Научная статья на тему 'Салоњиятнокии касбї ва эљодкории омўзгор - кафили камолоти мутахассисони оянда'

Салоњиятнокии касбї ва эљодкории омўзгор - кафили камолоти мутахассисони оянда Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
439
103
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
салоњиятнокии касбї / касбият / тарбия / таълим / обрўю эътибор / омўзгор / шогирд / эљодкорї / такти педагогї / профессиональная компетентность / профессионализм / воспитание / обучение / авторитет / учитель / ученик / professional competence / professionalism / education / training / authority / teacher / student

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Шарофов Шавкат Ањмадович, Эшонќулов Ином Аъзамќулович, Хољаев Алињмад Абдуѓафорович

В статье подвергается анализу проблема места и значения профессиональной компетентности и педагогическое творчество учителя в совершенствование подготовки будущих специалистов. В частности определяются и подвергаются подробному анализу основные компоненты профессиональной компетентности учителя и педагогическое творчество, составляющие этой системы и отмечается их роль и значение в профессиональной подготовке будущих специалистов. На основе анализа учебно – воспитательной деятельности учителей и научной концепции ведущих ученых – педагогов раскривается процесс осуществления профессиональной компетентности и педагогического творчества. Отмечается, что профессиональная компетентность учителя на практике проявляется в его профессиональных действиях и личностных качествах. Педагогический такт учителя как составная часть его профессиональной компетентности должен совершенствоваться в процессе общения с коллегами, учениками и родителями.Только при творческом подходе к своим обязанностям учитель может завоевать симпатию и любовь своих учеников.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Professional competence and creativity of a teacher, a factor of perfection of future specialist training

The article analyzes the issue of the place and importance of professional competence and pedagogical skill of a teacher in improving the training of future specialists. Specifically, the main components of professional competence of a teacher and pedagogical creativity making this system are identified and analyzed in detail. As well their role and importance in training the future specialists are mentioned. Based on the analysis of teaching and educational activity of teachers and scientific conception of leading scientists, pedagogues, the paper reveals the process of implementation of professional competence and pedagogical creativity. It is noted that the professional component of a teacher is shown practically in his professional activities and personal qualities. The pedagogical tact of a teacher as an integral part of his professional competence should be improved in the process of communication with colleagues, students and parents. A teacher can achieve the sympathy and love of his students just due to creative approach to his duties/responsibilities.

Текст научной работы на тему «Салоњиятнокии касбї ва эљодкории омўзгор - кафили камолоти мутахассисони оянда»

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES

I*

№ 2(43) 2015

УДК 37с ББК 63.3

Ш.А.ШАРОФОВ,

И.А.ЭШОНҚУЛОВ,

А.А. ХОҶАЕВ

САЛОҲИЯТНОКИИ КАСБИ ВА ЭҶОДКОРИИ ОМУЗГОР - КАФИЛИ КАМОЛОТИ МУТАХАССИСОНИ ОЯНДА

Вожаҳои калиди: салоҳнятнокии касби, касбият, тарбия, таълим, обрую эътибор, омузгор, шогирд, э чодкорИ, такти педагоги.

Истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инкишофи нави ҳаёти ҷамъиятӣ, муносибатҳои ҷадиди иҷтимоию иқтисодИ, муносибати нави омӯзгор ба тарбия ва ташаккули насли замони истиқлол мусоидат намуд.

Дар вохӯрИ бо аҳли зиё (19.03.2015) Президента кишвар ЭмомалИ Раҳмон қайд намуда буд, ки «дар баробари омӯзиши саҳифаҳои арзишманди таърихи аҷдоди номдорамон имрӯз диққат додан ба омилҳое, ки онҳоро ба пирӯзию сарбаландИ расонидаанд, амри зарурИ мебошад. Зеро маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушди ҷомеа, мустаҳкамии қудрати давлат ва побарҷоии тамаддунҳо ба шумор меравад. Ин кори муҳим ва тақдирсоз вазифаи ҷонии на фақат падару модарон ва мураббиёну омӯзгорон, балки тамоми чомеа аст» (6).

Дар радифи вогузории ин масъулият имрӯз ба дӯши омӯзгорон муҳимтарин, беҳтарин ва масъулиятноктарин вазифа - тарбия ва таълими насли наврас гузошта шудааст.

Муваффақияти фаъолияти педагоги, мисли дигар намудҳои меҳнат на аз сифатҳои дуюмдараҷаи шахсият, балки ба сифатҳои касби вобаста аст. Сифатҳое, ки асосию пешбаранда буда, ба амалу рафтори омӯзгор обу рангу мушаххас ва сабки муайян бахшида, ба тарбия ва таълими хонанда ногузир таъсири мегузорад.

Мо дар мақола танҳо қисмҳои асосии таркибии салоҳият ва обрӯю эътибори омӯзгорро мавриди баррасИ қарор медиҳем. Шартан ду чузъи асосии саолоҳиятнокии омӯзгорро қайд кардан мумкин аст: ҷузъҳои шахсИ ва касбИ.

Ҷузъҳои шахсии обрӯю эътибори педагог сифатҳои зерини омӯзгорро дарбар мегирад. Дар ҳар касб меҳру муҳаббати инсон нисбат ба пешаи худ аҳамиятнок аст. Агар инсон кори худро дӯст надорад, агар он ба инсон қаноатмандии маънавИ набахшад, дар бораи маҳсулнокии баланди меҳнат сухан рондан гайримкон аст. Педагог на танҳо касби худ, балки шогирдони худро низ бояд дӯст дорад. Меҳру муҳаббати омӯзгорро ба касби худ ва муҳаббати ӯро ба шогирдон чудо кардан лозим аст. Муносибати инсон ба касби худ, муҳаббаташ нисбат ба он ба шароити чамъиятию таърихИ вобаста аст. Он аз талаботи чамъият ба мутахассисони ин ё он касб ва аз майлу қобилиятҳои инсон вобаста аст.

Муҳаббат ба кӯдакон шарти муҳими ташаккули салоҳиятнокии педагоги аст. Баъзе омӯзгорон ба худ суол медиҳанд: «Чаро барои ман касби педагоги азиз аст?» ва посух мегӯянд: «Пеш аз ҳама ба ман одамони ба воя расанда, чавонон наздик ва азизанд, ки қобилияти бовар кардану эътиқод намудан, дӯст доштану бад дидан, эҳтиром кардану манфур донистан, ҳифз кардани хотираи начиб дар бораи беҳтарин мураббиёни худро доранд». Ҳар одами маънаван солим кӯдаконро дӯст медорад. Кӯдаконро ҳақиқатан дӯст доштан бошад, ин дӯст доштани онҳо ҳам дар гаму андӯҳ ва ҳам дар шодию фараҳ ва ҳатто дар мавридҳое мебошад, ки рушди онҳо дар ягон бобат аз меъёр инхироф дорад... Дӯст доштани инсон ин эҳтиром ба ӯ, фаҳмидани ӯ, гамхорию эҳтиёт кардани ӯ ва аз ҳамаи ин амалҳо ҳосил кардани қаноатмандии олИ мебошад. Дар байни кӯдакон зиндагИ кардан, онҳоро тарбия намудан, ба онҳо таълим додан, магар бахти аз ин зиёд мешавад? Муҳим он аст, ки дар симои хар кӯдак на бачаи шӯх балки инсони, хурдсол, инсони ҳақиқиро дида тавонем. Дӯст доштани кӯдакон ин нисбат ба онҳо пешниҳод кардани талаботи мушаххас аст, зеро бидуни ин ҳеч гуна тарбияюву таълим имконпазир нест.

