Научная статья на тему 'ТАЌРИЗ ба автореферати диссертатсияи Имомов Њумоюн Шарофиддинович дар мавзуи «Маќоми њуќуќї-конститутсионии њизбњои сиёсї дар Љумњурии Тољикистон» барои дарёфти дараљаи илмии номзади илмњои њуќуќшиносї аз рўйи ихтисоси 12.00.02 – Њуќуќи конститутсионї; њуќуќи мурофиаи судии конститутсионї; танзими њуќуќии њокимияти мањаллї (илмњои њуќуќшиносї) пешнињод шудааст, (Душанбе, 2022. – 27 сањ.)'

ТАЌРИЗ ба автореферати диссертатсияи Имомов Њумоюн Шарофиддинович дар мавзуи «Маќоми њуќуќї-конститутсионии њизбњои сиёсї дар Љумњурии Тољикистон» барои дарёфти дараљаи илмии номзади илмњои њуќуќшиносї аз рўйи ихтисоси 12.00.02 – Њуќуќи конститутсионї; њуќуќи мурофиаи судии конститутсионї; танзими њуќуќии њокимияти мањаллї (илмњои њуќуќшиносї) пешнињод шудааст, (Душанбе, 2022. – 27 сањ.) Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ТАЌРИЗ ба автореферати диссертатсияи Имомов Њумоюн Шарофиддинович дар мавзуи «Маќоми њуќуќї-конститутсионии њизбњои сиёсї дар Љумњурии Тољикистон» барои дарёфти дараљаи илмии номзади илмњои њуќуќшиносї аз рўйи ихтисоси 12.00.02 – Њуќуќи конститутсионї; њуќуќи мурофиаи судии конститутсионї; танзими њуќуќии њокимияти мањаллї (илмњои њуќуќшиносї) пешнињод шудааст, (Душанбе, 2022. – 27 сањ.)»

Труды Академии МВД Республики Таджикистан. № 4 (56). 2022 Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 4 (56). 2022

ТДУ 342.4

РАЧДБЗОДА Р.М. Rajabzoda R.M.

Раиси Кумитаи Мацлиси намояндагони Мацлиси Олии Цум^урии Тоцикистон оид ба цонунгузори ва %уцуци инсон, доктори илмхои

^уцуцшиносй, дотсент Председатель Комитета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан по законодательству и правам человека,

кандидат юридических наук, доцент Head of the Majlisi Namoyandagon Committee of the Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan on Legislation and Human Rights, candidate of

legal sciences, Associate Professor

Ба Шурои диссертатсионии 6D.KOA-O19 назди Донишгохи миллии Точикистон (734025, Точикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рудакй, 17)

ТАЦРИЗ

ба автореферати диссертатсияи Имомов Хумоюн Шарофиддинович дар мавзуи «Макоми хукукй-конститутсионии хизбхои сиёсй дар Ч,умхурии Точикистон» барои дарёфти дарачаи илмии номзади илмхои хукукшиносй аз руйи ихтисоси 12.00.02 - Х,укуки конститутсионй; хукуки мурофиаи судии конститутсионй; танзими хукукии хокимияти махаллй (илмхои хукукшиносй) пешниход шудааст, (Душанбе, 2022. - 27 сах.)

ОТЗЫВ

на автореферат диссертации Имомова Хумоюна Шарофиддиновича на тему «Конституционно-правовой статус политических партий в Республике Таджикистан», представленный на соискание ученой степени кандидата юридических наук по специальности 12.00.02 -Конституционное право; право конституционного судебного процесса; правовое регулирование местной власти (юридические науки) (Душанбе, 2022. - 27 с.)

REVIEW

on the abstract of the dissertation of Imomov Humoyun Sharofiddinovich on the topic "Constitutional and legal status of political parties in the Republic of Tajikistan", submitted for the degree of candidate of legal sciences in the specialty 12.00.02 - Constitutional law; constitutional litigation; legal regulation of local authorities (legal sciences) (Dushanbe, 2022. - 27 p.)

E-mail:

rrm_67@mail.ru

Рисолаи диссертатсионии Имомов Х,.Ш. ба яке аз масъалахои мубрами хукуки конститутсионй бахшида шуда, дар он муносибатхои хукукй-конститут-сионии дар чараёни таъсис ва фаъолияти хизбхои сиёсй, хукук ва ухдадорихои хизбхои сиёсй, иштироки хизбхои сиёсй дар фаъолияти макомоти намояндагии хокимияти давлатй ва робитахои хизбхои сиёсй бо дигар падидахои чомеаи шахрвандй тахлил ва мачмуи масъалахои назариявй ва амалии мансуб ба макоми хукукии хизбхои сиёсии Чумхурии Точикистон чун субъекти муносибатхои

хукуки конститутсионй, ниходи чамъиятй ва падидаи мустакили илми хукуки конс-титутсионии ватанй, инчунин, танзими восита ва усулхои хукукй-конститутсио-нии фаъолияти он тахкик карда мешавад.

