Научная статья на тему 'ВКЛАД САДРИДДИНА АЙНИ В ПОДГОТОВКЕ И ИЗДАНИИ ПИСЕМ И ПЕРСИДСКОТАДЖИКСКОЙ ПОЭЗИИ МИР АЛИШЕРА НАВОИ'

ВКЛАД САДРИДДИНА АЙНИ В ПОДГОТОВКЕ И ИЗДАНИИ ПИСЕМ И ПЕРСИДСКОТАДЖИКСКОЙ ПОЭЗИИ МИР АЛИШЕРА НАВОИ Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

59
8
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Алишер Навои / Садриддин Айни / «Образцы таджикской литературы» / «Персидский диван» / письма / редактирование / текстология

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Халимджон Зохидджонович Зоиров

Садриддин Айни является одним из первых современных таджикских ученых, обративший внимание изучению биографии, литературного наследия и подготовке сборников поэтических сочинений персидско-таджикских произведений Мир Алишера Навои. Автор статьи, изучив и сопоставив образцов стихотворений и писем, содержащихся в «Намунаи адабиѐти точик» («Образцы таджикской литературы») и в книге «Алишер Навои» Садриддина Айни, приходит к выводу, что заслуги С. Айни в редактировании, издании и текстологическом изучении персидско-таджикских произведений этого поэта заслуживает внимания и высокой оценки и должны быть учтена в последующих научно-критических изданиях персидско-таджикских произведений Алишера Навои

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ВКЛАД САДРИДДИНА АЙНИ В ПОДГОТОВКЕ И ИЗДАНИИ ПИСЕМ И ПЕРСИДСКОТАДЖИКСКОЙ ПОЭЗИИ МИР АЛИШЕРА НАВОИ»

ВКЛАД САДРИДДИНА АЙНИ В ПОДГОТОВКЕ И ИЗДАНИИ ПИСЕМ И ПЕРСИДСКО- ТАДЖИКСКОЙ ПОЭЗИИ МИР АЛИШЕРА НАВОИ

Халимджон Зохидджонович Зоиров

доцент,Государственного образовательного учреждения «Худжандского государственного университета имени академика Бободжона Гафурова» (Таджикистан, Худжанд)

АННОТАЦИЯ

Садриддин Айни является одним из первых современных таджикских ученых, обративший внимание изучению биографии, литературного наследия и подготовке сборников поэтических сочинений персидско -таджикских произведений Мир Алишера Навои. Автор статьи, изучив и сопоставив образцов стихотворений и писем, содержащихся в «Намунаи адабиёти точик» («Образцы таджикской литературы») и в книге «Алишер Навои» Садриддина Айни, приходит к выводу, что заслуги С. Айни в редактировании, издании и текстологическом изучении персидско-таджикских произведений этого поэта заслуживает внимания и высокой оценки и должны быть учтена в последующих научно-критических изданиях персидско-таджикских произведений Алишера Навои.

Ключевые слова: Алишер Навои, Садриддин Айни, «Образцы таджикской литературы», «Персидский диван», письма, редактирование, текстология

ABSTRACT

Ustod Sadriddin Aini is one of the first modern Tajik researchers directly affected by the study of biographies, literary heritage, as well as the development and publication of published Persian-Tajik works by Mir Alisher Navoi. The author of the article, after studying, researching, comparing and contrasting samples of poetry and letters in the "Samples of Tajik Literature" and the book "Alisher Navoi" by Sadriddin Aini, came to the conclusion that the merit of Ustod Aini in corrections, editions, Persian-Tajik works of Mir Alisher Navoi deserves recognition and appreciation, and in the future should be taken into account in the scientific and critical editions of the Persian-Tajik works of the poet.

Keywords: Alisher Navoi, Sadriddin Aini, "Samples of Tajik Literature", "Divane Forsi (the divan of Alisher Navoi)",

DOI: 10.24412/2181-1385-2023-1-341-352

O'zbek tili, adabiyoti va folklori instituti

Alisher Navoiy adabiy va ilmiy merosini o'rganish masalalari

letters, corrections, textual studies

8-fevral

О^Ье^^п НеэрнЬПкаэ! fanlar akademiyasi O'zbek tili, adabiyoti va folklori instituti БОТ: 10.24412/2181-1385-2023-1-341-352

Уо1ише 4 | СопГегепсе Proceedings 1 | 2023

АШНвг Мауо1у айаЫ1у уа Пт1у тего$Ш

АННОТАЦИЯ

Устод Садриддин Айнй яке аз аввалин мухаккикони муосири точик аст, ки бевосита ба тахкики зиндагинома, мероси адабй ва тахияву нашри гузидаи осори форсй-точикии Мир Алишер Навой даст задаанд. Муаллифи макола баъд аз омузиш, тахкик, мукоиса ва мукобалаи намунахои ашъор ва мактуби мундарич дар "Намунаи адабиёти точик" ва китоби "Алишер Навой"-и устод Садриддин Айнй ба хулосае расидааст, ки хидмати устод Айнй дар тасхех, тахияву нашр ва матншиносии осори форсй-точикии Мир Алишер Навой шоистаи шинохт ва кадр буда, минбаъд хангоми нашрхои илмй-интикодии осори форсй-точикии суханвар бояд ба эътибор гирифта шаванд.

