Научная статья на тему 'ТАЌРИЗИ муќарризи расмї ба диссертатсияи Нарзуллозода Суњроб Саидањмад дар мавзўи «Љавобгарии љиноятї барои вайрон кардани ќоидањои њаракати роњ ва истифодаи воситањои наќлиёт», ки барои дарёфти дараљаи илмии номзади илмњои њуќуќшиносї аз рўйи ихтисоси 12.00.08. – Њуќуќи љиноятї ва криминология; њуќуќи иљрои љазои љиноятї (илмњои њуќуќшиносї) пешнињод шудааст'

ТАЌРИЗИ муќарризи расмї ба диссертатсияи Нарзуллозода Суњроб Саидањмад дар мавзўи «Љавобгарии љиноятї барои вайрон кардани ќоидањои њаракати роњ ва истифодаи воситањои наќлиёт», ки барои дарёфти дараљаи илмии номзади илмњои њуќуќшиносї аз рўйи ихтисоси 12.00.08. – Њуќуќи љиноятї ва криминология; њуќуќи иљрои љазои љиноятї (илмњои њуќуќшиносї) пешнињод шудааст Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Похожие темы научных работ по праву , автор научной работы — Зокирзода З.Х.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ТАЌРИЗИ муќарризи расмї ба диссертатсияи Нарзуллозода Суњроб Саидањмад дар мавзўи «Љавобгарии љиноятї барои вайрон кардани ќоидањои њаракати роњ ва истифодаи воситањои наќлиёт», ки барои дарёфти дараљаи илмии номзади илмњои њуќуќшиносї аз рўйи ихтисоси 12.00.08. – Њуќуќи љиноятї ва криминология; њуќуќи иљрои љазои љиноятї (илмњои њуќуќшиносї) пешнињод шудааст»

^^JmMAFM My^AFFH3GH

TF^yHA РЕЦЕH3ЕHTGВ TRIBUNE OF REVIEWERS

TДУ 343.346

Зокирзода З.Х. Zokirzoda Z.Kh.

Сардори Раёсати кадруо ва коруои махсуси Донишкадаи омузгории Тоцикистон дар ноуияи Рашт, номзади илмхои ^уцуцшиносй Начальник управления кадров и специальных дел Педагогического института Таджикистан в Раштском

районе, кандидат юридических наук Head of the Department of Personnel and Special Affairs of the Pedagogical Institute of Tajikistan in the Rasht region,

candidate of legal sciences

Ба Шурои диссертатсионии 6D.KOA-059^ назди Донишгохи миллии Точикистон (734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудаки 17)

ТАЦРИЗИ

мукарризи расми ба диссертатсияи Нарзуллозода Сухроб Саидахмад дар мавзуи «Ч,авобгарии чинояти барои вайрон кардани коидахои харакати рох ва истифодаи воситахои наклиёт», ки барои дарёфти дарачаи илмии номзади илмхои хукукшиноси аз руйи ихтисоси 12.00.08. - Хукуки чинояти ва криминология; хукуки ичрои чазои чинояти (илмхои хукукшиноси) пешниход шудааст

ОТЗЫВ

официального оппонента на диссертацию Нарзуллозода Сухроба Саидахмада на тему «Уголовная ответственность за нарушение правил дорожного движения и эксплуатации транспортных средств», представленную на соискание ученой степени кандидата юридических наук по специальности 12.00.08 - Уголовное право и криминология; уголовно-исполнительное право (юридические науки)

REVIEW

official opponent for the dissertation of Narzullozod Sukhrob Saidakhmad on a subject «Criminal liability for violation of traffic rules and use of vehicles» for the degree of candidate of legal sciences in the specialty of 12.00.08 - Criminal law and criminology; penal executive law (legal sciences)

