Научная статья на тему 'SHAPING THE NOTION TO INERTIAS BY MEANS OF HOME EXPERIMENT'

SHAPING THE NOTION TO INERTIAS BY MEANS OF HOME EXPERIMENT Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
19
4
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИНЕРЦИЯ / ПОНЯТИЕ / ЭКСПЕРИМЕНТ / ДОМАШНИЕ ЭКСПЕРИМЕНТЫ / ОПЫТ / НАБЛЮДЕНИЕ

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Джонмахмадов И.Т., Маджидов Х.

В данной статье предлагаются пути формирования понятия инерции посредством организации домашних физических экспериментов. По каждому из них приведены конкретные примеры из тематики школьного курса физики.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ФОРМИРОВАНИЕ ПОНЯТИЯ ИНЕРЦИИ ПОСРЕДСТВОМ ДОМАШНИХ ЭКСПЕРИМЕНТОВ

In given article is offered way of the shaping the notion to inertias by means of organization home physical experiment. On each proposed ways are brought concrete examples from subject of the school course physicists.

Текст научной работы на тему «SHAPING THE NOTION TO INERTIAS BY MEANS OF HOME EXPERIMENT»

5. Щукина Г. И. Активизация познавательной деятельности учащих- ся в учебном процессе. -М.: Просвещение, 1979. - 286 с.

СИСТЕМА РАБОТЫ УЧИТЕЛЯ МАТЕМАТИКИ ПО АКТИВИЗАЦИИ ПОЗНАВАТЕЛЬНОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ УЧАЩИХСЯ

В статье раскрывается система работы учителя математики по активизации познавательной деятельности учащихся, а также даются некоторые методические рекомендации для реализации её на практике.

Ключевые слова: система работы учителя математики, активность, познавательной деятельности, организация, урок.

SYSTEM WORK TO ENHANCE THE TEACHER OF MATHEMATICS COGNITIVE

ACTIVITY OF STUDENTS

The article deals with the basic system of the teacher's work on the organization of the mat -matiki activation of cognitive activity of students, and gives some methodological recommendations, their implementation in practice of the school.

Keywords: work, math teachers, activity, cognitive activity, the organization of the lesson.

Сведения об авторах: Раджабов Тагоймурод Бобокулович, кандидат педагогических наук, доцент кафедры методики начального обучения Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни

Бегимов Хусен Худояровича, кандидат педагогических наук, доцент кафедры методики начального обучения Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни

About authors: Radjabov Tagoymurodov Bobokulovich, PhD of Pedagogical Sciences, assistant professor of chair of methodology of primary education, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini

Begimov Husen Hudoyarovich, PhD of Pedagogical Sciences, assistant professor of chair of methodology of primary education, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini

ТАВАССУТИ ОЗМОИШ^ОИ ФИЗИКИИ ХОНАГИ ТАШАККУЛ ДОДАНИ МАФ^УМИ ИНЕРСИЯ

Цонма^мадов И. Т., Мацидов

Донишгоуи давлатии К,ургонтеппа ба номи Н. Хусрав Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни

Ичрои озмоишхои физикии хонагй яке аз роххои баландбардории сифат ва самаранокии таълими физика дар мактаб, ташаккул додани фаъолияти маърифатй-эчодии хонандагон, инкишофи тафаккури мантикй ва фаъолияти амалии онхо ба хисоб меравад.

Тачриба ва мушохидахоеро, ки хонандагон онхоро дар хона аз руйи супориши омузгор бо истифодаи асбобу ашёхои рузгор ичро мекунанд, озмоишхои хонагй меноманд. Озмоишхои хонагй дар ташаккули фикрронии мантикй ва баланд шудани фаъолияти амалии хонандагон мусоидат намуда, хонандагонро водор месозад, ки доир ба озмоиши гузаронидаашон бошуурона фикр ронанд, онхоро тахлил намоянд, хамаи дониш, майорат ва малакахои амалии дар дарсхо хосилкардаи худро бахри гузаронидани озмоиши пешниходшуда, истифода намоянд [5]. Хонандагон озмоиши хонагиро гузаронида, натичахои онро тахлил намуда, боварй хосил мекунанд, ки донишхои дар мактаб хосилкардаашон бахри халли масъалахои амалй пурра татбикшавандаанд.

