Научная статья на тему 'СУБЪЕКТЊОИ МОНИТОРИНГИ ЌОНУНГУЗОРЇ'

СУБЪЕКТЊОИ МОНИТОРИНГИ ЌОНУНГУЗОРЇ Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
мониторинги ќонунгузорї / субъект / маќомоти давлатї / парламент / прокуратура / суд / созмонњои љамъиятї / муассисањои илмї-тањќиќотї. / законодательный мониторинг / субъект / государственные органы / парламент / прокуратура / суд / общественные организации / научно-исследовательские учреждения.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Зоир Љ.М., Матробов М.Х.

Њуќуќэљодкунї ва танзими њуќуќї раванди мураккаб ва гуногунљанба буда, ба воситаи механизмњои муайян амалї карда мешавад. Мавзуи мазкур дар Љумњурии Тољикистони мавриди омўзиши амиќ ќарор нагирифта, дар адабиёти ватани танњо чанде аз маќолањои илмї дар ин самт ба табъ расидаанд. Аз ин рў, муаллифон бо фарогирии бештари адабиёти хориљї танњо масъалањо рољеъ ба субъектњои мониторинги ќонунгузориро мавриди баррасї ќарор дода, онњоро таснифбандии анљом додаанд. Муаллифон кӯшиш намудаанд, ки њамаи нињодњои давлатї ва љамъиятиро њамчун субъекти мониторинги ќонунгузорї тањлил карда, самти муайяни гузаронидани онро баррасї намоянд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

SUBJECTS OF LEGISLATIVE MONITORING

Правотворчество и правовое регулирование представляет собой сложный и многогранный процесс и реализуется посредством определенных механизмов. Данная тема в Республике Таджикистан практически не изучена, в отечественной литературе опубликовано лишь несколько научных статей в этом направлении. Поэтому, проанализировав обширный блок зарубежной литературы, авторы рассмотрели только те вопросы, которые относятся к предмету законодательного мониторинга, завершив таким образом их классификацию. Авторы постарались проанализировать все государственные и общественные институты в качестве субъектов законодательного мониторинга, рассмотрев при этом отдельные его направления.

Текст научной работы на тему «СУБЪЕКТЊОИ МОНИТОРИНГИ ЌОНУНГУЗОРЇ»

ТДУ 340.130

СУБЪЕКТНОЙ МОНИТОРИНГИ КОНУНГУЗОРЙ СУБЪЕКТЫ ЗАКОНОДАТЕЛЬНОГО МОНИТОРИНГА SUBJECTS OF LEGISLATIVE MONITORING

Зоир Ч.М.

Zoir J.M.

Сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиноси ва %уцуци ба номи А. Бауоваддинови Академияи миллии илмхои Тоцикистон,

доктори илмхои ^уцуцшиносй, профессор Главный научный сотрудник Института философии, политологии и права им. А. Баховаддинова Национальной академии наук Таджикистана, доктор юридических наук, профессор Chief Researcher at the Institute of Philosophy, political science and Law named after. A. Bakhovaddinova National Academy of Sciences of

Tajikistan, Doctor of Law, Professor

Матробов М.Х. Matrobov M.Kh.

Сардори шуъбаи ^уцуци байналмилалии Маркази миллии цонунгузории назди Президенти Цум^урии Тоцикистон Начальник отдела международного права Национального центра законодательства при Президенте Республики Таджикистан Head of the International Law Department of the National Center for

Legislation under the President of the Republic of Tajikistan

Ихтисоси илми: 12.00.01 - Назария ва таърихи хукук ва давлат; таърихи таълимот дар бораи хукук ва давлат (5.1.1. Илмхои хукукии назариявй-таърихй).

Научная специальность: 12.00.01 - Теория и история права и государства; история учений о праве и государстве (5.1.1. Теоретико-исторические правовые науки).

Scientific specialty: 12.00.01 - Theory and history of law and state; history of the doctrines of law and the state (5.1.1. Theoretical and historical legal sciences).

Тацриздщанда: Буризода Э.Б. - мудири шуъбаи таърихи давлат ва хукуки Институти фалсафа, сиёсатшиносй ва хукуки Академияи миллии илмхои Точикистон, доктори илмхои хукукшиносй, профессор.