Мубрам будани мавзуи тавдикоти Нарзулл°з°да Сухр°б Саидахмад диссертатсия. Мавзуи дар маркази кар°ргирифта бешуб^ мубрам буда он тавдикоти диссертатсионии мавзуи актуалй ва чавобгУи шар°ита

E-mail:

zafar.khayrullozoda@mail.ru

кунунии тараккиёт ва рушди чомеа ба хисоб меравад. Дар замони муосир, бо дар назар гирифтани мизони добили таваччухи афзоиши сатху сифати саноат, ворид гардидани технологиями навину пешрафта ба истехсолот ва зарурати истифодаи кувваи чисмонии инсон метавон кайд намуд, ки бинобар кохиш ёфтани мизони ширкати инсон дар бештари мархила ва равандхои истехсолот, кохиш ёфтани нархи махсулот хамзамон, ба афзоиши сифат ва шумораи он мусоидат намудааст. Ин омил дар навбати худ боиси он гардидааст, ки дар солхои ахир, тавре ки ба мушохида мерасад, истехсол ва фуруши воситахои гуногуни наклиёт барои ахолй зиёд шуда, интизор меравад он дар оянда низ раванд ва тамоюли ру ба афзоишй касб намояд. Дастрасии нархи воситахои наклиёт ва хубтар шудани сифати роххои мошингард боиси он гардидааст, ки шумораи воситахои наклиёт дар Точикистон дар мукоиса бо 15-20 соли сипаришуда хеле афзоиш ёфтааст.

Аз суи дигар, ин нукта лозим ба зикр аст, ки бинобар боло рафтани теъдоду микдори наклиёт дар кишвар, хамчунин холату мавридхои риоят нашудани коидахои харакат дар рох низ ба таври назаррас афзоиш ёфтаанд. Яъне, ба иборати дигар, ба миён омадани чунин вазъи номатлуб боиси афзудани мавридхои риоят нашудани коидахои дахлдор дар заминаи истифодаи наклиёт, нодида гирифтани коидахои харакат дар рох ва афзоиши холатхои содиршавии чиноятхои вобаста ба истифодаи воситахои наклиёт дар ин самт шудааст.

^оидахое, ки дар холи хозир вобаста ба истифодаи наклиёт корбурд мешаванд, дар доираи санадхои меъёрии хукукии муайяне пешбинй шудаанд. Хдмзамон, лозим ба зикр аст, ки дар натичаи риоят нашудани коидахои харакат дар рох, аз лихози конунй муносибатхои муайяни гражданй, маъмурй ва чиноятй шакл мегиранд. Сарфи назар аз он ки аксари кирдорхои чиноятй бинобар беэхтиётии ашхос содир мешаванд, аммо бо вучуди ин, лозим ба зикр аст, ки хавфи чамъиятии

онхо назаррас мебошад. Аз ин ру, андешидани чорахои лозим дар ин самт бо максади паст кардани сатхи содиршавии чунини чиноятхо, бахусус, мутобик намудани меъёрхои конуни чиноятй ба талаботи замони муосир, бояд дар мадди назари масъулон ва макомоти дахлдор карор бигирад. Дар баробари ин, зарурати тахлили илмй-назариявии асосхои чавобгарии чиноятй барои вайрон кардани коидахои харакат дар рох ва истифодаи воситахои наклиёт масъалаи рузмарра ва актуалй бокй мемонад, ки ба он муаллиф дар мукаддимаи рисолаи худ таъкид намудааст. Хусусияти бланкетй доштани аксари меъёрхои конуни чиноятй, ки чавобгариро пешбинй мекунанд, зарурати ба назар гирифтани онхоро низ ба хангоми татбики меъёрхои конуни чиноятй ба миён меорад. Тавре маълум аст, аз кабул ва мавриди амал карор гирифтани Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон бисту се сол сипарй шудааст. Бояд кайд намуд, ки дар он давра, яъне тайи солиёни гузашта сатхи содиршавии чиноят ва танзими чавобгарии чиноятй барои вайрон кардани коидахои харакат дар рох ва истифодаи воситахои наклиёт боиси пеш омадани мушкил намешуд. Аммо дар даврахои мухталифи татбики он, камбудихои муайян ошкор шуданд. Х,амчунин, дар ин давра, коидахои харакат дар рох дар тахрири нав кабул шудаанд, ки ин аз мубрам будани мавзуи интихобнамудаи муаллифи рисола дарак медихад.

