Научная статья на тему 'ТАЌРИЗИ муќарризи расмї ба диссертатсияи Шерализода Љомї Шералї дар мавзуи «Ислоњоти конститутсионї дар давраи соњибистиќлолии Љумњурии Тољикистон: тањлили њуќуќї-конститутсионї» барои дарёфти дараљаи илмии номзади илмњои њуќуќшиносї аз рўйи ихтисоси 12.00.02 – Њуќуќи конститутсионї; њуќуќи мурофиаи судии консти-тутсионї; танзими њуќуќии њокимияти мањаллї, пешнињод шудааст'

ТАЌРИЗИ муќарризи расмї ба диссертатсияи Шерализода Љомї Шералї дар мавзуи «Ислоњоти конститутсионї дар давраи соњибистиќлолии Љумњурии Тољикистон: тањлили њуќуќї-конститутсионї» барои дарёфти дараљаи илмии номзади илмњои њуќуќшиносї аз рўйи ихтисоси 12.00.02 – Њуќуќи конститутсионї; њуќуќи мурофиаи судии консти-тутсионї; танзими њуќуќии њокимияти мањаллї, пешнињод шудааст Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Похожие темы научных работ по праву , автор научной работы — Каримзода У.К.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ТАЌРИЗИ муќарризи расмї ба диссертатсияи Шерализода Љомї Шералї дар мавзуи «Ислоњоти конститутсионї дар давраи соњибистиќлолии Љумњурии Тољикистон: тањлили њуќуќї-конститутсионї» барои дарёфти дараљаи илмии номзади илмњои њуќуќшиносї аз рўйи ихтисоси 12.00.02 – Њуќуќи конститутсионї; њуќуќи мурофиаи судии консти-тутсионї; танзими њуќуќии њокимияти мањаллї, пешнињод шудааст»

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 3 (59)- 2023

^^^ИНБАРИ МУЦАРРИЗОН

Трибуна рецензентов Tribune Of Reviewers

ТДУ 342(575.3)

КАРИМЗОДА У.К. KARIMZODA U.K.

Сардори кафедраи фан^ои давлатй-^уцуции факултети № 2 Академияи ВКД Цум^урии Тоцикистон, номзади илмхои ^уцуцшиносй, подполковники милитсия Начальник кафедры государственно-правовых дисциплин факультета № 2 Академии МВД Республики Таджикистан, кандидат юридических наук, подполковник милиции Head of the Department of State and Legal Disciplines of Faculty No. 2 of the Academy of the Ministry of Internal Affairs of the Republic of Tajikistan, candidate of legal sciences, lieutenant colonel of militia

E-mail:

muminov-u85@mail.ru

Ба Шурои диссертатсионии 6D.KOA-O19 назди Донишгохи миллии Точикистон (734025, Точикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рудаки, 17)

ТАЦРИЗИ

мукарризи расми ба диссертатсияи Шерализода Ч,оми Шерали дар мавзуи «Ислохоти конститутсиони дар давраи сохибистиклолии Чумхурии Точикистон: тахлили хукуки-конститутсиони» барои дарёфти дарачаи илмии номзади илмхои хукукшиноси аз руйи ихтисоси 12.00.02 - Хукуки конститутсиони; хукуки мурофиаи судии конститутсиони; танзими хукукии хокимияти махалли, пешниход шудааст

ОТЗЫВ

официального оппонента на диссертацию Шерализода Джоми Шерали на тему «Конституционная реформа в период независимости Республики Таджикистан: конституционно-правовой анализ», представленную на соискание ученой степени кандидата юридических наук по специальности 12.00.02 - Конституционное право; конституционный судебный процесс; правовое регулирование местной власти

REVIEW

of the official opponent on the dissertation of Sheralizoda Jomi Sherali on the topic: «Constitutional reform during the period of independence of the Republic of Tajikistan: constitutional and legal analysis» for the degree of candidate of legal sciences in the specialty 12.00.02 - Constitutional Law; constitutional judicial procedural law; legal regulation of local authorities

ММутобицати мухтавои диссертатсия ба ихтисос ё сохаи илми эълоншуда. Диссертатсияи Шерализода Ч,омй Шералй аз чониби муаллиф хамачониба тахкик гар-дида, ба яке аз мавзуъхои мубрами илми

хукуки конститутсионй - Ислохоти консти-тутсионй дар давраи сохибистиклолии Чумхурии Точикистон: тахлили хукукй-конститутсионй бахшида шуда, тахкикоти илмии анчомёфта ба хисоб меравад ва барои дарёфти дарачаи илмии номзади илмхои

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 3 (59)- 2023

хукукшиносй аз руйи ихтисоси 12.00.02 - Дукуки конститутсионй; хукуки мурофиаи судии конститутсионй; танзими хукукии хокимияти махаллй, ки аз руйи он ба Шурои диссертатсионй мувофики фар-моиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Чумхурии Точикистон аз 7 январи соли 2022, тахти № 15 хукуки кабули диссертатсияхо барои химоя дода шудааст, мутобик мебошад.

