ИСПОЛЬЗОВАНИЕ ГАЗЕТНО-ПУБЛИЦИСТИЧЕСКОГО МАТЕРИАЛА В ФОРМИРОВАНИИ ПРОФЕССИОНАЛЬНОЙ КОМПЕТЕНЦИИ СТУДЕНТОВ
Статья посвящена изучению особенностей использования газетно-публицистического материала на занятиях по дисциплине "Русский язык и культура речи" на первых курсах неязыковых специальностей Филиала МГУ им. Ломоносова в г.Душанбе. Опыт работы показывает, что газетно-публицистический материал является важным средством формирования коммуникативной и профессиональной компетентности студентов.
Ключевые слова: газетно-публицистический материал, общественно-политический стиль, коммуникативная, коммуникативная и профессиональная компетенция, культура общения.
USAGE OF NEWSPAPER-JOURNALISTIC MATERIALS IN THE FORMATION OF
PROFESSIONAL COMPETENCE OF STUDENTS The article is dedicated to the characteristics of use newspaper and journalistic materials in the classroom for discipline "Russian language and culture of speech" in the first courses of not language specialties of the branch of M. Lomonosov Moscow State University in Dushanbe. Experience shows that the newspaper and journalistic material is an important means of formation of communicative and professional competence of university students.
Keywords: newspaper-journalistic material, social and political style, communicative, communicative and professional competence, communication culture.
Сведения об авторах: Рахматова Ш., кандидат педагогических наук, доцент кафедры лингвистики Филиала МГУ имени М.В.Ломоносова в г. Душанбе
Алиев С. Н., доктор педагогических наук, профессор кафедры методики преподавания английского языка Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, e-mail: [email protected]
Аbout authors: Rakhmatva Sh., PhD of Pedagogical Sciences, Associate Professor of the chair of linguistics f the Branch of Lomonosov Moscow State University in Dushanbe
Aliyev S., doctor of pedagogical sciences, professor of the chair of English Teaching Methodology, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini
МАЦОМИ АНЪАНА^ОИ ХАЛЦИ ДАР ТАРБИЯИ ИНСОНДУСТИИ ДУХТАРОН
ДАР ОИЛА
Мамадносирова М. М.
Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни
Педагогикаи халкй хамчун зарурияти таърихй дар охирхои асри XX пайдо шуда, ру ба инкишоф овардааст. Дар педагогикаи халкй вокеан тачрибахои халкй дар боби тарбия, таълим ва инкишофи наслхои наврас чамъоварй ва хулоса карда, аз назари талаби замон тавзеху ташрех дода, ба истифодаи умум пешниход карда шудааст. Аз ин нуктаи назар, педагогикаи халкй тачдидкунандаи меросхои педагогй-маърифатии халк ба хисоб меравад.
Педагогикаи халкй хеле доманадор аст, вай тамоми тачрибахои халкиро бо васоиту омилхояш, ки дар тули асрхо фарохам омадааст, дар бар мегирад. Жанрхои мухталифи эчодиёти дахонии халк ба монанди: афсона, ривоят, хикоят, эпосхо, зарбулмасалу маколхо, киссаю достонхо, урфу одатхо ва анъанахо воситахои асосии таъсиррасонии халкй ба шумор меравад. Дар маколаи мазкур дар хусуси макоми анъанахои халкй дар тарбияи инсондустии духтарон дар оила ибрози андеша мешавад.
Анъана калимаи арабй буда, маънояш дар точикй «аз номи касе хикоят кардан» аст. Хдмчун мафхум бошад, дар манбаи эътимодбахш баъзан мухтасар ва баъзан васеътар тафсир шудааст, яъне «анъана - расму коидахое, ки аз насл ба насл мегузарад» [4, с. 78].
Садриддин Айнй анъанаро чунин таъриф додаст: «Анъана ва урфу одатхо, сифатхои кухнае, ки дар як кабила, ё дар миллат монанди мерос, аз падар ба фарзанд гузашта омадааст» [1, c. 78].
