Созишномаи Амрикои Шимолӣ.

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Мирзозода Мехриддин Шамсуддин, Хайдаров Шахрияр Мирзохонович

Международная торговля услугами достигла динамичного развития в современное время и оказывает значительное влияние на национальную экономику и мировую экономику в целом. Международная торговля услугами не только увеличила размеры международного обмена товарами, но и способствовала обновлению перечня товаров на мировом рынке, расширила спектр международной миграции капитала и рабочей силы. Суть этой отрасли проявляется в том, что сегодня почти 1/5 часть международной торговли организует сфера услуг, и на ее долю приходится 70% мирового ВВП. Такой высокий темп международной торговли услугами связан, прежде всего, с ускорением процессов глобализации экономики, в рамках которой материальные и нематериальные элементы мирового производства образуют единый цикл воспроизводства, а количество товаров, в свою очередь, увеличивается. приводит к появлению однотипных услуг, что, в свою очередь, оказывает существенное влияние на движение товаров

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ВОСИТАҲОИ ТАНЗИМИ САВДОИ ХИЗМАТ ДАР ДОИРАИ НИЗОМИ БИСЁРҶАНБАИ САВДО»

восита^ои танзими савдои хизмат дар доираи низоми

бисёр^Анбаи савдо

мирзозода мехриддин шамсуддин

доцент, заведующий кафедрой бухгалтерского учета

хайдаров шахрияр мирзохонович

преподаватель ДДБ имени Насыра Хусрава

Аннотация. Международная торговля услугами достигла динамичного развития в современное время и оказывает значительное влияние на национальную экономику и мировую экономику в целом. Международная торговля услугами не только увеличила размеры международного обмена товарами, но и способствовала обновлению перечня товаров на мировом рынке, расширила спектр международной миграции капитала и рабочей силы. Суть этой отрасли проявляется в том, что сегодня почти 1/5 часть международной торговли организует сфера услуг, и на ее долю приходится 70% мирового ВВП. Такой высокий темп международной торговли услугами связан, прежде всего, с ускорением процессов глобализации экономики, в рамках которой материальные и нематериальные элементы мирового производства образуют единый цикл воспроизводства, а количество товаров, в свою очередь, увеличивается. приводит к появлению однотипных услуг, что, в свою очередь, оказывает существенное влияние на движение товаров.

Калидвожщо:. Савдои байналмилалии хизмат, Бухрони молиявии ца^онй, Савдои байналмилалии мол, Воситахои сиёсати савдо, Конфронси СММ, Иттщоди Аврупо,

Савдои байналмилалии хизмат дар замони муосир рушди динамикиро ноил гардида, ба ицтисодиёти миллй ва хочагии ч,ах,онй дар умум таъсири назарас мерасонад. Савдои байналмилалии хизмат на танхо андозаи мубодилаи байналмилалии молро зиёд гардонидаст, балки барои навсозии номгуи молхо дар бозори чахонй мусоидат намуда, доираи хдчрати байналмилалии сармоя ва цувваи коргариро васеъ гардонид. Мохияти сохаи мазкур дар он зохир мегардад, ки имрузхо цариб 1/5 савдои байналмилалиро бахши хизматрасонй ташкил намуда, ба он 70% ММД-и чахон рост меояд. Чунин суръати баланди савдои байналмилалии хизмат, пеш аз хама, ба авчгирии равандхои чахонишавии ицтисодиёт алоцаманд аст, ки дар доираи он унсурхои моддй ва гайримоддии истехсолоти чахонй сикли ягонаи такрористехсолиро ташкил медихад ва зиёдшавии анбуххои мол дар навбати худ ба пайдоиши хизматрасонихои хамшабех оварда мерасонад, ки он дар навбати худ ба харакати молхо таъсири назаррас мерасонад.

