Научная статья на тему 'ТАЌРИЗИ муќарризи расмї ба диссертатсияи Муродзода Фирўза Рўзибой дар мавзӯи «Тавсифи њуќуќи љиноятї ва криминологии муомилоти ѓайриќонунии прекурсорњо дар Љумњурии Тољикистон», ки барои дарёфти дараљаи илмии номзади илмњои њуќуќшиносї аз рўйи ихтисоси 12.00.08. – Њуќуќи љиноятї ва криминология; њуќуќи иљрои љазои љиноятї (илмњои њуќуќшиносї) пешнињод шудааст'

ТАЌРИЗИ муќарризи расмї ба диссертатсияи Муродзода Фирўза Рўзибой дар мавзӯи «Тавсифи њуќуќи љиноятї ва криминологии муомилоти ѓайриќонунии прекурсорњо дар Љумњурии Тољикистон», ки барои дарёфти дараљаи илмии номзади илмњои њуќуќшиносї аз рўйи ихтисоси 12.00.08. – Њуќуќи љиноятї ва криминология; њуќуќи иљрои љазои љиноятї (илмњои њуќуќшиносї) пешнињод шудааст Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Похожие темы научных работ по праву , автор научной работы — Зокирзода З.Х.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ТАЌРИЗИ муќарризи расмї ба диссертатсияи Муродзода Фирўза Рўзибой дар мавзӯи «Тавсифи њуќуќи љиноятї ва криминологии муомилоти ѓайриќонунии прекурсорњо дар Љумњурии Тољикистон», ки барои дарёфти дараљаи илмии номзади илмњои њуќуќшиносї аз рўйи ихтисоси 12.00.08. – Њуќуќи љиноятї ва криминология; њуќуќи иљрои љазои љиноятї (илмњои њуќуќшиносї) пешнињод шудааст»

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (57). 2023

^^^ИНБАРИ МУЦАРРИЗОН

Трибуна рецензентов Tribune Of Reviewers

ТДУ 343.9

Зокирзода З.Х. Zokirzoda Z.Kh.

Дотсенти кафедраи ва методикаи таълими факултети

таърих ва %уцуци Донишкадаи омузгории Тоцикистон дар ноуияи

Рашт, номзади илмхои ^уцуцшиносй Доцент кафедры права и методики образования факультета истории и права Педагогического института Таджикистана в Раштском районе, кандидат юридических наук Associate Professor of the Department of Law and Methods of Education of the Faculty of History and Law of the Pedagogical

Institute of Tajikistan in the Rasht region, candidate of legal sciences

Ба Шурои диссертатсионии 6D.K0A-019^ назди Донишгохи миллии Точикистон (734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудаки 17)

ТАЦРИЗИ

мукарризи расми ба диссертатсияи Муродзода Фируза Рузибой дар мавзуи «Тавсифи хукуки чинояти ва криминологии муомилоти гайриконунии прекурсорхо дар Чумхурии Точикистон», ки барои дарёфти дарачаи илмии номзади илмхои хукукшиноси аз руйи ихтисоси 12.00.08. - Хукуки чинояти ва криминология; хукуки ичрои чазои чинояти (илмхои хукукшиноси) пешниход шудааст

ОТЗЫВ

официального оппонента на диссертацию Муродзода Фирузы Рузибой на тему «Уголовно-правовая и криминологическая характеристика незаконного оборота прекурсоров в Республике Таджикистан», представленную на соискание ученой степени кандидата юридических наук по специальности 12.00.08 - Уголовное право и криминология; уголовно-исполнительное право (юридические науки)

REVIEW

The official opponent for the thesis of Murodzod Firuza Ruziba on the topic "Criminal and legal and criminological characteristics of illicit trafficking in precursors in the Republic of Tajikistan", submitted for the degree of candidate of legal sciences in the specialty 12.00.08 -Criminal law and criminology; penal law (jurisprudence)

m

E-mail:

zafar.khayrullozoda@,mail.ru

Мутобикати диссертатсия ба ихтисос ва самти илм, ки аз руйи он диссертатсия ба химоя пешниход шудааст. Диссертатсияи Муродзода Фируза Рузибой дар мавзуи «Тавсифи хукуки чиноятй ва криминологии муомилоти гайриконунии

прекурсорхо дар Чумхурии Точикистон» барои дарёфти дарачаи илмии номзади илмхои хукукшиносй аз руйи ихтисоси 12.00.08 - Хукуки чиноятй ва криминология; хукуки ичрои чазои чиноятй (илмхои хукукшиносй), ки аз

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (57). 2023

руйи он ба Шурои диссертатсионй мувофики фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Чумхурии Точикистон аз 7-уми январи соли 2022, тахти №15/шд 62 хукуки кабули диссертатсияхо барои химоя дода шудааст, мутобик мебошад.