Калидвожахо: Алишер Навой, Садриддин Айнй, "Намунаи адабиёти точик", "Девони форсй", номахо, тасхех, матншиносй

Мир Алишер Навой (1441- 1501) яке аз суханварони номвари адабиёти асри XV буда, аз худ осори пурбахое ба мерос гузоштааст. Агарчи аксари осори у, ба монанди "Хамса", чахор девони ашъор, тазкираи "Мачолис-ун-нафоис", "Мухокимат-ул-лугатайн", "Хамсат-ул-мутахаййирин", "Махбуб-ул-кулуб", "Лисон-ут-тайр" (тарчумаи "Мантик-ут-тайр"-и Шайх Аттор), "Насоим-ул-мухаббат", "Муншаот", "Таърихи мулуки Ачам", "Таърихи анбиё ва хукамо", "Назм-ул-чавохир", "Вакфия", "Арбаини манзум" ("Чихил хадис"), "Мизон-ул-авзон", "Золоти Саид Хдсани Ардашер", "Золоти пахлавон Мухаммад Абусаид", "Муночотнома" ба забони туркй- чагатой навишта шудаанд, кисме аз осораш ба забони форсй-точикй эчод гардидаанд, ки маъруфтаринашон "Девони форсй" ва "Муфрадот" мебошанд. Афзун ба ин, аз Алишер Навой чанд мактуб ба забони форсй-точикй бокй мондааст, ки намунае аз онхоро дар "Хамсат-ул-мутахаййирин"-и Навой [15] ва тарчумахои форсй [16] ва точикии он [14], "Номахо ва муншаоти Ч,омй" [23], "Намунаи адабиёти точик" [3, с.98-100; 2, с.80-81] "Макорим-ул-ахлок"- и Хондамир [21] ва манобеи дигар метавон пайдо кард. Агарчи осори манзум ва мансури форсй-точикиаш нисбат ба туркй-чагатой камтар аст, аксари тазкиранигорон, аз чумла муаллифи "Тазкират-уш-шуаро" [17], "Тухфаи Сомй", "Х,абиб-ус-сияр", "Бахористон" [22] ва донишмандону мухаккикони осораш макоми уро дар адабиёти форсу точик беназир хондаанд. Чунончи, Давлатшохи Самаркандй дар овони чавонй зуллисонайн шудан ва дар шеваи туркй сохибфан ва дар тарики форсй сохибфазл гардидани уро васф намуда [17, с. 454-465], устод Садриддин Айнй ашъори форсй-точикии уро

8-Геуга1

https://tai.uz/

Ха1даго копГегмшуа

342

бо ашъори бисëре аз суханварони форсу точик баробар, xarro аз баъзе фузунтар медонад [3, с. 100; 2, с. 82]. Устод Рукниддини Хумоюнфаррух дар хусуси шефтаю фирефтаи Faзaлиëти дилангези Хоча Х,офиз будани Aлишер Навой, бинобар дарки матолиби ирфонй бештар татаббуъ ва истикбол карданаш аз сyрyдaxои ин шоири лисонyлFaйб, тaшбеxотy истиорот, киноëтy истилоxоти хос ва мазомини баланди уро дар ашъори форсии худ устодона ба кор бурдани Мир Aлишер бaxс намуда, таъсирпазирии сyрyдaxояшро аз ашъори Aмир Хусрави Деxлaвй, Хдсани Деxлaвй, Шайх Саъдй ва Мавлоно Ч,омй, ишку алока ва содикона хидмат карданашро ба aдaбиëти форсй таъкид кардааст [20, с. чор-чордax]. Aгaрчи Мир Aлишери Фонй xaм дар забони форсй ва xaм туркй ашъори баландмазмун сурудааст, ба занни кавй xеч яке аз xaмaсронaш нагуфтаанд, ки аввалин сурудаи y ба кадом забон буд. Яке аз мyxaккикони axвол ва осори суханвар Aлй Мyxaммaд ба ин бовар аст, ки нахустин сyрyдaxои Навой ба забони форсй-точикй будааст. Чунонки гуяд: 'Агар Фонй (Навой) донишро ба забони форсй фаро гирифта ва хешовандони модараш axли Кобул буда ва вайро мустакиман аз осори адабии Рудакй, Фирдавсй, Саъдй, Х,офиз, Низомй, Aттор, Ч,омй тaFЗия кардаанд, пас, бидуни шак, нахустин асари адабии y ба забони форсй навишта шудааст" [18, с. 33]. Имкон дорад, ки шояд баъзе аз мyxaккикони осори суханвар андешаи фавкро напазиранд, вале онxое, ки аз мазомин, сабк ва шеваи бaëни суханварони маъруфи форсу точик хуб огоxй доранд, баробари ошноии бевосита бо ашъор ва муншаоти туркии Мир Aлишер дарк хоxaнд кард, ки нaxвaи тафаккур ва бaëни маонии форсй ба худ либоси ориятй аз алфози туркй пушидаанд.

