Научная статья на тему 'The roie of taxation administering in tax system'

The roie of taxation administering in tax system Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
1016
158
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
НАЛОГОВАЯ СИСТЕМА / НАЛОГОВОЕ АДМИНИСТРИРОВАНИЕ / НАЛОГОВЫЙ КОНТРОЛЬ / НАЛОГОВАЯ СТАВКА / НАЛОГОВЫЙ БРЕМЯ / НАЛОГОВОЕ ПОСТУПЛЕНИЯ / ОЦЕНКА ЭФФЕКТИВНОСТИ

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Мамуров Анвар Махмуджонович

В данной статье автором рассматриваются проблемы налогового администрирования с целью повышения собираемости налогов, выделены их основные недостатки. В частности, проанализированы налоговые поступления в государственный бюджет. В настоящей статье затрагиваются лишь отдельные, наиболее значимые, проблемы налогового администрирования. Раскрывается понятие «налоговое администрирование» и дается его авторское определение. Модернизация экономики РТ требует модернизации налогового администрирования. Серьезнейшей проблемой налогового администрирования является контроль налоговых органов за формированием экономически обоснованных цен сделки для определения налоговой базы.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The author canvasses the problem of taxation administering in elevation of tax collection; major drawbacks being singled out. In particular, tax entries into the state budget have been analyzed. In the given article only separate problems of taxation administering being mostly significant, to our mind, are touched upon. The notion of taxation administering is disclosed, the author gives a definition of his own. Modernization of RT economy requires that one of taxation administering. The gravest problem of taxation administering lies in the control over a formation of economically grounded prices on the part of tax bodies for a determination of a tax base.

Текст научной работы на тему «The roie of taxation administering in tax system»

Маъмуров Анварцон Махмудцонович,

номзади илмуои щтисод, сармуаллими кафедраи андоз ва андозбандии ДД^БСТ

НАКШИ МАЪМУРИКУНОНИИ АНДОЗ ДАР НИЗОМИ АНДОЗ

Дар зери мафхуми «маъмурикунонй» идоракунй бо воситаи карору фармонхо бе хисоби баходихй оид ба мохияти кор фахмида мешавад [6,14].

Дар забони англисй истилохи «administer» - маънии идоракунй дар сатхи давлатй, рохбарикунй ва танзимкуниро дорад. Муайянкунии сохаи идоракунй дар мафхуми «tax administration» - макомоти андоз инъикос мешавад [7, 26].

Дар тули хафт соли охир низоми андози Ч,умхурии Точикистон мархилаи навбатии ислохотро аз сар мегузаронад. Рушди муносибатхои бозорй ва пешрафти вокеии иктисодиёти миллии Точикистон ин равандро метезонад. Агар дар солхои аввали ташаккули низоми миллии андоз максадхои аввалиндарача - ташкили конунгузории банизомдаровардашудаи андоз ва паст намудани гаронии андоз гузошта шуда бошад, дар шароити муосир баланд бардоштани самарабахшии низоми андоз ва такмили маъмурикунонии андоз аз вазифахои аввалиндарача махсуб меёбад.

Умуман, масъалаи маъмурикунонии андоз хамчун хадаф ва заминаи сиёсати андоз барои дурнамои наздик дар Паёми Президенти Ч,Т ба Мачлиси Олй Э. Рахмон соли 2009 арзёбй мегардад ва такмили он на танхо пасткунии тадричии гаронии андоз дар иктисодиёти миллй меорад, балки барои таъмини мувозинати низоми ракобатпазирии солими андозсупорандагон зарур аст.

Боиси кайд аст, ки дар чаласаи навбатии Шурои Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Ч,умхурии Точикистон таъкид карда шуд, ки «дар мукоиса бо Кодекси амалкунанда дар Кодекси нав 25 тагйироти асосй вобаста ба сиёсати андоз ва 10 тагйироти асосй вобаста ба маъмурикунонии андоз ворид карда шудааст» [1,3].

