Научная статья на тему 'ТАШАККУЛЁБӢ ВА ТАЪИНОТИ ЗАХИРАҲОИ БОНКӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ'

ТАШАККУЛЁБӢ ВА ТАЪИНОТИ ЗАХИРАҲОИ БОНКӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
38
9
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
захирањои бонкї / сармоя / бонки тиљоратї / ташкилотњои ќарз ӣ / ќоѓазњои ќиматнок / фондњои ташкилотњои ќарзї / фоидаи софи бонк / иќтисодиёти бозоргонї.

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Холматова Фарида Абдуҷабборовна, Иномова Дилноза Илҳомовна

Дар мақола омилҳое, ки муаммои мукаммалгардонии фаъолияти бонкњои тиљоратї ва муайян намудани самти рушди онњо яке аз масъалањои муњими рушди иќтисодиёти љамъияти муосир мебошад. Аз усул, мўњлат, арзиши воситањои љалбшуда, аз андозаи воситањои худии бонк, сохтори захирањо натиљаи молиявии фаъолияти ташкилоти ќарзї, инчунин, имконият барои пешнињоди маблаѓ ба иќтисодиёти кишвар ва зиёд кардани номгўи хизматњо, ки ба муштариёни бонк пешнињод мешавад, муҳим мебошанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ТАШАККУЛЁБӢ ВА ТАЪИНОТИ ЗАХИРАҲОИ БОНКӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ»

DOI 10.24412/2709-1201-2024-179-183 ББК 65.9 (5т)-93 УДК 336 (575.3) И53

ТАШАККУЛЁБЙ ВА ТАЪИНОТИ ЗАХИРАХОИ БОНКЙ ДАР ФАЪОЛИЯТИ

ТАШКИЛОТХОИ ЦАРЗЙ

ХОЛМАТОВА ФАРИДА АБДУЧАББОРОВНА

Сармуаллимаи кафедраи кори бонкй, Донишгохи давлатии Хучанд ба номи Б. Гафуров. ш.Хучанд, Чумхурии Точикистон

ИНОМОВА ДИЛНОЗА ИЛХОМОВНА

Муаллимаи кафедраи назарияи иктисодй, Донишгохи давлатии Хучанд ба номи Б. Гафуров. ш.Хучанд, Чумхурии Точикистон

Аннотатсия. Дар мацола омищое, ки муаммои мукаммалгардонии фаъолияти бонкхои тичоратй ва муайян намудани самти рушди онхо яке аз масъалахои мухими рушди ицтисодиёти чамъияти муосир мебошад. Аз усул, мухлат, арзиши воситахои чалбшуда, аз андозаи воситахои худии бонк, сохтори захирахо натичаи молиявии фаъолияти ташкилоти царзй, инчунин, имконият барои пешниходи маблаг ба ицтисодиёти кишвар ва зиёд кардани номгуи хизматхо, ки ба муштариёни бонк пешниход мешавад, мух, им мебошанд.

Калидвожах,о: захирахои бонкй, сармоя, бонки тичоратй, ташкилотхои царзи, цогазхои циматнок, фондхои ташкилотхои царзй, фоидаи софи бонк, ицтисодиёти бозоргонй._

Дар шароити муосири инкишофи ицтисодиёт ташаккулёбии захирахо ахамияти якумдарача дорад. Баробари гузариш ба ицтисодиёти бозоргонй, бархам додани монополияи давлатй дар фаъолияти бонк, сохтани низоми бонкии дузинагй тавсифи захирахои бонки ранги дигар гирифтааст. Ин холатро чунин маънидод кардан мумкин аст:

- фонди давлатии захираи бонкй кам карда шуда диццати асосй ба фаъолияти зинаи якуми низоми бонкхои марказй равона карда шуд;

- ташкилёбии ташкилоти царзии нав бо шаклхои гуногуни моликият сабабгори чамъ намудани маблатхои озоди пулй.

Сохибони маблатхо, яъне ташкилотхои царзи тарзи нигохдорй ва царз додани онро мустацилона ба нацша мегиранд. Чунин ташкилотхои царзи табии ба муносибатхои низоми пули хамрох мешаванд. Худуди фаъолияти бонк, доираи амалиёти активии онро захирахои бонкй, асосан маблатхои чалбкарда муайян мекунанд. Чунин холат рацобати байни бонкиро дар чалб намудани маблатхо зиёд менамояд ва баробари бозори захирахои царзй, бозори цотазхои циматнок фаъолият мекунанд.

