Научная статья на тему 'The theory of green economy: basic aspects and perpectives'

The theory of green economy: basic aspects and perpectives Текст научной статьи по специальности «Социальная и экономическая география»

CC BY
370
32
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИқТИСОДИЁТИ САБЗ / ИқТИСОДИЁТИ қАҳВАГӣ / ЦАРАЁНИ ЦАҳОНИШАВӣ ВА ИДУСТРИАЛИЗАТСИЯШАВӣ / МУАММОҳОИ ГЛОБАЛӣ / ЭНЕРГИЯИ АЛТЕРНАТИВӣ / ХАРОБШАВИИ ЗАХИРАҳОИ ТАБИӣ / БӯҳРОНИ ЭКОЛОГӣ / ЗЕЛЁНАЯ ЭКОНОМИКА / КОРИЧНЕВАЯ ЭКОНОМИКА / ПРОЦЕСС ГЛОБАЛИЗАЦИИ И ИНДУСТРИАЛИЗАЦИИ / ГЛОБАЛЬНЫЕ ПРОБЛЕМЫ / АЛЬТЕРНАТИВНАЯ ЭНЕРГИЯ / ИСТОЩЕНИЕ ПРИРОДНЫХ РЕСУРСОВ / ЭКОЛОГИЧЕСКИЙ КРИЗИС / “GREEN” ECONOMY / “BROWN” ECONOMY / THE PROCESS OF GLOBALIZATION AND INDUSTRIALIZATION / GLOBAL PROBLEMS / ALTERNATIVE ENERGY / EXHAUSTION OF NATURAL RESOURCES / ECOLOGY CRISIS

Аннотация научной статьи по социальной и экономической географии, автор научной работы — Алиджанова Сурайё Абдушукуровна

Рассматриваются общие аспекты концепций и определений зеленой экономики, которые предлагает ряд международных организаций. Анализ показал, что в условиях усиления процесса глобализации и индустриализации мировой экономики происходит истощение невозобновляемых ресурсов. Определено, что коричневая экономика привела к истощению ресурсов, а использование разнообразных видов топлива привело к загрязнению окружающей среды и к экологическому кризису. Важность решения глобальных проблем и поиска альтернативных источников энергии, которые связаны с истощением природных ресурсов, требуют нахождения оптимальных условий для экономического развития на основе новых моделей, к которым относится и модель зелёной экономики.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ТЕОРИЯ ЗЕЛЕНОЙ ЭКОНОМИКИ: ОСНОВНЫЕ АСПЕКТЫ И ПЕРСПЕКТИВЫ

The article dwells on general aspects of conception and definitions in reference to “green” economy suggested by a number of international organizations. The analysis has shown that under the conditions of the intensified process of globalization and industrialization of world economy exhaustion of non-resumed resources takes place. It is determined that “brown” economy has resulted into exhaustion of resources and utilization of various kinds of fuel has poured into environmental pollution and ecology crisis. The importance of a solution beset with global problems and a search of alternative power sources connected with exhaustion of natural resources requires to find optimal conditions for economic development on the basis of new models; the model of “green” economy being pertained to the latters.

Текст научной работы на тему «The theory of green economy: basic aspects and perpectives»

УДК 332 ББК 65.28

НАЗАРИЯИИЦТИСОДИЁТИ Алицонова Сурайё Абдушукуровна, н.и.и.,

САБЗ: ЦИХ^АТХ^ОИ АСОСЙВА дотсенти кафедраи назарияи ицтисодии ДУРНАМОИ ОН ДДХБСТ (Тоцикистон, Хуцанд)

ТЕОРИЯ ЗЕЛЕНОЙ Алиджанова Сурайё Абдушукуровна, к.э.н., ЭКОНОМИКИ: ОСНОВНЫЕ доцент кафедры экономической теории ТГУПБП АСПЕКТЫ И ПЕРСПЕКТИВЫ (Таджикистан, Худжанд)

THE THEORY OF GREEN Alidjanova Surayo Abdushukurovna, ECONOMY.: BASIC ASPECTS AND candidate of the sciences of economics, Associate PERPECTIVES Professor of the department of the theory of

economics under the TSULBP (Tajikistan, Khujand) E-MAIL: sura14@ mail.ru

Калидвожа^о: ицтисодиёти сабз, ицтисодиёти цауваги, цараёни цауонишави ва идустриализатсияшави, муаммоуои глобали, энергияи алтернативи, харобшавии захирауои табии, буурони экологи.