Академик М. Лутфуллоев мегӯяд, ки дар касби педагоги чизи аз ҳама мураккаб ёфтани роҳ ба қалби кӯдакон аст. Бе ин на таълим додан мумкин аст, на тарбия кардан. Омӯзгоре, ки ба талабагон бепарвоёна муносибат мекунад, ҳеч гоҳ дар касби худ муваффақ намешавад. Ба тарбиятгирандагон дод назанед, онҳоро таҳқир накунед, ба

204

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES» № 2(43) 2015

иззати нафси онҳо нарасед. Ранҷонидани кӯдак кори осон аст, вале то чй андоза реши ин ранҷиш чуқур мешавад ва чй гуна оқибатҳои вазнинро ба бор меорад (2,42).

Фаъолияти педагогии Л.Н Толстой намунаи муносибати саршор аз муҳаббат ба кӯдакон ва касби омӯзгорй мебошад. Л.Н Толстой дар бораи муҳаббати омӯзгор ба кӯдакон чунин навиштааст : «Агар омӯзгор ба талаба танҳо мисли волидайн меҳру муҳаббат дошта бошад, ӯ беҳтар аз омӯзгоре аст, ки ҳамаи китобҳоро хондааст, вале на ба кор, на ба талабагон муҳаббат надорад. Агар омӯзгор дар қалбаш ҳам ба кор ва ҳам ба талаба муҳаббат дошта бошад, ӯ омӯзгори комил аст» (3, 65).

Муҳаббат ба фаъолияти педагогй аз бисёр ҷиҳат аз муҳаббат ба кӯдакон, аз фаҳмиши руҳияи синни кӯдакй вобаста аст.

Вале чун сухан дар бораи салоҳиятнокии касбии омӯзгор меравад, бояд оид ба як лаҳзаи муҳим таваққуф намоем. Суханони оқилонаи педагоги машҳури рус В.А Сухомлинскийро дар бораи он ба хотир меорем, ки ба эҳтиром шахсе ҳақ дорад, ки дигаронро эҳтиром мекунад.

Ҳар одами калонсол хуб медонад, ки кӯдакон то чй андоза ҳассосона муносибати дигаронро ба худ идрок мекунанд. То чй андоза аз хурдтарин зуҳуроти нобоварй ба суханони онҳо мутаассир мешаванд, то чй андоза ҳисси эътибори шахсиашон шадид аст. Омӯзгоре, ки ҳисси бартарии шахсиаш имкон намедиҳад дар симои ҳар талабаи ҷавони худ, пеш аз ҳама, шахсиятро бинад, гайр аз ранҷиш, оташинй, канораҷӯй, ҳатто душмании рӯйрост чизи дигар ба даст намеорад. Дар бораи обрӯю эътибори шахсияти чунин омӯзгор сухан рондан бефоида аст. Худи ин омӯзгор низ барои ноил шудан ба муҳаббату эҳтироми кӯдакон ҷидду ҷаҳд нахоҳад кард, агар ақидаи онҳо дар борааш ҳеҷ қимате надошта бошад. Кӯдакон таваҷҷуҳи ӯро ҷалб намекунанд. Агар сухан дар бораи танҳо зоҳирпарастони берӯҳ мерафт, боке набуд. Моҳияти гап, албатта, дар ин нест (4, 58).

Баъзан педагоги пуртаҷрибаю босалоҳият низ наметавонад ноҳақ буданашро дар назди талабаҳои худаш эътироф кунад. Худро водор сохта наметавонад, ки дар назди талабагон чун шахсиятҳои ба омӯзгор баробарҳуқуқ ҳисобот дихад. Ҳамеша ва аз ҳама ҷиҳат мувофиқат кардану ҷавобгӯ будан бо он талаботе, ки мо нисбат ба кӯдакон пешниҳод мекунем, хеле душвор аст. Фосилаи синнусолй халал мерасонад, ҳамчунин боиси аз даст додани обрӯю эътибор, баъзан тасаввуроти дурӯгин дар бораи он, ки нақши омӯзгор худ кафолати пойдор аз ҳар гуна иштибоҳот аст, садди роҳ мешавад. Вале агар омӯзгор ин монеаро бартараф карда тавонад, комёбии педагогй низ зуд насиби ӯ мегардад.

В.А Сухомлинский ҳодисаи зеринро зикр кардааст: «Дар муносибатҳои мутақобилаи мо бо кӯдакон озодона, аз самими қалб, ошкоро баён кардани ҳисси қаноатмандй ва гайриқаноатмандй, сипосдорй ва ранҷиш, хашму ҳайрат ба як кори маъмулй табдил ёфта буд... ҳар рӯз кӯдакон аз гармхона ба синф як гули довудй меоварданд. Агар муносибатҳои мутақобилаи мо халалдор нашуда бошанд, агар кӯдакон ба ман то охир эътимод дошта бошанд ва аз паси ман ба ҷое, ки ман гӯям, ба рафтан омода бошанд, дар рӯи миз дар гулдони хурде вобаста ба рӯҳияи кӯдакон гулҳои гулобй, сурх, кабуд, осмонй меистоданд. Рангҳои гулобию сурх рамзи шодию фараҳи коллектив, кабуд - изтироб, нилгун - андуҳ буданд. Вале дар гармхона гули довудии рангаш гайриоддй - бунафш месабзид. Кӯдакон гули бунафшрангро хеле аҳёнан меоварданд. Чунки он рамзи ранҷиш буд. Агар кӯдакон ба рӯи миз гули бунафшранг гузоранд, чунин мазмун дошт: «Омӯзгор, Шумо моро ранҷондед».

Ба дарси дуюм даромада, ман дар рӯи миз гули бунафшрангро дидам. Синф сокит буд. Ман низ маҷоли сухан гуфтан надоштам. Ман ба кӯдакон кори мустақилона дода, нишастам ва сарамро ба миз хам кардам ва ба андеша фурӯ рафтам: дар дарси якум чй ҳодиса рӯй дода буд? Ман бо кадом корам кӯдаконро ранҷонидам?