Дар бозори цотазхои циматнок бонкхо цотазхои циматноки худро ба фуруш мегузоранд ва цотазхои циматноки давлатй ва дигар ташкилотхоро мехаранд.

Сармояи асосии бонки тичоратй якчанд вазифахои мухимро дар фаъолияти харрузаи бонк ва таъминкунии фаъолияти дарозмухлати он ичро мекунад.

Бонки тичоратй монанди дигар субъектони муносибатхои ицтисодй барои фаъолияти худ бояд воситахои пулии муайян, яъне захира дошта бошад. Дар шароити муосири рушди ицтисодиёт муаммои ташаккули захирахои бонкй мохияти аввалиндарача дорад. Ин холат бо давраи гузариш ба ицтисодиёти бозоргонй, бархамдихии монополияи давлатии кори бонкй, ташкили низоми бонкии дусатхаи кишвар, хусусияти захирахои бонкй вобаста мебошад.

- ин вазъ онро ифода мекунад, ки бо вучуди танг шудани фонди умумидавлатии захирахои бонкй фаъолияти он дар сатхи аввалаи низоми бонкии Точикистон;

- ташкили корхона ва ташкилотхо бо шаклхои гуногуни моликиятдорй ифода мегардад, ки дар шакли нави сохибкорй воситахои пулй.

Дар як сохибкор чой ва тарзи чойгиркунии маблагхои муваккатан озоди худро мустакилона интихоб менамояд, ки ба ташкили бозори захирахои карзй сабаб мешавад. Еайр аз ин, микёси фаъолияти бонк объекти амалиётхои фаъоли онро муайян мекунад, ки аз мачмуи хачми захирахо вобастагй дорад. Ин холат ракобати бонкхоро оид ба чалби захирахо тезу тунд мегардонад.

Гузоштани маблаг ба сармояи оинномавй дар намуди воситахои пулй, дороихои моддй, инчунин, намуди муайяни когази киматнок ба вучуд меояд. Сармояи оинномавй аз хисоби воситахои худии сахомон (муассисон), чалби воситахои пулй барои ташаккули он истифода карда намешавад. Маблагхои гузошта шудаи сахомон ба сармояи оинномавии ташкилотхои карзй бо пули миллй бояд аз суратхисоби хисоббаробаркунии корхона-сахмдорон интикол ёбад.

Захирахои бонки тичоратй ё «захирахои бонкй» мачмуи воситахои худй ва чалбшуда мебошад, ки дар ихтиёри бонк карор дошта, барои гузаронидани амалиётхои фаъол (активй) истифода мешавад, аз ин лихоз вобаста аз ташкилёбй хамаи захирахои бонкй ба худй ва чалбшуда (карзй) таксим мешавад. (расми 1.1).

Захирахои бонкй

Воситахои худии бонк Воситахои чалбшудаи бонк

Сармояи оинномави

Фоидаи таксимнашудаи бонка, ки аз хисоби воситахои пулй ва дороихои моддй ташаккул меёбад

Сармояи захиравй

аз хдсоби фоидаи то андозбандишаванда ташаккул меёбад

Фонди махсус

аз хисоби фоидаи баъди

Амонатхо

воситахое, ки бо рохи интишори ухдадорихои карзии худ (тасдикномаи амонатй ва пасандозй, васика ва вом) чамъ карда шудааст;

воситахое, ки аз дигар ташкилотхои карзй бо рохи карзи байнибонкй ва карзй БМТ чамъ карда шудааст.

Расми 1.1. Сохтори захирахои бонки тичоратй

Манбаи асосии захирахои бонки тичоратиро воситахои чалбшуда (карзй) ташкил мекунад, ки дар сохтори захирахои бонк 70-80% мебошад. Кисми зиёди захирахои чалбшудаи бонкхои тичоратиро амонатхои дархостшаванда ташкил мекунад, ки бо вазни хоси зиёди воситахои дар суратхисоби хисоббаробаркунй ва дигар суратхисобхои мавчуд буда, тасниф карда мешавад. Вазни хоси меъёри захирахои бонкхои тичоратии Чумхурии Точикистон ба 64,3%, амонатхои мухлатнок 23,5%, аз онхо амонатхои сохторхои тичоратй ва пасандозхои ахолй 5%, бонкхо 18% баробар аст.