Цанбауои умумии консепсияуо ва таърифуои ицтисодиёти "сабз", ки як цатор ташкилотуои байналхалци пешниуод кардаанд, барраси шудааст. Таулилуо собит ме-намоянд, ки дар шароити таувил ёфтани раванди цауонишави ва индустриализатсияи ицтисодиёти цауони коуиши захирауои барцарорнашаванда ба миён меояд. Муайян карда шудааст, ки ицтисодиёти "цауваги" ба харобшавии захирауо оварда расо-нидааст. Истифодаи сузишвориуои гуногун боиси ифлосшавии циддии мууити зист ва буурони экологи гардидааст. Мууиммияти уалли муаммоуои глобали ва цустуцуи сар-чашмауои алтернативии энергия, ки бо харобшавии захирауои табии алоцаманданд, дар замони муосир дарёфти шароитуои оптималии тарацциёти ицтисодиро дар асоси там-силауои нав талаб мекунанд, ки ба ин тамсила ицтисодиёти сабз мисол шуда метавонад.

Ключевые слова: зелёная экономика, коричневая экономика, процесс глобализации и индустриализации, глобальные проблемы, альтернативная энергия, истощение природных ресурсов, экологический кризис

Рассматриваются общие аспекты концепций и определений зеленой экономики, которые предлагает ряд международных организаций. Анализ показал, что в условиях усиления процесса глобализации и индустриализации мировой экономики происходит истощение невозобновляемых ресурсов. Определено, что коричневая экономика привела к истощению ресурсов, а использование разнообразных видов топлива привело к загрязнению окружающей среды и к экологическому кризису. Важность решения глобальных проблем и поиска альтернативных источников энергии, которые связаны с истощением природных ресурсов, требуют нахождения оптимальных условий для экономического развития на основе новых моделей, к которым относится и модель зелёной экономики.

Key-words: "green" economy, "brown" economy, the process of globalization and industria-

lization, global problems, alternative energy, exhaustion of natural resources, ecology

crisis

The article dwells on general aspects of conception and definitions in reference to "green" economy suggested by a number of international organizations. The analysis has shown that under the conditions of the intensified process of globalization and industrialization of world economy exhaustion of non-resumed resources takes place. It is determined that "brown" economy has resulted into exhaustion of resources and utilization of various kinds of fuel has poured into environmental pollution and ecology crisis. The importance of a solution beset with global problems and a search of alternative power sources connected with exhaustion of natural resources requires to find optimal conditions for economic development on the basis of new models; the model of "green" economy being pertained to the latters.

Бухрони молиявии соли 2008 хамаро нисбат ба тамсилаи мукаррарии «кахвагй»-и рушди иктисод бештар дилсард кард, ки он ба харобшавии захирахо ва истифодаи сузишвории маъданй асос ёфта буд ва ин холат боиси ифлосшавии чиддии мухити зист ва бухрони экологй гардид.

Чустучуи сарчашмахои алтернативии энергия ва мухиммияти халли муаммохои глобалй, ки бо харобшавии захирахои табий алокаманданд, дар замони муосир дарёфти шароитхои оптималии тараккиёти иктисодиро дар асоси тамсилахои нав талаб мекунанд. Ба ин гуфтахо тамсилаи иктисодиёти сабз мисол шуда метавонад. Дар мукоиса ба иктисодиёти анъанавй, иктисодиёти сабз истифодаи хаматарафаи захирахои табииро бахри афзунгардонии ММД дар назар дорад. Бо ибораи дигар, иктисодиёти сабз гузариш аз истифодаи сарчашмахои энергияи анъанавй ба сарчаш-махои аз чихати экологй тоза ва баркароршаванда мебошад.

Тахлилхо нишон медиханд, ки захирахои энергетикии баркарорнашаванда ва аз чихати экологй гайрисамаранок ру ба кохиш ниходаанд, бинобар ин дар давраи муосири тараккиёти ичтимой-иктисодй дар нашрияхои расмй ва даврй мафхуми иктисодиёти сабз беш аз пеш васеъ мавриди истифода карор мегирад.