Корхои озмоишии хонандагон гуфта тахти рохбарии омузгор мустакилона гузаронидани озмоишхо, мухокимаи натичахои онхо ва хулосабарорй аз ин озмоишхоро меноманд. Хонандагон корхои озмоиширо хам дар синф (синфхонаи физика) тахти рохбарии бевоситаи омузгор ва хам дар хона, мувофики супориши омузгор мустакилона ва бомуваффакият ичро карда метавонанд. Шакли якуми ин намуд корхоро - корхои лабораторй ва шакли дуюми онхоро - озмоишхои хонагии хонандагон меноманд. Як шакли корхои хонагии хонандагон озмоишхои хонагй ба хдсоб мераванд. Тахти мафхуми озмоишхои хонагй тачриба ва мушохидахоеро фахмидан лозим аст, ки онхоро хонандагон дар хона (хангоми тайёрй ба дарс) аз руйи супориши омузгор, ки ба маводи барномаи таълимй мувофик аст, ичро менамоянд [4].

Озмоишхои хонагй бояд бахри хамбастагии маводи назариявй, ки онхоро хонандагон аз китоби дарсй азхуд мекунанд, бо маводи озмоишй чй дар шароити синфхонаи физика ва чй дар шароити хона мусоидат намоянд. Ин чунин маъно дорад, ки хонандагон хднгоми тайёрй ба дарс маводи барномавиро аз китоби дарсй хонда, хамзамон дар шароити хона он мушохидахо, озмоишхо ва ченкунихое, ки дар китоби дарсй дода шудаанду омузгор дар синф намоиш додааст, ичро менамоянд.

Озмоишхои хонагй корхои лабораторй (озмоишхо)-еро, ки хонандагон дар синф тахти рохбарии бевоситаи омузгор ичро менамоянд, иваз карда наметавонанд. Ин намуд корхо, корхои озмоишии синфиро факат пурра намуда, робитаи байни озмоишхои физикии мактабиро бо ходисахои табиии дар мухити атроф руйдиханда баркарор менамоянд. ^айд кардан лозим аст, ки озмоишхои хонагй бояд хдтман (аз руйи имкон) тавассути ашёхои ба хонандагон дастраси рузгор ичро карда шаванд [1].

Озмоишхои хонагии хонандагонро аз руйи таъмин кардани хонандагон бо ашё ва маводи лозимй барои ичроиши ин намуд корхо, ба се гурух чудо мекунанд:

1. Озмоишхои хонагй, ки тавассути истифодаи ашёхои ба хонандагон дастраси рузгор ичро мешаванд.

2. Озмоишхои хонагй, ки барои ичро кардани онхо хонандагон худашон мавод, ашё ва асбобхои соддаи дастисоз тайёр мекунанд. Барои ичро кардани ин намуд корхои озмоишии хонагй хонандагон бояд дорои як катор махорату малакахои амалй бошанд.

3. Озмоишхои хонагй, ки тавассути асбобу тачхизоти тайёри (истехсолии) аз синфхонаи физика бо хонандагон таксим карда додашуда, ичро мешаванд [5].

Х,амаи ин намуд корхо мавриди дуруст ташкил карданашон ахамияти калон доранд, лекин дар амалияи кори мактабхо, чуноне ки тахкикот собит намуд, омузгорони физика одатан корхои озмоишии хонагии гурухи якум ва кисман гурухи сеюмро истифода мекунанд.

Вобаста ба амикии омузиши ходисаи омухташаванда озмоишхои хонагиро чун монанди корхои лаборатории синфй ба ду гурух: а) сифатй ва б) микдорй чудо мекунанд. Ичро кардани озмоишхои хонагии сифатй дар шароити хона назар ба озмоишхои хонагии микдорй осонтаранд.