Сарвари мамлакат Э. Рахмон дар паёми худ ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон зикр мекунад: "Ч,ихати такмили маъмурикунонии андоз, кам кардани вакт ва харочоти сохибкорон тавассути сода ва сабук намудани расмияти андозсупорй, шумораи эъломияхо аз руи андозхо ва пардохтхои алохида то 40 фоиз, хисоботи андоз то 60 фоиз, инчунин микдори хуччатхо хангоми барасмиятдарории гумрукй то 30 фоиз кам карда шавад". Президенти чумхурй инчунин супориш дод, ки "тахия ва такмили лоихаи Кодекси андоз бо назардошти супоришхои имруза ва пешниходу мулохизот аз сохибкорону шахрвандон ва ташкилоту созмонхои чамъиятй воридгардида дар муддати се мох ба анчом расонида шавад" [2,1].

Дар хакикат, низоми муосири андози Ч,умхурии Точикистон ба талаботи муносибатхои бозорй бо назардошти тараккиёти ичтимой - иктисодй асос

ёфтааст. Ташаккули муносибатхои бозорй дар Чумхурии Точикистон ба зарyрати дигаргунсозии куллии низоми андоз оварда расонд, ки зимни он тачрибаи андухташудаи ватанй ва тачрибаи мамлакатхои хорича истифода бурда шуд. Дар тахрири лоихаи нави Кодекси андоз бошад, асосан омилхои асосй оид ба мукаммалии низоми андоз ба инобат гирифта шудаанд.

Президенти Ч,умхурии Точикистон дар Мачлиси васеи Хукумати Точикистон таъкид кард, ки дар раванди амалй гардидани Кодекси нави андоз даро-мади бучети давлатй метавонад кохиш ёбад. Вале талафоти даромади бучет тавассути баланд бардоштани маърифати хар як андозсупоранда, масъулияти рохбарони ташкилоту корхонахо, маъмурикунонии андоз, васеъ намудани заминаи андозбандй, таъмини пурраи ухдадорихои ташкилоту корхонахо, аз чумла корхонахои азим дар назди бучет бояд чуброн карда шавад [5].

Боиси кайд аст, ки Президенти Ч,умхурии Точикистон дар паёми худ аз 26 апрели соли 2013 ба Мачлиси Олии Ч,умхурии Точикистон, хотиррасон менамояд: «...баъзе му^аррароти Кодекси андоз холо хам тахлили хаматарафаро талаб менамоянд ва сохтору мацомоти дахлдорро зарур аст, ки дихати омузиш ва такмили онхо чорахои зарури андешанд» [3,2].

Хамин тавр, маъмурикунонии андоз - фаъолияти макомоти андоз оид ба ичрои назорати риояи конуни андоз аз як тараф ба шахсони вокей ва хукукй, аз тарафи дигар давлат мебошад.

Дар номгуи корхонахои низоми Кумитаи андози назди Хукумати Ч,умхурии Точикистон, ки бо карори Хукумати Ч,умхурии Точикистон аз 28 декабри соли 2006 тахти № 607 «Дар бораи Кумитаи андози назди Хукумати Ч,умхурии Точикистон» тасдик шудааст, калимахои «Матбааи Кумитаи андози назди Хукумати Ч,умхурии Точикистон» ба калимахои “Маркази барномасозии маъмурикунонии андоз” иваз карда шаванд [8,1] .

Хамин тарик, бо дастгирии молистехсолкунандагони ватанй бо рохи ислохоти маъмурикунонии чории андоз, ба инобат гирифтани манфиатхои сохибкории конунй, соддагардонй ва оммафахму дастраси умум гардонидани конунгузории андоз, инчунин тартиби соддакардашудаи бакайдгирии давлатии шахсони хукукй ва сохибкорони инфиродй ба вазорату идорахо дастуру супоришхои дахлдор диханд.

Маъмурикунонии андозро, ки ба вазъи хукукхои андоз асос ёфтааст, асоси низоми андоз номидан мумкин аст ва ба он усулхои идоракунй, банакшагирй, бахисобгирй, назорат ва батанзимдарорй хос аст.

Инчунин гуфтан мумкин аст, ки маъмурикунонии андоз низоми тараккиёбандаи идоракунии муносибатхои андоз мебошад, ки фаъолияти макомоти андозро дар шароити иктисодиёти бозор мутобик мегардонад.

Низоми андоз бояд низоми дуруст бо заминаи ягонаи конуни андозбандй дар доираи тамоми фазои иктисодии давлат, бо механизми хукукии ба танзим даровардани тамоми кисмхои он ва микдори камтарини хуччатхои меъёрй бошад, ки тартиби ситонидани пардохтхо ва назорати пардохти онхоро ба бучети дахлдори тамоми дарачахо ба танзим медарорад ва муайян мекунад.