Бухрони молиявии чахонии солхои 2008-2010 нишон дод, ки савдои хизмат хусусияти рушди хочагии чахониро дар умум ифода менамояд. Дар баробари ин динамикаи савдои хизмат дар ин давра нисбат ба савдои мол нисбатан босуботтар буда, пастравии савдои байналмилалии хизмат дар муцоиса ба савдои байналмилалии мол 13%-ро ташкил менамуд (пастравии содироти чахонии мол 23%).19 Дар даврахои баъд аз бухронй цисматхои устувор рушдкунандаи бозори чахонии хизмат, хизматрасонихо дар сохаи компютер ва хизматрасонихои иттилоотй, хизматрасонихо дар сохаи истирохат ва фарогат, бизнес-хизматрасонихо ва хизматрасонихои касбй ба шумор мерафтанд.

Омили мухимми рушди сохаи хизматрасонй, нисбатан кам гардидани монеахо дар савдои он ва сармоягузорй дар бахши хизматрасонй ба шумор меравад, ки дар шароити рушди технологияхои муосир ба паст гардидани харочот дар савдо оварда расонид.

19 Правила ВТО и основы торговой политики.-М.: Международные отношения, 2017. - С. 267

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

Кайд кардан зарур аст, ки амалиётхои байналмилалии хариду фуруши хизмат дар тамоми давлатхо яке аз сохахои мунтазам танзимшаванда дар сохаи фаъолияти и;тисодй берунй ба шумор меравад, ки ба мохияти махсуси сохахои алохидаи хизматрасонии дарои рушди устувори и;тисодй ва мухиммияти ин соха барои амнияти и;тисодии миллй ало;аманд аст. Воситахои сиёсати савдо, ки мубодилаи байналмилалии хизматро ба танзим медарорад гуногунранг буда, дар аксари холатхо ба бар;арор намудани ало;ахо аз тарафи сохибкорони махаллй бо ма;омоти ;онунбарор бахри ;абули чорахои манфиатовар бо ма;сади махдуд намудани ра;обат дар бозори дохилй ва пайгирй кардани манфиатхои худ дар хоричи кишвар мебошад.

На;ши махсусро дар рушди савдои хизмат Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд мебозад, ки дар доираи он амалиётхри байналмилалй бори аввал вобаста ба таъсирашон ба савдои байналмилалй баррасй карда шуданд20.

Фар;ият байни савдои мол ва хизмат хамчунин дар усулхои танзими савдои он ба назар мерасад. Азбаски хизматрасонихо аз назорати гумрукй намегузаранд, танзими он асосан ба воситаи чорабинихои гайритарифй ба рох монда мешавад. Дар замони муосир савдои хизмат дар чор сатх ба танзим дароварда мешавад: дар сатхи байналмилалй, сохавии байналмилалй, минта;авй ва миллй.21

Танзими савдои хизмат дар сатхи бисёрчониба имкон медихад, равандхои хамгирой ва озодкунии бозорхои миллии хизмат нисбатан васеътар рушд намояд. Принсипхое, ки дар асоси онхо бозори чахонии хизмат ташаккул ёфтааст, мисли бозори чахонии мол ба шумор меравад. Ба ин принсипхо принсипи фарохамоварии речаи мусоидтарини бештар, принсипи пешниходи речаи миллй ва принсипи шаффофият дохил мешаванд. Аммо, вобаста ба хусусиятхои савдои хизмат ин принсипхо нисбатан дар шакли дигар зохир мегарданд ва хамчун ухдадорихои давлат оид ба ичроиши онхо баромад менамояд.

Вобаста ба мушкилот ва хусусиятхои хоси сохаи хизматрасонй дар даврони тулонй оид ба савдои он созишномахои байналмилалй вучуд надоштанд, танзими он танхо дар доираи созишномахои байнидавлатии сохавй ба рох монда мешуд. То огози гуфтушунидхо дар доираи раунди Уругвай савдои хизмат ;арордодхои байналмилалй байни иштирокчиёни махдуд, аз ;абили Иттиходи Аврупо, Созишномаи Амрикои Шимолй оид ба савдои озод фаъолият менамуданд. Кушиши ягона оид ба танзими савдои хизмат дар арсаи байналмилалй соли 1995 дар доираи Созишномаи кулл оид ба савдои хизмат (СКСХ) дар сатхи СУС ба рох монда шуд. Ин созишнома асосхои ху;у;ии ба мувофи;а расонидашудаи танзими савдои хизматро дар сатхи байналмилалй ифода менамояд, ки низоми ;оидахо ва ухдадорихо барои тамоми давлатхои узви СУС-ро му;аррар намудааст.