Устод Садриддин Aйнй яке аз аввалин мyxaккикони муосири точик аст, ки бевосита ба тaxкик ва нашри гузидаи осори форсии Мир Aлишер Навой даст задаанд. Бори нахуст ин суханвар ва донишманди беназир дар китоби пурарзиши "Намунаи aдaбиëти точик" бо истифода аз нyсхaxои кyxaни "Тазкират-уш-шуаро"-и Дaвлaтшоxи Самаркандй, "Бaxористон"-и Мавлоно Aбдyррaxмони Ч,омй, "Оташкада"-и Лутфалибеки Озар ва як мачмуаи дастнавис намунае аз ашъор (20 байт) ва як мактуби форсии Aлишер Навоиро овардааст [3, с. 96-100]. Сипас, дар китоби 'Алишер Навой" [1] ба тафсил дар бораи рузгор ва мероси адабии ин суханвар ва вазири номдор бaxс намудааст.

Китоби 'Алишер Навой" аз дax боб, нyздax фасл, хотима, мaнбaъxои истифодашуда, эзоxот ва кaйдxои чудогона иборат буда, то ба имруз axaмияти илмй ва адабии худро аз даст надодааст. Aндешaxо ва хyлосaxои илмие, ки пиромуни замони зиндагй,

8-fevral

343

O'zbekiston Respublikasi fanlar akademiyasi Volume 4 | Conference Proceedings 1 | 2023 O'zbek tili, adabiyoti va folklori instituti Alisher Navoiy adabiy va ilmiy merosini

^0:1О.24412/2Ш-1325-202З-^

таваллуд, хонадон, айёми бачагию чавонй, замони тахсил, вафоти Мир Алишер [1, с. 5-88], хаёти адабй ва фаъолияти эчодй [1, с. 88-126], жанри муаммо [1, с. 126-136], хидматхои илмию адабй ва маданй [1, с. 136- 153], дахлу харч [1, с. 153- 157], хаёти хусусй [1, с. 157- 168] хачв дар замони зиндагии суханвар [1, с. 168- 174] баён намудааст, аксар бо такя ба сарчашмахои дасти аввал ва мероси адабии суханвар изхор шудаанд. Устод дар кисмати иловахои китоби мазкур намунаи ашъори форсй-точикии Алишер Навоиро аз касоид, газалиёт, мусаддас, сокинома, таркиббанд, мукаттаот, рубоиёт ва муаммохо ба ихтисор оварда [1, с. 181- 242], сипас пиромуни мазмун, мавзуот, забони ашъори форсй-точикии Мир Алишер [1, с.242- 250] бахс кардааст.

Хидмати устод Айнй дар тасхех ва нашри осори Мир Алишер Навой шоистаи шинохт ва кадр аст. Агарчи хангоми тахияи "Намунаи адабиёти точик" [3] аз нусхахои душворхону пургалат ва мачмуаи дастнавис истифода намуда ва дар таълифи китоби "Алишер Навой" [1] аз нусхахои дастраси тазкирахо, осори бевоситаи Алишер Навой, мачмуахо, баёзхо, ёддоштхо ва кайдхои парешони муаллифони номаълум мадад чустааст, дониши беназири матншиносй ва суханварию адабиётшиносии у боис шудааст, ки матнхои нисбатан сахехро ба ихтиёри хонандагон ва мухаккикони точик гузорад. Бешак, баёни он хама хидмати беназири устод Айнй дар шинохти арзиши адабй ва тасхеху нашри намунахои осори манзум ва мансури Алишер Навой бахси дароз мехохад ва дар махдудаи як навишта намегунчад. Аз ин ру, ба таври ихтисор ба баёни намунае аз он хама иктифо менамоем.

Дар китоби "Намунаи адабиёти точик" 13 байт [3, с. 96-97] ва дар китоби "Алишер Навой"-и устод Айнй 23 байт [1, с. 185-186] аз касидаи "Тухфат-ул-афкор"-и Навой омадааст. Ин касида, ки дар чавоби "Дарёи аброр"- и Амир Хусрав ва "Луччат-ул-асрор"- и Абдуррахмони Ч,омй эчод шуда, ба Мавлоно Ч,омй бахшида шудааст, дар нашри "Девони форсй" 99 байт [19, с. 248- 255], "Девони Фоний" 99 байт [12, с. 204-210], "Девон"-и Амир Низомуддин Алишер Навой 72 байт [20, чихилу хашт-панчоху ду] мебошад. Аз мукоиса ва мукобалаи нашрхои мазкур равшан мешавад, ки чойи абёт дар хамаи нашрхо баробар набуда, ихтилоф ва хатохонихо чой доранд. Аз чумла, дар нашри Алии Мухаммадй, ки нисбат ба нашрхои мазкур комил аст, байте ба гунаи зайл омадааст:

Мехнати ифлоси муфрит дар гаронй Коф дон,

Коф чун шуд фока бехад гашт в-ин мустанкар аст [19, байти 56, с. 252].

