Научная статья на тему 'ТАДҚИҚИ ОМИЛҲОИ БА ДАРОМАДНОКИИ САРМОЯ ТАЪСИРРАСОНАНДА'

ТАДҚИҚИ ОМИЛҲОИ БА ДАРОМАДНОКИИ САРМОЯ ТАЪСИРРАСОНАНДА Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
131
17
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
сармоя / даромаднокии сармоя / сармояи оинномавӣ / сармояи инсонӣ / фоидаи соф / меъёри фоизи қарз / самаранокии фаъолият.

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Ҷураев Беҳзод Машрафович, Джураев Бехзод Машрафович

Ташкилотҳои қарзии молиявӣ пайваста дар ҷустуҷӯи сармоягузорон ва маблағҳои иловагӣ, ҷиҳати васеъ намудани доираи фаъолияташон мебошанд. Дар навбати худ сармоягузорон барои сармоягузоӣ намудан ба як қатор нишондиҳандаҳои молиявии ташкилотҳои қарзӣ диққат медиҳанд ва яке аз ин нишондиҳандаҳо даромаднокии сармоя (ROE ) мебошад. Дар навбати худ нигоҳ накарда ба он ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ кушиш ба харҷ медиҳанд, ки нишондиҳандаи мазкурро дар сатҳи баланд қарор диҳанд, аммо он аз як чанд омилҳо вобаста мебошад. Ба даромаднокии сармоя як қатор омилҳо бевосита таъсир мерасонанд, ки онҳо дар мақолаи мазкур муфассал оварда шудаанд, аз қабили фоидаи соф, сармояи ташкилоти қарзӣ, меъёри фоизи қарзӣ, уҳдадориҳои ташкилот ва ғ.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ТАДҚИҚИ ОМИЛҲОИ БА ДАРОМАДНОКИИ САРМОЯ ТАЪСИРРАСОНАНДА»

УДК - 336 76

ТАДЖИКИ ОМИЛХ.ОИ БА ДАРОМАДНОКИИ САРМОЯ ТАЪСИРРАСОНАНДА

Ч.УРАЕВ БЕХЗОД МАШРАФОВИЧ

н.и.и., дотсенти кафедраи "Фаъолияти бонкй"-и Донишгохд байналмилалии сайёх,й ва

сохдбкорй, шах,ри Душанбе

ДЖУРАЕВ БЕХЗОД МАШРАФОВИЧ

к.э.н, доцент кафедры «Банковское дело» Международного университета туризма и

предпринимательства, город Душанбе

Аннотатсия: Ташкилотуои царзии молияви пайваста дар цустуцуи сармоягузорон ва маблащои иловаги, уиуати васеъ намудани доираи фаъолияташон мебошанд. Дар навбати худ сармоягузорон барои сармоягузои намудан ба як цатор нишондиуандауои молиявии ташкилотуои царзи диццат медиуанд ва яке аз ин нишондиуандауо даромаднокии сармоя (ROE) мебошад. Дар навбати худ нигоу накарда ба он ки ташкилотуои царзии молияви кушиш ба хару медиуанд, ки нишондщандаи мазкурро дар сатуи баланд царор дщанд, аммо он аз як чанд омилуо вобаста мебошад. Ба даромаднокии сармоя як цатор омилуо бевосита таъсир мерасонанд, ки онуо дар мацолаи мазкур муфассал оварда шудаанд, аз цабили фоидаи соф, сармояи ташкилоти царзи, меъёри фоизи царзи, уудадориуои ташкилот ва г.

Вожахри асосй: сармоя, даромаднокии сармоя, сармояи оинномави, сармояи инсонй, фоидаи соф, меъёри фоизи царз, самаранокии фаъолият.

155 сол кабл аз ин китоби машхури Карл Маркс бо номи "Капитал" нашр гардид, ки то имруз иктисоддонон онро яке аз бехтарин асархои иктисодй мешуморанд.

Сармоя то асри 19 хамчун як омили истехсолот дар катори мехнат ва замин ба хисоб мерафт, аммо имруз он асоси низоми ичтимой-иктисодй гашта, мухаррики рушд ва даргиронандаи мушкилихо ба хисоб меравад.

Аз назари К. Маркс сармоя ин арзишест, ки пайваста дар гардиш буда, дар холати афзоиш карор дорад. Намунаи оддиии сармоя, ки боиси афзоиши арзиш мегардад, ин гирифтани фоиз аз пасандози бонкй мебошад. Яъне, пасандоз хдмчун як намуди зохирии сармоя мебошад, ки дар шакли овардани фоиз он афзоиш меёбад [5].