Дар бораи он, ки кӯдакон беасос ранҷидаанд ё ин нозу нузи кӯдаконаи онҳост, хатто фикр ҳам намекардам. Сахтгирии одилона ва адолати воқеъбинонаро кӯдакон эҳтиром ва қадр мекарданд. Инро ман хуб медонистам, Хӯш, ман онҳоро бо кадом корам ранҷонидам?

Соат! - ба хотир овардам ман, - онҳо аз нобоварии ман ранҷидаанд... Он вақтҳо соати дастй чизи камёбу нодир буд. Ман дина соат харида будам. Кӯдакон, албатта, мехостанд соатро тамошо кунанд, ба дасташон гиранд. Ман соатро аз дастам кушода, ба рӯи миз гузоштам. Ҳамин тавр, соат то охири дарс дар рӯи миз буд. Дар вақти танаффус кӯдакон бо навбат ин чизи аҷоибро гирифта, дар дасташон дошта, онро гӯш мекарданд. Имрӯз

205

НОМАИ ДОНИШГОХ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2(43) 2015

пеш аз дарс низ соати ман дар рӯи миз буд. Вале ҳангоми танаффуси якум соати девории хонаи муаллимон аз кор бозистод. Ман қарор додам, ки соати хонаи муаллимонро аз рӯи соати худам дуруст кунам. Ба синф рафта соатро гирифта ба дастам гузарондам, вале ба кӯдакон чизе нагуфтам... Ман соатро аз дастам кушода, ба рӯи миз гузоштам. Оё ба кӯдакон шарҳ додан лозим аст, ки ман чаро соатро гирифтам? Оре, лозим аст, вале алҳол не.

Дар танаффуси дуюм соат рӯи миз хоб буд. Ба дарси сеюм даромада, ман дар гулдон гули сурхрангро дидам. Ман оҳи сабук кашидам: кӯдакон маро бахшиданд» (4,146).

Шароити мушаххас, агар чунин гуфтан ҷоиз бошад, шароити маҳаллӣ дар ҳар мактаб нишон медиҳад, ки эҳтирому боварии мутақобила дар ин ҷо бояд кадом шаклро ба худ гирад. Бе ҳеҷ шакку шубҳа, ин муносибатҳо бояд ба принсипи дутарафа, мутақобил асос ёбанд, агар сухан дар бораи тарбиятгирандагону мураббӣ равад. Зеро обрӯю эътибори мураббӣ худ ба худ, мисли чизе, ки дар фардияти ӯ ниҳон бошад, вуҷуд надорад. Агар ӯ дар симои талабагонаш шарикону кормандони ҳақиқиро бинад, агар ба онҳо на танҳо чун ба талабагон, балки ба шахсиятҳои асил баҳо диҳад, ӯ ба онҳо бо ҷиҳатҳои беҳтаринаш рӯй меорад, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бартарию афзалиятҳояшро намоиш диҳад ва яқинан дар ҷавоби муносибати эҳтиромона нисбат ба шахсияти онҳо эътибори шахсиятро ба даст меорад. Боварии онҳоро ман ба осонӣ ба даст овардам. Ба он дар асоси муносибати мутақобила ноил гардидам (1 ,69). Ин суханони педагоги маъруф Ш.А Амонашвили на ба калонсолон, на ба ҷавонону духтарон, ҳатто на ба наврасон, балки ба шогирдонаш - талабаҳои синфи дуюм дахл дорад.

Эҳтирому боварӣ ба шогирдон - унсурҳои муҳимтарини салоҳиятнокии касбии омӯзгор аст. Барои ба ин хулоса расидан ба таҳлили дақиқкоронаи низоми педагогии чунин омӯзгорон вақту кӯшиши зиёд сарф кардан лозим нест. Ин принсип асоси тамоми фаъолияти педагогии онҳоро ташкил мекунад ва айни замон, чӣ тавре ки мегӯянд, принсипи дастрастарин аст. Мумкин аст, маҳз аз ҳамин сабаб бисёр омӯзгорони пайрави педагогҳои мазкур ба он аксаран диққату таваҷҷӯҳи зарурӣ намедиҳанд. Эҳтироми мутақобила шарти ҳатмии муносибатҳои обрӯмандии на танҳо низоми «Педагог -талаба» маҳсуб мешавад. Дар муҳити наврасон низ обрӯю эътибори шахсият маҳз ба ҳамин асос меёбад. Пояи муносибати ҳақиқии дӯстона обрӯмандии мутақобилаи одамон аст. Обрӯмандии як нафар, ки ба гайри обрӯмандии дигарон барои ӯ асос меёбад - амалан кафолати садфоизаи нокомии тамоми гурӯҳ мебошад. Маҳз ба ҳамин сабаб, маъмулан, гурӯҳ вазифаи дар наздаш гузоштаро ҳал карда наметавонад. Ин қонуниятмандӣ, махсусан дар муносибатҳои мутақобилаи коллективи таълимию тарбиявӣ ба таври возеҳ зоҳир мешавад.

Салоҳиятнокии педагогӣ аз бисёр ҷиҳат ба фарҳанги умумии рафтори омӯзгор (маҳорати суханронӣ, имою ишора, назофати сару либос ва гайра) вобаста аст. Намуди зоҳирии омӯзгор ва фарҳанги рафтори ӯ ба обрӯю эътибор пайдо кардани педагог таъсири назаррас доранд. Омӯзгорони беҳтарин ба дарс шиму костюми зебои шинам пӯшида меоянд, мунтазам худро парво мекунанд, ҳамеша муназзам ва озодаанд. Бо намунаи шахсиашон онҳо дар шогирдон низ чунин сифатҳоро мепарваранд. Ҳамаи ин ба таҳкими обрӯю эътибори омӯзгор мусоидат мекунад.

Талабагон омӯзгорони хушлибос, озода, хушрафторро қадр мекунанд ва дӯст медоранд. Онҳо чунон бо диққатанд, ки аз мадди назарашон ҳеҷ чиз берун намемонад.

Бо назокатӣ дар сару либос (тугмаи кандашуда, пойафзоли чиркин ва гайра), мӯи шонаназадаи омӯзгор обрӯю эътибори ӯро паст мекунад. Агар омӯзгор аз паи худаш ва сару либосаш нашавад, дар синф интизом вайрон мешавад. Баробари ба синф ворид шудани омӯзгор талабаҳо ба луқмапартоиҳою пичир - пичир, хандаю истеҳзо cap мекунанд.

