Научная статья на тему '«ТӯҲФАТ-УЛ-ХОНӢ»-И МУҲАММАДВАФОИ КАРМИНАГӢ САРЧАШМАИ НОДИРИ ТАЪРИХӢ'

«ТӯҲФАТ-УЛ-ХОНӢ»-И МУҲАММАДВАФОИ КАРМИНАГӢ САРЧАШМАИ НОДИРИ ТАЪРИХӢ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
33
20
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
САРЧАШМАИ ТАЪРИХӢ / ХОНИГАРИИ БУХОРО / ВОқЕАҲОИ ҲАРБӢ-СИЁСӢ / СУЛОЛАИ МАНғИТИЯ / АШТАРХОНИЁН / МУҲАММАДВАФОИ КАРМИНАГӢ / «ТӯҲФАТ-УЛ-ХОНӢ»

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Саидов Бахтиёр Латифович

Мақола ба баррасии ҷойгоҳи сарчашмаи хаттӣ - «Тӯҳфат-ул-хонӣ»-и Муҳаммадвафои Карминагӣ дар омӯзиши таърихи хонигарии Бухоро дар асри XVIII бахшида шудааст. Дар мақола оид ба дастнависи «Тӯҳфат-ул-хонӣ», нашри факсимилии он, аз хатти форсӣ ба сиррилик баргардон намудан ва дар асоси он анҷом дода шудани таҳқиқот маълумот дода мешавад. Муаллифи мақола қайд мекунад, ки дар «Тӯҳфат-ул-хонӣ» вазъи сиёсии давлати Аштархониён, ҳуҷуми Нодиршоҳ ба Мовароуннаҳр, заволи Аштархониён ва ба сари қудрат омадани сулолаи манғития, талошҳои Муҳаммадраҳимхон баҳри мутамарказ кардани давлат, тобеъ намудани вилоятҳои алоҳида ва ҳокимияти Дониёлбий муфассал инъикос шудаанд. Инчунин дар ин сарчашмаи таърихӣ ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таркиби этникии хонигарии Бухоро тасвир ёфтааст. Дар хулосаи муаллиф тазаккур меравад, ки «Тӯҳфат-ул-хонӣ»Муҳаммадвафои Карминагӣ яке аз сарчашмаҳои нодир дар омӯзиши таърихи асри XVIII хонигарии Бухоро ба ҳисоб рафта, маълумоти фаровони сиёсӣ, ҳарбӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва этникиро доро аст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

“TUHFAT-UL-KHONI” OF MUHAMMAD VAFO KARMINAGI IS A RARE HISTORICAL SOURCE

The article reviews the place of the written source “Tuhfat-ul-khoni” of Muhammadvafo Karminagi in the study of the history of Bukhara Khanate referring to the 18th century. The author gives information about the manuscript “Tuhfat-ul-khoni”, its facsimile edition, transliteration of writing from Persian into Tajik Cyrillic and conducted researches on its basis. The author of the article notes that “Tuhfat-ul-khoni” details the political situation of Ashtarkhan state, the attack of Nodirshoh on Movarounnahr, Ashtarkhanids dynasty collapse and Mangyt dynasty’s coming to power, Muhammadrahimkhon's desire to centralize the state, subjugate certain regions and Doniyolbi's reign. The relevant historical source describes social, cultural life and ethnic composition of Bukhara as well. Finally, the author notes that “Tuhfat-ul-khoni” of Muhammadvafo Karminagi is considered to be one of the rare sources in the study of the history of Bukhara Khanate referring to the 18th century and contains unique information about with political, military, social, cultural and ethnic life.

Текст научной работы на тему ««ТӯҲФАТ-УЛ-ХОНӢ»-И МУҲАММАДВАФОИ КАРМИНАГӢ САРЧАШМАИ НОДИРИ ТАЪРИХӢ»

ТКБ 9т

«ТУХ^ФАТ-УЛ-ХОНЙ»-И МУХАММАДВАФОИ КАРМИНАГЙ САРЧАШМАИНОДИРИ ТАЪРИХЙ Саидов Бахтиёр Латифович, докторанти (PhDj-и кафедраи таърихи халци тоцики МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Гафуров» (Тоцикистон, Хуцанд)

«ТУХФАТ-УЛ-ХАНИ» - МУХАММАДА ВАФО КАРМИНАГИ ВАЖНЕЙШИЙ ИСТОРИЧЕСКИЙ ИСТОЧНИК Саидов Бахтиёр Латифович, докторант PhD кафедры история таджикского народа ГОУ «ХГУ имени акад. Б.Гафурова» (Таджикистан, Худжанд)

"TUHFAT-UL-KHONI" BY MUHAMMADVAFO KARMINAGI BEING THE MOST IMPORTANT HISTORICAL SOURCE Saidov Bakhtiyor Latifovich, (PhD) doctoral student of the department of the history of the Tajik people under the SEI «KhSU named after acad. B. Gafurov» (Tajikistan, Khujand), E-mail: saidov-b-1995@mail.ru

Вожаком калидй: сарчашмаи таърихи, хонигарии Бухоро, воцеауои уарби-сиёси, сулолаи Мангития, Аштархониён, МухаммадвафоиКарминагй, «Тухфат-ул-хонй»

Мацола ба баррасии цойгоуи сарчашмаи хатти - «Тухфат-ул-хонй»-и Мухаммадвафои Карминагй дар омузиши таърихи хонигарии Бухоро дар асри XVIII бахшида шудааст. Дар мацола оид ба дастнависи «Тухфат-ул-хонй», нашри факсимилии он, аз хатти форси ба сиррилик баргардон намудан ва дар асоси он анцом дода шудани тауцицот маълумот дода мешавад. Муаллифи мацола цайд мекунад, ки дар «Тухфат-ул-хонй» вазъи сиёсии давлати Аштархониён, ууцуми Нодиршоу ба Мовароуннаур, заволи Аштархониён ва ба сари цудрат омадани сулолаи мангития, талошуои Мууаммадрауимхон баури мутамарказ кардани давлат, тобеъ намудани вилоятуои алоуида ва уокимияти Дониёлбий муфассал инъикос шудаанд. Инчунин дар ин сарчашмаи таърихи уаёти ицтимои, фару ант ва таркиби этникии хонигарии Бухоро тасвир ёфтааст. Дар хулосаи муаллиф тазаккур меравад, ки «Тухфат-ул-хонй»-и Мухаммадвафои Карминагй яке аз сарчашмауои нодир дар омузиши таърихи асри XVIII хонигарии Бухоро ба уисоб рафта, маълумоти фаровони сиёси, уарби, ицтимои, фаруанги ва этникиро доро аст.