Баъди ба даст овардани Истиклолияти давлатй ва таъмини сулху субот дар мамлакат, зери рохбарии Асосгузори сулху вахдати миллй -Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон мархилаи нав - бунёди давлати хукукбунёд ва чомеаи шахрвандй бо арзишхои миллй ба миён омад. Дар хамин росто, аввалин маротиба

Труды Академии МВД Республики Таджикистан. № 4 (56). 2022

Осори Академияи ВКД Ч,умдурии Точикистон. № 4 (56). 2022

Конститутсияи замони сохибистиклолии Чумхурии Точикистон санаи 6-уми ноябри соли 1994 тарики овоздихии умумихалкй кабул гардид.

Бояд иброз дошт, ки хусусияти хосси ин санади олии хукукй дар фаркият аз конститутсияхои каблй дар он аст, ки фарогири тамоми падидахои хукукй-конститутсионй ва арзишхои умумиэъти-рофнамудаи чомеаи чахонй мебошад. Яке аз чунин ниходхои хукукй-конститут-сионй хизбхои сиёсй ба шумор мераванд, ки заминаи онро гуногунандешии сиёсй, гуногунандешии мафкуравй, бисёрхизбй ва демократия дар сохаи хукуки конститутсионй ташкил медиханд.

Х,избхои сиёсй яке аз ниходхои мухимми чомеаи шахрвандй, давлати демократй ва хукукбунёд мебошанд. Чумхурии Точикистон низоми бисёр-хизбиро эътироф намуда, инкишофи хаёти чамъиятиро ба рушди равияхои гуногуни сиёсй ва мафкуравй асос медихад. Х,избхои сиёсй ягона иттихо-дияи чамъиятие ба хисоб мераванд, ки аз тарафи шахрвандони Точикистон дар асоси умумияти хадафхо ва максадхои сиёсй таъсис дода мешаванд.

Тавре ки Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон дар суханронии худ дар мачлиси Шурои чамъиятии Чумхурии Точикистон 27-уми январи соли 2017 иброз доштанд: «,..Ч,омеаи шахрвандй зодаи давлати демократй ва хукукбунёду дунявй мебошад ва дар навбати худ, хар кадаре ки чомеаи шахрвандй инкишоф ёбад, давлати демократй хам ба хамон андоза пеш меравад. Х,оло дар мамлакат 7 хизби сиёсй ва кариб дуюним хазор созмони чамъиятй бо дархосту пешниходи созандаи худ таъсиргузор буда, онхо дар доираи талаботи оинномавии худ ба хотири пешрафти сохахои гуногуни сиёсиву иктисодй ва ичтимоиву фархангии мамлакат саъю талош мекунанд».

Бахсхои илмй оид ба макоми хукукй-конститутсионии хизбхои сиёсй, эътирофи хизбхои сиёсй чун иштирокчии хосси муносибатхои хукуки конститут-

сионй, мафхум ва нишонахои асосии хизбхои сиёсй чун падидаи хукуки конститутсионй, принсипхои хукукии таъсис ва фаъолияти хизбхои сиёсй, хукуку озодй ва ухдадорихои хизбхои сиёсй дар низоми хукукии кишвар, фаъолияти хизбхои сиёсй дар амалй гардонидани хокимияти давлатй ва хамкории хизбхо бо дигар падидахои чомеаи шахрвандй ба шароити имруза ахаммияти хоссеро касб менамояд.

Махз бо назардошти мубрамияти макоми хукукй-конститутсионии хизбхои сиёсй дар чомеа, имруз зарурат ба миён омадааст, то дар мухити илми хукуки конститутсионии ватанй чанбахои хукукй-конститутсионии он мавриди баррасй карор дода шавад. Бинобар ин, мавзуи тахкикоти диссертатсионии Имомов Д.Ш. саривактй буда, мубрамияти худро дар чомеаи имруза, ки дар он принсипи гуногунандешии сиёсй ва мафкуравй макому манзалати хос дорад, бештар сохиб шудааст.

Тахкикоти диссертант фарогиран-даи фехристи ихтисорот, мукаддима, ду боб, шаш зербоб, хулоса, тавсияхо ва фехристи адабиёти истифодашуда мебошад, ки ба максад, вазифа ва мантики тахкикот асос ёфтаанд.

Унвончу дар баробари он ки масъалахои хукукй-конститутсионии хизбхои сиёсиро мавриди омузиш карор додааст, инчунин ба таърихи пайдоиш ва ташаккули падидаи мазкур хам дар замони Иттиходи Шуравй ва хам дар давраи сохибистиклолии Чумхурии Точикистон таваччухи хосса додааст.

Диссертант дуруст кайд менамояд, ки «оид ба макоми хукукй-конститутсионии хизбхои сиёсй дар байни олимон бахсхои зиёд вучуд дошта, аз тарафи онхо андешахои гуногуни илмй пешниход карда шудаанд» (С. 21-28).