Яке аз шаклхои сармоя ин сармояи инсонй мебошад. Иктисоддони амрикой дорандаи чоизаи Нобел Гэри Стэнли Беккер дар китоби худ бо номи "Сармояи инсонй" нишон дод, ки сармоягузорй ба тахсил, ба саломатй, ба баландбардории малакаву тахассус ва ба нигохдории муносибатхои хуб бо кормандон арзиши кормандонро хамчун, захираи самаранокй фаъолияти сохибкорй ва рушди иктисодй, баланд мебардорад [6]. Яъне, одамон метавонанд сармояашонро на танхо дар назди тачхизоти истехсолй кор карда зиёд намоянд, балки хангоми нишаста китоб хондан ва ё дар толори фитнес тармин намудан, низ сармояи инсониро афзоиш дода метавонад. Махз дар асоси ин тадкикотхо дар илмй менечмент самти нав бо номи идоракунии захирахои инсонй ( аз забони анг. - human resources ба таври кутох HR) пайдо шуд.

^аблан дар ташкилотхо мутахассиси асосй дар самти баходихй ва бахисобгирии сармоя мухосиб ба хисоб мерафт, ки дороихои моддии "бечон"-ро ба хисоб мегирифт, акнун боз як мутахассиси дигар дар самти баходихии сармояи "чондор" пайдо шуд, ки он HR - менечер ба хисоб меравад.

Шакли дигари сармоя ин сармояи молиявй ба хисоб меравад, ки мо дар маколаи мазкур махз онро мавриди баррасй карор медихем. Сармояи молиявй ин дороихое, ки дар шакли пулй ба дорандаи худ даромад меоранд [7].

Барои ба рох мондани фаъолияти сохибкорй, аз чумла фаъолияти бонкй пеш аз хама сармояи молиявй зарур мебошад. Як бахши асосии сармояи молиявй ин сармояи оинномавй

ба хисоб меравад. Сармояи оинномавй асоси молиявии фаъолияти дилхох ташкилот мебошад, аз чумла ташкилотхои карзй. Аммо бо назардошти хусусияти хоси фаъолияти ташкилотхои карзй, мавчуд будани хавфи баланд дар фаъолияти миёнаравй ва таъсири ин хавфхо ба чомеа ташкилкунии сармояи ташкилотхои карзй нисбат ба дигар шакли корхонахо зери танзими чиддй, аз чониби танзимгар (Бонки марказй) карор мегирад. Аз нуктаи назари иктисодй ва хукукй, чихати огоз намудани фаъолияти бонкй ташкилоти карзиро зарур аст, ки пеш аз хама дорои сармоя дар намуди пулй ва амвол бошад. Яъне, заминаи асосиро барои ташкил намудани ташкилоти карзй сармояи худй (сармояи оинномавй) ва сармояи чалбкардашуда (аз хисоби чалб намудани маблагхои сахмдорон) мегузорад.

Сармояи оинномавй аз чониби муассисон ташкил карда шуда, хачми хадди акали он дар асоси ^онунхои Чумхурии Точикистон "Дар бораи фаъолияти бонкй", "Дар бораи ташкилотхои маблаггузории хурд" ва тибки Дастурамалхои №176 "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилоти карзй" ва №197 "Дар бораи тартиби танзими ташкилотхои карзии хурд" мукаррар карда мешавад [1, 2].

Маълумоти муфассал оид ба хачми хадди акали сармояи оинномавй барои ташкилотхои карзии молиявй дар Чумхурии Точикистон дар чадвали 1 инъикос гардидааст.