Омӯзгорони беҳтарин дар ин бобат ба худ бениҳоят сахтталаб мебошанд. Комилан возеҳ аст, ки намуди зоҳирӣ ва фарҳанги рафтор танҳо дар он сурат ба омили муайянкунандаи обрӯю эътибори омӯзгор табдил меёбад, ки агар онҳо ба педагог баробари дигар сифатҳои мусбати омӯзгору мураббӣ хос бошанд. Маъмулан, педагоги хуб ҳамеша хушлибос, озода, нисбат ба рафтори худ ва рафтори дигарон серталаб аст. Ҳамзамон, шогирдон баъзе камбудиҳои зоҳирии омӯзгори дӯстдоштаашонро пайхас намекунанд ва кардан ҳам намехоҳанд. Ва баръакс, ҷузъитарин норасоиҳои омӯзгоронеро мебинанд, ки байни талабагон обрӯю эътибор надоранд. Танҳо омӯзгори ростгӯю ростқавл, меҳнатдӯст, ба кори худ содиқ дар байни талабагон обрӯю эътибор пайдо

206

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2(43) 2015

карда метавонад. Амалияи педагога нишон медиҳад, ки шогирдон нисбат ба ҳаёти омӯзгор бефарқ нестанд. Агар омӯзгор рафтори бадахлоқона содир кунад, дар ин бора ҳамаи талабаҳо мефаҳманд ва ҳатто дар сурати дорои сифатҳои мусбат будан омӯзгор обрӯю эътиборашро аз даст медиҳад. Роҳи ҳалли ягонаи гузаштан ба мактаби дигар, тагир додани рафтори худ ва қадам ба қадам ба даст овардани обрӯю эътибор мебошад. Талабаҳо омӯзгори дар ҳаёти ҳаррӯза худро бадномкардаро хеле кӯтоҳу муъҷаз арзёбию баҳогузорӣ мекунанд. Масалан: Ӯ мисли духтарча рафтор кард, ҳарчанд омӯзгор бошад ҳам. Барои омӯзгор маҳорати худро дар синф доштан низ аҳамияти калон дорад. На танҳо бо таҳаммулию оромӣ, баодобӣ, балки то андозае интизомнокии омӯзгор дар дарс низ аз ҷумлаи сифатҳои мусбати ӯ ҳисоб мешаванд. Имою ишораҳои беҷо, дастафшониҳои аз ҳад зиёд ба хонандагон писанд намеояд. Ин корҳо диққати онҳоро пароканда мекунад. Дар натиҷа хонандагон маводи таълимиро хуб азхуд карда наметавонанд.

Яке аз сифатҳои мусбати омӯзгори хуб нутқи дуруст, фасеҳ ва ифоданок аст. Бояд мадди назар дошта бошем, ки хонандагон, махсусан талабагони синфҳои поён ба омӯзгоронашон тақлид мекунанд. Аз ин ҷо кори омӯзгорон барои беҳтар намудани нутқи худ аҳамияти фавқуллода калон касб менамояд.

Омӯзгорони беҳтарин камҳарфанд, суханҳояшон ва каломашон ба мавзӯъ вобаста буда, берун аз он гап намезананд. Баландию нерӯи овози омӯзгор низ аҳамияти калон дорад. Дар бораи аҳамияти ифоданокию таъсирбахшии нутқ дар кори омӯзгорӣ А.С. Макаренко гуфтааст, ки омӯзгор ҳамон вакт педагог - усто мешавад, ки агар ибораи «Ин ҷо, биё»-ро бо 15-20 тобиши маъноияш гуфта тавонад (5, 91).

Кофӣ набудани рушди умумии омӯзгор, пастии фарҳанги нутқи ӯ ба обрӯю эътибори омӯзгор - мураббӣ зарба мезанад ва сифати кори таълиму тарбияро ба поён мебарад. Хушбинии педагогӣ сифати зарурии омӯзгори хуб ба шумор меравад. Дар чунин омӯзгор муносибати ҳассосона ва гамхорона нисбати кӯдакон бо серталабӣ тавъам мегардад. Аммо ин серталабӣ набояд ба хурдагирӣ табдил ёбад. Серталабӣ бояд пеш аз ҳама ба манфиати худи кӯдак бошад ва раванди педагогиро тақвият диҳад. Ҷавобан ба муносибати дилсӯзонаю гамхорона кӯдакон низ дилбастагию меҳр зоҳир мекунанд.

Омӯзгор бояд суботкору устувор ва то охир серталаб бошад. Таҳқир кардӣ - маъзарат хоҳ, ифлос кардӣ - гундор, дарсатро азхуд накардӣ -баъди дарс истода азхуд кун. Аз талаба бо қатъият талаб кардан лозим аст, ӯро ба гап даровардан ё фиреб кардан лозим нест.

Серталабии омӯзгор бояд дар ҳама ҷо зоҳир шавад: дар тайёр кардани вазифаи хонагӣ, баҳо додан ба дониши талабагон, риоя кардани қоидаҳои рафтор дар дарс ва берун аз дарс.

Омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 4-уми ш. Хуҷанд М.Тӯраева ба талабагон ҳам дар мактаб ва ҳам дар кӯчаю ҷойҳои ҷамъиятӣ серталабӣ зоҳир мекунад. Ягон рафтори нодурусти талаба аз мадди назари ӯ берун намемонад. Педагог бо волидони талабаҳо робитаи зичи доимӣ дорад. Талабаҳои ӯ дар дарсҳо хеле боинтизоманд, донишашон чуқуру мустаҳкам мебошад, синф хеле аҳлу муттафиқ аст.

Талабаҳо ба риояи қоидаҳои рафтор дар дарсу танаффус, ҳамчунин берун аз мактаб одат кардаанд. Талаботи омӯзгор хеле хуб иҷро мешавад, агар онро ҷомеаи талабаҳо дастгирӣ кунад. Агар муаллим ба қадри кифоя серталаб набошад, талабаҳо супоришро дуруст иҷро намекунанд, зеро ба «шафқат» - и омӯзгор умед мебанданд. Рафта - рафта талабагон гапнодаро ва азхуд кардани барномаи таълим бад мешавад. Талабагони чунин омӯзгор дониши чуқур ва мустаҳкам намеандӯзанд ва дар натиҷа ба онҳо зарари калон мерасад. Омӯзгори хуб серталаб ва айни замон одил аст.

Дар бораи масъалаи талабагони «азиз» ва «гайри азиз» чанд сухан гуфтан лозим аст. Ақидае роиҷ аст, ки талабагони «азиз» доштани омӯзгор дар синф обрӯю эътибори ӯро паст мекунад, гӯё омӯзгор ба талабаи «азиз» саҳлгирона муносибат мекунад, нисбат ба ӯ серталаб нест. Омӯзгорро аз ҳуқуқи доштани талабаҳои «азиз» маҳрум кардан мумкин нест. «Агар дӯст дорӣ, пас ҳеҷ чизро набахш, бештар талаб бикун!» Тасодуфӣ нест, ки А.С. Макаренко навишта буд, ки эҳтиром ба шахсияти тарбиятгиранда ва серталабӣ нисбат ба ӯ яке аз принсипҳои асосии кори омӯзгор ва тарбиятгиранда мебошад (5, 88).