Ключевые слова: исторические источники, Бухарское ханство, военно-политические события, династиимангытов, Аштарханиды, Мухаммад Вафо Карминаги, «Тухфат-ул-хани»

Статья посвящена рассмотрению места письменного источника -«Тухфат-ул-хани» Мухаммада Вафо Карминаги в изучении истории Бухарского ханства XVIII века. Приводятся сведения о рукописи «Тухфат-ул-хани», ее факсимильном издании, транслитерации письменности с персидского на таджикскую кириллицу и проведенных на ее основе исследованиях. Автор статьи отмечает, что в «Тухфат-ул-хани» подробно описывается политическое положение Аштарханского государства, нападение Надир-шаха на Мавераннахр, распад династии аштарханидов и приход к власти династии мангитов, стремление Мухаммада Рахим-хана к централизации государства, подчинению отдельных областей а также правление Даниялбия. Кроме того, в этом историческом источнике описывается социальная, культурная жизнь и этнический состав Бухары. В заключение автор отмечает, что «Тухфат-ул-хани» Мухаммада Вафо Карминаги считается одним из редких источников в изучении истории Бухарского ханства XVIII века и содержит уникальные сведения о политической, военной, социальной, культурной и этнической аспектах жизни.

Key words: historical sources, Bukhara Khanate, military-political events, Mangyt dynasty, Ashtarkhanids, Muhammadvafo Karminagi, "Tuhfat-ul-khoni"

The article dwells on the issue beset with the consideration of the place of the written source entitled as "Tuhfat-ul-khoni" by Muhammadvafo Karminagi in the study of the history of Bukhara Khanate referring to the 18th century. The author adduces information concerned with the manuscript "Tuhfat-ul-khoni", its facsimile edition, transliteration of writing from Persian into Tajik Cyrillic and conducted researches on its basis. The author of the article underscores that "Tuhfat-ul-khoni" depicts the political situation of Ashtarkhan state, the attack of Nodirshoh on Movarounnahr, in detail, Ashtarkhanids dynasty collapse and coming to power Mangyt dynasty, Muhammadrahimkhon's desire to centralize the state, subjugate certain regions and Doniyolbi's reign. The relevant historical source describes social, cultural life and ethnic composition of Bukhara as well. In a nutshell, the

author notes that "Tuhfat-ul-khoni" by Muhammadvafo Karminagiis considered to be one of the rare sources in the study of the history of Bukhara Khanate referring to the 18th century and contains unique information concerned with political, military, social, cultural and ethnic life.

Сарчашмахои таърихй, ки дар хазинахои илмй ва осорхонахои кишвархои чахон нигахдорй мешаванд, вокеан барои дарки таърих ва фархангу тамаддуни минтакахо, кишвархо ва чахон хидмати беандозаро ба чой оварда метавонанд.

Дар асри XVIII дар каламрави Осиёи Миёна хонадоне ба сари кудрат омад, ки дар сахифахои таърих ин сулола бо номи «Мангития» - «мангитхо» маъруфият касб кард. Асосгузор ва нахустин х,окими ин хонадон - Мухаммадрахимхон буд, ки доир ба корномаи у нахустин асари таърихии он замон «Тухфат-ул-хонй»-и Мухдммадвафои Карминагй мах,суб меёбад.

Сарчашмаи таърихии «Тухфат-ул-хонй», ки онро гохо «Таърихи Рахимхонй» низ мегуянд, яке аз асархои аввалин ва кадимаи таърихй доир ба хукмронии сулолаи мангитиён аст. А.А. Семенов, Н.Д. Миклухо-Маклай, А.М. Мирзоев, А.Н. Болдирев бар он акидаанд, ки онро ду муаллиф навиштааст [1, с.110]. ^исмати асосй ва калонтарини асар, ки вокеахои солхои 1134х,.;./1722м. то соли 1182 х,.;./1768-1769м.-ро фарогир аст, ба калами ^озй Мухдммадвафои Карминагй мансуб аст. Муаллифи кисмати дигар, ки ходисоти то соли 1196/1782-ро дарбар мегирад, танхо дар нусхаи Душанбе мавчуд аст, домулло Олимбек валади Ниёзкулибеки Эшон мебошад [5, с.343].

Дар замимаи нусхахо, ки соли 1182/1768-69 ба анчом расидааст, гуфта мешавад, ки муаллифи онхо Мухаммадвафои Карминагй соли 1183/1769-70 вафот кардааст ва дар нусхаи Тошканд бошад, хабар дода мешавад, ки у 87 сола шуда буд [1, с.110]. Аз ин зиёд дар бораи ин шахсият маълумот нест яъне, дар бораи Мухаммадвафои Карминагй, ки муаллифи «Таърихи Рахимхонй» аст, маълумот аз ин зиёд дар даст надорем. Дар китоби «Убайдуллонома», ки яке аз асарх,ои мухдми таърихии замони Аштархониён мах,суб меёбад, номи як нафар Мулло Вафо зикр гаштааст, ки он дар ибтидои соли 1119/1706 китобдори дарбори Аштархонихо ё ин ки китобдори дарбори Убайдуллохон буд [3, с.94; 1, с.110] ва мумкин аст, ки дар ин вазифа дигар шахс хам фаъолият бурда бошад. Аммо ин маънои онро надорад, ки махз Мулло Вафое, ки дар «Убайдуллонома» зикр шудааст, муаллифи «Тухфаи хонй» бошад.