Дар замони муосир танзими савдои хизмат дар чор сатх ба рох монда мешавад, ки онхоро шартан ба сатххои чахонй, сохавй, минта;авй ва миллй чудо намудан мумкин аст. Х,ар яке аз ин сатххо хусусияти хоси худро дорад, ки онхо дар расми 1. тасвир карда шудаанд. (расми 1).

20 Викторов С.В. Услуги торговли и торговля услугами. Внешняя торговля России на рубеже веков. М.: "Издательство "Экономика", 2001. - С. 23.

21 Джумъаев Б.М. Актуальные проблемы развития торговли услугами в условиях вступления Республики Таджикистан в ВТО, -Душанбе: Ирфон, 2012. - С.35

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

Расми 1. Хусусиятхои танзими савдои хизмат дар шароити чахонишавй.

* Аз тарафи муаллиф сохта шудааст.

Дар баробари СУС ташкилотхои байналмилалии бисёрчанба, ки савдои хизматро танзим менамоянд, ин Конфронси Созмони Милали Муттахдд оид ба тичорат ва рушд, Созмони х,амкорих,ои ицтисодй ва рушд ба шумор мераванд. Дар баробари ин зиёда аз 40 ташкилотхои байналмилалй ба танзими байналмилаии савдои хизмат машгул мебошанд. Мацсади чунин ташкилотхо пеш аз хама муцаррарсозии тартиботи ягона мебошад, ки тамоми давлатхои аъзо эътироф менамоянд.

Тартибот ва созишномахои СУС цариб 90%-и савдои чахониро танзим намуда, дар баробари ин, манбаи танзими он мустациман зиёд мегардад. Низмои асоси СУС-ро фазои чахонии хуцуции ба дарачаи назаррас содакардашуда ташкил медихад. Ба шарофати СУС сиёсати савдои байналмилалй хусусияти универсалй касб намуд ва низоми сиёсати дохилии савдои давлахо содда гардонида шуданд.

Муцаррароти мухими СУС, аз цабили речаи мусоидтарин, речаи миллй ва гайри дискриминатсионй дар ин самт нацши мубрамро мебозад. Созишхои дар доираи СУС бадастомада аз лихози хуцуцй нацши созиши тичоратии бисёрчанбаро ифода менамояд, ки зарурати бастани созишхои дутарафаро ба маротиб кам мегардонад. Дар баробари ин, дар доираи СУС на танхо гуфтушунидхои бисёрчониба, балки дучониба низ ба рох монда мешаванд.

Ухдабории асосии СУС пешниходи речаи нисбатан мусодро ифода менамояд. Дар савдои байналмилалииии хизмат ин маънои онро дорад, ки нисбат ба хар як чораи танзими савдо, ки дар салохияти СУС шомил аст ва дар СКСХ оварда шудааст, хар як давлати узв ухдадор аст таъчилан ва бе мухобо (безоговорочно) барои хизматрасонихо, истехсолкунанда ва тахвилкунандахои хизмати дилхох узви СУС бар шакли мусоидтарин пешниход намояд.

Дар баробари озодкунии савдои хизмат дар доираи СУС имкониятхои муайян барои хифзи бозори дохилии хизмат хангоми тахдиди хавф ба ицтисодиёти миллй дида баромада шудаанд.

Махсусан муцаррароти Созишномаи кулл оид ба савдои хизмат ба давлатхои аъзо имкон медихад, ки чорахои нисбатан зиёдро барои хифзи бозори дохилй амалй намоянд, ки хусусияти гайридискриминатсионй ва шаффоф дошта бошад.

Ин чорахо, пеш аз хама, барои хифзи чанбахои мухимми амнияти ицтисодии давлат имконпазир мебошад.