8-fevral

344

Зоxирaн тaxиягaрони нашри Тошканд xaнгоми нашри касидаи мазкур ба нашри Aлии Мyxaммaдй такя намуда, аммо xини чоп мисраи дувумро пyрFaлaт (Коф чуи шуд фока бсхад гашт в-ин мустанкар аст) овардаанд [12, байти 56, с. 208], ки дар нaшрxои минбаъда бояд ислоx гардад. Дар нашри Рукниддини Хумоюнфаррух мисраи дувуми байти мавриди бaxс ба гунаи "Коф шуд чун фока беxaд гашт в-ин мустакбир аст" забт шудааст [20, с. пaнчоxy ду]. Aммо устод Садриддин Aйнй дар китоби "Намунаи aдaбиëти точик", ки нисбат ба нaшрxои мазкур кадимтар аст, байти мавриди бaxсро чунин оварда: Меxнaти ифлоси муфрит дар гаронй Коф дон,

"Коф" шуд, чун "фока" беxaд гашт в-ин мушкилтар аст [3, байти 9, с.

Дар китоби "Aлишер Навой"-и устод Aйнй низ мисраи сонии байти мавриди бaxс ба сурати фавк ("Коф" шуд чун "фока" бе хад гашт в-ин мушкилтар аст) омадааст [1, байти 15, с. 186].

Мисраи аввали байти мавриди бaxс дар xaмaи нaшрxо сaxеx ва айни якдигаранд, аммо мисраи дувум дар xaмaи нaшрxо аз xaм фарк мекунад. Чунончи, дар баъзе "Коф чун шуд" ва "Коф шуд чун", "беxaд" ва "бе xaд", "мустанкар", "мустакбир" ва "мушкилтар" забт шудааст. "Мустанкар" дар лyFaт маънии баъид, ношинохта, мункир, ношинос, бад ва зишт, нописандидаро дорад, "мустакбир" маънии истисморгар, он ки аз роxи истисмори дигарон нируманд шудааст, гарданкаш, мутакаббир, мaFрyрро дорад. "Мушкил" ба маънии душвор, сахт, саъб бошад. Зоxирaн байте, ки дар "Намунаи адабдати точик" ва китоби "Aлишер Навой"-и САйнй омадааст, нисбатан сaxеx аст. Устод Aйнй матлаби суханварро хуб дарк намуда, дар кисмати тaвзеxот аз муаммои нyxyфтaи байти мавриди бaxс иттилоъ додааст, ки зоxирaн тaxиягaрони дигар аз он бехабар будаанд. Чунончи гуфтааст: "Шоир дар ин байт дар гаронй баробари кyxи Коф будани кашшокии беxaдро бо роxи муаммо исбот кардааст: xaр гоx кашшокй - "фока" беxaд шавад, яъне xaдди охирин y набошад, "фок" мемонад ва агар ин сухан баргардад - чаппа шавад, чунонки калимаи "гашт" ба ин амал ишорат мекунад, "Коф" мешавад" [1, с. 260].

Дар нашри Рукниддини Хумоюнфаррух ва Aлии Мyxaммaдй матлаи Faзaле ба тарики зайл омадааст:

Bax, ки дар вакти гулам з-он гули рухсор чудо,

Гул чудо оташи ман низ кунад, хор чудо [20, с. 15; 19,

DOI: 10.24412/2181-1385-2023-1-341-352

O'zbek tili, adabiyoti va folklori instituti

Alisher Navoiy adabiy va ilmiy merosini o'rganish masalalari

g

97].

с. 41].

8-fevral

Зохиран дар мисраи дувуми байти мазкур хатохоние рух дода ва ё котибони нусах чунин китобат кардаанд. Таъбири "оташи ман низ кунад" чандон маъно надорад. Ба занни кавй шакли сахехи мисраи мавриди бахс дар нашри устод Айнй омадааст, ки ба тарики зайл аст:

Гул чудо оташи ман тез кунад, хор чудо [1, с. 192].

Шоир дар мисраи мазкур мегуяд, ки "гул чудо оташи ишки ман тез кунад ва хор чудо" ва мурод аз "оташ" - ишки сузон, гаму дарди ишк ва "оташ тез кардан" сузу гудоз ва шавку хаваси ишк зиёд кардан аст.

Байти чоруми газали мазкур дар нашри Р.Хумоюнфаррух ва А.Мухаммадй чунин омадааст:

Он парипайкар аз ин хаста чудой талабад Хамчу чон, к-у шавад аз пайкари бемор чудо [20, с.15; 19, с.41]. Дар нашри устод Айнй байти мазкур ба гунаи зайл омадааст, ки нисбатан содаву равон буда, аз мавчудияти ихтилофи зиёд дар нусхахои мавчудаи ашъори форсии Мир Алишер хабар медихад:

Он парипайкар аз ин хаста чудой талабид Хдмчу чоне, ки шавад аз тани бемор чудо [1, с. 192]. Газали мазкур дар нашрхои Р.Хумоюнфаррух ва А.Мухаммадй хафт байт буда, дар нашри устод Айнй хамагй панч байт омадааст ва зохиран устод Айнй ба сабаби душворхон ва пургалат будани нусха байтхои дувум ва шашуми онро хазф намудааст.