Маъмурикунонии андоз яке аз кисмхои асосии кори низоми андоз ва иктисодиёти хар як мамлакат мебошад. Самаранокии низоми андоз ба пурра

муайян намудани манбаи даромад бо максади андозбандй ва кам кардани харочот барои бакорандозии онхо асос ёфтааст.

Усулхои маъмурикунонии андозро дуруст истифода бурдани макомоти андоз воридоти саривактии маблагро ба бучети дарачахои гуногун таъмин мекунад. Бинобар ин, маъмурикунонии андоз кисми мухими низоми андози Точикистон мебошад.

Цадвали 1. Дuнaмuкau eopudomy napdoxmyou a^o3 ба нuзoмu буцетш Ч,ум%урш

Toцuкucmoн 6apou coлyou 2001-2011 (млн. тм.)

Солхо Нишондихандахо

Х,исоб карда шудааст Ворид шудааст (беназардошти андозхои ичтимой) Ворид шудааст (бо назардошти андозхои ичтимой) Фаркият

2001 215,9 213,1 252,7 - 2,8

2002 228,9 262,6 322,1 33,7

2003 312,2 351,8 431,4 39,6

2004 403,9 437,3 545,9 33,3

2005 549,3 583,5 735,0 35,1

2006 683,2 736,9 950,8 53,7

2007 930,3 1001,9 1362,9 71,6

2008 1439,3 1470,9 1966,2 31,5

2009 2133,6 2279,4 2464,6 145,8

2010 2699,3 2950,9 3178,2 251,6

2011 3680,2 3860,8 4155,7 180,6

Тахлили гузаронидашудаи маъмурикунонии андоз дар давоми солхои 2001-2011 оиди тагйироти муайян дар динамика ва сохтори воридоти андоз дар Чумхурии Точикистон шаходат медихад. Дар соли 2011 ба бучети давлатии Ч,умхурии Точикистон ва фондхои гайрибучетии давлатй, ки аз чониби Кумитаи андози назди Хукумати Ч,Т маъмурикунонида мешавад, дар мачмуъ андозхо ва пардохтхо ба андозаи - 3860,8 млн. сомонй маблаг таъмин гардид, ки нисбати хамин давраи соли сипаришуда 76,4% афзуд.

Мувофики маълумотхои оморй дар нимсолаи аввали соли 2012 накшаи андозхо ва дигар пардохтхои хатмй, ки чамъоварии он ба зиммаи макомоти андоз гузошта шудааст, ба андозаи 105,6% таъмин гардид ва ба чойи 2200,2 млн. сомонии пешбинишуда ба бучет (бо назардошти андози ичтимоии гайрибучетй) 2323,2 млн. сомонй ворид карда шуд, ки он нисбат ба нишондихандахои накшавй 123,0 млн. сомонй ва нисбат ба маблагхои дар хамин давраи соли гузашта вокеан чамъоварй гардида ба андозаи 503,4 млн. сомонй ё худ 27,7% зиёд мебошад. Дар баробари ин, дар давраи хисоботй накшаи андози аксизй 84,5%, андоз аз фуруш - 74,9% ва андоз аз махсулоти коркард - 86,3% таъмин карда шуд.

Сабаби таъмин нагаштани накшаи андози аксиз ба он вобаста аст, ки аф-зоиши накшаи он аз хисоби ширкатхои мобилй барои соли 2012 нисбат ба соли 2011 ба андозаи 2,8 баробар зиёд мукаррар шудааст. Манбаи аслии аксизи

ширкатх,ои мобилй имруз имкон намедихдд, ки накша бо чунин афзоиш таъмин карда шавад.

Ичроиши накшаи андоз аз фуруши нахи пахта аз сабаби дар бозори чахонй кох,иш ёфтани нархи нахи пахта таъмин нагардид. Агар дар мох,и январи соли чорй нархи миёнаи нахи пахта 2100 доллари Иёлоти Муттах,идаи Амрикоро ташкил дода бошад, пас дар мо^и июн нархи он ба 1650 доллари Иёлоти Мутта^идаи Амрико баробар гаштааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2012 аз руи андоз аз ма^сулоти коркард ба чои 11,7 млн. сомонии пешбинишуда, хдмагй 10,1 млн. сомонй ба бучет ворид карда шуд, ки 86,3 фоизи накшаро ташкил дод. Сабаби таъмин нагардидани ичрои накшаи ин намуди андоз ба кох,иш ёфтани истех,соли алюминий дар чумхурй ва паст шудани нархи он дар бозори чахонй алокаманд аст.