Муцаррароти Созишномаи кулл оид ба савдои хизмат тамоми хизматрасонихои дар бозори байналмилалй хариду фуруши шахрвандонро, ба истиснои хизматрасонихои давлатй, дар бар мегирад. Дар созишномаи мазкур тамоми муцаррарот оид ба истехсол, тацсимот, фуруш ва расондани хизматрасонихо байни шахсони хуцуцй ва воцей дациц карда шудаанд.

Хадафи созишномаи кулл оид ба савдои хизмат, пеш аз хама, аз озодкунии мархилавии савдои хизмат ба воситаи гузаронидани гуфтушунидхои раундй, мусоидат ба рушд ва инкишофи ицтисодй ба воситаи озодсозии савдои байналмилалии хизмат, фаъолгардонии иштироки давлатхои ру ба инкишоф дар тацсимоти байналмилалии мехнат ба шумор меравад.

Дар Созишномаи кулл оид ба савдои хизмат аз руйи цоидахои поймол накардани хукуцхо, тартиботи дохилй, дастёбй ба бозор, тафсири ягонаи цонунхо, шаффофият, цабул накардани цонунгузорихои дохилие, ки бар зарари истехсолкунандагони хоричй равона карда шудаанд, ба рох монда мешавад. Аммо амалисозии ин цоидахо вобаста ба хусусияти гайримолии хизмат, мувофицасозии вацти пешниход ва истеъмоли хизмат душвор мегардад. Умуман танзими шароитхои фуруши хизмат маънои танзими шароитхои истехсолй ва маблаггузории онро дорад22. Барои нест кардани ин номувофицатихо Созишномаи кулл оид ба савдои хизмат дар се цисм ташкил дода шудааст:

- созишномахои умумй, ки принсипхо ва цоидахои умумии танзими савдои хизматро муайян менамояд;

- созишномахои махсус, ки доир ба сохахои алохидаи хизматрасонй цабул карда шудаанд;

- номгуи ухдадорихои хукуматхои миллй рочеъ ба бартараф намудани махдудиятхо дар сохахои хизматрасонй.

Чорахои нисбатан васеъ истифодашаванда хангоми танзими савдои хизмат ин махдудкунонии мицдорй, раванди барасмиятдарории раводид, литсензиякунонии шугл дар сохахои муайян, гузаронидани амалиёт бо асъори хоричй ва гайра мебошад.

Дар моддаи XIV Созишномаи кулл оид ба савдои хизмат истиснохои умумии аз речаи ягонаи GATS пешбинй шудаанд, ки ба давлатхои узв имконияти хифзи бозори дохилиро бо дарназардошти риояи ахлоци чамъиятй, нигох доштани тартиботи чамъиятй, хаёт ва саломатии инсон фарохам меорад. Аммо, чорахои дар ин модда оварда шуда набояд хамчун воситаи табъизи худсарона ё беасос дар байни кишвархои аъзо истифода шаванд, ки дар шароити рацобати озод аз истехсолкунандагони ватанй бартарй доранд ё махдудиятхои пинхониро дар савдои хизматрасонй эчод кунад. Истиснохои умумй хамчун дар моддаи XIV бо мацсади таъмини амният пешбинй шудаанд. Хадафи он таъмини бехатарии дилхох давлат ба шумор меравад. Аз ин ру, дилхох иттилооте, ки давлат афзал мешуморад аз дигар давлатхо бо мацсади таъмини амнияти ицтисодии худ хифз намояд имконпазир аст.

Кдсми чудонашавандаи Созишномаи кулл оид ба савдои хизмат ин барномахои сохавй оид ба хизматрасонии молиявй, нацлиёти хавой, нацлиёти обй ва теллекоммуникатсия ба шумор мераванд.

22 Данилова Е.В., ВТО: регулирование торговли услугами - М. ИКП «Академкнига», 2003.- С. 16.

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

Самарнокии танзими бисёрчанбаи савдои хизмат дар доираи Созишномаи кулл оид ба савдои хизмат дар механизми тахиягардидаи халли бахсхо байни давлатхои аъзо асос мегирад. Зеро созишномаи бисёрчонибаи Созишномаи кулл оид ба савдои хизмат муддати дароз мувозинати озодии бозори байналмилалии хизматро тавассути гуфтушунидхо, х,амох,ангсозии ;оидахои тичорати байналмилалии савдои хизмат таъмин намуда, ба халли бах,сх,ои савдо мусоидат кард.