Маврид ба тазаккур аст, ки диссертатсияи такризшаванда дар доираи барномаи корхои илмй-тахкикотии кафедраи хукуки чиноятй, криминология ва психологияи факултети № 2-юми Академия ВКД Чумхурии Точикистон -«Такмили конунгузории чиноятии Чумхурии Точикистон дар самти чиноятхои хусусияти террористй, экстремистй, муомилоти гайриконунии маводи нашъаовар ва коррупсиони-дошта» омода гардидааст.

Мубрам будани мавзуи тахкикоти диссертатсия. Мавзуи дар маркази тахкикоти диссертатсионии Муродзода Фируза Рузибой кароргирифта бешубха, мубрам буда, он чавобгуи шароити кунунии тараккиёт ва рушди чомеа ба хисоб меравад. Дар шароити имруза дар таъмини субот ва амнияти саломатии ахолй, инкишофи ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон ва микёси чахон муомилоти гайриконунии воситахои нашъадор, моддахои психотропй ва прекурсорхои онхо дар баробари дигар чиноятхои фаромиллй (савдои одамон, хариду фуруши силох, терроризм ва экстремизм) хатари вокей эчод намудааст. Вобаста ба ин, муковимат бар зидди муомилоти гайриконунии маводи нашъаовар ва прекурсорхо кисми чудонашавандаи мубориза бар зидди чиноятхои муташаккил, терроризми байналмилалй ва эсктремизми сиёсй ба хисоб рафта, ба воситаи татбики чорахои иктисодй, хукукй, ташкилй, техникй, чустучуиву пешгирикунанда ва гайра амалй карда мешавад.

Бо назардошти мушкилоти чойдошта макомоти хифзи хукук ва дигар сохторхои марбутаи Точикистон муваззаф гардидаанд, ки фаъолиятро дар самти пешгирй ва муковимат бар зидди муомилоти гайриконунии воситахои нашъадор, моддахои психотропй ва

прекурсорхои онхо таквият бахшида, тамоми имкониятхоро барои ошкор намудани гуруххои муташаккили чиноятпеша ва кочоки маводи мухаддир сафарбар намоянд.

Дар баробари ин, зарурати тахлили илмй-назариявии чавобгарии чиноятй барои гайриконунй истехсол, тайёр кардан, коркард, сохиб шудан, нигох доштан, ба сохибияти каси дигар додан, интикол ё фиристонидани прекурсорхо масъалаи рузмарра ва актуалй бокй мемонад, ки ба он муаллиф дар мукаддимаи рисолаи худ таъкид намудааст. Тахлилхо нишон медиханд, ки чиноятхои марбут ба масъалахои муомилоти гайриконунии прекурсорхо ба таври чиддй масъалахоеро ба миён меоранд, ки ба амнияти кишвар, арзишхою падидахои демократй, меъёрхои ахлокй ва адолати ичтимой халал расонида, ба рушду устувории давлат ва тартиботи хукукии он зарар мерасонанд.

Дар ин маъно, мукаррар кардани таркиби чинояти гайриконунй истехсол, тайёр кардан, коркард, сохиб шудан, нигох доштан, ба сохибияти каси дигар додан, интикол ё фиристонидани прекурсорхо, муайян намудани асос ва хусусияти чавобгарй, инчунин асос ва тартиби озод кардан аз он чораи сиёсие мебошад, ки ба устуворнамоии муносибатхои чамъиятй равона гардидааст.

Аз чониби муаллиф ба мубрам будани мавзуи тахкикоти диссертатсионй ба таври дурусту комил ишора шудааст. Муаллиф ба таври кофй ва конеъкунанда дар кисмати мукаддимавии кор бо овардани нишондихандахои муайяни омори расмй ва иттиллооти манбаъхои дигар, асоснок будани далелхои матрахшуда дар тахкикоти мавриди назарро собит намудааст.

Гуфтахои дар боло матрахшуда аз мубрам будани мавзуи интихобнамудаи муаллифи рисола дарак медихад.

Дарачаи навгонии диссертатсия ва нуктахои илмие, ки барои химоя пешниход мешаванд, дар он ифода меёбанд, ки диссертатсияи мазкур нахустин пажухиши

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (57). 2023

мукаммали илмй дар мавзуи тавсифи хукуки чиноятй ва криминологии муомилоти гайриконунии прекурсорхо дар Чумхурии Точикистон мебошад.