Накшаи воридоти андоз^о ва пардохт^о ба бучети чумхуриявй дар нимсолаи якуми соли 2012 ба андозаи 103,5% ичро шуд ва ба чойи 763,8 млн. сомонии пешбинишуда ба бучет 790,8 млн. сомонй ворид гардид, ки нисбат ба накша 27,0 млн. сомонй зиёдтар мебошад.

Ицрои нацшаи андози ицтимой аз уисоби ташкилотуои буцетй дар нимсолаи якуми соли 2012 ба андозаи 101,2% таъмин карда шуд, ки дар натица ба буцети Агентии давлатии сугуртаи ицтимой ва нафаца 159,5 млн. сомони ворид гардид.

Чадвали 2. Маъмурикунонии даромадхои буцетй аз цониби Кумитаи андози ЦТ

Нишонди%анда%о Сол%о

2003 2004 2005 2006 2007 2008 2009 2010

ММД, млн. сом. 4757,8 6157,5 7201,1 9272,3 12779.7 17609,3 20 622,8 24704,7

Сатуи рушд нисбати соли гузашта, % 10,2 10,6 6,7 7 7,8 7,9 3.4 6,5

Воридоти даромадуо ба низоми буцетй, млн. сом. 431,4 545,9 735,0 950,8 1362,9 1966,2 2464,6 3178,2

Сатуи рушд нисбати соли гузашта, % 33,9 26,5 34,6 29,4 43,3 44,3 79,7 77,5

Дар фоиз нисбати ММД 9,1 8,9 10,2 10,2 10,7 11,2 11,9 12,8

Аз он цумла: Воридоти даромадуо ба буцети давлатй, млн. сом. 351,8 437,3 583,5 736.9 1001,9 1470,9 2279,4 2950,9

Сатуи рушд нисбати соли гузашта, % 34 24,3 33,4 26.3 36 46.8 64,5 77,2

Дар фоиз нисбати ММД 7,4 7,1 8,1 7,9 7,8 . 8,3 11,1 11.9

Воридоти даромад^о ба фонды гайри-буцетй, млн. сом. 79,6 108,6 151,5 213.9 361,0 495,3 185.2 227,3

Дар фоиз нисбати ММД 1,7 1,8 2,1 2.3 2,8 2,8 0,9 0,9

Табиист, ки дар хеч як кишвари олам чамъоварии андозхо (хиссаи андозхо нисбати ММД) пайваста афзоиш намеёбад, зеро он хадди муайян дорад. Ин хад аксар аз шумораи андозхо, меъёри онхо, интизоми андозсупорй дар кишвар, теъдоди имтиёзхои андозй ва самаранокии кори макомоти андоз вобаста аст.

Азбаски маъмурикунонй яке аз кисмхои асосии кори низоми макомоти андоз мебошад, бинобар ин, вай на танхо назорати пурраро аз болои андоз-супорандагон, пешгуй ва банакшагирии даромад, балки тафтиш ва санчиши макомоти поёнии андозро аз тарафи макомоти болоии он дар бар мегирад.

Хамин тавр, ин санчиш ба муайян намудани лахзахои мусбат ва манфии кори макомоти андоз ёрй мерасонад, бинобар ин, ба ин усулхои маъмурикунонии андоз диккати махсус дода мешавад.

Холо яке аз омилхои боздоштани баландбардории самаранокии сафарбарии даромадхо ба бучет усулхои ба миён омадаи маъмурикунонии андоз мебошанд.

Эътирози субъектхои хочагидор асосан вазифахои назоратиро ба миён меоранд: коидахои гузаронидани санчишхои андоз, аз чумла, санчишхои такро-рии андоз, микдори санчишхо дар давоми сол, номгуи хуччатхое, ки макомоти андоз хангоми санчиши камералй хукуки талаб карданро дорад. Набудани коидахои якхелаи санчиш, сифати пасти гузаронидани санчиш, асоси сусти исботкунй дар бораи ситонидани чаримаи андоз хангоми дида баромадани парванда дар суд, ихтисоси пасти кормандони макомоти андоз, васеъ истифода бурдани «ширкатхои якруза», иштироки калони маблаги накд дар гардиш ва гайра. Хамаи ин механизми соддакарданашудаи маъмурикунонии андозро нишон медихад.