Рецензент: Буризода Э.Б. - заведующий отделом истории государства и права Института философии, политологии и права Национальной академии наук Таджикистана, доктор юридических наук, профессор.

Reviewer: Burizoda I.B. - Head of the Department of the History of State and Law of the Institute of Philosophy, Political Science and Law of the National Academy of Sciences of Tajikistan, Doctor of Law, Professor.

Аннотатсия: Дукукэчодкунй ва танзими хукукй раванди мураккаб ва гуногунчанба буда, ба воситаи механизмхои муайян амалй карда мешавад. Мавзуи мазкур дар Чумхурии

W

E-mail:

zoirov2009@mail.ru

E-mail:

matrob.matrobov @gmail.com

Точикистони мавриди омузиши амик карор нагирифта, дар адабиёти ватани танхо чанде аз маколахои илмй дар ин самт ба табъ расидаанд. Аз ин ру, муаллифон бо фарогирии бештари адабиёти хоричй танхо масъалахо рочеъ ба субъектхои мониторинги конунгузориро мавриди баррасй карор дода, онхоро таснифбандии анчом додаанд. Муаллифон кушиш намудаанд, ки хамаи ниходхои давлатй ва чамъиятиро хамчун субъекти мониторинги конунгузорй тахлил карда, самти муайяни гузаронидани онро баррасй намоянд.

Вожа^ои калиди: мониторинги конунгузорй, субъект, макомоти давлатй, парламент, прокуратура, суд, созмонхои чамъиятй, муассисахои илмй-тахкикотй.

Аннотация: Правотворчество и правовое регулирование представляет собой сложный и многогранный процесс и реализуется посредством определенных механизмов. Данная тема в Республике Таджикистан практически не изучена, в отечественной литературе опубликовано лишь несколько научных статей в этом направлении. Поэтому, проанализировав обширный блок зарубежной литературы, авторы рассмотрели только те вопросы, которые относятся к предмету законодательного мониторинга, завершив таким образом их классификацию. Авторы постарались проанализировать все государственные и общественные институты в качестве субъектов законодательного мониторинга, рассмотрев при этом отдельные его направления.

Ключевые слова: законодательный мониторинг, субъект, государственные органы, парламент, прокуратура, суд, общественные организации, научно-исследовательские учреждения.

Annotation: Lawmaking and legal regulation is a complex and multifaceted process and is implemented through certain mechanisms. This topic has been practically unstudied in the Republic of Tajikistan; only a few scientific articles in this direction have been published in the domestic literature. Therefore, having analyzed an extensive block of foreign literature, the authors considered only those issues that relate to the subject of legislative monitoring, thus completing their classification. The authors tried to analyze all state and public institutions as subjects of legislative monitoring, while considering its individual areas.

Key words: legislative monitoring, subject, government bodies, parliament, prosecutor's office, court, public organizations, research institutions.

Мониторинги конунгузорй -хамчун институти нав, дар кишвархои гуногун рушд карда, ба татбики он дар кишвари мо низ марок зохир карда шудааст. Барои равшанй андохтан ба мафхуми мониторинги конунгузорй бояд кайд кард, он хдмчун низоми фаъолияти мунтазам оид ба чамъоварии доимии маълумот, мушохида, тахлил, баходихй ва арзёбии холат ва рушди низоми конунгузорй мебошад. Дар мачмуъ мониторинги конунгузорй воситаи мухимми такмили конун буда, чузъи мониторинги хукукй, фаъолияти хукукэчодкунй ва техникаи хукукй мебошад ва дар адабиёти хукукй инчунин муродифи он «мониторинги санадхои хукукй» низ истифода мешавад [8, с. 16-23].

Гузаронидани мониторинги

конунгузорй яке аз вазифахои макомот ё институтхои муайян мебошад, ки онро дар адабиёти хукукй бештар хамчун субъект истифода мекунанд. Таснифхои гуногун вобаста ба субъектхои мониторинги хукукиву конунгузорй вучуд дорад. Асосан мониторинги хукукиро вобаста ба субъект мониторинги давлатй аз чониби макомоти давлатй, мониторинги ичтимой аз чониби муассиса ва созмонхои чамъиятй амалй менамоянд. Аз руйи сатхи субъектони мониторинги хукукй ба чумхуриявй ва махаллй таксим мешаванд.