Дар баробари ин, ташаккули сиёсати савдои байналмилалии хизмат тавассути консепсияи хукумати чахонй, ки аз руйи принсипхои сохтории хукуматхои милли ташаккул ёфтааст ва дар арсаи байналмилалй мавриди татби; ;арор мегирад, ;обили кафолати устувории рушди савдои чахонии хизмат мебошад.

Аммо рушди яккутба ва бисёр;утбаи сохахои и;тисодиёти чахон дар мархилаи хозира чустучуи шакли мухталифи танзими савдои байналмилалии хизматро та;озо менамояд.

Хамин тавр, Созишномаи кулл оид ба савдои хизмат, во;еан, як созишномаи му;арраркунандаи чахорчубаи савдои хизмат буда, танзими бисёрчонибаи савдои хизматро дар арсаи байналмилалй ба рох мемонад. Дар баробари ин, ;айд кардан зарур аст, ки принсипхое, ки дар доираи системаи савдои Созишномаи кулл оид ба савдои хизмат тахия шудаанд, холо напурра мебошанд ва вобаста ба тагйирёбии сохтори итисодиёти чахон ва рушди технологияи нав дар сохаи хизматрасонй ба мукаммалгардонй ниёз доранд.

Ба а;идаи мо мукаммалгардонии сохтори Созишномаи кулл оид ба савдои хизмат, пеш аз хама бояд хусусиятхои васеъи хамкорихои судманди байни давлатхои ва ШФМ дар бозори хизмат ва моликияти зехнй, рушди истехсолот ва инкишофи коммуникатсия дар ми;ёси байналмилалй, вусъатёбии ТБМ, пайдоиши хал;ахои нави молрасонй ва хал;аи байналмилалии тавлиди арзиш дар савдои байналмилалй, рушди интенсивии тамоми шаклхои муносибатхои тичоратй, пайдоиши технологияи иттилоотию инноватсионй, рушди равандхои хамгироии и;тисодии байналмилалиро дар бар гирад.

Тамоми созишномахои савдои хизмат ба озодкунии савдои хизмат равона карда шудааст. То миёнахои солхои 90-и асри гузашта дар савдои байналмилалй шаклхои алохидаи хизматрасонй асосан бо созишномахои дучониба танзим карда мешуданд, дар сатхи байналмилалй бошад аз тарафи гуруххои хамгироии алохида (Иттиходи Аврупо, НАФТА ва f.) ба рох монда мешавад.

Танзими сохавии савдои хизмат хамчунин дар сатхи чахонй ба рох монда мешавад, ки ба истехсол ва истеъмоли глобалии намудхои хизмат ало;аманд аст. Дар му;оиса ба Созишномаи кулл оид ба савдои хизмат ташкилотхое, ки танзими сохавии савдои хизматро ба рох мемонанд, хусусияти махсусгардонидашуда доранд. Барои мисол, мусофиркашонии хавоии шахрвандон аз тарафи Ташкилоти байналмилалии хавопаймоии шахрвандй, саёхати байналмилалй аз тарафи Созмони умумичахонии сайёхй, хамлу на;ли бахрй - аз тарафи Ташкилоти байналмилалии бахрй, хамлу на;ли хавой - Ассотсиатсияи байналмилалии на;лиёти хавой ба танзим дароварда мешавад.

Дар сатхи минта;авй савдои хизмат дар доираи гуруххои хамгироии и;тисодй ба рох монда мешавад, ки дар доираи он махдудиятхо дар савдои хоричии хизмат байни давлатхои аъзо бартараф карда шуда (барои мисол, Иттиходи Аврупо, Иттиходи и;тисодии Авруосиё), хамчунин махдудиятхо барои давлатхои сеюм му;аррар карда мешаванд.