Аз чониби муаллиф ба мубрам будани мавзуи тахкикоти диссертатсионй ба таври дурусту комил ишора шудааст. Муаллиф ба таври кофй ва конеъкунанда дар кисмати мукаддимавии кор бо овардани нишондихандахои муайяни омори расмй ва иттиллооти манбаъхои дигар, асоснок будани далелхои матрахшуда дар тахкикоти мавриди назарро собит намудааст.

Дарачаи навгонии диссертатсия ва нуктахои илмие, ки барои химоя пешниход мешаванд, дар он ифода меёбанд, ки диссертатсияи мазкур нахустин пажухиши мукаммали илмй оид

ба вайрон кардани к;оидах,ои харакати рох ва истифодаи воситахои наклиёт мебошад.

Аз мазмуни матни диссертатсия ва автореферат бармеояд, ки он дар илми хукукшиносии ватанй яке аз нахустин пажухишхои илмие ба хисоб меравад ва он аз руйи сохтор, услуби иншо ва натичахои илмии матрах гардида дорои ахамият ва арзиши хоси илмист. Дар кисматхои мухталифи диссертатсия 11 нуктаи илмии дорои ахамияти назариявию амалй барои химоя пешниход гардидаанд.

Хусусан, даврабандии таърихи рушди меъёрхои конунгузории чиноятии Точикистон вобаста ба чавобгарии чиноятй барои вайрон кардани коидахои харакати рох ва истифодаи воситахои наклиёт, ба гуруххо чудо намудани конунгузории чиноятии давлатхои -аъзои ИДМ вобаста ба дарачаи муайяни аломатхои таркиби чинояти вайрон кардани коидахои харакати рох ва истифодаи воситахои наклиёт, мукаррар намудани меъёри хавасмандгардонй нисбати шахсе, ки кирдори пешбининамудаи м. 212 КЧ, Ч,Т-ро содир менамояд, баррасии тамоми чорахои имконпазир чихати расонидани ёрй ба шахси чабрдида, пешбинй шудани мафхумхои «вайрон кардани коидахои харакати рох» ва «вайрон кардани коидахои истифодаи воситахои наклиёт» дар санадхои меъёрии хукукии дахлдор, хамчун аломати алохидаи

бандубасткунандаи чиноят мукаррар гардидани дар холати мастй вайрон кардани коидахои харакати рох ва (ё) истифодаи воситаи наклиёт, ки аз беэхтиётй боиси расонидани зарари миёна ба саломатии инсон мегардад, гардидааст, аз навгонихои тахкикоти диссертатсионй махсуб мешаванд, ки кобили кабул мебошанд.

Мавкеи муаллиф вобаста ба мафхумхои «идоракунандаи воситаи наклиёт», «вайрон кардани коидахои харакати рох», «вайрон кардани коидахои истифодаи воситахои наклиёт», кохиш додани синну соли чавобгарй аз 16 ба 14-сола, шакли содиршавии кирдор ва

дигар масъалахое, ки бевосита ба чинояти мавриди омузиши рисола рабт доранд, асоснок карда шудааст.

Навгонии дигари кори илмии мазкур дар он зохир мегардад, ки диссертант тавонистааст, мутобикат надоштани мазмуни Кдрори Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон аз 18-уми декабри соли 2009, № 28-ро ба меъёрхои конуни чиноятй исбот созад ва вобаста ба он таклифу пешниходхои худро матрах намояд.