Дар нашри А.Мухаммадй газале бо матлаи зер чой дорад:

Эй хоки сари куи ту гаштан хаваси мо,

Бар пойи сагат буса задан мултамаси мо [19, с. 21].

Байти мазкур дар нашри Р.Хумоюнфаррух ва "Девони Фоний" айнан омада [20, с.1; 10, с. 4], аммо дар нашри С.Айнй ба гунаи дигар (Гардид сари куи ту гаштан хаваси мо) забт шудааст, ки аз лихози вазн ва шеваи баён сахех нест [1, с. 194].

Байти панчуми газали мазкур дар нашри А.Мухаммадй чунин омада:

Бечорагии мо хаваси чорагарон шуд,

То ту шудй аз лутфу карам чорагари мо [19, с. 21].

Сатри дувуми байти мазкур холй аз хато нест ва кофия маюб аст. Зеро дар байтхои дигари газали мавриди бахс вожахои "хавас", "мултамас", "нафас", "чарас", "хас", "кас" ва "магас" хамкофия буда, дар байти мазкур ба чойи "чорарас" ба иштибох "чорагар" забт шудааст. Шакли сахехи мисраи мавриди бахсро метавон аз

8-fevral

346

нашри устод Айнй, Р.Хумоюнфаррух ва "Куллиёт"-и суханвар пайдо кард, ки чунин аст: То ту шудй аз лутфу карам чорараси мо [1, с. 194; 20, с.1; 10, с. 4].

Лозим ба зикр аст, ки дар хеч як аз нашрхои девони форсии Мир Алишер Навой тартиби газалиёт пурра аз руи хуруфи тахаччй нест ва дар хеч кадоми онхо фехристи ашъори суханвар оварда нашудааст[р.к.: 10; 11; 12; 19; 20]. Хангоми мукоиса ва мукобила равшан гашт, ки дар яке аз онхо газалхое чой доранд, ки дигарй онро надорад ва ё чои абёт ё микдори байтхо аз хамдигар фарк мекунанд. Чунончи, дар нашри Р.Хумоюнфаррух газале ба сабаби афтодагии сафха бидуни матлаъ омада ва бо байти "Маро зи хона барорад хавои майхона, Чу нест май натавон ёфтан ба хона маро" [20, с. 11] огоз шудааст. Ин газалро дар нашри А.Мухаммадй пайдо накардем [19]. Матни нисбатан комили газали мазкур дар "Девони Фоний" омадааст [10], ки хафт байтро ташкил мекунад ва матлаи он ба таври зер аст: Ба дайр буд хавои маи мугона маро, Валек буд хумори сахар бахона маро [10, с. 43].

Аммо бо вучуди комил будани матни газал нашри мазкур холй аз хатои матншиносй нест. Чунончи, дар байти шашум ба чойи "рахонам" вожаи "рахондй" ва ивази "майи шабона" иштибохан "май шабона" омада [10, с. 43], вазни газалро халалдор кардааст. Шакли сахехи байт дар нашри Р.Хумоюнфаррух чунин омадааст:

Ба як-ду чоми сабухй рахонам, эй сокй, Хароб дошт хумори майи шабона маро [20, с. 11].

Афзун ба ин, хангоми мукоиса ва мукобилаи нашри устод Айнй бо нашри А.Мухаммадй маълум гашт, ки бо вучуди мухтасар будан чанд газале, ки дар нашри устод Айнй омадаанд, дар нашри А.Мухаммадй ба назар намерасанд ва шохиди ин сухан газалхои "Ба мизони камон санчанд мардум зури бозуро" [1, с. 187], "Мактаби маънист доми дил зи нодонй маро" [1, с. 187], "Сокй чу май дихию кунй бехабар маро" [1, с. 193], "Рафтам ба хавои гули руят ба чаманхо" [1, с. 194], "Аз ту дил гамгину ман ношод аз дасти ракиб" [1, с. 195], "Зи тоби лоларухе дил дар оташу хун аст" [1, с. 195-196], "Эй бодапарастон, рахи майхона кадом аст?" [1, с. 196], "Дар фироки ёр мактубе агар хохам навишт" [1, с. 197], "Хамчун рухи зебои ту зебои дигар нест" [1, с. 197-198], "Номае аз хуни дил бо ёр мебояд навишт" [1, с. 198] ва f. мебошанд.