Мухаммадвафои Карминагй бо ахли дарбор робитаи хуб дошт ва котиби хуб хам буд, ки хама вокеахои таърихиро ба кайд мегирифт. ^озй Мухаммадвафои Карминагй дар асари худ ишора дорад, ки соли 1158/1745 Мухаммадрахимхон ба у супориш додааст, ки навиштани таърихро огоз кунад. Баъд аз вафоти Мухаммадрахимхон Мухаммаддониёлбий ба ^озй Вафо амр кардааст, ки рочеъ ба дах соли аввали хукмронии у низ дар китобаш маълумот дихад [5, с.21].

^озй Мухаммадвафои Карминагй бисёр вакт дар асараш иктибосхоро аз мактубхои дафтари муросилот истифода мебарад, аммо ин маънои онро надорад, ки мактубхоро у айнан накл мекунад ё айнан аз он чо иктибос меорад. Дар таърихнигории исломй чунин хам ба назар мерасад, ки гохо муаллифон мактубхоро мехонанд ва онро ба чои айнан накл кардан мазмунан меоранд ва дар асархои онхо як матни айнан наклшудаи мактубхо вучуд надорад. Дар «Тухфат-ул-хонй» дар бораи козии кадом нохия ё кадом минтака будани Мухаммадвафои Карминагй зикр нашудааст. Дар баробари ин дар китоби худ Мухаммадвафои Карминагй рочеъ ба хаёти худаш маълумоти кофй надодааст. Танхо чунин маълумот маълум аст, ки у муаллифи мисрахои руи санги мазори Мухаммадрахимхон мансуб меёбад.

«Тухфат-ул-хонй» дар байни осори таърихие, ки ба хонигарии мангитиён бахшида шудааст, ба монанди «Точ-ут-таворих»-и Мухаммад Шариф, «Таърихи манзум»-и Мирзо Содикки Муншй, «Ахволоти мамоликхо ва подшохон, ки аз санаи 1160 дар мамлакати Хуросон ва баъзеи Х,индустон аз Афгон ва гайруху ва мамолики Туронзамин подшох будаанд ва ал-вокей хастанд»-и Мир Абдулкарим, «Махозин ат-такво»-и Мирй, «Таърихи Х,умулй»-и Х,умулй ва гайрахо аз машхуртарин ва маргубтарин асар махсуб меёбад. Далели ин иддао нусхахои зиёд ва пахншудаи ин асар мебошад. То имруз ба матншиносон, бино бар иттилои бархе аз мухаккикон, 21 нусхаи ин асар ошно аст, вале мутаассифона, аксари онхо ё комил нестанд ё зарар дидаанд. Аз ин нусхахо 6 нусха дар шуъбаи Санкт-Петербургии Пажухишгохи ховаршиносии ФР, 2 нусха дар Китобхонаи миллии ФР дар Санкт-Петербург, 10 нусха дар ганчинаи дастхатхои Пажухишгохи ховаршиносии ба номи Берунии АУ Ч,У дар Тошканд, 2 нусха дар ганчинаи Мероси хаттии АУ Ч,Т дар Душанбе ва 1 нусха дар ганчинаи дастхатхои шаркии Донишгохи давлатии ^азон махфуз мебошанд. Гайр аз ин бисёр вариантхо, нусхахои ин китоб мавчуд аст, ки то соли 1906 нусхабардорй шудааст [1, с.112].

Аксар нусхахои дастхат соли 1182/1768-69 навишта шyдаанд. Аммо мyайян кардани санаи дакики таълифи нусхахо гайриимкон аст. Зеро дар аксари нусхахое, ки мавчуданд, варакаи охирин аз байн рафтааст ва ë гум шyдааст.

Олим-сарчашмашиноси муосири олмонй Анке фон Kюгелген дар асоси нусхаи хаттии ^азон, яъне нусхаи хаттии Донишгохи федералии ^азон, ки тахти раками Ф-301 номнавис шудааст, мавриди истифода карор додааст [1, с.112]. Инчунин у барои мукоисаву киëс якчанд нусхаи дигарро хам кор фармудааст, ки инхо нусхахои Санкт-Петербург мебошанд.

Нусхаи ;азонии «Тухфат-ул-хонй» аз 73 фасл ë 73 сарлавха иборат аст ва хар як сарлавха бо номи зикр ë баëн огоз мешаванд. Дар ин нусха баъд аз хамди Худо ва дуруди расул дар якчанд сатр ^озй Мухаммадвафои Kарминагй изтироби худашро аз бетартибихои олам дар минтакаи Мовароуннахр ва таасуроташро аз ин ходисаи вахшатнок баëн мекунад. Маълум мегардад, ки у асари худро аз накли нахустин солхои ба сари хокимият омадани Мухаммадрахимхон ва ба катл расонидани Абулфайзхон огоз мекунад.

Максади асосии ин китоб бинобар гуфти худи у ба кайд гирифтани рафторхо, яъне макомоти Мухаммадрахимхон барои нигох доштани таърих аст. Дар ду кисми аввали сеяки китоб ^озй Мухаммадвафо доир ба якчанд мавзуи мухим харф мезанад, ки аз инхо иборатанд: тавсифи ачдоди Мухаммадрахимхон, ки дар Мовароуннахр зиндагй кардаанд, забткории Мовароуннахр аз чониби Нодиршох, баркарор намудани тартибот дар Туронзамин бо фармони Нодиршох. Яке аз бобхои ин китоб дар бораи ба танзим даровардан ва назорати музофот ва мамолик накл мекунад. Мафхуми ба «тартиб даровардан»-ро ^озй Мухаммадвафо пеш аз хама хамчун пахш намудани шуришхо, ки дар якчанд музофот рух додааст, мефахмад. Дар ин таърихнома хар як исëн ë шуриш ва ë хар як мухориба тахти унвони алохида зикр мешавад. Шуришхое, ки бо як зарба задан ë як лашкаркашй онро ба поëн расонида натавонистанд, дар кисмати дигари асар аз тарафи муаллиф зикр мешавад. Kyшишхои Мухаммадрахимхон барои пахш кардани ин ë он шуриш баëн гаштаанд.