Равшанй андохтан мебояд, ки анъана мафхуми васеъ аст, вай хамчун шакли дигари ифодавии худ мафхумхои урфу одатро дар худ фаро мегирад ва ифода
менамояд. Ин чунин маъно дорад, ки дар адабиёт ин мафхумхо бидуни истихола якдигарро метавонад иваз кунанд. Як унсури дар истифода аз хам дурравии онхо хамин аст, ки бо анъана одатхои характери глобалй (халк, давлатй) ва одат анъанахои хурд (оилавй, шахсй) ифода мегарданд. Масалан: халки точик анъна дорад, мегуянд, на одат дорад, ё ки «ман анъана дорам, намегуянд, ман одат дорам» мегуянд. Чй хеле, ки дар мукоисаи тафсиру мазмуни ба назар мерасад, анъана одат асту одат анъана. Аз ин ру чй дар навишт ва чй дар хондану гуфтан, мо бояд анъана гуфта одатро ва одат шунида анъанаро дар назар дошта бошем.
Инак, анъана - ин амал, рафтор, кирдор, фаъолияти гурухи одамони як миллат, кишвар, нохия, авлод, оила ва шахсони танхо мебошад, ки бо такрор дар давраи муайян хатман ичро карда мешавад ва максадхои муайяни ичтимой ва фархангиро ифода менамояд. Дар анъана хислатхои рухии миллат, халк ё гурухи халкхои таърихию маданияташон наздик инъикос меёбад. Анъанахои миллй, идхои миллй, расму оинхои неки оилавй, бозихои халкй ва бозихои серхаракати бачагона аз чумла анъанахои устувор ва пешкадам мебошанд. Анъанахои халкй дар тули асрхо ташаккул ёфта, хамчун мероси гузаштагон ба наслхои нав аз насл ба насл интикол шуда омаданд. Ба анъанахои дорои ахамияи калони педагогии халки точик аввало ёрию мадади хамдигарй (хашар, гаштак), дустию рафокати бегаразона, мехмоннавозй, иззату эхтироми калонсолон, бозихои шавковари халкй (бузкашй, пойга, гуштин, чавгонбозй), идхои халкй (навруз, бойчечак, сайри гули лола) ва г..хо дохил мешаванд.
Дар тарбияи инсондустии насли наврас (аз чумла духтарон) дар оила тачрибахои мардумй, анъана ва урфу одатхои халкй аз мероси илмй - педагогй ва бадей - педагогии бисёр олимон, ба монанди Н.К.Крупская, И.Г.Песталотсй, К.Д.Ушинский, А.Дистерверг, Н.А.Добролюбов, М.Ф.Ахундов, Абовян, Абай, инчунин аз мероси классикони адабиёти форсу точик Рудакй, Фирдавсй, Сино, Саъдй, Х,офиз, аз педагогони муосири точик Б. Рахимов, А.Нуров, Б.Мачидова ва дигарон васеъ истифода бурдан мумкин аст.
Анъанахо мехвари асосии педагогикаи халкй мебошанд. Анъанахо восита ва манбаи асосии тарбияи ватандустй дар оила ба хисоб меравад. Тарбияи инсондустй аз оила сар шуда, дар богча ва мактаб густариш меёбад.
Мафхуми инсондустй дар философия хамчун инсонпарварй, инсондустй, хурмат нисбати одамон ва шаъни у муайян шудааст. Дар педагогика инсондустй, инсонгарой, инсонпарварй, одамдустй ифодагари маданияти ботинй, чахонбинй сифати олии шахсият буда, он дар муносибат бо одамони атроф, табиат ва худи шахс ифода мегардад.