Диссаи воситахои худии бонк дар таркиби захирахо 22-30% ташкил медихад, ки дар мачмуъ ба талаботхои бонкдории чахонй чавобгу мебошад. Воситахои худии бонки

тичоратй дар намуди фондхои гуногун ифода меёбад, ки барои таъмини устувории молиявй, фаъолияти тичоратй ва хочагидорй, инчунин, гирифтани фоида аз руи натичахои фаъолияти чорй ва гузаштаи бонк равона гардидааст. ^исми дуюмини воситахои худии бонки тичоратиро фоидаи давраи хисоботии гузашта ташкил мекунад. Дар мачмуъ воситахои худи бонк аз фондхои гуногун, ки аз манбахои гуногун ташаккул ёфтааст, иборат мебошад. Сохтори воситахои худии бонк сифатан якхела набуда, дар муддати як сол вобаста аз якчанд омилхо, хусусан аз сифати дороихо, истифодаи фоида, сиёсати бонк оид ба таъмини базаи асосй (капиталной базы) тагйир меёбад.

Бо назардошти сохтори захирахо бонкхои тичоратй чунин тасниф карда мешаванд:

Аз руи хисобхои амалкунанда:

• бонкхои хисобхои пасандози дархостшавандаи зиёддошта;

• бонкхое, ки суратхисобхои пасандози мухлатнок доранд.

Аз руи тавсифи муштариён:

• микдори зиёди хисобхои шахсони вокей;

• микдори зиёди карзхо аз дигар бонкхо.

Ба воситахои худии бонк дохил мешаванд:

1. фондхои ташкилотхои карзй (сармояи оинномавй, захиравй, истеъмолй ва андухт). Манбаи ташкилёбии ин фондхо фоидаи софи давраи сипари гардидаи бонкхо мебошад.

2. Фоидаи софи бонк. Фоидаи софи бонк хамчун фаркияти байни даромадхои чори ва харочотхои чори + фоидаи давраи гузашта - истифодаи ин фоида хисоб карда мешавад.

3. Захирахо барои руйпушкунии хавф.

Ин захирахо дар кисмати гайрифаъоли тавозуни хисоби синтетикй сабт карда мешавад. Масалан, хисоби тавозуни 45501 карз ба шахсони вокей ба мухлати то 30 руз фаъол хисобида мешавад, вале хисоби тавозуни 45508 захирахо барои ин карз хисоби гайрифаъоли бакияи тавозун ба хисоб меравад.

Усули мукаррар кардашудаи хисоб намудани сармояи худии ташкилотхои карзй мавчуд аст, ки хамчун фаркияти сармояи асосй ва иловагй хисоб карда мешавад.

Сармояи асосй аз чунин бобхо иборат аст:

1. сармояи оинномавй;

2. кисми фоидхои ташкилотхои карзй, ки аз тарафи аудитор тасдик шудааст;

3. захирахое, ки барои бекурбшавии когазхои киматнок ташкил шудаанд;

4. фоидаи тасдикгардидаи даврахои гузашта аз тарафи аудитор.

Сармояи оинномавии бонк барои таъминнокии устуворй, самаранокии фаъолият ва пардохтпазирии бонк асосй мебошад. Дар чараёни фаъолият гайр аз сармояи оинномавй бонкхои тичоратй, инчунин, фаъолияти молиявии худро дар асоси сармояи танзимшаванда ба рох мондаанд. Сармояи танзимшавандаи ташкилоти карзй аз сармояи асосии соф ва иловагй иборат аст. Сармояи асосии софи ташкилоти карзй аз сармояи оинномавии хакикатан пардохташуда, барзиёдй, захирахои сармояи асосй, фоидаи таксимнашуда, фоидаи соли гузашта баъди пардохти андоз аз фоида ва тасдики аудити беруна бо тархи зиёни солхои чорй ва гузашта, дороихои гайримоддй бо тархи истехлоки хисобшуда иборат аст.