Мухаммадвафои Kарминагй дар кисмати охири фасли аввали китоб ба тахти хонй нишастани Мухаммадрахимхонро тасвир мекунад, доир ба унвонхо накл мекунад, аз андозхо ва ë мучозот озод намудани ашхос маълумот медихад, инчунин лахзахои вафоти Мухаммадрахимхонро тасвир мекунад. Дар кисмати дуюми китоб муаллиф аввал доир ба кирдор ва рафторхои Мухаммаддондалбий дар замони Абулфайзхон ва Мухаммадрахимхон сухан меронад. Дар ин кисмат инчунин нуктаи назари Мухаммаддондалбий доир ба накши мангитхо дар бастани сулх бо Нодиршох баëн гаштааст. Дар кисматхои дигари ин фасли асар Мухаммадвафои Kарминагй доир ба юришхои Myхаммаддониëлбий ва тадбирхои у барои пахш кардани исëнхо дар кишвар накл мекунад. ^тоб бо тасвир намудани мухориба дар назди Шахрисабз ва бо галабаи комил ба Бухоро баргаштани Мухаммаддондалбий ба поëн мерасад [1, с.113].

Мухаммадвафои Kарминаги доир ба вокеахои сиëси, аз чумла доир ба шуришу ихтилофхо байни кавму кабилахои шуришгар маълумот медихад. Аммо дар асар даврабандй ва зикри солхо нодуруст баëн гаштаанд. У доир ба хаëт ва шароити кавму кабилахо маълумот дода, андешаашро нисбат ба муносибати онхо ба хокимияти давлатй баëн мекунад.

Мухаммадвафои Kарминагй дар китоб ба таври муфассал туйи хонадоршавии Мухаммадрахимхон ва хатнасури писарони Myхаммаддониëлбийро тасвир кардааст. Ба маросими тую сур хусусияти сдасй дода шудааст. Мухаммадрахимхон бо духтари Абулфайзхон издивоч мекунад, ки ин холат барои ба тахти хонй (ба таври конунй) баромадани у замина мyхайë карда буд. Тасвири маросими хатнасури писари Дондалбий бошад, кудрату шахомати хонро инъикос намудааст.

Дар кисмати дуюм истифодабарии сурахо ва оятхои ^уръонй хеле кам ба назар мерасанд. Забон ва услуби баëни матлаб дар китоби Мухаммадвафои Kарминагй барои хонанда мушкилихо эчод мекунад. Х,атто нафароне, ки баъд аз таълифи ин асар зиндагй кардаанд, доир ба ин матолиб андешаи худро баëн кардаанд. Чунончй, Ч,ахонгирбекбий Додхох- хокими музофоти Яккабог, соли 1906 аз нафахмидани иборахои зиëд ва хам муглаки асари Мухаммадвафои Kарминагй ба Мирзо Абдулкодири Kешй супориш дода буд, ки нусхаи мачмуй ва осонтари ин таърихномаро бинависад [1, с. 114].

Яке аз хусусиятхои фарккунандаи асари Мухаммадвафои Kарминагй аз дигар асархои таърихии ин давра дар он аст, ки у аз сарчашмахо ëдовар намешавад ва хатто номи як нафар мухаккикро зикр намекунад, ки дурустии суханонашро тасдик намояд ва аз асаре иктибоси махсус намеорад. Гузашта аз ин, у хатто ибораи дар он замон машхури «шохиди он ходиса гаштам»-ро истифода намекунад.

Ба муглак будани матну аз илтифоту суханпардозихо зиёд будани услуби баёни Мухаммадвафои Карминагй дар «Тухфат-ул-хонй» нигох накарда, хонанда метавонад матолиби зиёдеро доир ба фаъолияти хокимони баландпояи сиёсй ва хамрикобони хон дар он давра бифахмад. Маълумоти Мухаммадвафо доир ба чангхо ва юришхои горатгаронаи байнихудии кабилахои узбек чолиби диккатанд. Муаллифи асар менигорад, ки юришхои хокимони мангит ба ^аршй, Шахрисабз, Ургут, Х,исор, Ч,иззах ва дигар минтакаву шахрхо барои пахш кардани шуришхои кабилахо, ва ба даст овардани нуфуз амалй гардида буданд. Х,ама ин чангхои дохилй ба хароб гаштани хочагии халк ва бад гаштани ахволи мардум оварда расонд. Гайр аз ин асар дар бораи махалхои пахншавии кабилахои узбек, дар бораи сохти артиш, аниктараш дар бораи сохти кушунхои кавмй, идораи давлатй ва муносибатхои сиёсии байни хонигарии Бухоро бо давлатхои хамсоя Афгонистон, Эрон, хокимияти Тошканд, хонигарии ^уканд ва ^ошгар далелхои зиёдеро ба даст овардан мумкин аст [4, с.164].

Дар «Тухфат-ул-хонй» аз чумла, дар бораи бесуботиву берахмии сиёсй дар мамлакат, ки дар Мовароуннахр, аз чумла дар Бухоро ба вучуд омадани духокимиятй маълумот дода мешавад. Ин духокимиятй байни Абулфайзхон дар Бухоро ва Рачабхон дар Самарканд ба вучуд омада буд. Рачабхонро намояндагони кабилахои кенагос, сарой, катаган ва кисман хитойкипчокхо дастгирй мекарданд. Аз ин холати ба амаломада кабилахои турку мугулии Дашти кипчок истифода бурданд, ки минбаъд ин кабилахо дар дастхатхои асрхои XVI - XIX казокхо номида шудаанд [2,с.115].Онхо бо сардории хонхо ва султонхои худашон муддати хафт сол аз соли 1135/1722-1723—1141/1728-1729 мунтазам ба нохияхои алохидаи водии Зарафшон ворид шудаанд ва шахри Миёнколро то наздикии туманхои Бухоро забт намуданд, киштзорхоро хароб карданд ва хамрохи худ бисёр асирону чорворо гирифта бурданд, ки дар натичаи ин ходисахо кишвари ободон ва гул-гулшукуфон ба харобазор ва бешаю биёбон табдил ёфт [5, с.34]. Мухаммадвафои Карминагй хама ин ходисахоро ба таври мухтасар ва ё гохо муфассал баён мекунад. Аз наклхои у маълум мешавад, ки хукумати Абулфайзхон нисбат ба ин гуна бетартибихо заиф ва бекувват буд. Ин хукумат аз хисоби истисмори мардум руз мегузаронд, аммо дар холати вазнинй хукумати Абулфайзхон аз пайи осоиш ва накуии халк нагардид.