Дар тахкикоти илмии муаллифон таснифбандихои дигар субъекти мониторинги конунгузорй ба назар мерасад. С. Миронов ду категорияи субъекти мониторинги конунгузорй ва хукуктатбиккуниро пешниход менамояд:

субъектной конститутсионй ва субъектхои ташаббускор. Ба субъекти

конститутсионй муаллиф Президент, Хукумат ва макомоти хокимияти ичроия, парламент, макомоти хокимияти судй, прокуратура, макомоти худидора, ваколатдор оид ба хукуки инсон ва ба субъекти ташаббускор ниходхои чомеаи шахрвандй, шурохои экспертии назди хокимияти олии давлатй, созмон ва иттиходияхои илмй, иттиходияхои корпоративй, созмонхои хифзи хукук ва экологй, хизбхои сиёсй дохил мешаванд [9, с. 8].

Ба андешаи И. Бачилло, мониторинг бояд васеъмикёс бошад, он хамаи сатххои хукукэчодкунй, аз чумла дар хокимияти давлатй ва худидораи махаллй фаро гирад. Дар сатхи ичро - мониторинг бояд дар тамоми бахшхои хаёти ичтимой-иктисодй кишвар гузаронида шавад, бояд картинаи татбики хукук дар низоми макомоти хифзи хукук дода шавад. Дар натичаи мониторинг зарур аст, ки ба холати конунгузорй ва конуният дар кишвар бахо дода шавад [5, с. 15].

Дар тахкикоти дигар муаллифон муайян шудааст, ки мониторинги конунгузориро макомоти конунгузорй (намояндагй) дар мачмуъ, вакилон ва иттиходи вакилон (фраксия, гуруххо), макомоти доимй ва муваккатии макомоти конунгузор ва намояндагй (комиссияхо, комитетхо); вохидхои сохтории дастгохи макомоти конунгузор (намояндагй), аз чумла хадамоти хукукй, сохторхои махсуси мониторинги хукукй дар назди макомоти конунгузор (намояндагй) -марказхои мониторинг. Дар кори марказхо намояндагони чомеа, муассисахои илмию таълимй, сохторхои сохибкорй, чомеаи коршиносон метавонанд ширкат варзанд [10, с. 244].

Дар асоси тачрибаи дигар кишвархо фаъолиятхои мониторинг дар умум хамаи ниходхо вобаста ба вазифаву ваколатхои худ анчом медиханд. Дар самти мониторинги конунгузорй аллакай дар бархе аз кишвархо маркази алохида ё шуъбахову зерсохторхои дахлдори мониторниги конун амал мекунанд. Масалан, дар Федератсияи Россия соли

2007, дар назди Шурои Федератсияи Мачлиси Федералии Россия Маркази мониторинги конунгузорй ва амалияи хукуктатбиккунй (Маркази мониторинги хукукй) таъсис тода шуд. Хамчунин, мониторинги конунгузориро Институти конунгузорй ва хукукшиносии

мукоисавии назди Хукумати Федератсияи Россия ичро мекунад, ки ба самти фаъолият он, хамчунин, тахияи консепсияхо ва методикаи ташкил ва гузаронидани мониторинги конунгузорй гузошта шудааст [6, с. 8-21]. Инчунин, дар Россия Комиссияи мониторинги конунгузорй ва амалияи татбики хукук дар доираи Шурои хамкории Шурои Федератсияи Мачлиси Федералии Россия бо макомоти давлатии конунгузор (намояндагй)-и субъектхои Федератсияи Россия (Шурои конунгузорон) [4, с. 27] таъсис дода шудааст.

Дар Белоруссия мувофики Конун «Дар бораи санадхои меъёрии хукукй» доираи хеле васеи субъектхои мониторинги хукукй муайян шудааст, ки ба он макомоти конунбарор (шахсони мансабдор), макомоти хокимияти махаллй, инчунин дигар макомоти ваколатдори давлатй дохил мешаванд [1].