Яке аз мухимтарин нишонахои инсондустй ин муносибати байни одамон мебошад. Ба мафхумхои асосие, ки муносибатхои байни одамонро пурра мекушоянд, инхо мебошанд:
1.Еамхорй ва якдигарфахмй, яъне хамдардй, дилсузй, кобилияти ба гаму андух ва хурсандии дигар шахс шарик шудан.
2.Х,амдигарро хурмат кардан, яъне шахсро чй хеле, ки хаст хамон хел кабул кардан, хукуки уро ба доштани акидахои худ ва дар интихоби рохи худ эътироф кардан.
3.Хдмкорй, яъне доштани кобилияти хамкорй, дастгирй ба кумак, риояи меъёрхои зидди чабру ситам дар халли низоъхо.
Максади тарбия намудани инсондустй, омода намудани кудакон (аз чумла духтарон) ба химоя кардани хукук ва манфиятхои атрофиён, кадру кимати инсон, шахсияти хассос, хайрхох ва инкишофёбанда аст, ки у бояд бунёдгари ояндаи нек барои халку миллат бошад. Махз тарбия ва ташаккули сифатхои ахлокй, аз он чумла тарбияи инсондустй, дар оила огоз мегардад ва минбаъд дар богча ва мактаб ташаккул меёбад. Он дар шакли мехрубонию дилсузй намудан, хамдардй баён карда тавонистан, мушфику гамхор будан, тараххум намудан, лахзахои хурсандию гам, хамроху хамдам ва хамдард будан, дуст дошта тавонистан зохир мегардад. Ин сифатхо ба муносибати духтарон бо одамон, ашёхои атроф, олами набототу хайвонот таъсир мерасонад. Оила зинаи аввалу охири тарбияи инсон аст. Дар оила модарон ибрати духтаронро низ хамчун воситаи тарбияи инсондустй мехисобиданд. Махз дар оила духтарон малакахои хурмати падару модар, калонсолони оила, гамхорй ба онхо, ба дигарон ёрй расонданро меомузанд. Падару модарони хушахлок ба онхо намунаи ибрат ва шоистаи таклид мебошанд. Чй хеле, ки дар халк мегуянд: «Модар чй гуна - духтар намуна», яъне мехру
мухаббати онхо ба фарзандон дар оила зоеъ намеравад, хар кадар ба фарзандон мехру мухаббат бахшанд, баъдан аз онхо хамон кадар мехрубонихо хоханд гирифт.
Педагогикаи халкй монанди сифатхои инсонй мехру мухаббат ва гамхорй нисбати бачагон, дуст доштани онхо, навози шва парвариш намудани онхо ва гайраро аз оила таргиб намуда омад. Дар халк факат анъанаи фарзанди худро тарбия намудан набуда, балки фарзандони наздикон, хамсояю хешу таборонро низ тарбия кардан, дуст доштани онхо, бачахои аз тарбия дур будаи махалларо низ ба тартиб даровардан, хамчун анъана аз насл ба насл гузашта омад. Дар махалла тарбия рафтор ва кирдори занон ва духтарон ба зимаи махалла гузошта шуда буд. Датто шахсони бекас низ аз эътибори махалла берун намемонд ва агар маргаш расад, ахли махалла гур мекард, маросимхои аъзоро ба зиммаи худ мегирифт.
Дар педагогикаи халкй анъанаи ба фарзандй кабул кардани кудаки ятим, бенаво ва ё аз оилаи серфарзанд макбули мардум мебошад. Чунки дар он хисси тараххум нисбат ба фарзанди инсон, гуманизми бепоён ба назар мерасад. Барои хамин хам дар байни халк чунин мегуфтанд: «Агар зан кудаки ба фарзандй кабул кардаашро ба синааш пахш намояд, у мисли фарзанди худаш мешавад, мисли фарзанди чигарбанде, ки ба дунё овардааст». Ин анъанаи инсондустона хусусан дар давраи Чднги Бузурги Ватанй хеле ривоч ёфт. Ин анъанаро баъзан дар оилахои хозира хам мушохида кардан мумкин аст. Одатан он оилахое кудаконро ба фарзандй кабул мекунанд, ки худ фарзанд надоранд. Даст оилахое, ки мехоханд дар оилахошон кудакони хурдсол бошад, ё худ оилахое, ки факат духтар доранду писар не ва ё, писар доранду духтар не. Одатан ба фарзандй кабул кардан аз руи хисси инсондустй сурат мегирад.