Гап дар сари он аст, ки омӯзгор бояд дар талабаи бадтарин низ ҷиҳатҳои мусбат ёфта, ба онҳо такя карда, талабаро дӯст дорад ва ислоҳ кунад. Ин кор ҳамон вақт имконпазир

207

НОМАИ ДОНИШГОХ» УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES» № 2(43) 2015

мегардад, ки омӯзгор ҷиҳатҳои мусбату манфии талабагонашро хуб донад, нисбат ба онҳо гамхорӣ, ҳассосӣ серталабию адолат зоҳир намояд.

Алҳол ба баррасии муфассалтари ҷузъҳои салоҳиятнокии педагогӣ мегузарем. Ба ҷузъҳои касбӣ аз ҷумла чунин сифатҳо мисли дониши касбӣ, одобу назокати педагогӣ, усули таъсири мутақобилаи омӯзгор - тарбиягиранда ва_талаба ва гайра мансубанд. Пеш аз ҳама, омӯзгори соҳибэътибор фанни худро медонад. Ӯ бояд методикаи ҳар фаннро хуб донад. Талабагон омӯзгоронеро дӯст медоранд, ки на танҳо фанни худро нагз медонанд, балки онро хеле хуб шарҳу тавзеҳ медиҳанд, мефаҳмонанд.

Қобилияти дар рафти кори синфию беруназсинфӣ ҳама чизро дидан, ҳама чизро донистан, аз рӯи нишонаҳои ноаёни ҳар талаба ё синф хулоса бароварда тавонистан, дар бораи рӯҳияи талабагон, гуфтаҳои педагогро фаҳмидан ё нафаҳмидани онҳо, тайёрии онҳо ба дарс, ин ё он рафтори ношоями талаба низ сифати касбию психологии омӯзгор маҳсуб мешавад.

Омӯзгори кордону ботаҷриба мисли олим мушоҳидакор буда. дар барои идроки эҳсосоти рӯҳии талабагони худ бояд дониши амиқи психологӣ дошта бошад. Дониш дар бораи психологияи умумӣ ва синнусолӣ, педагогика, таърихи педагогика ва методикаҳои хусусӣ заминае мегарданд, ки дар асоси онҳо дар омӯзгор фарҳанги мушоҳидакорӣ ташаккул меёбад. Ин илмҳо ба сарфаҳм рафтани қонуниятмандиҳои раванди таълим ва тарбия мусоидат карда, онро ба раванди муташаккил ва мақсаднок табдил медиҳанд.

Донишҳо дар бораи психологияю педагогика ба омӯзгор имконият медиҳанд, ки ҳар рафтори талабагони худро дуруст арзёбӣ кунад ва бо методҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок ҳар кӯдакро дар алоҳидагӣ ва коллективи кӯдаконро умуман омӯзад.

Дар фаъолияти эҷодии педагогӣ ду руйдоди комилан якхела, ки тадбирҳои пурра шабеҳи таъсири педагогиро тақозо намоянд, дучор намешаванд. Ҳамон як тадбир нисбат ба як талаба самараи мусбат медиҳад, нисбат ба талабаи дигар натиҷаи манфӣ мебахшад, нисбат ба талабаи сеюм умуман натиҷае намедиҳанд. Омӯзгорони беҳтарин вижагиҳои инфиродии ҳар талабаро медонанд, психологияи кӯдакро мефаҳманд, ба қалби тарбиятгирандагон роҳ меёбанд ва хурсандию фараҳмандии меҳнати эҷодии педагогиро дар ҳамин мебинанд.

Сифатҳои касбию психологӣ дар омӯзгор бо роҳи кори мунтазам аз болои худ ва гирифтани таҷрибаи беҳтарини педагогҳои дигар тарбия карда мешаванд, зеро хислати омӯзгору мураббии хуб дар ҷомеаи педагогӣ ташаккул меёбад.

Касби педагогӣ аз омӯзгор мунтазам такмил додани дониш, маҳорату малакаҳои амалиро тақозо мекунад. Ҳаматарафа будани таваҷҷӯҳ, завқу мароқ ва дониши омӯзгор шарти зарурии пешравии кори педагогӣ ва ҷамъиятии ӯ мебошад. Агар донишу рушди умумии омӯзгор аз доираи маҳдуди фанни худаш набарояд, ин хеле бад аст. Аз ин ҳам аҳвол бадтар мешавад, агар дониши ӯ аз ҳаҷми китоби дарсӣ бештар набошад. Чунин омӯзгор дар байни талабаҳо обрӯю эътибор пайдо намекунад ва худаш ҳам аз меҳнаташ қаноати маънавӣ ҳосил намекунад.

Ҳангоми ҳалли масоили таълим ва тарбия омӯзгор наметавонад аз схемаҳои қолабӣ истифода барад ё ба таври механикӣ таҷрибаи омӯзгорони дигарро корбаст намояд. Одоби педагогӣ зуҳури қобилияти эҷодии омӯзгор дар ҳалли масъалаҳои таълиму тарбия мебошад. Одоби педагогӣ бе донистани фанни худ ва илми педагогика, махсусан психологияи синнусолӣ ва педагогӣ имконнопазир аст. Одоби педагогӣ сифати соф касбии омӯзгор аст. Одоби педагогӣ вижагии касбӣ, психологию педагогии рафтори омӯзгор дар муносибатҳои мутақобила бо талабагон мебошад, ки ба мақсаду вазифаҳои тарбия мувофиқат мекунад ва дар зиракӣ, ҳозирҷавобӣ, ташаббускорӣ, мулиҳизакорӣ, тамкину таҳаммул, муносибати ҳассосонаю серталабӣ нисбат ба кӯдакон зоҳир мегардад. Одоби педагогӣ ин маҳорати дар ҳар маврид ёфта тавонистани усули дурусти педагогӣ мебошад. Ин нуқта ҳам ба кори таълим ва ҳам ба тарбия дахл дорад. Дар дарс самари хеле амиқ фанни худро донистани омӯзгор, мусаллаҳ будан бо методика, дониши хусусиятҳои синнусолӣ ва инфиродии талабагон мебошад. Дар кори тарбиявӣ бошад, одоби педагогӣ - натиҷаи донистани асосҳои педагогика, психологияи умумӣ ва кӯдакон мебошад. Одоби педагогӣ ин маҳорати бо кӯдакон муносибат карда тавонистани омӯзгор, маҳорати дар ҳар ҳолати алоҳида фаҳмида тавонистани аҳволи талаба, ангезаҳои ӯ, завқу мароқи ӯ ва ёфта тавонистани тадбири аз ҳама муассири тарбия мебошад.

208

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2(43) 2015

Одоби педагогӣ ин меъёри мақсаднокии педагогӣ ва судмандии рафтори омӯзгор, суханони ӯ, воситаҳо ва умуман муомила бо талабагон аст, ҳамаи он чизе, ки аз худуди мақсаднокии педагогӣ берун мебарояд, ҳамаи он чизе, ки дар рафтори омӯзгор мухолифи вазифаҳои тарбиявӣ мебошад, вайрон кардани одоби педагогӣ ба шумор меравад. Одоби педагогӣ ба омӯзгор имкон медиҳад, ки масоили таълиму тарбияро бо назардошти вазъи мушаххас, вижагиҳои синнусолӣ ва инфиродии талабагон ба таври эҷодӣ ҳал кунад.