Чумхурии Точикистон дар арсаи байналхалкй барои густариши хадафхои икти-содиёти сабз сахми арзанда гузошта истодааст. Мухиммият ва зарурати гузариш ба иктисодиёти сабзро Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон аз минбар-хои байналмилалй чандин маротиба иброз кардаанд. Аз чумла дар Конференсияи СММ "Рио+20" оид ба рушди устувор дар Рио-де -Жанейро Президенти Чумхурии Точикистон чунин кайд карданд: "Истифодаи самаранок ва эхтиёткоронаи захирахои табий, ки таркиби асосии иктисодиёти сабз мебошад, инкишофи сохахои ичтимой ва хифзи экосистемахо, ташкили механизмхои дурусти идоракунй ва дастгирии мухити бозорй чун як кисми самти ислохот дар Точикистон баромад мекунад, ки ба максадхои рушди устувор мутобики Декларатсияи Х,азорсолаи СММ нигаронида шудааст" [1].

Инчунин дар паёми навбатии худ Президенти кишварамон оид ба ин масъала чунин иброз намуданд:" Вобаста ба масъалахои рушди энергетика мехохам таъкид намоям, ки истифодаи иктидорхои бузурги гидроэнергетикии Точикистон барои таъмин намудани кишвархои минтака бо неруи баркии аз лихози экологй тоза- яке аз асосхои рушди "иктисоди сабз"- метавонад ба кам гардидани партовхои гази карбон ба атмосфера мусоидати чиддй намояд" [5].

Дар адабиёти иктисодй модияти иктисодиёти сабз аз якчанд нуктаи назар муайян карда мешавад. Дар ин чода ба консепсиядои олимони хоричй диккат додан зарур аст. Инкишофи афкори иктисодиёти сабз ва рушди иктисодии ба он асосёфта бори нахуст аз тарафи муаллифи консепсияи ММД Саймон Кузнетс соли 1934 дар Конгреси ИМА чунин ироа шуда буд: "Сатди некуадолй тандо бо даромади миллй муайян карда намешавад. Дар долати муосир ба чунин таркибдои мудими ММД ба монанди рушди устувор, сармояи табий ва вазъи экологй дар мамлакат адамият додан лозим аст". Аз ин чо бар меояд, ки зарурати маънидодкунии иктисодиёти сабз ва рушди "сабз" дар ибтидои асри 20 ба миён омада буд.

Коршиносони СММ оид ба мудити зист зери мафдуми иктисодиёти сабз чунин фаъолияти хочагидориро дар назар доранд, ки сатди некуадолии миллатро баланд бардошта, баробарии ичтимоиро таъмин мегардонад ва айни замон ба кам кардани хавфи экологй ва аз байн бурдани касри экологй имконият медидад. Соли 2012 дар конфронси UNCSD «Рио+20», ки ба рафъи камбизоатй ва назарияи рушди устувор бахшида шуда буд, тавсифи зерини модияти иктисодиёти сабз пешнидод гардид:

1. Иктисодиёти сабз яке аз олатдои самараноки аз байн бурдани кашшокй ва таъминоти рушди устувор мебошад. Аз дисоби иктисодиёти сабз баланд бардоштани дамгироии ичтимой, шугли адолй, амалй намудани низоми экологй, ки ба рушду тараккиёти некуадолии иктисодй оварда мерасонад, ноил гаштан мумкин аст.

2. Иктисодиёти сабз ба истифодаи самаранок ва дадди аксари захирадои табий имкон медидад, ки дар навбати худ ба баланд бардоштани даромади адолй ва пешгирии окибатдои манфии истедсолот шароит фародам меорад [4].

Дар сомонаи агентии Аврупо оид ба мудити зист (ЕЕА) кайд карда шудааст, ки иктисодиёти сабз дифзи низоми экологй ва дамзамон сатди зарурии конеъгардонии миллатро бо маводи хурока, энергия, воситадои истедсолот таъмин мекунад.

Ч,идатдои асосии модияти иктисодиёти сабзро ба низом дароварда чунин хулосабарорй кардан мумкин аст, ки иктисодиёти сабз иктисодиётест, ки хавфдои экологиро ба таври назаррас кам намуда, рушди иктисодиро таъмин менамояд; некуадолии адолиро баланд мегардонад, захирадои табий ва энергетикиро окилона ва самаранок истифода мебарад, партови гази карбонро кам мекунад.

Хуллас, ба иктисодиёти сабз дамон намуди фаъолияти хочагидорй дохил мешавад, ки баробари модернизатсия ва баландбардории самаранокии истедсолот, ба бедтар намудани сифати даёт ва мудити зист мусоидат менамояд.