Аз мазмуни матни диссертатсия ва автореферат бармеояд, ки он дар илми хукукшиносии ватанй яке аз нахустин пажухишхои илмие ба хисоб меравад ва он аз руйи сохтор, услуби иншо ва натичахои илмии матрахгардида дорои ахамият ва арзиши хоси илмист. Дар кисмати навгонии диссертатсия 5 нуктаи илмии дорои ахаммияти назариявй, 4 нуктаи дорои ахаммияти амалй ва 6 нуктаи дигар барои такмили конунгузории чиноятии ватанй барои химоя пешниход гардидаанд. Хусусан, мафхуми прекурсорхо аз чониби муаллиф хамчун навгонии тахкикоти диссертатсионй кобили таваччух мебошад. Чунончй, прекурсорхо воситахои нашъадор ва моддахои психотропй аз моддахои химиявии муайян иборат буда, хангоми истехсол, тайёр кардан ва коркарди воситахои нашъадор ва моддахои психотропй ба сифати реагент истифода шуда, зери назорати давлат карор доранд. Ба андешаи муаллиф мукаррар кардани мафхуми "прекурсорхо" ба санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон имкон медихад, ки минбаъд хангоми ифода намудан ва тафсири духурагии он рох дода нашавад. Муаллиф дар рисолаи илмй тачрибахои муосир ва маълумоти омории кишвар ва хоричаро вобаста ба масъалахои муомилоти гайриконуунии прекурсорхо, вазъи чиноят ва чинояткорй дар самти муомилоти гайриконунии прекурсорхо, аломатхои хос ва фарккунандаи шахсияти чинояткор дар самти муомилоти гайриконунии прекурсорхо, пешгирй хамчун чораи аввалиндарача ва мубориза ба муомилоти гайриконунии прекурсорхо истифода намуда, масоили болозикрро хамчун навгонихои тахкикоти диссертатсионй ироа намудааст.

Муаллиф чихати такмил додани КЧ ЧТ ва самаранокии истифодаи он, дар к. 5 м. 36 КЧ ЧТ пас аз калимаи «дастур» илова кардани калимаи «маблаггузорй»-ро лозим мешуморад. Дамчунин, дар

банди «а» к. 3 м. 2021 КЧ ЧТ чун холати вазнинкунанда, баъд аз калимахои «гурухи муташаккил», калимахои «иттиходи чиноятй (ташкилоти чиноятй)» илова карда шаванд, ки кобили дастгирй мебошад. Масъалахои матрахшуда оид ба мукаммалгардонии конунгузории

чиноятии ватанй ва дигар масъалахое, ки бевосита ба чинояти мавриди омузиши рисола рабт доранд, асоснок карда шудааст.

Дар баробари ин, аз чониби мухаккик хамчунин коркардхои дигари вобаста ба халли мушкилот хангоми татбики меъёрхои чиноятии

такризшаванда дар миён гузошта шудаанд, ки аз нигохи мо кобили таваччух ва баррасй мебошанд.

Асосноки ва эътимоднокии хулосахо ва тавсияхое, ки дар диссертатсия зикр гардидаанд. Назару андешахои муаллиф ва натичахои илмии диссертатсия аз шубха орй буда, хулосахои дар он оварда натичаи тахлили мукаррароти илмй-назариявй, тачрибаи амалияи тафти-шотиву судй, инчунин омори расмй ва конунгузории чиноятй мебошад.

Диссертатсия кори илмй-тахкикотии анчомёфта ба хисоб рафта, мохиятан мутобик бо тахассуси интихобшуда тахия ва омода шудааст. Натичахои илмии аз он бадастомада, метавонанд дар рушди илми хукуки чиноятй, инчунин криминология, дар амри пешбинии чавобгарии чиноятй барои гайриконунй истехсол, тайёр кардан, коркард, сохиб шудан, нигох доштан, ба сохибияти каси дигар додан, интикол ё фиристонидани прекурсорхо, муайян гардидани кирдорхои алохидаи он ва хамчунин таркиби чинояту тавсифи криминологии ин гуна кирдорхо мавриди истифода карор хохад гирифт.

Диссертатсия тахкикоти комил ва хотимаёфтаи илмй буда, мазмуни ягона дорад ва он вобаста ба чанбахои мухталифи назариявию амалй дар шакли матрах гардидани суолхои алохида тахия шудааст. Суолхои алохида ба хамдигар мутобикат намуда, дар хамбастагй мазмуни ягона доранд ва дар мачмуъ тахлили илмй-назариявии чавобгарии чиноятиро барои гайриконунй истехсол,

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (57). 2023

тайёр кардан, коркард, сохиб шудан, нигох доштан, ба сохибияти каси дигар додан, интикол ё фиристонидани прекурсорхо дарбар мегиранд.