Мубрамии мавзуи тахкикот. Яке аз дастовардхои мухимми даврони сохибистиклолии кишвар ин кабули Кон-ститутсияи Чумхурии Точикистон ба шу-мор меравад, ки ин санади олии хукукй за-минахо ва шароитхои хукукии худро до-штанд. Яке аз заминахои мухим ва асосии ин раванд 20 июли соли 1994 дар Ичлосияи XIX Шурои Олии Чумхурии Точикистон кабул гардидани ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ислохоти конститутсионй дар Чумхурии Точикистон, тар-тиби кабул намудан ва мавриди амал карор додани Конститутсия (Сарконун)-и Чумхурии Точикистон» ба хисоб меравад. Вокеан, аз ном ва мазмуни ин санад бар-меояд, ки санади мазкур ислохоти консти-тутсиониро дар Чумхурии Точикистон аз лихози хукукй танзим намуд. Муаллиф дар диссертатсияи худ кайд менамояд, ки гузаронидани ислохоти конститутсионй тибки Крнуни мазкур дар робита бо тахия ва кабули Конститутсияи Чумхурии Точикистон кабул карда шуд. Аз ин ру, кабули Конститутсияи нав чавхар ва ё асоси ислохоти конститутсиониро ташкил медихад, ки он хусусияти бунёдй ва со-зандагиро доро аст.

Дамин тавр, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Чумхурии Точикистон хамчун давлати сохибистиклол кабул гардид ва аз ин сана, дар фазои чамъиятй ва давлатии Точикистон тахаввулоти бузург ба миён омад. Дар диссертатсия муаллиф бо дарназардошти маводи илмй, кушиш кар-дааст, ки дар доираи тахкикоти анчомпа-зируфта мафхуми ислохоти конститутси-онй, гояхои илмй ва принсипхои хукукии ислохоти конститутсионй, мархилахои ис-лохоти конститутсионй дар Чумхурии Точикистон ва ташаккули падидахои кон-ститутсиониро дар раванди гузаронидани

ислохоти конститутсионй дар кишвар мавриди пажухиш карор дода шавад.

Аз рузхои аввали ба даст овардани сохибихтиёрй дар Чумхурии Точикистон ислохоти куллй дар самти демократикуно-нии чомеа ва давлат огоз гардид. Тавре ки Асосгузори сулху вахдати миллй - Пе-швои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон таъкид мекунанд: «Еояи чомеаи демо-кратй - асоси Конститутсия ба хисоб ме-равад. Яъне, яке аз масъалахои мухимми раванди ташаккули давлатдории миллй ин бунёд ва тахкими низоми сиёсй, ки ба принсипхои демократй асос ёфтааст, ме-бошад».

Дамин тавр, суботи сиёсй, хифзи сохти конститутсионй ва хукуки инсон хамчун унсурхои асосии ташаккули давлати мустакил дониста мешаванд. Дар асоси ин, хадафи асосии таъмини амнияти конститутсионй ошкорсозии пешгирику-нандаи тахдидхо ба рушди конститутси-онй ва самаранокии механизми хукукии халли бухронхои сиёсй бокй мемонад. Дар маркази таъмини амнияти конститутси-онй, пеш аз хама, манфиатхои миллй карор гирифтааст, ки асоси хаётан мухимми моддй, зехнй ва маънавии чомеа ба хисоб меравад. Манфиатхои миллй за-минаи низоми хукукй буда, «хамчун рохнамое амал мекунанд, ки метавонад ба он арзиши олй бахшад ва хадафхои дароз-муддатро бунёд намояд. Ба сифати мазмуни амнияти конститутсионй хамеша хифзи хукукии манфиатхои шахс, чомеа ва давлат баромад мекунад.

Рисолаи Шерализода Чомй Шералй аз руйхати ихтисорот, мукаддима, ду боб, шаш зербоб, хулоса, тавсияхо, фехристи адабиёти истифодашуда ва интишороти муаллиф иборат мебошад. Дачми диссер-татсия 217 сахифаро ташкил медихад.