Иктисодиёти сабз иктисодиётест, ки дар он мафдуми арзиши мубодилавй бо истилоди арзиши истеъмолй иваз карда мешавад. Дар ин чо сухан дар навбати аввал оид ба сифат меравад, на микдор. Дар консепсиядои стандартии иктисодиёти капиталиста модияти боигарй дама вакт бо гункунии пул ва неъматдои моддй алокаманд буд. Дама гуна арзиши истеъмолй адамияти дуюминдарача дошт ва воситаи даракат ба максади асосй гункунии пул ва неъматдои моддй ба шумор мерафт. Ч,адони баъдииндустриалии муосир дар навбати аввал сифати иктисодиётро талаб мекунад, ки дар он пул накши далкунандаро намебозад. Иктисодиёти сабз ба конеъгардонии эдтиёчоти одамон бо назардошти алокамандй бо мудити зист таваччуд менамояд [3].

Дар замони дозира сиёсати монетарию фискалй ва танзими давлатй намета-вонанд низоми иктисодии окилонаро ба род монанд.

Иктисодиёти сабз рушди устувори экологии кишоварзй, истедсолоти саноати

сабз, энергияи алтернативиро пешбинй мекунад, ки ин тамсила ба тамсилаи хозираи рушди иктисодй, ки аслан харобовараст, мукобил мебошад.

Иктисодиёти сабз на танхо тагйироти мухити зистро дар назар дорад, инчунин дигаргунии экологй, инкишофи шахсии инсон ва васеъшавии демократияро талаб мекунад. Бинобар ин дар консепсияи иктисодиёти сабз дигаргуншавии ичтимоию экологй хамрадиф мебошанд. Дар консепсияи тараккиёти мазкур ба бахши хусусй ё чамъиятй ягон хел афзалият дода намешавад. Мукаррар карда мешавад, ки хар ду бахш бояд чунин дигаргун гардонида шаванд, ки бозорхо ба арзишхои ичтимоию экологй нигаронида шуда, давлат бошад бо максади воридсозии тагйиротхои инноватсионй бо ташкилотхои чамъиятй зич хамкорй намояд.

Ба ин максад бояд чараёнхои иктисодии нав ба накша гирифта, коидахои нави иктисодй тартиб дода шаванд, ки ба хавасмандгардонии рафтори экологй ва барои ба хаёти харрузаи иктисодй дохил шудани он такон бахшад. Давлат бояд дар ин хо-лат хамчун шарик баромад намояд. Инчунин иктисодиёти сабз ба паст намудани сат-хи камбизоатй имконият фарохам меорад. Байни бартараф кардани камбизоатй ва идоракунии окилонаи захирахои табий ва низоми экологй алокамандии роста мавчуд аст, зеро ки табакахои камбизоати ахолй аз афзоиши сармояи табий бурд мекунанд. Идоракунии самараноки ин низомхо барои давлатхои даромадашон паст ахамияти хоса дорад, ки мол ва хизматхои низоми экологй сарчашмаи мухими мавчудияти ахолии камбизоат мебошанд.

Дар назарияи иктисодиёти сабз якчанд принсипхои бахамалокамандро чудо менамоянд, ки чабхахои калидии ин назарияро дар бар мегиранд:

Принсипи устуворй. Иктисодиёти сабз яке аз воситахои таъминоти рушди усту-вор аст. Иктисодиёти сабз аз мухити зисти солим вобаста аст ва барои таъмини неку-ахолии хамагон харакат мекунад. Ин намуди иктисодиёт тамоми максадхои рушди устуворро (экологй, ичтимой ва иктисодй) дар бар мегирад ва стратегихои гуногунро барои ноил шудан ба натичахои бехтарин дар ин се самт коркард менамояд.

Принсипи боадолатй. Иктисодиёти сабз адолатнокй ва баробариро байни мамла-катхо ва наслхо дастгирй менамояд. Он ба риояи хукукхои инсон ва рангорангии фархангй, баробарии гендерй мусоидат менамояд.

Принсипи афзалиятноки. Иктисодиёти сабз некуахолии хамагонро таъмин наму-да, ба паст шудани сатхи камбизоатй мусоидат менамояд. Он сатхи баланди инки-шофи инсонро дар хамаи мамлакатхо таъмин менамояд, бехатарии озукаворй ва дастрасии умумиро ба хизматрасонихои асосй дар сохаи тандурустй, маориф, санитарию гигиенй, таъминоти обй, энергия ва гайрахо таъмин мекунад.