Бонки тичоратй метавонад, фоидаи соли чориро дар хачми 50% ва фоидаи соли гузаштаро, ки аз руи он андоз аз фоида пурра пардохта нашудааст ва аудити беруна холо онро тасдик накардааст, дар таркиби сармояи иловагй ба инобат гирад. Дар сурати чой доштани зарар дар фаъолияти бонки тичоратй, дар хисоби тавозунии № 30317 «Захираи умумй аз харочот» маблаги умумии захира барои пушонидани талафоти эхтимолй аз руи карзхои колабй ва ичораи молиявй (лизинг), ки аз хисоби харочот

ташкил карда мешавад ба андозаи на зиёда аз 1,25% аз маблаги умумии дороихои бо назардошти хавф баркашидашуда ба хисоб гирифта мешавад.

Сармояи иловагй аз руи нишондихандахои зерин тасниф карда мешавад:

> даромади эмисионй. Даромади эмиссионй хамчун фарцияти байни нархи фурухташудаи сахмия ва арзиши номиналии он хисоб карда мешавад.

> азнавбаходихии арзиши моликият;

> арзиши моликияте, ки бонк аз шахсони хукукд ва воцей бе бозгашт гирифтааст;

> захира барои царз, ки ба гурухи якуми хавф гузаронида шудааст;

> фоидаи аз тарафи аудитор тасдицнагардида;

> царзи субординарй.

^арзи субординарй як намуди царзи дарозмуддати бонк мебошад, ки ба муддати 5 сол пешниход шуда, то ба охир расидани мухлати тасдицгардида бозхонд карда намешавад.

^исми царзи субординарй пас аз гирифтани розигй аз Бонки миллии Точикистон ба таркиби сармояи иловагй дохил карда мешавад. Чунин царз царзи субординарии муайяншудаи тахассусй номида мешавад. Дар давоми 5 сол то муддати пардохти царз хар сол 20%-и царзи субординарии муайяншудаи тахассусй аз таркиби сармояи танзимшаванда бо дарназардошти риояи банди 22 Дастурамали № 176 «Дар бораи тартиби танзими ташкилотхои царзй » тибци чадвали зерин хорич карда мешавад (чадвали 1.1).

Чддвали 1.1

Мухлат ва фоизи царзи субординарии ташкилоти царзй

Мухлати пардохт ^исме, ки дар сармояи иловагй ба хисоб гирифта мешавад

Зиёда аз 5 сол 100%

Зиёда аз 4 сол ва аз 5 сол кам 80% 80%

Зиёда аз 3 сол ва аз 4 сол кам 60% 60%

Зиёда аз 2 сол ва аз 3 сол кам 40% 40%

Зиёда аз 1 сол ва аз 2 сол кам 20% 20%

Аз 1 сол камтар 0%

^арзхои субординарии муайяншудаи тахассусй ба сармояи иловагй ба андозаи на зиёда аз 50%-и аз маблаги умумии сармояи асосии соф (Сас) ба хисоб гирифта мешаванд.

Сармояи худии бонки тичоратй сарчашмаи захирахои молиявии бонкро ифода карда, аз хисоби сармояи мазкур тацрибан 12-20%-и захирахои умумии худро бонкхо руйпуш мекунад. Дар мархилаи огози фаъолият ин амал тагйирнопазир аст.

Сармояи бонк асосй фаъолияти бонки тичоратиро ташкил мекунад. Чунин сармоя хангоми ташкили бонк ташаккул меёбад ва аз маблаги пардохтшудаи муассисон вобаста аст. Агар бонк хамчун чамъияти дорои масъулияташ махдуд ташкил гардид, сахмгузорй ба сармояи оинномавй мустациман пардохт мешавад, вале хангоми бонк дар шакли чамъияти сахомии кушода ташкил гардидан, бо воситаи хариди сахмияхо хиссагузорй карда мешавад. Инчунин, ба сармояи худй хамаи маблагхои гункардаи бонк дар давоми фаъолият дохил мешавад, ки баёни сахмгузорон ё ба дигар мацсадхо тацсим нашуда буд. Сармояи бонк маблагеро ифода мекунад, ки хангоми цатъи фаъолият байни сахмиядорон (муассисон) тацсим карда мешавад.