Назорати андоз усули махсуси таъмини конуни андоз буда, натичаи начандон кофй дорад, яъне вай бояд на танхо вазифаи хазинаи давлатро ичро кунад, балки ба рушди фаъолияти иктисодй ва ичтимоии андозсупорандагон ёрй мерасонад.

Зарур аст, ки низоми маъмурикунонии андоз на танхо камшавии дарачаи харочотро барои ичрои конунхои андоз барои давлат ва барои андозсупо-рандагон таъмин мекунад, балки фахмиши хатмй будани муайянкунии вайронкунй ва мусодираи маблаги пурраи барои пардохт хисобкардашудаи андози андозсупорандагонро ташаккул медихад.

Маъмурикунонии андоз нихоят бо пардохти андози андозсупоранда алока-манд аст, муайянкунии аники андоз ва дарки онро, ки холо хам ба ин мафхум чой дода мешавад, талаб мекунад. Ин бо пардохти ихтиёрии андозсупоранда, инчунин андоз на танхо дарачаи хукукй, балки дарачаи иктисодй, сиёсй, молиявй ва ичтимой мебошад, алокаманд аст.

Ихтиёрй будани пардохти андоз ухдадории хукукй мебошад ва бо омилхо ва худудхои хукукии дахлдор танзим карда мешавад. Чунки аз бузургии меъёри андоз ва микдори умумии захирахои ба бучети давлатй супоридашуда тагйирёбии динамикаи рушди иктисодй ва ичтимоии чамъият вобаста аст.

Вазъи иктисодии дар Ч,умхурии Точикистон бамиёномада аз низоми андоз халли масъалахои саривакт пур кардани бучети давлатй, баробарконунии он аз руи даромад ва харочот, кам кардани каср ва карзи берунй, таъмини маблаггузаронии талаботи давлатро талаб мекунад. Таъмини рушди даромади

андоз ва баланд бардоштани дарачаи чамъоварии пардохти андоз чун пешина вазифаи афзалиятноки маъмурикунонии андоз мебошад.

Аз тарафи дигар, зарурати баланд бардоштани самаранокии истехсолот дар хамаи мархалахои он, инчунин баланд бардоштани сатхи хакикии зиндагии шумораи асосии ахолй паст кардани гаронии андозро талаб мекунад, ки шарти мусоиди зиёд намудани воситахои гардони корхона ва хавасмандкунии фаъолияти сармоягузории онхо ба хисоб меравад.

Бехтар намудани маъмурикунонии андоз холо вазифаи мухими ислохоти андоз мебошад. Такмил додани маъмурикунонии андоз бояд хамеша максади ба якхелагй овардани ахамияти чамъи даромадро ба бучет бо чамъи ухдадорихои андоз, ки конунгузории андоз муайян намудааст, дошта бошад. Маъмурикунонии андоз самтхои зеринро дар бар мегирад:

- автоматикунонии зиёди тартиби чамъ, нигохдорй ва коркарди хисоботи мухосибй ва андоз;

- мутамарказонй ва якчоя кардани захирахои иттилоотй бо таъмини дохилшавии фаврй ба онхо хангоми ичрои корхои назоратй;

- стандартикунонй ва якхелакунонии мачмуахои барномавй-техникй;

- стандартикунонии тамоми функсияхои маъмурикунонии андоз

Бояд афзуд, ки мархалаи кунунии рушди маъмурикунонии андоз ба такмили минбаъдаи системаи ташаккулёфтаи андоз, аз чумла мутобик намудани конунгузории андоз ба падидахои нав (монанди минтакахои озоди иктисодй, мавриди истифода карор гирифтани созишномахо оид ба таксими махсулот), содагар-донии тартибу коидахои мавчуда бо максади дастгирии сохибкорй, тафриканок сохтани маъмурикунонии андоз бо назардошти шаклхои сохибкорй ва саросар чорй кардани технологияи муосири иттилоотй равона шудааст.