Конуни Чумхурии Казокистон «Дар бораи санадхои хукукй» [2] аз 6-уми апрели соли 2016 № 480-V ЗРК субъектхои мониторинги хукукиро дар мукоиса бо танзими хукукии дохилии худ на танхо макомотии давлатй, балки ташкилотхои чамъиятй ва илмй, шахрвандонеро, ки дар ичрои он иштирок мекунанд, пешбинй менамояд. (бандхои 2, 3, моддаи 50). Илова бар ин, конуни мазкур мониторинги чамъиятии санадхои меъёрии хукукй аз чониби Палатаи миллии сохибкорони Чумхурии Казокистонро пешбинй мекунад (моддаи 51) [14, с. 8-21].

Мониторинги хукукй ё худ тахлили мунтазам ва хаматарафаи рушди конунгзории чумхурй бояд аз чониби макомоти давлатие гузаронида шаванд, ки сиёсати хукукии давлатро пеш мебаранд ва субъектхои асосии хукукэчодкунанда ба хисоб мераванд. Ба катори субъектхои асосии хукукэчодкунада, ки чунин

тахлилхои хаматарафаю мунтазамро бояд доимй гузаронанд, метавон макомоти олии конунгузор, субъектоне, ки хукуки ташаббуси конунгузорй доранд, Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон, Маркази миллии конунгузорй ва дигар макомоте, ки бевосита ба хукукэчодкунй машгуланд, дохил кардан мумкин аст.

Дар солхои истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон гарчанде низоми нави хукукй фаъол гардида бошад хам, аммо он ба такмили минбаъда ниёз дорад ва рушди минбаъдаи чунин сохаи мухимми хаёти чамъиятй ба мисли сохаи конунгузорй яке аз вазифахои асосй дар эъмори давлати демократй, хукукбунёд ва дунявй мебошад [11, с. 445].

Парламент - хамчун макоми хокимияти конунгузор, дар хама давлатхо накши асосиро дар гузаронидани мониторинги конунгузор ё мониторинги санадхои хукукй дорад. Дар баъзе кишвархои Марказхои мониторинг конунгузорй таъсис дода шудаанд. Вазифахои чунин марказхо асосан аз мусоидат ба рушди низоми мониторинг, аз чумла мониторинг дар фаъолияти конунгузории парламентхо, тахлили натичахои фаъолияти конунгузорй, тахияи таклифхо оид ба такмили фаъолияти конунгузорй ва раванди конунгузорй, омода намудани ахбор дар бораи холати конунгузорй, хамкорй бо дигар макомоти давлатй оид ба масъалахои мониторинг; мусоидат ба макомоти конунгузори (намояндагии) хокимияти давлатй, тахияи хисобот оид ба вазъи конунгузорй, омухтан ва тахлили тачрибаи хоричй оид ба баходихии натичахои амалияи хукукй ва истифодаи онхо дар фаъолияти конунгузорй, омузиш ва тавсеаи тачриба ва амалияи конунгузорй, пешниходи бонки маълумот доир ба мониторинги конунгузорй ва амалияи хукукй, мусоидат ба гуруххои экспертй, методй, тахлилй ва иттилоотй иборат аст.

Дастгохи ичроияи Президент хамчун макоми олии хокимияти давлатй дар фаъолияти худ навъхои гуногуни мониторинг, аз чумла мониторинги конунгузориро амалй мегардонад, ки

асосан аз чониби сохторхои дохилии он ба рох монда мешавад. Дар дигар кишвархо, масалан, Чумхурии Узбекистон, Институти мониторинги конунгузорй ва хукуктатбиккуни (Маркази мониторинги хукукй)-и назди Президенти Чумхурии Узбекистон амал мекунад, ки баходихй ва хулосахои он танхо хусусияти машваратй дошта, тибки маълумоти Институт зиёда аз 80 дар сади тахлили конунхои кабулшуда ва хулосахои пешниходкардаи он аз тарафи субъектхо ба инобат гирифта шудаанд.