Мулло Мухаммадвафои Карминагй доир ба аслиха ва лавозимоти харбии ин давра маълумоти аник медихад, ки ин яроку аслихахоро Нодиршохи эронй ба Мухаммадрахимхон бахри муборизааш барои ба даст овардани хокимияти марказии Бухоро хадя карда буд. Дар китоби Мухаммадвафо тафсилоти баргаштани Мухаммадрахимхон аз Эрон ба Бухоро бо хамрохии яке аз саркардахои эронй Шохкулихон (соли 1158/1745), аз чониби Нодиршох ба суи Бухоро бо хамрохи Мухаммадрахимхон фиристода шудани якчанд нафар сарбоз силохи чангй (соли 1159/1746) ва ё ба ихтиёри Мухаммадрахимхон гузаштани кисмати зиёди артиши Эрон, ки аз хисоби кизилбошхо, лазгихо, туркхои усмонй, афгонхо ва дигарон созмон дода шуда, ташкили тубхона бо 30 адад тупро баён намудааст [5, с. 81-82].

Чи тавре ки дар «Тухфат-ул-хонй» кайд шудааст, намояндагони ашрофи Эрон - Бехбудхон ва Х,асанхон минбаъд такдири Абулфайзхон ва сулолаи Аштархониёнро халлу фасл намуданд. Бехбудхон бо иштироки Рахимбийи атолик 9 июли соли 1747 дар Бухоро анчумани хос доир намуда, Абулфайзхонро аз тахт сарнагун намуда, уро дар боги ^аландархонаи Арк хабс менамояд ва ба чои у писари хурдсолаш Абдулмуъмини 12-соларо хон эълон менамояд, ки у амалан хеч гуна кудратро дар ихтиёр надошт. Дар ин солхо хукумат аслан дар дасти намояндаи мангитхо Мухаммадрахимхон карор дошт. Мухаммадрахимхон минбаъд санаи 23-юми рабеъулаввали 1170 ё худ 16 декабри соли 1756 ба тахт нишаст ва асосгузори сулолаи нави мангитхо гардид [5, с.241].

Аз маълумоти муаллифи «Тухфат-ул-хонй» бармеояд, ки дар давоми шаст сол, ки таърихи хонигарии Бухоро дар он инъикос ёфтааст, дар худуди Мовароуннахр чудоихохии феодалони махаллй чунон авч гирифта буд, ки Мухаммадрахимхон ва минбаъд Мухаммаддониёлбий натавонистанд, ки ин мухолифатхои кавмиро аз байн баранд. Соле набуд, ки дар ин ё он минтака шуриш ва ё исёни ин ё он намояндагони кабилахои дар худуди Мовароуннахр сукунат дошта, ба вучуд наояд. Мухаммадрахимхон ва Дониёлбий ба дастгирии доирахои муайяни феодалон ва рухониёни динй такя намуда, чангхои пай дар паи беамонро барои мутеъ кардан ва ба хокимияти марказй муттахид намудани кавму кабилахои гуногун мекушиданд. Танхо ба мукобили кабилаи кенагоси Шахрисабз (аз огози асри XVI онхо кисмати зиёди ахолии кучманчиро ташкил медоданд ва ин то асри XVIII идома кард) зиёда аз ду сол мубориза идома ёфт [2, с. 116; 5, с.169]. Дар он ба самти Шахрисабз чахор маротиба юриш анчом дода шуд. Ин чангхо хеле хам хунхорона ва золимона барпо шуда буданд. Лашкари Бухоро бо он нафароне, ки бар зидди хокимияти марказй киём менамуд, берахмона муносибат мекард. Хдзорхо нафар

шaxcoни бегу^я^ as дaми тег меIyзapoнидaнд. Вaкте ки apтиши мyxoлифpo бa xyд тoбеъ мекapдaнд, o^o бa кушуни дaвлaтй xa^pox кapдa мешyдaнд вa ин бa тaвpи мaчбypй cypax меIиpифт. Macaлaн, Myхaммaдpaхимxoн дap тати^и юpиши нaвбaxияш бa Шaхpиcaбз, ки тoбиcтoни coли 1750 бapIyзop гapдид, бaъд aa бa дacx oвapдaни кaлъaи Гoвмеш, ки як мил (1 мил=1,6 км.-C.Б.) a8 Шaхpиcaбз дap дypй кapop дoшx [2, c.116], xaмoми ax^ï бa беpyни шaхp бapoвapд вa дap беpyни шaхp хaмaи o^o бa адтл pacoнд, кишxзopхo вa бoгoxpo бa xapoбaзop xaбдил дoд. Дap тати^и ин юpиш 4oxxopo iyp кapдaнд, ^xp^opo xapoб нaмyдaнд, дехдхр вa шaхpхopo бa мoнaнди Шaхpиcaбз, ^н^кет, Шулук, CaнIфypyш вa Xaxиpчи бa зaмин якcoн нaмyдaнд. Биcëp ^бита вa aвлoди етти ypyги Mиëнкoл, бypкyxх,oи гохдяи Hyp, дypмoнх,oи ^yбoдиëн, ra^iocx^ дехди CaнIфypyшy Шaхpиcaбз, ypгyтхo, гaлчaхoи X,иcopи Шoдмoн вa дигap минxaкaхo aз ^йи дoимии иcтикoмaтиaшoн бa диIap ^йх^ кyчoнидa шyдaнд [2, c.116]. Яъне, o^o бa xyмaнхoи axpoфи Бyxopo мaчбypaн oвapдa шyдaнд. Ин вa диIap дaлелхoи гopaxIapй ниcбax бa мapдyми ocoиштa, бa хoлaxи xapoбy вaлaнIop мyбaддaл Iaшxaни шaхpхoи Ocиëи Mиëнa, aз чyмлa Caмapкaнд oвapдa pacoнд.