Ч,адвали 1. Динамикаи хачми хадди акали сармояи оинномавй барои ташкилотхои карзии _молиявй (млн.сомонй, н.б.х)_

Сана Бонкхр Ташкилотхои Ташкилотх,о Ташкилот Фонди царзии

царзии и амонатии хои хурд

€айрибонкй царзии хурд царзии хурд

то 31.12.2022с. 50 30 6

аз 01.01.2023с. 60 40 8

аз 01.01.2024с. 70 45 9 300

аз 01.01.2025с. 80 50 10 4 нишондих,анда

аз 01.01.2026с. 90 55 11 барои х,исобх,о

аз 01.01.2027 100 60 12

Аз маълумотхои чадвали 1 бар меояд, ки дар давоми солхои 2022-2027 талабот нисбат ба хадди акали сармояи оинномавй зиёд шуда истодааст. Максад аз мунтазам зиёд намудани хадди акали сармояи оинномавй барои ташкилотхои карзии молиявии навтаъсис ин пеш аз хама ба рох мондани фаъолияти низоми бонкии солим ва ракобатпазир мебошад. Чунки, дар холати зиёд будани сармояи оинномавии бонк боварии ахолй ба низом зиёд гашта, барои ташкилотхои карзй бошад имконияти васеътарро чихати анчом додани амалиёти фаъол, ки дорои хавфи баланд мебошанд, фарохам меоварад.

Яке аз нишондихандахои асосии бонкй, ки сармоягузорон ба он диккати хоса зохир менамоянд ва дар ташаккули хачми иловагии сармоя накши мухим мебозад ин даромаднокии сармоя мебошад. Даромаднокии сармоя асосан барои сармоягузорон зарур аст, чунки он ифодакунандаи он аст, ки сармоягузор аз сармояи гузоштааш бо назардошти хавфи амалиётй чй кадар даромад мегирад.

Даромаднокии сармояро дар ташкилотхои карзй ба таври кутох ROE меноманд, ки он шакли кутохкардаи калимахои англисии Return on Equity буда, тарчумаи тахтуллафзии он даромаднокии сармоя мебошад. Даромаднокии сармоя (ROE ) бо формулаи зерин хисоб карда мешавад:

Фс

ROE = — х 100% Сх

Дар ин чо,

ROE - даромаднокии сармоя

Фс - фоидаи соф

Сх - сармояи худй

Масалан, ташкилоти карзй дар як сол 7 млн. сомонй фоидаи соф гирифтааст. Дороихои умумии ташкилот ба 370 млн. сомонй баробар буда, ухдадорихояш ба 30 млн сомониро ташкил менамояд. Даромаднокии сармоя ёфта шавад.

1) Сармояи худй=дороихои умумй-ухдадорихои умумй

Сх=370 000 000-30 000 000=340 000 000 сомонй

2) ROE = Фоидаи соф /сармояи худй *100%

Фс 7000000

R0E= _ х м« = х 100% = 2,05%

Хулоса: Даромаднокии сармоя 2,05% ташкил медихад, ин маънои онро дорад, ки хар як сомонии сармоягузоришуда 2,05% фоида овардааст, яъне сармоягузорони ташкилоти карзй аз хар 1 сомонй маблаггузорй кардаашон 2 дирам фоида мегиранд.

Боиси кайд аст, ки нишондихандаи мазкур бо фоиз ифода ёфта асосан барои ташкилотхои карзие, ки фоида гирифтаанд хисоб карда мешавад, яъне ROE танхо барои ташкилотхое, ки фаъолияташон самаранок буда, фоида гирифтаанд, хисоб карда мешавад. Дар холати зараровар будани фаъолияти ташкилоти карзй, яъне нагирифтани фоида нишондихандаи даромаднокии сармоя (ROE) хисоб карда намешавад. Дар ташкилотхои карзии молиявй одатан маълумотхо барои хисоб кардани ROE -ро аз Х,исобот оид ба фоида ва зарар мегиранд.

Нишондихандаи мазкур ифодакунандаи он аст, ки хар як сомонй сармояи худии маблаггузоришуда, чй кадар даромад меорад. Аз ин ру, ба нишондихандаи мазкур пеш аз хама сармоягузор диккат медихад. Бинобар ин, ташкилотхои карзии молиявие, ки ба чалби сармоягузорон эхтиёч доранд кушиш ба харч медиханд, ки нишондихандаи мазкурро дар сатхи нисбатан баланд нигох доранд.

Даромаднокии бонкхо аз бисёр омилхо вобаста мебошанд, аз чумла аз хавфхои амалиётй, сиёсати карзй, идоракунии корпоративй ва f.

Яке аз самтхои асосии фаъолияти ташкилотхои карзии молиявй ин карздихй буда, даромад аз онхо дар шакли фоизи карз, яке аз манбахои асосии афзудани даромаднокии ташкилоти карзй мебошад.

Дар чадвалхои зер тартиби хисоб кардани ROE ва вобастагии онхо аз меъёри фоизи карзй оварда шудааст.