Кaлидвожa%о: нuзoмu a^o^, мaъмуpuкунoнuu a^o^, rn^opamu a^o^, yayuu a^o^, гapoнuu a^o^, дapoмaдu aндoз

Пaйнaвишт:

1. Пaёмu Пpeзuдeнmu Ч,yмyypuu Toyuкucmoн бa Ma^ucu Олш Ч,yмyypuu Toyuкucmoн aз 20 anpeлu coлu 2012.- Душaнбe: Шapк¡u oзoд, 2012.

2. Cyxa^omu Пpeзuдeнmu Ч,yмyypuu Toyuкucmoн dap мayлucu eaceu ^yкyмamu Toyuкucmoн doup бa yaмъбacmu mmuyayou pушдu u^mucoduey uymuмouu мaмлaкam dap coлu 2012-ум ea вaзuфayo бapou coлu 2013. /^oyy xupoy. -№3.

3. Пaёмu Пpeзuдeнmu Чyмцypuu Toyuкucmoн бa Maynucu Олuu Ч,yмyypuu ToyumcmoK шaypu Дyшaнбe, 26 anpeлu coлu 2013.//«Ч,yмyypuяm», 27.04.2013, №59-60.

4. Бappacuu лouyau Kode^u aндoз dap yaлacau нaвбamuu Шÿpou Ma^ucu нaмoяндaгoнu Ma^ucu Олuu Ч,yмyypuu Toyuкucmoн aз 03 ceнmябpu coлu 2012. /^oyy xupoy.

5. Kode^u aндoзu Ч,yмyypuu Toyuкucmoн aз 5 ceнmябpu coлu 2012 maymu paкlaмu 902. -Дyшaнбe, 2012.

6. Бoльшoй экoнoмuчecкuй cлoвapь. nod peд.A.Н.Aзpuлuянa. -4-e шd.don. u nepepaб.-М..: Инcmumym meoü экoнoмuкu, 1999, c.14.

7. nueoeap A.rБoльшoй фuнaнcoвo-экoнoмuчecкuй cлoвapь. nod ped. B.^Ocunoe,-M.: Экзaмeн, 2000, c.26; 931.

8. Дар бораи ворид намудани тагйиру иловауо ба царори Хукумати Чумуурии Тоцикистон аз 28 декабри соли 2006 №607, Карор аз 28 майи соли 2009 №327. //Боцу хироц.

9. Измайлов А. Т. Налоговое администрирование и его значение в повышении собираемости налогов. -М., 2005.

10. Брюммерхофф, Д. Теория государственных финансов -М.: Пионер-Пресс, 2002.

11. www. stat.tj - официальный сайт Государственного комитета статистики РТ. Дата обращения: (15.01.2013).

12. www. andoz.tj - официальный сайт Налогового комитета РТ Дата обращения (30.01.2013).

Мамуров Анвар Махмуджонович,

к.э.н., старший преподаватель кафедры налогов и налогообложения ТГУПБП

Роль налогового администрирования в налоговой системе

Ключевые слова: налоговая система, налоговое администрирование, налоговый контроль, налоговая ставка, налоговый бремя, налоговое поступления, оценка эффективности

В данной статье автором рассматриваются проблемы налогового администрирования с целью повышения собираемости налогов, выделены их основные недостатки. В частности, проанализированы налоговые поступления в государственный бюджет. В настоящей статье затрагиваются лишь отдельные, наиболее значимые, проблемы налогового администрирования. Раскрывается понятие «налоговое администрирование» и дается его авторское определение. Модернизация экономики РТ требует модернизации налогового администрирования. Серьезнейшей проблемой налогового администрирования является контроль налоговых органов за формированием экономически обоснованных цен сделки для определения налоговой базы.

A.M. Mamurov

The RoIe of Taxation Administering in Tax System

Key words: tax system, taxation administering, tax control, tax tariff, tax burden, tax entries, assessment of effectiveness.

The author canvasses the problem of taxation administering in elevation of tax collection; major drawbacks being singled out. In particular, tax entriеs into the state budget have been analyzed. In the given article only separate problems of taxation administering being mostly significant, to our mind, are touched upon. The notion of taxation administering is disclosed, the author gives a definition of his own. Modernization of RT economy requires that one of taxation administering. The gravest problem of taxation administering lies in the control over a formation of economically grounded prices on the part of tax bodies for a determination of a tax base.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.