Барои он ки озмоишхои хонагии сифатй аз хотири хонандагон фаромуш нагардад, бояд омузгор вобаста ба хар як мавзуи барномавй ба онхо ичрои озмоишхои хонагиро супориш дихад. Дар хар як супориш гузоштани 2-3 савол ба максад мувофик аст. Ба саволхои супоришхо хонандагон пас аз гузаронидани озмоиш ба таври хаттй чавоб мегардонанд. Дар ин чавоб кашидани расм, тартиб додани накша мувофики матлаб аст. Дар охир хар як хонанда доир ба ичрои озмоишхои хонагии сифатй хисобот навишта, ба омузгор пешниход менамояд [5].

Дар баробари ичрои озмоишхои хонагии сифатй ичрои озмоишхои хонагии микдорй низ ахамияти калон доранд. Тахти мафхуми озмоишхои хонагии микдорй чунин корхоеро мефахманд, ки мавриди ичрои онхо хонандагон дар хона ченкунихои заруриро ичро намуда, ба саволи гузошташуда бо ёрии амалхои математикй, дар намуди ракамхо натичахои ченкунй ва хисобкунихоро пешниход мекунанд. Аз ин ду навъи озмоишхои хонагй, чуноне ки тахкикоти мо собит намуд, озмоишхои хонагии сифатй бештар дар амалияи кори мактабхо истифода мешаванд.

Барои дар раванди таълим самаранок истифода намудани озмоишхои физикии хонагй тайёрии пешакии омузгор лозим аст, чунончи:

а) аз адабиёти гуногун интихоб ва ё фикр карда тартиб додани тачрибаю мушохидахо барои озмоишхои хонагй (ин тачрибаю мушохидахо бояд бо маводи барномавй ва имкониятхои маводии хонандагон дар хона, мувофикат намоянд);

б) тартиб додани матни супоришот барои озмоишхои хонагй;

в) муайян намудани мавкеъи озмоишхои хонагй дар чараёни таълим (ба накшагирии онхо) [4].

Мавриди интихоб ва тартиб додани намунахои (вариантхои) тачрибаю мушохидахои хонагй омузгор бояд ба чунин шартхо риоя намояд:

1. Тачрибаю мушохидахои интихоб ва тартибдодашуда бояд ба маводи барномавии дар синф омухташаванда узван алокаманд бошанд.

2. Соддагии воситахои амалигардонии тачрибаю мушохидахо дар шароити хона.

3. Ба хонандагон фахмову дастрас будани шарху эзохи тачрибаю мушохидахои интихоб ва тартибдодашуда.

4. Шавковар будани тачрибаю мушохидахои интихоб ва тартибдодашуда.

Усулхои интихоб ва тартиб додани тачрибаю мушохидахо барои озмоишхои хонагй чунин буда метавонанд:

а) интихоб ë чамъ намyдани тачрибаю мушохидахо аз адабиëти гуногун ва аз тарафи омузгор санчидани онхо дар шароити хона;

б) аз тарафи омузгор фикр карда тартиб додани тачрибаю мушохидахои хонагй ва санчидани онхо дар шароити хона [1].

Х,амаи он тачрибаю мушохидахое, ки барои озмоишхои хонагй омузгор аз адабдати гуногун интихоб менамояд ва ë худаш мустакилона тартиб медихад, бояд дар ягон дафтари махсус навишта шаванд. Ин барои он зарур аст, ки омузгор онхоро дар солхои минбаъдаи кораш бо сарфи ками вакт истифода намояд.

Акнун якчанд озмоишхои физикии хонагиро доир ба мавзуи «Мушохидаи инерсия» пешниход менамоем [1, 2, 3].

Мушохидаи инерсия

Ма^сади кор: идома додани шиносой бо ходисаи инерсия; мушохидаи ходисаи инерсия дар шароитхои гуногун ва шарх додани он; нишон додани зохиршавии инерсия дар техника ва рузгор; дар хонандагон тарбия кардани хисси мушохидакорй ва кунчкобй; ташаккул додани махорат ва малакахои шархи ходисахо, татбики дониш.

1. Х,ангоми бо автобус сафар кардан, мушохида карда, гуед: сабаб чист, ки хангоми якбора зиëд шудани суръати автобус саворон ба окиб мекалаванд ва хангоми якбора истодани он ба суйи пеш?