Аз натичаи тахлили матни диссертатсия дида мешавад, ки дар он акидахои мухталифи илмй-назариявии олимони соха оварда шудаанд ва хамзамон онхо мавриди баррасй карор гирифтаанд. Масъалахои чудогона ба гайр аз таъйиди коршиносону олимон ва мукаррароти илмй, инчунин бо маводи тачрибаи амалй ва судй, нишондодхои мушаххас аз омори расмй асоснок карда шудаанд. Пуррагии тахкикотро, аз чумла тахлили мукоисавй-хукукии

конунгузории чиноятии давлатхои хоричй оид ба муомилоти гайриконунии прекурсорхо нишон медихад. Муаллиф ба тавсифи хукукии чиноятии моддаи 2021 КЧ, ЧТ диккат дода, алокамандй ва дигаргунии онро бо конунгузории чиноятии хоричи кишвар мукоиса намудааст. Х,олатхои зикргардида аз асоснок ва муътамад будани хулоса ва тавсияхои дар диссертатсия зикршуда дарак медиханд.

Ахаммияти илмй ва амалии натичахои диссертатсия бо нишон додани тавсияхо оид ба истифодаи онхо. Ахаммияти назариявй ва амалии диссертатсия дар он аст, ки мукаррарот ва хулосахои илмии он амалан метавонанд, дар омузиш ва тахкики масъалахои гуногуни вобаста ба чавобгарии чиноятй барои гайриконунй истехсол, тайёр кардан, коркард, сохиб шудан, нигох доштан, ба сохибияти каси дигар додан, интикол ё фиристонидани прекурсорхо, таърихи ташаккул ва асосхои рушду такмили он, тафрикасозии чавобгарии чиноятй, намудхои бандубастшавандаи барои муомилоти гайриконунии прекурсорхо дар Чумхурии Точикистон бо дарназардошти хусусиятхои миллй истифода бурда шаванд. Бахусус, сахми шахсии муаллиф дар шарху тавзехи мафхумхои алохида ва ахаммияти онхо назаррас аст. Инчунин, натичахои тахкикот дар раванди таълим, аз чумла, омузиши мавзуъхои вобаста ба чиноятхо ба мукобили саломатии ахолй, асосхои

чавобгарии чиноятй ва мавзуъхои алохидаи кисми махсуси хукуки чиноятй метавонанд, истифода карда шаванд.

Дар эзохи м. 2021-и Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон чой додани меъёр бо матни зайл: «Шахсе, ки прекурсорхои гайриконунй

бадастовардаро ихтиёран супорад, аз чавобгарии чиноятй озод карда мешавад, агар дар кирдори у таркиби чинояти дигар мавчуд набошад», аз ахаммияти амалй холй набуда, боиси дастгирй мебошад.

Ахаммияти амалии диссертатсия дар имкони истифодаи натичахои тахкикот ва хулосахои муаллиф оид ба номукаммал будани меъёрхои алохидаи конунгузорй, ки онхо дар асоси тахлили маълумотхои оморй, амалияи тафтишотй ва судй бароварда шудаанд, барои такмили конунгузории чиноятии ватанй, санадхои меъёрии сохавй ва санадхои вобаста ба он, инчунин дар банакшагирии криминологй зохир мегардад.

Натичахо ва хулосахои илмии дар рафти тахкикоти диссертатсионй бадастомада нишон медиханд, ки онхо вокеан камбудихои дар ин самт дар илми хукуки чиноятй мавчудбударо пур менамоянд.

Дар баробари ин, дар диссертатсия баъзе масъалахои бахснок ба назар мерасанд, ки онхоро кайд намудан лозим аст ва ба Муродзода Ф.Р. дар шакли тавсияхо барои тахкикотхои ояндаи у пешниход менамоем:

1. Муаллифи диссертатсия дар тахкикоти илмй рушди конунгузории чиноятии Чумхурии Точикистон оид ба муомилоти гайриконунии прекурсорхо дар Чумхурии Точикистонро мавриди баррасй карор надодааст. Аммо бехтар мебуд, ки агар муаллиф рушди конунгузории чиноятии Чумхурии Точикистон оид ба муомилоти гайриконунии прекурсорхо дар Чумхурии Точикистонро низ мавриди баррасй карор медод.