Дар баробари макомоти конунгузор макомоти ичроия хам субъекти мониторинги конунгузорй шуда метавонанд. Ба андешаи М.О. Лишенко, дар фаъолияти хукукэчодкунии макомоти ичроия мониторинги хукукй навъи алохидаи фаъолият буда, ба чамъоварии мачмуй, арзёбии шакл, назорати сифат ва тахлили самаранокии татбики санадхои хукукй алокаманд аст. Татбики мониторинги хукукй ба равандхои конунэчодкунй ва татбики онро фаро гирифта шуда, мухлати номахдуд дорад [16, с. 101-104].

Сохторхои макомоти ичроияи хокимияти давлатй дар фаъолияти тахияи лоихаи конунхо иштирок менамоянд. Бинобар ин мониторинги фаъолияти тахияи лоихаи конунхо мухимтарин бахши кори вазоратхо ва кумитахои давлатй дар робита ба таъсиррасонии раванди конунгузорй мебошад. Аз ин ру, барои гузаронидани мониторинги конунгузорй чунин вазифахо дар сохторхои дахлдори онхо бояд ба рох монда мешавад: таъсиси шуъбаи корхои назоратй-тахлилй ва таъмини робитахо бо макомоти конунгузор, таъйини шахсони масъул аз шумораи ёварон, муовинон ё чонишинхо барои фаъолияти тахияи лоихаи санадхои меъёрии хукукй ва гузаронидани мониторинги конунгузории сохавй.

Дар байни макомоти хифзи хукук макомоти прокуратура намудхои гуногуни мониторинги хукукиро мегузаронад. Дар самти мониторинги конунгузорй макомоти мазкур бештар масоили конунгузории чиноятй, чиноятй-

мурофиавй, мурофиаи гражданй, конунгузории оид ба хукуквайронкунии маъмурй, прокуратура, суд ва макомоти хифзи хукукро баррасй менамояд.

Ба андешаи муаллифон, фаъолияти хукукэчодкунии макомоти прокуратура мониторинги вазъи муносибатхои чамъиятй, муайян намудани зарурати танзими хукукии онхо, асоснокии зарурати кабули санади меъёрии хукукй, кабули карор дар бораи тайёр кардани лоихаи онро ташкил медихад [15, с. 12].

Фаъолияти мониторинги

конунгузории макомоти прокуратура бо рохи санчиши санадхои дигар макомоти давлатй, тахлили мурочиати шахрвандон, шахсони хукукй, макомоти давалатй ва f. оид ба масоил ва норасоихо дар конунгузорй, амалй мегардад.

Бояд кайд кард, ки макомоти судй дар татбики меъёрхои хукук ва конун накши калон дошта, дар раванди фаъолияти онхо нисбат ба дигар макомот аксар вакт камбудихои зидди меъёрхои хукукиро ошкор карда метавонанд. Азбаски ба макомоти мазкур вазифаи мониторинги конунгузорй шомил намешавад, вале хамчун макомоти ёридиханда ба дигар субъектони мониторинги хукукиву конунгузорй баромад кунад. Добили зикр аст, ки мониторинги татбики хукук бар хилофи мониторинги конунгузорй, аз тахлили мунтазами конунгузорй дар якчоягй бо амалияи татбики хукук, бо назардошти фаъолияти макомоти давлатй ва макомоти хифзи хукук иборат аст.

Дар самти амалигардонии мониторинги амалияи хукуктатбиккунй макомоти давлатии хокимияти судй тачрибаи нисбатан зиёд дошта, он конунхо ва санадхои меъёри хукукии зерконунии сохахои гуногунро татбик менамояд [7, с. 121].

Ба мониторинги хукукй чалб намудани муассисахои бонуфузи илмй ва донишкадахои олй ба максад мувофик аст. Масалан, аъзоёни шурохои машваратии илмй, ки дар назди макомоти дахлдор ташкил карда шудаанд, ин корро карда метавонанд [13, с. 8-21]. Институт ва марказхои илмй-тахкикотй тахкикоти

илмро дар масоили рушди конунгузорй ва фаъолияти тахияи лоихаи конун гузаронида, самтхо ва тамоюлхои рушди конунгузориро пешгуй, тавсияхо, шарххои тахлилй ва иттилоотиро дар робита ба ин масъала рохдндозй менамоянд, инчунин, дигар фаъолиятро дар сохаи тахияи лоихаи конун амал мебароранд. Дар дигар кишвархо хатто дар назди муассисахои илмй марказхои махсуси мониторинги конунгузорй амал мекуанд. Масалан, дар Федератсия Россия Маркази мониторинги конунгузорй ва хукуктатбиккунй (Маркази мониторинги хукукй)-и назди Донишгохи давлатии хукукшиносии Москва ба номи О.Е. Кутафин [12] аз соли 2012 фаъолият мекунад.