Чунонки, зикраш гузашт, устод Садриддин Айнй дар "Намунаи адабиёти точик" чихати ошно намудани хонандагон бо сабк ва шеваи навиштори номахои форсии

8-fevral

347

Алишер Навой "Мактуби Амир Алишер Навой ба Хоча Фазли Девон ва Хоча Убайдуллохи Марворид"- ро аз як мачмуаи дастнавис ба таври пурра овардааст [3, 98-100]. Мактуби мазкур ахамияти зиёди адабиро молик буда, дар алохидагй насихатномае ба ахли чоху раёсат аст. Алишер Навой дар мукаддимаи мактуб, баъд аз арзи салом чанд сухани хакимона дар бораи мухаббат ба чоху раёсат набастан ва фирефтаи хостахои нафсонй нагаштан, мунтакиму гаддор будани фалаки качрафтор ва адлшиор будани хокимони мулк баён медорад, ки барои хар як аз ахли чоху мансаб панди бегараз ва омухтанй аст. Аз чумла мегуяд: "Бародарони арчманд ва фарзандони дилбандро баъд аз саломи муштокона эълом он, ки башар ба хубби чоху раёсат мачбул аст ва нафс беихтиёру шуур ба касби он матлуб машгул. Хосияти чох гафлатафзой аст ва илтифоти подшох бодаи хушрабой. Халоикро бо чунин кас кор бисёр ва чунин касро бахуш будан бисёр душвор. Агар гохе ба мадади акл худро ба хол орад, аммо мастии он бода ба холаш нагузорад. Ва дар он мастихо кучо ба хотираш ояд, ки фалак мунтакиму гаддор аст ва холики мулк хокими адлшиор. Иктидори чохашро бакое нест ва ахдашро вафое не. Дустон аз фазоехи он шарманда, душманон аз кабоехи он дар ханда. Ошноён аз он нохушихо мутааччибу мутаассир ва беганагон аз он девонавашихо сарафкандаву мутахаййир" [3, с. 98-99]. Баъд аз ин Мир Алишер панд медихад, ки окилон хангоми чоху раёсат доштан фирефтаи нафс, бехуду масти мансаб ва худхоху худпараст нагардида, бояд дасти мазлуму дармондагонро бигиранд. Нигорандаи мактуб бо он хама адлу дод, рахмату шафкат ва ободгарихое, ки дар замони вазирии хеш намуда буд, худро "нодони бесомон" мехонад ва аз он даврон ба афсус ёд мекунад ва мегуяд: "Пас, нафси салим ва акли мустаким бояд ки худро дар он мастихо бехуд насозад ва ба худроиву худпарастй наандозад ва ба холи дармондагони мазлум бипардозад. Ин нодони бесомонро хамаи ин холот ба сар гузашта ва аз хеч як бахраманду огох нагашта. Ин дам, ки бар таксироти худ огох гардида, чй фоида, ки фалак он хамаро дарнавардида, на аз он надомат кашидан фоида ва на аз ин ашки хасрат пошидан натича "То тавонистам, надонистам чй буд? Чун бидонистам, натонистам, чй суд?"" [3, с. 99]. Дар рукни аслии мактуб мухотабон, яъне шогирдони худро, ки сохиби чох ва мансаби баланд гардида буданд, панд ва дастур медихад, ки то кадри тавон вакти худ зоеъ накунанд, зердастонро навозишу дилчуй намоянд, дасти бечораву дарвешонро бигиранд, дар хама кор ихлосу ростиро пеша кунанд ва аз мукофоти амал ва шармсории рузи чазо битарсанд ва фармудахои Худоро фаромуш насозанд [1, с. 99-100]. Аз чумла,

8-fevral

348

мефармояд: "вакти худро бар Fуруру Fафлат раво надоранд ва ба хусрони дунёву охират нагузоранд, ачзаву зердастонро ба шафкату дилчуй бинавозанд ва кори дармондагон ба мархамату нармгуй бисозанд, ба сухани дурушт дили дарвешони дилрешро нахарошанд ва ба алфози мулоим мархами чарохоти дарвеш бошанд ва дар хама кор ихлосу ростиро пеша кунанд ва дар чазои амал аз шармсории рузи киёмат андеша намоянд ва хеч гох аз тарси Хак Fофил набошанд..." [3, с. 99-100].

Дар хусуси ахамияти адабии номахои форсии Мир Алишер Навой ба Мавлоно Ч,омй, ки кисме аз онхо дар "Хамсат-ул-мутахаййирин"-и Навой ва "Номахо ва муншаоти Ч,омй" омадаанд, мо чойи дигар бахс намудаем [7; 8; 9]. Номаи мазкур, ки ба унвонии Хоча Фазли Девон ва Хоча Убайдуллохи Марворид - шогирдони Алишер Навой навишта шудаанд, дар "Хамсат-ул-мутахаййирин"-и Навой ва "Номахо ва муншаоти Ч,омй" ба назар намерасанд. Р.Хумоюнфаррух онро дар мукаддимаи "Девон"-и Амир Низомуддин ба накл аз "Намунаи адабиёти точик"- и С.Айнй оварда [20, чихилу шаш-чихилу хафт] ва Мубашшири Акбарзод дар нашри нави "Намунаи адабиёти точик" онро аз хатти форсй ба кириллй баргардон намудааст [2, с. 80-81]. Хангоми мукоисаи нашрхои мазкур [20, чихилу шаш-чихилу хафт; 2, с. 80-81] бо "Намунаи адабиёти точик"-и устод Айнй [3, с. 99-100] равшан гашт, ки хангоми бознашр ва баргардон намудан чанд хатои матншиносй рух додааст. Чунончи, дар нашри Мубашшири Акбарзод ба чойи "фарзандони дилбанд" [3, с. 98] "фарзандони дилбар" [2, с. 80], ивази "фазоех" [3, с. 99] "фазойих" [2, с. 81], ба чои " раво надоранд" [3, с. 99] "раво надонанд" [2, с. 99], ивази "ба алфози мулоим мархами чарохоти дарвеш бошанд" [3, с. 99] "ба алфози мулоим мархами чарохоти дарвеши дилреш (?) бошанд" [2, с. 81], ба чойи "амри Илохй" [3, с. 99] ба иштибох "амри имлохй" [2, с. 81] забт шудааст.