Дар баробари ин, аз чониби мухаккик хамчунин коркардхои дигари вобаста ба халли мушкилот хангоми татбики меъёрхои чиноятии

такризшаванда дар миён гузошта шудаанд, ки аз нигохи мо кобили таваччух ва баррасй мебошанд.

Асоснок ва муътамад будани хулосахо ва тавсияхое, ки дар диссертатсия зикр гардидаанд. Назару андешахои муаллиф ва натичахои илмии диссертатсия аз шубха орй буда, хулосахои дар он оварда натичаи тахлили мукаррароти илмй-назариявй, тачрибаи амалияи тафтишотиву судй, инчунин омори расмй ва конунгузории чиноятй мебошад.

Диссертатсия кори илмй-тадкикотии анчомёфта ба хисоб рафта, мохиятан мутобик бо тахассуси интихобшуда тахия ва омода шудааст. Натичахои илмии аз он ба дастомада, метавонанд дар рушди илми хукуки чиноятй, инчунин криминология, дар амри пешбинии чавобгарии чиноятй барои вайрон кардани коидахои харакати рох ва истифодаи воситахои наклиёт, муайян гардидани кирдорхои алохидаи он ва хамчунин таркиби чинояту тавсифи криминологии ин гуна кирдорхо мавриди истифода карор хохад гирифт.

Диссертатсия тахкикоти комил ва хотимаёфтаи илмй буда, мазмуни ягона дорад ва он вобаста ба чанбахои мухталифи назариявию амалй дар шакли матрах гардидани суолхои алохида тахия шудааст. Суолхои алохида ба хамдигар мутобикат намуда, дар хамбастагй мазмуни ягона доранд ва дар мачмуъ тахлили илмй-назариявии чавобгарии

чиноятиро барои вайрон кардани коидахои харакати рох ва истифодаи воситахои наклиёт дарбар мегиранд.

Аз натичаи тахлили матни диссертатсия дида мешавад, ки дар он акидахои гуногуни илмй-назариявии олимони соха оварда шудаанд ва хамзамон, онхо мавриди баррасй карор гирифтаанд. Масъалахои чудогона ба гайр аз таъйиди коршиносону олимон ва мукаррароти илмй, инчунин бо маводи тачрибаи амалй ва судй, нишондодхои мушаххас аз омори расмй асоснок карда шудаанд. Пуррагии тахкикотро, аз чумла тахлили мукоисавй-хукукии конунгузории чиноятии давлатхои-аъзои ИДМ оид ба чавобгарй барои вайрон кардани коидахои харакати рох ва истифодаи воситаи наклиёт нишон медихад. Х,олатхои зикргардида аз асоснок ва боэътимод будани хулоса ва тавсияхои дар диссертатсия зикршуда дарак медиханд.

Асоси методологии тадкикоти диссертатсиони. Тахкикоти

диссертатсионй бо истифода аз усулхои илмии диалектикии дарки ходиса ва равандхои чамъиятй гузаронида шудааст. Дар рафти баррасии суолхои алохида ва мавзуъ дар умум, инчунин усулхои умумй-илмй, аз кабили мукоисавй-таърихй, тахлил, тасниф, инчунин усулхои махсуси илмй: мантикй-расмй, мукоисавй-хукукй васеъ истифода бурда шудаанд. Бо истифода аз ин усулхо, муаллиф тахлили пурраи пахлухои алохида ва дар мачмуъ мавзуи интихобшударо анчом додааст.