Принсипи сайёраи солим. Иктисодиёти сабз гуногунии биологии талафшударо баркарор менамояд, ба низомхои табий сармоягузорй мекунад ва аз байн рафта истодаашонро баркарор месозад. Чунин иктисодиёт чахорчубаи сархадхои экологиро вайрон намекунад ва аз ин чахорчуба намебарояд ва хамаро ухдадор менамояд, ки дар ин чахорчуба хамкорй намоянд. Истифодаи самаранок ва окилонаи захирахои табий, аз чумла об, гази табий ва канданихои фоиданокро барои наслхои оянда зери хатар нагузошта таъмин менамояд.

Иктисодиёти сабз таъсироти иктидори технологияхои нав ва инноватсияхоро то огози истифодаи онхо бахо медихад, окибатхои экологии сиёсати иктисодиро арзёбй мекунад. Барои дарёфти халли масъалахои иктисодй бо манфиати бештар ба одамон

ва нисбатан харобовар ба мудити зист кушиш ба харч медидад. Инчунин ба пойдор намудани мувозинати байни муносибатдои экологй ва ичтимой мусоидат менамояд.

Принсипи самараноки ва кифоягй. Иктисодиёти сабз принсипи "ифлоскунанда пардохт менамояд"-ро амалй мегардонад ва ба истифодаи самараноку оптималии за-хирадо даракат мекунад. Он ба инноватсияи ичтимой, иктисодй ва экологй мусоидат менамояд.

Принсипи бартарии арзиши истеъмолй ва сифат. Ин принсипи бунёдии иктисодиёти сабз мебошад, ки ба исеъмолкунандагони нидой ва мудити зист нигаронида шудааст. Материя воситаи конеъгардонии тандо эдтиёчоти аслй мебошад. Пул бояд ба долати пештараи худ баргардад, яъне вакте ки пул на воситаи андухт, балки василаи сабукгардонии мубодилаи молй бошад.

Партов бояд ба истеъмолот баробар карда шаванд. Дар табиат партов вучуд надо-рад ва хотимаи як чараён ин пайдоиши чараёни дигар мебошад. Ин принсип на тандо сатди баланди ташкилй, балки имконияти дар оянда истифодабарии мадсулоти дую-миндарачаи истедсолотро пешбинй мекунад.

Консепсиядои иктисодиёти сабз:

• дастгирии давлатй ва сармоягузории хусусй барои падн намудани донишдо, амалисозии ташаббусдо, тавлиди технологиядо ва истедсолоте, ки ба кам кардани хоричшавии гази карбон ва ифлосшавии мудити зист мусоидат мекунанд;

• ба вучуд омадани бахшдои иктисодиёти сабз, чойдои кории сабз дар асоси тех-нологиядои сабз, коркарди такрории партов, кам кардани истеъмоли барк ё истифодаи энергияи алтернативй;

• истифодаи нисбатан амики ашёи хом боиси паст шудани арзиши аслии истед-соли мадсулоти сабз ва афзун шудани фоида дар истедсолоти сабз дар мукоиса бо ис-тедсолоти анъанавй гашта, имконияти мукаррар намудани музди кории нисбатан ба-ландтарро пешбинй мекунад. Дар натича, гузариши захирадои меднатй ба бахшдои сабзи иктисодиёт аз чидати ичтимой давасманд гардида, сатди камбизоатиро паст мекунад;

• баланд бардоштани истифодаи самараноки энергия, ки кодиши зарурати истифодаи маводи сузишворй ва ихтисори хоричшавии гази карбон мегардад. Ин шарт барои худбаркарорсозии захирадои табий мудим аст.

• баланд бардоштани самаранокии истифодаи захирадо, ки боиси кам шудани ташаккули партов, кодиши ифлосшавии мудити зист мегардад, мавчудияти устувори чунин бахши иктисодиётро дар як давраи тулонй таъмин менамояд, сатди камбизоа-тиро паст мекунад.