Дарачаи навгонии натичахои дар дис-сертатсия бадастомада ва нуктахои илмие, ки барои химоя пешниход шудаанд.

Навгонии илмии тахкикоти диссер-татсионии Шерализода Чомй Шералй дар он ифода меёбад, ки дар диссертатсия так-мили падидахои конститутсионй дар ра-ванди ислохотхои гузаронидашуда дар ки-швар аз чумла дар самти хукуку озодихои

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 3 (59)- 2023

инсон ва шахрванд, ташаккулёбии фаъолияти макомоти давлатй инчунин, механизми таъмини хукуку озодихои кон-ститутсионии инсон ва шахрванд, пеш-ниход шудааст. Дамчунин, диссертатсияи мазкур бори нахуст аз лихози хукуки кон-ститутсионй кушиши муайян намудани пахлухои алохидаи ислохоти конститутси-онй мавриди баррасй карор дода шуд. Тахкикоти назариявй ва амалии фаъолияти имрузаи он ба як катор хулоса ва пеш-ниходхо бо максади такмил додани асосхои сохтори конститутсионй, рушди хукуку озодихои инсон ва шахрванд ва та-шаккули низоми хокимияти давлатиро му-айян намудаанд.

Диссертант вазифахои дар назди худ гузоштаро дар самти тахкикоти диссер-татсионии мазкур тавассути нуктахои ил-мии ба химоя пешниходнамудааш пурра инъикос намуда, чихати расидан ба хадафхои худ аз сарчашмахои муътамади таърихй-хукукй, конунгузорй, инчунин, аз андешаву назари олимони дохиливу хо-ричй истифода намудааст, ки онхо дар мачмуъ, навгонии тахкикоти илмиро таъмин менамоянд.

Асосноки ва эътимоднокии хулосахо ва тавсияхои дар диссертатсия зикршуда.

Омузиш ва тахлили диссертатсия, акидахо, нуктахои илмй, хулосахо, ма-фхумхои илмй, ки аз тарафи муаллиф пеш-каш шудаанд, муайян намудани мавкеи мустакили хеш, асосноккунии нуктахои илмй ва хулосахо бо истифода аз доираи кофии маводи илмй ва тачрибаи амалй аз он дарак медихад, ки тахкикоти мазкур мустакилона навишта шудааст.

Ахаммияти илми ва амалии натичахои тахкикоти диссертатсиони. Ахаммияти илмй ва амалии тахкикоти диссертатсионй бо далели хулоса ва пеш-ниходхо оид ба диссертатсия бешубха ар-зиши илмй дошта, донишхо ва гояхои мавчударо дар илми хукуки конститутси-они оид ба падидаи ислохоти констутси-онй ба таври назаррас зиёд мегардонад. Натичахои бадастомадаи муаллиф мета-вонанд барои такмили маводхои таълимй аз фанхои «Дукуки конститутсионии Чумхурии Точикистон» ва «Дукуки парлу-

монй» истифода шаванд. Инчунин, дасто-вардхои илмии муаллифи диссертатсияро барои такмили конунгузории миллй исти-фода бурдан мумкин аст.

Нашри натичахои диссертатсия дар мачаллахои такризшавандаи илми. Натичахои тахкикот дар интишороти асо-сии муаллиф - дар 21 макола, аз чумла 7 маколаи илмй, ки дар мачаллахои тавси-яшавандаи Комиссияи олии аттестатси-онии назди Президенти Чумхурии Точикистон ва 14 макола дар нашрияхои дигар ба табъ расидаанд, инъикоси худро ёфтаанд. Теъдоди маводи нашршуда ба банди 35 Тартиби додани дарачахои илмй, ки бо Кдрори Дукумати Чумхурии Точикистон аз 30 июни соли 2021, тахти № 267 тасдик шудаааст, мувофик мебошад.

Масъалахои бахснок дар тахкикот. Диссертатсияи Шерализода Ч.Ш. дар ба-робари муваффакиятхо, инчунин, баъзе масъалахоеро дар бар мегирад, ки аз ни-гохи илмй бахснок мебошанд ва онхоро ба таври зерин нишон додан мумкин аст:

1. Рисоланавис дар диссертатсияи худ кайд менамояд, ки меъёрхои ислохоти конститутсионй метавонад чанбахои ичтимой ва сиёсиро дошта бошад, аммо он чанбахо кадом пахлухоро дар бар мегирад норавшан аст, бинобар ин, дар раванди химоя аз диссертант хохиш карда мешавад, ки ба он равшани андозад (сах.27).