Сармояи худй ба бонк истицлолияти ицтисодй ва фаъолияти устуворро таъмин мекунад. Сармояи худй дар тачрибаи бонкдорй хамчун захира фахмида шуда, хангоми талафоти цисми дороихо барои нигохдории пардохтпазирии бонк истифода мешавад.

Сармояи худии бонк дар таъмини фаъолияти харрузаи бонк аввалиндарача хисобида шуда, якчанд вазифаро амалй мегардонад:

> вазифи мухофизатй. Ин вазифа онро мефахмонад, ки сармоя хамчун воситаи мухофизатй хангоми зарари молиявй ва халли он, барои идома додани фаъолият новобаста аз мавчуд будани зарари молиявй ба бонк хизмат мекунад. Ба туфайли мавчуд будани сармояи худй бонк метавонад, амалиётхои хавфнок гузаронад. Зараре, ки хангоми гузаронидани амалиётхои хавфнок ба вучуд меояд, аз хисоби сармояи худии бонк руйпуш карда мешавад. Барои руйпуш намудани зарари молиявй аз амалиётхои хавфнок воситахои чалбшудаи пасандозгузорон истифода намешавад. Хднгоми муфлисшавй сармояи худй манбаи пардохти чубронпулй барои карздихандагон ва пасандозгузорон баромад мекунад;

> вазифаи танзимй. Сармояи худй дар ин вазифа хамчун танзимкунандаи фаъолияти бонк мебошад. Андозаи сармояи худй микёси фаъолияти бонк ва имкониятхои бонки тичоратиро оид ба зиёдкунии амалиётхои фаъол (активй) муайян мекунад. Андозаи минималии сармояи худии бонк мувофики Дастурамали № 176-и Бонки милии Точикистон «Дар бораи захирахои хатмии ташкилотхои карзй аз руи пасандозхо ва ухдадорих,ои дигари ба онхо монанд», дар таносуби байни сармоя ва хачми дороихои бонкии бо хавф баркашидашуда мукаррар карда мешавад. Захирахои хатмй яке аз фишангхои асосии амалй гардонидани сиёсати пулию карзии Бонки миллии Точикистон ба хисоб рафта, механизми танзими пардохтпазирии умумии низоми бонкиро, ки барои назорати унсурхои пулй истифода мешавад, ифода мекунанд. Талабот оид ба захирахои хатмй бо максади махдуд гардонидани имкониятхои карздихии ташкилотхои карзй ва дар сатхи муайян нигох доштани хачми пул дар муомилот мукаррар карда мешавад. Андозаи сармояи худии бонк хамчун андозаи максималии хавф барои як карзгир ва гурухи карзгирандагон (пасандозгузорон), маблаги максималии воситахои пасандозшудаи ахолй, ки бонк метавонад, чалб намояд муайян карда мешавад.

АДАБИЁТ

1. Батракова Л.Г. Экономический анализ деятельности коммерческого банка. М.: Логос, 2005. - 364 с.; 6. Белоглазова Г.Н. Деньги. Кредит. Банки: Учебник для вузов. - М.: Высшее образование, Юрайт, 2009. — 620 с.;

2. Жарковская Е.П., Арендс Е.О. Банки и банковское дело: Учебное пособие для вузов, изд. 7-е, испр., доп. - СПб.: Омега-Л, 2009. - 288 с.;

3. Инвестиции: учебное пособие / М.В. Чиненов и [др.]; под ред. М.В. Чиненова. - М.: КНОРУС, 2007. - 248 с.

4. Курочкин А.В. Особенности формирования ресурсной базы коммерческих банков в современных условиях // Финансы и кредит. -2000. -№4, - с.32-34;

5. Ковалев В.В. Финансовый анализ: управление капиталом. Выбор инвестиций. Анализ отчетности. - 2-ое изд., переб. и доп. - М.: Финансы и статистика, 2001

6. Лаврушин О.И., Афанасьева О.Н. Банковское дело: современная система кредитования. Учебное пособие для ВУЗов - М.: КноРус, 2008. - 260 с.;

7. Максимова В.Ф. Инвестиционный менеджмент / Московская финансово промышленная академия.-М., 2005.

8. Шариф Ра^имзода. Муомилоти пули ва карз. Душанбе: «ЭР-граф», 2008. - 450 с.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.