Дар сатхи миллй савдои хизмат нисбат ба савдои мол бештар хифз карда мешавад. Давлат дар сатхи миллй чунин чорахои химоятгароиро ;абул менамояд: махдудкунии ми;дории воридоти хизмат, литсензиякунонй, чорй намудани тарофахо, андозхои махдудкунанда (дискриминатсионй), раванди махсуси ба;айдгирии шахсони во;еии пешкашкунандаи хизмат ва додани раводид ва f. Гох-гох давлат ин ё он сохаи

хизматрасониро барои худ нигох дошта, ба ин соха ширкатхои хусусиро рох намедихад. Барои мисол, чорй намудани сугуртакунии хатмй аз тарафи ширкатхои давлатии сугуртавй. Баъзе давлатхо таъминкунандагони хоричии хизматро ба сохаи бонкдорй, алоца ё нацлиёт ичозат намедиханд. Илова бар чорахои химоятгарой, давлат воситахои танзими хизматро цабул менамояд, ки ба озодкунии бозори хизмат равона карда шудааст. Барои мисол, давлат бо таъсиси минтацахои озоди хизматрасонй минтацахои муайянро бо речаи имтиёзноки андозй барои ширкатхои молиявй, сугуртавй ва f. чудо менамояд.23

Савдои дохилй ва байналмилалии хизмат тарици цабули цонунгузорихои маъмурй, гумрукй, молиявй, андозй танзим мешавад. Илова бар ин, савдои хизматро тавассути муайянсозии статуси субъекти пешкашкунандаи он ва дацицсозии шароихои фуруши хизмат танзим намудан мумкин аст.24

Мацсади цабули чунин чорахо аз як тараф, ба таъминоти бехатарии пешниходи хизмат, цонеъгардонии талаботи истеъмолкунандагон равона карда шуда бошад, аз тарафи дигар, хусусияти химоятгарой дошта, ба хифзи пешкашкунандагони ватании хизмат аз рацобат бо сохибкорони хоричй, инчунин ба нигохдории сохтори муайяни бозори хизмат ва баробарии тавозуни пардохт равона карда шудааст. Ба воситахои танзимкунандаи савдои хизмат тамоми чорабинихое, ки шакли цонун, цоида, царор, тартибот, фаъолияти маъмуриро мегиранд, дохил намудан мумкин аст.

Танзими савдои хизмат дар сатхи миллй ба воситаи цабули чунин махдудиятхо ба рох монда мешавад:

1. Сертификатсиякунонй ва литсензиякунонии хатмй.

2. Кдбули цонунхои махсус, кодексхои танзимкунандаи сохахои алохидаи хизмат (махсусан хизматрасонихо дар сохаи молия, тандурустй ва маориф).

3. Таъсиси мацомотхои махсуси танзимкунандаи шаклхои алохидаи хизмат, ки хуцуцй цабули царорхои махсуси танзимкунандаро дар сохи хизмат доранд. Дар баъзе холатхо чунин мацомотхо мацоми вазоратхоро мегиранд.

4. Чорабинихои гуногуне, ки фаъолияти иттифоцхои касабаи сахомиро цонунй мегардонад.

5. Танзими мустацими шароити мехнат ва музди маош.

6. Таъсисдихии монополияхои хуцуцй ва воцей, картелхо ва f.

7. Конунгузорихои зиддимонополй ва зиддидемпингй.

8. Танзими мустацими номгуй ва сифати хизматрасонихои пешниходшаванда.

9. Танзими мустацими нарх.

10. Субсидиякунонии мустацим ва Fайримустацим ва f.

Таназими савдои хизмат дар сатхи миллй барои рушди бозори дохилии хизмат мохияти назаррас дорад. Ба воситаи он давлат имконият пайдо менамояд, ки сохахои миллии бахши хизматрасониро аз рацобати хоричй хифз намояд ва дар баробари ин, содиротро хавасманд гардонад.

Созишномахои дутарафа одатан метавонанд цисми зиёди сохахои хизматрасониро дар бар гиранд ё дар доираи сохахои алохидаи хизматрасонй махдуд гарданд.