Омӯзгоре, ки дар муносибати мутақобила бо талабаҳо одоби педагогӣ зоҳир намекунад, дар байни хонандагон соҳиби обрӯю эътибор шуда наметавонад.

О.М.Омузгор аз яке мактабҳои Хуҷанд кори худро хеле хуб медонад, дар мактаб, таҷрибаи бойи педагогӣ дорад, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунад, касби худро дӯст медорад, вале мушоҳидакор нест ва психологияи кӯдаконро хуб намедонад. Дар синфи 4 - ум ӯ тамоми талабагонро бо насаб ва танҳо як духтаракро бо номаш ҷег мезанад. Кӯдакон, албатта ба ин нукта диққат доданд ва дар хона норозигиашонро аз омӯзгор изҳор карданд. Кӯдакон ба масоили дар назари аввал «ҷузъӣ» вокуниши ҳассосона нишон медиҳанд ва ин ба муносибати онҳо ба омӯзгор таъсир мерасонад. Серталабӣ, ҳассосӣ, адолат ва самимияти омӯзгор нисбат ба талабагон маҳз дар он зоҳир мешавад, ки ӯ ҳамаро бо як чашм мебинад ва ба туфайли мушоҳидакорию «идрок ва фаросаташ» ҳамаи тагйиротро дар рафтори синф эҳсос мекунад ва одоби педагогӣ зоҳир менамояд. Дар одоби педагогӣ беҳтарин сифатҳои омӯзгор ба ҳам омехта мешавад.

Нишонаи одоби педагогии омӯзгор ботадбирии эҷодӣ, ҳозирҷавобии педагогӣ, ташаббускории омӯзгор мебошад, ки имкон медиҳанд дар раванди кор бо кӯдакон масоили таълиму тарбия эҷодкорона ҳал карда шаванд. Зуд қабул кардани қарор ва иҷрои он аломати зарурии одоби педагогӣ буда метавонад, фақат дар ҳамон ҳолате, ки он тақозои шароити мушаххас бошад. Масалан, талаба дар вақти дарс қоидаи рафторро вайрон кард. Барои дар синф тартиботро ҷорӣ кардан фавран тадбири зарурии таъсири педагогиро интихоб кардан лозим аст. Дар чунин мавридҳо ба омӯзгор одоби педагогӣ, ботадбирии педагогӣ ёрӣ мерасонад.

Одоби педагогӣ барои омӯзгор шарти зарурии дар байни талабагон ба даст овардани обрӯю эътибор мебошад. Обрӯю эътибори омӯзгор бошад, асоси таъсири педагогӣ аст. Омӯзгорони соҳибэътибор, маъмулан, дорои одоби педагогианд, онҳо одамони ҳассосу гамхор, серталаб нисбати кӯдакон мебошанд, масъалаҳои педагогиро эҷодкорона ҳал мекунанд, ташаббускоранд, зираку кордонанд, тамкину таҳаммул доранд; дар муносибат бо талабагон ба дагалӣ роҳ намедиҳанд, тадбирҳои гайрипедагогии таъсирро истифода намебаранд, малака ва одати рафтори маданӣ доранд, фанни таълимии худ ва усули таълимро хеле хуб медонанд, дорои симои маънавии олӣ мебошанд.

Обрӯю эътибори омӯзгор - мураббӣ низ ба он вобаста аст, ки дар муносибати байни омӯзгору талаба кадом сабки ҳамкории мутақобила ҳукмфармост. Масалан, дар тавсифи усули демократии таъсири мутақобила метавон таъкид намуд, ки он аз ҳама бештар дар амалӣ гардонидани раванди таълиму тарбия қобили қабул аст. Омӯзгоре, ки нисбат ба талабагон ҳам серталабӣ ва муносибати боэҳтиромона зоҳир мекунад, байни кӯдакон обрӯю эътибори ҳақиқӣ дорад. Кӯдакон фикру ақидаи ӯро ба инобат мегиранд, тез - тез аз ӯ маслиҳату машварат мепурсанд. Интизом дар дарсҳои ӯ маъмулан, бошуурона аст. Агар омӯзгор принсипҳои демократиро ба роҳбарӣ гирад, дар синфи ӯ муҳити психологии «зиндадилона» ҳукмфармо мегардад, ба ин синф сатҳи баланди якдилию муттаҳидии гурӯҳӣ хос аст.

Қиёфаи педагоги демократӣ вазнину ботаҳаммул, катъию устувор, вале бе нишонаҳои сахтдилӣ аст. Симои ӯ ором буда, хислатҳои иродавии табиаташро инъикос мекунад. Тарзи исти чунин омӯзгор, маъмулан, озод буда, дорои иззати нафс будани ӯро таъкид мекунад. Чузъиёти рафтори омӯзгор аз ботаҳаммулию ботамкинии ӯ шаҳодат медиҳанд. Педагоги демократӣ овозашро ба бачагон баланд намекунад, кӯшиш менамояд бо талабагон мӯътадил муроҷиат кунад, номи талабагонро гирифта, гап мезанад, талабаҳои «дӯстдошта» надорад. Дар раванди ташкили фаъолият ӯ аксаран ибораҳоеро истифода мебарад, ки хоҳишу илтимос, талабҳои асосноку бомантикро ифода менамоянд.

Ба сабки авторитарии таъсири мутақобилаи педагогӣ бештар муносибати сахтгиронаю серталабона ва камтар муносибати боэҳтиромона нисбат ба талабагон хос аст. Педагоги авторитарӣ тобеияти кӯркӯронаи талабагонро бо роҳи фармонфармоӣ, фишороварӣ, тазйиқи психологӣ ба даст меорад. Таъкид кардан зарур аст, ки талабагон аз чунин омӯзгор метарсанд, кӯшиш мекунанд ҳамаи талаботи ӯро иҷро кунанд, то омӯзгор ба

209

НОМАИ ДОНИШГОХ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2(43) 2015

онҳо чаққа нашавад. Кӯдакон зоҳиран дар назди чунин омӯзгор хушомад мекунанд. Дар аксар маврид ба омӯзгори авторитарӣ бовар намекунанд. Ӯ бисёр вақт обрӯю эътибори дуругин дорад.