Дар Чумхурии Точикистон ба хайси чунин муассисахо Институти фалсафа, сиёсатшиносй ва хукуки Академияи миллии илмхои Точикистон, Маркази миллии конунгузории назди Президенти Чумхурии Точикистон, факултетхои хукукшиносии муассисахои тахсилоти олии кишвар баромад мекунанд. Муассисахои зикршуда чамъоварии пешниходот оид ба масъалахои такмили конунгузорй, ки аз чониби шахрвандон ва ташкилотхо ворид мешаванд,

гузаронидани тахлили мунтазами конунгузорй, амалияи хукуктатбиккунй ва мухиммтарин лоихахои конунгузорй, хамчунин, таъмини фаъолияти экспертии конунгузорй ва хифзи хукук мебошад.

Макомот ва ташкилотхои чамъиятй метавонанд ба натичабахшии

мониторинги конунгузорй таъсиррасон бошанд. Дар дигар кишвархои шаклхои назорати чамъиятй вучуд дорад. Масалан, дар Россия мувофики ^онуни федералй «Дар бораи асосхои назорати чамъиятй дар Россия» мониторинги аз чониби шахрвандони алохида, институтхои чомеаи шахрвандй, иттиходияхои чамъиятй ва гайра гузаронидашаванда, хамчун яке аз шаклхои назорати чамъиятй махсуб меёбад [3]. Тибки Крнуни Чумхурии ^азокистон «Дар бораи санадхои хукукй», натичахои

мониторинги чамъиятии конунгузорй, ки ба манфиатхои сохибкорон дахл доранд,

хамасола дар сомонаи интернетии Палатаи миллии сохибкорон бояд чойгир карда шаванд. Чунин меъёр ахаммияти фархангй-тарбиявй дорад, зеро барои чалби сохибкорон ва ниходхои дигари чомеаи шахрвандй ба фаъолияти конунгузорй, пахн намудани иттилооти хукукй дар чомеа мусоидат менамояд [14, с. 138].

Иштироки фаъоли чомеаи шахрвандй дар раванди кабули конунэчодкунй ба такмили конунхо ва кабули конунхое, ки масъалахои мушаххаси чамъиятиро танзим менамоянд, мусоидат мекунад. Добили зикр аст, дар солхои охир чанд конуни миллй кабул карда шуда, ки дар раванди тахияи лоихаи онхо афкори чомеаи шахрвандй ба назар гирифта шуда, чунин конунхо масъалахои рузмарра, масалан,

танзими чашну маросимро ба миён гузоштанд. Истифодаи ниходхои чомеаи шахрвандй дар раванди мониторинги конунгузорй метавонад хамчун василаи муколамаи хокимият ва чомеа гардад.

Хдмин тарик, субъектхои мониторинги конунгузорй макомоти давлатй ва чамъиятй мебошанд, ки фаъолияти тахлил, арзёбй ва пешгуии конунгузориро ба анчом мерасонанд. Вобаста ба таснифбандии субъектхо, мониторинги конунгузориро субъектхои умумй (макомоти давлатй ва ниходхои чамъиятй), вобаста ба сатхи субъектхо (макомоти чумхуриявй ва махаллй) ва вобаста ба субъектхои

махсусгардонидашуда (макомоти

марказй, гайримарказй ва омехта) амалй мегардонанд.

Адабиёти истифодашуда

1. Закон Республики Беларусь от 17.07.2018 № 130-3 «О нормативных правовых актах» // Национальный правовой Интернет-портал Республики Беларусь. 2018. № 2/2568 // [Манбаи электронй] - Речаи воридшавй: http://pravo.by/document/?guid= 12551&р0=Н11800130&р1=1 (санаи мурочиат: 27.01.2022).