2. Рукъа (открытка)-еро дар дахони истакон ва тангаеро дар руйи он гузоред (расми 1). Ба канори рукъа як чиртак занед ë онро аз канораш дошта якбора ба тарафи худ кашед. Рукъа дур

3. Мушохида кунед: чаро модаратон пеш аз он, ки либосхои шустаашро ба сим овезад, онхоро як-як меафшонад? Сабаби ин кори модаратонро шарх дихед.

5. Ба автобус савор шуда мушохида кунед, ки чаро ронанда хангоми ба хамгашти рох наздик шудан, суръати мошини худро кам мекунад?

6. Мушохида кунед: саг аз об, ки баромад, худро метаконад. Шумо ин мушохидаро чй тавр шарх медихед?

7. Озмоиш гузаронида гуед, ки Шумо аз чоятон истода ба масофаи здад мепаред ë давида омада? Шумо сабаби инро дар чй мебинед?

8. Х,ангоми сайру гашт дар куча мушохида кунед, ки одами пешпохурда ба кадом тараф меафтаду, одами пояш лагжида ба кадом тараф меафтад? Ин ходисахоро шарх дихед.

9. Банкаи яклитраро гирифта онро то нисфаш бо об пур кунед. Дахони банкаро бо картон ва ë ягон когази гафс (бехтараш рукъа) пушонида ба болояш халкачаи аз сими борик сохташударо гузошта, аз болои он як тухмро гузоред. Картон ë рукъаро якбора (ба тезй) ба суйи худ кашед. Дар натича тухм ба банка афтида намешиканад (сихат мемонад). Хрдисаи мушохида кардаатонро шарх дихед. Расми схематикии озмоишро ба дафтаратон кашед.

10. Аз рузнома (газета)-хои нодаркор ду тасмачаи барашон 2,5-3 см-й бурида, нугхои онхоро ба хамдигар тавассути ширеш васл карда, халкачахо тайëр кунед. Ин халкачахоро дар тарафхои тези ду корд овехта, ба ин халкачахои когазй як лавхаи фанерии дарозиаш тахминан якметраро овезед. Ба мданачойи ин лавха тавассути ягон лавхаи металлй якбора зарба занед. Лавхаи фанерй (чубин) мешиканад, вале халкахои когазин сихат мемонанд. Чаро? Х,одисаи мушохида кардаатонро шарх дихед.

11. Дар куча ë руйи хавлиатон чунин тачриба гузаронед: дар руйи замин бо воситаи бур ë ягон ашëи нугтез давраи начандон калон кашед. Дар канори ин даврача истода, ягон чисми хачмаш хурди нисбатан вазнинро то баландии китфонатон бардошта, сипас онро аз дастатон сар дихед. Ин чисм ба даруни давра меафтад.

Акнун аз дур харчи тезтар давида омада, дар мукобили давра хамон чисмро аз дастатон сар дихед. Тачрибаро якчанд маротиба такрор кунед. Ч,исм ба кучо меафтад? Кушиш кунед, ки мавриди харчи тезтар давида аз мукобили давра гузаштан, чисм ба даруни давра афтад. Инро чй тавр бояд кард?

Дар асоси ин тачриба фахмонед, ки барои ба чойи таъиншуда аз тайëра партофтани ягон бор, лочин чй тавр бояд амал кунад?

12. Шумо хангоми кундакафонй яке аз ду тарзи дар расми 2 тасвирёфтаро истифода карда метавонед. Ин ду тарзи кундакафониро шарх дихед ва гуед, ки кадомашро истифода кардан бехдар аст? Барои чй?

Расми 2

13. Шумо хангоми даста кардани бел (даста андохтани бел) метавонед яке аз ду тарзи дар расми 3 тасвирёфтаро истифода кунед. Ин тарзхоро шарх дода гуед, ки кадомашро истифода кардан бехдар аст? Чаро?

Расми 3

14. Барои чй хангоми даста кардани болга охири дастаро ба болои лавха чй хеле ки дар расми 4 нишон дода шудааст, сахт-сахт зарба мезананд?

Расми 4

15. Барои чй хангоми паридани рафтани парранда шохи дарахте, ки парранда дар болояш нишаста буд, аввалан суйи поён каме хам шуда сипас мавкеи аввалаашро баркарор мекунад?