Рисоланавис бар он акида аст, ки «макоми хукукй-конститутсионии хизб-хои сиёсй, пеш аз хама, бо мавкеи ишголкардаи онхо дар низоми сиёсии чомеа муайян карда мешавад. Дар баробари ин, чойи онхоро меъёрхои хукукии дахлдори дар Конститутсияи мамлакат ва конунхои конститутсионии

Труды Академии МВД Республики Таджикистан. № 4 (56). 2022

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 4 (56). 2022

мукарраргардида муайян мекунанд. Дар санадхои конунгузории мазкур мафхуми хизби сиёсй, сохтори он, тартиби таъсис, шарти боздошт ва бархамдихии хизбхои сиёсй, хукук ва ухдадорихо, принсипхои хамкорй бо макомоти давлатй ва гайра ифода гардидаанд» (С. 79-80).

Маврид ба тазаккур аст, ки рисолаи илмй дар заминаи усулхои умумиилмй ва махсуси илмй, ба мисли диалектикй, мантикй, расмй-хукукй, мантикй-забонй, оморй, шаклй-хукукй, мукоисавй-хукукй, таърихй-хукукй ва дигар усулхо омода карда шудааст.

Нуктахои илмй ва пешниходи илмй-амалие, ки дар рисола манзур карда шудаанд, метавонанд дар инкишофи илми хукуки конститутсионй, тачдиди конунгузории хизбхои сиёсй ва бартараф намудани мушкилихои чойдошта дар ин самт, сахмгузор бошанд.

Тахлили автореферати диссертатсия ва маълумоти дар он дарчшуда аз он шаходат медихад, ки Имомов Думоюн Шарофиддинович доир ба мавзуи илмии анчомшуда 20 маколаи илмй, аз чумла, 7 макола дар мачаллахои илмии такризшавандаи Комиссияи олии аттес-татсионии назди Президенти Чумхурии Точикистон ба табъ расонидааст.

Дар баробари чанбахои зиёди мусбат доштани тахкикоти

диссертатсионй баъзе масъалахои бахснок ба мушохида мерасад. Бо назардошти андешахои боло як катор нуктахои илмии мубохисавй пешниход мешаванд, аз чумла:

1. Диссертант дар банди 3 нуктахои назариявии ба химоя пешниходшуда кайд менамояд, ки дар чомеаи демократй ба робитаи байни хизбхои сиёсй ва давлат ахаммияти хосса дода мешавад. Пеш аз хама, фаъолияти хар як хизби сиёсй дар Точикистон бояд бо меъёрхои возехи мушаххаси хукукй-конститутсионй

(мукаррар) ё мустахкам гардад. Ин меъёрхо пеш аз хама иборатанд аз: кобилияти хукукдории хизбхои сиёсй; макоми хукукии онхо ва салохияти онхо.

Дамзамон, фаъолияти онхо бояд кафолатхои хукукй дошта бошад, ки бешубха чавобгарии хукукй ва конститутсионии хизбхои сиёсиро барои риоя накардани конунхои амалкунандаи давлат истисно намекунад.

Ба назари мо, дар дохили ин нуктаи пешниходшаванда усулхои хукукии макоми хизбхои сиёсиро низ чойгир мекарданд, мазмуни он пурратар мегардид (С. 9).

2. Муаллифи диссертатсия дар тах-кикоти диссертатсионии худ кайд мена-моянд, ки хам дар илми сиёсатшиносй ва хам дар илми хукуки конститутсионй таъриф ва мафхуми умумипазируфта-шудаи хизби сиёсй вучуд надорад (С. 13). Аз муаллифи диссертатсия хангоми химоя намудани рисолаи тахкикотй мафхуми хизби сиёсй ва фаркияти он дар илми хукукшиносй ва илми сиёсатшиносй пурсида мешавад.

Бояд зикр кард, ки эродхои мазкур хусусияти мубохисавй дошта, сифат ва сатхи рисолаи анчомдодашударо кохиш намедиханд, балки мавкеи муаллифро хангоми халли масъалахои гуногун дар алохидагй нишон медиханд, ки ин яке аз бартариятхо дар раванди кори илмй махсуб меёбад.

Бо дарназардошти гуфтахои боло, дар мачмуъ, хулоса баровардан мумкин аст, ки диссертатсияи омоданамудаи Имомов Думоюн Шарофиддинович дар мавзуи «Макоми хукукй-

конститутсионии хизбхои сиёсй дар Чумхурии Точикистон» кори илмии анчомёфта махсуб ёфта, ба талаботи Тартиби додани дарачахои илмй, ки бо Карори Дукумати Чумхурии Точикистон аз 30-уми июни соли 2021, тахти № 267 тасдик шудааст, чавобгу буда, муаллифи он сазовори ноил гардидан ба дарачаи илмии номзади илмхои хукукшиносй аз руйи ихтисоси 12.00.02 - Дукуки конститутсионй; мурофиаи судии конститутсионй; макомоти махаллии хокимияти давлатй ва худидоракунй (илмхои хукукшиносй) мебошад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.