2. Закон Республики Казахстан от 06.04.2016 № 480-У ЗРК (ред. от 05.07.2018) «О правовых актах» // Ведомости Парламента Республики Казахстан. 2016. № 7-1. Ст. 46.

3. Федеральный закон от 21.07.2014 № 212-ФЗ (ред. от 29.12.2017) «Об основах общественного контроля в Российской» // Собрание законодательства РФ. 2014. № 30 (Ч. I). Ст. 4213.

4. Абайдельдинов, Е.М. Некоторые аспекты совершенствования проведения научной экспертизы законопроектов / Е.М. Абайдельдинов // Вестник Института законодательства Республики Казахстан. - 2011. - № 4 (24). - С. 26-29.

5. Бачило, И. Мониторинг правовой системы - путь к укреплению правового государства / И. Бачило // Вестник Совет Федерациии. - 2006. - № 4-5. - С. 14-21.

6. Изместьева, Е.М. Субъекты правоприминительной деятельности в условиях децентрализации правового регулирования в России: дис.... канд. юрид. наук: 12.00.01 / Екатерина Михайловна Изместьева. - Саратов, 2015. - 179 с.

7. Короткова, О. А. Правотворчество и правоприменение: Вопросы взаимодействия посредством института экспертизы / О.А. Короткова // Социально-экономические явления и процессы. - 2014. - Т. 9. - № 9. - С. 121-125.

8. Матробов, М.Х. Мониторинги конунгузорй хамчун шакли мониторинги хукукй: чанбахои назариявй ва амалй / М.Х. Матробов // ^онунгузорй. - 2023. - № 1 (49). - С. 16-23.

9. Миронов, С. Теория и практика мониторинга правового проснтранства и правоприменительной практики: итоги и престпективы / С. Миронов // Вестник Совета Федерациии. - 2006. - № 4-5. - С. 4-13.

10. Участие прокуратуры в правотворческой деятельности: учебное пособие / под ред. А. В. Юрковского. - Иркутск : Иркутский юридический институт (филиал) Университета прокуратуры Российской Федерации, 2020. - 299 с.

11. Холикзода, А.Г. Хрчиев, М. Тафсири ^онуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи санадхои меъёрии хукукй". - Душанбе, 2017. - 527 с.

12. Центр мониторинга законодательства и правоприменения // [Манбаи электронй] - Речаи воридшавй: https://msal.ru (санаи мурочиат: 2.03.2023).

13. Черногор, Н.Н., Залоило, М.В. Правовой мониторинг: инструментальная ценность и векторы развития / Н.Н. Черногор, М.В. Залоило // Вестник Московского государственного областного университета. Серия: Юриспруденция. - 2018. - № 3. - С. 8-21.

14. Шарофзода, Р.Ш., Шокиров, F.A. Иттилоотонии фаъолияти хукукэчодкунй: тачрибаи Чумхурии Точикистон ва давлатхои дигари аъзои ИДМ / Р.Ш. Шарофзода, F.A. Шокиров // Ахбори ДДХ,БСТ. Силсилаи илмхои чомеашиносй. - Хучанд, 2021. - 4 (89). - С. 138.

15. Югов, А.А., Игишев, К.А. Грани соотношения понятий «законодательный процесс» и «законопроектный процесс» в Российской Федерации / А.А. Югов, К.А. Игишев // Адвокатская практика. - 2007. - № 2. - С. 11-14.

16. Lysenko, M.O. Legal monitoring as an administrative and legal means of ensuring legality in law-making activity of executive authorities. Bulletin of Kyiv University of Law. - 2014. - № 3. - Рр. 101104.

17. Зоиров, Д.М., Сафаров, Б.А., Суверенная государственность на постсоветском пространстве: монография / Д.М. Зоиров, Б.А. Сафаров. - СПб.: Фонд Университет. 2012. - 335 с.

18. Зоиров, Д.М. Таджикистан от государства Саманидов до суверенной государственности: монография / Д.М. Зоиров. - СПб.: РЕНОМЕ, 2014. - 286 с.