А\аммияти назарияви ва амалии диссертатсия дар он аст, ки мукаррарот ва хулосахои илмии он амалан метавонанд, дар омузиш ва тахкики масъалахои гуногуни вобаста ба чавобгарии чиноятй барои вайрон кардани коидахои харакати рох ва истифодаи воситахои наклиёт, таърихи ташаккул ва асосхои рушду такмили он, тафрикасозии чавобгарии чиноятй, пешгуихои криминологй бо дарназардошти хусусиятхои миллй истифода бурда шаванд. Бахусус, сахми шахсии муаллиф дар шарху тавзехи мафхумхои алохида ва ахаммияти онхо назаррас аст. Инчунин, натичахои

тахкикот дар раванди таълим, аз чумла, омузиши мавзуъхои вобаста ба чиноятхо ба мукобили бехатарии харакат ва истифодаи наклиёт, асосхои чавобгарии чиноятй ва мавзуъхои алохидаи кисми махсуси хукуки чиноятй метавонанд, истифода карда шаванд.

Ахаммияти амалии диссертатсия дар имкони истифодаи натичахои тахкикот ва хулосахои муаллиф оид ба номукаммал будани меъёрхои алохидаи конунгузорй, ки онхо дар асоси тахлили маълумотхои оморй, амалияи тафтишотй ва судй бароварда шудаанд, барои таклими конунгузории чиноятии ватанй, санадхои меъёрии сохавй ва санадхои вобаста ба он, инчунин дар банакшагирии криминологй зохир мегардад.

Тасвиби натича\ои тадкикот. Нуктахои асосии назариявй ва амалии ба химоя пешниходнамудаи муаллиф, дар 14 маколаи илмй, аз чумла 8 макола дар мачаллахои такризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Чумхурии Точикистон ба табъ расидаанд, ки фарогири пахлухои гуногуни чавобгарии чиноятй барои вайрон кардани коидахои харакати рох ва истифодаи воситахои наклиёт мебошанд.

Нуктахои асосии назариявии ба химоя пешниходшуда дар фаъолияти макомоти олии конунгузори Чумхурии Точикистон - Мачлиси намояндагони Мачлиси Олй ворид карда шудаанд. Иловатан, натичахои тахкикоти диссертатсионй дар 6 конференсияи байналмилалй мавриди баррасй карор гирифта, ба табъ расидаанд.

Дар доираи тахкикот аз чониби муаллиф як дастури таълимй ба чоп расонида шудааст, ки натичахои тахкикоти илмй хангоми гузаронидани дарсхои таълимй дар Академияи ВКД Чумхурии Точикистон истифода бурда мешаванд.

Са\ми шахсии довталаби дарёфти дарачаи илми. Сахми шахсии муаллифи диссертатсия ба сатхи навгонии илмии тахкикоти диссертатсионй, нуктахои илмй, ки ба химоя пешниход мешаванд, маколахои илмй, маърузахо дар семинархои назариявй ва конференсияхои

илмй-амалй асоснок карда мешавад. Дамчунин, тарзи навишт, гузориши масъала, сабки диссертатсия сахми шахсии муаллифро нишон медиханд. Илова бар ин, аз тарафи муаллифи диссертатсия дар макола ва маърузахо дар конференсияхои илмй-амалй пешниходхо чихати такмил бахшидани конунгузории чиноятии ватанй ва фаъолияти макомоти

хукуктатбиккунанда дар сохаи татбики меъёрхои хукукии чиноятй оид ба вайрон кардани коидахои харакати рох ва истифодаи воситахои наклиёт матрах шудаанд, ки ин аз сахми шахсии муаллифи диссертатсия дарак медихад.

Сохтор ва хачми диссертатсия. Тахкикоти диссертатсионй бо

дарназардошти максад ва вазифахои тахкикот аз пешгуфтор, ду боб, шаш зербоб, хулоса, номгуйи адабиёт (маъхазхо) ва замима иборат буда, хачми умумии он 217 сахифаро дарбар мегирад.

Мувофи^ати автореферат ба мухтавои диссертатсия. Автореферат бо мухтавои диссертатсия мувофикат менамояд. Дар автореферат натичахои асосии тадкикоти диссертатсионй, аз он чумла, мазмуну мохият мухтасар ва бобу зербобхои диссертатсия ба ба таври кофй мукаммал инъикос ёфтаанд.