2. Аз мазмуну мухтавои диссертатсия бармеояд, ки диссертант то хадди зарурй масъалахои дар наздаш гузошташударо хал намудааст, вале баъзе масъалахое хамоно бокй мондаанд, ки тахлилу баррасии алохидаро талаб менамоянд. Рисоланавис дар диссертатсияи худ мархилахои ислохоти конститутсиониро чунин таснифбандй намудааст 1) кабули Конститутсияи Чумхурии Точикистон хамчун асоси огозёбии давраи рушди чомеа ва давлат дар Чумхурии Точикистон; 2) такмили минбаъдаи Конститутсияи Чумхурии Точикистон дар заминаи вориднамоии тагйиру иловахо ба он. Доло он, ки дар Чумхурии Точикистон солхои 1929, 1931, 1937 ва 1978 низ Конститутсия кабул шудааст. Аммо диссертант дар

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 3 (59)- 2023

мархилабандии худ ба онхо ишора накардааст (сах.86).

3. Диссертант дар рисола кайд менамояд, ки мархилаи асосии инкишофи парлумон дар мамлакат махз ислохоти конститутсионии соли 1999, ки ба тарики райъпурсии умумихалкй баргузор гардид, асос шуда метавонад. Аммо, то кадом дарача тагйиру иловахое, ки соли 1999 ба Конститутсия дар самти хокимияти конунгузорй ворид карда шуданд, метавонад мохияти ислохоти

конститутсиниро дошта бошад. Ин масъала низ бахснок аст.

Дар мачмуъ, эроди зикршуда сифати тахкикоти диссертатсиониро паст намеку-над. Ин нахустин омузиши хамачонибаи мавзуи ислохоти конститутсионй дар Чумхурии Точикистон мебошад, ки бо за-бони давлатй навишта шуда, бо навоварй ва хулосахои илмй ва пешниходхои муал-лиф фарк мекунад ва рисоларо хамчун як тахкикоти илмии мустакил, эчодкорона ва мукаммал ба анчом расонидааст, ки ба та-моми талаботхо чавобгу аст. Автореферат ва интишороти илмии довталаб мазмуни диссертатсияро инъикос мекунад.

^исмати хотимавии такриз. Рисолаи такризшаванда аз лихози мубрамият, ном ва накшаи мавзуъ, мукаддима, бобхо ва зербобхо, хулосаю сарчашмахо пай-дархам, бо услуби илмй тахия гардидааст. Омузиши матни пурраи диссертатсия ва автореферати Шерализода Чомй Шералй нишон медихад, ки он кори анчомёфта буда, дорои навгонихои илмй ва натичахои боэътимод мебошад. Автореферат ва корхои илмии чопшуда мазмуни

асосии кори диссертатсиониро инъикос менамоянд. Тахкикоти диссертатсионй аз руйи мазмун ва мантик; ба талабот чавобгу буда, натичахои бадастомада дар тавсеаи асосхои назариявй ва методологии мавзуъ накши бориз хоханд дошт. Пешниход ва хулосахои илмие, ки дар дис-сертатсия иброз гардидаанд, судманд ва саривактй буда, онхо чихати бартараф намудани камбудихои илми хукукшино-сии ватанй равона шудаанд.

Хдмчунин, мукаррароти асосй ва хулосахои тахкикоти диссертатсионй дар маколахои илмй, дар шакли маъруза дар конференсияхои гуногуни илмй-амалии сатхй байналмилалй ва чумхуриявй инъикос ёфтаанд.

Мутобикати барасмиятдарории диссертатсия ба талаботи Комиссияи олии ат-тестатсионии назди Президенти Чумхурии Точикистон.

Диссертатсияи Шерализода Ч.Ш. ба талоботи банди 31 ва 33 тартиби додани дарачахои илмй, ки бо Карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 30 июли соли 2021, тахти № 267 тасдик шудааст, муто-бикат менамояд. Диссертатсия аз чониби муаллиф мустакилона навишта шуда, дорои дохилй ва нуктахои нави илмй мебо-шад. Тахкикоти мазкур сахми шахсии му-аллифро дар сохаи илм нишон медихад ва муаллифи рисола Шерализода Чомй Шералй сазовори дарёфти дарачаи илмии номзади илмхои хукукшиносй аз руйи ихтисоси 12.00.02 - Хукуки конститутсионй; хукуки мурофиаи судии конститутсионй; танзими хукукии хокимияти махаллй мебошад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.