References

1. Law of the Republic of Belarus dated July 17, 2018 No. 130-Z "On normative legal acts" // National legal Internet portal of the Republic of Belarus. 2018. No. 2/2568 // [Electronic source] - Access mode: http://pravo.by/document/?guid= 12551&p0=H11800130&p1=1 (access date: 27.01.2022).

2. Law of the Republic of Kazakhstan dated 04/06/2016 No. 480-V ZRK (as amended on 07/05/2018) "On legal acts" // Gazette of the Parliament of the Republic of Kazakhstan. 2016. No. 7-I. Art. 46.

3. Federal Law of July 21, 2014 No. 212-FZ (as amended on December 29, 2017) "On the Fundamentals of Public Control in the Russian Federation" // Collection of Legislation of the Russian Federation. 2014. No. 30 (Part I). Art. 4213.

4. Abaydeldinov, E.M. Some aspects of improving the scientific examination of draft laws / E.M. Abaideldinov // Bulletin of the Institute of Legislation of the Republic of Kazakhstan. - 2011. - No. 4 (24).

- pp. 26-29.

5. Bachilo, I. Monitoring the legal system - the path to strengthening the rule of law / I. Bachilo // Bulletin of the Federation Council. - 2006. - No. 4-5, - P. 14-21.

6. Izmestieva, E.M. Subjects of law enforcement activities in the context of decentralization of legal regulation in Russia: dissertation.... cand. legal Sciences: 12.00.01 / Ekaterina Mikhailovna Izmesteva. -Saratov, 2015. - 179 p.

7. Korotkova, O. A. Lawmaking and law enforcement: Issues of interaction through the institution of expertise / O.A. Korotkova // Socio-economic phenomena and processes. - 2014. - T. 9. No. 9. - P. 121125.

8. Matrobov, M.Kh. Legislative monitoring as a form of legal monitoring: theoretical and practical aspects / M.Kh. Matrobov // Legislation. - 2023. - No. 1 (49). - Рр. 16-23.

9. Mironov, S. Theory and practice of monitoring legal space and law enforcement practice: results and prospects / S. Mironov // Bulletin of the Federation Council. - 2006. - No. 4-5. - Рр. 4-13.

10. Participation of the prosecutor's office in law-making activities: textbook / ed. A. V. Yurkovsky.

- Irkutsk: Irkutsk Law Institute (branch) of the University of the Prosecutor's Office of the Russian Federation, 2020. - 299 p.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

11. Khaliqzoda, A.G. Hajiyev, M. Interpretation of the Law of the Republic of Tajikistan "On Regulatory Legal Documents". - Dushanbe, 2017. - 527 c.

12. Center for Monitoring Legislation and Law Enforcement // [Electronic source] - Access mode: https://msal.ru (access date: 03/2/2023).

13. Chernogor, N.N., Zaloilo, M.V. Legal monitoring: instrumental value and vectors of development / N.N. Chernogor, M.V. Zaloilo // Bulletin of the Moscow State Regional University. Series: Jurisprudence. - 2018. - No. 3. - P. 8-21.

14. Sharofzoda, R.Sh., Shakirov, G.A. Information on law-making activity: the experience of the Republic of Tajikistan and other CIS member states / R.Sh. Sharafzoda, G.A. Shakirov // News of DDHCBST. Series of social sciences. - Khujand, 2021. - 4 (89). - Р. 138.

15. Yugov, A.A., Igishev, K.A. Facets of the relationship between the concepts "legislative process" and "legislative process" in the Russian Federation / A.A. Yugov, K.A. Igishev // Lawyer practice. - 2007. - No. 2. - Рр. 11-14.

16. Lysenko, M.O. Legal monitoring as an administrative and legal means of ensuring legality in law-making activity of executive authorities. Bulletin of Kyiv University of Law. - 2014. - № 3. - Рр. 101104.

17. Zoirov, D.M., Safarov, B.A., Sovereign statehood in the post-Soviet space: monograph / D.M. Zoirov, B.A. Safarov. - St. Petersburg: University Foundation. 2012. - 335 p.

18. Zoirov, D.M. Tajikistan from the Samanid state to sovereign statehood: monograph / D.M. Zoirov. - SPb.: RENOME, 2014. - 286 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.