Устод Айнй дар китоби "Алишер Навой" як номаи Мавлоно Ч,омиро, ки ба унвони Алишер Навой навишта шудааст, аз "Макорим-ул-ахлок" ба ихтисор накл кардааст [1, с.125]. Номаи мазкур пиромуни арзиши рисолаи "Муфрадот" -и Алишер Навой ва баъд аз як соли ирсоли муаллиф ба дасти Мавлоно Ч,омй расидани он бахс мекунад. Дар "Хамсат-ул-мутахаййирин"-и Навой [14; 15; 16] ва "Номахо ва муншаот"- и Ч,омй [23], ки шомили чанд номаи форсии Мавлоно Ч,омй ба Алишер Навой мебошанд, мо онро пайдо накардем. Асли ин нома дар "Макорим-ул-ахлок"-и Хондамир аст [21, с.74]. Хангоми мукоиса ва мукобилаи нашри С. Айнй бо "Макорим-ул-ахлок" равшан гашт, ки устод Айнй кисмати мукаддима ва

8-fevral

349

аслии мактуби мазкурро накл намуда [1, с. 125], аз накли рукни хотимаи мактуб, ки дуои мухотаб аст [21, с.74], худдорй кардааст. Аз ихтилофи нашрхои номаи мавриди бахс маълум мешавад, ки нусхаи истифоданамудаи устод Айнй аз нусхахое, ки тахиягари "Макорим-ул-ахлок" ба кор бурдааст, фарк мекунад. Хидмати устод Айнй дар он аст, ки дар таърихи адабиёти муосири точик яке аз аввалинхо шуда номаи мазкури Мавлоно Ч,омиро аз китоби "Макорим-ул-ахлок" накл мекунад ва ахамияти онро дар шинохти рисолаи "Муфрадот" - и Навой таъкид месозад [1, с. 125]. Аз ин бахс равшан мегардад, ки теъдоди номахои Мавлоно Ч,омй ба Алишер Навой бештар аз он аст, ки дар "Номахо ва муншаот"- и Ч,омй ва "Хамсат-ул-мутахаййирин"-и Навой омадаанд.

Аз гуфтахои фавк метавон ба ин натича расид, ки то хол нашри комил ва илмию интикодии девони форсии Алишер Навой ба нашр нарасидааст. Девонхое, ки дар Точикистону Узбекистон ва Эрон ба нашр расидаанд, холй аз хатои матншиносй нестанд ва ниёз ба тасхеху тахрир доранд. Афзун ба ин, хамаи ин нашрхо мунтахаби ашъори форсй - точикии суханвар буда, газалхое дар як девон чой доранд, ки дигарй онхоро надорад ва баръакс. Хуб мешуд, дар нашрхои минбаъда тахиягарони девони форсии суханвар намунахоеро, ки дар "Намунаи адабиёти точик" ва китоби "Алишер Навой"-и устод Садриддин Айнй омадаанд, ба эътибор бигиранд. Зеро намунаи ашъор ва мактубе, ки дар китобхои устод Айнй омадаанд, на танхо дар тасхеху тахрири матни ашъор, балки дар такмилаи мактубот ва девони форсии Мир Алишер Навой низ метавонанд хизмат кунанд.

REFERENCES

1. Айнй, Садриддин. Алишер Навой. - Сталинобод: Нашриёти давлатии Точикистон, 1948. - 268 с.

2. Айнй, Садриддин. Намунаи адабиёти точик. Аз хатти форсй тахия ва тасхехи Мубашшир Акбарзод. - Душанбе: Адиб, 2010. - 448с.

3. Айнй, Садриддин. Намунаи адабиёти точик. - Маскав: Чопхонаи нашриёти марказии халки Иттиходи Ч,амохири Шуравии Сусиёлистй, 1926. -VIII + 626 с.

4. Бертелс, Евгений Эдуардович. Избранные труды. Навои и Джами. -Москва: Наука, 1965. - 499 с.

5. Деххудо, Алиакбар. Фарханги мутавассити Деххудо. Ба кушиши Гуломризо Ситуда, Эрач Мехракй, Акрам Султонй. Зери назари Саид

Ч,аъфар Шахидй. -Техрон: Муассисаи интишорот ва чопи Донишгохи Техрон, 1385. Ч,илди аввал. - 1615 с.