Мутоби^ати диссертатсия ба ихтисос ва самтхои илм, ки аз руйи онхо диссертатсия ба химоя пешниход шудааст. Дар натичаи шиносой бо матни диссертатсия дида мешавад, ки он дар доираи мавзуи илмии кафедраи хукуки чиноятй, криминология ва психологияи факултети № 2 Академияи ВКД Чумхурии Точикистон, тахти унвони «Такмили конунгузории чиноятии Чумхурии Точикистон дар самти чиноятхои хусусияти террористй, экстремистй, гардиши гайриконунии маводи нашъаовар ва коррупсионй» ичро шудаст.

Аз ин ру, мавзуи интихобшуда, ки тахкики чавобгарии чиноятиро барои вайрон кардани коидахои харакати рох ва истифодаи воситахои наклиёт дарбар мегирад, ба ихтисоси 12.00.08. - Дукуки чиноятй ва криминология; хукуки ичрои

чазои чиноятй (илмхои хукукшиносй) чавобгу буда, хамзамон, тахкикоти диссертатсионй бо ихтисоси мазкур мувофик аст.

Эродхо ба мазмун ва шакли диссертатсия. Дар тахкикоти

диссертатсионии мазкур дар баробари муваффакиятхо, инчунин баъзе масъалахои бахснок ва халталаб мавчуданд, ки барои шарху тавзехи онхо муаллиф бояд дар рафти химоя таваччух бештар зохир намояд:

1. Аз мундаричаи рисолаи илмии мазкур дида мешавад, ки сохтори диссертатсия тибки максад ва вазифахои он, инчунин талаботи тахкикоти муттасил ва мантикй интихоб карда шудааст. Бобхо ва зербобхои диссертатсия бо дарназардошти тахкики мантикй тибки усули илмии гузариш ба мафхумхои умумй ва мушаххас муайян карда шудаанд. Аммо, новобаста аз тахлили пайдархами конунгузорй муаллиф дар кори мазкур масъалаи тафрикагузории вайрон кардани коидахои харакати рох ва истифодаи воситахои наклиётро бо дигар чиноятхои наклиётй дар алохидагй мавриди баррасй карор надодааст. Аз ин лихоз, бехтар мебуд муаллиф андешахои худро барои равшанй андохтан ба масъалаи мазкур иброз дорад;

2. Дар сах. 68 диссертант кайд менамояд, ки «КЧ Чумхурии Точикистон вайрон кардани коидахоро, ки аз беэхтиётй боиси рАсонидани зарари миёна ба саломатии шахс мегарданд, дар к. 1 м. 212 КЧ ЧТ мукаррар намудааст. Аммо, чунин окибат (зарари маёна) агар хангоми дар холати мастi идора намудани воситаи наклиёт ба иаён ояд, дар м.212 КЧ ЧумКЕрии Точикистон чавобгарии чиноятЗ пешбинй нашудааст. Аз ин метавон чунин натиза гирифт, ки конунгузории чиноятии Чумхурии Точикистон ин холатро нодиаа гирифтааст. Ба андешаи мо, ин холат холигии конунгуеории моро н^он медихад». Мувофик будан бо ин мавМеи маллиф душвор аст. Зеро, мантикан дар холати содир намудани кирдори мазкур шахс мутобики к. 1 м. 212 КЧ Чумхурии Точикистон ба чавобгарии чиноятй

кашида мешавад. Аз ин лихоз, барои равшанй андохтан ба масъалаи мазкур шархи муаллиф такозо карда мешавад;

3. Омузиши кори илмии мазкур нишон медихад, ки дар он вокеан корхои илмии олимони ватанй ва хоричие, ки дар кисмати «Дарачаи омузиши илмии мавзуъ» (С. 7-9) нишон дода шудаанд, дар сатхи зарурй ва ба маврид истифода гардида, нуктахои назари олимон оид ба ин ё он масъала хондани рисоларо шавковар гардонидааст. Аммо, новобаста аз пахлухои мусбати диссертатсия, муаллиф хангоми баррасии мундаричавии тарафи субъективии чиноят мавкеи олимонро гурухбандй намуда, бе далелхои кофй назари бархе аз онхоро чонибдорй менамояд (С. 150-151). Вобаста ба ин масъала, шархи довталабро хангоми химояи рисола максаднок мешуморем.