Myхaммaдвaфoи KapминaIй дap киxoби xyд «Tyхфax-yл-xoнй» инчунин дap бopaи мyнocибaxх,oи бaйних,aмдигapии aввaлин х,oкимoни Бyxopo (яъне нaмoяндaгoни cyлoлaи мaнгиxхo) вa poбиxaи o^o 6O дaвлaxхoи хдмшя мaълyмox дoдaacт. Дap pиcoлa xaъкид Iaшxaacx, ки дap ^^хри бaйних,aмдиIapии xoниIapии Бyxopo инчунин х,oкимoни шaхpи Ху^нду ^ш^ед, xoниIapии ^уаднд, ^oшгap вa aфгoнхo хдм ^лб шyдa бyдaнд. Aз чyмлa, xoни ^уаднд Эpдoнaбий 6o Myхaммaдpaхимxoн coли 1167/1754—1168/1755 сулх бacxa буд вa y фaъoлoнa бa юpишхoи Myхaммaдpaхимxoн бap зидди Фoзилбий дap Уpoxеппa иштиpoк мекyнaд [5, c.218-227].

Дoиp бa po6rnax^ Myх,aммaдpaх,имxoн 6O xoчaIOни ^ш^ед вa х,oкимoни ^oшгap мaълyмox дoдa xaъкид меIapдaд, ки мaкcaди o^o як^я бap зидди адлмикхр мyбopизa бypдaн вa киcмaxхoи шaхpнишини мaмлaкaтpo хифз кapдaн бyдaacx [2, c. 117].

Дap «Tyхфax-yл-xoнй» дoиp бa ишxиpoки aфгoнхo дap х^ти cиëcии Ocиëи Mиëнaи шлхри 20-50-уми acpи XVIII мaълyмox дoдa шyдaacx. Aз pyи шaх,oдaxи ин xaъpиxниIop aфгoнх,o дap apxиши Myхaммaдpaхимxoн acocaн бa хдйш кaмoнaндoз вa xyфaнIaндoз aмaл мекapдaнд, ки микдopи o^o ^prô бa ду x^op нaфap меpacид. Capбoзoни aфгoн дap хaйaxи apтиши Эpoн низ кapop дoшxaнд, ки o^opo Иoдиpшoх,и Aфшop фиpиcxoдa буд. Инчунин, дap ин киxoб oид бa зaдyxypди бaйни apxиши кизилбoшх,oи Эpoн вa apxиши Бyxopo, ки дap caнaи 29 июли шли 1747 бa вукуъ пaйвacxa буд, мaълyмoт дoдa шyдaacx [2, c. 117].

кapдaн зapyp acx, ки феoдaлхoи aлoх,идaи узбек бap зидди Myхaммaдpaхимxoн 6o aмиpи aфгoн иттифoк бacxaaнд. Чyнoнчй, Myхaммaд Aминбий capдopи ^битах^ юзи шaхpи X,TOop кушиш бa xap^ ДOд, ки 6o aмиpи Aфгoниcxoн Aхмaдшoх бap зидди Myх,aммaдpaх,имxoн иxxифoк бaндaд вa бa Aфгoниcxoн caфopaxи мaxcycpo 6O poхбapии Чyлиxoн вa Myхaммaддycx фиpиcxaд [5, c.213]. Aммo ин фиpиcxoдaIOн нaтaвoниcтaнд aз ичpoи вaзифaи бa дyшaшoн Iyзoшxaшyдa бa пyppaIй бapoянд.

Дap acapи Myхaммaдвaфoи KapминaIй дoиp бa мaнcaбхo вa мapocими дapбopй мaълyмoти мyфaccaл ^й дoдa шyдaaнд. Aз чyмлa, мapocими xaxxнишинии xo^o бaëн Iaшxaaнд. Mapocими xoчIyзopй хднуз дap дaвpaи xypкy мугулхр бa вучуд oмaдa буд вa ^apaxoниëнy Чингиздан ин aнъaнapo бa 4O меoвapдaнд [2, c.117]. Maълyмox дoиp бa ин pycyми дapбopй дap якчaнд capчaшмa ^й дopaд. Macaлaн, мyфaccaлтap хoлaxи pycyми дapбopй дap acapи <Œax,p^-acpop»^ Myх,aммaд ибни Вaлй вa хдм дap «Tyх,фax-yл-xoнй» тacвиp Iaшxaacx.Чyнoнчй, Myх,aммaдвaфoи KapминaIй xaъкид нaмyдaacт,ки мapocими бa xaxx нишacxaни Myхaммaдpaхимxoн, ки caнaи 23-юми paбеъyлaввaли шли 1170 ë ин ки 16 декaбpи coли 1756 бa aмaл oмaдa буд [5, c.241]. Tapтиби бapIyзopшaвии xypaбapдopй ë ин ки бa xaxx нишoнидaн чунин буд: Фappoшoн яъне, xизмaxIopoн дap тoлopе, ки oн ^o xoчIyзopй бoяд бa aмaл меoмaд, caф мекaшидaнд, дap Iиpдy axpoф ^линхр вa пaлocх,o Iycxypдa мешуд, инчунин тaxтpo хдм oмoдa мекapдaнд. Myнaччимoн вaкти мyaйян вa coaxи acъaд ^yroc^^po чycxyчy мекapдaнд вa бaъд aз pacидaни ин coaxи xaъинIapдидa мaнcaбдopoн вa ax^ дapбop, pyx^^^ нaмoяндaгoни чop aвлoд- Maxдyми Aъзaмии ^шнй, Caйид Axoй, Xo^a Myх,aммaд Иогоми 4,yM6opï вa Xo^a Aхpopиëн бa ин ^o хoзиp мешyдaнд. Бaъд дap вaкxе, ки oнpo мyнaччимoн xaъин менaмyдaнд, xoчaIOн вa мaхpaмoни дapбop вa кypчй Myх,aммaдpaх,имxoнpo 6O чaшмoни бacxa бa xoлop вopид нaмyдa, ypo 6a бoлoи нaмaди caфед мешинoнaнд [5, c.243]. ^rnc, нaмaди мaзкyppo aз чop гyшaaш нaмoяндaIOни чop кaбилaи мaшхyp- мaнгиxх,o, yxopчих,o, бaхpин вa capoй мебapдoштaнд. Aз xap xapaфи ин нaмaди caфед нaмoяндaIOни чop iypyx^ pyхoниëни дин -^x^xo^a, Aминxoчa, Aюбxoчa,Шaх,oбиддинxoчa вa якчaнд шaxcи диIap дoдxoх,oн, xyкcaбoхo,