Чй хеле ки аз ин консепсиядо бар меояд иктисодиёти сабз дигаргунсозидои чид-диро дар назар дорад, ки ондо бояд тадричй бошанд. Дар аввал бояд корхонадо ё содадои пешсаф -муаррифгарони иктисодиёти сабз пайдо шаванд, ки заминадои рушди минбаъдаи онро тайёр намоянд. Айни замон 40 % сармоягузории чадонй ба иктисодиёти «сабз» рост меояд, 50 % -и ондо ба сарфачуии энергия ва истифодаи бо-самари энергия равона карда мешаванд. Энергетика на тандо ба ракобатпазирй ва амнияти иктисодиёт, гармию рушноидидй ба хонадони мо масъул аст, балки ба 50 % -и ихрочи моддадои ифлоскунанда ва 70%-и эмиссияи газдои парникй чавобгар мебошад. Дар дад соли охир иктидори истедсолии низоми энергетикии кишвар 1520 мегаватт зиёд карда, беш аз 1300 километр хатдои интиколи барки баландшиддат ба ис-

тифода дода шуданд.

Дар солдои охир дар Чумдурии Точикистон объекти мудимми инкишофи иктисодиёти сабз НБО-и Рогун мебошад. Аз огози бунёди неругоди баркии обии "Рогун" аз дамаи сарчашмадои маблаггузорй 24 миллиард сомонй, тандо соли 2018 3,9 миллиард сомонй азхуд карда шудааст ва соли 2019 ба ин максад кариб 4 миллиард сомонй пешбинй гардида, агрегати дуюми он ба кор дароварда мешавад. Бунёди неругоди "Рогун" имкон медидад, ки умри неругоди "Норак" садсоладо дароз карда шавад. Ин чунин маънй дорад, ки ба обанбори "Норак" аз неругоди " Рогун" оби тадшиншудаи соф дохил мегардад ва обанбори "Норак" аз гилу лой пур намешавад.

Барои боз дам устувор гардонидани низоми энергетикии кишвар кордо доир ба татбики лоидаи минтакавии КАСА-1000 огоз гардидааст, ки маблаги умумии он кариб 11 миллиард сомонй (диссаи Точикистон 3,4 миллиард сомонй) буда, соли 2021 ба анчом расонида мешавад.[5] Тибки арзёбии созмондои байналмилалй Чумдурии Точикистон доир ба истедсоли неруи барки аз лидози экологй тоза дар чадон чойи шашумро ишгол мекунад. Баъди ба кор андохтани иктидордои нав, аз чумла неругоди баркии обии "Рогун" Чумдурии Точикистон аз лидози фоизи истедсоли неруи барк аз манбаъдои тачдидшаванда дар чадон ба чойи дуюм ё сеюм мебарояд. Ин сад-ми арзандаи Точикистон дар далли яке аз муаммодои глобалй - кам кардани партови гази карбон ба атмосфера ва кодиши окибатдои манфии гармшавии иклим ходад буд.

Мамлакатдои мутараккй барои гузариш ба иктисодиёти сабз аллакай тадбирдои муассир андешида истодаанд. Иктисодиёти сабз асосан аз шаш самт иборат аст:

> Энергияи баркароршаванда. Имконияти истифодаи сарчашмадои баркарорша-вандаи энергия дар тамоми чадон мавчуд аст. Сарчашмаи энергияи баркароршаванда ба таври назаррас барои экосистема бехатар аст, окибатдои тагйирёбии иклимро камтар менамояд, инчунин аз чидати иктисодй фоидаовар аст. Низомдои энергетикии баркароршаванда самараноктар ва арзонтар мебошанд. Диссаи ондо дар дачми умумии истеъмоли энергия зиёд мешавад.

> Сохтмон ва таъминоти баркии устувор. Сохтмони сабз ё устувор дам кисми иктисодиёти сабз мебошад. Истифодаи самараноки захирадо дар мардилаи бунёди бинодо нидоят мудим аст.

> Наклиёти устувор. Ба ин самт на тандо худи наклиёт, балки инфрасохтори он низ дохил мешавад. Низоми наклиётй ба таври назаррас ба мудити зист таъсир мера-сонад, зеро то 25 % истеъмоли чадонии энергия ва ихрочи партови гази карбон мадз ба наклиёт рост меояд. ^ариб 97% партов аз дисоби сузонидани бевоситаи сузишворй ба амал меояд. Дачми партови газии наклиёт бо суръати тез афзоиш ёфта истодааст. Наклиёти автомобилй яке аз сабабдои асосии ифлосшавии атмосфера мебошад.

> Идоракунии захирахои обй. Идоракунии захирадои обй ба коркард, банакша-гирй ва паднкунии самараноку истифодаи бедтари захирадои обй равона шудааст.