Дастрасии бозорхои берунаи хизмат дар муцоиса ба бозорхои берунии мол нисбатан мураккаб мебошад. Ин, пеш аз хама, ба он алоцаманд аст, ки сохаи хизматрасонй сохаи нисбатан даромаднок буда, дастрасии ширкатхои хоричй ба бозори дохилй метавонад ба мавцеи ширкатхои ватанй таъсири манфй расонад. Дар баробари ин, барцароркунии назорати ширкатхои байналмилалй ба сохахои нави хизматрасонй,

23 Данилова Е.В. ВТО: регулирование торговли услугами -М.: ИКП «Академкнига», 2003. - С.37

24 Джумъаев Б.М. Актуальные проблемы развития торговли услугами в условиях вступления Республики Таджикистан в ВТО, -Душанбе: Ирфон, 2012. - С.47

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

аз цабили сохаи телекоммуникатсия, технологияи иттилоотй, хизматрасонии молиявй метавонад ба амнияти ицтисодиёти миллй тахдид намояд. Илова бар ин, давлатхо ба воситаи амалисозии чорахои миллй кушиш менамоянд стандартхои муайяни хизматрасониро дар сохахои мухимми ичтимоии давлат, аз цабили тиб, маориф мацаррар ва дастгирй намоянд.

Мураккабй ва гуногунрангии низомхои миллии танзими савдои хизмат хангоми тахияи тартиботи ягонаи байналмилалии савдои он монеа эчод менамуд. Хамчун мацоми танзимкунанда дар хар як давлат дар сохахои алохида метавонад мацомоти давлатй, мацомоти судй ва ё сохтори хусусй баромад намояд. Дар баробари ин, новобаста аз оне, ки кадом мацомот ба хайси мацомоти танзимкунанда баромад менамояд, низомхои миллии танзими савдои хизмат аз лихози ухдадорихо ва махдудиятхои муцарраршуда аз як соха ба сохаи дигар куллан фарц менамояд. Ин, пеш аз хама, ба мавчудияти алоцаи зич байни танзими савдои хизмат ва самтхои муайяни сиёсати дохилии давлат, ки хар як давлат бо усули гуногун муцаррар менамояд, вобаста аст. Дар бисёр давлатхо низомхои миллии танзими савдои хизмат стандартхои гуногунро дар бар мегирад, ки бехатарй дар сохтмон ва сохахои мухандисй алоцаманд аст.

Хамаи ин дар навбати худ цабули тартиботи байналмилалиро нисбат ба сохаи хизматрасонй мураккаб мегардонад, ки дар онхо институтхо ва низомхои танзимкунанда якранг нестанд. Таъмини дастрасии таъминкунандаи хоричии хизмат ба бозори дохилй маъмулан маънои таFЙирот дар низоми танзими хизмат ва усулхои нигохдории низоми сиёсати дар ин, асос царордоштаро ифода менамояд. Дар баробари ин пешкашкунии намудхои муайяни хизмат аз тарафи хоричиён хузури тичоратии онхоро тацозо менамояд, ки масъалахои хифзи моликият ва сиёсат дар сохаи мухочиратро пеш меорад. Чунин масъалахо маъмулан дар шароити савдои мол чой надоранд.

Вобаста ба мохияти бахши хизматрасонй барои рушди ицтисодй, таъсиси чойхои корй, некуахволии мардум ва хамчунин таъмини амнияти ицтисодии кишвар нацши мухимро мацомотхои танзимкунандаи он мебозанд. Хатто давлатхое, ки либерализатсияи савдои хизматро чонибдорй мекунанд, дар маблаFгузорй барои сохахои алохидаи бахши хизматрасонй, аз цабили васоити ахбори умум, нацлиёти хавой ва амсоли онхо монеахои савдоро нигох медоранд. Аз як тараф, агар лаFвкунии пурраи монеахо дар самти савдои хизмат ба рушди савдо ва некуахволии умумй дар ицтисодиёти чахон оварда расонад, аз тарафи дигар, дар сатхи миллй зарур аст мувозинати байни болоравии имконпазири махсулнокй ва дигар хадафхои стратегии рушди ицтисодиёти миллй, аз цабили таъмини амнияти ицтисодй ва дастгирии истехсолкунандагони ватании хизмат нигох дошта шавад.