Дар оила яке аз анъанахои хуб ин чалб намудани духтарон ба мехмоннавозй ва пешвоз гирифтани мехмон мебошад. Тарбия намудани хисси мехмондустй духтаронро ба ташаккул додани сифатхои инсондустй оварда мерасонад. Дар оила мехмонро «Хуш омадед»-гуён пешвоз гирифтан, дастурхон андохта дар руи дастархон нон, чой, ширинихо, мева ва ба чои нишасти мехмон чанд кабат курпача партофтан, пойафзоли мехмонро тоза карда хангоми баромадан ба назди пойи мехмон гузоштан, пеш аз хурок ба дасти мехмон об рехтан, сачок дароз карданро духтарон дар оила аз модарон меомузанд. Дамаи ин корхоро дар оила духтарон ичро мекунанд ва хангоми ин корхо анъана ва урфу одатхои миллй дар духтарон тарбия меёбад.
Ба гайр аз ин халки точик анъанахои зиёде дорад ва хамаи онхо дар тарбияи инсондустии духтарон дар оила накши мухим мебозад. Масалан:
• пагохй аз хоб хеста дасту руйро шуста, ба падару модар ва дигар аъзоёни калони оила салом додан;
• дар саридастархон хамеша чои худро дониста нишастан: калонсолон ва мехмонон дар боло, миёнсолон дар пахлу ва хурдсолон дар поён нишастан;
• дар сари дастархон пеш аз калонсолон ба нону таом даст дароз накардан, ичозати калонсолонро интизор шудан;
• хангоми сухбат ва гуфтугу бо калонсолон чашмро поён ририфта, сархам истодан;
• саломро фарзу алейкро карз донистан, умуман барои хамсояхо хардуяшро карз хисобидан;
• ростистода ба нишаста, рафтаистода ба истода, савора ба пиёда, одами танхо ба бисёрихо, хурд ба калонсол, мард ба зан аввалин шуда салом додан;
• зиёрат карда истодани пиронсолони муътабари махалла, новобаста аз шиносу ношинос;
• ба фарзандон номи бузургон, муътабарони авлодро гузоштан;
• дар чойхои серодам, куча наклиёт ва умуман дар назди одамони бегона сакич хоидани хам калонсолон ва хам хурдсолонро кори айб шуморидан;
• дастро пеши бар бурда, вохурй кардан;
• бо хамдигар бо «Шумо» гуфта муносибат кардан...
Агар дар хар як оила риоя намудани он аз бачагон (аз чумла духтарон) талаб карда шавад, натичаи тарбия хуб шуда метавонад. Ва имсол бесабаб соли 2015-ро дар Точикистон соли оила эълон накардаанд, чунки хадаф он аст, ки барои мустахкамию устувории оила дар чомеа ва баланд бардоштани савияи донишхои педагогию психологии волидайн аз чумла волидайни чавон ба рох монда шавад.
Дар шароити имруза моро зарур аст, ки махз арзишхои човиди инсонй -анъанахои халкиро дар зиндагии худ устувор гардонем. Мо бояд худро ба гузашта
мукобил нагузорем, балки аз неку бади он ба бачагон (аз чумла ба духтарон) сабак омузонем, дар акси хол аз меъёрхои олии одамият махрум хохем монд. Вазифахои олии тарбиявии давлат имруз аз мо, педагогхо, такозо дорад, ки маънавиёти ахлоки наврасон ва чавонони имруза худшиносии миллй ва ичтимоию фалсафии онхо ба дарачаи баланди меъёрхои умумибашарй бардошта шавад. Имрузхо ба масъалахои маънавият ва фалсафаи хаётии аникан сар фуру бурдани педагогика беш аз хар вакт зарурат пайдо кардааст.