Ба сабки либералии таъсири мутақобилаи педагогӣ бештар боэҳтиромӣ ва нисбатан камтар сахтгирию серталабӣ нисбат ба талабагон хос аст. Чунин омӯзгор байни кӯдакон обрӯю эътибор надорад, зеро талабагон заъфи психологии ӯро эҳсос мекунанд. Ӯ дар амалҳояш собитқадам нест, аксаран талаботашро ба интиҳои мантиқӣ намерасонад. Муносибати боэҳтиром нисбат ба кӯдакон дар онҳо таассурот дар бораи инсони сабукмагзу нармдил ва ҳалимро ба вуҷуд меорад. Кӯдакон медонанд, ки ӯ инсони хуб аст, вале гапи вайро гӯш кардан ҳатмӣ нест. Дар дарси чунин омӯзгорон интизом суст аст, кӯдакон суханони омӯзгорро гӯш намекунанд. Сабки либералӣ ҳамчунин оқибатҳои манфӣ дорад. Аксаран талабагон зидди чунин сабки роҳбарӣ ба синф норозигию эътироз баён мекунанд, зеро дар ниҳояти кор озодии дурӯгин ба худи кӯдакон таъсири аз ҳад зиёд хастакунанда мерасонад. Ваҷоҳат ва қиёфаи педагоги либералӣ аксаран нармдилию ҳалимиро ва айни замон то андозае асабониятро ифода мекунад.

Сабки зиддипедагогии таъсири мутақобила бо талабагон дар амалияи фаъолияти омӯзгор гайриқобили қабул аст. Ба ин сабк дараҷаи пасти серталабӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба кӯдакон хос аст. Омӯзгоре, ки рафтори гайрипедагогӣ зоҳир мекунад, ба арзёбии талабагон нисбат ба рафтори худ ошуфтагию нобоварӣ дохил мекунад, арзишҳои ахлоқӣ ва таваҷҷӯҳи маърифатиро хароб месозад, бегонагии шахсиятиро ба вуҷуд меорад. Чунин омӯзгор, бо гуфти олими шинохтаи рус Яковлев И.П. аз ҷиҳати иҷтимоӣ хавфнок аст (9, 61).

Лозим ба таъкид аст, ки ҳамаи сифатҳои ҷузъи шахсиятии педагог (муҳаббат ба кӯдакон, ба касб, эҳтирому боварӣ ба талаба, фарҳанги умумии рафтор, некбинӣ, серталабӣ, сахтгирӣ, адолат, тамкину таҳаммул ва гайра) ва ҷузъи касбӣ (дониши касбӣ, одоби педагогӣ, сабкҳои таъсири мутақобила ва гайра) байни ҳам робитаи зич доранд. Ҳамчунин лозим ба таъкид аст, ки ин сифатҳо барои талабагони синнашон гуногун аҳамияти мухталиф доранд. Вобаста ба вижагиҳои синнусолии инкишофи шахсият обрӯю эътибори педагог дар назари талабагон, маъмулан, детерминантҳои (муайянкунандаҳои) мухталиф дорад. Дар синни хурди мактабӣ талабагон, маъмулан, обрӯю эътибори омӯзгорро, дар навбати аввал, ба сабаби эътиборнокии худи мавқею нақши педагог барои онҳо эътироф мекунанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ба кӯдакон аз ҳама бештар омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ таъсири сахт мерасонанд. Ба назари мо, ин ҳолат ба сабабҳои зерин руҳ медиҳад. Дар тасаввури талабагони синфҳои ибтидоӣ омӯзгорашон инсони комил, таҷассуми мактаб, маъмурияти мактаб, тартиботи мактабӣ мебошад. Ба ташаккули обрӯю эътибори омӯзгор ҳамчунин сӯҳбатҳои волидайн бо кӯдакон дар бораи мактаб таъсир мерасонанд. Кӯдакон аз хурдӣ азхуд мекунанд, ки гапи омӯзгорро гӯш кардан лозим аст, зеро дар ин бора ба онҳо одамони аз ҳама наздик - падару модарон гуфтаанд. Талабагони синфҳои ибтидоӣ бештар ба нармдилӣ, гамхорӣ, боодобии омӯзгорон, сарулибоси онҳо, мулоимӣ дар муносибат бо кӯдакон аҳамият медиҳанд. Ба усулҳои тарбия ва дониши омӯзгорон бошад, диққати кофӣ дода намешавад.

Дар синни наврасӣ бошад, манзара тамоман тагйир меёбад: дар ин марҳила аллакай танҳо обрӯю эътибори омӯзгор кофӣ нест. Ҳарчанд, маъмулан, ҳуқуқи қабул кардани қарори пурмасъулият дар вазъияти барои синф аҳамиятнок ҳам дар рафти таълим ва ҳам берун аз таълим ба омӯзгор тааллуқ дорад. Дар шароите, ки ба он наврас шахсан манфиатдор аст, махсусан берун аз фаъолияти таълимӣ чунин боварӣ, яъне қабул кардани қарори масъулиятнок нисбат ба синни хурди мактабӣ камтар ба ихтиёри омӯзгор вогузор карда мешавад. Чунин маҳдуд гаштани соҳаи таъсири эътибор танҳо дар як ё якчанд соҳа эътироф кардани обрӯю эътибор чун салоҳиятнокии обрӯю эътибор муайян карда мешавад. Тадқиқоти психологӣ (И.С.Кон, Н.В.Кузмина ва дигарон) нишон доданд, ки дар муқоиса бо талабагони синни хурди мактабӣ наврасон ба арзёбии шахсияти педагог ва муносибати мутақобилаи худ бо ӯ тамоюли нисбатан тафриқавӣ зоҳир менамоянд (7;8).

Дар синни болоии мактабӣ бошад, аз ҳисоби кам шудани афзалияти нақшу мақоми омӯзгор таъсиргузаронии шахсият тақвият меёбад. Баъзе омӯзгорон соҳиби обрӯю эътибор мешаванд, баъзеашон аз обрӯю эътибор маҳрум мегарданд. Сабаби ин ҳолат на ба омӯзгор будани онҳо, балки ба соҳибэътибор будан ё набудани шахсияти онҳо вобаста аст.

210

НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2(43) 2015

Талабагони синну соли миёнаю боло ба омӯзгорони худ аз нуқтаи назари вижагиҳои хислати онҳо (ошкорбаёнӣ, серталабӣ, ҳассосӣ, меҳрубонӣ, мушфиқӣ нисбат ба талабагон, ростгӯӣ ва гайра), донистани фанни худ, маҳорати педагогӣ ва фаъолнокии ҷамъиятӣ баҳо медиҳанд. Дар ин синфҳо он омӯзгорон соҳибэътибор мегарданд, ки ба талабагон бештар дониши чуқуру мустаҳкам дода тавонанд. Ҳамин тариқ, комилан возеҳ аст, ки салоҳиятнокии педагог дар назари талабагон бештар ба сифатҳои касбию шахсиятии омӯзгор вобаста аст. Ва сифатҳои мухталифро кӯдакони синнусолашон гуногун ба таври ба худ хос идрок менамоянд.