Ч,адвали 2. Вобастагии даромаднокии сармоя аз меъёри фоизи карзй (хангоми якхела

будани меъёри фоиз)

Номи ташкилоти к,арзй Дороихр и умумй (млн.сом онй) Ухдадорих, ои умумй (млн.сомо нй) Сармояи тавоузнй (млн.сомон й) Меъёри фоизи царзй Фоида (млн.со монй) Андоз аз фоида (млн.с омонй ) Фоида и соф (млн.с омонй ) Дарома днокии сармоя (%)

Бонки Само 370 30 340 7% 23,8 4,76 19,04 5,6

Бонки Сабо 650 110 540 7% 37,8 7,56 30,24 5,6

Бонки Сано 900 300 600 7% 42 8,4 33,6 5,6

Дар чадвали 2 хамчун мисол фаъолияти се бонки шартй бо назардошти истифода бурдани сармояи тавозунии онхо танхо барои карздихй бе назардошти дигар амалиётхо гирифта шудааст, ки хачми дороихо ва ухдадорихои онхо гуногун буда, меъёри фоизи карзии аз чониби онхо пешниходшаванда якхела, яъне 7% солона мебошад. Чи тавре, ки натичахои тахлил нишон медиханд, новобаста аз гуногун будани хачми сармояи тавозунй (дороихо-ухдадорихо) бо назардошти якхела будани меъёри фоизи карзии аз чониби онхо пешниходшаванда, даромаднокии сармоя дар онхо якхела (ROE =5,6%) мебошад.

Ч,адвали 2. Вобастагии даромаднокии сармоя аз меъёри фоизи карзй (хангоми гуногун _будани меъёри фоиз)_

Номи ташкилоти к,арзй Дороих,ои умумй (млн.сомо нй) Ухдадорих, ои умумй (млн.сомо нй) Сармояи тавозунй (млн.сомон й) Меъёри фоизи к,арзй Фоида (млн.со монй) Андоз аз фоида (млн.с омонй ) Фоида и соф (млн.с омонй ) Дарома днокии сармоя (%)

Бонки Само 370 30 340 20% 68 13,6 54,4 16,00%

Бонки Сабо 650 110 540 15% 81 16,2 64,8 12,00%

Бонки Сано 900 300 600 10% 60 12 48 8,00%

Тахлилхои чадвали 3. нишон медиханд, ки хангоми бетагйир будани дороихо ва ухдадорихои бонкхо, вале гуногун будани меъёри фоизи карзи аз чониби онхо пешниходшаванда, даромаднокии сармоя дар бонкхо тагйир меёбад. Натичахои тахлили чадвалхои 2 ва 3 шаходат аз он медиханд, ки даромаднокии сармоя бо меъёри фоизи карзй вобастагии мустаким ё зич доранд. Яъне, бо зиёд шудани меъёри фоизи карзй даромаднокии сармоя низ афзоиш ёфта, дар холати баръакс даромаднокии сармоя кохиш меёбад (бе назардошти хавфхо).

Омили дигаре, ки ба сатхи даромаднокии сармояи бонк метавонад таъсир расонад ин тагйирёбии фоидаи соф мебошад.

Маълум аст, ки самаранокии фаъолияти ташкилоти карзй пеш аз хама аз руи даромаднокии амалиётхое, ки онхо анчом медиханд мукаррар карда мешаванд. Даромаднокй (рентабельность) натичаи мусбии тамоми фаъолияти ташкилоти карзиро нишон медихад. Фоида бошад, ин нишондихандаи асосии инъикоскунандаи даромаднокии фаъолияти ташкилоти карзй мебошад. Пас, фоида нишондихандаи асосии самаранокии (эффективность) фаъолияти ташкилоти карзй мебошад. Дар холати зиёд шудани нишондихандаи даромаднокии ташкилоти карзй фоидаи он зиёд гашта аз фаъолияти самаранокй ташкилоти карзй шаходат медихад. Дар холати нагирифтани фоида ва дидани зарар ин аз гайрисамаранок будани фаъолияти ташкилоти карзй шаходат медихад. Аммо боиси кайд аст, ки баъзан ташкилотхои карзй чихати расидан ба хадафхои худ дар давраи дарозмухлат (бо назардошти зарурати истехсолй ва таъмини ракобатпазирй), дидаву дониста харочотхои худро дар давраи кутохмуддат зиёд мекунанд (хариди барномахои нав, тачхизоту технологияхои замонавй, чалби мутахассисони хоричй ва г.), ки боиси бо зарар чамъбаст намудани давраи фаъолият мегардад.