16. Аз картони тунук тасмаи бараш 2-3 см бурида, бо ширешкунй аз он халкаи даврашакли кутраш 10-15 см месозанд. Х,алкаро ба болои дахони зарфи шишагии холй гузошта, дар болои халка тангаеро дар рости дахони шиша мегузоранд (расми 5). Бо чадвал халкаро ба зудй аз зери танга мегиранд ва танга ба даруни зарфи шишагй меафтад. Ин ходисаро чй тавр шарх, додан мумкин аст?

Расми 5

17. Вараки когазиро дар канори миз гузошта, ба болои он истакони обдорро мегузоранд. Аз охири варак бо як даст дошта, бо дасти дигар ба мобайни варак ба тезй зарба мезананд. Дар ин холат варак; аз зери истакон мебарояду истакон дар чояш меистад. Барои чй?

Расми 6

18. Дар болои мизе, ки дастархон партофта шудааст, ду тангаи гафстарро гузошта дар болои тангах,о истаконро мегузоранд. Тангаи сеюминро, ки нисбат ба ду тангаи пештара тунуктар аст бамобайнизери истакон мегузоранд(расми 8). Кушиш кунед, ки тангаи мобайниро

Расми 7

Адабиёт:

1. Антипин И.Г. Экспериментальные задачи по физике в 6-7 классах. -М.: Просвещение, 1974.

2. Горев Л.А. Занимательные опыты по физике в 6-7 классах средней школы. -2-е изд. перераб. -М.: Просвещение, 1985.

3. Лукашик В.И. Китоби масъалах,ои физика. Дастури таълим барои хонандагони синфх,ои 7-8-и мактаби миёна. -Душанбе: «Маориф», 1991.

4. Юров С.И. Домашные экспериментальные работы учащихся по физике. -М.: Просвещение, 1973.

5. Умаров У.С., Радабов У.Х. Озмоишх,ои хонагй аз физика. -Душанбе: ДДОТ, 2006.

ФОРМИРОВАНИЕ ПОНЯТИЯ ИНЕРЦИИ ПОСРЕДСТВОМ ДОМАШНИХ ЭКСПЕРИМЕНТОВ

В данной статье предлагаются пути формирования понятия инерции посредством организации домашних физических экспериментов. По каждому из них приведены конкретные примеры из тематики школьного курса физики.

Ключевые слова: инерция, понятие, формирование понятия, эксперимент, домашние эксперименты, опыт, наблюдение.

SHAPING THE NOTION TO INERTIAS BY MEANS OF HOME EXPERIMENT

In given article is offered way of the shaping the notion to inertias by means of organization home physical experiment. On each proposed ways are brought concrete examples from subject of the school course physicists.

Keyword: inertia, notion, shaping the notion, experiment, home experiments, experience, observation.

Сведения об авторах: Джонмахмадов И.Т., аспирант кафедры «Технология обработки материалов» Курган-Тюбинского государственного университета имени Н. Хусрава, e-mail: jonmahmadov89@mail. ru

Маджидов Х., профессор кафедры «Экспериментальной физики» Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни

About authors: Dzhonmahmadov I. T., post-graduate student of the chair of "Technology of the processing material", Kurgantube State University named after N. Khusrav, e-mail: jonmahmadov89@mail. ru

Majidov H., professor of the chair of "Experimental physicists", Tajik State Pedagogical University named after S. Aini

МУЗЫКАЛЬНАЯ ПОДГОТОВКА БУДУЩИХ УЧИТЕЛЕЙ НАЧАЛЬНЫХ

КЛАССОВ В ПЕДВУЗЕ

Хабибов А. М., Назаров Н. О.

Таджикский государственный педагогический университет имени С. Айни

На современном этапе необходимость подготовки педагогических кадров достаточно обоснована новыми условиями социально-экономического и духовного развития общества, а также изменениями в характере и содержании педагогического устремлений.

Неотъемлемой частью профессиональной подготовки будущего учителя начальных классов к педагогической деятельности в школе является музыкальная подготовка. Приобщить

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.