Барои ноил гардидан ба сатхи оптималии танзими савдои хизмат дар дохили давлат ва бозорхои берунй давлатахоро зарур аст сатхи мувофици озодкунии ицтисодиёти миллиро дар сатхи созишномахои дучониба, минтацавй ва бисёрмачро интихоб намуда, усули либерализатсияи ицтисодиёти давлатро дар бахшхои гуногуни сохаи хизматрасонй дациц созанд.

Махдудиятхо барои дастёбй ба бозорхои дохилй ва хоричй метавонад шакли дискриминатсионй ва Fайридискриминтатсиониро сохиб шавад. Зери мафхуми дискриминатсия дар савдои байналмилалй цабули чорахои гуногуни танзимро нисбат ба хизматрасонихои якхела ё таъминкунандагони хизматрасонй аз давлатхои гуногун ифода менамояд.

Чорахои цабулшаванда дар ин самт метавонад хусусияти дискриминатсионии мустацим ва Fайримустацим дошта бошад. Монеахои мустацими дискриминатсионй, меъёрхои дохилии маъмурй ва хуцуцйро ифода менамояд, ки хиссаи хизматрасонихои хоричиро дар сохахои алохидаи истехсолоти хизматрасонихо истифода карда мешавад. Чи тавре, ки мацсади асосии ин монеахо хифзи манфиатхои миллй, фархангй ва сиёсй

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

мебошад дар аксари холатхо чунин монеахо мавзуи музокирот барои давлатхои аъзо мегарданд. Монеахои дискриминатсионии гайримустацим дар шакли махдудиятхо ба харакати омилхои хоричии истехсоли хизмат, ба мисли харакати шахсони воцей, анбуххои иттилоот, сармоягузорй чорй карда мешавад, ки ба истехсолот ва фуруши хизмат мустациман алоцаманд нест. Ин монеахо хусусияти умумй дошта, ба савдои байналмилалии хизмат таъсири назаррас мерасонанд.

Дар баробари чорабинихои дискриминатсионии савдои хизмат дар танзими савдои он чорахои мустацим ва гайримустацими гайридискриминатсионй васеъ истифода карда мешаванд.

Монеахои мустацими гайридискриминатсионй низоми мураккаби ташкили истехсолот ва пешниходи баъзе намуди хизматрасонихоро ифода менамояд, ки пешниходи хизматро хам барои таъминкунандагони хоричй ва хам ватанй махдуд месозад. Ин монеахо бештар дар шакли монополиякунонии хизматрасонихои рохи охан ё муцарраркунии тарофахо барои барномахои телевизионй истифода карда мешавад, ки дар натичаи он фаъолияти дигар пешкашкунандагони чунин номгуи хизматрасонй гайрицобили рацобат мегардад.

Монеахои бавоситаи гайридискриминатсионй мачмуи чорахои дохилй аз цабили меъёрхои техникй, стандартхо, тартиботи бацайдгирй ва гайраро ифода менамояд, ки пешкашкунандагони хоричии хизматро водор мегардонад харочоти иловагиро оид ба сертификатсиякунонии хизматрасонихо мувофици цонунгузорихои миллй ба рох монанд. Барои бартараф намудани ин монеахо зарур аст соддагардонии талаботи миллй, меъёрхо ва тартиботи дохилии эътирофи дучонибаи маълумот ва амсоли онхо ба рох монда шавад.

адабиёт

[1] Правила ВТО и основы торговой политики.-М.: Международные отношения, 2017.- С. 267

[2] Викторов С.В. Услуги торговли и торговля услугами. Внешняя торговля России на рубеже веков. М.: "Издательство "Экономика", 2001. - С. 23.

[3] 1 Джумъаев Б.М. Актуальные проблемы развития торговли услугами в условиях вступления Республики Таджикистан в ВТО, -Душанбе: Ирфон, 2012. - С.35

[4] 1 Данилова Е.В., ВТО: регулирование торговли услугами - М. ИКП «Академкнига», 2003.- С. 16.

[5] Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030", -Душанбе 2016, -С.17

[6] Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хоричй» аз 3 июли 2012 соли, № 846.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.