Аз ин ру, сармоягузорон хангоми тахлил нишондихандаи гирифтани фоида ва даромаднокии сармояро барои давраи на камтар аз сесола мегиранд, ки он инъикоскунандаи холати вокеии молиявии ташкилоти карзй мегардад.

Боиси кайд аст, ки сармоягузорон хангоми интихоби сохаи сармоягузорй нишондихандаи ROE-и хама сохахоро бо назардошти хавфи соха ва сатхи таваррум ба инобат мегиранд. Дар холати нишондихандаи ROE пасттар аз сатхи таваррум бошад, бевосита сармоягузор барои сармоягузорй ба ин ташкилоти карзй хавасманди зохир наменамояд, чунки

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

ин маънои онро дорад, ки бо назардошти сатхи таваррум сармояи вокеии сармоягузор зиёд намешавад.

Агар ташкилоти карзй максади бештар чалб намудани сармояугузоронро дошта бошад, пас вай вазифадор мегардад, ки нишондихандаи ROE-ро баланд бардорад (чунки сармоягузор пеш аз хама ба ин нишондиханда диккат медихад), ин бошад дар холе муяассар мегардад, ки ташкилоти карзй фоизи карзхоро низ баланд бардорад. Дар навбати худ баландбардории меъёри фоизи карзй боиси кам шудани муштариёни бонк мегардад, ки ин бевосита ба гирдгардиши дороихои бонк таъсир расонида, даромаднокии ташкилотро кохиш медихад.

Дар асоси тахлилхои анчомдодашуда, маълум мегардад, ки даромаднокии сармоя аз якчанд омилхо вобаста мебошад, аз чумла, меъёри фоизи карзй, дороихо, ухдадорихо, воситахои худй, сармояи тавозунй, фоидаи соф, гирдгардиши дороихо ва хавфхои бонкй.

Расми 1. Омилхое, ки ба пасту баландшавии даромаднокии сармоя таъсир мерасонанд.

Тибки маълумотхои оморй дар солхои 2021 даромаднокии сармоя дар низоми бонкии Чумхурии Точикистон 2,1% ташкил намуда, дар соли 2022 ин нишондиханда якбора ба 18% расидааст. Сабаби зиёдшавии якбораи ROE дар низом ин пеш аз хама зиёд шудани фоидаи ташкилотхои карзии молиявй мебошад. Зиёд шудани фоидаи ташкилотхои карзии молиявй бошад, пеш аз хама бо бартараф шудани окибатхои пандемияи COVID, афзоиш ёфтани сандуки карзй, зиёд шудани хачми савдои хоричй, хачми интиколхо аз хоричи кишвар, афзоиш ёфтани хизматрасонихои бонкй ва амалиётхои асъорй вобастагй дорад. Дар соли 2021 фоидаи ташкилотхои карзии молиявии чумхурй дар умум 108 млн. сомониро ташкил менамуд, дар соли 2022 бошад фоидаи умумии ташкилотхои карзии молиявй 988% зиёд шуда, маблаги 1,17 млрд. сомониро ташкил дод [8]. Бевосита зиёдшавии нишондихандаи ROE дар низоми бонкии чумхурй боиси чалби бештари сармоягузорон ба низом хохад шуд.

АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА

1. ^онуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи фаъолияти бонкй", 19 майи соли 2009,

2. ^онуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи ташкилотхои маблаггузории хурд", 16 апрели соли 2021,

3. Дастурамали №176 "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилоти карзй", 9 октябри соли 2009 (тагйиру иловахо аз 24 майи соли 2022),

4. Дастурамали №197 "Дар бораи тартиби танзими ташкилотхои карзии хурд", 28 майи соли 2015,

5. Карл Маркс. Капитал. Критика политической экономии. Т. 1. Кн. 1. Под ред. В. Я. Чеховского. Москва, 2015г. 452с.

6. Добвенко М.В., Осик Ю.И.. Современные экономические теории в трудах нобелиантов, Москва, 2011г. 286с.

7. Чураев Б.М.. Фаъолияти бонкй (китоби дарсй), Душанбе -2014с. 483с.

8. https://www.nbt.tj/ti/banking 8У81еш/паё20г.рЬр -сомонаи расмии Бонки миллии Точикистон

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.