Адабиёт:
1. Айнй С. Куллиёт. Ч,илди 9. - Душанбе, 1969.
2. Волков Н. Г. Этнопедагогика. - Калмыцкий госуниверситет, 2007.
3. Рахимов Б, Нуров А. Педагогикаи этникй ва халк,ии мардуми точик. - Душанбе: Шарки озод, 2008.
4. Фарханги забони точикй, чилди 1. - Душанбе, 1969.
РОЛЬ НАРОДНЫХ ТРАДИЦИИИ В ГУМАННОЕ ВОСПИТАНИЕ ДЕВОЧЕК В СЕМЬЕ
В статье, на основе источников, трудах ряда исследователей, а также результатах полевых исследований автора рассматривается роль народных традиций в гуманной воспитание девочки в круг семье.
Ключевые слова: народные традиции, девочек, семья, гуманизм, народная педагогика, национальное ценности.
THE VOLE OF FOLK TRADITIONS IN HUMANE EDUCATION OF GIRLS IN FAMILY
In this article on base of the sources, works of the row the re searchers, as well as result of the field studies of the author is considered vole of fork traditions in humane education of girls in circle of family.
Keywords: folk traditions, girls, family, humanism, folk pedagogic, national value.
Сведения об авторе: Мамадносирова М. М., ст. преподаватель кафедры педагогики и психологии Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, email: [email protected]
About author: Mamadnosirova M.M., senior teacher of chair of pedaqoqical and psycholoqy chair, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini
ХУДКОРОМАДИ ВА ХУДТАНЗИМИИ РАФТОР АЗ ДИДГО^И А. БАНДУРА
Фарацзода З. Б.
Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни
Аз чумлаи мубохисаи бисёр мухимме, ки дар солхои охир мавриди таваччухи бисёре аз равоншиносон карор гирифтааст, ин канори омадан бо мачмуае аз махоратхои равонй аст, ки худкоромадй аз мухимтарини онхо мебошад. Худкоромадй, ки аз батани тасаввуроти фардй реша мегирад, бар кобилиятхо ва тавоноихои донишчуён, дар чанбахои мухталифи тахсилй таъсир мегузорад ва поён будан ва набудани он бисёре аз шикастхои онхоро ракам мезанад. Донишчуён худкоромадии болоиро бо калимоте назир тавсиф мекунанд: эхтиром ба худ, бартарй, худпазирй ва г. ва худкоромадии поёниро бошад, бо калимоти назир, хакорат, тарс, танаффур аз худ ва г.тавсиф мекунанд. Бештар сохибназарони бархурдор аз арзёбии мусбат аз худро омили марказй ва асоси созгории отифй ва ичтимоии афрод талаккй мекунанд.
Худтанзимдихии рафтор. Тибки назари Бандура, агар аъмол танхо ба василаи подошхо ва танбехои берунй таъйин мешуданд, мардум монанди бодбодак амал мекарданд ва хар лахза тагйири чихат медоданд то худро бо авомиле, ки бар онхо таъсир мегузорад вафк диханд [3, с. 75].
Савол ин аст, ки агар таквияткунандахо ва танбехкунандахо беруни рафторро назорат намекунанд, пас чй чизе онхоро контрол мекунад? Посухи Бандура ин аст, ки рафтори одамй умдатан як рафтори худтанзим дода шудааст. Аз чумла чизхое, ки инсон аз тачрибаи мустаким ё тачрибаи гайримустаким меомузад, меъёрхои амалкард аст ва пас аз он ки ин меъёрхо омухта шуданд, пояхое мешаванд барои арзишёбии шахсии