> Идоракунии партов. Идоракунии партов коркард ва бартараф намудани партов, мониторинг ва танзими онро дар бар мегирад. Идоракунии партов барои кам кардани таъсири манфии он ба саломатии инсон ва мудити зист зарур аст. Агар иктисодиёти анъанавй меднат, технология ва захирадоро барои истедсоли молдои нидой ва партов муттадид намояд, иктисодиёти сабз бояд тамоми партовро ба сикли истедсолй, бо таъсири манфии дадди акалл ба табиат баргардонад.

> Идоракунии захирадои замин ва шадрдои устувор. Ин самт чараёни идораи истифода ва инкишофи захирадои заминии шадрй ва дедотро дар назар дорад. Захирадои заминй бо максаддои гуногун истифода бурда мешаванд, ки ба он кишоварзии органикй, баркарорсозии чангалдо ва туризми экологй дохил мешавад.

Дар далли масъаладои марбут ба мудити зист механизмдои иктисодй, ки ондоро инчунин бозорй дам меноманд, васеъ истифода бурда мешаванд. Дар байни механизмдои мазкур андозу бочдои экологй накши мудим мебозанд. Андоз ё боч аз истед-солкунандагон ва истеъмолкунандагон аз руи маблаги зарари расонидашуда си-тонида мешавад. Механизми дигари иктисодй субсидия мебошад, ки давлат ба истед-солкунандагон бо максади давасмандгардонии ондо дар коркард, татбик ва исти-фодаи технологиядои аз чидати экологии тоза дар чараёни истедсолот пешкаш мена-мояд. Дар самти иктисодиёти сабз бештар мамлакатдои G 20 корбарй карда исто-даанд, зеро ки 80 % гази карбонро мадз дамин давлатдо ба атмосфера мепартоянд ва кисми зиёди тагйирёбидои иклимиро ба миён меоранд. Мадз бар души дамин дав-латдо уддадории калон хобидааст ва ояндаи сайёраамон аз дамин давлатдо вобаста аст, лекин садми мамлакатдои ру ба тараккикардаистода дам дар ин самт зарур мебошад.

Пайнавишт:

1. Баромади Президенти Цумхурии Тоцикистон Э. Рахмон дар Конференсияи СММ «Рио+20» оид ба рушди устувор дар Рио-де-Жанейро ( Бразилия )//http://www.news.tj/ (санаимуроциат 31.01.2019)

2. Дастури мухтасари омузиши самтхои афзалиятноки рушди ицтисоди сабз дар Тоцикистон.-Душанбе 2016.-24 с.

3. Кучеров А.В., Шибилева О.В. Концепция зеленой экономики: основные положения и перспективы развития //Ежемесячный научный журнал «Молодой учёный». -126с.

4. Маводхои конференсияи СММ оид ба рушди устувор "Рио+20"//22.06.2012 //http://greenlight-int.org/events/2012/.(санаи муроциат 11.02.2019)

5. Паёми Президенти Цумхурии Тоцикистон ба Мацлиси Олии Цумхурии Тоцикистон 26.12.2018. www. president.tj (санаи муроциат 11.02.2019)

6. Зеленая экономика: здравоохранение / United Nations Environmental Programme: Green Economy //http://www. unep.org /greeneconomy /(санаи муроциат 31.01.2019)

Reference Literature:

1. The Speech of Tajikistan Republic President Emomali Rahmon at "Rio+20" UNO Conference on Sustainable Development in Rio de Janeiro (Brazil) // http://www.news.tj/fDate of appeal: 31.01.2019)

2. Brief Guidance on Studying Priority Directions of Green Economy Development in Tajikistan. -Dushanbe, 2016. - 24 pp.

3. Kucherov A.V., Shibileva O.V. Conception of "Green" Economy: Principal Journal "Young Scientist". - p. 126.

4. Materials of "Rio+20" UNO Conference on Sustainable Development // 22. 06.2012 // //http://greenlight-int.org/events/2012/. (Date of appeal: 11.02.2019).

5. The Message of Tajikistan Republic President to Tajikistan Republic Majlisi Oli (Supreme Council) from 26.12.2018 // http: www.president.tj (Date of appeal: 11.02.2019)

6. Green Economy: Health Service // United Nations Environmental Programme: Green Economy // http: www.unep.org / greeneconomy / (Date of appeal: 31.01.2019).

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.