8-fevral

350

О^Ье^^п НеэрнЬПкаэ! fanlar akademiyasi Уо1ише 4 | СопГегепсе Proceedings 1 | 2023

6. Деххудо, Алиакбар. Фарханги мутавассити Деххудо. Ба кушиши Гуломризо Ситуда, Эрач Мехракй, Акрам Султонй. Зери назари Саид Ч,аъфар Шахидй. -Техрон: Муассисаи интишорот ва чопи Донишгохи Техрон, 1385. Ч,илди дувум. - С. 1616- 3224

7. Зоиров X,. Ахамияти номахои Мавлоно Ч,омй//Маводи хамоиши байналмилалии «Чрйгохи Мавлоно Абдурахмони Ч,омй дар муколамаи фархангхо» (Хучанд, 3-4 ноябри соли 2014). -Хучанд, 2014. - С. 124-132;

8. Зоиров X. Бахсе дар тасхех ва матншиносии номахои Алишер Навой ва Мавлоно Ч,омй// Alisher Navoiy adabiy va йш1у merosini o rganish masalalari №67 (Xalgaro konferensiya materiallari) (2022-yil 8- fevral). - Тошкент: Adast ро^га^ 2022. -B. 342-350

9. Зоиров X. Хидмати номахо дар шинохти осори аслии суханвар // Паёми донишгохи омузгорй, №1(78). -Душанбе, 2019. - С. 122-126

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

8. Мирзоев, Абдулганй. Алишер Навой ва Абдурахмони Ч,омй (ба хуруфи кириллй ва арабиасос). -Душанбе: Ирфон, 1968. - 64 с.

9. Муъин, Мухаммад. Фарханги форсии якчилдй. -Техрон: Нашри Суроиш, 1383. - сию хашт + 1242 с.

10. Навоий, Алишер. Девони Фоний. Мукаммал асарлар туплами. Йигирма томлик. Ун саккизинчи том. -Тошкент: Фан, 2002. - 304 с.

11. Навоий, Алишер. Девони Фоний (давоми). Мукаммал асарлар туплами. Йигирма томлик. Ун туккизинчи том. -Тошкент: Фан, 2002. - 330 с.

12. Навоий, Алишер. Девони Фоний (давоми), касидалар, муфрадот, иловалар. Мукаммал асарлар туплами. Йигирма томлик. Йигирманчи том. -Тошкент: Фан, 2003. - 506 с.

13. Навоий, Алишер. Муншаот. Мукаммал асарлар туплами. Йигирма томлик. Ун туртинчи том. -Тошкент: Фан, 1998. -С. 136-235

14. Навой, Алишер. Хамсат-ул-мутахайирин. Интихоб ва тарчумаи Абдукодир Маниёзов. - Сталинобод: Нашриёти давлатии Точикистон, 1961. - 84 с.

15. Навоий, Алишер. Хамсат ул-мутахаййирин. Мукаммал асарлар туплами. Йигирма томлик. Ун бешинчи том. -Тошкент: Фан, 1999. -С. 2-109

16. Навой, Амир Алишер. Хамсат-ул-мутахаййирин. Тарчума аз туркии чагатойй Мухаммад Нахчувонй. Ба кушиши Махдй Фархонии Мунфарид/Номаи фархангистон, замимаи шумораи 12. - Техрон: Фархангистони забон ва адаби форсй, хурдод, 1381. - 62 с.

17. Самаркандй, Давлатшох. Тазкирату-ш-шуаро. Тахияи

БОТ: 10.24412/2181-1385-2023-1-341-352

О^Ьек йН, ас!аЫуой va Мк!оп п^Ший

ЛШквг Мауо1у айаЫу ха Итху тего$Ш oirganish та$а1а1аг1

Ж

Мухлиса Нуруллоева. -Хучанд: Ношир, 2015. - 544 с.

https://tai.uz/

Ха1даго копГегмшуа

8-Геуга1

18. Саъдуллохзода, Замир. Осори адабии халкшуда аз Алишер Навой ба забони форсй//Сухани ишк. Тобистони 1385, шумораи 30. - С. 31-37

19. Фонй, Амир Алишер. Девони форсй (Мунтахаб). Мураттиб ва муаллифи сарсухан Алии Мухаммадй. - Душанбе: Ирфон, 1993. - 320 с.

20. Фонй, Амир Низомуддин Алишер Навой. Девон. Ба саъй ва эхтимоми Рукнуддини Хумоюнфаррух. - Техрон: Ибни Сино, 1342. - панчоху панч + 234с.

21. Хондамир, Гиёсуддин ибни Хумомуддин. Макорим-ул-ахлок: шархи холи Амир Алишер Навой. Мукаддима, тасхех ва тахкики Мухаммад Акбари Ашик. - Техрон: Маркази нашри мероси мактуб, 1378. - 295 с.

22. Ч,омй, Мавлоно Абдурахмон. Бахористон. Ба тасхехи дуктур Исмоил Х,окимй. - Техрон: Интишороти Иттилоот, 1371. - 180 с.

23. Ч,омй, Нуриддин Абдуррахмон ибни Ахмад. Номахо ва муншаоти Ч,омй. Мукаддима ва тасхехи Асомуддин Урунбоев ва Асрор Рахмонов. - Техрон: Мероси мактуб, 1378. - 353с.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.