Албатта эродхое, ки дарч гардидаанд, аз чихати илмй мубохисавй буда, ахаммияти илмии тахкикоти диссертатсиониро коста намегардонанд ва бахои мусбати диссертатсияро тагйир намедиханд. Онхо аз он шаходат медиханд, ки масъалаи баррасй кардашудаи муаллиф марокангез буда, он метавонад таваччухи мухаккиконро ба худ чалб намояд.

Ба талаботи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президента Чумхурии Точикистон мутобиц будани тартиб ва танзими диссертатсия. Тахкикоти диссертатсионии Нарзуллозода Сухроб Саидахмад дар мавзуи «Чавобгарии чиноятй барои вайрон кардани коидахои харакати рох ва истифодаи воситахои наклиёт», ки барои дарёфти дарачаи илмии номзади илмхои хукукшиносй аз руйи ихтисоси 12.00.08. - Хукуки чиноятй ва криминология; хукуки ичрои чазои чиноятй (илмхои хукукшиносй) пешниход шудааст, тахкикоти комилан анчомёфта мебошад, дорои навгонихои кифояи илмй аст ва он дар инкишофи минбаъдаи илми хукуки чиноятй метавонад хамчун сахифаи тоза накши мухим ва назаррас гузорад.

Диссертатсия ба талаботи бандхои 10, 11, 14 ва 16-и Тартиби додани дарачаи илмй ва унвони илмй (дотсент, профессор), ки бо ^арори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 26-уми ноябри соли 2016, № 505 ба тасвиб расидааст, чавобгу буда, инчунин ба рушди конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба вайрон кардани коидахои харакати рох ва истифодаи воситахои наклиёт мусоидат хохад намуд.

^исмати хотимавии та^риз. Рисолаи такризшаванда аз лихози мубрамият, ном ва накши мавзуъ, мукаддима, бобхо ва зербобхо, хулосаю сарчашмахо пайдархам, бо услуби илмй тахия гардидааст. Омузиши матни пурраи диссертатсия ва автореферати Нарзуллозода Сухроб Саидахмад нишон медихад, ки он кори анчомёфта буда, дорои навгонихои илмй ва натичахои боэътимод мебошад. Автореферат ва корхои илмии чопшуда мазмуни асосии кори диссертатсиониро инъикос менамоянд. Тахкикоти диссертатсионй аз руйи мазмун ва мантик ба талабот чавобгу буда, натичахои бадастомада дар тавсеаи асосхои назариявй ва методологй оид ба вайрон кардани коидахои харакати рох ва истифодаи воситахои наклиёт накши бориз хоханд дошт. Пешниход, хулоса ва нуктахои илмие, ки дар диссертатсия иброз гардидаанд, судманд ва саривактй буда, онхо чихати бартараф намудани холигии илми хукукшиносии ватанй равона шудаанд.

Хамин тарик, Нарзуллозода Сухроб Саидахмад, сазовори дарёфти дарачаи илмии номзади илмхои хукукшиносй аз руйи ихтисоси 12.00.08. - Хукуки чиноятй ва криминология; хукуки ичрои чазои чиноятй (илмхои хукукшиносй) мебошад.

Такризи мазкур бо дарназардошти талаботи «Низомномаи намунавй оид ба Шурои диссертатсионй», ки бо ^арори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 26-уми ноябри соли 2016, № 505 кабул шудааст, тахия ва манзур гардидааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.