садрхо, раисону сардорони лашкар мебардоштанд. Баъди ин хони нав ба тахт нишастаро табрик мегуфтанд ва маросими зиёфат ва тухфасупорй огоз мешуд. Дар баробари ин барои хар нафаре, ки дар ин маросим иштирок мекард, хон хилъатхои фохир эхдо менамуд. Амирон, мансабдорон ва намояндагони рухонияти мусулмонон таъзим менамуданд ва хони навинтихобшударо табрик мегуфтанд. Баъди анчоми ин маросим, танхо рузи чумъа санаи 26-уми рабеъулаввали 1170 ё ин ки 19 декабри соли 1756 номи Мухаммадрахимхонро дар хутбаи намози чумъа эълон карданд [5, с.245]. Дар дехахои калон бо номи Мухаммадрахимхон тангахо сикка зада шуд.

Тибки маълумоти «Тухфат-ул-хонй»аз руи анъанаи бавучудомада ба мансабхои давлатй намояндагони сию ду кабилаи узбек таъин мешуданд ва барои таъин кардан ба ин ё он мансаб хизматхои онхо ва сахми кушуни онхо дар рохи мустахкам намудани хокимияти марказй ба назар гирифта мешуд. Дар «Тухфат-ул-хонй» зикр шудааст, ки ба мансабхои давлатй намояндагони кабилахои мангитхо, хитойкипчокхо, бахрин, сарой, кенагос, чалоирихо, уторчй ва гайрахо таъин мешуданд.

Хдмзамон дар давраи хонигарии Мухаммадрахимхон мансабхои динии шайхулислом, накиб, козй, садр, хатиб хам мавчуд буданд, ки ба ин мансабхо танхо намояндагони рухониён таъин мешуданд [5, с.249].

Дар «Тухфат-ул-хонй» инчунин дар бораи сохти харбии хонигарии Бухоро дар давраи мангитихо маълумот дода шудааст. Артиши хонигарй шаклан ба артиши Амир Темур, Темуриён ва Шайбониён монанд аст. Аммо дар ин давра таркиби он хеле тагйир пазируфт. Дар баробари ин дар юришхои харбй кисмхои доимоамалкунандаи тирандоз, мардони туфангандоз, инчунин дорандагони яроки оташфишон (бо туфанг ва милтик амал мекарданд), аз хисоби намояндагони афгонхо иштирок мекарданд. Инчунин дар сафи артиш асирони рус низ ба хизмат чалб карда мешуданд. Дар артиши замони Мухаммадрахимхон миракон яъне, туфангандозон, инчунин румиёни кангандоз ва афгонони туфангандоз хизмат мекарданд [2, с. 119]. Дар давраи Мухаммадрахимхон тупхона низ рушд мекунад. Дар баробари манчаник ва тири аррода нафтандоз ва туп истифода мешуд, ки онхоро бо уштурхо ва аробахо ба майдони чанг мебурданд. Замбуракхо хам дар ин давра мавриди истифода карор доштанд [2, с. 119].

Дар «Тухфат-ул-хонй» хамчунин маълумоти этнографй ба таври васеъ истифода шудаанд. Дар мукоиса бо дигар асархои таърихй доир ба якчанд кабилахо ва микдори онхо маълумот пешниход мегарданд. Масалан, дар бораи узбекхо, казокхо, бошкирдхо, карокалпокхо ва дигар мардуми туркзабон дар ин китоб маълумот чой дорад. Дар давраи ба сари кудрат омадани мангитхо кабилахои бахрин, етти уруг ва чалоирхо дар Миёнкол зиндагй мекарданд, кенагосхо дар Шахрисабз ва минтакахои он, мангитхо асосан дар ^аршй, саройхо дар Хузор, буркутхо дар Нур, дурмонхо дар ^убодиён, юзхо ва утарчихо бошад дар Х,исору Уротеппа ва Ургут, киркхо дар Ч,иззах, кунгуротхо дар Бойсун ва Киштут зиндагй мекарданд [2, с. 119].

Муаллифи ин асар маълумоти шавковарро доир ба авлоди ёбу маълумот медихад, ки онхо дар байни дехахои Туркистон ва Шахрак ва Миёнкол дар тумани Самчан ба кучманчигй машгул буданд. Дар бораи авлоди шодй ва мурка низ, ки ба кабилахои юз дохил мешаванд ва дар Ургуту Х,исор зиндагй мекарданд маълумот оварда шудааст. Х,ама ин маълумот дар дигар сарчашмахо комилан оварда нашудааст ва мо гуфта метавонем, ки ин сарчашма барои омухтани таркиби этникии мардуми туркзабон ва эронизабони Осиёи Миёна ахамияти калон дорад.

Ба таври умум, таъкид бояд кард, ки дар китобхонахои машхури олам 28 нусхаи каламии «Тухфат-ул-хонй» мавчуд аст, аммо комилтарин ва кадимтарин нусхаи хаттй, нусхаи архетип дар шахри Душанбе махфуз аст. Нусхахои хаттии «Тухфат-ул-хонй» дар Душанбе, дар Тошканд, дар ^азон, дар Санкт-Петербург, дар Англия, дар Мадина мавчуданд, лекин хеле кам омухта шудааст. Хушбахтона, дар замони мо бо кушиши доктори илмхои таърих, профессор Ч,уразода Ч,амшед Хдбибулло ба ин асар ручуъ карда шуд ва асари таърихии «Тухфат-ул-хонй»-и Мухаммадвафои Карминагй ва матни факсималии он бо матни интикодиаш, ки дар асоси се нусхаи Точикистон тахия гардидааст, соли 2018 ба чоп расид [5].