2. Гарчанде унвончу ба тавсифи хукукии чиноятии моддаи 2021 КЧ ЧТ диккат дода, алокамандй ва дигаргунии онро бо конунгузории чиноятии хоричи кишвар мукоиса намудааст. Хубтар мебуд,

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (57). 2023

ки агар муаллиф тахлили мукоисавй-хукукии конунгузории чиноятии давлатхои хоричй оид ба муомилоти гайриконунии прекурсорхоро хамчун зербоби алохидаи диссертатсия мавриди матрах карор медод. Вобаста ба ин масъала мехостам, ки назари диссертант шунида шавад.

Нашри натичахои диссертатсия дар мачаллахои такризшавандаи илми.

Нуктахои асосии назариявй ва амалии ба химоя пешниходнамудаи муаллиф, дар 11 маколаи илмй, аз чумла 4 макола дар мачаллахои такризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Чумхурии Точикистон ба табъ расидаанд, ки фарогири пахлухои гуногуни чавобгарии чиноятй барои гайриконунй истехсол, тайёр кардан, коркард, сохиб шудан, нигох доштан, ба сохибияти каси дигар додан, интикол ё фиристонидани прекурсорхо мебошанд. Инчунин, доир ба мавзуи диссертатсия ва мухтавои асосии он аз чониби унвончу 1 дастурамали методй ба нашр расидааст.

Дамчунин, мукаррароти асосй ва хулосахои тахкикоти диссертатсионй дар маколахои илмй, дар шакли маъруза дар конференсияхои гуногуни илмй-амалии сатхи байналмилалй ва чумхуриявй инъикос ёфтаанд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки теъдоди маводи чопшуда ба банди 35 Тартиби додани дарачахои илмй, ки бо Карори Дукумати Чумхурии Точикистон аз 30-юми июни соли 2021, тахти №267 тасдик шудааст, мувофик мебошад.

Мутобикати барасмиятдарории диссертатсия ба талаботи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Чумхурии Точикистон. Диссертатсияи Муродзода Ф.Р. ба талаботи банди 31 ва 33 Тартиби додани дарачахои илмй, ки бо Карори Дукумати Чумхурии Точикистон аз 30 июни соли 2021, тахти №267 тасдик шудааст, мутобикат менамояд. Диссертатсия аз чониби муаллиф мустакилона навишта шуда, дорои мазмун ва мантики ягонаи до-

хилй мебошад. Сатхи навгонии илмии дис-сертатсионй, нуктахои илмй ва пешниходу тавсияхои амалие, ки ба химоя пешниход шудаанд, маколахои илмй ва маърузахо дар конференсияхои илмй-амалй сахми шахсии муаллифро тасдик менамоянд. Ин-чунин, тарзи навишт, масъалагузорй ва услуби тахкикоти илмй сахми шахсии му-аллифи диссертатсияро нишон медихад.

^исмати хотимавии такриз. Рисолаи такризшаванда аз лихози мубрамият, ном ва накши мавзуъ, мукаддима, бобхо ва зербобхо, хулосаю сарчашмахо пайдархам, бо услуби илмй тахия гардидааст. Омузиши матни пурраи диссертатсия ва автореферати Муродзода Фируза Рузибой нишон медихад, ки он кори анчомёфта буда, дорои навгонихои илмй ва натичахои боэътимод мебошад. Автореферат ва корхои илмии чопшуда мазмуни асосии кори диссертатсиониро инъикос менамоянд. Тахкикоти диссертатсионй аз руйи мазмун ва мантик ба талабот чавобгу буда, натичахои бадастомада дар тавсеаи асосхои назариявй ва методологии чавобгарии чиноятй барои гайриконунй истехсол, тайёр кардан, коркард, сохиб шудан, нигох доштан, ба сохибияти каси дигар додан, интикол ё фиристонидани прекурсорхо накши бориз хоханд дошт. Пешниход, хулоса ва нуктахои илмие, ки дар диссертатсия иброз гардидаанд, судманд ва саривактй буда, онхо чихати бартараф намудани холигии илми хукукшиносии ватанй равона шудаанд.

Дар мачмуъ, Муродзода Фируза Рузибой, сазовори дарёфти дарачаи илмии номзади илмхои хукукшиносй аз руйи ихтисоси 12.00.08. - Дукуки чиноятй ва криминология; хукуки ичрои чазои чиноятй (илмхои хукукшиносй) мебошад.

Такризи мазкур бо дарназардошти талаботхои бандхои 71 ва 72 Тартиби додани дарачахои илмй, ки бо Карори Дукумати Чумхурии Точикистон аз 30-юми июни соли 2021, тахти № 267 тасдик шудааст, омода гардидааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.