Ҷузъҳои дар боло зикршуда - ҷузъҳои ҳатмии салоҳиятнокии касбии омӯзгор ба шумор мераванд. Вале барои он ки натидаи матлуб ба даст ояд, ба таври меҳаникӣ онҳоро дар як до дамъ кардан кофӣ нест. Барои ин онҳо бояд таҳти партави эдодкории инфиродии омӯзгор қарор гиранд. Ҳар омӯзгор бояд шахсан дар амалия калиди қалби шогирдонашро ёфта, бо ёрии он дари обрӯю эътиборро барои худ кушояд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Амонашвили, Ш.А. Обучение. Оценка. Отметка./Ш.А. Амонашвили. -Москва: Педагогика, 1980. - 345 с.

2. Кон, И.С. Психология ранней юности: книга для учителя/И.С. Кон. -Москва: Просвещения, 1989. -255 с.

3. Кузьмина, Н.В. Способность, одаренность, талант учителя/Н.В. Кузьмина - Ленинград, 1985.32 с.

4. Лутфуллоев, М. Дидактикаи муосир/М.Лутфуллоев. - Душанбе: Ирфон, 2001.-318 с.

5. Макаренко, А.С. О воспитании/А.С. Макаренко. - Москва: Политиздат, 1988. -325 с.

6. Минбари халқ.-2015.- 25 март.

7. Сухомлинский, В.А. Избранные педагогические сочинения: в 3-х т. /Сост. О.С. Богданова, В. 3. Смаль/ -. Москва, 1979. - 450 с.

8. Толстой, Л.Н. Педагогические сочинения / Л.Н.Толстой. - Москва: Учпедгиз, 1953. - 342 с.

9. Яковлев, И.П. Ключи к общению. Основы теории коммуникаций/ И.П. Яковлев. - Москва: Азбука-классика. - 2006. -240 с.

REFERENCES:

1. Amonashvili, Sh.A. Study. Assessment. Grade. /Sh.A. Amonashvili. -Moscow.: Pedagogika. 1980. -345 p.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

2. Kon, I.S. The psychology of early adolescence: teachers book. /I.S. Con. -Moscow.: Prosvesheniye, 1989. -255 p.

3. Kuzmina, N.V. Ability, gift, teacher’s talent. /N.V. Kuzmina -Leningrad: organization of “Znanaie” (Knowledge) society RSFSR, 1985. -32 p.

4. Lutfulloev, M. Modern didactics. /M.Lutfulloev. - Dushanbe.: Irfon, 2001.-318 p.

5. Makarenko, A.S. On education. / AS Makarenko. - Moscow .: Politizdat, 1988. -325 p.

6. Minbari khalq. (newspaper, People's Tribune).- . 2015.- 25 Mart.

7. Sukhomlinsky, V.A. Selected pedagogical works: in 3 volumes / Comp. O.S. Bogdanov, V.Z. Smal. Moscow., 1979. - 450 p.

8. Tolstoy, L.N. Pedagogical writings. / L.N.Tolstoy. - Moscow.: Uchpedgiz, 1953, -342p.

9. Yakovlev, I.P. Keys to communication. The principles of the theory of communication/ I.P. Yakovlev. - Moscow: Azbuka-Klassika. - 2006. -240 p.

Профессиональная компетентность и творчество учителя - фактор совершенствование подготовки будущего специалиста

Ключевые слова: профессиональная компетентность, профессионализм, воспитание, обучение, авторитет, учитель, ученик.

В статье подвергается анализу проблема места и значения профессиональной компетентности и педагогическое творчество учителя в совершенствование подготовки будущих специалистов. В частности определяются и подвергаются подробному анализу основные компоненты профессиональной компетентности учителя и педагогическое творчество, составляющие этой системы и отмечается их роль и значение в профессиональной подготовке будущих специалистов. На основе анализа учебно -воспитательной деятельности учителей и научной концепции ведущих ученых - педагогов

211

НОМАИ ДОНИШГОХ» УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»

№ 2(43) 2015

раскривается процесс осуществления профессиональной компетентности и педагогического творчества. Отмечается, что профессиональная компетентность учителя на практике проявляется в его профессиональных действиях и личностных качествах. Педагогический такт учителя как составная часть его профессиональной компетентности должен совершенствоваться в процессе общения с коллегами, учениками и родителями. Только при творческом подходе к своим обязанностям учитель может завоевать симпатию и любовь своих учеников.

Professional competence and creativity of a teacher, a factor of perfection of future specialist training

Keywords: professional competence, professionalism, education, training, authority, teacher, student.

The article analyzes the issue of the place and importance of professional competence and pedagogical skill of a teacher in improving the training of future specialists. Specifically, the main components of professional competence of a teacher and pedagogical creativity making this system are identified and analyzed in detail. As well their role and importance in training the future specialists are mentioned. Based on the analysis of teaching and educational activity of teachers and scientific conception of leading scientists, pedagogues, the paper reveals the process of implementation of professional competence and pedagogical creativity. It is noted that the professional component of a teacher is shown practically in his professional activities and personal qualities. The pedagogical tact of a teacher as an integral part of his professional competence should be improved in the process of communication with colleagues, students and parents. A teacher can achieve the sympathy and love of his students just due to creative approach to his duties/responsibilities.

Маълумот дар бораи муаллифон:

Шарофов Шавкат Аҳмадович, доктори илмҳои педагоги, профессори кафедраи педагогика ва психологияи фаъолияти касбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғ.Ғафуров (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд), E-mail:[email protected] Эшонкулов Ином Аъзамкулович, унвонҷӯи кафедраи педагогика ва психологияи фаъолияти касбии ДонишгоҳидавлатииХуҷанд ба номи академик Б.Ғ.Ғафуров (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд), E-mail: [email protected]

Хоҷаев Алиҳмад Абдугафорович, аспирант Донишгохдмиллии Тоҷикистон (Ҷумхурии Тоҷикистон, шДушанбе), E-mail:[email protected]

Сведения об авторах:

Шаропов Шавкат Ахмадович, доктор педагогических наук, профессор кафедры педагогики и психологии профессиональной деятельности Худжандского государственного университета имени академика Б.Г.Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), E-mail:[email protected]

Эшонкулов Ином Аъзамкулович, соискатель кафедры педагогики и психологии профессиональной деятельности Худжандского государственного университета имени академика Б.Г.Гафурова (Республика Таджикистан, г.Худжанд).

E-mail: [email protected]

Ходжаев Алихмад Абдугафарович, аспирант Таджикского Национального университета (Республика ТаджикистануДушанбе), E-mail: [email protected]

Information about the authors:

Sharopov Shavkat Ahmadovich, Doctor of Pedagogical Sciences, Professor, Pedagogy and Psychology of Professional Activity Department, Khujand State University named after B. G. Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand). E-mail: [email protected] Eshonqulov Inom A’zamqulovich, a Researcher of the Department of Pedagogy and Psychology of Professional Activity, Khujand State University named after B. G.Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand). E-mail: [email protected]

Khojaev Alihmad Abdugafarovich, A Post-graduate Student of Tajik National University (Tajikistan, Dushanbe), E-mail: [email protected]

212

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.