Бори нахуст дар Точикистон бо мукоисаи се нусхаи ватанй матни илмй-интикодии «Тухфат-ул-хонй» чоп гардид. Нусхаи асосй дар хазинаи дастхатхои Академияи миллии илмхои Ч,умхурии Точикистон мавчуд аст. Баъдан, нусхаи дуюм низ аз хамин хазина мавриди истифода карор гирифтааст. Барои ислохи матн ва галатхояш нусхаи сеюм - дастхати Маркази илмй-фархангии Шарифчон Х,усейнзодаи Донишгохи миллии Точикистон мавриди истифода карор гирифтааст.

OMogaKyHaHgaroHH nonu acap 3uega a3 2500 KaMMapo mapx gogaaHg. Hycxa6aga.i u^po mygaacT, MaTHH «Tyx,$aT-y.i-xoHH» 6o MyKOucau h^mh-hhthkoah opoum e^Taacr.

KaHg KapgaH 3apyp acT, kh co.ra 2015 gap noHTaxTH HpnoH ma^pu Tokho acapu Tatpuxuu «Tyx,$aT-yji-xoHH»-H Myx,aMMagBa$ou KapMHHarH 6o xypy^OTH apa6uacocu $opcn 6a Hamp pacugaacT. naxyxum, Tacx,ex, Ba TaB3ex,OTH acap 6a goKTop MaHcyp Cu^aTry^ Ba goKTop Hy6yaKH KyHgy Taa.ray; gopag [6].

^aMHH TaBp «Tyx,$aT-y.i-xoHH»-H Myx,aMMagBa$ou KapMHHarH HKe a3 capnamMaxpu Hogup gap OMy3umu Tatpuxu acpu XVIII xoHurapuu Eyxopo 6a x,hco6 pa^Ta, MaMyMOTH $ap0B0HH cuecn, x,ap60, h^thmoh, $apx,aHr0 Ba этннкн gopag.

nAHHABHOT:

1. AHKe $oh KroremreH. Пeгнтнмaцнн cpegHea3uaTCKoH guHacTHH MaHruTOB b npoH3BegeHuax ux hctophkob (XVIII - XIX bb.) . -A^MaTbi: «,0,aHK - npecc», 2004.- 516c.

2. AxMegoB, E.A. HcTopuKO-reorpa^HHecKaa mTepaTypa CpegHeH A3hh XVI-XVIIIbb. (nuctMeHHwe naMHTHHKu). - TamKeHT: OaH, 1985.- 263c.

3. Eyxapu Mup MyxaMMag Amhh, Y6aHgy.maHOMe: nep. c Tagx. c npuMen. ra.Kop AH Y3. CCP npo$. A.A. CeMeHOBa; OTB.peg. O.^. HexoBun.-TamKeHT: H^g-BO AH Y3. CCP, 1957.- 326c.

4. ,0,xypa6aeB, ,0,x. CpegHea3uaTCKue nuctMeHHbie hctohhhkh no hctophh EyxapcKoro эмнpaтa BTopoH no^OBHHH XVIII-nepBOH no^OBHHH XIX bb. / ^x. ^xypa6aeB // HoMau goHumrox,. Cracraau h^m^oh ryMaHHTapH Ba ^OMeamuHoc0.-2O13.-№4[37].-C. 163-179.

5. KapMHHarH Myx,aMMagBa$o. Tyx^aT-y^-xoHK. My^agguMa, Taxu^u MaTH, Hycxa6aga^, Tat^u^OT Ba ^expucTxpu ^aMmeg H,ypa3oga Ba Hypy.rao FuecoB. - Xy^aHg: Homup, 2018. - 976c.

6. KapMHHarH Myx,aMMagBa$o. Tyx^aT-y^-xoHK. naxyxum, Tacx,ex, Ba TaB3ex,OTH goKTop MaHcyp Cu^aTry^ 6o ^aMKopuu goKTop Hy6yaKH KyHgy.-Tokho, 2015. - 535c.

7. Oap^aHru Ta^cupuu 3a6oHH to^hkh. H6opaT a3 2 ^rag. /3epu Taxpupu CaH^ugguH Ha3ap3oga. - AymaH6e, 2008.-950 c.

REFERENCES:

1. Anke von Kugelgen. Legitimation of Central Asian dynasty of Mangyts in the works of their historians (XVIII - XIX centuries). - Almaty: Dyke - Press, 2004. - 516 p.

2. Akhmedov B.A. Historico-geographical literature of Central Asia in 16th - 18th centuries (written monuments). - Tashkent: Fan, 1985. - 263 p.

3. Bukhori Mir Muhammad Amin, Ubaidulla-Name: translated from Tajik, annexed by corresponding member of the Academy of Sciences of Uzbekistan SSR Prof. A.A. Semyonov; editor-in-charge: O.D. Chekhovich. - Tashkent: The Academy of Sciences of Uzbekistan. SSR, 1957. - 326 p.

4. Juraboyev J. Central Asian written sources on the history of Bukhara Emirate in the second half of 18th - the first half of 19th centuries / J. Juraboyev // Scientific Notes. Series of humanitarian and social sciences. 2013. - №4 [37]. P. 163-179.

5.Karminahi Muhammadvafo.Tuhfat-ul-Khani.Introduction,preparation of the text,copy, translations and indexes by Jamshed Jurazoda and Nurullo Giyasov.-Khujand:Publisher,2018.- 976 p.

6. Kaminahi Muhammadvafo. Tuhfat-ul-khoni: research, correction and explanation of Dr. Mansur Sifatgul with Dr. Nubuaki Kundu's cooperation. Tokyo, 2015. - 535 p.

7. Interpretation Tajik language dictionary. It 2 volumes / Edited by Sayfiddin Nazarzoda. -Dushanbe, 2008. - 950 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.